Ирмиё
28 Дар он сол, дар аввали ҳукмронии Сидқиёҳуи+ шоҳи Яҳудо, дар моҳи панҷуми соли чоруми ҳукмронияш, Ҳананёи пайғамбар, писари Аззур, ки аз Ҷибъӯн+ буд, дар хонаи Яҳува дар ҳузури коҳинон ва тамоми мардум ба ман гуфт: 2 «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман юғи* подшоҳи Бобилро+ мешиканам. 3 Дар давоми ду сол ман тамоми ашёи хонаи Яҳуваро, ки Набукаднесари подшоҳи Бобил аз ин ҷо гирифта, ба Бобил бурда буд, ба ин макон меорам.+ 4 Ҳамчунин ман Еконёи+ писари Еҳуёқими+ подшоҳи Яҳудо ва тамоми касонеро, ки аз Яҳудо ба Бобил ба асирӣ рафтаанд, ба ин макон бармегардонам,+— мегӯяд Яҳува,— ва ҳамин тавр юғи подшоҳи Бобилро мешиканам”».
5 Сипас пайғамбар Ирмиё дар ҳузури коҳинон ва тамоми мардум, ки дар хонаи Яҳува меистоданд, ба Ҳананёи пайғамбар гуфт: 6 «Омин!* Бигзор Яҳува ҳамин хел кунад! Бигзор Яҳува пешгӯйии туро ба ҷо ораду ашёи хонаи Яҳува ва тамоми асиронро аз Бобил ба ин макон баргардонад. 7 Вале, илтимос, суханеро, ки ба ту ва ба тамоми мардум мегӯям, бишнавед. 8 Дар замонҳои қадим пеш аз ману ту пайғамбарон дар бораи кишварҳои зиёду подшоҳиҳои бузург, дар бораи ҷанг, офат ва вабо пешгӯйӣ мекарданд. 9 Агар пайғамбар дар бораи осоиштагӣ пешгӯйӣ кунаду паёми ӯ рост барояд, он гоҳ маълум мешавад, ки ӯро дар ҳақиқат Яҳува фиристодааст».
10 Он гоҳ Ҳананёи пайғамбар юғро аз гардани пайғамбар Ирмиё гирифта, шикаст.+ 11 Сипас Ҳананё дар ҳузури тамоми мардум гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Ана ҳамин хел ду сол нагузашта ман юғи Набукаднесар, подшоҳи Бобилро, аз гардани тамоми халқҳо гирифта, мешиканам”».+ Пайғамбар Ирмиё бошад, бо роҳи худ рафт.
12 Баъди он ки Ҳананё юғеро, ки дар гардани пайғамбар Ирмиё буд, шикаст, аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё чунин паём омад: 13 «Рафта, ба Ҳананё бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ту юғи чӯбиро шикастӣ,+ вале ба ҷойи он юғи оҳанӣ месозӣ”. 14 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, мегӯяд: “Ман ба гардани тамоми ин халқҳо юғи оҳанӣ мегузорам ва онҳо бандагони Набукаднесари подшоҳи Бобил шуда, ба ӯ хизмат мекунанд.+ Ман ҳатто ҷонварони саҳроро ба ӯ медиҳам”».+
15 Пайғамбар Ирмиё ба Ҳананёи+ пайғамбар гуфт: «Эй Ҳананё, илтимос, ба гапам гӯш кун! Яҳува туро нафиристодааст, вале ту ба мардум ваъдаи дурӯғу пуч додиву онҳо ба гапат бовар карданд.+ 16 Аз ин рӯ Яҳува мегӯяд: “Ман туро аз рӯйи замин нест мекунам. Имсол ту мемирӣ, зеро мардумро бар зидди Яҳува шӯр андохтӣ”».+
17 Ҳананёи пайғамбар ҳамон сол дар моҳи ҳафтум мурд.