Август
Ҷумъа, 1 август
Азобҳои росткор зиёд аст, лекин Яҳува ӯро аз ҳамаи онҳо халос мекунад (Заб. 34:19).
Ба ду фикри муҳими таронаи дар боло овардашуда диққат кунед: 1) росткорон низ бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд; 2) Яҳува моро аз озмоишҳоямон халос мекунад. Чӣ тавр халос мекунад? Яке аз роҳҳо ин аст, ки Яҳува кумак мекунад, то дар ин замона воқеъбин бошем. Ҳарчанд ӯ ваъда медиҳад, ки аз хизматаш мо хурсандӣ мегирем, ҳамзамон кафолат намедиҳад, ки зиндагии имрӯзаи мо бе мушкилӣ мешавад (Иш. 66:14). Яҳува маслиҳат медиҳад, ки мо ба оянда назар дӯзем,— ба ояндае, ки ҷовидона зиндагӣ карда метавонем (2 Қӯр. 4:16–18). Вале то омадани он рӯз Яҳува кумак мекунад, ки мо хизматашро давом диҳем (Нолаҳо 3:22–24). Мо аз намунаи хизматгорони содиқи пешин ва имрӯзаи Яҳува чӣ меомӯзем? Мо мефаҳмем, ки хизматгорони Худо бо мушкилиҳои ғайричашмдошт рӯ ба рӯ шуда метавонанд. Вале, агар шахс ба Яҳува таваккал намояд, Худо ҳатман ӯро дастгирӣ мекунад (Заб. 55:22). w23.04 саҳ. 14, 15, сарх. 3, 4
Шанбе, 2 август
Ҳар кас ба ҳокимиятҳои боло фармонбардор бошад (Рум. 13:1).
Юсуфу Марям ба ҳокимиятҳои боло итоат карда, ба мо намунаи хуб гузоштанд, ҳатто вақте барояшон хеле душвор буд (Луқ. 2:1–6). Ҳангоме ки Марям қариб нӯҳмоҳа ҳомиладор буд, итоаткории ӯву Юсуф озмуда шуд. Қайсар Авғустус фармон баровард, ки тамоми сокинони Рум саршуморӣ шаванд. Юсуфу Марям бояд 150 километр роҳҳои теппаю пастиҳоро тай карда, ба Байт-Лаҳм мерафтанд. Ин сафари онҳо беҳад ноқулай буд, махсусан барои Марям. Ҳамсарон, шояд, аз ҳоли кӯдак низ хавотир буданд. Агар дар роҳ нохост Марямро дард гирад-чӣ? Охир, ин ҳаёти Масеҳи ояндаро зери хатар мегузорад. Оё Юсуфу Марям ин вазъиятҳоро баҳона карда, аз қарори ҳокимият саркашӣ карданд? Юсуфу Марям ба ташвишҳояшон нигоҳ накарда ба ин қонун гӯш доданд. Яҳува бошад, фармонбардории онҳоро баракат дод. Марям сиҳату саломат ба Байт-Лаҳм расид ва кӯдаки солимро ба дунё овард. Ҳамин тавр пешгӯйии Китоби Муқаддас иҷро шуд (Мико 5:2). w23.10 саҳ. 8, сарх. 9; саҳ. 9, сарх. 11, 12
Якшанбе, 3 август
Якдигарро рӯҳбаланд созем (Ибр. 10:25).
Агар шуморо дар вохӯриҳо танҳо фикри ҷавоб додан ба тарсу ҳарос орад-чӣ? Ба вохӯриҳо нағз тайёрӣ бинед (Пнм. 21:5). Чи қадаре маводро нағз аз худ кунем, ҳамон қадар шарҳ додан бароямон осон мешавад. Инчунин кӯшиш кунед, ки шарҳатон кӯтоҳ бошад (Пнм. 15:23; 17:27). Аз шарҳи кӯтоҳ додан шахс камтар ба ҳаяҷон меояд. Ғайр аз ин, вақте шумо бо суханҳои худ шарҳи кӯтоҳ медиҳед, маълум мешавад, ки хуб тайёрӣ дидаед ва маводи омӯзиширо аз худ кардаед. Лекин, фарз кардем, шумо баъзеи ин маслиҳатҳоро ба кор бурдеду ҳоло ҳам аз як ё ду бор зиёд шарҳ додан метарсед. Бовар дошта бошед, ки Яҳува кӯшишу ғайрати шуморо қадр мекунад (Луқ. 21:1–4). Охир, ӯ берун аз қувватамон чизе талаб намекунад (Флп. 4:5). Пас, аниқ кунед, ки боз чӣ аз дастатон меояд, мақсад монда аз рӯйи он амал намоед ва дар дуо оромиву осудагӣ пурсед. Дар аввал мақсад гузошта метавонед, ки як шарҳи кӯтоҳ диҳед. w23.04 саҳ. 21, сарх. 6–8
Душанбе, 4 август
[Ҷавшану] кулоҳи ҷангӣ пӯшем (1 Тас. 5:8).
Павлуси расул моро ба сарбози ҳушёре, ки либоси ҷангӣ дар бар кардааст, монанд мекунад. Сарбозе, ки вазифаашро иҷро мекунад, бояд ҳама вақт ба ҷанг омода бошад. Мо низ бояд ҷавшани имону муҳаббат ва кулоҳи умедро пӯшида, доим ба рӯзи Яҳува тайёр бошем. Чуноне ки ҷавшан дили сарбозро ҳимоя мекунад, имону муҳаббат низ дили маҷозии моро аз хатар эмин медорад. Ин хислатҳо ба мо кумак мекунанд, ки минбаъд низ ба Яҳува хизмат карда, Исоро пайравӣ намоем. Мо имон дорем, ки Яҳува ба онҳое, ки ӯро аз таҳти дил меҷӯянд, мукофот медиҳад (Ибр. 11:6). Маҳз имон аст, ки мо ҳатто дар душвориҳо ба Сарварамон Исо содиқ мондан мехоҳем. Бародару хоҳаронамон ҳатто дар бепуливу бечорагӣ ва озору азият дар аҳди дӯстияшон бо Яҳува пойдор мемонанд. Намунаи хубашон дар сахтиҳои ҳаёт ба имони мо қувват мебахшад. Боз ҳамдинони мо аз баҳри ҳавасу хоҳишҳояшон гузашта, кори Худоро маркази зиндагияшон сохтаанд. Агар мо ҳам аз онҳо ибрат гирем, ба ботлоқи чизпарастӣ намеғӯтем. w23.06 саҳ. 10, сарх. 8, 9
Сешанбе, 5 август
Ҳар кӣ ба абр нигоҳ мекунад, дарав нахоҳад кард (Пандгӯ 11:4).
Худдорӣ қобилияти идора кардани фикрронӣ ва амалҳоямон мебошад. Худдорӣ зарур аст, махсусан агар мо ба мақсад расиданамон душвор бошад ё хоҳиш надошта бошем. Дар ёд доред: худдорӣ яке аз ҷонибҳои самари рӯҳ мебошад. Барои ҳамин аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсед, ки дар инкишоф додани ин хислат ба шумо кумак кунад (Луқ. 11:13; Ғал. 5:22, 23). Вазъу шароити беҳтаринро интизор нашавед. Дар ин дунё вазъияти комилан тинҷу осуда вуҷуд надорад. Агар ин гуна шароитро интизор шуда шинем, шояд, ҳеҷ гоҳ ба мақсадамон нарасем. Агар ба мақсад расидан душвор тобад, шояд, барои он майлу хоҳишамон нарасад. Агар шумо дар чунин вазъият бошед, оё метавонед мақсадатонро ба якчанд мақсадҳои хурд ҷудо кунед? Масалан, агар шумо хислатеро инкишоф доданӣ бошед, метавонед онро дар аввал дар чизҳои хурд зоҳир намоед. Агар мақсад мондаед, ки Китоби Муқаддасро пурра хонед, дар аввал онро кам-кам хонед. w23.05 саҳ. 29, сарх. 11–13
Чоршанбе, 6 август
Роҳи росткорон мисли нури дурахшони саҳар аст, ки то нисфирӯзӣ торафт равшан мешавад (Пнм. 4:18).
Дар давоми рӯзҳои охир Яҳува ба воситаи ташкилоташ моро мунтазам бо озуқаи рӯҳонӣ таъмин мекунад, то дар «Роҳи покӣ» бимонем (Иш. 35:8; 48:17; 60:17). Гуфтан мумкин аст, ки, вақте шахс омӯзиши Китоби Муқаддасро сар мекунад, имконияти бо «Роҳи покӣ» равона шуданро пайдо менамояд. Баъзеҳо бо ин шоҳроҳ каме мераванду сипас онро тарк мекунанд. Дигарон бошанд, азм кардаанд, ки то ба манзил нарасанд, аз он дур намешаванд. Ин чӣ гуна манзил аст? Касоне, ки умеди осмонӣ доранд, бо ин «Роҳи покӣ» рафта, оянда ҳамроҳи Исо дар осмон ҳукмронӣ мекунанд (Ошкор. 2:7). Онҳое, ки умеди заминӣ доранд, бо ин шоҳроҳ рафта, дар охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ комилият ба даст меоранд. Агар шумо имрӯз дар ин шоҳроҳ бошед, ба қафо нигоҳ накунед ва то ба манзил, яъне ба дунёи нав, расидан аз он дур нашавед. w23.05 саҳ. 17, сарх. 15; саҳ. 19, сарх. 16–18
Панҷшанбе, 7 август
Мо барои он дӯст медорем, ки аввал ӯ моро дӯст доштааст (1 Юҳ. 4:19).
Вақте шумо дар бораи ҳама корҳое меандешед, ки Яҳува дар ҳаққатон кардааст, хоҳишатон зиёд мешавад, ки ҳаётатонро ба ӯ бахшед (Заб. 116:12–14). Дар Китоби Муқаддас барҳақ гуфта мешавад, ки «ҳар як ҳадияи нек ва ҳар як атои комил» аз ҷониби Атодеҳи бузург, Яҳува, мебошад (Яъқ. 1:17). Бузургтарин ҳадияе, ки Яҳува барои мо додааст, атои ҷони Писараш Исост. Лаҳзае дар ин бора андеша кунед: товон миёни шумову Яҳува роҳ кушод, ки дӯсти ӯ шуда тавонед. Ғайр аз товон, Яҳува атои ҳаёти ҷовидониро ба шумо пешкаш мекунад (1 Юҳ. 4:9, 10). Дар бораи ҳамаи ин атоҳои бузургу дигар баракатҳои Худои пурмуҳаббатамон фикр карда, табиист, ки меҳратон ҷӯш мезанаду шумо мехоҳед ҳаётатонро ба ӯ бахшед (5 Мӯсо 16:17; 2 Қӯр. 5:15). w24.03 саҳ. 5, сарх. 8
Ҷумъа, 8 август
Касе, ки бо роҳи рост равад, аз Яҳува метарсад (Пнм. 14:2).
Рафтори бади одамони ин ҷаҳонро дида, худро мисли Лути росткор ҳис мекунем. Ӯ медонист, ки Падари осмониямон аз рафтори бад нафрат дорад. Барои ҳамин «аз беҳаёгии одамони бадкор ҷонаш ба танг омада буд» (2 Пет. 2:7, 8). Лут аз муҳаббату эҳтироми Яҳува ба бадрафтории одамони гирду атрофаш шарик намешуд. Мо низ дар байни одамоне зиндагӣ мекунем, ки Яҳува ва меъёрҳои ӯро писанд намекунанд. Лекин, агар Яҳуваро дӯст дорему худотарсии солимро инкишоф диҳем, ахлоқан пок монда метавонем. Яҳува ба воситаи китоби Панднома ба мо кумак мекунад, ки пок монем. Ҳамаи масеҳиён, пиру ҷавон, зану мард, аз маслиҳатҳои бохирадонаи он манфиат мегиранд. Одами худотарс рафтори бади худро сафед намекунад. w23.06 саҳ. 20, сарх. 1, 2; саҳ. 21, сарх. 5
Шанбе, 9 август
Ҳар кӣ аз пайи ман рафтан хоҳад, бигзор аз баҳри худ барояд ва сутуни азобашро ҳар рӯз бардошта, доимо маро пайравӣ кунад (Луқ. 9:23).
Шояд, шумо бо муқобилат аз тарафи хешону наздикон дучор шудаед ё кори Подшоҳиро дар ҷойи аввали ҳаётатон гузошта, аз баҳри баъзе чизҳои моддӣ баромадаед (Мат. 6:33). Агар чунин бошад, донед, ки Яҳува чунин меҳнати содиқонаи шуморо мебинад (Ибр. 6:10). Эҳтимол, шумо ҳаққонияти суханони зерини Исоро дидаед: «Ҳар кӣ ба хотири ман ва хушхабар аз баҳри хона, бародарон ё хоҳарон, модар ё падар, фарзандон ё заминҳо гузаштааст, дар ин замона дар баробари озмоишҳо сад баробар зиёдтар хонаҳо, бародарон, хоҳарон, модарон, фарзандон ва заминҳоро ба даст меорад ва дар оянда соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мешавад» (Марқ. 10:29, 30). Бешак, шумо ба хотири Яҳува чӣ қурбониҳое накарда бошед, баракатҳое, ки соҳиб шудед, садчандон зиёданд (Заб. 37:4). w24.03 саҳ. 9, сарх. 5
Якшанбе, 10 август
Дӯст ҳама вақт дӯст медорад, ӯ бародарест, ки барои рӯзи сахт зода шудааст (Пнм. 17:17).
Вақте дар сарзамини Яҳудия гушнагии сахте рӯй дод, бародарони Антиохияи Сурия аз ин хабардор шуда, «қарор карданд, ки ҳар кас аз рӯйи тавони худ ба бародарони Яҳудия кумак расонад» (Кор. 11:27–30). Ҳарчанд Яҳудия аз Антиохия дур буд, бародарони он ҷо азми қавӣ доштанд, ки ба аҳли имонашон дасти ёрӣ дароз кунанд (1 Юҳ. 3:17, 18). Мо низ, вақте мефаҳмем, ки бародару хоҳарон аз офате зарар дидаанд, ҳамдардӣ нишон дода ёриямонро дареғ намедорем. Мо метавонем аз пирон пурсем, ки чӣ хел ёрии бевосита расонем. Ҳамчунин метавонем ба кори умумиҷаҳонӣ хайрия кунем ё дар ҳаққи ин бародару хоҳарон дуо гӯем. Эҳтимол, баъзе бародару хоҳарон барои пеш бурдани рӯзашон ба дастгирии мо муҳтоҷ шаванд. Ба наздикӣ Шоҳамон, Исои Масеҳ, барои доварӣ кардани одамон меояд. Биёед тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ӯ моро машғули корҳое ёбад, ки аз ҳамдардӣ шаҳодат медиҳанд. Он гоҳ мо Подшоҳиро «мерос» мегирем (Мат. 25:34–40). w23.07 саҳ. 4, сарх. 9, 10; саҳ. 6, сарх. 12
Душанбе, 11 август
Бигзор ҳама шуморо чун одамони боандеша шиносанд (Флп. 4:5).
Исо мисли Яҳува боандеша буд. Ҳарчанд ӯ барои мавъиза ба назди «гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил фиристода» шуда буд, ҳангоми иҷрои вазифааш боандешагӣ зоҳир мекард. Рӯзе як зани ғайрияҳудӣ аз ӯ зора кард, то духтарашро, ки «дар банди дев аст ва сахт азоб мекашад», шифо бахшад. Исо аз дилсӯзӣ хости занро ба ҷо овард (Мат. 15:21–28). Биёед боз як мисоли дигарро бинем. Боре Исо ба шогирдонаш гуфта буд: «Касе... аз ман рӯ гардонад, ман низ... аз ӯ рӯ мегардонам» (Мат. 10:33). Лекин оё, вақте Петрус се бор ӯро рад кард, Исо аз ӯ рӯ гардонд? Не. Исо дид, ки Петрус ба тавба рӯ овардааст ва имонашро гум накардааст. Аз ин рӯ баъди зинда шуданаш Исо Петрусро дилпур кард, ки ӯро бахшидаасту дӯсташ медорад (Луқ. 24:33, 34). Мо дидем, ки чӣ тавр Яҳува ва Исо боандешагӣ зоҳир мекунанд. Яҳува аз мо низ интизор аст, ки боандеша бошем. w23.07 саҳ. 21, сарх. 6, 7
Сешанбе, 12 август
Марг дигар намешавад (Ошкор. 21:4).
Барои биҳишт шудани замин чӣ кафолат дорем? Якум, Яҳува худаш ин ваъдаро додааст. Дар китоби Ошкорсозӣ гуфта мешавад: «Нишинандаи тахт гуфт: “Инак, ҳама чизро нав месозам”». Яҳува барои иҷрои ваъдааш хирад, қувват ва хоҳиш дорад. Дуюм, Яҳува ба иҷро гаштани суханонаш чунон дилпур аст, ки барои ӯ онҳо аллакай иҷро гаштаанд. Ана барои чӣ ӯ мегӯяд: «Ин суханон ҳаққанду рост... Ин суханон ба амал омаданд!» Сеюм, агар Яҳува барои иҷрои коре миён бандад, албатта, онро ба сомон мерасонад. Охир, ӯ худаш гуфтааст: «Ман Алфа ва Омега... ҳастам» (Ошкор. 21:6). Яҳува исбот мекунад, ки Шайтон дурӯғгӯй асту аз дасташ намеояд, ки пеши роҳи иҷро шудани ниятҳои илоҳиро гирад. Пас, вақте касе мегӯяд, ки «ин афсона аст», Ошкорсозӣ 21:5, 6-ро хонда, фаҳмонед. Нишон диҳед, ки Яҳува барои иҷрои нияташ кафолатнома навишта, имзо кардааст (Иш. 65:16). w23.11 саҳ. 7, сарх. 18, 19
Чоршанбе, 13 август
Аз ту халқи бузурге ба вуҷуд меорам (1 Мӯсо 12:2).
Вақте Иброҳим марди 75-солаи бефарзанд буд, Яҳува ба ӯ ин ваъдаро дод. Оё Иброҳим иҷро шудани онро дид? Пурра не. Ӯ баъд аз дарёи Фуротро гузаштану 25 сол интизор шудан шоҳиди муъҷизавор таваллуд шудани писараш Исҳоқ гашт. Баъди 60 соли дигар бошад, наберагонаш Эсову Яъқуб таваллуд шуданд (Ибр. 6:15). Вале Иброҳим ҳангоми зинда буданаш шоҳиди он нашуд, ки чӣ тавр аз ӯ халқи бузург ба амал омад ва бо чашмонаш надид, ки он халқ Замини ваъдашударо соҳиб гашт. Аммо ӯ соҳиби дӯстӣ бо Яҳува гашт (Яъқ. 2:23). Вақте Иброҳим зинда шавад, мефаҳмад, ки имону сабри ӯ ба тамоми халқҳо баракат овардааст (1 Мӯсо 22:18). Аз ин чӣ дарс мегирем? Шояд, мо ҳангоми зинда буданамон иҷро шудани тамоми ваъдаҳои Яҳуваро набинем, вале бовар дошта метавонем, ки, агар мисли Иброҳим сабр кунем, ӯ имрӯз моро мукофот медиҳаду дар дунёи нав баракатҳоро бар сарамон мерезад (Марқ. 10:29, 30). w23.08 саҳ. 24, сарх. 14
Панҷшанбе, 14 август
Тамоми он вақте ки ӯ Яҳуваро меҷуст, Худо ӯро комёб мекард (2 Воқ. 26:5).
Шоҳ Узиё дар ҷавонӣ хоксор буд ва худотарсиро ёд гирифта буд. Яҳува қисми зиёди умри 68-солаи Узиёро баракат дод (2 Воқ. 26:1–4). Ӯ бар бисёр душманонаш дастболо гашт ва Ерусалимро ба ҳамлаҳои душманон тобовар кард (2 Воқ. 26:6–15). Бо дастгирии Яҳува Узиё ба комёбиҳои зиёд ноил гашт. Аз афташ, ӯ дар ин бора мулоҳиза карда, шодӣ мекард (Пандгӯ 3:12, 13). Шоҳ Узиё ба ҳама фармон доданро одат карда буд. Шояд, ба ҳамин сабаб гумон кард, ки ҳама кор ба ӯ мумкин аст. Боре ӯ як кори нодуруст кард. Ӯ ба ибодатгоҳи Яҳува даромада, бухур сӯзонданӣ шуд, коре, ки ба он подшоҳон ҳақ надоштанд (2 Воқ. 26:16–18). Саркоҳин Азарё ӯро манъ кардан хост, лекин Узиё сахт ба ғазаб омад. Омада-омада ӯ хизмати содиқонаашро бо як рафтори аблаҳона доғдор кард ва махавӣ гашт (2 Воқ. 26:19–21). Агар Узиё хоксор мемонд, ҳеҷ гоҳ бо ӯ чунин рӯй намедод. w23.09 саҳ. 10, сарх. 9, 10
Ҷумъа, 15 август
Ӯ аз тарси хатнашудагон... ин корашро бас кард ва худро дур кашид (Ғал. 2:12).
Ҳатто баъд аз он ки Петруси расул масеҳии тадҳиншуда гашт, муборизаи ӯ бо сустиҳояш давом меёфт. Соли 36-уми милодӣ ӯ шоҳиди он гашт, ки чӣ тавр Корнилюси бехатна бо рӯҳи муқаддас тадҳин ёфт. Ин нишонаи он буд, ки «Худо ҳамаро бо як чашм мебинад» ва акнун ғайрияҳудиён ҳам қисми ҷамоати масеҳӣ шуда метавонанд (Кор. 10:34, 44, 45). Аз он вақт иборатан Петрус бо ғайрияҳудиён озодона хӯрок мехӯрду рафтуо мекард. Вале баъзе масеҳиёни яҳудӣ даъво мекарданд, ки якҷоя хӯрок хӯрдани яҳудиёну ғайрияҳудиён раво нест. Боре Петрус дар Антиохия бо бародару хоҳарони он ҷо хӯрок мехӯрд, ки ба он ҷо яҳудиёне омаданд, ки чунин ақида доштанд. Баробари омадани онҳо Петрус, эҳтимол, ба хотири онҳо худро аз ҳамимонони Антиохия дур гирифт. Павлуси расул инро дида, барои дурӯягияш ӯро дар пеши ҳама сарзаниш кард (Ғал. 2:13, 14). Аммо ин вазъият азми Петрусро суст накард. w23.09 саҳ. 22, сарх. 8
Шанбе, 16 август
Ӯ шуморо... побарҷо мегузорад (1 Пет. 5:10).
Агар шумо дилсанҷӣ карда, баъзе сустиҳоро дар худ пай бурдед, ғамгин нашавед. «Ҳазрати мо меҳрубон аст», ӯ дар роҳи беҳбудӣ мададгори шумост (1 Пет. 2:3). Петрус моро дилпур месозад: «Худи Худо... таълиматонро ба охир мерасонад. Ӯ шуморо устувору қавӣ мегардонад». Боре Петрус худро лоиқи он надонист, ки ҳамроҳи Писари Худо бошад (Луқ. 5:8). Вале бо кумаку роҳнамоии Исо Петрус тавонист чун пайрави Масеҳ устувор монад. Оқибат Петрус «ба Подшоҳии ҷовидонаи Ҳазрат ва Наҷотбахшамон Исои Масеҳ» роҳ ёфт (2 Пет. 1:11). Чӣ мукофоти олие! Агар шумо низ устувор монеду гузоред, ки Яҳува шуморо таълим диҳад, соҳиби мукофоти бузурге мешавед — ҳаёти ҷовидонӣ. Имонатон «оқибат шуморо наҷот медиҳад» (1 Пет. 1:9). w23.09 саҳ. 31, сарх. 16, 17
Якшанбе, 17 август
Офаридгори осмон, замин, баҳр ва чашмаҳои обро бипарастед (Ошкор. 14:7).
Дар замонҳои қадим хаймаи муқаддас як саҳн дошт — майдони кушоде, ки гирдогирдаш маҳкам буда, дар он коҳинон вазифаҳояшонро ба ҷо меоварданд. Дар он саҳн қурбонгоҳи калони мисине барои қурбониҳои сӯхтанӣ ва тоси калони мисин ҷойгир буд. Коҳинон аз он истифода карда, пеш аз сар кардани хизматашон шустушӯ мекарданд (2 Мӯсо 30:17–20; 40:6–8). Имрӯз бақияи бародарони тадҳиншудаи Исо, ки дар заминанд, дар саҳни дарунии ибодатгоҳи рӯҳонӣ хизмат мекунанд. Тоси калони об ба ҳамаи масеҳиён хотиррасон мекунад, ки бояд аз ҷиҳати ахлоқӣ ва рӯҳонӣ пок монанд. Аммо «мардуми сершумор» Худоро дар куҷо мепарастанд? Юҳаннои расул дар рӯъё дид, ки онҳо «дар пеши тахти Худо меистанд», ки ин дар рӯйи замин ба саҳни берунӣ рост меояд. Онҳо дар он ҷо «шабу рӯз дар ибодатгоҳи [Худо] хизмат мекунанд» (Ошкор. 7:9, 13–15). Дар сохтори Яҳува барои парастиши пок мавқеи худро доштан барои мо шарафи бузург аст. w23.10 саҳ. 28, сарх. 15, 16
Душанбе, 18 август
Азбаски Худо ба ӯ ваъда дода буд, ӯ... дар имонаш устувор гашт (Рум. 4:20).
Як роҳе, ки Яҳува бо он моро қувват мебахшад, пирон аст. Ба воситаи ин атоҳояш Яҳува ба мо зӯру тавон ва қуввати тару тоза мебахшад (Иш. 32:1, 2). Аз ин рӯ, вақте ба ташвиш оед, хавотириҳоятонро ба пирон гӯед. Вақте онҳо ба шумо кумак пешниҳод кунанд, онро бо сипосгузорӣ қабул кунед. Яҳува ба воситаи пирон ба шумо қувват мебахшад. Умеде, ки мо аз Китоби Муқаддас дорем, хоҳ зиндагии абадӣ дар рӯйи замин, хоҳ дар Подшоҳии осмонӣ, ба мо ҷон бахшида метавонад (Рум. 4:3, 18, 19). Умедамон ба мо қуввати лозима мебахшад, то ба озмоишҳо тоб орем, хушхабарро расонем ва аз уҳдаи супоришҳои гуногунамон дар ҷамоат бароем (1 Тас. 1:3). Маҳз ҳамин умед ба Павлус қувват мебахшид. Ӯ зери фишори сахт, дармонда, озордида ва афтода буд. Ҳаёти Павлус ҳатто зери хатар буд (2 Қӯр. 4:8–10). Ба умеди худ чашм дӯхта, Павлус қуввату устуворӣ пайдо мекард (2 Қӯр. 4:16–18). Павлус ба умеди ояндааш, зиндагии абадӣ дар осмон, назар медӯхт. Дар бораи ин умедаш андеша карда, Павлус ҳис мекард, ки дарунаш «рӯз ба рӯз нав мешавад». w23.10 саҳ. 15, 16, сарх. 14–17
Сешанбе, 19 август
Яҳува ба халқаш қувват мебахшад, Яҳува халқашро бо осоиштагӣ баракат хоҳад дод (Заб. 29:11).
Вақте дуо мегӯед, фикр кунед, ки оё ҳозир вақти мувофиқ аст, ки Яҳува ба дуоятон ҷавоб диҳад. Шояд, мо фикр кунем, ки худи ҳозир ба ҷавоби дуоямон ниёз дорем, вале Яҳува медонад, ки беҳтарин вақт барои ҷавоб додан кай аст (Ибр. 4:16). Вақте ба дуоямон дарҳол аз Яҳува ҷавоб намегирем, шояд, фикр кунем, ки ҷавоби Яҳува «не» аст, аммо, мумкин, ҷавобаш «не» неву «ҳоло не» бошад. Бародареро тасаввур кунед, ки аз беморияш шифо ёфтан мехоҳад. Лекин саломатии вай беҳтар намешавад. Агар Яҳува ба таври муъҷиза ӯро сиҳат мекард, Шайтон даъво карда метавонист, ки он бародар ба Яҳува танҳо ба хотири он хизмат мекунад, ки ӯ шифояш додааст (Айюб 1:9–11; 2:4). Яҳува бошад, аллакай вақтеро муқаррар кардааст, ки тамоми бемориҳоро бартараф месозад (Иш. 33:24; Ошкор. 21:3, 4). То он вақт мо интизор намешавем, ки ӯ ба таври муъҷиза ҳар як дарди моро даво месозад. Он бародар аз Яҳува хоҳиш карда метавонад, ки ба вай қувват ва осоиштагӣ диҳад, то ба беморияш тоб ораду ба ӯ содиқона хизмат карданро давом диҳад. w23.11 саҳ. 24, сарх. 13
Чоршанбе, 20 август
Ӯ бо мо мувофиқи гуноҳҳоямон амал накардааст ва моро мувофиқи хатоҳоямон сазо надодааст (Заб. 103:10).
Ҳарчанд Шимшӯн хатои ҷиддӣ карда буд, ӯ ноумед нагашт. Ӯ фурсат меҷуст, ки супориши Яҳуваро иҷро карда, бар зидди фалиштиён амал намояд (Дов. 16:28–30). Ӯ аз Яҳува илтиҷо намуд: «Ба ман қувват деҳ, то... аз ин фалиштиён қасд гирам». Яҳува илтиҷои Шимшӯнро шунида, ба вай қувваи ғайриодияшро баргардонд. Дар натиҷа Шимшӯн чунон фалиштии бисёреро ба ҳалокат расонд, ки то ин дам накушта буд. Ҳарчанд Шимшӯн хатои дардоваре кард, ӯ аз иҷрои хости Яҳува бознаистод. Мо низ, агар хатое кунему моро сарзанишу ислоҳ кунанд ё аз таъйинотамон маҳрум кунанд, набояд ноумед шавем. Дар ёд доред, Яҳува дар ҳеҷ вазъият аз мо дасту дил намешӯяд (Заб. 103:8, 9). Ҳатто агар хато кунем, Яҳува моро дар хизмати худ истифода бурдан мегирад, ҳамон тавре ки Шимшӯнро истифода мебурд. w23.09 саҳ. 6, сарх. 15, 16
Панҷшанбе, 21 август
Бо истодагӣ ризои Худоро ба даст меорем, ризои Худо бошад, ба мо умед мебахшад (Рум. 5:4).
Яҳува аз он розию хурсанд нест, ки бар сарамон озмоиш омадааст. Ӯ аз мо розӣ аст. Вақте истодагӣ мекунем, дар назари ӯ зебо мешавем. Чӣ баракати бузурге! (Заб. 5:12). Ба ёд биёред, ки Иброҳим ба озмоишҳо тоб оварду ризои илоҳиро соҳиб шуд. Яҳува ӯро дӯсти худ шумурду росткор ҳисобид (1 Мӯсо 15:6; Рум. 4:13, 22). Ин баракатҳо барои мо низ дастрасанд. Ризои Худоро фақат бо бисёр меҳнат кардан дар кори Худо ё соҳиби таъйинотҳо будан ба даст оварда намешавад. Ризои Худоро бо вафодорию истодагӣ ба даст меорем. Биёед дар ёд дорем: ҳар яки мо чӣ гуна шароит, қобилият ва синну соле надошта бошем, метавонем истодагӣ кунем. Оё шумо айни ҳол содиқона ба озмоише тоб оварда истодаед? Агар чунин бошад, донед, ки Яҳува аз шумо розист. Донистани ин ба шумо қувват мебахшаду умедатонро зиёд карда метавонад. w23.12 саҳ. 11, сарх. 13, 14
Ҷумъа, 22 август
Мард бош (3 Подш. 2:2).
Марди масеҳӣ бояд одобу санъати гуфтугӯро донад. Вақте шахс ҳамсуҳбати хуб бошад, ӯ ба суханони одамон гӯш дода, ҳиссиёту андешаҳои онҳоро ба назар мегирад (Пнм. 20:5). Ӯ оҳанги овоз, қиёфа ва имову ишораи одамонро пай мебарад. Инро одам танҳо вақте ёд мегирад, ки бо дигарон вақт гузаронад. Агар шумо барои гуфтугӯ бо дигарон доим телефонро истифода бареду ягона роҳи суҳбататон паёмакнависӣ бошад, дар гуфтугӯйи рӯ ба рӯ суст мешавед. Аз ин рӯ фурсат ҷӯед, ки бо дигарон суҳбат кунед (2 Юҳ. 12). Марди баркамоли масеҳӣ бояд аз уҳдаи таъмин кардани худашу аҳли хонаводааш барояд (1 Тим. 5:8). Хуб мебуд касберо аз худ кунед, то бароятон кор ёфтан осонтар шавад (Кор. 18:2, 3; 20:34; Эфс. 4:28). Ҷон канед, то обрӯйи одами меҳнатдӯсту ҳалолкорро соҳиб шавед. Агар ин тавр кунед, бароятон ёфтани ҷойи кор ё онро аз даст надодан осонтар мешавад. w23.12 саҳ. 27, сарх. 12, 13
Шанбе, 23 август
Рӯзи Яҳува айнан мисли дузд дар шаб меояд (1 Тас. 5:2).
Вақте дар Китоби Муқаддас гап дар бораи «рӯзи Яҳува» меравад, он ба замони доварӣ кардани душманонаш ва наҷот додани халқаш ишора мекунад. Дар замонҳои пеш Яҳува аллакай чанд бор чунин карда буд (Иш. 13:1, 6; Ҳиз. 13:5; Саф. 1:8). Дар замонҳои мо бошад, «рӯзи Яҳува» аз ҳамлаи ҳукуматдорон ба Бобили бузург сар шуда, бо ҷанги Ҳармаҷиддӯн тамом мешавад. Барои дар ин рӯз наҷот ёфтан мо бояд аз ҳозир тайёрӣ бинем. Исо гуфта буд, ки ба «азоби азим» бояд доимо тайёр бошем (Мат. 24:21; Луқ. 12:40). Дар Номаи якум ба таслӯникиён Павлуси расул якчанд мисолҳое меорад, ки ба масеҳиён барои тайёрӣ ба рӯзи бузурги Яҳува кумак мерасонанд. Павлус медонист, ки рӯзи Яҳува дар замоне, ки ӯ ин суханонро гуфт, намеояд (2 Тас. 2:1–3). Ба ҳар ҳол ӯ бародару хоҳаронро даъват кард, ки ба он рӯз тавре тайёрӣ бинанд, ки гӯё он худи пагоҳ меояд. w23.06 саҳ. 8, сарх. 1, 2
Якшанбе, 24 август
Эй бародарони азиз, пойдору устувор бошед (1 Қӯр. 15:58).
Соли1978 дар Токио биное сохтанд, ки сар ба фалак кашида буд. Одамон ҳайрон мешуданд, ки чӣ тавр ин бинои 60-ошёна, нигоҳ накарда ба ин қадар заминҷунбиҳо, устувор мемонад. Сир дар он аст, ки мутахассисон ин биноро хеле устувору ҳамзамон чандир сохтаанд, то дар ҳар хел заминҷунбиҳо ларзишро фурӯ бурда, нашиканад. Масеҳиён ба ин бино монанданд. Аз кадом ҷиҳат? Масеҳиён бояд меъёри байни истодагӣ ва «чандирӣ»-ро донанд. Вақте гап дар бораи қонуну меъёрҳои Яҳува меравад, онҳо бояд пойдору устувор монанд. Дар ин маврид онҳо фармонбардоранду бевафоӣ намекунанд. Лекин, агар вазъият имкон диҳад ё ҳатто зарур бошад, онҳо бояд бомулоҳиза ва «чандир»-у шаклпазир бошанд, яъне ба вазъият мутобиқ шаванд (Яъқ. 3:17). Масеҳие, ки ин корро ёд гирифтааст, на аз ҳад серталаб асту на бепарво. w23.07 саҳ. 14, сарх. 1, 2
Душанбе, 25 август
Ҳарчанд шумо Масеҳро ҳеҷ гоҳ надидаед, дӯсташ медоред (1 Пет. 1:8).
Исо бояд васвасаҳои Шайтон Иблисро рад мекард, ки рӯирост вафодорияшро ба Худо озмуданд (Мат. 4:1–11). Шайтон бо ҳар роҳ мехост Исоро ба гуноҳ тела диҳад, то ӯ товонро супурда натавонад. Ҳангоми хизмати заминияш Исо ба озмоишҳои хеле зиёд тоб овард. Душманон доим аз пайи озори ӯ буданду қасди ҷонашро доштанд (Луқ. 4:28, 29; 13:31). Ӯ бояд ба хатову нокомилиҳои пайравонаш тоқат мекард (Марқ. 9:33, 34). Вақти мурофиа шуданаш ӯро азоб доданду паст заданд, сипас ӯро мисли як ҷинояткор ба таври ваҳшиёна азоб дода, ба қатл расонданд (Ибр. 12:1–3). Қисми охири озмоишашро бошад, ӯ бояд бе ҳимояи Яҳува бо қуввати худ тоқат мекард (Мат. 27:46). Чуноне ки мебинем, ин товон барои Исо хеле гарон афтод. Вақте мебинем, ки Исо барои мо ин қадар фидокориҳо кардааст, магар диламон аз муҳаббати ӯ ҷӯш намезанад? w24.01 саҳ. 10, 11, сарх. 7–9
Сешанбе, 26 август
Шитобкорро камбағалӣ дар пеш аст (Пнм. 21:5).
Сабр муносибатамонро бо дигарон обод мекунад. Одами пуртоқат ба гапи дигарон бодиққат гӯш медиҳад (Яъқ. 1:19). Боз сабр осоиштагӣ меорад. Агар мушаки сабру тоқатамон қавӣ бошад, мо вақти хаставу асабӣ будан худдорӣ мекунем ва гапи беандеша намезанем. Агар мо пурсабр бошем, вақте касе моро меранҷонад, лаҷоми хашмамонро мекашем. Мо қасос намегирем, балки аз рӯйи ин маслиҳат рафтор мекунем: «Бо якдигар пурсабр бошед ва якдигарро аз таҳти дил бахшед» (Қӯл. 3:12, 13). Пурсабрӣ фоидаи дигаре низ дорад: бо ёрии он мо қарорҳои дуруст қабул мекунем. Ҳангоми пеш омадани масъалае мо дар сари эҳсосот ва шитобкорона амал намекунем, балки онро ҳаматарафа омӯхта, ҷиҳатҳои мусбату манфияшро бармекашем. Масалан, вақте мо ҷойи кор мекобем, агар пурсабр набошем, якумин пешниҳодро қабул мекунем. Вале, агар пурсабр бошем, фикр мекунем, ки ин кор ба ҳаёти оилавӣ ва реҷаи рӯҳониямон чӣ хел таъсир мерасонад. Сабрро пеша карда, мо худро аз қарори бад эмин медорем. w23.08 саҳ. 22, сарх. 8, 9
Чоршанбе, 27 август
Дар ҷисмам қонуни дигаре мебинам, ки бо қонуни ақли ман меҷангад ва маро асири қонуни гуноҳе месозад, ки дар ҷисми ман аст (Рум. 7:23).
Шояд, шумо майлҳои гунаҳкоронаатонро пай бурда, дилафсурда шавед. Аммо, вақте шумо дар бораи ваъдаи ба Яҳува додаатон андеша меронед, азматон барои ҷангидан бо васваса қавитар мешавад. Чӣ тавр? Вақте шумо худро ба Яҳува мебахшед, аз баҳри худатон мегузаред, яъне хоҳишу мақсадҳоеро, ки писанди Яҳува нестанд, рад мекунед (Мат. 16:24). Аз ин рӯ, вақте шумо бо озмоиш рӯ ба рӯ мешавед, дудила намешавед, ки чӣ кунеду чӣ кор накунед, чунки шумо аллакай ҳама дарҳоро барои худ, ғайр аз як дар, пӯшидаед — дари вафодорӣ ба Яҳува. Мақсади асосии шумо шод кардани дили Яҳува мешавад. Шумо дар ин хусус мисли Айюб мегардед. Ӯ, ҳарчанд бар сараш бисёр озмоишҳои сангине рехтанд, чунин гуфт: «Аз беайбиям даст намекашам!» (Айюб 27:5). w24.03 саҳ. 9, сарх. 6, 7
Панҷшанбе, 28 август
Яҳува ба ҳама касоне, ки ӯро мехонанд, наздик аст, ба ҳама касоне, ки аз дили соф ӯро мехонанд (Заб. 145:18).
Яҳува, «Худои муҳаббат», бо мост (2 Қӯр. 13:11). Ӯ ғами ҳар яки моро мехӯрад. Мо дилпурем, ки «меҳру вафояш» моро «нигаҳбон» аст (Заб. 32:10). Барои дидани меҳру муҳаббати Яҳува ҳар чӣ бештар кӯшиш кунем, ӯ бароямон воқеитар мегардаду мо ба ӯ наздиктар мешавем. Мо ҳар гоҳе хоҳем, ба ӯ дуо карда, гуфта метавонем, ки ба муҳаббаташ муҳтоҷем. Мо ғаму хавотириямонро ба ӯ гуфта, дилпурем, ки ӯ аз дарди мо огоҳ аст ва бо ҷону дил ба кумакамон меояд (Заб. 145:19). Ҳамон тавре ки дар рӯзи хунук одамон дар гирди алов барои гарм шудан ҷамъ мешаванд, мо низ ба Яҳува рӯ меорем, то муҳаббаташ моро гарм кунад. Муҳаббати Яҳува ҳам пурқувват аст, ҳам нарму форам. Дили худро барои гирифтани муҳаббати гарми Яҳува кушоед. Бигзор ҳар яки мо аз таги дил бигӯем: «Яҳуваро дӯст медорам» (Заб. 116:1). w24.01 саҳ. 31, сарх. 19, 20
Ҷумъа, 29 август
Ман номи туро ба онҳо шиносондам (Юҳ. 17:26).
Исо на фақат чӣ будани номи Яҳуваро ба одамон мегуфт. Яҳудиён, ки Исо бо онҳо ҳамсуҳбат мешуд, аллакай номи илоҳиро медонистанд, вале Исо ба таври нотакрор кӣ будани ӯро «ошкор кард» (Юҳ. 1:17, 18). Масалан, дар Навиштаҳои Ибронӣ гуфта мешавад, ки Яҳува меҳрубону дилсӯз аст (2 Мӯсо 34:5–7). Исо бошад, мисоли писари саркашу падарашро оварда, ин ҳақиқатро рӯзи равшан барин ба ҳама аён кард. Вақте мо дар бораи он мехонем, ки падар аз дур писари саркашашро дида, сӯйи ӯ медавад ва ӯро ба оғӯш мегираду аз самими дил мебахшад, раҳму дилсӯзии Яҳува пеши назарамон ҷилва мекунад (Луқ. 15:11–32). Исо дар ҳақиқат кӣ будани Падарашро ба ҳама баръало нишон дод. w24.02 саҳ. 10, сарх. 8, 9
Шанбе, 30 август
Бо он тасаллие, ки аз Худо меёбем, дигаронро дар ҳар гуна азобашон тасаллӣ дода [ме]тавонем (2 Қӯр. 1:4).
Яҳува ғамзадагонро тасалливу ҷони тоза мебахшад. Чӣ тавр аз Яҳува тасаллибахшӣ ва раҳму шафқатро ёд гирифта метавонем? Инкишоф додани баъзе сифатҳо дар ин ба мо ёрӣ мерасонад. Кадом хислатҳо? Чӣ кор кунем, ки муҳаббатамон фурӯзон бошаду дигаронро тасаллӣ додан гирем? (1 Тас. 4:18). Бояд як қатор сифатҳои некро инкишоф диҳем, ба монанди бародардӯстӣ, дилсӯзӣ ва меҳрубонӣ (Қӯл. 3:12; 1 Пет. 3:8). Исо гуфта буд: «Дар дил чизе бошад, ба забон ҳамон меояд. Одами нек аз ганҷинаи дилаш чизи нек берун меорад» (Мат. 12:34, 35). Агар мо ганҷинаи диламонро пур аз ин сифатҳои зебо гардонем, боғайратона ғамзадагонро тасалло додан мегирем. Тасаллӣ додану дилбардорӣ кардани бародару хоҳарони ба кумак муҳтоҷ як нишонаи муҳаббати мо ба онҳост. w23.11 саҳ. 10, сарх. 10, 11
Якшанбе, 31 август
Соҳибфаҳмон сарфаҳм мераванд (Дон. 12:10).
Пешгӯйиҳоро бе ёрдам фаҳмида намешавад. Мисоле меорем. Инро тасаввур кунед: шумо ба ҷое рафтед, ки бароятон ношинос аст, лекин ҳамсафаратон он ҷойҳоро хеле хуб медонад. Ӯ медонад, ки ҳар як роҳ ба куҷо мебараду шумо ҳозир дар куҷо қарор доред. Бешубҳа, шумо хурсанд шуда мегӯед, ки «ҳарчи ҳамин дӯстам бо ман омад». Мисли ҳамин дӯст Яҳува медонад, ки мо дар кадом замон қарор дорем ва оянда моро чӣ интизор аст. Аз ин рӯ барои фаҳмидани пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас мо бояд хоксорона аз Яҳува кумак пурсем (Дон. 2:28; 2 Пет. 1:19, 20). Мисли ҳар волиди хуб Яҳува мехоҳад фарзандонаш ояндаи хушбахт дошта бошанд (Ирм. 29:11). Лекин Яҳува аз волидони инсонӣ бо он фарқ мекунад, ки ояндаро нуқта ба нуқта пешгӯйӣ карда метавонад. Ӯ пешгӯйиҳоро дар Каломаш ҷо додааст, барои ҳамин мо воқеаҳои муҳимро пеш аз рӯй доданашон фаҳмида метавонем (Иш. 46:10). w23.08 саҳ. 8, сарх. 3, 4