Намуна барои пешниҳодот
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи октябр
«Шумо мумкин розӣ мешавед, ки ҳаёти одамизод хеле кӯтоҳ аст. Оё рӯзе мешавад, ки бемориҳо аз байн раванду умрамон дарозтар шавад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Худо хоҳиши абадӣ зистанро дар дили мо ҷо додааст. [Воиз 3:11-ро бихонед.] Оё ҳаёти ҷовидонӣ дар ҳақиқат имконпазир аст? Биёед дар бораи он фикр кунем, ки Худо абадан вуҷуд дорад. Худо Сарчашмаи ҳаёт аст, бинобар ин Ӯ метавонад ба одамон ҳаёти ҷовидонӣ бахшад. [Забур 35:10-ро бихонед.]» Дар бораи вохӯрии навбатӣ маслиҳат кунед, то ки саволи зеринро муҳокима намоед: «Ба мо чӣ кор кардан зарур аст, то ҳаёти ҷовидониро соҳиб шавем?»
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Бисёриҳо дар ташвишанд, ки коррупсия (порахӯрӣ) дар соҳаи тиҷорат ва ҳукуматдорӣ хеле паҳн шудааст. Ба фикри шумо, оё ин проблема ҳалли худро меёбад?
1 Тимотиюс 6:9, 10 — Принсипҳои Китоби Муқаддас ёрӣ медиҳанд, ки нигоҳ накарда ба фишори дигарон ростқавл монем.
Забур 71:12–14 — Ҳокими Салтанати Худо ба қарибӣ заминро аз чанголи коррупсия халос мекунад.
◼ Бисёри волидон мехоҳанд, ки фарзандонашон соҳиби маълумоти хуб гарданд. Ба фикри шумо, оё ҷавононе, ки имрӯз мактабро хатм мекунанд, ба душвориҳои ҳаёт тайёранд?
Воиз 7:12 — Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки донишу ҳикмат аз боигарӣ дида муҳимтар аст.
2 Тимотиюс 3:16 — Дониш аз Навиштаҳо дар ҳамаи ҷонибҳои зиндагӣ ба мо кӯмак мерасонад.