Июл
Сешанбе, 1 июл
Ӯ дар тамоми сарзамин гашта, некӣ мекарду... шифо медод (Кор. 10:38).
Исо ҳам дар гуфтор ва ҳам дар рафтораш, аз ҷумла ҳангоми нишон додани муъҷизаҳо, комилан мисли Яҳува фикр ва эҳсос мекард (Юҳ 14:9). Мо аз мӯъҷизаҳои Исо чӣ меомӯзем? Исо ва Падараш моро беҳад дӯст медоранд. Вақте Исо дар замин буд, ӯ ба воситаи қудрати ҳайратовари худ дарди одамонро сабук гардонда, муҳаббати бепоёнашро нишон медод. Боре ду марди нобино фарёд зада аз ӯ мадад пурсиданд (Мат. 20:30–34). Исо онҳоро шифо бахшид, зеро дилаш «ба онҳо сӯхт». Аз ҳисси ҳамдардӣ, ки нишонаи муҳаббат аст, Исо ҳамчунин гуруснаро мехӯронду махавиро шифо медод (Мат. 15:32; Марқ. 1:41). Мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува Худои «дилсӯзу ҳамдард» ва Писараш моро бениҳоят дӯст медоранд ва азоби моро дида, дард эҳсос менамоянд (Луқ. 1:78; 1 Пет. 5:7). Онҳо бесаброна рӯзеро интизоранд, ки ҳамаи мушкилиҳои инсониятро решакан кунанд. w23.04 саҳ. 3, сарх. 4, 5
Чоршанбе, 2 июл
Эй дӯстдорони Яҳува, аз бадӣ нафрат кунед. Ӯ ҷони бандагони бовафояшро нигаҳбонӣ мекунад ва онҳоро аз дасти бадкорон халосӣ медиҳад (Заб. 97:10).
Ҳар кори аз дастатон меомадаро карда ақли худро аз ақидаҳои нодурусте, ки дар ин дунёи Шайтон машҳуранд ва фикрронии шахсро вайрон месозанд, муҳофизат кунед. Бо мутолиаву омӯзиши Китоби Муқаддас мо ақлу диламонро бо фикрҳои нек пур карда метавонем. Ғайр аз ин, вохӯриҳои ҷамоат ва иштирок дар онҳо фикрронии моро муҳофизат мекунанд. Яҳува бошад, ваъда медиҳад, ки намегузорад, то мо берун аз қувватамон озмуда шавем (1 Қӯр. 10:12, 13). Дар ин рӯзҳои охир барои ба Яҳува вафодор мондан ҳар яки мо аз пештара дида бештар бояд дуо гӯем. Яҳува мехоҳад, ки диламонро «ба ӯ холӣ» кунем (Заб. 62:8). Дар дуоҳоятон Яҳуваро ҷалол диҳед ва барои ҳар як некияш миннатдор шавед. Хоҳиш кунед, ки дар хизмат ба шумо далерӣ диҳад. Илтиҷо намоед, ки ба шумо қувват бахшад, то дар мушкилиҳоятон истодагӣ кунед ва ба ҳар васвасае, ки, шояд, ҳоло дучор шудаед, муқобилат карда тавонед. Нагузоред, ки касе ё чизе ба шумо барои ба Яҳува мунтазам дуо гуфтан монеа шавад. w23.05 саҳ. 7, сарх. 17, 18
Панҷшанбе, 3 июл
Биёед дар фикри ҳам бошем... якдигарро рӯҳбаланд созем (Ибр. 10:24, 25).
Чаро мо ба вохӯриҳои ҷамоат меоем? Асосан барои ҷалол додани Яҳува (Заб. 26:12; 111:1). Боз мо барои дар ин рӯзҳои душвор якдигарро қувват бахшидан ба вохӯриҳо меоем (1 Тас. 5:11). Вақте мо дар вохӯриҳоямон даст бардошта, ҷавоб медиҳем, ба ҳар дуи ин мақсадамон мерасем. Лекин, вақте гап дар бораи шарҳ додан меравад, мушкилиҳо ба миён омада метавонанд: шояд, моро тарсу хавотирӣ фаро гирад ё мо самимона дар вохӯрӣ иштирок кардан мехоҳему лекин бародар моро чени хостамон намепурсад. Дар ин мавридҳо чӣ ба мо кумак карда метавонад? Павлус қайд кард, ки диққати мо бояд ба «рӯҳбаланд» кардани якдигар равона бошад. Бародару хоҳарон ҳатто аз шарҳи одии мо, ки нишонаи имонамон аст, рӯҳбаланд мегарданд. Вақте мо инро дарк мекунем, дар муҳокима иштирок кардан бароямон осонтар мешавад. Инчунин, агар моро бисёр напурсанд, мо хурсанд мешавем, ки дигарон имконияти шарҳ додан пайдо мекунанд (1 Пет. 3:8). w23.04 саҳ. 20, сарх. 1–3
Ҷумъа, 4 июл
Ба Ерусалим... равона шавад ва хонаи Яҳува — Худои Исроилро аз нав бино кунад (Эзро 1:3).
Подшоҳ чунин қарор баровард: яҳудиёне, ки 70 сол дар Бобил ғулом буданд, акнун метавонанд ба ватанашон Исроил баргарданд (Эзро 1:2–4). Баровардани ин қарорро танҳо Яҳува роҳбарӣ карда метавонист. Бобилиён асирони худро одатан озод намекарданд (Иш. 14:4, 17). Лекин Бобил забт гардид ва ҳокими нав ба яҳудиён гуфт, ки онҳо озоданд, метавонанд баромада раванд. Акнун ҳар як яҳудӣ, махсусан сардорони оила, бояд қарор мебароварданд, ки аз Бобил баромада раванд ё дар он ҷо бимонанд. Баровардани ин қарор осон набуд. Барои бисёриҳо аз сабаби пиронсолӣ дурудароз сафар кардан душвор буд. Ғайр аз ин, азбаски аксари яҳудиён дар Бобил таваллуд шуда буданд, фақат он ҷоро манзили худ меҳисобиданд. Исроил бошад, барояшон ҷойи бегона менамуд, замине, ки як замон аҷдодонашон зиндагӣ мекарданд. Аз афташ, баъзе яҳудиён дар Бобил боигарӣ ба даст оварда буданд. Барои ҳамин ба онҳо, эҳтимол, хонаи бароҳат ва тиҷораташонро монда дар замини ношинос манзил кардан душвор буд. w23.05 саҳ. 14, сарх. 1, 2
Шанбе, 5 июл
Тайёр бошед (Мат. 24:44).
Навиштаҳо мегӯянд, ки мо бояд истодагӣ, ҳамдардӣ ва муҳаббатро инкишоф диҳем. Масалан, дар Луқо 21:19 гуфта мешавад: «Шумо бо истодагӣ ҷонатонро халос мекунед». Қӯлассиён 3:12 бошад, чунин мегӯяд: «[Дилсӯзиро] мисли либос бипӯшед». Дар 1 Таслӯникиён 4:9, 10 насиҳат дода мешавад: «Худи шумо аз Худо таълим гирифтаед, ки якдигарро дӯст доред... Лекин, эй бародарон, шуморо даъват мекунем, ки якдигарро боз ҳам бештар дӯст доред». Ин суханон ба масеҳиёни асри як навишта шуда буданд, ки аллакай борҳо истодагӣ, ҳамдардӣ ва муҳаббатро нишон дода буданд. Аммо ин хизматгорони содиқ минбаъд низ бояд ин хислатҳои зеборо инкишоф медоданд. Бинед, ки чӣ тавр онҳо ин корро мекарданд ва чӣ хел шумо аз онҳо ибрат гирифта ба азоби азим тайёр шавед. Агар чунин кунед, санъати истодагиро то азоби азим аз худ мекунед ва барои он замон тайёр мешавед. w23.07 саҳ. 3, сарх. 4, 8
Якшанбе, 6 июл
Он ҷо шоҳроҳе хоҳад буд, [ки]... Роҳи покӣ номида мешавад (Иш. 35:8).
Хоҳ тадҳиншуда бошем, хоҳ аз гӯсфандони дигар, мо бояд дар «Роҳи покӣ» бимонем. Зеро ин кумак мекунад, ки Яҳуваро ҳам ҳозир ибодат кунем ва ҳам дар оянда, вақте Подшоҳии Худо баракатҳои зиёд фароҳам меорад (Юҳ. 10:16). Аз соли 1919 инҷониб, миллионҳо мардон, занон ва кӯдакон Бобили бузург, империяи дини дурӯғро, тарк карда, бо ин роҳ равонаанд. Вақте яҳудиён аз Бобил баромаданд, Яҳува чунин кард, ки аз пеши роҳи онҳо ҳамаи монеаҳо бартараф шаванд (Иш. 57:14). Дар бораи замони мо чӣ гуфтан мумкин? Дар давоми асрҳо, то соли 1919, Яҳува баъзе мардони худотарсро истифода бурд, то барои касоне, ки аз Бобили бузург берун меоянд, роҳро тоза кунанд. (Бо Ишаъё 40:3 муқоиса кунед.) Онҳо корҳои заруриро анҷом доданд, то баъдтар одамони самимӣ аз Бобили бузург берун омада, ба биҳишти рӯҳонӣ ворид шаванд, ба ҷое, ки парастиши поки Яҳува барқарор шудааст. w23.05 саҳ. 15, 16, сарх. 8, 9
Душанбе, 7 июл
Ба Яҳува хурсандона хизмат кунед. Ба ҳузураш бо бонги шодӣ биёед (Заб. 100:2).
Яҳува мехоҳад, ки мо ба ӯ бо хурсандӣ ва ҳавсалаи зиёд хизмат кунем (2 Қӯр. 9:7). Лекин, агар ин ё он мақсади рӯҳонӣ ба мо маъқул набошад-чӣ? Пас сӯйи он набояд кӯшиш кунем? Мисоли Павлуси расулро дида мебароем. Ӯ мегӯяд: «Бадани худро мушт мезанам ва ғуломи худ мегардонам» (1 Қӯр. 9:25–27). Ҳарчанд баъзан Павлус корҳоеро, ки Яҳува аз ӯ интизор буд, кардан намехост, ӯ худро маҷбур мекард, ки хости Худоро ба ҷо орад. Оё Яҳува аз хизмати Павлус розӣ буд? Албатта! Яҳува ӯро барои кӯшишҳояш баракат дод (2 Тим. 4:7, 8). Аз мисоли Павлус мебинем, ки, вақте мо нигоҳ накарда ба беҳавсалагӣ суйи мақсад ҳаракат мекунем, Яҳува хурсанд мешавад. Вақте ӯ мебинад, ки кардани ин кор ба мо на ҳама вақт маъқул аст, лекин аз муҳаббат ба ӯ мо онро мекунем, Яҳува шод мегардад. Чи тавре ки Яҳува Павлусро баракат дод, моро низ барои кӯшишҳоямон баракат медиҳад (Заб. 126:5). Вақте мо баракатҳои ӯро мебинем, ин метавонад моро ҳавасманд гардонад. w23.05 саҳ. 29, сарх. 9, 10
Сешанбе, 8 июл
Рӯзи Яҳува... меояд (1 Тас. 5:2).
Павлуси расул онҳоеро, ки дар рӯзи Яҳува наҷот намеёбанд, ба одамони хоб монанд мекунад. Ин гуна шахсон аз чизе, ки дар гирду атрофашон рӯй медиҳад, ё аз гузаштани вақт бехабар мемонанд. Онҳо аз дигаргуниҳои муҳим огоҳ нестанд ва чӣ кор карданашонро намедонанд. Имрӯз аксарият ба хоби рамзӣ рафтаанд (Рум. 11:8). Онҳо ба нишонаҳои рӯзҳои охир ва далелҳое, ки наздик будани азоби азимро нишон медиҳанд, чашм мепӯшанд (2 Пет. 3:3, 4). Аз ин рӯ хеле муҳим аст, ки дар рӯзҳои мо ба огоҳии Китоби Муқаддас гӯш дода, ҳушёру бедор монем (1 Тас. 5:6). Агар мо солимфикр бошем, дар масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ ягон тарафро намегирем. Бо наздик шудани рӯзи Яҳува фишори вайрон кардани бетарафӣ зиёд мегардад. Лекин мо набояд аз ҳад зиёд хавотир шавем, ки ба ин тоб оварда метавонем ё не, чунки рӯҳи Яҳува ба мо оромӣ мебахшад ва кумак мекунад, ки қарорҳои хирадмандона барорем (Луқ. 12:11, 12). w23.06 саҳ. 10, сарх. 6, 7
Чоршанбе, 9 июл
Яҳува, Парвардигоро, илтимос, маро ба хотир ор... ба ман қувват деҳ (Дов. 16:28).
Вақте номи Шимшӯнро мешунавед, чӣ ба ёдатон меояд? Шояд, қуввати фавқулодаи ӯ. Аммо Шимшӯн ба хатои ҷиддие роҳ дода буд, ки ба ӯ дарди бисёр овард. Бо вуҷуди ин Яҳува диққатро на ба хатояш, балки ба намунаи вафодории ӯ равона кардааст ва онро барои фоидаи мо дар Каломаш ҷо додааст. Бо ёрии Яҳува Шимшӯн корҳои аҷоибе ба амал оварда, ба халқи интихобшудаи Худо, Исроил, кумак мерасонд. Асрҳо пас аз марги ӯ Яҳува Павлуси расулро илҳом бахшид, ки ин марди бовафоро дар қатори дигар ходимони қавиимон номбар кунад (Ибр. 11:32–34). Шимшӯн вақти хушию нохушиҳои зиндагӣ ба Яҳува такя менамуд. Саргузашти ӯро омӯхта, мо ҳам қувват меёбем, ҳам барои худ дарс мегирем. w23.09 саҳ. 2, сарх. 1, 2
Панҷшанбе, 10 июл
Хоҳишҳои худро ба Худо баён кунед (Флп. 4:6).
Як роҳи дигари инкишоф додани истодагӣ кадом аст? Ба Яҳува зуд-зуд дуо гуфта диламонро ба ӯ холӣ кардан (1 Тас. 5:17). Шояд, айни ҳол шумо озмоишҳои сангин надошта бошед. Вале оё ҳар гоҳе худро ғамгин, ночор ё нотавон ҳис мекунед, аз Яҳува роҳнамоӣ мепурсед? Агар дар вазъиятҳои хурди ҳаррӯза аз Худо мадад пурсидан одататон шавад, он гоҳ, вақте озмоишҳои ҷиддитар биёянд, ин корро фаромӯш намекунед. Он вақт, ҳангоми озмоишҳои сахттарин, шумо бовар хоҳед дошт, ки Яҳува медонад кай ва чӣ тавр ба шумо ёрдам кунад (Заб. 27:1, 3). Истодагӣ кардан ба озмоишҳои имрӯза моро ба азоби азим тайёр мекунад (Рум. 5:3). Бисёр бародару хоҳарон пай бурданд, ки як озмоиш онҳоро ба озмоиши навбатӣ омода месозад. Ба ягон сахтӣ тоб оварда, мо обутоб меёбем ва ба бинои имонамон як хишт зам мекунем. Мо дилпур мешавем, ки Яҳува моро дар ҳар ҳолат дастгирӣ мекунад. Бинои имонамон ки қавӣ шуд, ба бодҳои озмоишҳои оянда беҳтар тоб меорем (Яъқ. 1:2–4). w23.07 саҳ. 3, сарх. 7, 8
Ҷумъа, 11 июл
Майлаш... туро рӯихотир мекунам (1 Мӯсо 19:21).
Азбаски Яҳува фурӯтану раҳмдил аст, нисбати мо, одамон, боандеша аст. Масалан, вақте ӯ хост, ки мардуми бадкори Садӯмро несту нобуд кунад, фурӯтанӣ нишон дод. Яҳува ба воситаи фариштаҳояш ба Лути росткор дастур дод, ки ба кӯҳистон гурезад. Аммо Лут тарсида, аз Худо илтиҷо кард, ки бо оилааш дар шаҳри Сӯар паноҳ ёбад, ҳол он ки Яҳува ният дошт ин шаҳри хурдро низ нобуд кунад. Яҳува метавонист Лутро маҷбур кунад, ки нуқта ба нуқта аз рӯйи дастуроташ амал кунад, лекин ӯ гузашт карда, хости Лутро ба ҷо овард ва Сӯарро нобуд накард (1 Мӯсо 19:18–22). Асрҳо пас бошад, Яҳува ба мардуми Нинве раҳм кард. Ӯ пайғамбар Юнусро ба назди онҳо фиристод, то аз нобудии шаҳру сокинонаш хабар диҳад. Аммо, вақте мардуми Нинве тавба кард, Яҳуваро раҳмаш омаду шаҳрро вайрон накард (Юнус 3:1, 10; 4:10, 11). w23.07 саҳ. 21, сарх. 5
Шанбе, 12 июл
[Еҳуошро] куштанд... вале на дар қабри шоҳон гӯронданд (2 Воқ. 24:25).
Мо аз саргузашти Еҳуош чӣ меомӯзем? Ӯ мисли дарахте буд, ки решаҳояш сусту ковок асту бар чӯби қавие — бар Еҳуёдоъ, такя мекард. Бо гирифта шудани ин чӯби қавӣ, яъне бо мурдани Еҳуёдоъ, Еҳуош ба бодҳои осият тоб наоварда, чаппагардон шуд. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Худотарсии мо набояд фақат ба таъсири хуби бародару хоҳарон ё наздиконамон вобаста бошад. Мо бояд вақт ҷудо карда бо дуо, хониши Калом ва андешаронӣ решаҳои дарахти худотарсию вафодориямонро қавӣ гардонем (Ирм. 17:7, 8; Қӯл. 2:6, 7). Яҳува аз мо чизи бисёр талаб намекунад. Дар Пандгӯ 12:13 омадааст: «Аз Худо битарс ва амрҳои ӯро риоя намо, зеро вазифаи асосии инсон ҳамин аст». Агар мо аз Яҳува тарсем, ба озмоишҳои оянда мисли Еҳуёдоъ ва Убадё оҳанвор тоб меорем ва чизе риштаи дӯстиямонро бо Яҳува канда наметавонад. w23.06 саҳ. 19, сарх. 17–19
Якшанбе, 13 июл
Инак, ҳама чизро нав месозам (Ошкор. 21:5).
Ваъдаи Яҳува бо суханони зерин сар мешавад: «Нишинандаи тахт гуфт» (Ошкор. 21:5а). Дар китоби Ошкорсозӣ танҳо се мавриде оварда шудааст, ки Яҳува бевосита — худаш, гап зада буд ва ин яке аз он мавридҳо мебошад. Пас, гуфтан мумкин аст, ки иҷрои ин суханонро на ягон фаришта ва ҳатто на Исои зиндашуда, балки худи Яҳува кафолат медиҳад. Суханони навбатӣ ба ин далел қувват бахшида, дилпурии моро меафзояд. Чаро ин хел гуфтан мумкин? Чунки Яҳува «наметавонад дурӯғ гӯяд» (Тит. 1:2). Ин далел диламонро пур мекунад, ки ба суханони Ошкорсозӣ 21:5, 6 сад фоиз бовар кардан мумкин. Калимаи «инак»-ро дида мебароем. Калимаи юноние, ки «инак» тарҷума шудааст, дар китоби Ошкорсозӣ борҳои зиёд вомехӯрад. Моро дар пеш чӣ интизор аст? Бинед Яҳува чӣ мегӯяд: «Ҳама чизро нав месозам». Яҳува дар бораи оянда гап мезанад, лекин ӯ чунон бо дилпурӣ сухан мегӯяд, ки гӯё ваъдаҳояш аллакай иҷро шуда бошанд. Барои ҳамин дар забони асл феъле истифода шудааст, ки аллакай иҷро шудани пешгӯйиҳоро нишон медиҳад (Иш. 46:10). w23.11 саҳ. 3, 4, сарх. 7, 8
Душанбе, 14 июл
Ӯ аз он ҷо баромада, зор-зор гирист (Мат. 26:75).
Ҳарчанд Петрус шоҳиди ин қадар воқеаҳои аҷоиб шуда буд, камбудиҳояш як-як рӯ мезаданд. Биёед якчанд мисолро бинем. Вақте Исо фаҳмонд, ки чӣ тавр бояд азоб кашаду бимирад, то пешгӯйӣ иҷро шавад, Петрус ӯро сарзаниш кард (Марқ. 8:31–33). Борҳои зиёд Петрус ва дигар расулон байни ҳам баҳс мекарданд, ки кадомашон бузургтаранд (Марқ. 9:33, 34). Шаби пеш аз марги Исо Петрус ба эҳсосот дода шуда, гӯши мардеро бурид (Юҳ. 18:10). Худи ҳамон шаб Петрус дӯсти худ Исоро се бор инкор кард (Марқ. 14:66–72). Дар натиҷа виҷдонаш азоб дода, ӯ зор-зор гирист. Исо умедашро аз ин расули дилшикастааш наканд. Баъд аз зинда шуданаш ӯ ба Петрус имкон дод, ки муҳаббаташро ба ӯ баён кунад. Исо ба Петрус пешниҳод кард, ки чӯпони рамааш шавад (Юҳ. 21:15–17). Петрус розӣ шуд. Ӯ ҳангоми Иди Ҳафтаҳо дар Ерусалим ҳузур дошт ва дар миёни касоне буд, ки бо рӯҳи муқаддас тадҳин шуданд. w23.09 саҳ. 22, сарх. 6, 7
Сешанбе, 15 июл
Барраҳои маро чӯпонӣ кун (Юҳ. 21:16).
Петруси расул, ки худаш пир буд, ба дигар пирон чунин насиҳат дод: «Рамаи Худоро... чӯпонӣ намоед» (1 Пет. 5:1–4). Пирони азиз, мо медонем, ки шумо бародару хоҳаронатонро дӯст медореду мехоҳед онҳоро чӯпонӣ кунед. Вале аз сабаби хастагӣ, шояд, шумо фикр кунед, ки аз уҳдаи ин супоришатон намебароед. Дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунед? Дилатонро ба Яҳува холӣ кунед. Петрус навишта буд: «Агар касе хизмат мекарда бошад, бигзор ба қувваи Худо такя кунад» (1 Пет. 4:11). Бародару хоҳарон баъзан бо душвориҳое дучор мешаванд, ки дар ин дунёи бад ҳалли пурраи худро намеёбанд. Вале фаромӯш накунед, ки дар чунин вазъиятҳо дасти шумо кӯтоҳ бошад ҳам, дасти «чӯпони бузург», Исои Масеҳ, кӯтоҳ нест. Ӯ ҳам имрӯз ва ҳам дар дунёи нав ба бародару хоҳарон ёрӣ мерасонад. Яҳува аз пирон фақат ҳаминро талаб дорад, ки бародару хоҳаронашонро дӯст доранд, онҳоро чӯпонӣ кунанд ва «барои рама ибрат» гузоранд. w23.09 саҳ. 29, 30, сарх. 13, 14
Чоршанбе, 16 июл
Яҳува медонад, ки фикру андешаи хирадмандон беҳуда аст (1 Қӯр. 3:20).
Мо бояд аз ақидаҳои инсонӣ эҳтиёт шавем. Агар мисли одамони ин ҷаҳон фикр кунем, бо гузашти вақт Яҳува ва меъёрҳои ӯро фаромӯш карда метавонем (1 Қӯр. 3:19). Бисёр вақт «хиради ин ҷаҳон» шахсро ба қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисм тела медиҳад. Баъзе масеҳиёни Парғомус ва Тиётира ба таъсири одамони гирду атроф дода шуда, ба бадахлоқӣ ва бутпарастӣ даст заданд. Исо ҳар дуи ин ҷамоатро сарзаниш кард, чунки зинокориро дар миёни худ тоқат мекарданд (Ошкор. 2:14, 20). Мо ҳам дар байни одамоне зиндагӣ мекунем, ки фикрҳои нодурусташонро ба мо талқин мекунанд. Аъзои оила ва шиносон, шояд, ба мо фишор оранд, ки зидди меъёрҳои Яҳува рафтор кунем. Масалан, гуфтанашон мумкин, ки аз рӯйи хоҳишҳои ҷисм амал кардан ягон ҷойи бадӣ надорад ва меъёрҳои ахлоқии Китоби Муқаддас куҳна шудаанд. Баъзан, шояд, мо фикр кунем, ки дастуроте, ки Яҳува медиҳад, ба қадри кофӣ аниқ нест. Мумкин, ҳатто васвасае пайдо шавад, ки «аз доираи он чӣ навишта шудааст», берун бароем (1 Қӯр. 4:6). w23.07 саҳ. 16, сарх. 10, 11
Панҷшанбе, 17 июл
Дӯст ҳама вақт дӯст медорад, ӯ бародарест, ки барои рӯзи сахт зода шудааст (Пнм. 17:17).
Ба Марями модари Исо қувват даркор буд. Ӯ оиладор набуд, вале ба наздикӣ бояд ҳомила мешуд. Ӯ то ин дам фарзанде калон накарда буд, вале бояд писареро ба воя мерасонд, ки Масеҳ мешавад. Ба болои ин, чӣ тавр ӯ, ки то ин дам бо марде ҳамхоб нашуда буд, ба шавҳаршавандааш Юсуф сабаби ҳомиладорияшро мефаҳмонад? (Луқ. 1:26–33). Чӣ тавр Марям қувват пайдо кард? Ӯ аз дигарон ёрдам пурсид. Масалан, ӯ аз Ҷабраил дар бораи ин вазифааш маълумоти бештар пурсид (Луқ. 1:34). Каме баъдтар бошад, Марям барои хабаргирии хешаш Элисобаъ «ба кӯҳистон, ба яке аз шаҳрҳои Яҳудо, равона шуд». Элисобаъ ӯро таъриф намуду аз Худо илҳом ёфта, дар бораи кӯдаки шиками Марям пешгӯйие ба забон овард ва ҳамин тавр Марямро қавӣ гардонд (Луқ. 1:39–45). Марям гуфт, ки Худо «бо дасти худ корҳои бузург ба амал овард» (Луқ. 1:46–51). Яҳува ба воситаи Ҷабраил ва Элисобаъ Марямро қувваи тоза бахшид. w23.10 саҳ. 14, 15, сарх. 10–12
Ҷумъа, 18 июл
Оне, ки моро... подшоҳону коҳинони Худо ва Падараш гардондааст (Ошкор. 1:5, 6).
Шумораи маҳдуди шогирдони Масеҳ, яъне 144 000, бо рӯҳи муқаддас тадҳин ёфта, ҳамроҳи Исо дар осмон хизмати коҳиниро ба ҷо меоранд. Вақте онҳо ҳанӯз дар заминанд, Худо онҳоро бо рӯҳи муқаддас тадҳин мекунаду ба фарзандхондӣ қабул менамояд (Ошкор. 14:1). Макони поки хаймаи муқаддас рамзи ин муносибати махсусест, ки онҳо бо Худо доранд (Рум. 8:15–17). Макони поктарин бошад, рамзи осмон аст, ки Яҳува дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Пардае, ки Макони покро аз Макони поктарин ҷудо мекунад, рамзи бадани Масеҳ аст, ки барои ба осмон даромада, Саркоҳини бузурги рӯҳонӣ шуданаш монеъ мешуд. Бадани инсонияшро барои одамизод қурбон карда, Исо барои тамоми тадҳиншудагон ба осмон роҳ кушод. Онҳо низ барои соҳиб шудани мукофоти осмонияшон бояд аз баҳри бадани заминияшон бароянд (Ибр. 10:19, 20; 1 Қӯр. 15:50). w23.10 саҳ. 28, сарх. 13
Шанбе, 19 июл
Вақт намерасад, ки дар бораи Ҷидъӯн... нақл кунам (Ибр. 11:32).
Вақте эфроимиён Ҷидъӯнро танқид карданд, ӯ бо мулоимӣ ҷавоб дод (Дов. 8:1–3). Ҷидъӯн хоксорона ва бодиққат даъвои онҳоро гӯш кард ва ҳамин тавр вазъиятро бо мулоимӣ ҳал намуд. Пирони соҳибтадбир ба Ҷидъӯн пайравӣ карда, танқидро бодиққат гӯш мекунанду бо мулоимӣ ҷавоб мегардонанд (Яъқ. 3:13). Ҳамин тавр онҳо дар ҷамоат сулҳу оромиро нигоҳ медоранд. Вақте Ҷидъӯн ба мидёниён дастболо шуд, ӯ Яҳуваро ҷалол дод (Дов. 8:22, 23). Пирон низ мисли Ҷидъӯн барои ҳама корашон Яҳуваро ҷалол дода метавонанд (1 Қӯр. 4:6, 7). Масалан, агар пиреро барои маҳорати таълимдиҳияш таъриф кунанд, ӯ метавонад диққатро ба Каломи Худо ё ташкилоти Яҳува равона кунад. Пирон эҳтиёт мешаванд, ки вақти таълим диққати аз ҳад зиёдро ба худашон ҷалб накунанд. w23.06 саҳ. 4, сарх. 7, 8
Якшанбе, 20 июл
Фикрҳои ман фикрҳои шумо нест (Иш. 55:8).
Агар мо дар дуо чизе пурсему ҷавобашро нагирем, ба худ се савол дода метавонем. Саволи якум чунин аст: «Оё ман дар бораи чизи дуруст дуо гуфта истодаам?» Аксар вақт мо чунин мешуморем, ки медонем чӣ бароямон хуб асту чӣ не. Вале, шояд, чизе, ки дар борааш дуо мегӯем, оқибат ба мо фоида наорад. Шояд, Яҳува ҳалли беҳтареро барои душвории мо пешбинӣ кардааст ва ё, шояд, чизе, ки мо аз ӯ хоҳиш мекунем, ба хосташ мувофиқ намеояд (1 Юҳ. 5:14). Барои мисол, тасаввур кунед, ки волидон аз Яҳува хоҳиш мекунанд, ки фарзандашонро дар роҳи ростӣ нигаҳ дорад. Дар назари аввал ин хоҳиш ягон бадӣ надорад, аммо Яҳува касеро маҷбур намекунад, ки ба ӯ хизмат кунад. Ӯ мехоҳад ҳар яки мо, аз ҷумла фарзандонамон, ихтиёран ба ӯ хизмат кунем (5 Мӯсо 10:12, 13; 30:19, 20). Хуб мебуд, падару модар аз Яҳува пурсанд, ки тарбияашон ба дили фарзандашон асар кунаду ӯ аз таҳти дил Яҳуваро дӯст дорад ва дӯсти ӯ шавад (Пнм. 22:6; Эфс. 6:4). w23.11 саҳ. 21, сарх. 5; саҳ. 23, сарх. 12
Душанбе, 21 июл
Якдигарро... тасаллӣ диҳед (1 Тас. 4:18).
Чаро гуфтан мумкин аст, ки тасаллӣ додани дигарон нишонаи муҳаббати мост? Мувофиқи як маълумотномаи Китоби Муқаддас, калимае, ки ин ҷо «тасаллӣ» тарҷума шудааст, дар забони асл маънои зеринро дорад: «Дар бари касе истодану вақти душвории сахташ ӯро дилбардорӣ кардан». Вақте мо ҳамимонеро тасалло медиҳем, ба ӯ ёрӣ мерасонем, ки ба по хезаду сафарашро дар роҳи ҳаёт давом диҳад. Ҳар гоҳ мо ғамшарику дардшунави бародаре мешавем, муҳаббатамонро ба ӯ нишон медиҳем (2 Қӯр. 7:6, 7, 13). Тасаллӣ додану ҳамдард будан пайванди наздике доранд. Одами ҳамдарду дилсӯз мехоҳад ғамзадагонро тасалло диҳаду дилбардорӣ кунад. Яъне, аввал дили одам ба касе месӯзаду сипас ӯ амал карда, шахсро тасаллӣ мебахшад. Павлуси расул мефаҳмонад, ки чӣ тавр дилсӯзии Яҳува бо тасаллӣ доданаш алоқаманд аст. Ӯ Яҳуваро «Сарчашмаи раҳму шафқат ва Худои ҳар тасалло» меномад (2 Қӯр. 1:3). w23.11 саҳ. 9, 10, сарх. 8–10
Сешанбе, 22 июл
Биёед дар азобҳоямон шодӣ кунем (Рум. 5:3).
Ҳамаи пайравони Масеҳ бо азобҳо рӯ ба рӯ шуда метавонанд. Дар бораи саргузашти Павлуси расул фикр кунед. Ӯ ба масеҳиёни Таслӯникӣ чунин навишт: «Вақте ҳамроҳатон будем, шуморо огоҳ мекардем, ки ҳамаи мо бо азобҳо рӯ ба рӯ мешавем ва, чи тавре ки худатон медонед, ҳамин тавр ҳам шуд» (1 Тас. 3:4). Ба қӯринтиён бошад, ӯ гуфт: «Эй бародарон, намехоҳем аз азобу уқубате, ки... ба сарамон омада буд, бехабар бошед... Мо ҳатто умедамонро аз зиндагӣ кандем» (2 Қӯр. 1:8; 11:23–27). Масеҳиёни имрӯз низ аз азобу дард эмин нестанд (2 Тим. 3:12). Вақте шумо ба Исо имон овардеду пайрави ӯ шудед, шояд, дӯстону наздиконатон ба шумо зид баромаданд. Шояд, ба сабаби он ки шумо аз ҳар ҷиҳат росткору ҳалолкор будан хостед, дар ҷойи кор душвориҳо пайдо шуданд (Ибр. 13:18). Оё шумо дар бораи умедатон ба дигарон нақл карда, бо муқобилати ҳокимиятдорон дучор шуда будед? Чӣ азобе ба сарамон наомада бошад, Павлус мегӯяд, ки шодӣ кунем. w23.12 саҳ. 10, 11, сарх. 9, 10
Чоршанбе, 23 июл
Шумо бар сари ман балои азиме овардед (1 Мӯсо 34:30).
Яъқуб бисёр мушкилиҳоро паси сар кард. Ду писари Яъқуб, Шимъӯн ва Левӣ, аҳли хонаводаи худро беобрӯ карданд, номи Яҳуваро бошад,— доғдор. Ба болои ҳамаи ин, Яъқуб ҳамсари маҳбубаш, Роҳелро, ҳангоми ба дунё овардани писари дуюмашон, аз даст дод. Инчунин аз сабаби қаҳтӣ ӯ маҷбур шуд, ки дар айёми пириаш ба сарзамини Миср кӯч бандад (1 Мӯсо 35:16–19; 37:28; 45:9–11, 28). Дар ҳамаи ин мушкилиҳояш Яъқуб ҳеҷ гоҳ умедашро аз Яҳува ва ваъдаҳои ӯ наканд. Яҳува бошад, ба ин хизматгори бовафояш нишон дод, ки аз ӯ розӣ аст. Масалан, Яҳува Яъқубро аз ҷиҳати моддӣ баракат дод. Ғайр аз ин, тасаввур кунед, ки, вақте Яъқуб бо писараш Юсуф, ки ӯро давоми солҳо мурда мешумурд, якҷо шуд, чӣ сон аз Яҳува миннатдор буд. Дӯстии наздик бо Яҳува ба Яъқуб кӯмак кард, ки дар озмоишҳояш истодагӣ кунад (1 Мӯсо 30:43; 32:9, 10; 46:28–30). Агар мо низ пайванди дӯстии худро бо Яҳува мустаҳкам нигоҳ дорем, ҳангоми мушкилиҳои ғайричашмдошт комёб мегардем. w23.04 саҳ. 15, сарх. 6, 7
Панҷшанбе, 24 июл
Яҳува Чӯпони ман аст, камие нахоҳам дошт (Заб. 23:1).
Довуд дар Забур 23 боварияшро ба муҳаббату ғамхории Яҳува баён мекунад. Ӯ дар ин тарона дар бораи пайванди мустаҳками дӯстие, ки байни ӯву Чӯпонаш, Яҳува, вуҷуд дорад, сухан мегӯяд. Довуд ихтиёри зиндагияшро пурра ба дасти Яҳува супурда буду аз раҳнамоии ӯ дилпур буд. Довуд медонист, ки муҳаббати Яҳува ҳамсафари доимии зиндагияш мешавад. Барои чӣ ӯ чунин дилпурӣ дошт? Довуд ғамхории Яҳуваро ҳис мекарду медонист, ки ӯ ба ниёзҳояш боре ҳам беэътиноӣ накардааст. Довуд ризои Яҳува ва дӯстии ӯро соҳиб буд. Аз ин рӯ ӯ дилпур буд, ки фардо чизе нашавад, Яҳува ҳар як ниёзашро қонеъ мегардонад. Бовари Довуд ба Яҳува аз ҳар гуна хавотирияш садҳо баробар қавитар буд ва ба дили ӯ оромию хурсандӣ мебахшид (Заб. 16:11). w24.01 саҳ. 29, сарх. 12, 13
Ҷумъа, 25 июл
Ман ҳамеша то охирзамон бо шумо ҳастам (Мат. 28:20).
Аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон инҷониб халқи Яҳува дар мамлакатҳои бисёр аз сулҳу осоиштагии нисбӣ баҳравар буда, кори хабаррасониро пеш мебарад. Дар ин кор пешрафти назаррасе дида мешавад. Имрӯз ҳама аъзои Ҳайати роҳбарикунанда раҳнамоии Исоро меҷӯянд. Онҳо мехоҳанд, ки дастуроташон ба бародарон ҳамоҳанги дастуроте бошад, ки дар осмон дода мешавад. Нозирони ноҳиявӣ ва пирон бошанд, ба ҷамоатҳо дастуру роҳнамоӣ медиҳанд. Пирони тадҳиншуда «дар дасти рост»-и Масеҳ мебошанд (Ошкор. 2:1). Албатта, ин пирон нокомиланду ба хатоҳо роҳ медиҳанд. Мӯсою Юшаъ ва расулон низ гоҳ-гоҳ хато мекарданд (4 Мӯсо 20:12; Юшаъ 9:14, 15; Рум. 3:23). Аммо Масеҳ ҳар як қадами ғуломи боваринок ва пирони таъйинкардаашро раҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ мо ба ин бародароне, ки раҳбариро ба уҳда доранд, бовари комил дорем. w24.02 саҳ. 23, 24, сарх. 13, 14
Шанбе, 26 июл
Чун фарзандони азиз ба Худо пайравӣ кунед (Эфс. 5:1).
Имрӯз мо дили Яҳуваро бо он меёбем, ки дар бораи ӯ бо завқ, миннатдорӣ ва муҳаббат гап мезанем. Вақте ба хизмат мебароем, мо дар ёд дорем, ки мақсади асосиямон одамонро сӯйи Яҳува ҷалб кардану бо ӯ шинос кардани онҳост (Яъқ. 4:8). Мо бо як шодиву шавқ ба одамон аз Китоби Муқаддас сифатҳои дилкаши Яҳуваро нишон медиҳем, ба монанди муҳаббат, адолат, хирад ва қувваташ. Як роҳи дигари ситоиш кардани Яҳува дар рафторамон аз ӯ ибрат гирифтан аст. Вақте мо чунин мекунем, дар ин дунёи торик ҷило медиҳем. Мардум инро пай бурда, шояд, сабабашро донистан хоҳанд (Мат. 5:14–16). Дар корҳои рӯзгор бо одамони гуногун рӯ ба рӯ шуда, шояд, мо ба онҳо фаҳмонда тавонем, ки чаро рафтори мо аз дигарон фарқ мекунад. Чунин рафтору гуфтори мо одамони самимиро сӯйи Худо меорад. Вақте мо бо чунин тарз Яҳуваро ситоиш мекунем, ризову шодии ӯро ба даст меорем (1 Тим. 2:3, 4). w24.02 саҳ. 10, сарх. 7
Якшанбе, 27 июл
Насиҳат кунад ва... сарзаниш кунад (Тит. 1:9).
Барои марди баркамоли масеҳӣ шудан шумо бояд баъзе касбу ҳунарро аз худ кунед. Бо ёрии онҳо шумо дар ҷамоат соҳиби таъйинотҳо мешавед, ҷойи кор ёфта худатону оилаатонро таъмин мекунед ва бо дигарон муносибати хубу солим пайдо мекунед. Масалан, нағз хондану навиштанро ёд гиред. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳар кӣ ҳар рӯз барои хондани Каломи Худо ва андеша кардан дар бораи хондааш вақт ҷудо мекунад, шахси хушбахт аст (Заб. 1:1–3). Каломи Худоро ҳар рӯз хонда, шумо бо фикрронии Яҳува шинос мешавед. Ин шуморо инсони боандеша ва боҳуш мегардонад (Пнм. 1:3, 4). Вақте бародару хоҳарони мо ба маслиҳат ва раҳнамоии Китоби Муқаддас ниёз пайдо мекунанд, онҳо ба бародарони кордон муроҷиат мекунанд. Агар шумо хушхату савод бошед, нутқҳою ҷавобҳои пурмазмун тайёр карда, имони дигаронро қувват мебахшед. Ҳамчунин қайдҳои маънодор монда, шумо ҳам имони худатонро қавӣ мегардонед, ҳам ба дигарон ёрӣ мерасонед. w23.12 саҳ. 26, 27, сарх. 9–11
Душанбе, 28 июл
Он кӣ бо шумо якдил аст, аз он кӣ бо ҷаҳон якдил аст, бузургтар аст (1 Юҳ. 4:4).
Вақте ба тарс оед, фикр кунед, ки Яҳува дар оянда чӣ кор мекунад. Худро дар замоне тасаввур кунед, ки Шайтон намешавад, ҷойи бадкоронро росткорон мегиранд ва нокомилӣ оҳиста-оҳиста аз миён бардошта мешавад. Як намоиш дар анҷумани минтақавии соли 2014 нишон дод, ки чӣ тавр мо дар бораи умедамон андеша карда метавонем. Падаре бо аҳли оилааш 2 Тимотиюс 3:1–5-ро кушода, фаҳмонд, ки, агар суханони он ба дунёи нав дахл дошта бошанд, ин оятҳоро чӣ тавр хондан мумкин аст: «Дар дунёи нав хушбахттарин замонҳо фаро мерасанд, зеро одамон дӯстдори дигарон, дӯстдори атоҳои рӯҳонӣ, ҳадшинос, хоксор, худодӯст, ба падару модар итоаткор, сипосгузор, вафодор, бамеҳр, муросокор, ростгӯ, вазнин, меҳрубон, дӯстдори некӣ, боваринок, ба гузашт кардан тайёр, дар чашми худ кам ва фурӯтан мешаванд. Дӯстдори Худо мешаванд, на дӯстдори айшу ишрат, аз самими дил худотарс мешаванд. Доим бо чунин касон бош». Оё шумо бо аҳли оила ё аҳли имон дар бораи он гап мезанед, ки зиндагӣ дар дунёи нав чӣ хел мешавад? w24.01 саҳ. 6, сарх. 13, 14
Сешанбе, 29 июл
Ман аз ту розиям (Луқ. 3:22).
Донистани он ки Яҳува аз халқаш розист, ба мо хурсандӣ мебахшад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Яҳува аз халқи худ хушнуд аст» (Заб. 149:4). Вале баъзан мо чунон рӯҳафтода мешавем, ки аз худ мепурсем: «Оё Яҳува шахсан аз ман розист?» Чунин фикру ҳиссиёт аз дили хизматгорони пештараи Яҳува ҳам гузашта буд (1 Подш. 1:6–10; Айюб 29:2, 4; Заб. 51:11). Китоби Муқаддас равшан месозад, ки одамони нокомил ризои Худоро соҳиб шуда метавонанд. Чӣ тавр? Агар мо ба Исои Масеҳ имон орему таъмид гирем (Юҳ. 3:16). Бо ин корамон мо дар пеши ҳама нишон медиҳем, ки аз гуноҳҳоямон тавба карда, ваъда додаем, ки хости Худоро ба ҷо меорем (Кор. 2:38; 3:19). Вақте мо барои бо Яҳува дӯст шудан ин қадамҳоро мегузорем, ӯ хеле шод мешавад. То он даме ки мо бо ҷону дил мекӯшем аз рӯйи ин ваъдаамон зиндагӣ кунем, Яҳува аз мо розист ва моро дӯстони худ мешуморад (Заб. 25:14). w24.03 саҳ. 26, сарх. 1, 2
Чоршанбе, 30 июл
Мо наметавонем дар бораи чизҳои дидаву шунидаамон гап заданро бас кунем (Кор. 4:20).
Вақте ҳокимиятдорон аз мо талаб мекунанд, ки мавъиза карданро бас кунем, мо мисли шогирдони Исо амал мекунем. Мо метавонем дилпур бошем, ки Яҳува дар иҷрои таъйинотамон ба мо кумак мекунад. Барои ҳамин аз ӯ дар дуо далерӣ ва хирад пурсед. Аз Яҳува кумак пурсед, ки дар мушкилиҳо истодагӣ кунед. Бисёри мо аз беморӣ, мушкилии равонӣ, марги шахси наздик, вазъияти душвор дар оила, озору азият ё дигар чизҳо азоб мекашем. Вабои оламгир ва ҷангҳо бошанд, бори бисёри ин мушкилиҳоро бароямон боз ҳам вазнин кардаанд. Дилатонро ба Яҳува холӣ кунед. Дар бораи вазъияти худ ба ӯ тавре гӯед, ки ба дӯсти ҷониатон мегуфтед. Боварӣ дошта бошед, ки Яҳува бар манфиати шумо «амал хоҳад кард» (Заб. 37:3, 5). Пайваста дуо гуфтан кумак мекунад, ки «дар азобҳо истодагӣ» намоем (Рум. 12:12). Яҳува медонад, ки хизматгоронаш чӣ мушкилиҳоро аз сар мегузаронанд. Вақте онҳо аз ӯ мадад металабанд, ӯ«фиғони онҳоро мешунавад» (Заб. 145:18, 19). w23.05 саҳ. 5, 6, сарх. 12–15
Панҷшанбе, 31 июл
Ҳамеша бовар ҳосил кунед, ки чӣ ба Худованд маъқул аст (Эфс. 5:10).
Вақти қарорҳои муҳим баровардан мо бояд «аз пайи фаҳмидани хости Яҳува» бошем ва мувофиқи он амал кунем (Эфс. 5:17). Вақте мо аз Китоби Муқаддас принсипҳоеро меёбем, ки ба вазъияти мо дахл доранд, дар он масъала аз Худо маслиҳат мепурсем. Вақте ин принсипҳоро ба кор мебарем, қарорҳои беҳтар мекунем. Душмани мо, Шайтони бадкор, мехоҳад моро бо кору бори ин ҷаҳон чунон саргарм кунад, ки барои хизмати Худо вақтамон намонад (1 Юҳ. 5:19). Чунин шуданаш мумкин аст, ки масеҳӣ пулу мол, маълумоти ҷаҳонӣ ё мансабу мартабаро аз хизмати Яҳува баландтар гузорад. Агар ӯ ба ин роҳ диҳад, маълум мешавад, ки фикрронии ин ҷаҳон ба сараш таъсир карда истодааст. Албатта, ин чизҳои номбурда ба худии худ бадие надоранд, аммо ҳеҷ гоҳ онҳоро дар ҷойи аввали ҳаётамон набояд монд. w24.03 саҳ. 24, сарх. 16, 17