ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • bm қисми 14 саҳ. 17
  • Худо ба воситаи пайғамбаронаш сухан меронад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Худо ба воситаи пайғамбаронаш сухан меронад
  • Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
  • Маводи монанд
  • Пайғамбари асир ояндаро мебинад
    Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
  • Омадани Масеҳ
    Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
  • Оё пешгӯйиҳо исбот мекунанд, ки Ҳазрати Исо Масеҳи ваъдашуда аст?
    Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед
  • Подшоҳони Исроил ва Яҳудо
    Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
Маълумоти бештар
Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
bm қисми 14 саҳ. 17
Пайғамбар хабари Худоро эълон мекунад

ҚИСМИ 14

Худо ба воситаи пайғамбаронаш сухан меронад

Яҳува барои эълон кардани хабарҳое, ки бо доварӣ, ибодати пок ва умед ба Масеҳ вобастаанд, пайғамбаронро мефиристад

ДАР давраи подшоҳони Исроил ва Яҳудо гурӯҳи махсуси одамон, яъне пайғамбарони Худо нақши муҳимро мебозиданд. Онҳо бо имони барҷаста ва бо далерӣ иродаи Худоро эълон мекарданд. Биёед чор мавзӯи асосие, ки дар пешгӯии онҳо равшантар ошкор мешаванд, дида бароем.

1. Харобшавии Ерусалим. Хеле пештар аз харобшавии Ерусалим пайғамбарони Худо, бахусус Ишаъё ва Ирмиё огоҳ мекарданд, ки Ерусалим бесару сомон ва бесоҳиб хоҳад шуд. Онҳо бо забони фаҳмо тасвир мекарданд, ки барои чӣ ғазаби Худо бар Ерусалим аланга задааст. Азбаски дар Ерусалим бутпарастӣ, бадахлоқӣ ва зӯроварӣ ҳукмфармо буд, Ерусалим дигар сазовор набуд, ки намояндаи Яҳува бошад (4 Подшоҳон 21:10–15; Ишаъё 3:1–8, 16–26; Ирмиё 2:1–3:13).

2. Барқароршавии ибодати пок. Баъд аз 70 соли ғуломӣ халқи Худо аз Бобил озод мешавад. Исроилиён ба замини харобазори худ бармегарданд ва дар Ерусалим аз нав маъбади Яҳуваро бино мекунанд (Ирмиё 46:27; Омӯс 9:13–15). Тақрибан 200 сол пеш Ишаъё–пайғамбар пешгӯӣ кард, ки шахсе ки Бобилро мағлуб мекунад ва ба халқи Худо иҷозат медиҳад, ки ибодати покро барқарор кунанд, Куруш ном дорад. Инчунин пайғамбар ҳунари ҳарбии беҳамтои ин сарлашкарро батафсил тасвир намуд (Ишаъё 44:24–45:3).

Яҳудиёни асир Бобилро тарк карда, ба Ерусалим бармегарданд

3. Омадани Масеҳ. Масеҳ дар Байт–Лаҳм таваллуд мешавад (Мико 5:2). Исо бар харе савор шуда, ба Ерусалим медарояд, ки ин фурӯтании ӯро нишон медиҳад (Закарё 9:9). Гарчанд вай ҳалиму меҳрубон бошад ҳам, бисёриҳо ӯро рад хоҳанд кард (Ишаъё 42:1–3; 53:1, 3). Масеҳ бо марги пуразоб хоҳад мурд, аммо бо ин риштаи ҳаёти ӯ канда нахоҳад шуд. Ба шарофати қурбонии ӯ гуноҳҳои бисёр касон бахшида хоҳанд шуд (Ишаъё 53:4, 5, 9–12). Вақте ки ӯ эҳё мешавад, ин имконпазир мегардад.

4. Ҳукмронии Масеҳ бар замин. Ҳукмронии одамони нокомил барои пойдор намудани сулҳу осоиштагӣ қудрат надорад, аммо Салтанати Масеҳоӣ «Мири осоиштагӣ» хонда хоҳад шуд (Ишаъё 9:6, 7; Ирмиё 10:23). Таҳти ҳукмронии ӯ одамон бо ҳам ва бо ҳайвонот дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ хоҳанд кард (Ишаъё 11:3–7). Касаливу беморӣ дигар нахоҳад буд (Ишаъё 33:24). Ҳатто марг ба сурати абадӣ нест хоҳад шуд (Ишаъё 25:8). Аммо онҳое ки мурдаанд ба ҳаёти рӯи замин эҳё хоҳанд шуд (Дониёл 12:13).

Бар китоби Ишаъё, Ирмиё, Дониёл, Омӯс, Мико ва Закарё асос ёфтааст.

  • Пайғамбарони Худо кадом хабарҳоро эълон мекарданд?

  • Дар пешгӯиҳо оиди харобшавии Ерусалим ва барқароршавии ибодати пок чӣ гуфта шудааст?

  • Оиди Масеҳ ва оиди он ки бо ӯ чӣ рӯй медиҳад, кадом пешгӯиҳо гуфта шуда буданд?

  • Чӣ тавр пайғамбарони Яҳува ҳукмронии Масеҳро бар замин тасвир намуданд?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан