Ирмиё
21 Аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё паём омад, вақте подшоҳ Сидқиёҳу+ назди ӯ Фашҳури+ писари Малкиё ва Сафанё,+ писари Маасиёҳуи коҳинро, фиристода, гуфт: 2 «Илтимос, аз Яҳува барои мо бипурс, зеро шоҳ Набукаднесар*, подшоҳи Бобил, бар зидди мо ҷанг мекунад.+ Шояд, Яҳува барои мо яке аз корҳои аҷоибашро ба амал орад, то ӯ ақиб гардад».+
3 Ирмиё ба онҳо гуфт: «Ба Сидқиёҳу чунин бигӯед: 4 “Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман аслиҳаеро, ки дар даст дореду бо он бо подшоҳи Бобил+ ва калдониёне, ки шуморо аз беруни девор муҳосира кардаанд, меҷангед, бар зидди шумо мегардонам. Ман онҳоро дар миёни ин шаҳр ҷамъ меорам. 5 Ман бо дасти пурзӯру бозуи қавӣ, бо қаҳру ғазаб ва хашми бузург+ бар зидди шумо ҷанг мекунам.+ 6 Ман сокинони ин шаҳрро, ҳам одамону ҳам ҳайвонотро, зарба мезанам ва онҳо аз вабои бузург мемуранд.+
7 Баъд аз ин,— мегӯяд Яҳува,— ман Сидқиёҳуи подшоҳи Яҳудову хизматгоронаш ва касонеро, ки дар ин шаҳр аз вабо, шамшер ва қаҳтӣ наҷот ёбанд, ба дасти Набукаднесари подшоҳи Бобил, ба дасти душманонашон, ки қасди ҷони онҳоро доранд, месупорам.+ Ӯ онҳоро аз дами шамшер мегузаронад ва ба онҳо раҳму шафқат ва дилсӯзӣ намекунад”.+
8 Ба ин халқ бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ба шумо роҳи ҳаёт ва роҳи маргро пешниҳод мекунам. 9 Ҳар кӣ дар ин шаҳр боқӣ монад, аз шамшер, қаҳтӣ ва вабо хоҳад мурд, лекин, ҳар кӣ баромада, ба калдониёне, ки шуморо муҳосира кардаанд, таслим шавад, зинда мемонад ва ҷонаш ба вай чун ғанимат дода мешавад*.+
10 Ман рӯйи худро бар зидди ин шаҳр на ба некӣ, балки ба бадӣ гардондаам,+— мегӯяд Яҳува.— Ман онро ба дасти подшоҳи Бобил медиҳам+ ва ӯ шаҳрро оташ мезанад”.+
11 Эй хонадони шоҳи Яҳудо, паёми Яҳуваро бишнавед. 12 Эй хонадони Довуд, Яҳува чунин мегӯяд:
“Ҳар саҳар аз рӯйи инсоф рафтор кунед
Ва ғоратшударо аз дасти қаллоб раҳо созед,+
Набошад ба сабаби корҳои бадатон+
Оташи ғазабам аланга мегирад+
Ва касе нахоҳад буд, ки онро хомӯш кунад.
13 Ман бар зидди ту мебароям, эй сокини водӣ,
Ва, эй кӯҳпорае, ки дар ҳамворӣ ҷойгир шудаӣ,— мегӯяд Яҳува.—
Ҳамчунин бар зидди онҳое, ки мегӯянд: “Кӣ бар зидди мо мебарояд?
Кӣ ба макони мо медарояд?”
14 Ман бо шумо аз рӯйи корҳоятон
Ҳисобу китоб мекунам,+— мегӯяд Яҳува.—
Ман ҷангалатонро оташ мезанам
Ва он тамоми чизи гирду атрофатонро фурӯ мебарад”».+