Сешанбе, 29 июл
Ман аз ту розиям (Луқ. 3:22).
Донистани он ки Яҳува аз халқаш розист, ба мо хурсандӣ мебахшад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Яҳува аз халқи худ хушнуд аст» (Заб. 149:4). Вале баъзан мо чунон рӯҳафтода мешавем, ки аз худ мепурсем: «Оё Яҳува шахсан аз ман розист?» Чунин фикру ҳиссиёт аз дили хизматгорони пештараи Яҳува ҳам гузашта буд (1 Подш. 1:6–10; Айюб 29:2, 4; Заб. 51:11). Китоби Муқаддас равшан месозад, ки одамони нокомил ризои Худоро соҳиб шуда метавонанд. Чӣ тавр? Агар мо ба Исои Масеҳ имон орему таъмид гирем (Юҳ. 3:16). Бо ин корамон мо дар пеши ҳама нишон медиҳем, ки аз гуноҳҳоямон тавба карда, ваъда додаем, ки хости Худоро ба ҷо меорем (Кор. 2:38; 3:19). Вақте мо барои бо Яҳува дӯст шудан ин қадамҳоро мегузорем, ӯ хеле шод мешавад. То он даме ки мо бо ҷону дил мекӯшем аз рӯйи ин ваъдаамон зиндагӣ кунем, Яҳува аз мо розист ва моро дӯстони худ мешуморад (Заб. 25:14). w24.03 саҳ. 26, сарх. 1, 2
Чоршанбе, 30 июл
Мо наметавонем дар бораи чизҳои дидаву шунидаамон гап заданро бас кунем (Кор. 4:20).
Вақте ҳокимиятдорон аз мо талаб мекунанд, ки мавъиза карданро бас кунем, мо мисли шогирдони Исо амал мекунем. Мо метавонем дилпур бошем, ки Яҳува дар иҷрои таъйинотамон ба мо кумак мекунад. Барои ҳамин аз ӯ дар дуо далерӣ ва хирад пурсед. Аз Яҳува кумак пурсед, ки дар мушкилиҳо истодагӣ кунед. Бисёри мо аз беморӣ, мушкилии равонӣ, марги шахси наздик, вазъияти душвор дар оила, озору азият ё дигар чизҳо азоб мекашем. Вабои оламгир ва ҷангҳо бошанд, бори бисёри ин мушкилиҳоро бароямон боз ҳам вазнин кардаанд. Дилатонро ба Яҳува холӣ кунед. Дар бораи вазъияти худ ба ӯ тавре гӯед, ки ба дӯсти ҷониатон мегуфтед. Боварӣ дошта бошед, ки Яҳува бар манфиати шумо «амал хоҳад кард» (Заб. 37:3, 5). Пайваста дуо гуфтан кумак мекунад, ки «дар азобҳо истодагӣ» намоем (Рум. 12:12). Яҳува медонад, ки хизматгоронаш чӣ мушкилиҳоро аз сар мегузаронанд. Вақте онҳо аз ӯ мадад металабанд, ӯ«фиғони онҳоро мешунавад» (Заб. 145:18, 19). w23.05 саҳ. 5, 6, сарх. 12–15
Панҷшанбе, 31 июл
Ҳамеша бовар ҳосил кунед, ки чӣ ба Худованд маъқул аст (Эфс. 5:10).
Вақти қарорҳои муҳим баровардан мо бояд «аз пайи фаҳмидани хости Яҳува» бошем ва мувофиқи он амал кунем (Эфс. 5:17). Вақте мо аз Китоби Муқаддас принсипҳоеро меёбем, ки ба вазъияти мо дахл доранд, дар он масъала аз Худо маслиҳат мепурсем. Вақте ин принсипҳоро ба кор мебарем, қарорҳои беҳтар мекунем. Душмани мо, Шайтони бадкор, мехоҳад моро бо кору бори ин ҷаҳон чунон саргарм кунад, ки барои хизмати Худо вақтамон намонад (1 Юҳ. 5:19). Чунин шуданаш мумкин аст, ки масеҳӣ пулу мол, маълумоти ҷаҳонӣ ё мансабу мартабаро аз хизмати Яҳува баландтар гузорад. Агар ӯ ба ин роҳ диҳад, маълум мешавад, ки фикрронии ин ҷаҳон ба сараш таъсир карда истодааст. Албатта, ин чизҳои номбурда ба худии худ бадие надоранд, аммо ҳеҷ гоҳ онҳоро дар ҷойи аввали ҳаётамон набояд монд. w24.03 саҳ. 24, сарх. 16, 17