Ирмиё
48 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, дар бораи Мӯоб+ чунин мегӯяд:
«Вой бар ҳоли Набӯ,+ зеро он нобуд гаштааст!
Қирятоим+ расво гашта, забт шудааст.
Қалъаи мустаҳкам расвову шарманда гашта, пора-пора шудааст.+
2 Мӯобро дигар ситоиш намекунанд.
Шикасти ӯро дар Ҳешбӯн+ ташкил карда, гуфтаанд:
“Биёед рафта, Мӯобро нобуд созем, то ки дигар халқ набошад”.
Ту низ, эй Мадмен, хомӯш бош,
Зеро аз қафоят шамшер меояд.
3 Дар Ҳуруноим+ фиғон ва садои харобсозиву шикасти бузург ба гӯш мерасад.
4 Мӯоб шикаст хӯрдааст,
Кӯдакони хурдаш мегирянд.
5 Мардум бар кӯтали Луҳит нолакунон мебароянд
Ва бо роҳи Ҳуруноим фаромада, аз сабаби фалокат фиғони пурдардро мешунаванд.+
6 Гурезеду ҷон ба саломат баред!
Мисли дарахти арча дар биёбон шавед.
7 Азбаски ба корҳои худ ва ганҷҳоят таваккал мекунӣ,
Ту низ забт карда мешавӣ.
Камуш+ ҳам ҳамроҳи коҳинону миронаш
Ба асирӣ бурда мешавад.
8 Нобудгар ба ҳар як шаҳр меояд
Ва ҳеҷ як шаҳр халосӣ намеёбад.+
Водӣ нест карда мешавад
Ва дашт нобуд мегардад,
Ҳамон тавре ки Яҳува гуфтааст.
9 Барои Мӯоб нишонае гузоред,
Зеро, вақте вайрона шавад, рӯ ба гурез меорад
Ва шаҳрҳояш ба даҳшатзору макони беодам табдил меёбанд.+
10 Лаънат ба касе, ки ба супориши Яҳува хунукназарӣ кунад!
Лаънат ба касе, ки шамшерашро аз хунрезӣ боздорад!
11 Мӯобиён аз ҷавонияшон осудаҳол буданд,
Мисли шаробе, ки таҳшин мешавад.
Онҳоро аз як зарф ба зарфи дигар нарехтаанд
Ва онҳо боре ҳам ба асирӣ нарафтаанд.
Аз ин рӯ мазаи онҳо дигар нашудааст
Ва бӯяшон тағйир наёфтааст.
12 Аз ин рӯ рӯзҳое меоянд,— мегӯяд Яҳува,— ки ман одамонеро мефиристам, то онҳоро чаппагардон кунанд. Онҳоро чаппа мекунанд ва зарфҳояшонро холӣ намуда, кӯзаҳои калонашонро пора-пора месозанд. 13 Он гоҳ мӯобиён аз боиси Камуш хиҷилу сархам мешаванд, чуноне ки хонадони Исроил аз боиси Байт-Ил, ки қуввати дилашон буд, хиҷил ҳастанд.+
14 Чӣ хел шумо ҷуръат карда мегӯед: “Мо ҷанговарони пурзӯрем ва ба ҷанг тайёрем”?+
15 Мӯоб вайрон шудааст,
Шаҳрҳояш забт гардидаанд+
Ва ҷавонони беҳтаринаш кушта шудаанд,+—
Мегӯяд Подшоҳе, ки номаш Яҳува, Худои лашкарҳост.+—
16 Бадбахтии мӯобиён наздик аст
Ва шикасти онҳо мешитобад.+
17 Ҳамсоягон ва ҳама донандагони номашон
Ба онҳо дилсӯзӣ хоҳанд кард.
Ба онҳо бигӯед: “Эй вой, асои пурқудрат ва чӯбдасти шукӯҳ шикаста шуд!”
18 Аз ҷалоли худ фуруд ой
Ва ташналаб биншин*, эй духтаре, ки дар Дибӯн+ сокин ҳастӣ,
Зеро нобудгари Мӯоб бар зидди ту омадааст
Ва ҳисорҳои туро хароб месозад.+
19 Сари роҳ биист ва тамошо кун, эй сокини Арӯэр.+
Мардони фирорӣ ва занони гурезаро бипурс, ки чӣ гап шудааст.
20 Мӯоб шарманда гашта, ба даҳшат омадааст.
Гиряву нола кунед.
Дар Арнӯн+ эълон кунед, ки Мӯоб нобуд гаштааст.
21 Худо даштро доварӣ мекунад.+ Ӯ Ҳулӯн, Ёҳас,+ Мифоат,+ 22 Дибӯн,+ Набӯ,+ Байт-Диблотаим, 23 Қирятоим,+ Байт-Ҷомул, Байт-Меӯн,+ 24 Қарийӯт+ ва Басраро доварӣ мекунад. Ҳамаи шаҳрҳои замини Мӯоб, шаҳрҳои дуру наздик, доварӣ карда мешаванд.
25 Қувваи* Мӯоб бурида шудааст.
Дасти ӯ шикаста шудааст,— мегӯяд Яҳува.—
Мӯоб дар қайи худ ғӯта задааст
Ва масхараи мардум гаштааст.
27 Магар Исроил барои ту хандахариш набуд?+
Магар ӯро дар миёни дуздон дидӣ,
Ки бо нафрат сар ҷунбонда, бар зидди вай сухан мегӯӣ?
28 Шаҳрҳоро тарк намуда,
Дар кӯҳпораҳо зиндагӣ кунед, эй сокинони Мӯоб.
Мисли кафтар шавед, ки дар лаби ҷар лона месозад».
29 «Дар бораи ифтихори Мӯоб шунидем,
Ӯ хеле ҳавобаланд аст.
Кибру ғурур, каттагӣ ва ҳавобаландии дилаш ба гӯши мо расидааст».+
30 «Ман хашми ӯро медонам,— мегӯяд Яҳува,—
Вале суханони пучи ӯ фоидае намеоранд,
Аз онҳо суде нест.
31 Аз ин рӯ ман барои Мӯоб хоҳам гирист,
Барои тамоми Мӯоб фиғон хоҳам бардошт
Ва барои мардуми Қир-Ҳерес нола хоҳам кард.+
Шохаҳои шукуфонат аз баҳр гузаштанд.
Онҳо то ба баҳр, то Яъзир, расиданд.
Нобудгар ба меваҳои тобистона ва ҳосили ангурат ҳуҷум овардааст.+
33 Шодиву хурсандӣ дар бӯстон барҳам хӯрдааст
Ва дар замини Мӯоб дида намешавад.+
Ман коре кардам, ки шароб дигар аз чархуштҳо намечакад,
Ҳеҷ кас ангурро бо шодӣ пахш намекунад,
Ба ҷойи садои шодӣ овози дигаре мешавад.+
34 Фиғоне аз Ҳешбӯн+ то худи Элъоле+ мерасад.
Ҳатто обҳои Нимрим хушк мешаванд.+
35 Ман тавре мекунам,— мегӯяд Яҳува,—
Ки дар Мӯоб касе намонад, ки дар баландӣ ҳадия биёрад
Ва барои худояш қурбониҳо орад.
36 Аз ин рӯ дилам барои Мӯоб мисли садои най* нола хоҳад кард,+
Дилам барои мардуми Қир-Ҳерес мисли садои най нола хоҳад намуд,
Зеро сарвате, ки ӯ ҷамъ кардааст, нобуд мешавад.
37 Сари ҳама кал аст+
Ва риши ҳама тарошида аст.
38 Бар ҳама бомҳои Мӯоб
Ва ҳама майдонҳояш
Ғайр аз нола чизи дигаре нест,
Зеро ман Мӯобро мисли кӯзаи нодаркор шикастаам,— мегӯяд Яҳува.—
39 Чӣ даҳшате ӯро фаро гирифтааст! Бигирйед!
Чӣ сон Мӯоб пушт гардонда, шармсор гаштааст!
Мӯоб масхараи мардум
Ва даҳшати атрофиёнаш гаштааст.
40 Яҳува чунин мегӯяд:
41 Шаҳрҳо забт мешаванд
Ва ҳисорҳои онҳо ба даст меафтанд.
Дар он рӯз дили ҷанговарони Мӯоб
Мисли дили заноне мешавад, ки азоби зоиш доранд.
43 Тарс, чоҳ ва дом дар пеши пойи туст,
Эй сокини Мӯоб,— мегӯяд Яҳува.—
44 Ҳар кӣ аз даҳшат гурезад, ба чоҳ меғалтад
Ва ҳар кӣ аз чоҳ барояд, ба дом меафтад,
Зеро ман бар Мӯоб соли ҷазоро меорам,— мегӯяд Яҳува.—
45 Онҳое, ки мегурезанд, дар сояи Ҳешбӯн бемаҷол истодаанд,
Зеро аз Ҳешбӯн оташ
Ва аз Сиҳӯн алов мебарояд.+
Он пешонии Мӯоб
Ва фарқи сари писарони ошӯбро фурӯ мебарад.+
46 Вой бар ҳолат, эй Мӯоб!
Мардуми Камуш+ нобуд шуданд.
Писаронатро ба асирӣ бурданд
Ва духтаронат асир гаштанд.+
47 Аммо ман дар рӯзҳои охир асирони Мӯобро ҷамъ меорам,— мегӯяд Яҳува.—
Доварии Мӯоб дар ин ҷо тамом мешавад”».+