Ҳушаъ
Ту музди зиноро, ки дар ҳар хирмангоҳ мегирӣ, дӯст доштаӣ.+
2 Аммо хирмангоҳ ва чархушт онҳоро сер намекунад
Ва шароби нав насиби ӯ намешавад.+
3 Онҳо дигар дар замини Яҳува зиндагӣ нахоҳанд кард,+
Балки Эфроим ба Миср хоҳад баргашт
Ва дар Ошур хӯроки ҳаром хоҳад хӯрд.+
Онҳо мисли нони мотам ҳастанд,
Ҳар касе, ки онро хӯрад, нопок мешавад.
Нони онҳо танҳо барои худи онҳост,
Он ба хонаи Яҳува оварда намешавад.
5 Пас, шумо дар рӯзи ҷамъомад*,
Дар рӯзи иди Яҳува, чӣ кор хоҳед кард?
6 Онҳо аз дасти харобӣ рӯ ба гурез меоранд.+
Миср онҳоро ҷамъ мекунад+ ва Мемфис онҳоро мегӯронад.+
Ганҷҳои нуқрагини онҳоро газна* соҳиб мешавад
Ва хаймаҳои онҳо аз хорбуттаҳо пур мегарданд.
Пайғамбарашон аз ақл бегона ва ғайбдонашон девона мешавад,
Азбаски хатои ту бисёр аст, душманӣ ҳам бо ту бисёр аст».
8 Дидбони+ Эфроим бо Худоям буд,+
Аммо ҳозир роҳҳои пайғамбаронаш+ чун домҳои сайёди парандагон аст,
Хонаи Худояш пур аз душманист.
9 Онҳо чун дар замони Ҷибъо ғарқи бадахлоқӣ шудаанд.+
Ӯ хатои онҳоро ба хотир меорад ва барои гуноҳҳояшон ҷазо медиҳад.+
10 «Ман Исроилро мисли ангуре дар биёбон ёфтам,+
Бобоёни шуморо мисли навбари анҷири пешпазаке бар дарахти анҷир дидам,
Вале онҳо назди Баали Фаӯр рафтанд,+
Саргарми корҳои бешармона* шуданд+
Ва мисли худое, ки дӯсташ медоштанд, нафратангез гаштанд.
11 Ҷалоли Эфроим мисли мурғе парида меравад,
Онҳо на мезоянд, на дар шикам бача калон мекунанд ва на дар қадашон кӯдак мешавад.+
12 Кӯдак калон кунанд ҳам,
Ман онҳоро якто намонда нест мекунам.+
Вой ба ҳолашон, вақте аз онҳо рӯй гардонам!+
13 Эфроим, ки дар алафзор шинонда шудааст, бароям мисли Сӯр буд,+
Акнун Эфроим ночор писаронашро ба куштан медиҳад».
14 Эй Яҳува, сазои онҳоро, ки доданиӣ, бидеҳ,
Ба онҳо шиками бачапарто ва синаҳои хушк бидеҳ.
15 «Тамоми бадиҳои онҳо дар Ҷилҷол+ аст ва дар ҳамон ҷо аз онҳо нафрат кардам.
Мирони онҳо ҳама саркашанд.
16 Эфроим зарба мехӯрад.+
Решаи онҳо хушк мешавад ва онҳо мевае намедиҳанд.
Таваллуд кунанд ҳам, самари нозпарварди онҳоро мекушам».
17 Худоям аз онҳо рӯй мегардонад,
Чунки ба гапаш гӯш надоданд.+
Онҳо дар миёни халқҳо гуреза мешаванд.+