Ёдраскуниҳо оиди анҷуман
Вақти барномаи анҷуман. Соати 8:00 дари даромад кушода хоҳад шуд. Ҳар се рӯзи анҷуман мусиқӣ соати 9:20 сар мешавад. Дар ин вақт ҳамаамон бояд ҷойҳоямонро ишғол кунем, то барнома ба таври шоиста оғоз ёбад. Барнома рӯзҳои ҷумъаву шанбе тақрибан соати 17:00 ва рӯзи якшанбе тақрибан соати 16:00 анҷом хоҳад ёфт.
Яҳуваро бо суруд ҳамд гӯед. Халқи Худо аз давраҳои пеш Яҳуваро бо суруд ҳамд мегуфтанд ва мусиқӣ то имрӯз қисми муҳими ибодати мо ба ҳисоб меравад (Заб. 27:7). Қисмҳои барномаи анҷумани минтақавӣ бо мусиқӣ оғоз меёбад. Он мусиқӣ на танҳо барои оро додани анҷуман, балки барои оиди Яҳува таълим гирифтан ва Ӯро ибодат намудан, омода шудааст. Аз ин рӯ, вақте ки барандаи барнома садо додани мусиқиро эълон мекунад, ин маънои онро дорад, ки вақти он омад, то аз паи муошират нашуда, дар ҷойи худ нишинем ва мусиқиро бо миннатдорӣ гӯш кунем. Чунин амали мо нишон медиҳад, ки мо кӯшишҳои аъзоёни оркестри Ҷамъияти Бурҷи дидбониро қадр мекунем. Соле ду маротиба ин бародарону хоҳарон танҳо барои он ки мусиқии зеборо барои мо сабт кунанд, бо маблағи худ ба Паттерсон, Ню-Йорк сафар мекунанд. Баъд аз шунидани мусиқӣ ҳар як кас бо сароидани сурудҳои Салтанат, Яҳуваро ҳамд мегӯянд.
Истгоҳи нақлиёт. Дар ҷое, ки анҷуман мегузарад, барои нақлиёт истгоҳҳо тайёр карда мешаванд. Дарҳол баъди омадан, мошини худро дар ҷойҳои холии истгоҳ гузоштан мумкин аст. Азбаски одатан шумораи ҷой дар истгоҳ маҳдуд аст, хуб мебуд агар шумораи ҳар чӣ бештари ташрифоварандагон як мошинро истифода баранд. Танҳо онҳое ки дар мошинашон нишонаи махсус барои маъюбон доранд, мошини худро дар ҷои барои маъюбон ҷудошуда, гузошта метавонанд.
Ишғоли ҷойҳо. Вақте ки ҳар саҳар дарҳо кушода мешаванд, лутфан, барои гирифтани ҷои дилхоҳ нашитобед, гӯё ки бо дигар ҳузурдоштагон мусобиқа карда истода бошед. Рӯҳияи фидокорӣ бояд моро водор кунад, ки дар бораи беҳбудии дигарон ғамхорӣ кунем. Ин моро чун масеҳиёни ҳақиқӣ муаррифӣ намуда, ҳозиронро барои ҳамд гуфтани Яҳува бармеангезад (Юҳ. 13:34, 35; 1 Қӯр. 13:4, 5; 1 Пет. 2:12). Танҳо барои он шахсоне, ки ҳамроҳи шумо дар як мошин омадаанд, бо шумо дар як хона зиндагӣ мекунанд ва ё ҳамроҳашон омӯзиш мекунед, ҷой гирифтан мумкин аст. Илтимос, дар ҷойҳои ишғол накардаатон чизу чораи худро нагузоред. Ин рафтори шумо дар ин маврид ба дигарон кӯмак мерасонад, то бубинанд, ки он ҷойҳо холианд. Барои пиронсолон ва маъюбон ҷойҳои махсус ҷудо карда мешавад. Азбаски шумораи ин ҷойҳо маҳдуданд, барои кӯмак расондан ба маъюбон, ҳамроҳи онҳо танҳо як ё ду нафар нишаста метавонанд.
Сарулибоси шоиста. Сарулибоси мо дар анҷуман бояд мувофиқу хоксорона бошад ва рӯҳияи ин ҷаҳонро инъикос накунад (1 Тим. 2:9). Ҳангоми дар меҳмонхона ҳуҷра дархост кардан ё аз он рафтан ва дар вақти гузаронидани вақтҳои холигӣ, пеш ё баъд аз анҷуман, мо аз пӯшидани либосҳои ношоям ё чиркин канорагирӣ менамоем. Ҳамин тавр мо бо фахр лавҳачаи сарисинагии анҷуманро меовезем ва ҳангоми пайдо шудани имконият аз шаҳодат додан шарм намекунем. Намуди зоҳирӣ ва рафтори хуби мо дар анҷумани омадаистода, на танҳо одамони самимиро барои фаҳмидани хабари ҳаётбахши Китоби Муқаддас ҷалб мекунад, балки ба Яҳува низ хурсандӣ меорад (Саф. 3:17).
Одоби хуб ҳангоми истифодаи таҷҳизоти электронӣ. Агар мо дар давоми барнома телефонҳои мобилӣ ё дигар таҷҳизоти электрониамонро ба ҳолате гузаронем, ки ба дигарон халал нарасонад, ин нишонаи одоби хуб доштанамон аст. Ҳангоми истифодаи суратгирак, камера, планшет ва ғайра мо мехоҳем бодиққат бошем, то ҳуши дигаронро парешон накунем ва ё пеши онҳоро нагирем. Мо ҳамчунин одоби хуб нишон медиҳем, агар ҳангоми барнома, бе ягон зарурият ба навиштани СМС машғул нашавем.
Хӯроки нисфирӯзӣ. Лутфан, хӯрокатонро бо худ биёред, то ки ҳангоми танаффус ҷои анҷуманро тарк накунед. Агар даркор бошад, яхдон-сумкачаеро, ки зери курсӣ ҷо мешавад, бо худ гиред. Ба анҷуман яхдон-сумкаҳои калон ва зарфҳои шишагиро овардан мумкин нест.
Хайрия. Мо метавонем дар анҷуман ба кори умумиҷаҳонӣ хайрия карда, миннатдориамонро ба ин чорабинии рӯҳонӣ зоҳир созем. Ҳар чеки пулӣ бояд ба номи «Ҷамъомади масеҳии Шоҳидони Яҳува» навишта шавад. Ҳамчунин ба воситаи кортҳои дибетӣ ё кредитӣ хайрия кардан мумкин аст.
Доруворӣ. Агар духтур ба шумо ягон дору тавсия дода бошад, илтимос, бо худ овардани онро фаромӯш накунед, зеро ин гуна дорувориҳо дар анҷуман дастрас нестанд. Агар шахси дар анҷуманбуда, касалии қанд ё дигар беморӣ дошта бошад ва аз сӯзандору истифода барад, набояд онро дар ҳар ҷо партояд, то ки аз рӯи беэҳтиётӣ дигарон зарар набинанд. Инчунин сӯзандоруҳоро ба сатилҳои партове, ки дар бинои анҷуман ё меҳмонхонаҳо гузошта шудаанд, напартоед.
Қоидаҳои бехатарӣ. Илтимос, махсусан дар ҷойҳои лағҷонак ё ноҳамвор бодиққат бошед, то аз осеб дидан худро пешгирӣ намоед. Ҳар сол бисёриҳо аз боиси пойафзоли ноқулай осеб мебинанд, махсусан аз сабаби пӯшидани туфлиҳои пошнабаланд. Хуб мебуд, ки пойафзоли хоксоронаву мувофиқ пӯшем, зеро бо он дар зинапоя, рӯи панҷара ва дигар ҷойҳо роҳ рафтан бехатар аст.
Шахсоне ки узви шунавоиашон суст аст. Барномаи анҷуман ба воситаи мавҷи FM радио садо хоҳад дод. Барои гӯш кардани барнома ба шумо лозим аст, ки бо худ таҷҳизоти электронии мувофиқ ва гӯшмонакҳоро (наушник) гиред.
Аробачаи бачагона ва курсиҳои қатшаванда. Аробачаи бачагона ва курсии қатшавандаро дар ҷое, ки анҷуман мегузарад, овардан мумкин нест. Лекин барои овардани курсии бачагонаи бехатар, ки онро дар назди курсии волидон ҷойгир кунондан мумкин аст, рухсат дода мешавад.
Атриёт. Айни ҳол бисёр анҷуманҳо дар биноҳои болопӯшида мегузаранд, ки системаи сунъии ҳавотозакунӣ доранд. Бинобар ин истифодаи атриёти тезбӯйро маҳдуд намуда, мо ба дигарон муҳаббат зоҳир мекунем, зеро ин гуна мавод сабаби авҷ гирифтани бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва душвориҳои дигар шуда метавонад (1 Қӯр. 10:24).
Варақаи «Лутфан, ба назди ин шахс ташриф оред» (S-43). Агар дар рӯзҳои гузаштани анҷуман, дар натиҷаи шаҳодати ғайрирасмӣ шахсе шавқ пайдо кунад, лозим аст, ки оиди ин ба воситаи варақаи «Лутфан, ба назди ин шахс ташриф оред» (S-43) хабар диҳед. Варақаҳои пуркардашударо дар анҷуман ба шӯъбаи адабиёт ё баъдтар ба котиби ҷамъомади худ додан лозим аст.
Тарабхона ё ошхонаҳо. Ҳангоми дар тарабхона ё ошхона буданатон бо рафтори хуби худ исми Яҳуваро ҷалол диҳед. Либоси шумо бояд аз ходими Худо буданатон шаҳодат диҳад. Агар дар шаҳре, ки анҷуман мегузарад, ба пешхизмат додани ҳаққи хизмат одатӣ бошад, онро ба ӯ диҳед.
Меҳмонхонаҳо.
Илтимос, аз ҳад зиёд ҳуҷра дархост накунед ва бигзор бо шумо дар ҳуҷра аз меъёр зиёд одамон наистанд.
Агар ягон ҳолати фавқуллода рӯй надиҳад, беҳуда дархостатонро бекор накунед. Дар бораи бекор кардани дархостатон ҳар чӣ тезтар ба меҳмонхона хабар диҳед, то ки дигарон аз он ҳуҷра истифода бурда тавонанд (Мат. 5:37). Ҳангоми бекор кардани дархостатон боварӣ ҳосил кунед, ки ба шумо рақам (ё ин ки маълумот) оиди бекор кардани дархостатонро додаанд. Агар шумо дархости худро камтар аз 48 соат бекор кунед, пули шумо баргардонида намешавад.
Ба диққати онҳое, ки ҳуҷраҳоро бо истифодаи кортҳои дебетӣ ё кредитӣ дархост менамояд, мерасонем, ки одатан меҳмонхона аз корти шумо маблағеро барои ҳуҷра, ҳамчунин пешакӣ барои рӯпӯш кардани ягон осеби расондашуда ё дигар ҳолатҳои ногаҳонӣ мегирад. Ва шумо аз ин маблағ, то ҳисобу китоб кардани меҳмонхона, пас аз якчанд рӯзи рафтанатон, истифода бурда наметавонед.
Аз аробаи ҷомадонкашӣ танҳо он вақте ки ҷомадонҳо барои бурдан тайёранд, истифода баред ва даррав онро ба ҷояш баргардонед, то ки дигарон низ онро истифода бурда тавонанд.
Агар ин дар мамлакати шумо одат шуда бошад, ба коргарони меҳмонхона, вақте ки онҳо бори шуморо меоранд ё ин ки ҳуҷраатонро рӯбучин мекунанд, чойпулӣ монед.
Хӯрокро танҳо дар он ҳуҷраҳое, ки хӯрокпазӣ иҷозат дода шудааст, тайёр кунед.
Аз наҳориҳо, кофе ва яхҳои бепул суиистифода набаред — аз онҳо танҳо дар меҳмонхона истифода кардан мумкин аст. Ин хизматрасонӣ танҳо барои касоне, ки ҳуҷра дархост кардаанд, пешбинӣ шудааст.
Ҳангоми муошират бо кормандони меҳмонхона ҳамеша самари рӯҳро зоҳир кунед. Кормандони меҳмонхона дар бораи шумораи зиёди меҳмонон ғамхорӣ мекунанд ва агар мо нисбати онҳо меҳрубонӣ, сабру тоқат ва солимфикрӣ зоҳир кунем, онҳо инро хеле қадр мекунанд.
Волидон бояд ҳамеша ҳангоми дар меҳмонхона, ҳамчунин дар лифт, ҳавз, даромадгоҳ, толори варзишӣ ва ғайра буданашон, ба фарзандонашон аҳамият диҳанд.
Дар «Рӯйхати манзили тавсияшуда» нархи пурраи як шабонарӯзии дархости ҳуҷра навишта шудааст. Агар ба шумо нархномаи алоҳида барои он чизе, ки дархост ё истифода накарда будед, биёранд, онро насупоред ва ҳар чӣ зудтар дар ин бора ба шӯъбаи истиқоматии анҷуман хабар диҳед.
Дар бораи ҳар душворие, ки бо ҳуҷраи меҳмонхона вобаста аст, зудтар ба шӯъбаи истиқоматии анҷуман хабар диҳед.
Хизмати ихтиёриён. Ҳамаи онҳое, ки кӯмак расондан мехоҳанд, метавонанд ба шӯъбаи ихтиёриёни анҷуман муроҷиат кунанд. Кӯдакони то синни 16-сола низ метавонанд бо яке аз волидонашон ё ягон шахси калонтар, ки волидон иҷозат дода буданд, дар ин хизмат саҳми худро гузоранд.