Оё шумо дар моҳи октябр омӯзиши Китоби Муқаддас сар мекунед?
1. Барои сар кардани омӯзиш чӣ ба мо кӯмак мерасонад ва дар моҳи октябр пеши худ кадом мақсадро гузошта метавонем?
1 Барои сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ кӯмак мерасонад? Боздид. Исо ба пайравонаш на танҳо мавъиза карданро фармуд, балки ба онҳо боз чунин гуфт: «шогирд созед ва ... таълим диҳед» (Мат. 28:19, 20). Мавъизакунанда эълон мекунад, вале таълимдиҳанда бошад, кори аз ин ҳам бештарро мекунад. Ӯ таълим медиҳад, мефаҳмонад ва далелҳо меорад. Яке аз роҳҳои тарзи таълим додан ин аст, ки бо мақсади сар кардани омӯзиш шахси рағбатдорро бояд боздид кард. Ба туфайли мавъизаи хона ба хона имкониятҳои зиёд пайдо мешаванд, ки мо боздид намуда, ҳамин тавр омӯзиши Китоби Муқаддас сар кунем (Аъм. 5:42; 20:20). Барои ҳамин, дар моҳи октябр кӯшиши махсус кунед, ки дар хизмати хона ба хона иштирок намоед ва бо мақсади сар кардани омӯзиш боздид кунед. Чӣ гуна мо метавонем бо мақсади сар кардани омӯзиш якум бор боздид кунем?
2. Барои он ки боздиди авваламон самаранок бошад, чӣ гуна тайёрӣ дида метавонем?
2 Чӣ гуна тайёрӣ дидан мумкин аст. Пеш аз боздид кардан, дар хона саволи аҷоиберо, ки ҷавобаш дар Китоби Муқаддас ҷой дорад тайёр кунед. Барои ин мо метавонем китоби «Таълимот»-ро истифода барем (гарчанд худи китобро дар вақти боздид бо худ намегирем). Баъзе намунаҳо аз ин китоб:
● Оё Худо нисбати мо бепарвову сахтдил аст? (саҳ. 9, сарх. 6 — саҳ. 11, сарх. 10)
● Оё ҷангу азобҳо хотима меёбанд? (саҳ. 12, сарх. 12, 13)
● Баъд аз марг чӣ мешавад? (саҳ. 59, 60, сарх. 7, 8)
● Оё барои мурдагон умед вуҷуд дорад? (саҳ. 71, сарх. 13–15)
● Чӣ тавр дуо гӯем, то ки Худо моро шунавад? (саҳ. 166, сарх. 5 — саҳ. 167, сарх. 8)
● Чӣ тавр хушбахтиро ба даст оварда метавонем? (саҳ. 9, сарх. 4, 5)
Ҳангоми боздид мо чунин гуфта метавонем: «Ин саволи аҷоибе, ки ҷавобаш дар Китоби Муқаддас ҷой дорад. Оё шумо дар ин бора фикр кардаед?» Баъд аз гӯш кардани суханони соҳибхона ҷавобро аз Китоби Муқаддас нишон диҳед. Сипас фаҳмонед, ки ин танҳо яке аз таълимотҳои Китоби Муқаддас аст ва саволеро бардоред, ки дар аввали боби 1-уми «Таълимот» ҷойгир бошад, то ки дафъаи оянда онро муҳокима намоед.
3. Агар барои дарҳол сар кардани омӯзиш имконият набошад, чӣ бояд кард?
3 Албатта, агар ҳангоми боздиди аввал барои сар кардани омӯзиш имконият набошад, мо метавонем барои давом додани муҳокима гапзанон кунем. Биёед дар моҳи октябр ҷидду ҷаҳд намоем, то ки омӯзиш сар карда, ба одамоне ки «ростиро» шинохтан мехоҳанд» кӯмак красонем! (Юҳ. 8:31, 32).