Хушхабаре, ки онҳо мавъиза мекунанд
ВАҚТЕ КИ Исо дар рӯи замин буд, шогирдонаш назди ӯ омада пурсиданд: «Аломати ҳузури ту ва анҷоми тартиботи шарирона чӣ гуна хоҳад буд?» (ТДН). Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт, ки миёни халқҳои зиёд ҷангҳо сар мезананд, қаҳтӣ, вабоҳо ва зилзилаҳо рӯй медиҳанд, ҷинояткорӣ афзун мегардад, сарварони козиби дин бисёриҳоро гумроҳ хоҳанд кард, нисбати пайравони ҳақиқиаш нафрат пайдо карда, онҳоро таъқиб хоҳанд намуд ва муҳаббат ба адолат дар бисёр касон сард хоҳад шуд. Ба вуқӯъ омадани ин воқеаҳо ишора ба он хоҳад кард, ки Масеҳ ба таври ноаён ҳузур дорад ва Салтанати осмонии ӯ наздик аст. Ин хабар — хабари хуше хоҳад буд! Ғайр аз ин, Исо боз як қисми аломатро қайд намуд: «Ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид» (Матто 24:3–14).
Охирин воқеаҳои ҷаҳонӣ аслан тасаллидиҳанда набошанд ҳам, онҳо нишонаи рӯйдоди хубе мебошанд, аниқтараш нишонаи ҳузури Масеҳ. Воқеаҳои дар боло овардашуда аз соли 1914, ки дар борааш хеле васеъ эълон шуда буд, мушоҳида карда мешаванд. Ин сол интиҳои даврони ғайрияҳудиён ва оғози давраи гузариш аз ҳукмронии инсонӣ ба Ҳукмронии Ҳазорсолаи Масеҳро нишон дод.
Дар хусуси ин давраи гузариш дар оятҳои 1 ва 2-и таронаи 109-уми Забур ва Ваҳй 12:7–12 пешгӯӣ шуда буд. Дар ин оятҳо нишон дода мешавад, ки Масеҳ то вақти Подшоҳ шуданаш дар осмон дар тарафи дасти рости Худо хоҳад нишаст. Сипас дар натиҷаи сар задани ҷанг дар осмон Шайтон ба замин партофта хоҳад шуд ва ин ба замин ғаму кулфат хоҳад овард,— аз он вақт сар карда, Масеҳ дар миёни душманонаш подшоҳӣ хоҳад кард. Ҳангоми «мусибати бузурге», ки авҷи он Ҳармиҷидӯн хоҳад буд, ба шарорат хотима дода мешавад ва сипас Ҳукмронии Ҳазорсолаи Масеҳ, ки бо худ сулҳу осоиштагӣ меорад, фаро хоҳад расид (Матто 24:21, 33, 34; Ваҳй 16:14–16).
«Ва инро бидон,— гуфта мешавад дар Китоби Муқаддас,— ки дар айёми охир замонҳои сахт фаро хоҳад расид. Зеро ки одамон худписанд хоҳанд шуд, ва зарпараст, ва пурғурур, ва ҳавобаланд, ва бадзабон, ва беитоат ба падарону модарон, ва кӯрнамак, ва осӣ, ва ноаҳл, ва номуросо, ва тӯҳматчӣ, ва бепарҳез, ва бераҳм, ва душмани некӣ, ва хоин, ва рӯйнатан, ва бодӣ, ки айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд, ва намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо» (2 Тимотиюс 3:1–5).
Баъзеҳо метавонанд эътироз намоянд, ки чунин ҳодисаҳо пеш низ дар таърихи инсоният рӯй медоданд, аммо далелҳо нишон медиҳанд, ки он рӯйдодҳо ҳаргиз дар чунин миқёси калон ба амал намеомаданд. Чуноне ки таърихшиносон ва шореҳон мегӯянд, чунин даврае ба мисли давраи аз соли 1914 саршуда ҳаргиз дар рӯи замин ба мушоҳида нарасида буд. (Ба саҳифаи 7 нигаред.) Мусибатҳо беш аз ҳарвақта паҳн гардиданд. Илова бар ин, дигар хусусиятҳои аломатеро, ки Масеҳ оиди охирзамон қайд намуда буд, бояд ба назар гирифт: масалан, ҳузури Масеҳ ва Салтанати ӯ дар саросари замин дар миқёсе эълон карда шуд, ки дар таърих мислаш дида нашуда буд. Ҳеҷ гоҳ Шоҳидони Яҳуваро барои мавъиза карданашон ин қадар таъқиб намекарданд. Садҳо Шоҳидонро дар урдугоҳҳои консентратсионии фашистӣ ба қатл расонданд. Дар баъзе ҷойҳо фаъолияти Шоҳидони Яҳува то ҳол манъ аст, дар ҷойҳои дигар бошад, онҳоро ба ҳабс мегиранд, шиканҷа медиҳанд ва ҳатто мекушанд. Ҳамаи ин як қисми аломате мебошад, ки Исо оиди он гуфта буд.
Чуноне ки дар Ваҳй 11:18 пешгӯӣ шуда буд, халқҳо бар Шоҳидони Яҳува «дар қаҳр шуданд» ва ин нишонаи он мебошад, ки «ғазаби» Яҳува бар ин халқҳо хоҳад омад. Дар худи ҳамин оят гуфта мешавад, ки Худо «нобудкунандагони заминро нобуд» хоҳад кард. Ҳеҷ гоҳ дар таърихи инсоният чунин давре набуд, ки қобилияти ҳаётро нигоҳ доштани замин зери хатар гузошта шуда бошад. Вале ҳоло вазъият ба куллӣ тағйир ёфтааст! Бисёр олимон огоҳ мекунанд, ки агар инсон минбаъд низ заминро ифлос кардан гирад, он беодам хоҳад гашт. Вале Яҳува заминро «ба вуҷуд овардааст, ки маскун бошад» ва Ӯ заминро аз ифлоскунандагонаш, пеш аз он ки онҳо онро пурра хароб созанд, пок хоҳад кард (Ишаъё 45:18).
ҲУКМРОНИИ САЛТАНАТ БА ЗАМИН ЧӢ ГУНА БАРАКАТҲО ХОҲАД ОВАРД
Бисёр одамони ба Китоби Муқаддас эътимоддошта бар он ақидаанд, ки ҳамаи наҷотёфтагон ба осмон мераванд ва фикри он ки одамон таҳти роҳбарии Салтанати Худо дар рӯи замин зиндагӣ хоҳанд кард, метавонад ба онҳо тааҷҷубовар тобад. Вале мувофиқи Китоби Муқаддас ба осмон танҳо шумораи маҳдуди одамон хоҳанд рафт, дар ҳоле ки шумораи анбӯҳи бузурги мардуме, ки то абад дар рӯи замин хоҳанд зист, номаҳдуд хоҳад буд (Забур 36:11, 29; Ваҳй 7:9; 14:1–5). Он ки Салтанати Худо бо сардории Масеҳ тамоми заминро фаро гирифта, бар он роҳбарӣ хоҳад кард, дар пешгӯии дар китоби Дониёл навишташуда нишон дода мешавад.
Салтанати Масеҳ дар он пешгӯӣ чун санги аз кӯҳи рамзии ҳокимияти Яҳува кандашуда тасвир ёфтааст. Он санг ҳайкалеро, ки рамзи халқҳои боиқтидори замин мебошад, зада шикаст ва «ба кӯҳи бузурге табдил ёфта, тамоми заминро пур кард». Сипас дар он пешгӯӣ гуфта мешавад: «Дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард–гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод» (Дониёл 2:34, 35, 44).
Маҳз дар бораи ана ҳамин Салтанат ва умед ба ҳаёти ҷовидонӣ дар замини покизаву зебогашта, ки бар Китоби Муқаддас асос меёбад, Шоҳидони Яҳува мехоҳанд ба шумо нақл кунанд. Миллионҳо одамоне, ки ҳоло зиндагӣ мекунанд, ва миллионҳои зиёди онҳое, ки дар қабр мебошанд, имконияти абадан дар рӯи замин сокин шуданро доранд. Сипас, таҳти Ҳукмронии Ҳазорсолаи Исои Масеҳ нияти аввалае, ки Яҳува ҳангоми офариниши замин ва бар он ниҳодани ҷуфти нахустини инсонӣ дошт, амалӣ хоҳад гашт. Он Биҳишти заминӣ ҳеҷ гоҳ дилбазан нахоҳад шуд. Чӣ тавре ки ба Одам вазифаи дар боғи Адан кор кардан дода шуда буд, ҳамон тавр инсоният низ супориши шавқовари нигоҳубин кардани замин ва олами набототу ҳайвоноти онро хоҳад дошт. Онҳо «аз амали дастҳои худ то ба охир истифода хоҳанд бурд» (Ишаъё 65:22; Ҳастӣ 2:15).
Исо таълим дода буд, ки мо чунин дуо гӯем: «Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд» (Матто 6:10). Бо бисёр оятҳои Китоби Муқаддас метавон нишон дод, ки пас аз иҷро гардидани ин дархости Исо чӣ гуна шароит ҳукмфармо хоҳад гашт, вале ҳоло танҳо ояти зеринро меоварем: «Овози баланде аз осмон шунидам, ки мегӯяд: “Инак, хаймаи Худо бо одамон, ва Ӯ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд; ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт”. Ва Нишинандаи тахт гуфт: “Инак, ҳама чизро нав месозам”. Ва ба ман гуфт: “Бинавис, зеро ки ин суханон ҳақ асту рост”» (Ваҳй 21:3–5).
[Изофа дар саҳифаи 15]
«Замонҳои сахт» хоҳанд омад,
«ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид»
[Tасвир дар саҳифаи 18]
Нидерланд
[Tасвир дар саҳифаи 18]
Нигерия