Намуна барои пешниҳодот
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи июл
«Қариб ҳар як инсон мехоҳад, ки умри дароз бинаду хушу хурсандона зиндагӣ кунад. Барои ҳамин мо нуқтаи назари шуморо оиди саволи зерин донистан мехостем. Ба фикри шумо, оё ба туфайли дастовардҳои илм ва тибб мо ягон рӯз ҷовидона зиндагӣ карда метавонем? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Аз Китоби Муқаддас бармеояд, ки аввалин одам якчанд асрҳо зиндагӣ карда буд. [Ҳастӣ 5:5-ро хонед.] Аммо оқибат ӯ пир шуд ва мурд, чунки ӯ зидди Худо гуноҳ кард. Азбаски мо аз Одам гуноҳро мерос гирифтем, мо низ пир мешавем ва оқибат мемурем. [Румиён 5:12-ро хонед.]» Дар бораи вохӯрии навбатӣ маслиҳат кунед, то ки саволи зеринро муҳокима намоед: «Чӣ тавр ҳаёти ҷовидониро ба даст овардан мумкин аст?»
Қайд: Ин пешниҳод бояд 6-уми июл дар вохӯрӣ барои мавъиза намоиш дода шавад.
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Мо бо одамон оиди масъалаи доғи рӯз — беадолатӣ сӯҳбат карда истодаем. Дар баъзе мамлакатҳо одамон барои бартараф кардани беадолатӣ дар намоишҳои эътирозӣ иштирок мекунанд. Ба фикри шумо, оё бо ин амалашон онҳо адолатро пойдор карда метавонанд?
Забур 36:28 — Навиштаҳо таълим медиҳанд, ки Худо адолатдӯст аст.
Ишаъё 65:17 — Худо тамоми зарари аз тарафи одамон расондаро бартараф хоҳад кард.
◼ Ба фикри шумо, вақте ки фарзанди хурдсол доду вой бардошта гапашро гузарондан мехоҳад, волидон бояд чӣ кор кунанд?
Масалҳо 19:11 — Ба волидон лозим аст, ки оромӣ ва худдориро нигоҳ доранд.
Матто 5:37 — Волидон набояд мувофиқи ҳар хоҳиши кӯдакашон амал намоянд.
«Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!»
◼ «Ҳангоми сӯҳбат бо одамон, бисёриҳо фаҳмидан мехоҳанд, ки чаро дунё лабрез аз ранҷу азобҳост. Ба фикри шумо, оё Худо мехост, ки одамон ранҷу азоб кашанд? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Яҳува Худо заминро ба одамон дода буд. Он хонаи мо аст. [Забур 113-ро хонед.] Яҳува ба Одам ва насли ояндааш имконият дода буд, ки аз ҳаёти беохир дар рӯи замин лаззат баранд. [Забур 36:29-ро хонед.] Навиштаҳо моро бовар мекунонанд, ки замин ҳеҷ гоҳ нест намешавад. Он ҳамеша хонаи инсоният хоҳад буд. [Забур 103:5-ро хонед.]» Дар бораи вохӯрии навбатӣ маслиҳат кунед, то ки саволи зеринро муҳокима намоед: «Чаро замин ҳоло биҳишт нест?» (Дар асоси дарси 5, сарх. 1 ва 2.)