БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Пешравон номи Яҳуваро ҷалол медиҳанд
Исроилиён барои ҷалол додани Яҳува сабабҳои олиҷаноб доштанд. Масалан, Худо онҳоро аз Миср баровард ва аз дасти лашкари фиръавн халос кард (Хр 15:1, 2). Яҳува то ҳол дар ҳаққи халқаш некӣ мекунад. Мо чӣ тавр ба Ӯ миннатдориамонро нишон дода метавонем? (Зб 115:3).
Яке аз роҳҳо пешрави ёвар ё доимӣ шудан мебошад. Барои ин шумо метавонед аз Яҳува хоҳиш ва қувват пурсед (Фп 2:13). Бисёриҳо аввал пешрави ёвар мешаванд. Шумо дар моҳҳои март ва апрел ё ҳангоми хабаргирии нозири ноҳиявӣ метавонед 30 ё 50 соат хизмат кунед. Баъди он ки мазаи хизмати пешравиро чашидед, шояд дар шумо хоҳиши пешрави доимӣ шудан пайдо гардад. Ҳатто баъзе касоне, ки рӯзи пурра кор мекунанд ё саломатии хуб надоранд, аз ӯҳдаи ин намуди хизмат мебароянд (mwb16.07 саҳ. 8). Бешубҳа, Яҳува сазовори хизмати боғайратонаи мост! (1Вқ 16:25).
ВИДЕОНАВОРИ «СЕ АПАВУ ХОҲАР АЗ МУҒУЛИСТОН»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Се апаву хоҳар барои пешрав шудан кадом мушкилиҳоро паси сар карданд?
Онҳо соҳиби кадом баракатҳо шуданд?
Хизмати пешравӣ ба хоҳарон боз кадом имкониятҳоро фароҳам овард?
Намунаи онҳо ба дигарон чӣ хел таъсир кард?