Бо дили хурсанд ба Шоми ёдбуд тайёрӣ бинед
1. Чӣ дар айёми Шоми ёдбуд хеле муҳим аст?
1 Дар Шоми ёдбуд, ки рӯзи сешанбе, 26-уми март баргузор мегардад, мо имконияти хеле хубе дорем, то аз он чизе ки Худо барои наҷоти мо кардааст, хурсандӣ гирем (Иш. 61:10). Аммо дар арафаи ин маросим низ доштани рӯҳияи хурсандӣ ба мо кӯмак мекунад, то ба ин ҷашн хуб тайёр шавем. Чӣ тавр?
2. Чӣ моро бармеангезад, ки ба Шоми ёдбуд тайёрӣ бинем?
2 Тайёрӣ ба маросим. Нигоҳ накарда ба он ки Шоми ёдбуди марги Масеҳ маросими оддӣ аст, он хеле муҳим мебошад. Бо вуҷуди ин, он банақшагирии пешакиро талаб мекунад, то ягон чизи зарурӣ аз назар дур намонад (Мас. 21:5). Вақт ва ҷои мувофиқ бояд муайян карда шавад. Рамзҳои муносиб бояд дастрас карда шаванд. Ҷои вохӯрӣ бояд тоза ва барои ҷашн омода бошад. Ба нотиқи таъиншуда лозим аст, ки нағз тайёрӣ бинад. Ҳамчунин бародарони масъул ва ташрифовардагон бояд дастуроти аниқ дошта бошанд. Бешубҳа, бисёри ин корҳо аллакай карда шудаанд. Миннатдорӣ барои фидия моро бармеангезад, ки ба ин ҷашни муқаддас нағз тайёрӣ бинем (1 Пет. 1:8, 9).
3. Чӣ тавр мо дили худро барои Шоми ёдбуд тайёр карда метавонем?
3 Дили худро тайёр кунед. Инчунин зарур аст, ки барои пурра дарк кардани муҳиммияти Шоми ёдбуд дили худро тайёр кунем (Эзр. 7:10). Барои ин, ба мо лозим аст, ки вақт ёфта, бар порчаҳои Китоби Муқаддас, ки барои хониш дар арафаи Шоми ёдбуд ҷудо карда шудаанд, андеша ронем ва дар бораи рӯзҳои охирини ҳаёти Исо мулоҳиза кунем. Фикрронӣ оиди рӯҳияи фидокории Исо моро бармеангезад, ки ба ӯ пайравӣ кунем (Ғал. 2:20).
4. Кадоме аз манфиатҳо, ки ба воситаи фидия имконпазир гаштанд, ба шумо хурсандии беандоза мебахшад?
4 Марги Масеҳ Ҳокими Мутлақ будани Яҳуваро исбот мекунад. Он моро аз гуноҳ ва марг раҳо месозад (1 Юҳ. 2:2). Ба воситаи он мо метавонем бо Худо оштӣ шуда, бо Ӯ муносибатҳои наздик пайдо кунем ва соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шавем (Қӯл. 1:21, 22). Он ҳамчунин ба мо ёрӣ медиҳад, ки бо азми қавӣ мувофиқи ваъдаи ба Яҳува додаамон зиндагӣ кунем ва чун шогирдони Масеҳ устувор монем (Мат. 16:24). Бигзор ҳангоми ба Шоми ёдбуд тайёрӣ дидан ва ба он ташриф оварданатон хурсандии шумо торафт зиёд гардад!