МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 49
Оё Яҳува ба дуоҳоям ҷавоб медиҳад?
«Шумо сӯйи ман мехонед ва наздам меоед. Шумо ба ман дуо мегӯед ва ман ба шумо гӯш медиҳам» (ИРМ. 29:12).
СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо
ПЕШГУФТОРa
1, 2. Чаро баъзан ба назарамон метобад, ки Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб намедиҳад?
«ЛАЗЗАТИ зиндагониро дар Яҳува пайдо кун ва ӯ армони дилатро ба ту ато мекунад» (Заб. 37:4). Чӣ ваъдаи олиҷанобе! Вале оё мо интизор мешавем, ки ҳар чӣ аз Яҳува дар дуо пурсем, ӯ дарҳол ба мо онро медиҳад? Чаро ҷавоби ин савол зарур аст? Вазъиятҳои навбатиро тасаввур кунед. Хоҳари муҷарраде аз Яҳува мепурсад, ки ӯро ба Мактаби воизони хушхабар даъват кунанд. Якчанд сол мегузарад, вале орзуяш амалӣ намегардад. Бародари ҷавоне аз Яҳува илтиҷо мекунад, ки аз бемории вазнинаш ӯро халос кунад, то ки дар ҷамоат пурратар хизмат кунад. Вале вақт мегузараду саломатияш беҳтар намешавад. Волидони масеҳӣ дуо мегӯянд, ки фарзандашон дар роҳи ростӣ монад, вале фарзандашон аз Яҳува рӯ мегардонад.
2 Шояд шумо дар дуо аз Яҳува чизеро хоҳиш кардед, вале онро нагирифтед. Мумкин баъд аз ин шумо ба хулосае омадед, ки Яҳува ба баъзе дуоҳо ҷавоб медиҳаду ба баъзеяш не. Ё ба саратон фикре омада метавонад, ки, шояд, шумо ягон кори нодуруст кардаед. Хоҳаре бо номи Ҷенисb чунин фикр мекард. Ҷенис ва шавҳараш аз Яҳува хоҳиш мекарданд, ки онҳоро ба хизмати Байт-Ил даъват кунанд. Хоҳарамон мегӯяд: «Ман дилпур будам, ки моро ана-мана даъват мекунанд». Вале моҳҳову солҳо гузашту онҳоро даъват накарданд. Ҷенис мегӯяд: «Ман ғамгину ҳайратзада шудам. Фикр мекардам, ки Яҳува аз ягон кори ман норозӣ аст. Ман дуои аниқу дақиқ гуфта, раҳнамоии ӯро пурсидам. Барои чӣ ӯ ба дуои ман ҷавоб надод?»
3. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
3 Баъзан ба сари мо чунин фикр меояд, ки, шояд, Яҳува тамоман ба дуоҳои мо гӯш намедиҳад. Ин фикр аз сари ходимони қадими Худо низ гузашта буд (Айюб 30:20; Заб. 22:2; Ҳаб. 1:2). Чӣ шуморо дилпур сохта метавонад, ки Яҳува ба дуоҳоятон ҷавоб медиҳад? (Заб. 65:2). Барои инро фаҳмидан биёед ба се савол ҷавоб пайдо кунем: 1) мо аз Яҳува чиро интизор шуда метавонем? 2) Яҳува аз мо чиро интизор аст? 3) Чаро мо бояд ба баъзе дуоҳоямон дигаргунӣ дарорем?
МО АЗ ЯҲУВА ЧИРО ИНТИЗОР ШУДА МЕТАВОНЕМ?
4. Мувофиқи Ирмиё 29:12 Яҳува ба мо чӣ ваъда медиҳад?
4 Яҳува ваъда медиҳад, ки ба дуоҳои мо гӯш меандозад. (Ирмиё 29:12-ро хонед.) Яҳува парастандагони содиқашро дӯст медорад, аз ин рӯ ба дуоҳои мо беаҳамият нест (Заб. 10:17; 37:28). Аммо мо набояд чунин гумон кунем, ки ӯ ҳар як хоҳишамонро иҷро мекунад. Барои ба баъзе дуоҳоямон ҷавоб гирифтан, шояд ба мо лозим шавад, ки то дунёи нав интизор шавем.
5. Ҳангоми шунидани дуоҳоямон Яҳува чиро ба назар мегирад? Фаҳмонед.
5 Яҳува мебинад, ки дуоҳои мо чӣ тавр бо нияти ӯ алоқаманданд (Иш. 55:8, 9). Як қисми нияти Яҳува ин аст, ки заминро пур аз мардону занон гардонаду онҳо хушбахтона зери ҳокимияти ӯ зиндагӣ кунанд. Аммо Шайтон даъво кардааст, ки барои одамон беҳтар аст, агар онҳо бар худашон ҳукмронӣ кунанд (1 Мӯсо 3:1–5). Барои дурӯғ будани гапи Шайтонро нишон додан Яҳува иҷозат додааст, ки одамон бар худашон ҳукмрон бошанд. Аммо бар одам фармонраво будани одам сабабгори бисёри бадбахтиҳои мо мебошад (Пандгӯ 8:9). Вале мо медонем, ки Яҳува худи ҳозир тамоми душвориҳоро бартараф намекунад. Агар ӯ ин тавр кунад, баъзеҳо ба хулосае меоянд, ки ҳокимияти инсонӣ муваффақ гаштааст ва тамоми душвориҳои одамизодро ҳал намудааст.
6. Чаро мо бояд дилпур бошем, ки Яҳува моро дӯст медорад ва ҳамеша аз рӯйи адолат амал мекунад?
6 Яҳува метавонад ба дуоҳои монанд ба тарзи гуногун ҷавоб диҳад. Масалан, вақте шоҳ Ҳизқиё бемор буду аз Яҳува дар дуо шифо пурсид, Яҳува ӯро сиҳат кард (4 Подш. 20:1–6). Вале, вақте Павлуси расул аз Яҳува хоҳиш кард, ки нешеро аз ҷисмаш дур кунад, ки, эҳтимол, ягон беморӣ буд, Яҳува ин корро накард (2 Қӯр. 12:7–9). Мисоли ду расули Исо, Яъқуб ва Петрусро, ба ёд биёред. Ҳар дуи онҳоро шоҳ Ҳиродус дастгир карда, нияти куштан дошт. Аҳли ҷамоат барои Петрус дуо мегуфт ва бовар дорем, барои Яъқуб низ. Вале Яъқубро куштанду Петрус бошад, ба таври муъҷизавӣ наҷот ёфт (Кор. 12:1–11). Шояд, мо гӯем: «Барои чӣ Яҳува Петрусро наҷот доду Яъқубро не?» Охир, мо медонем, ки Яҳува ҳам аз ин розӣ буду ҳам аз ӯ (Ошкор. 21:14). Китоби Муқаддас дар ин бора чизе намегӯядc. Вале мо бовар дорем, ки роҳҳои Яҳува беинсофона нестанд (5 Мӯсо 32:4). Баъзан мо як чизро интизорем, вале оқибати кор дигар хел мешавад. Вале мо бовар дорем, ки Яҳува ба дуоҳои мо аз рӯйи муҳаббату адолат ҷавоб медиҳад ва мо ба тарзи ҷавоби ӯ шак намеорем (Айюб 33:13).
7. Мо аз кардани кадом кор эҳтиёт мешавем ва чаро?
7 Мо эҳтиёт мешавем, ки вазъияти худро бо дигарон муқоиса накунем. Фарз кардем, мо ба Яҳува дар бораи ягон чиз дуо мегӯему Яҳува ба гуфти мо намекунад. Вале баъдтар мефаҳмем, ки каси дигаре аз Яҳува айнан ҳамин хел хоҳиш кардааст ва ба дуояш ҷавоб гирифтааст. Бо хоҳаре, ки номаш Анна аст, чунин рӯй дод. Ӯ дуо мегуфт, ки шавҳараш Мэтю аз бемории саратон шифо ёбад. Ҳамзамон ду хоҳари пиронсол низ бо ин беморӣ мубориза мебурданд. Анна ҳам барои шавҳараш дуо мегуфт, ҳам барои он хоҳарон. Он ду хоҳар сиҳат шуданд, вале Мэтю қурбони бемории саратон шуд. Анна чунин меандешид: «Оё ин ду хоҳарро Яҳува шифо додааст? Агар ҳа, барои чӣ шавҳари маро сиҳат накард?» Албатта, мо аниқ намедонем, ки он ду хоҳарро Яҳува шифо дода буд ё не. Вале ҳаминашро медонем, ки ба наздикӣ Яҳува тамоми азобҳои моро ба якборагӣ нест мекунад ва ӯ муштоқи зинда кардани дӯстону наздикони фавтидаи мост (Айюб 14:15).
8. а) Мувофиқи Ишаъё 43:2 Яҳува чӣ тавр моро дастгирӣ мекунад? б) Чӣ тавр дуо ҳангоми озмоишҳои сахт ба мо кумак мекунад? (Ба видеонавори «Дуо ба мо қувват мебахшад» нигаред.)
8 Яҳува ҳамеша моро дастгирӣ мекунад. Азбаски Яҳува Падари меҳрубони мост, ӯ дарду ранҷи моро дидан намехоҳад (Иш. 63: 9). Аммо ӯ ҳамеша оташи озмоишҳоямонро хомӯш намекунаду дарёи монеаҳоро пеши мо хушк намесозад. (Ишаъё 43:2-ро хонед.) Вале ӯ ваъда медиҳад, ки аз дастамон гирифта, моро аз онҳо мегузаронад. Яҳува роҳ намедиҳад, ки озмоишҳоямон ба мо зарари доимӣ расонанд. Ҳамчунин ӯ ба мо рӯҳи муқаддасашро медиҳад, то ба онҳо тоб орем (Луқ. 11:13; Флп. 4:13). Аз ин рӯ мо дилпурем, ки барои бардошт кардани ҳар як душворӣ ва содиқ мондан Яҳува дастгирияшро аз мо ҳеҷ гоҳ дареғ намедорадd.
ЯҲУВА АЗ МО ЧИРО ИНТИЗОР АСТ?
9. Аз рӯйи Яъқуб 1:6, 7 чаро мо бояд бовар кунем, ки Яҳува кумакамон мекунад?
9 Яҳува интизор аст, ки мо ба ӯ такя кунем (Ибр. 11:6). Баъзан ба назар метобад, ки озмоишҳоямон аз қувватамон берунанд. Шояд, ҳатто диламон дур равад, ки Яҳува ба мо ёрдам медода бошад ё не. Вале Китоби Муқаддас моро дилпур месозад, ки бо ёрии Худо мо «ба болои девор» баромада метавонем (Заб. 18:29). Барои ҳамин бо дили пур дуо гӯеду сари мӯе шубҳа накунед, ки Яҳува ба ҳама дуоҳоятон ҷавоб медиҳад. (Яъқуб 1:6, 7-ро хонед.)
10. Бо мисол фаҳмонед, ки мувофиқи дуо амал кардан чӣ маъно дорад.
10 Яҳува аз мо интизор аст, ки мувофиқи дуоҳоямон амал кунем. Фарз кардем, бародаре аз Яҳува ёрдам мепурсад, ки барои ба анҷуман рафтан аз ҷойи кораш ҷавоб гирифта тавонад. Яҳува ба дуои ӯ чӣ тавр ҷавоб медиҳад? Шояд, Яҳува ба бародар далерӣ бахшад, ки назди раисаш рафта, ҷавоб пурсад. Мумкин, ба бародар лозим ояд, ки аз раисаш якчанд бор хоҳиш кунад. Шояд, ӯ тавонад якчанд рӯзи корияшро бо ҳамкораш иваз кунад. Эҳтимол, ба ӯ ҳатто лозим ояд, ки рухсатии бемузд гирад.
11. Чаро мо бояд дар бораи ташвишҳоямон такроран дуо гӯем?
11 Яҳува аз мо интизор аст, ки дар бораи ташвишҳоямон батакрор ба ӯ дуо гӯем (1 Тас. 5:17). Исо гуфта буд, ки Яҳува ба баъзе дуоҳоямон дарҳол ҷавоб намедиҳад (Луқ. 11:9). Аз ин рӯ бо як бор илтиҷо кардани Яҳува қонеъ нашавему гаштаву баргашта ва боғайратона ба ӯ дуо гӯем (Луқ. 18:1–7). Вақте мо аз Яҳува чизеро батакрор хоҳиш мекунем, ба ӯ нишон медиҳем, ки ин як нозу нузи зудгузар нест, балки ниёзи ҷиддӣ аст. Бо ин корамон мо ҳамчунин имонамонро ба Яҳува ва кумаки ӯ нишон медиҳем.
ШОЯД, БА ДУОҲОЯМОН КАМЕ ДИГАРГУНӢ ДАРОВАРДАН ЛОЗИМ ШАВАД
12. а) Дар бораи дархостамон кадом саволро бояд ба худ диҳем ва барои чӣ? б) Чӣ тавр фаҳмида метавонем, ки ҳангоми дуогӯйӣ мо ба Яҳува эҳтиром нишон медиҳем? (Ба чорчӯбаи «Оё дар дуоҳоям эҳтиром ба Яҳува дида мешавад?» нигаред.)
12 Агар мо дар дуо чизе пурсему ҷавобашро нагирем, ба худ се савол дода метавонем. Саволи якум чунин аст: «Оё ман дар бораи чизи дуруст дуо гуфта истодаам?» Аксар вақт мо чунин мешуморем, ки медонем чӣ бароямон хуб асту чӣ не. Вале, шояд, он чӣ ки дар борааш дуо мегӯем, оқибат ба мо фоида наорад. Шояд, Яҳува ҳалли беҳтареро барои душвории мо пешбинӣ кардааст ва ё, шояд, он чӣ ки мо аз ӯ хоҳиш мекунем, ба хосташ мувофиқ намеояд (1 Юҳ. 5:14). Барои мисол, дуои падару модарро дар бораи фарзандашон, ки дар аввали мақола дида баромадем, ба ёд оред. Онҳо аз Яҳува хоҳиш карданд, ки фарзандашонро дар роҳи ростӣ нигаҳ дорад. Дар назари аввал ин хоҳиш ягон бадӣ надорад, аммо Яҳува касеро маҷбур намекунад, ки ба ӯ хизмат кунад. Ӯ мехоҳад ҳар яки мо, аз ҷумла фарзандонамон, ихтиёран ба ӯ хизмат кунанд (5 Мӯсо 10:12, 13; 30:19, 20). Ба ҷойи ин он падару модар аз Яҳува кумак пурсида метавонистанд, ки тарбияашон ба дили фарзандашон асар кунаду ӯ аз таҳти дил Яҳуваро дӯст дорад ва дӯсти ӯ шавад (Пнм. 22:6; Эфс. 6:4).
13. Мувофиқи Ибриён 4:16 кай Яҳува ба мо кумак мекунад? Фаҳмонед.
13 Саволи дуюм чунин аст: «Оё ҳозир вақти мувофиқ аст, ки Яҳува ба дуоям ҷавоб диҳад?» Шояд, мо фикр кунем, ки худи ҳозир ба ҷавоби дуоямон ниёз дорем, вале Яҳува медонад, ки беҳтарин вақт барои ҷавоб додан кай аст. (Ибриён 4:16-ро хонед.) Вақте ба дуоямон дарҳол аз Яҳува ҷавоб намегирем, шояд, фикр кунем, ки ҷавоби Яҳува «не» мебошад, аммо, мумкин, ҷавобаш «не» неву «ҳоло не» бошад. Дар бораи бародаре фикр кунед, ки аз Яҳува хоҳиш мекард, ки ӯро шифо диҳад. Агар Яҳува ба таври муъҷиза ӯро сиҳат мекард, Шайтон даъво карда метавонист, ки он бародар ба Яҳува танҳо ба хотири он хизмат мекунад, ки ӯ шифояш додааст (Айюб 1:9–11; 2:4). Яҳува бошад, аллакай вақтеро муқаррар кардааст, ки тамоми бемориҳоро бартараф месозад (Иш. 33:24; Ошкор. 21:3, 4). То он вақт мо интизор намешавем, ки ӯ ба таври муъҷиза ҳар як дарди моро даво месозад. Он бародар аз Яҳува хоҳиш карда метавонад, ки ба вай қувват ва осоиштагӣ диҳад, то ба беморияш тоб ораду ба ӯ содиқона хизмат карданро давом диҳад (Заб. 29:11).
14. Аз саргузашти Ҷенис чиро омӯхтед?
14 Ҷенисро ба хотир оред, ки дар бораи хизмати Байт-Ил дуо гуфта буд. Ӯ танҳо баъд аз панҷ сол фаҳмид, ки Яҳува ба дуояш чӣ хел ҷавоб додааст. Ҷенис мегӯяд: «Дар он муддате, ки ҷавоби дуоямро интизор мешудам, Яҳува маро таълим медоду шакл медод. Ман дидам, ки бояд ба ӯ бештар такя менамудам. Одатҳои омӯзиши шахсиям низ ба беҳбудӣ ниёз дошт. Ғайр аз ин, ман бояд шодии ҳақиқиро меёфтам, ки аз дили одам сар мезанаду ба вазъияти беруна вобаста нест». Баъдтар Ҷенису шавҳараш таъйиноти нав гирифтанд. Шавҳари ӯ хизматро ҳамчун нозири ноҳиявӣ сар кард. Ба қафо нигариста Ҷенис мегӯяд: «Яҳува ба дуоҳоям ҷавоб дод, вале на он тавре ки ман интизор будам. Каме вақт даркор буд, ки ҳикмати ҷавоби зебояшро бинаму дарк намоям. Ман аз Яҳува барои некиву муҳаббаташ бисёр миннатдорам».
Агар ҳис кунед, ки Яҳува ба дуоятон ҷавоб надода истодааст, дар бораи ягон чизи дигар дуо гӯед (Ба сархати 15 нигаред.)f
15. Чаро мо бояд баъзан умумитар дуо гӯем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)
15 Саволи сеюм чунин аст: «Шояд, ман бояд дар бораи чизи дигар дуо гӯям?» Ҳарчанд дар бораи як чизи аниқ дуо гуфтан бисёр хуб аст, баъзан умумитар дуо гуфта, мо пай мебарем, ки хости Яҳува чист. Мисоли хоҳареро ба ёд оред, ки орзу дорад дар Мактаби воизони хушхабар таҳсил кунад. Ӯ мехоҳад дар он мактаб хонда, ба минтақаи воизталаб равад. Аз ин рӯ ҷавоби ин дуояшро интизор шуда хоҳарамон метавонад аз Яҳува хирад пурсад, то ба ӯ нишон диҳад, ки бо кадом роҳҳо доираи хизматашро васеъ карда метавонад (Кор. 16:9, 10). Сипас ӯ мувофиқи дуояш амал карда аз нозири ноҳиявияш пурсида метавонад, ки оё ягон ҷамоати ҳамсоя ба пешравони бештар ниёз дорад. Ё ӯ метавонад ба филиал нависаду аз бародарон хоҳиш кунад, ки ба ӯ ягон минтақаи камвоизу кумакталабро тавсия диҳандe.
16. Мо аз чӣ дилпур буда метавонем?
16 Ин мақола моро дилпур сохт, ки Яҳува ба дуоҳои мо аз рӯйи муҳаббату адолат ҷавоб медиҳад (Заб. 4:3; Иш. 30:18). Баъзан мо ҷавоберо, ки интизораш ҳастем, намегирем, вале Яҳува ҳеҷ гоҳ аз шунидани дуоҳоямон гӯшашро намепӯшад. Ӯ моро сахт дӯст медорад ва ҳаргиз тарк намекунад (Заб. 9:10). Аз ин рӯ доимо ба Худо такя кунед ва дилатонро дар дуо ба ӯ холӣ намоед (Заб. 62:8).
СУРУДИ 13 Дуои шукргузорӣ
a Ин мақола моро дилпур месозад, ки Яҳува ба дуоҳоямон ҳамеша аз рӯйи муҳаббату адолат ҷавоб медиҳад.
b Баъзе номҳо иваз шудаанд.
c Ба мақолаи «Ба росткории Яҳува ҳеҷ гоҳ шубҳа накунед» аз «Бурҷи дидбонӣ» моҳи феврали 2022, сарх. 3–6 нигаред.
d Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи он ки чӣ тавр Яҳува ҳангоми озмоишҳо истодагӣ медиҳад, аз сомонаи jw.org ба видеонавори «Дуо ба мо қувват мебахшад» нигаред.
e Агар дар минтақаҳои дигар филиал хизмат кардан хоҳед ба китоби «Созмоншудагон» (рус.) боби 10, сарх. 6–9 нигаред.
f ШАРҲИ РАСМ: Ду хоҳар дуо гуфта, барои Мактаби воизони хушхабар варақа пур мекунанд. Баъдтар якеро ба ин мактаб даъват мекунанду дигареро не. Хоҳаре, ки даъваташ накарданд, рӯҳафтода намешаваду аз Яҳува роҳнамоӣ мепурсад, то ба ӯ нишон диҳад, ки дар хизмати ӯ чӣ хел қувваташро сарф кунад. Баъд ӯ ба филиал нома менависад, то фаҳмад, ки дар кадом минтақа воизон даркор аст.