МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 34
СУРУДИ 3 Қувват, умед ва такягоҳи мо
Ба бахшандагии Яҳува бовар кунед
«Ту айбу хатоямро бахшидӣ» (ЗАБ. 32:5).
МАҚСАД
Фаҳмед, ки чаро ба бахшандагии Яҳува бовар кунем ва чӣ тавр Китоби Муқаддас моро дилпур мекунад, ки Яҳува гунаҳкорони тавбакардаро мебахшад.
1, 2. Гунаҳкорони тавбакарда чиро ҳис мекунанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
ШОҲ Довуд чӣ будани азоби виҷдонро медонист (Заб. 40:12; 51:3, болонавис). Ӯ дар давоми ҳаёташ баъзе хатоҳои ҷиддӣ карда буд, лекин аз таҳти дил тавба карду Яҳува ӯро бахшид (2 Подш. 12:13). Дар натиҷа, Довуд фаҳмид, ки бахшоиши Яҳува чӣ қадар сабукӣ меорад (Заб. 32:1).
2 Мо низ баъди соҳиб шудани раҳмдилии Яҳува сабук шуда метавонем. Вақте мефаҳмем, ки Яҳува бо омодагӣ гуноҳҳои моро мебахшад, ҳатто гуноҳҳои ҷиддиро, тасаллӣ меёбем — ба шарте ки аз таҳти дил тавба кунем, ба гуноҳҳоямон иқрор шавем ва ҷон канда, дигар онҳоро такрор накунем (Пнм. 28:13; Кор. 26:20; 1 Юҳ. 1:9). Вақте Яҳува ягон гуноҳамонро мебахшад, ӯ тавре бо мо муносибат мекунад, ки гӯё он гуноҳро ҳаргиз накарда будем. Ин моро тасаллӣ мебахшад (Ҳиз. 33:16).
Шоҳ Довуд таронаҳои зиёде эҷод кардааст, ки бахшандагии Яҳуваро тасвир мекунанд (Ба сархатҳои 1 ва 2 нигаред.)
3, 4. Як хоҳар баъд аз таъмид гирифтанаш чӣ ҳис мекард ва дар ин мақола чиро дида мебароем?
3 Баъзан мо ба бахшоиши Яҳува шубҳа мекунем. Мисоли Ҷеннифер ном хоҳарамонро мегирем, ки дар роҳи ростӣ ба воя расидааст. Дар наврасияш ӯ бо дӯстони бад ҳамроҳ шуда, як пояш дар ҷамоат буду як пояш дар ҷаҳон. Солҳо пас ӯ ба назди Яҳува баргашту ҳаёташро дигар кард. Оқибат, худро ба Яҳува бахшида, таъмид гирифт. Ӯ мегӯяд: «Пеш ман беҳад бадҷаҳл будам, ба пулпарастӣ, бадахлоқӣ ва бадмастӣ ғӯтида будам. Бо ақл мефаҳмидам, ки, агар барои гуноҳҳоят бахшиш пурсида, тавба кунӣ, ба воситаи товон гуноҳҳоят бахшида мешаванд, лекин дар дилам ғунҷонда наметавонистам, ки Яҳува маро бахшидааст».
4 Эҳтимол, шумо низ шубҳа мекунед, ки Яҳува хатоҳои пештараатонро бахшидааст. Яҳува мехоҳад, ки шумо низ мисли Довуд аз раҳмдилии ӯ дилпур бошед. Аз ин мақола мефаҳмем, ки чаро ба бахшандагии Яҳува бовар кунем ва дар ин кор чӣ ба мо ёрдам мекунад.
ЧАРО МО БОЯД БА БАХШАНДАГИИ ЯҲУВА БОВАР КУНЕМ?
5. Шайтон ба чӣ бовар кардани моро мехоҳад? Мисол оред.
5 Ба бахшандагии Яҳува бовар карда, мо ба домҳои Шайтон намеафтем. Шайтон тамоми захираи ҳилаҳояшро ба кор мебарад, то моро аз хизмати Яҳува дилхунук кунад. Барои ба ин мақсадаш расидан, шояд, вай дар дили мо шубҳа корад, ки гуноҳҳоямон нобахшиданист. Биёед мисоли марди қӯринтиеро дида бароем, ки барои бадахлоқияш аз ҷамоат дур карда шуд (1 Қӯр. 5:1, 5, 13). Баъдтар, вақте ӯ тавба кард, Шайтон мехост, ки аҳли ҷамоат ӯро набахшанду ба ҷамоат қабул накунанд. Ҳамчунин Шайтон мехост, ки марди тавбакарда аз бахшоиши Яҳува умед канаду «ғаму андуҳи бисёр ӯро фурӯ» барад. Мақсади Шайтон ин буд, ки он мард дилшикаста шуда, хизмати Яҳуваро бас кунад. Нияту ҳилаҳои Шайтон то ҳол дигар нашудааст, лекин мо аз «ҳилаву найранги вай бехабар нестем» (2 Қӯр. 2:5–11).
6. Чӣ тавр аз азоби виҷдон халос шавем?
6 Ба бахшандагии Яҳува бовар карда, мо аз азоби виҷдон халос мешавем. Одатан вақте гуноҳ мекунем, виҷдонамон азоб медиҳад (Заб. 51:17). Ин хуб аст. Шояд, баъди ин мо рафторамонро дигар карда, бо роҳи рост равона гардем (2 Қӯр. 7:10, 11). Лекин, агар кайҳо тавба карда бошем, вале худро хӯрда гардем, аз ҳол меравем. Агар ба бахшандагии Яҳува бовар кунем, аз азоби виҷдон халос мешавем. Ҳамин тавр бо хурсандӣ ва виҷдони тоза хизмати Яҳуваро давом медиҳем. Охир, Яҳува ҳаминро хоҳон аст (Қӯл. 1:10, 11; 2 Тим. 1:3). Набошад, чӣ тавр диламонро боварӣ бахшидан гирем, ки Яҳува моро бахшидааст?
ЧӢ ТАВР БА БАХШАНДАГИИ ЯҲУВА БОВАР КУНЕМ?
7, 8. Яҳува худро ба Мӯсо чӣ тавр ошкор кард ва ин моро ба чӣ дилпур месозад? (2 Мӯсо 34:6, 7).
7 Мулоҳиза кунед, ки Яҳува дар бораи худаш чӣ мегӯяд. Бинед, ки Яҳува дар кӯҳи Сино ба Мӯсо чӣ гуфта будa. (2 Мӯсо 34:6, 7-ро хонед.) Яҳува ба Мӯсо дар бораи дигар хислатҳову роҳҳояш гуфта метавонист, лекин ӯ дар бораи худаш гуфт, ки ӯ «Худои меҳрубону дилсӯз» аст. Ягон парастандаи Яҳува аз гуноҳаш тавба кунад, оё Яҳуваи дилсӯзу меҳрубон ӯро намебахшад? Албатта, мебахшад! Агар намебахшид, ӯ Худои сахтгиру бераҳм мешуд. Лекин Яҳува ҳеҷ гоҳ чунин амал намекунад.
8 Вақте Яҳува мегӯяд, ки ӯ Худои раҳмдил аст, мо бояд ба ин суханони ӯ бовар кунем. Ӯ ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд (Заб. 31:5). Агар виҷдонатон то ҳол шуморо барои гуноҳҳои пештараатон азоб диҳад, аз худ пурсед: «Оё ман бовар дорам, ки Яҳува Худои раҳмдилу ҳамдард аст ва аз ҳар гунаҳкори тавбакарда бахшишашро дареғ намедорад?» Агар ба ин бовар кунед, пас, дилпур бошед, ки ӯ гуноҳи шуморо низ бахшидааст.
9. Мо аз Забур 32:5 дар бораи бахшидани Яҳува чиро мефаҳмем?
9 Дар бораи оятҳое мулоҳиза ронед, ки бахшанда будани Яҳуваро ёдрас мекунанд. Бинед, ки Довуд дар бораи бахшандагии Яҳува чӣ мегӯяд. (Забур 32:5-ро хонед.) Ӯ чунин навишт: «Ту айбу хатоямро бахшидӣ». Калимаи иброние, ки дар ин оят «бахшидӣ» тарҷума шудааст, ҳамчунин маънои «бардоштан» ё «бурдан»-ро дорад. Вақте Яҳува гуноҳҳои Довудро бахшид, ба маъное онҳоро бардошту ба ҷойи дуре бурд. Баъди ин Довуд аз бори гарони гуноҳ сабук шуд (Заб. 32:2–4). Мо ҳам чунин сабукӣ ҳис карда метавонем. Баъди аз гуноҳҳоямон тавба кардан мо набояд азоби виҷдон кашида шинем, чунки Яҳува онҳоро бардошта аз мо дур кардааст.
10, 11. Мо аз Забур 86:5 дар бораи бахшидани Яҳува чиро мефаҳмем?
10 Забур 86:5-ро хонед. Дар ин оят Довуд ба Яҳува мегӯяд, ки «бахшандаӣ». Дар як маълумотномаи Китоби Муқаддас дар бораи Яҳува гуфта мешавад: «[Ӯ] “бахшанда” аст — “табиати” ӯ чунин аст». Бахшандагии Яҳува аз чӣ сарчашма мегирад? Аз меҳру вафояш. Дар қисми дигари оят фаҳмонда шудааст: «Аз ҳамаи онҳое, ки туро мехонанд, меҳру вафоятро дареғ намедорӣ». Мо аз мақолаи гузашта фаҳмидем, ки меҳру вафои Яҳува ба хизматгорони содиқаш пойдор аст. Ӯ аз меҳру вафои пойдораш ҳамаи гунаҳкоронро «аз таҳти дил мебахшад» (Иш. 55:7, поварақ). Агар бароятон ба бахшандагии Яҳува бовар кардан душвор бошад, аз худ пурсед: «Оё ман бовар мекунам, ки Яҳува бахшанда аст ва ҳамаи тавбакоронеро, ки аз ӯ раҳму шафқат металабанд, мебахшад?» Агар ба ин бовар кунед, пас, вақте шумо ҳам аз ӯ раҳму шафқат металабед, гуноҳатонро мебахшад.
11 Яҳува табиати гунаҳкори моро мефаҳмад ва ин фикр моро тасаллӣ мебахшад (Заб. 139:1, 2). Инро аз таронаи дигари Довуд мебинем. Он бовари моро ба бахшандагии Яҳува қавӣ мегардонад.
ЯҲУВА ЧИРО ДАР ЁД ДОРАД?
12, 13. Мувофиқи Забур 103:14 Яҳува дар бораи мо чиро дар ёд дорад ва ин чӣ маъно дорад?
12 Забур 103:14-ро хонед. Довуд дар бораи Яҳува мегӯяд, ки ӯ «дар ёд дорад, ки хок ҳастем». Як сабаби тавбакоронро бахшидани Яҳува кадом аст? Яҳува ҳамеша дар ёд дорад, ки гуноҳ ба вуҷуди мо часпидааст. Барои фаҳмидани ин фикр биёед дар бораи суханони Довуд хубтар мулоҳиза кунем.
13 Довуд мегӯяд, ки Яҳува «сиришти моро хуб медонад». Яҳува Одамро «аз хоки замин» офарид. Барои ҳамин хуб медонад, ки одами комил табиатан ба хӯрдан, хоб рафтан ва нафас кашидан ниёз дорад (1 Мӯсо 2:7). Лекин, вақте Одаму Ҳавво гуноҳ карданд, одами хокӣ будан маънои зиёдтар пайдо кард. Мо ки насли онҳоем, нокомилиро мерос гирифтаем ва ба корҳои нодуруст майл дорем. Яҳува на танҳо аз ҷисми нокомиламон огоҳ аст, Довуд мегӯяд, ки ӯ онро «дар ёд дорад». Калимаи иброние, ки ин ҷо «дар ёд дорад» тарҷума шудааст, дар забони асл маънои зеринро дорад: ягон масъаларо фикр кардану аз паси ҳалли он шудан. Маънои суханони Довудро ин тавр фаҳмидан мумкин: Яҳува мефаҳмад, ки мо баъзан хато мекунем ва, вақте аз таҳти дил тавба мекунем, ба мо дасти лутфу бахшоиш дароз мекунад (Заб. 78:38, 39).
14. а) Довуд дар бораи бахшандагии Яҳува боз чиро гуфт? (Забур 103:12). б) Мо аз тарзи Довудро бахшидани Яҳува чиро мефаҳмем? (Ба чорчӯбаи «Чӣ тавр Яҳува мебахшаду фаромӯш мекунад?» нигаред.)
14 Бахшоиши Яҳува то чӣ андоза бузург аст? (Забур 103:12-ро хонед.) Довуд мегӯяд, ки Яҳува гуноҳҳои моро «чи қадаре ки шарқ аз ғарб дур аст», аз мо дур мекунад. Масофаи байни шарқу ғарб дар ақли мо намеғунҷад. Ин ду нуқта ҳеҷ гоҳ бо ҳам намерасанд. Ин бо бахшандагии Яҳува чӣ алоқа дорад? Дар ин бора дар як маълумотнома чунин гуфта шудааст: «Агар гуноҳ ин қадар дур партофта шавад, пас, мо дилпурем, ки аз он ному нишоне намемонад. Бӯй, пай, ҳатто ёди он пурра гум мешавад». Одатан ягон бӯй хотираеро бедор мекунад. Лекин, вақте Яҳува гуноҳро мебахшад, аз он ҳатто бӯйе намемонад. Азбаски аз хатои пешинаамон ягон нишоне намемонад, Яҳува онро ба рӯямон намекашад (Ҳиз. 18:21, 22; Кор. 3:19).
15. Агар аз ҳисси гунаҳкорӣ халос шуда натавонем, чӣ кор кунем?
15 Чӣ тавр суханони Довуд аз Забур 103 моро аз бахшандагии Яҳува дилпур месозанд? Агар мо аз азоби виҷдон халос шуда натавонем, аз худ пурсида метавонем: «Оё ман чизеро, ки Яҳува дар ёд дорад, фаромӯш кардаам? Оё дар хотир дорам, ки Яҳува нокомилиямро медонад ва гунаҳкорони тавбакорро, аз ҷумла маро, мебахшад? Оё ман дар бораи гуноҳҳое, ки Яҳува бахшидаасту дую дубора ба ёд намеорад ва ба рӯям намекашад, фикр кардан мегирам?» Яҳува ба гуноҳҳои пештараамон диққат намекунад. Мо ҳам бояд мисли ӯ амал кунем (Заб. 130:3). Вақте мо ба бахшандагии Яҳува бовар ҳосил мекунем, худамонро барои хатоҳои пештараамон хӯрда намешинем ва ба пеш қадам мезанем.
16. Бо мисол фаҳмонед, ки бо ёди гуноҳи гузашта зистан чӣ хатар дорад. (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
16 Мисолеро мебинем. Ба ёди гуноҳҳои гузашта зиндагӣ кардан мисли он аст, ки ту гашту гардон ба оинаи қафои мошин нигоҳ мекунӣ. Як-як ба он нигоҳ кардан бадие надорад, чунки ту хатарҳои қафоро дида метавонӣ, лекин барои пеш рафтан бояд ба пеш назар кунӣ. Ба ҳамин монанд, агар як-як гуноҳҳои гузаштаро ба ёд орем, аз онҳо дарс мегирем ва дигар онҳоро такрор намекунем. Лекин, агар ҳар рӯз бо ёди гуноҳҳои пештара бошем, қадамамон дар роҳи Яҳува суст мешавад. Биёед ба пеш назар кунем, ба роҳе, ки сӯйи дунёи нав мебарад. Дар он ҷо фикрҳои бад «ба хотир намерасанд» (Иш. 65:17; Пнм. 4:25).
Ронанда бояд ба пеш диққат кунад, на ин ки доимо ба оинаи қафо нигоҳ кунад. Мо низ бояд бисёртар баракатҳои ояндаро фикр кунем, на хатоҳои гузаштаро (Ба сархати 16 нигаред.)
МИНБАЪД НИЗ ДИЛАТОНРО БОВАР БАХШЕД
17. Чаро мо бояд диламонро ба муҳаббату бахшиши Яҳува пур карда истем?
17 Мо бояд доимо аз муҳаббату бахшиши Яҳува дилпур бошем (1 Юҳ. 3:19). Охир, Шайтон ҷон меканад, то мо умедамонро аз муҳаббату бахшиши Яҳува канем. Шайтон танҳо як мақсад дорад — ӯ мехоҳад, ки мо хизмати Яҳуваро бас кунем. Ӯ медонад, ки вақташ кам мондааст, барои ҳамин ба мо ҳамлаи сахттар мекунад (Ошкор. 12:12). Намонед, ки Шайтон ғолиб ояд!
18. Чӣ тавр боварамонро ба муҳаббату бахшоиши Яҳува қавӣ кунем?
18 Барои худро ба муҳаббати Яҳува бовар бахшидан маслиҳатҳои мақолаи гузаштаро ба кор баред. Барои дилатонро аз бахшандагии Яҳува пур кардан ба ёд оред, ки Яҳува дар бораи худаш чӣ гуфтааст. Мулоҳиза ронед, ки дар Китоби Муқаддас дар бораи бахшандагии Яҳува чӣ гуфта шудааст. Фаромӯш накунед, ки ӯ аз нокомилии мо бохабар аст ва бо мо аз рӯйи раҳмдилӣ амал мекунад. Вақте ӯ мебахшад, комилан мебахшад. Агар ин тавр кунед, мисли Довуд бо дили пур аз шукрона мегӯед: «Ту айбу хатоямро бахшидӣ» (Заб. 32:5).
СУРУДИ 8 Яҳува паноҳгоҳи мост
a Ба мақолаи «Ба Худо наздик шавед. Яҳува дар бораи худаш чӣ гуфтааст?» аз «Бурҷи дидбонӣ» 1-уми майи соли 2009 (рус.) нигаред.