Ишаъё
19 Паём бар зидди Миср:+
Инак, Яҳува бар абри тезрав ба Миср омада истодааст.
Худоёни бекораи Миср пеши ӯ ба ларза меоянд+
Ва дили Миср суст мешавад.
2 «Ман мисриёнро бар зидди мисриён шӯр меандозам
Ва онҳо бо якдигар меҷанганд:
Ҳар яке бо бародар ва ёри худ,
Як шаҳр бо шаҳри дигар ва як подшоҳӣ бо подшоҳии дигар.
3 Хотири Миср парешон мешавад
Ва ман нақшаҳои онро вайрон мекунам.+
Мисриён ба бутҳои бекораи худ,
Ба афсунгарон, пурсандагони арвоҳ ва фолбинон рӯ меоранд.+
4 Ман Мисрро ба дасти ҳокими сахтгир месупорам
Ва подшоҳи золиме бар мардуми он ҳукмфармо мешавад»,+— мегӯяд Яҳува, Худованди лашкарҳо.
5 Оби баҳр қоқ мешавад
Ва дарё хушку беоб мегардад.+
6 Дарёҳо бадбӯй
Ва шохобҳои Нили Миср камобу хушк мешаванд.
Қамиш ва ғеша мепӯсад.+
7 Растаниҳои лаби дарёи Нил, растаниҳои даҳонаи* он,
Шамол онҳоро мебарад ва чизе боқӣ намемонад.
8 Моҳигирон мотам мегиранд,
Касоне, ки ба Нил шаст меандозанд, нола мекунанд
Ва онҳое, ки ба обаш тӯр мепартоянд, кам мешаванд.
9 Касоне, ки бо зағирпояи ғоздода сарукор доранд,+
Ва онҳое, ки дар дукон матои сафед мебофанд, шарманда мегарданд.
10 Бофандагонаш дилшикаста мешаванд
Ва ҳамаи мардикорон ғамгин мегарданд.
Чӣ тавр шумо ба фиръавн мегӯед:
«Ман аз авлоди хирадмандонам,
Фарзанди подшоҳони қадимам»?
12 Куҷоянд хирадмандони шумо?+
Агар донанд, бигзор бигӯянд, ки Яҳува, Худои лашкарҳо, дар хусуси Миср чӣ қарор кардааст.
13 Мирони Сӯан аҳмақӣ карданд,
Сарварони қабилаҳояш Мисрро гумроҳ намуданд.
14 Яҳува бар Миср рӯҳи парешониро рехтааст.+
Онҳо ӯро дар ҳар кораш гумроҳ кардаанд
Ва ӯ чун мастест, ки афтону хезон дар қайи худ роҳ меравад.
15 Миср, на сару дум ва на навдаву ғешааш*,
Коре карда наметавонад.
16 Дар он рӯз Миср мисли занон мешавад, зеро аз тарси дасте, ки Яҳува, Худои лашкарҳо, бар ӯ бардоштааст, ба ларза меояд. + 17 Замини Яҳудо Мисрро ба даҳшат меорад. Онҳо аз шунидани номи он ба тарсу ваҳм меафтанд, зеро Яҳува, Худои лашкарҳо, бар зидди онҳо қарор кардааст.+
18 Дар он рӯз панҷ шаҳри замини Миср бо забони Канъон гап мезананд+ ва ба Яҳува, Худои лашкарҳо, савганди вафо ёд мекунанд. Яке аз он шаҳрҳо «Шаҳри харобӣ» номида хоҳад шуд.
19 Он рӯз дар миёнаҷойи замини Миср қурбонгоҳе барои Яҳува ва дар сарҳади он сутуне барои Яҳува гузошта мешавад. 20 Он дар замини Миср барои Яҳува, Худои лашкарҳо, аломат ва шоҳид хоҳад буд, зеро мардум аз дасти ситамгарон сӯйи Яҳува фарёд хоҳанд кард ва ӯ барояшон халосгари бузургеро хоҳад фиристод, ки онҳоро наҷот медиҳад. 21 Он вақт Яҳува худро ба мисриён ошкор мекунад ва мисриён дар он рӯз Яҳуваро мешиносанд. Онҳо ба ӯ қурбониҳову ҳадияҳо пешкаш мекунанд ва ба Яҳува назр карда*, онро ба ҷо меоранд. 22 Яҳува Мисрро зарба мезанад,+ зарба мезанаду шифо медиҳад. Он гоҳ мардум сӯйи Яҳува бармегардад, ӯ зориҳояшонро шунида, онҳоро шифо мебахшад.
23 Дар он рӯз аз Миср сӯйи Ошур шоҳроҳе+ хоҳад буд. Он гоҳ Ошур ба Миср меояду Миср ба Ошур меравад ва Миср ҳамроҳи Ошур ба Худо хизмат мекунад. 24 Дар он рӯз Исроил ба Мисру Ошур ҳамроҳ мешавад+ ва баракати рӯйи замин мегардад, 25 зеро Яҳува, Худои лашкарҳо, онҳоро баракат дода мегӯяд: «Барака ёбад халқи ман — Миср, амали дастони ман — Ошур, ва мероси ман — Исроил».+