ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • es25 саҳ. 57-67
  • Июн

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Июн
  • Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо — 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Якшанбе, 1 июн
  • Душанбе, 2 июн
  • Сешанбе, 3 июн
  • Чоршанбе, 4 июн
  • Панҷшанбе, 5 июн
  • Ҷумъа, 6 июн
  • Шанбе, 7 июн
  • Якшанбе, 8 июн
  • Душанбе, 9 июн
  • Сешанбе, 10 июн
  • Чоршанбе, 11 июн
  • Панҷшанбе, 12 июн
  • Ҷумъа, 13 июн
  • Шанбе, 14 июн
  • Якшанбе, 15 июн
  • Душанбе, 16 июн
  • Сешанбе, 17 июн
  • Чоршанбе, 18 июн
  • Панҷшанбе, 19 июн
  • Ҷумъа, 20 июн
  • Шанбе, 21 июн
  • Якшанбе, 22 июн
  • Душанбе, 23 июн
  • Сешанбе, 24 июн
  • Чоршанбе, 25 июн
  • Панҷшанбе, 26 июн
  • Ҷумъа, 27 июн
  • Шанбе, 28 июн
  • Якшанбе, 29 июн
  • Душанбе, 30 июн
Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо — 2025
es25 саҳ. 57-67

Июн

Якшанбе, 1 июн

Мо бояд азобҳои бисёреро паси сар карда, ба Подшоҳии Худо дароем (Кор. 14:22).

Азбаски масеҳиёни асри як ба вазъияти тағйирёфта мутобиқ шуданд, Яҳува онҳоро баракат дод. Онҳоро бисёр вақт озору азият медоданд. Баъзан ин барои онҳо ногаҳонӣ буд. Мисоли Барнаббо ва Павлуси расулро мегирем. Вақте онҳо дар Лустра мавъиза мекарданд, дар аввал одамон нағз пешвозашон гирифта, ба онҳо гӯш доданд. Лекин баъдтар, вақте душманон омада «мардумро аз роҳ заданд», баъзеҳо аз байни ин одамон Павлусро сангсор карда, партофтанд, то мурад (Кор. 14:19). Лекин Барнаббо ва Павлус хизматашонро дар дигар ҷо давом доданд. Ин чӣ натиҷа овард? Онҳо «шогирдони зиёде» тайёр карданд ва бо гуфтору намунаи худ ҳамимононашонро қувват бахшиданд (Кор. 14:21, 22). Азбаски Павлусу Барнаббо ба озору азияти ногаҳонӣ таслим нашуданд, бисёриҳо аз ин манфиат гирифтанд. Барои ҳамин, агар мо низ, то бас гуфтани Яҳува, хизматамонро давом диҳем, баракат хоҳем ёфт. w23.04 саҳ. 16, 17, сарх. 13, 14

Душанбе, 2 июн

Эй Яҳува, дуоямро бишнав ва ба зориҳоям гӯш андоз. Дар рӯзи тангӣ сӯйи ту мехонам, зеро медонам, ки ба ман ҷавоб медиҳӣ (Заб. 86:6, 7).

Довуд дар ҳаёт бисёр душманони ашаддӣ дошт ва тез-тез дар дуо аз Яҳува кумак мепурсид. Ӯ бовар дошт, ки Яҳува дуоҳояшро мешунавад ва ба ӯ ҷавоб медиҳад. Шумо низ аз ин ҷиҳат дилпур буда метавонед. Китоби Муқаддас моро дилпур месозад, ки Яҳува ба мо хирад ва қувват медиҳад, то истодагӣ кунем. Барои ин ӯ метавонад бародару хоҳарон ё ҳатто онҳоеро, ки ҳоло ӯро парастиш намекунанд, истифода бурда бо ин ё он роҳ ба мо кумак кунад. Гарчанд Яҳува ҳамеша ба дуоҳои мо ба таври дилхоҳамон ҷавоб намедиҳад, онҳо ҳеҷ гоҳ беҷавоб намемонанд. Ӯ моро бо ҳар чизе, ки бароямон зарур аст, саривақт таъмин мекунад. Барои ҳамин минбаъд низ бо имон ба ӯ дуо гӯед. Боварӣ дошта бошед, ки Яҳува аллакай имрӯз дар бораатон ғамхорӣ мекунад. Дар дунёи нав бошад, «ҳар ҷони зиндаро бо чизи дилхоҳаш сер [мекунад]» (Заб. 145:16). w23.05 саҳ. 8, сарх. 4; саҳ. 13, сарх. 17, 18

Сешанбе, 3 июн

Ба Яҳува барои ҳама некиҳое, ки дар ҳаққам кардааст, чӣ тавр боздиҳам? (Заб. 116:12).

Хуб мебуд, то фикр кунед, ки ба мақсад расида, чӣ манфиат мегиред. Ба мақсад расидан ба шумо чӣ манфиат меорад? Агар мақсад монда бошед, ки хониши Китоби Муқаддас ё дуоҳоятонро беҳтар гардонед, фикр кунед, ки чӣ хел ин муносибататонро бо Яҳува мустаҳкам мекунад (Заб. 145:18, 19). Агар мақсадатон инкишоф додани хислатҳои нек бошад, андеша кунед, ки чӣ хел ин муносибати шуморо бо дигарон беҳтар мекунад (Қӯл. 3:14). Рӯйхат кунед, ки бо кадом сабабҳо шумо ба мақсадатон расидан мехоҳед. Сипас ин рӯйхатро пайваста аз назар гузаронед. Бо онҳое вақт гузаронед, ки шуморо дастгирӣ мекунанд (Пнм. 13:20). Ҷойи пинҳонӣ нест, ки дар ҳаёт лаҳзаҳое мешаванд, ки одам барои сӯйи мақсадаш ҳаракат кардан ягон майлу хоҳиш надорад. Пас, оё гуфтан мумкин аст, ки мо барои сӯйи мақсадамон ҳаракат кардан имконият надорем? Не. Ҳатто вақте хоҳишамон набошад, мо метавонем сӯйи мақсади худ ҳаракат кунем. Ин кор, албатта, тартибу низомро металабад, вале натиҷаҳое, ки ба даст меоред, шуморо хеле хурсанд мекунанд. w23.05 саҳ. 27, 28, сарх. 5–8

Чоршанбе, 4 июн

Он чӣ одам мекорад, ҳамонро медаравад (Ғал. 6:7).

Барои ҳамин мо натиҷаи қарорҳои нодуруст, сухану амалҳои бехирадонаамонро мечашем ва азоби виҷдон мекашем. Лекин, агар барои қарорҳоямон ҷавобгарӣ ҳис кунем, гуноҳамонро ба гардан мегирем, ислоҳ мешавем ва онро такрор намекунем. Ҳамин тавр мо аз роҳи ҳаёт дур намешавем. Агар шумо натиҷаи қарори нодурустатонро дигар карда натавонед, вазъияти ҳозираатонро қабул кунед. Барои ҳамин вақту қуввататонро сарф карда худро сафед накунед ё, баръакс, худ ё дигаронро айбдор накунед. Беҳтараш, хатоятонро ба гардан гирифта, ҳар чӣ аз дастатон ояд, кунед. Агар худро гунаҳкор ҳисобед, бо хоксорӣ дуо гуфта, аз Яҳува бахшиш пурсед ва ба гуноҳатон иқрор шавед (Заб. 25:11; 51:3, 4). Ҳамчунин аз касоне, ки ба онҳо дард овардед, бахшиш пурсед. Агар даркор шавад, кумаки пиронро ҷӯед (Яъқ. 5:14, 15). Кӯшиш кунед, ки хатоятонро дигар такрор накунед. Дар ин ҳол дилпур шуда метавонед, ки Яҳува ба шумо раҳм зоҳир карда, шуморо дастгирӣ мекунад (Заб. 103:8–13). w23.08 саҳ. 28, 29, сарх. 8, 9

Панҷшанбе, 5 июн

Еҳуош тамоми рӯзҳое, ки Еҳуёдои коҳин маслиҳатгари ӯ буд, он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал меовард (4 Подш. 12:2).

Еҳуёдоъ ба шоҳи ҷавон Еҳуош таъсири хуб расонд То даме ки ӯ зинда буд, Еҳуош аз пайи шод кардани дили Яҳува буд, аммо, ҳамин ки Еҳуёдоъ аз дунё гузашт, Еҳуош ба мирони осӣ гӯш дода аз Яҳува дур шуд (2 Воқ. 24:4, 17, 18). Аз рафтори онҳо сахт ранҷида, Худо «ба назди онҳо пайғамбаронро мефиристод, то сӯйи Яҳува баргарданд... лекин онҳо гӯш надоданд». Онҳо ҳатто ба суханони Закарёи писари Еҳуёдоъ, ки на танҳо коҳину пайғамбар, балки аммабачаи Еҳуош буд, гӯш надоданд. Бо амри Еҳуоши подшоҳ Закарё кушта шуд (2 Воқ. 22:11; 24:19–22). Шоҳ Еҳуош тарси солимро ба Худо нигоҳ надошт. Яҳува дар Каломаш гуфта буд: «Онҳое, ки маро хор медоранд, беобрӯ мешаванд» (1 Подш. 2:30). Ин суханон дар ҳаққи Еҳуош иҷро шуданд. Лашкари камшумори арамиён ба «лашкари хеле сершумор»-и Еҳуош ҳамла оварда, онро шикаст доданд ва худи «ӯро сахт захмдор» намуданд. Баъд аз рафтани арамиён ходимони Еҳуош ба ҷони ӯ суиқасд намуда, барои куштани Закарё ӯро ба қатл расонданд. Баъд аз маргаш ин шоҳи бадкорро ҳатто шоиста надонистанд, ки «дар қабри шоҳон» гӯронанд (2 Воқ. 24:24, 25). w23.06 саҳ. 18, 19, сарх. 16, 17

Ҷумъа, 6 июн

Шумо замоне торикӣ будед, вале, акнун... нур ҳастед (Эфс. 5:8).

Павлус вақти зиёде дар Эфсӯс истода бо таълиму мавъиза машғул буд (Кор. 19:1, 8–10; 20:20, 21). Ӯ бародару хоҳарони он ҷоро дӯст медошт ва мехост ба онҳо ёрӣ расонад, то онҳо ба Яҳува содиқ монанд. Масеҳиёни Эфсӯс, ки Павлус ба онҳо менависад, пештар ғуломи таълимоту боварҳои дурӯғ буданд. Эфсӯс дар бадахлоқию беҳаёгӣ машҳур шуда буд. Гуфтори бешармона дар намоишгоҳҳову идҳои динӣ зуд-зуд садо медод (Эфс. 5:3). Дар бораи мардуми он ҷо гуфта мешавад, ки «онҳо ору номусро тамоман аз даст додаанд», ки тарҷумаи як ба якаш чунин аст: «Онҳо дардро дигар ҳис намекунанд» (Эфс. 4:17–19). Пеш аз фаҳмидани ҳақиқат ва дарк кардани некию бадӣ азобу дарди виҷдон барои эфсӯсиён як чизи бегона буд. Аз ин рӯ Павлус дар бораашон гуфта буд: «Ақли он одамон тира гаштааст ва онҳо аз ҳаёте, ки Худо медиҳад, дуранд». Аммо баъзе аз эфсӯсиён дар торикӣ намонданд. w24.03 саҳ. 20, сарх. 2, 4; саҳ. 21, сарх. 5, 6

Шанбе, 7 июн

Онҳое, ки ба Яҳува умед мебанданд, қуввати нав меёбанд... ва хаста намегарданд (Иш. 40:31).

Таъйиноти Ҷидъӯн кӯшиши зиёдро талаб мекард. Вақте мидёниён аз ҷойи ҷанг нисфи шаб рӯ ба гурез оварданд, Ҷидъӯн аз водии Изреъил то дарёи Урдун онҳоро сур кард (Дов. 7:22). Вақте Ҷидъӯн ба Урдун расид, оё аз роҳаш бозистод? Не! Ҳарчанд ӯ ва 300 аскараш монда буданд, барои дастгир кардани душманон аз дарё гузашта, дунболагириро давом доданд. Охиру оқибат онҳо ба мидёниён расида гирифтанд ва онҳоро мағлуб карданд (Дов. 8:4–12). Ҷидъӯн бовар дошт, ки Яҳува ба ӯ қувват медиҳад ва ҳамин тавр ҳам шуд (Дов. 6:14, 34). Боре ду шоҳи мидёнӣ бо Ҷидъӯну мардонаш ҷангида, рӯ ба гурез оварданд. Ҷидъӯну лашкараш ин подшоҳонро, ки, эҳтимол, шутурсавор буданд, сур карданд. Ҳарчанд онҳо пойи пиёда буданд, бо кумаки Яҳува ба душманони худ расида гирифтанд ва онҳоро мағлуб карданд (Дов. 8:12, 21). Пирон ҳам ба Яҳува, ки «ҳаргиз монда намешавад ва бемаҷол намегардад», такя карда метавонанд, зеро ӯ аз онҳо қуввати даркориро дареғ намедорад (Иш. 40:28, 29). w23.06 саҳ. 6, сарх. 14, 16

Якшанбе, 8 июн

[Яҳува] аз шумо рӯ намегардонад ва шуморо танҳо намемонад (5 Мӯсо 31:6).

Чӣ озмоише ба сарамон наояд, мо дили қавӣ дошта метавонем. Барои ҳамин мо ба Яҳува такя мекунем. Биёед бинем, ки чӣ тавр ба дастури Яҳува гӯш додан ба Бороқ кумак кард, ки ғалаба ба даст орад. Яҳува ба Бороқ гуфт, ки бар зидди лашкари мусаллаҳи Сисрои канъонӣ барояд, ҳарчанд дар байни исроилиён на сипар дида мешуду на найза (Дов. 5:8). Дебӯро, ки пайғомҳои Худоро мерасонд, ба Бороқ гуфт, ки ба водӣ фаромада, бо Сисро ва 900 аробаи ӯ ҷанг кунад. Ҳарчанд Бороқ медонист, ки дар замини ҳамвор бар зидди душмане, ки аробаҳои ҷангӣ дорад, мубориза бурдан осон намешавад, ӯ ба амри Яҳува итоат кард. Ҳамин ки аскарон аз кӯҳи Тобӯр фаромаданд, Яҳува аз осмон борони сахте боронид. Аробаҳои Сисро дар лойқа руст монданду Бороқ бо ёрдами Яҳува бар канъониён дастболо шуд (Дов. 4:1–7, 10, 13–16). Агар мо ҳам ба Яҳува ва роҳнамоии ташкилоташ такя кунем, ғолиб меоем. w23.07 саҳ. 19, сарх. 17, 18

Душанбе, 9 июн

Ҳар кӣ то охир истодагӣ кунад, наҷот меёбад (Мат. 24:13).

Сабр барои наҷоти мо зарур аст. Мисли хизматгорони Худо дар замони пеш мо низ бояд иҷро шудани ваъдаҳои Худоро интизор шавем (Ибр. 6:11, 12). Вазъияти мо дар Китоби Муқаддас ба деҳқон монанд карда шудааст (Яъқ. 5:7, 8). Деҳқон тухмиро корида, намедонад, ки он айнан кай месабзад, аммо ӯ пурсаброна интизор мешавад. Мо низ дар кори Яҳува заҳмат кашида, намедонем, ки рӯзи ӯ кай меояд (Мат. 24:42). Мо пурсаброна ин рӯзро мунтазир мешавем ва бовар дорем, ки Яҳува дар вақташ тамоми ваъдаҳояшро амалӣ мегардонад. Агар мо аз сабру интизорӣ дилгир шавем, аз роҳи ростӣ оҳиста-оҳиста дур шуда метавонем. Мо ба доми лаззатпарастӣ афтода, аз рӯзи фардо фаромӯш мекунем. Аммо, агар сабрро пеша кунем, то охир истодагӣ намуда, наҷот меёбем (Мико 7:7). w23.08 саҳ. 22, сарх. 7

Сешанбе, 10 июн

Ангуштони пойҳо қисман аз оҳан ва қисман аз гил буданд (Дон. 2:42).

Пешгӯйии Дониёл 2:41–43-ро бо дигар пешгӯйиҳои китоби Дониёл ва Ошкорсозӣ муқоиса карда, ба хулоса меоем, ки пойҳо иттиҳоди Бритониёву Амрикоро тасвир мекунад, ки имрӯз империяи ҷаҳонӣ мебошад. Дар бораи ин подшоҳӣ Дониёл гуфт, ки он «қисман қавӣ ва қисман суст мешавад». Чаро? Зеро одамони одӣ, ки дар ин ҷо чун гили мулоим тасвир ёфтаанд, қуввати оҳанини ин империяро суст мегардонанд. Мо аз ҳайкале, ки Набукаднесар дар хоб дида буд, махсусан аз пойҳои он, якчанд дарсҳои муҳимро мефаҳмем. Якум, империяи ҷаҳонии Бритониёву Амрико қудрати худро аз баъзе ҷиҳат нишон медиҳад. Масалан, он барои ғалаба дар Ҷанги якум ва дуюми ҷаҳон нақши асосӣ бозид. Лекин ин империя суст гардид ва аз сабаби муноқишаи дохилии шаҳрвандонаш минбаъд низ суст мегардад. Дуюм, вақте Подшоҳии Худо ҳамаи ҳокимиятҳои инсониро нест мекунад, ин иттиҳод охирин империяи ҷаҳонӣ мешавад. w23.08 саҳ. 10, 11, сарх. 12, 13

Чоршанбе, 11 июн

Дар тангии худ сӯйи Яҳува хондам, аз Худоям мадад мехостам. Ӯ аз даргоҳи худ овози маро шунид (Заб. 18:6).

Гоҳ-гоҳ озмоишу сахтиҳо бар сари Довуд омада, ӯро зиқ мекарданд (Заб. 18:4, 5). Вале муҳаббату ғамхории Яҳува доимо ҷонашро тароват мебахшид. Яҳува дӯсти аз ҳол рафтаашро ба «чарогоҳҳои сералаф» ва «ҷойҳои серобу роҳатафзо» мебурд. Аз ин Довуди нимҷон қуввати нав меёфту ба по мехест (Заб. 18:28–32; 23:2). Мо медонем, ки имрӯз низ «ҳамин меҳру вафои Яҳува аст, ки» мо аз ҳамлаи озмоишу сахтиҳо «нобуд нашудаем» (Нолаҳо 3:22; Қӯл. 1:11). Ҷони Довуд борҳои зиёд дар хавфу хатар буд ва ӯ душманони пурқудрате дошт. Аммо оғӯши муҳаббати Яҳува ба ӯ оромиву амонӣ мебахшид. Довуд дар ҳар нафас ҳис мекард, ки Яҳува бо ӯст ва ин қуввати дилаш буд. Барои ҳамин ӯ чунин сароид: «[Яҳува] маро аз ҳамаи тарсҳоям раҳо кард» (Заб. 34:4). Бар сари Довуд хавфу хатарҳои хеле ҷиддӣ меомад, аммо ҳар гуна тарсу хавотирияш дар пеши муҳаббаташ ба Яҳува ҳеҷ буд. w24.01 саҳ. 30, сарх. 15–17

Панҷшанбе, 12 июн

Агар гунаҳкорон туро аз роҳ бароварданӣ шаванд, ба гапашон надаро (Пнм. 1:10).

Аз қарорҳои бади Еҳуош дарс гиред. Баъди марги саркоҳин Еҳуёдоъ Еҳуош бо касоне дӯстӣ кард, ки ба ӯ таъсири бад мерасонданд (2 Воқ. 24:17, 18). Ӯ қарор кард, ки ба гапи мирони Яҳудо, ки Яҳуваро дӯст намедоштанд, гӯш диҳад. Равшан аст, ки Еҳуош бояд аз ин дӯстони зараровар дурӣ меҷуст. Сад афсӯс ки, ӯ ба гапи онҳо гӯш дод. Вақте аммабачааш Закарё ӯро ислоҳ карданӣ шуд, Еҳуош фармон дод, ки ӯро кушанд (2 Воқ. 24:20, 21; Мат. 23:35). Чӣ кори ваҳшиёнаю беақлона! Еҳуош дар аввал дуруст рафтор мекард, лекин рафта-рафта осию одамкуш гашт. Охиру оқибат ӯро хизматгорони худаш ба қатл расонданд (2 Воқ. 24:22–25). Агар Еҳуош Яҳува ва дӯстдорони ӯро гӯш мекард, ҳаёти ӯ тамоман дигар мешуд. w23.09 саҳ. 9, сарх. 6

Ҷумъа, 13 июн

Натарс (Луқ. 5:10).

Исо дарк мекард, ки Петруси расул метавонад ба Яҳува вафодор монад. Аз ин рӯ ӯ бо меҳрубонӣ ба Петрус гуфт, ки натарсад. Боварии Исо ба Петрус таъсири бардавоме гузошт. Ӯву Андриёс моҳигириро тарк карда, пайравони доимии Масеҳ гаштанд. Ин қарорашон баракатҳои зиёде овард (Марқ. 1:16–18). Вақте Петрус шогирди Исо шуд, шоҳиди воқеаҳои аҷоибе гашт. Ӯ дид, ки чӣ хел Исо беморонро шифо медиҳад, девҳоро берун меронад ва ҳатто мурдагонро зинда мекунад (Мат. 8:14–17; Марқ. 5:37, 41, 42). Петрус ҳамчунин дар рӯъё дид, ки Исо дар оянда ҳангоми Подшоҳ шуданаш чӣ гуна ҷалолро соҳиб мешавад. Ин воқеа ба ӯ таъсири сахт расонд (Марқ. 9:1–8; 2 Пет. 1:16–18). Петрус шоҳиди зиндаи рӯйдодҳое шуд, ки пеш ба кунҷи хаёлаш ҳам намеомаданд. Ӯ дар назари худаш беарзишу ночиз буд. Аз афташ, ӯ хеле шод буд, ки нагузошт эҳсосоти манфӣ миёни ӯву баракатҳои беҳисобаш монеа гузорад. w23.09 саҳ. 21, сарх. 4, 5

Шанбе, 14 июн

Исо ба ӯ гуфт: «Ба ту мегӯям, ки на ҳафт бор, балки то 77 бор» (Мат. 18:22).

Дар номаи якумаш Петруси расул ибораи ба ин монандро истифода бурда гуфт, ки «якдигарро аз дилу ҷон дӯст» дорем, чунки чунин муҳаббат як-ду хаторо неву «гуноҳҳои бисёрро рӯпӯш мекунад» (1 Пет. 4:8). Шояд, Петрус ин ҷо дарси бахшандагиеро ба ёд овард, ки аз Исо омӯхта буд. Петрус гумон мекард, ки, агар бародарашро то «ҳафт бор» бахшад, бисёр одами бахшанда аст. Вале Исо ба ӯ таълим дод, ки «то 77 бор» бахшад, яъне, маротибаҳои бешумор (Мат. 18:21). Агар ба кор бурдани ин маслиҳат пеш бароятон душвор буд, ғамгин нашавед. Бисёр хизматгорони Худо гоҳ-гоҳ дар бахшидани дигарон душворӣ мекашанд. Агар ҳозир барои бахшидани бародаратон ва оштӣ шудан бо ӯ қадамҳои лозима гузоред, кори хубе мекунед. w23.09 саҳ. 29, сарх. 12

Якшанбе, 15 июн

Ба Яҳува дуо гуфтам ва ӯ ба ман ҷавоб дод (Юнус 2:2).

Дар шиками моҳӣ Юнус бовар дошт, ки Яҳува ба дуои хоксоронаю тавбаомезаш гӯш медиҳад ва ба кумакаш мерасад. Баъдтар Юнус ба хушкӣ баргардонда шуд ва барои иҷрои супориши навбатияш миён баст (Юнус 2:10–3:4). Оё ҳангоми озмоиш шумо чунон ба ташвиш меоед, ки фикратонро дар дуо равшан баён карда наметавонед? Ё чунон беқуввату нотавон мешавед, ки омӯзиш карда наметавонед? Агар чунин бошад, дониста бошед, ки Яҳува вазъияти шуморо нағз мефаҳмад. Барои ҳамин ҳатто агар дуои кӯтоҳу одӣ гӯед, Худоямон он чиро, ки шумо ба он ниёз доред, ато мекунад (Эфс. 3:20). Агар саломатиятон нағз набошад ё дарди дилатон чунон сахт бошад, ки хонишу омӯзиш бароятон душвор аст, ба сабти овозии Китоби Муқаддас ва адабиётамон гӯш диҳед. Шумо ҳамчунин метавонед аз сайтамон ягон сурудро гӯш кунед ё видеонавореро тамошо кунед. Вақте шумо дуо гуфта, ҷавоби дуоятонро аз адабиётамон мекобед, дарро барои Яҳува кушода мемонед, то ӯ омада, шуморо қувват бахшад. w23.10 саҳ. 13, сарх. 6; саҳ. 14, сарх. 9

Душанбе, 16 июн

Рӯҳи муқаддас аён месозад, ки то дами вуҷуд доштани хаймаи якум роҳ ба ҷойи муқаддас ошкор нашуда буд (Ибр. 9:8).

Сохти хаймаи муқаддас ва ибодатгоҳҳое, ки баъдтар дар Ерусалим бино шуданд, тахминан як хел буд. Дар даруни онҳо ду ҳуҷра буд,— «Макони пок» ва «Макони поктарин», ки бо пардаи гулдӯзӣ ҷудо шуда буданд (Ибр. 9:2–5; 2 Мӯсо 26:31–33). Дар даруни Макони пок чароғпояи тиллоӣ, қурбонгоҳи бухурсӯзӣ ва мизи нони пешкаш буд. Танҳо «коҳинони тадҳиншуда» иҷозат доштанд барои иҷрои вазифаҳои муқаддасашон ба даруни Макони пок дароянд (4 Мӯсо 3:3, 7, 10). Дар даруни Макони поктарин бошад, сандуқи аҳди тиллоӣ ҷойгир буд, ки он рамзи ҳузури Яҳува буд (2 Мӯсо 25:21, 22). Ба Макони поктарин танҳо саркоҳин иҷозат дошт, ки дар Рӯзи Товондиҳӣ аз парда гузашта, дарояд (3 Мӯсо 16:2, 17). Ӯ бо хуни ҳайвонот ба он ҷо медаромад, то барои гуноҳи худашу халқ товон диҳад. Баъдтар Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш маънои тамоми ҷузъиёти хаймаи муқаддасро маълум кард (Ибр. 9:6, 7). w23.10 саҳ. 27, сарх. 12

Сешанбе, 17 июн

Якдигарро дӯст доред (Юҳ. 15:17).

Каломи Худо гаштаю баргашта моро насиҳат мекунад, ки «якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 15:12; Рум. 13:8; 1 Тас. 4:9; 1 Пет. 1:22; 1 Юҳ. 4:11). Вале муҳаббат сифати дарунии инсон аст ва мо медонем, ки ҳеҷ як кас дили одами дигарро дида наметавонад. Пас, чӣ кор кунем, ки ҳамимононамон муҳаббати моро бинанд? Агар инро дар сухану рафторамон нишон диҳем. Муҳаббатамонро ба бародару хоҳарон мо бо роҳҳои гуногун нишон дода метавонем. Баъзе аз онҳо инҳоянд: «Ба якдигар рост гӯед» (Зак. 8:16). «Бо якдигар муросо кунед» (Марқ. 9:50). «Дар ҳурмату иззати якдигар пешдастӣ кунед» (Рум. 12:10). «Якдигарро қабул кунед» (Рум. 15:7). «Якдигарро... бахшед» (Қӯл. 3:13). «Минбаъд низ борҳои якдигарро бардоред» (Ғал. 6:2). «Якдигарро... тасаллӣ диҳед» (1 Тас. 4:18). «Якдигарро... қувват бахшед» (1 Тас. 5:11). «Дар ҳаққи якдигар дуо гӯед» (Яъқ. 5:16). w23.11 саҳ. 9, сарх. 7, 8

Чоршанбе, 18 июн

Аз умедатон хурсандӣ ёбед (Рум. 12:12).

Ҳар рӯз мо қарорҳое қабул мекунем, ки доштани имони қавиро металабанд. Масалан, қарорҳо дар бораи интихоби дӯстон, вақтхушӣ, гирифтани маълумот, издивоҷ, кӯдакон ва ҷойи кор. Дар чунин мавридҳо аз худ пурсида метавонем: «Оё аз қарорҳои ман маълум аст, ки ба кам мондани вақти ин замона бовар дорам ва дилпурам, ки ба наздикӣ ҷойи онро дунёи нав мегирад? Ё ақидаи шахсоне, ки ба ҳаёти ҷовидона бовар надоранд, ба ман таъсир кардааст?» (Мат. 6:19, 20; Луқ. 12:16–21). Агар мо боварии комил дошта бошем, ки дунёи нав дар пушти дар аст, он гоҳ қарорҳои беҳтарин қабул карда метавонем. Ҳамчунин, вақте бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешавем, ба мо имони мустаҳкам лозим аст. Эҳтимол, бо озор, бемории ҷиддӣ ё дигар мушкилиҳое дучор шавем, ки моро рӯҳафтода месозанд. Бо озмоиш дучор шуда дар аввал, шояд, мо истодагӣ кунем. Лекин, агар озмоиш дурудароз давом ёбад-чӣ? Ба мо имони мустаҳкам лозим мешавад, ки ба он тоб оварда хурсандона хизмати Яҳуваро давом диҳем (1 Пет. 1:6, 7). w23.04 саҳ. 27, сарх. 4, 5

Панҷшанбе, 19 июн

Ҳама вақт дуо гӯед (1 Тас. 5:17).

Яҳува аз мо интизор аст, ки мувофиқи дуоҳоямон амал кунем. Фарз кардем, бародаре аз Яҳува ёрдам мепурсад, ки барои ба анҷуман рафтан аз ҷойи кораш ҷавоб гирифта тавонад. Яҳува ба дуои ӯ чӣ тавр ҷавоб медиҳад? Шояд, Яҳува ба бародар далерӣ бахшад, ки назди раисаш рафта, ҷавоб пурсад. Мумкин, ба бародар лозим ояд, ки аз раисаш якчанд бор хоҳиш кунад. Шояд, ӯ тавонад якчанд рӯзи корияшро бо ҳамкораш иваз кунад ё рухсатии бемузд гирад. Яҳува аз мо интизор аст, ки дар бораи ташвишҳоямон батакрор ба ӯ дуо гӯем. Исо гуфта буд, ки Яҳува ба баъзе дуоҳоямон дарҳол ҷавоб намедиҳад (Луқ. 11:9). Аз ин рӯ бо як бор илтиҷо кардани Яҳува қонеъ нашавему гаштаву баргашта ва боғайратона ба ӯ дуо гӯем (Луқ. 18:1–7). Вақте чунин мекунем, ба ӯ нишон медиҳем, ки ин як нозу нузи зудгузар нест, балки ниёзи ҷиддӣ аст. Бо ин корамон мо ҳамчунин имонамонро ба Яҳува ва кумаки ӯ нишон медиҳем. w23.11 саҳ. 22, сарх. 10, 11

Ҷумъа, 20 июн

Умед моро ноумед намекунад (Рум. 5:5).

Яҳува ба дӯсташ Иброҳим ваъда дод, ки тамоми халқҳои рӯйи замин ба воситаи насли ӯ баракат меёбанд (1 Мӯсо 15:5; 22:18). Азбаски Иброҳим ба Худо имони қавӣ дошт, бовар мекард, ки ваъдаи Худо ҳатман иҷро мешавад. Вале Иброҳим ба 100 расиду занаш ба 90 ва онҳо ҳанӯз ҳам фарзанд надоштанд (1 Мӯсо 21:1–7). Аммо Китоби Муқаддас мегӯяд: «Иброҳим умед баст ва барои ҳамин имон овард, ки падари халқҳои бисёр мешавад, чуноне ки Худо гуфта буд» (Рум. 4:18). Мо медонем, ки умеди деринаи Иброҳим ҷомаи амал пӯшиду ӯ соҳиби писар шуд ва ӯро Исҳоқ номид. Вале чаро Иброҳим ба ваъдаи Худо ин қадар бовар дошт? Азбаски Иброҳим дӯсти наздики Яҳува буд, ӯ «боварии комил дошт, ки Худо ваъдаашро ҳатман ба ҷо меорад» (Рум. 4:21). Яҳува аз Иброҳим розӣ буду ӯро барои имон оварданаш росткор шумурд (Яъқ. 2:23). w23.12 саҳ. 8, сарх. 1, 2

Шанбе, 21 июн

Касе дар чизи хурд боваринок бошад, дар чизи бисёр низ сазовори боварист, вале касе, ки дар чизи хурд беинсофӣ кунад, дар чизи бисёр низ беинсофӣ мекунад (Луқ. 16:10).

Ҷавонмарди масъулиятшинос ҳама вазифаҳояшро ҳалолкорона иҷро мекунад. Биёед намунаи комили Исоро бинем. Ӯ ҳеҷ гоҳ бемасъулиятӣ ё бепарвогӣ намекард. Ӯ ҳар як вазифаеро, ки аз Яҳува мегирифт, иҷро мекард, ҳатто агар он душвор мебуд. Ӯ одамонро дӯст медошт, хусусан шогирдонашро. Аз ин рӯ бо ихтиёри худ ҷонашро барои онҳо қурбон кард (Юҳ. 13:1). Аз Исо ибрат гиреду чӣ вазифаеро, ки ба шумо надиҳанд, аз таҳти дил иҷро кунед. Агар надонед, ки корро чӣ хел иҷро кардан даркор аст, хоксорона аз бародарони баркамол пурсед. Ҳеҷ як корро сарам-дилам иҷро накунед (Рум. 12:11). Супоришу масъулиятҳоятонро бо «ҷону дил» ба ҷо оред, мисли он ки барои Яҳува бошад, на барои одамон (Қӯл. 3:23). Азбаски шумо нокомил ҳастед, як-як хато мекунед. Аз ин рӯ, ҳар гоҳе ба хато роҳ диҳед, ҳадшиносона онҳоро ба гардан гиред (Пнм. 11:2). w23.12 саҳ. 26, сарх. 8

Якшанбе, 22 июн

Барака ёбад касе, ки ба Яҳува таваккал мекунад (Ирм. 17:7).

Таъмид гирифтану қисми оилаи Яҳува шудан шодию шарафи бузург аст. Ҳар касе ин қадами ҷиддиро гузоштааст, бо забурнавис Довуд розист: «Хушбахт касест, ки ту [Яҳува] ӯро хуш карда, наздики худ мегардонӣ, то дар саҳнҳои ту сокин бошад» (Заб. 65:4). Яҳува бо ҳар кас дӯстӣ намекунад. Ӯ касонеро сӯйи худ ҷалб мекунад, ки хоҳиши ба ӯ наздик шуданро доранд (Яъқ. 4:8). Вақте шумо худро ба Яҳува бахшида таъмид мегиред, дилпур буда метавонед, ки минбаъд ӯ «шуморо аз баракату неъмати фаровон лабрез» мекунад (Мал. 3:10; Ирм. 17:8). Таъмид аввали роҳи рӯҳонии шумост. Баъд аз гузоштани ин қадам шумо кӯшиш мекунед, ки ҳангоми васвасаҳову озмоишҳои имон бо тамоми дил ба ваъдаатон вафо кунед, ба ваъдае, ки ба Яҳува дода будед (Пандгӯ 5:4, 5). Чун шогирди Исо шумо мехоҳед аз ҳар як гуфтаю кардаи ӯ ибрат гиред (Мат. 28:19, 20; 1 Пет. 2:21). w24.03 саҳ. 8, сарх. 1–3

Душанбе, 23 июн

Мард падар ва модари худро монда, бо зани худ мепайвандад (1 Мӯсо 2:24).

Чӣ бояд кард, агар шумою ҳамсаратон аз якҷоя вақт гузарондан хурсандӣ нагиред? Биёед мисоли гулханро мегирем: гулхан яку якбора аланга намезанад. Ба он аввал чӯбчаҳои майда ва баъд оҳиста-оҳиста чӯбҳои калонтар партофтан лозим аст. Ба ин монанд, кӯшиш кунед, ки ҳар рӯз бо якдигар кам-кам вақт гузаронед. Бо коре машғул шавед, ки ҳар дуятон аз он хурсандӣ мегиред (Яъқ. 3:18). Ҳамин тавр шумо муҳаббататонро аз нав фурӯзон карда метавонед. Ҳурмату эҳтиром дар издивоҷ бениҳоят муҳим аст. Он мисли оксигенест, ки оташи гулханро равшан мекунад. Бе оксиген оташ дарҳол хомӯш мешавад. Ба ин монанд, бе ҳурмату иззат муҳаббат байни ҳамсарон дарҳол сард гашта метавонад. Лекин, агар зану шавҳар якдигарро ҳурмат кунанд, оташи муҳаббаташон хомӯш намегардад. Вале як чизро дар ёд доред: шумо, шояд, фикр кунед, ки ҳамсаратонро ҳурмат мекунед, вале муҳим он аст, ки ҳамсаратон инро ҳис кунад. w23.05 саҳ. 22, сарх. 9; саҳ. 24, сарх. 14, 15

Сешанбе, 24 июн

Вақте ғаму ташвиш диламро зер мекард, ту маро тасаллӣ медодӣ ва ором мекардӣ (Заб. 94:19).

Дар Китоби Муқаддас ходимони содиқи Худо дар бораи лаҳзаҳое гап мезананд, ки аз пушти душманон ё ба дигар сабабҳо ба тарсу воҳима афтода буданд (Заб. 18:4; 55:1, 5). Ба ин монанд, шояд, мо низ аз тарафи ҳамсинфон, ҳамкорон, хешу табор ё ҳукуматдорон бо муқобилат дучор шавем. Шояд, ҳатто мо гирифтори ягон бемории марговаре шавем. Дар чунин ҳолатҳо, эҳтимол, мо мисли кӯдаки хурдсол худро нотавон ҳис кунем. Дар ин вазъиятҳо Яҳува чӣ хел ба мо ёрӣ мерасонад? Яҳува моро ором месозаду дилбардорӣ мекунад. Бо Яҳува пайваста вақт гузаронед, ба ӯ дуо гӯед ва Каломашро хонед (Заб. 77:1, 12–14). Он гоҳ, вақте воҳима дилатонро зер кунад, шумо аз рӯйи одат ба Падари осмониятон муроҷиат мекунед. Дар бораи тарсу хавотириятон ба Яҳува гӯед. Ҷавоби тасаллибахши ӯро аз Навиштаҳо хонед (Заб. 119:28). w24.01 саҳ. 24, 25, сарх. 14–16

Чоршанбе, 25 июн

Худо шуморо қавӣ мегардонад ва ба шумо ҳам хоҳишу ҳам қувват медиҳад (Флп. 2:13).

Барои ба мақсадҳои рӯҳонӣ расидан хоҳиш бениҳоят муҳим аст. Шахсе, ки майлу рағбати зиёд дорад, талош меварзад, ки ба мақсадаш расад. Чи қадаре хоҳишамон сахт бошад, ҳамон қадар эҳтимол аст, ки ба мақсадҳоямон расем. Пас, барои майлу хоҳишатонро зиёд кардан шумо чӣ кор карда метавонед? Дуо гӯед, ки хоҳишатон зиёд шавад. Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш ба шумо хоҳиш дода метавонад, ки ба мақсадатон расед. Баъзан мо мақсад мемонем, зеро медонем, ки бояд мақсад дошта бошем. Ин кори хуб аст. Лекин, агар барои ба мақсад расидан ба мо майлу рағбат нарасад-чӣ? Дар бораи корҳое, ки Яҳува бароятон кардааст, андеша кунед (Заб. 143:5). Павлуси расул дар бораи лутфу марҳамате, ки Яҳува ба ӯ нишон дод, андеша мекард. Ин ба ӯ кумак мекард, ки ба Яҳува аз таҳти дил хизмат кунад (1 Қӯр. 15:9, 10; 1 Тим. 1:12–14). Агар шумо низ, чи қадаре дар бораи корҳое, ки Яҳува бароятон кардааст, андеша ронед, ҳамон қадар майлу хоҳишатон зиёд мешавад, ки ба мақсадатон расед (Заб. 116:12). w23.05 саҳ. 27, сарх. 3–5

Панҷшанбе, 26 июн

Номи [Яҳуваро] васф кунед (Заб. 113:1).

Вақте мо Падари осмониямонро ситоиш мекунем, дили ӯро шод мегардонем (Заб. 119:108). Оё аз ин бармеояд, ки Худои Тавоно мисли одамони нокомилест, ки зору муҳтоҷи таърифи дигаронанд? Не. Вақте мо Падари осмониямонро васфу ситоиш мекунем, дурӯғеро фош мекунем, ки дар ҳаққи мо низ гуфта шудааст. Шайтон даъво кард, ки ҳеҷ як инсон содиқона номи Худоро ҳимоя намекунад. Ба гуфти вай, ягон одам покрафтор нест ва ҳама одамон, агар бинанд, ки аз ин барояшон ягон фоидае ҳаст, бар зидди Худо мебароянд (Айюб 1:9–11; 2:4). Вале Айюби содиқ дурӯғгӯй будани Шайтонро фош кард. Шумо низ метавонед ин корро кунед. Ҳар яки мо шарафи бузурге дорем, ки барои ҳимояи номи Падари осмониямон бархезем ва бо садоқату покрафторӣ ба ӯ хизмат кунем (Пнм. 27:11). Ин бароямон сабаби ифтихори беандоза аст. w24.02 саҳ. 8, 9, сарх. 3–5

Ҷумъа, 27 июн

Ба пайғамбарони ӯ бовар кунед, он гоҳ шумо комёб хоҳед шуд (2 Воқ. 20:20).

Баъд аз сари Мӯсову Юшаъ Яҳува халқашро ба воситаи доварон раҳнамоӣ мекард. Баъдтар бошад, дар замони подшоҳон, Яҳува барои роҳнамоии халқаш пайғамбаронро таъйин менамуд. Подшоҳони содиқ ба суханони пайғамбарон гӯш меандохтанд. Масалан, вақте пайғамбар Нотон подшоҳ Довудро ислоҳ кард, ӯ ислоҳи Нотонро қабул кард (2 Подш. 12:7, 13; 1 Воқ. 17:3, 4). Шоҳ Еҳушофот барои шунидани роҳнамоии Яҳува ба пайғамбар Яҳазиил муроҷиат мекард ва тамоми халқи Яҳудоро даъват мекард, ки ба пайғамбарони Худо бовар кунанд (2 Воқ. 20:14, 15). Шоҳ Ҳизқиё бошад, дар рӯзи тангӣ ба пайғамбар Ишаъё рӯ оварда буд (Иш. 37:1–6). Ҳар вақте подшоҳон ба раҳнамоии илоҳӣ итоат мекарданд, Яҳува онҳоро баракат медоду халқро аз хатар эмин медошт (2 Воқ. 20:29, 30; 32:22). Равшану аён буд, ки Яҳува халқашро ба воситаи пайғамбарон роҳнамоӣ мекунад. w24.02 саҳ. 21, сарх. 8

Шанбе, 28 июн

Шарики онҳо нашавед (Эфс. 5:7).

Шайтон мехоҳад мо бо одамоне дӯстӣ кунем, ки азми покрафториямонро суст кунанд. Мо медонем, ки шарики мо фақат касе нест, ки бо ӯ рӯ ба рӯ суҳбат мекунем, балки касоне низ, ки ҳамроҳашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтугӯ мекунем. Мо бояд бо фикрронии ин ҷаҳон, ки бо бадахлоқӣ оштӣ шудааст, доим дар ҷанг бошем. Мо медонем, ки ин кор раво нест (Эфс. 4:19, 20). Аз ин рӯ аз худ пурсед: «Оё ман гуфтугӯю рафтуомади нозарурро бо одамоне, ки меъёрҳои одилонаи Яҳува барояшон бегона аст, кам кардаам, масалан, бо ҳамкорон, ҳамсинфон ё дигарон? Оё ман далерона меъёрҳои Яҳуваро риоя мекунам, ҳатто агар маро барои ин масхара кунанд?» Чуноне ки дар 2 Тимотиюс 2:20–22 омадааст, мо ҳангоми интихоби дӯстон дар ҷамоати масеҳӣ низ бояд эҳтиёт бошем. Мо бояд дар ёд дорем, ки дӯстӣ бо баъзеҳо метавонад азми вафодории моро суст кунад. w24.03 саҳ. 22, 23, сарх. 11, 12

Якшанбе, 29 июн

Яҳува хеле... меҳрубон аст (Яъқ. 5:11).

Шумо Яҳуваро чӣ хел тасаввур мекунед? Ҳарчанд Яҳува нонамоён аст, Китоби Муқаддас бо роҳҳои гуногун ӯро тасвир мекунад. Масалан, Яҳува «офтоб ва сипар» ва «оташи сӯзанда» номида шудааст (Заб. 84:11; Ибр. 12:29). Ҳузури ӯ ҳамчун ёқути кабуд, ҳамчун тиллои сафеди ҷилодор ва дурахши рангинкамон тасвир ёфтааст (Ҳиз. 1:26–28). Азбаски мо Яҳуваро намебинем, бароямон бовар кардан душвор аст, ки ӯ моро дӯст медорад. Баъзе одамон чунин фикр доранд, ки ба сабаби гуноҳҳое, ки дар гузашта кардаанд, Яҳува ҳаргиз онҳоро дӯст дошта наметавонад. Яҳува аз чунин эҳсосоти мо ва таъсири он ба мо огоҳ аст. Аз ин рӯ ӯ шахсияти зебояшро ба воситаи Каломаш ошкор кардааст. Барҷастатарин сифати Яҳува муҳаббат аст (1 Юҳ. 4:8). Яҳува саропо муҳаббат асту ҳар як корашро аз рӯйи он мекунад. Муҳаббати Худо чунон бузургу беандоза аст, ки ӯ онро ҳатто аз касоне, ки дӯсташ намедоранд, дареғ намедорад (Мат. 5:44, 45). w24.01 саҳ. 26, сарх. 1–3

Душанбе, 30 июн

Ӯ аз сутуни абр ба онҳо сухан мегуфт (Заб. 99:7).

Яҳува барои аз Миср баровардани исроилиён Мӯсоро таъйин карда буд. Ӯ ба исроилиён баръало нишон дод, ки онҳоро ба воситаи Мӯсо раҳнамоӣ мекунад. Яҳува ба онҳо рӯзона сутуни абрро дода буду шабона оташро (2 Мӯсо 13:21). Мӯсо аз пайи сутун мерафту исроилиён аз паси ӯ. Оқибат онҳо ба Баҳри Сурх расиданд. Вақте исроилиён диданд, ки аз ин тарафашон баҳр асту аз он тарафашон мисриён ба онҳо расида гирифта истодаанд, ба воҳима афтиданд. Аммо ин хато набуд. Яҳува худаш ба воситаи Мӯсо халқашро дидаю дониста ба ин ҷо оварда буд (2 Мӯсо 14:2). Баъдтар онҳоро бо як роҳи нотакрор халосӣ бахшид (2 Мӯсо 14:26–28). Тӯли 40 соли навбатӣ Яҳува ба воситаи сутуни абр ба Мӯсо роҳ нишон медоду халқашро дар биёбон раҳнамоӣ мекард (2 Мӯсо 33:7, 9, 10). Яҳува аз сутуни абр бо Мӯсо сухан мегуфту Мӯсо рафта, фармудаҳои Яҳуваро ба халқ мерасонд. Исроилиён далелҳои бешумор доштанд, ки Яҳува онҳоро ба воситаи Мӯсо раҳнамоӣ мекунад. w24.02 саҳ. 21, сарх. 4, 5

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан