КИТОБИ ПАЙҒАМБАР ҲУШАЪ
1 Паёми Яҳува, ки дар рӯзҳои Узиё,+ Ютом,+ Оҳоз+ ва Ҳизқиё+ — шоҳони Яҳудо,+ ва дар рӯзҳои Ёробъоми+ писари Юоши+ шоҳи Исроил ба Ҳушаи* писари Баэрӣ омад. 2 Вақте Яҳува аввалин бор ба воситаи Ҳушаъ паём фиристод, Яҳува ба ӯ гуфт: «Рафта, зане бигир, ки зинокор мешавад ва аз зино фарзанд ба дунё меорад, зеро ин замин ба сабаби зино тамоман аз Яҳува дур шудааст».+
3 Ҳушаъ рафта, Ҷӯмари духтари Диблоимро ба занӣ гирифт ва вай ҳомила шуда, барояш писаре зоид.
4 Он гоҳ Яҳува ба ӯ гуфт: «Ба вай Изреъил* ном деҳ, зеро баъд аз муддати кӯтоҳе ман аз хонадони Еҳу+ барои хуни рехтаи Изреъил қасд мегирам ва ба подшоҳии хонадони Исроил хотима мебахшам.+ 5 Дар он рӯз ман дар водии Изреъил камони Исроилро мешиканам».
6 Зани вай боз ҳомила шуда, духтаре зоид. Пас аз ин Худо ба Ҳушаъ гуфт: «Номи ӯро Лӯ-Руҳома* бимон, зеро ман дигар ба хонадони Исроил раҳм намекунам,+ балки онҳоро бадар меронам.+ 7 Вале ба хонадони Яҳудо+ раҳм мекунам ва онҳоро на бо камон, шамшер, ҷанг, аспон ва саворон,+ балки бо қудрати Худояшон Яҳува наҷот медиҳам».+
8 Баъд аз он ки ӯ Лӯ-Руҳомаро аз сина ҷудо кард, боз ҳомила шуда, писаре зоид. 9 Худо гуфт: «Номи ӯро Лӯ-Аммӣ* бимон, зеро шумо халқи ман нестед ва ман Худои шумо нахоҳам буд.
10 Халқи Исроил чун реги баҳр, ки на чен карда ва на ба ҳисоб оварда мешавад, сершумор мегардад.+ Он вақт ба онҳо ба ҷойи “шумо халқи ман нестед”+ “шумо писарони Худои зиндаед”+ мегӯянд. 11 Мардуми Яҳудо ва Исроил ҷамъ омада, халқи ягонае мешаванд+ ва барои худ як пешво интихоб мекунанду аз он замин мебароянд ва он рӯз барои Изреъил+ рӯзи бузурге мешавад.
2 Ба бародарони худ бигӯед: “Халқи ман”*,+
Ва ба хоҳарони худ: “Зани раҳмдида”*.+
2 Модари худро айбдор кунед, ӯро айбдор намоед,
Чунки ӯ дигар зани ман нест+ ва ман шавҳари ӯ нестам.
Бигзор ӯ зинокориро бас кунад
Ва хиёнатро аз миёни синаҳояш дур созад,
3 Вагарна либосашро аз танаш кашида, вайро лучи модарзод мекунам,
Ӯро мисли биёбоне,
Мисли замини беобе, месозам
Ва ӯ аз ташнагӣ мемирад.
4 Ба писаронаш низ раҳм намекунам,
Чунки онҳо писарони зиноянд.
5 Модари онҳо зино кардааст.+
Ӯ, ки онҳоро ҳомила шудааст, бешармӣ кардааст,+ чунки гуфтааст:
6 Барои ҳамин ман роҳи ӯро бо хорҳо мебандам.
Ман пеши роҳашро бо девори сангине мегирам,
То ки роҳҳои худро наёбад.
7 Вай аз пайи хушдоронаш хоҳад давид, вале дарёб нахоҳад кард,+
Онҳоро хоҳад ҷуст, вале нахоҳад ёфт.
8 Ӯ намефаҳмид, ки ғалла, шароби нав ва равғанро ба вай ман медодам,+
Нуқраи бисёру тиллоро ман ба вай медодам,
Ӯ бошад, бо он Баалро парастиш мекард.+
9 Барои ҳамин ман ғаллаи худро дар вақти дарав
Ва шароби нави худро дар мавсими он гашта мегирам,+
Ман пашму катони худро, ки бо он бараҳнагияшро мепӯшонд, кашида мегирам.
10 Акнун ман дар пеши чашми хушдоронаш ҷойҳои пинҳони баданашро луч мекунам
Ва ҳеҷ кас ӯро аз дасти ман халос намекунад.+
11 Ман ба шодию хурсандии вай —
Ба идҳо,+ навмоҳҳо, шанбеҳо ва ҳамаи ҷашнҳои вай, хотима мебахшам.
12 Токҳо ва дарахтони анҷири вайро, ки дар бораашон гуфта буд:
“Ин муздест, ки хушдоронам ба ман додаанд”, нобуд месозам,
Онҳоро ба ҷангал табдил медиҳам
Ва даррандагони саҳро онҳоро фурӯ мебаранд.
13 Ман ӯро барои рӯзҳое, ки ба бутҳои Баал қурбонӣ меовард,+
Вақте худро бо ҳалқаҳо ва зару зевар оро дода, аз думи хушдоронаш медавиду
Маро фаромӯш карда буд,+ ҷазо медиҳам,— мегӯяд Яҳува.—
14 Пас, ман вайро ба гап медарорам,
Ӯро ба биёбон мебарам,
Суханони ширин гуфта, дилашро меёбам.
Ӯ дар он ҷо чун дар рӯзҳои ҷавонияш,
Чун дар рӯзе, ки аз замини Миср берун омада буд, ба ман ҷавоб медиҳад.+
18 Дар он рӯз ман ба хотири онҳо бо даррандагони саҳро,
Парандагони осмон ва хазандагони замин аҳд мебандам.+
19 Ту то абад арӯси ман хоҳӣ буд
Ва ман бо адлу инсоф, меҳру вафо
Ва раҳму шафқат номзади ту мешавам.+
20 Ман бо вафодорӣ номзади ту мешавам
Ва ту Яҳуваро хоҳӣ шинохт.+
21 Дар он рӯз,— мегӯяд Яҳува,—
Ман хоҳиши осмонро ба ҷо меорам.
Он гоҳ осмон хоҳиши заминро,+
22 Замин хоҳиши ғалла, шароби нав ва равғанро,
Ман ба касоне, ки халқи ман нестанд,* мегӯям: “Шумо халқи ман ҳастед”,+
Ва онҳо ба ман хоҳанд гуфт: “Ту Худои мо ҳастӣ”».+
3 Пас аз ин Яҳува ба ман гуфт: «Бори дигар занеро, ки маҳбубаи марди дигар асту хиёнат мекунад,+ дӯст бидор, чуноне ки Яҳува халқи Исроилро дӯст медорад,+ ҳол он ки онҳо ба худоҳои дигар рӯ овардаанд+ ва кулчаҳои мавизиро* дӯст медоранд».
2 Ман рафта, ӯро ба 15 сиқл нуқра ва яку ним ҳӯмер* ҷав барои худ харидам. 3 Ман ба ӯ гуфтам: «Ту рӯзҳои бисёр аз они ман хоҳӣ буд. Зино накун ва бо марде ҳамхоб нашав. Ман низ бо ту ҳамхоб намешавам».
4 Ҳамин тавр халқи Исроил рӯзҳои зиёд бе подшоҳ, бе мир, бе қурбонӣ, бе сутун, бе пешбанди+ коҳин ва бе бутҳо*+ хоҳад зист.+ 5 Баъд аз ин халқи Исроил баргашта, Худояш Яҳува ва подшоҳаш Довудро+ ҷӯё мешавад+ ва дар рӯзҳои охир бо тарсу ларз сӯйи Яҳува ва некуии ӯ меояд.+
4 Каломи Яҳуваро бишнавед, эй мардуми Исроил!
Яҳува бар зидди сокинони ин замин даъвое дорад,+
Зеро дар ин сарзамин на ростӣ ҳаст, на меҳру вафо ва на дониш дар бораи Худо.+
3 Аз ин сабаб замин мотам мегирад+
Ва тамоми сокинонаш бемаҷол мегарданд,
Даррандагони саҳро, парандагони осмон
Ва ҳатто моҳиёни баҳр нобуд мешаванд.
4 «Аммо бигзор касе ҷанҷолу сарзаниш накунад,+
Зеро халқи ту мисли касонест, ки бо коҳин*+ ҷанҷол мекунанд.
5 Ту дар рӯзи равшан пешпо мехӯрӣ,
Пайғамбар низ, гӯё ки шаб бошад, бо ту пешпо мехӯрад.
Ман модари туро нобуд мекунам.
6 Халқи ман нобуд мешавад, зеро дониш надорад.
Азбаски ту донишро рад кардӣ,+
Ман низ туро рад мекунам, то ки коҳини ман набошӣ.
7 Ҳар қадаре онҳо зиёд шуданд, бештар бар зидди ман гуноҳ карданд.+
Ман ҷалоли онҳоро ба шармандагӣ табдил медиҳам*.
8 Онҳо аз гуноҳҳои халқи ман шикам сер мекунанд
Ва ҷони онҳо ташнаи хатоҳои халқам аст.
9 Бо халқ ва бо коҳин ҳамон як чиз рӯй медиҳад,
Барои корҳояшон онҳоро ҷазо медиҳам
Ва оқибати рафторашонро ба сарашон меорам.+
10 Онҳо хоҳанд хӯрд, аммо сер нахоҳанд шуд.+
Бисёр зино хоҳанд кард, аммо зиёд нахоҳанд гашт,+
Зеро Яҳуваро писанд намекунанд.
12 Халқи ман аз бутҳои чӯбин маслиҳат мепурсад
Ва чизеро, ки асояшон* ба онҳо гӯяд, ҳамонро мекунад,
Зеро рӯҳи зино онҳоро гумроҳ кардааст,
Ва ба сабаби зинокорӣ онҳо ба Худояшон гардан намефароранд.
13 Онҳо дар болои кӯҳҳо қурбонӣ меоранд,+
Дар сари теппаҳо қурбонӣ сӯзонда дуд мебароранд
Ва ин корро таги дарахтони булут, майъа* ва ҳар дарахти калон мекунанд,+
Зеро сояашон хуб аст.
Барои ҳамин духтарони шумо зино
Ва келинҳои шумо хиёнат мекунанд.
14 Вале ман духтарони шуморо барои зино
Ва келинҳои шуморо барои хиёнаткорӣ ҷазо намедиҳам,
Зеро худи мардон бо фоҳишаҳо ба хилват мераванд
Ва бо танфурӯшон* қурбонӣ меоранд.
Ин мардуми бефаҳм+ нобуд мешавад.
16 Исроил мисли гови якрав саркаш шудааст,+
Магар ҳоло Яҳува ӯро мисли гӯсфанд дар чарогоҳи васеъ мечаронад?
17 Эфроим ба бутҳо часпидааст.+
Ӯро ба ҳолаш гузоред.
Ҳокимонаш* бешарафиро хеле дӯст медоранд.+
19 Шамол ӯро бо болҳояш гирифта мебарад
Ва ӯ аз қурбониҳояш хиҷил мешавад».
5 «Инро бишнавед, эй коҳинон!+
Диққат диҳед, эй хонадони Исроил!
Гӯш кунед, эй хонадони подшоҳ!
3 Ман Эфроимро медонам
Ва Исроил аз назари ман пинҳон нест.
Ту, эй Эфроим, бешармона зино мекунӣ,
Исроил худро нопок кардааст.+
4 Корҳояшон намегузорад, ки сӯйи Худои худ баргарданд,
Зеро рӯҳи зино дар байни онҳост+
Ва онҳо Яҳуваро намешиносанд.
5 Ифтихори Исроил бар зиддаш шаҳодат додааст,+
Ҳам Исроил ва ҳам Эфроим ба гуноҳи худ пешпо хӯрдаанд
Ва Яҳудо низ бо онҳо пешпо хӯрдааст.+
6 Онҳо бо рамаи гӯсфандону говони худ ба ҷустуҷӯйи Яҳува омаданд,
Аммо ӯро наёфтанд.
Ӯ аз онҳо дур шудааст.+
7 Онҳо ба Яҳува хиёнат карданд,+
Зеро ба писарони бегона падар шуданд.
Ҳоло, моҳе нагузашта, онҳо бо ҳиссаашон* фурӯ бурда мешаванд.
8 Дар Ҷибъо шох+ ва дар Ромо+ шайпур навозед!
Дар Байт-Овин+ барои ҷанг наъра занед!
Мо аз паси туем, эй Бинёмин!
9 Эй Эфроим, туро дар рӯзи ҷазо дида ба даҳшат меоянд.+
Ана, ман ба қабилаҳои Исроил хабар додам, ки бо онҳо чӣ мешавад.
10 Мирони Яҳудо мисли касонеянд, ки сарҳади заминҳоро мекӯчонанд.+
Ман бар онҳо ғазаби худро мисли об мерезам.
11 Ба Эфроим зулму ситам карданд, ӯро аз рӯйи адолат шикаст доданд,
Зеро ӯ хост, ки аз пайи душманаш биравад.+
12 Ман барои Эфроим мисли куя будам
Ва барои хонадони Яҳудо сабаби пӯсиш гаштам.
13 Вақте Эфроим бемории худ ва Яҳудо захми худро дид,
Эфроим назди Ошур рафт+ ва назди подшоҳи бузург кас фиристод.
Аммо ӯ натавонист туро шифо бахшад
Ва ба захми ту дармон шавад.
14 Ман барои Эфроим мисли шери ҷавон
Ва барои хонадони Яҳудо мисли шери пурзӯр хоҳам буд.
15 Ман ба макони худ бармегардам ва дар он ҷо мемонам, то даме ки онҳо натиҷаи гуноҳашонро чашанд.
Пас аз ин онҳо маро ҷӯё мешаванд, то ба онҳо рӯйи хуш диҳам.+
Азоб ки кашанд, маро меҷӯянд».+
6 «Биёед сӯйи Яҳува баргардем,
Зеро ӯ, ки моро пора-пора кардааст,+ шифо низ хоҳад дод,
Ӯ, ки моро зарба задааст, захмҳои моро хоҳад баст.
2 Баъд аз ду рӯз ӯ моро ҷон мебахшад,
Дар рӯзи сеюм ба по мехезонад
Ва мо пеши назари ӯ зиндагӣ хоҳем кард.
3 Мо дониш хоҳем гирифт, боғайратона дониши Яҳуваро хоҳем ҷуст.
Чуноне ки дамидани субҳ ҳатмиву ногузир аст, ӯ низ ҳатман меояд,
Ӯ назди мо мисли борон меояд,
Мисли борони баҳор, ки заминро сероб мекунад».
4 «Бо ту чӣ кор кунам, эй Эфроим?
Бо ту чӣ кунам, эй Яҳудо?
Охир, меҳру вафои шумо мисли абрҳои саҳар аст,
Мисли шабнамест, ки зуд нопадид мешавад.
Ҳукмҳои ман дар ҳаққи шумо мисли нур хоҳанд дурахшид,+
6 Зеро ман аз меҳру вафо* хурсанд мешавам, на аз қурбонӣ,
Аз худошиносии шумо шод мегардам, на аз қурбониҳои сӯхтанӣ.+
7 Вале онҳо, ки одамони хокиянд, аҳдро шикастанд,+
Дар сарзаминашон ба ман хиёнат карданд.
9 Гурӯҳи коҳинон мисли дастаҳои ғоратгарон аст, ки дар сари роҳи кас камин мегиранд.
Онҳо дар роҳи Шакем+ одам мекушанд,
Зеро ки бадкирдоранд.
10 Ман дар хонадони Исроил шоҳиди чизи қабеҳе шудам.
11 Вале барои ту, эй Яҳудо, дарав дар пеш аст,
Дар он вақт ман асирони халқамро бармегардонам».+
Онҳо фиреб медиҳанд,+
Ба хонаҳо даромада, дуздӣ мекунанд ва дар берун дастаҳои ғоратгаронашон ҳамла меоранд.+
2 Лекин онҳо аз дил намегузаронанд, ки ман ҳамаи бадкории онҳоро дар хотир хоҳам дошт.+
Корҳои бадашон онҳоро гирд кардааст,
Ҳамааш дар пеши назари ман аст.
3 Онҳо шоҳро бо бадкорияшон
Ва миронро бо фиребгарияшон шод мекунанд.
4 Ҳамаи онҳо зинокоранд,
Мисли танӯри тафсоне ҳастанд,
Ки нонпаз онро пас аз хамир кардан, то вақти расиданаш дигар наметафсонад.
5 Дар рӯзи базми подшоҳамон мирон бемор шудаанд,
Онҳо аз шароб+ ба хашм омадаанд.
Подшоҳ ба нописандон* даст медиҳад.
6 Дили онҳо мисли танӯр аланга мезанад*.
Нонпаз шаби дароз мехобад,
Вале саҳарӣ танӯраш боз аланга мезанад.
7 Ҳамаашон мисли танӯр тафсидаанд
Ва ҳокимонашонро ба коми худ мекашанд.
8 Эфроим бо халқҳо омехта шудааст.+
Эфроим мисли нонест, ки фақат як тарафаш пухтааст.
9 Бегонагон қуввати ӯро кашида гирифтаанд,+ вале ӯ намедонад,
Мӯяш сафед шудааст, вале ӯ хабар надорад.
10 Ифтихори Исроил бар зиддаш шаҳодат додааст,+
Бо вуҷуди ҳамаи ин онҳо сӯйи Худояшон Яҳува барнагаштанд+
Ва ӯро ҷӯё нашуданд.
11 Эфроим мисли кафтари содаест, ки фаҳме надорад.+
Онҳо аз Миср кумак пурсиданд+ ва аз Ошур мадад ҷустанд.+
12 Ҳар ҷое раванд, бар онҳо тӯр меандозам,
Онҳоро мисли парандагони осмон қапида, поён меорам.
Ман онҳоро, ин ҷамоатро, чуноне ки огоҳ карда будам, ҷазо медиҳам.+
13 Вой бар ҳоли онҳо, зеро аз ман гурехтанд!
Бигзор хонахароб шаванд, зеро бар зидди ман гуноҳ карданд!
Ман онҳоро бозхариданӣ будам, лекин онҳо дар ҳаққи ман дурӯғ гуфтанд.+
14 Ҳарчанд дар ҷогаҳи худ нола мекарданд,
Аз таҳти дил мадади маро намеҷустанд.+
Барои ғалла ва шароби нав бадани худро мебуриданд.
Онҳо бар зидди ман исён бардоштаанд.
15 Ман онҳоро адаб омӯхтам ва дастонашонро бақувват намудам,
Онҳо бошанд, андешаҳои бад карда, зидди ман шуданд.
16 Онҳо роҳи худро дигар карданд, вале на сӯйи парастиши Худо.
Аз онҳо чун аз камоне, ки зеҳаш суст шудааст, дилпурие нест.+
Миронашон барои забони густохи худ аз дами шамшер меафтанд.
Аз ин сабаб онҳо дар замини Миср хандахариш мешаванд».+
8 «Шохро ба даҳон гузоред!+
Касе мисли уқоб бар зидди хонаи Яҳува меояд,+
Зеро онҳо аҳди маро шикастанд+ ва шариати маро поймол намуданд.+
2 Онҳо сӯйи ман фарёд мезананд: “Эй Худоям! Мо — Исроил, туро мешиносем!”+
3 Исроил некиро тарк кардааст.+
Бигзор душман аз пасаш сур кунад.
4 Онҳо подшоҳонро таъйин мекунанд, вале на бо хости ман,
Миронро таъйин мекунанд, вале бе ризои ман.
Онҳо барои нобудии худ+ аз нуқра ва тиллояшон бут месозанд.+
5 Гӯсолаи ту сарнагун шудааст, эй Сомария!+
Хашми ман бар онҳо аланга гирифтааст.+
То ба кай онҳо нопок мемонанд?
6 Он аз Исроил аст.
Онро усто сохтааст, он Худо нест.
Гӯсолаи Сомария пора-пора мешавад.
7 Онҳо шамолро мекоранд,
Аз ин рӯ тундбодро хоҳанд даравид.+
Ғаллае, ки қад кашидааст, хӯша намебандад,+
Он чӣ рӯйидааст, орд намедиҳад,
Диҳад ҳам, онро бегонагон фурӯ мебаранд.+
8 Исроилро фурӯ мебаранд.+
Акнун онҳо дар миёни халқҳо+
Мисли зарфи нодаркоре мешаванд.
9 Онҳо мисли гӯрхари танҳое назди Ошур+ рафтаанд.
Эфроим барои худ хушдорҳоро киро кардааст.+
10 Ҳарчанд онҳоро аз миёни халқҳо киро кардаанд,
Ман онҳоро ҷамъ меорам.
Онҳо аз боре, ки подшоҳу мирон ба гарданашон мегузоранд, азоб хоҳанд кашид.+
11 Эфроим қурбонгоҳҳои худро зиёд кардааст, то ки гуноҳ кунад.+
Ӯ барои гуноҳ кардан қурбонгоҳҳо сохтааст.+
13 Онҳо бароям ҳадияҳо оварда, қурбонӣ мекунанд ва гӯшташро мехӯранд,
Вале Яҳува онҳоро хуш надорад.+
Ӯ хатоҳои онҳоро ба хотир меорад ва барои гуноҳҳояшон онҳоро ҷазо медиҳад.+
14 Исроил Офарандаи худро фаромӯш кардааст+ ва ибодатхонаҳо сохтааст,+
Яҳудо шаҳрҳои ҳисордори бисёре бино кардааст,+
Лекин ман бар шаҳрҳои ӯ оташ мефиристам
Ту музди зиноро, ки дар ҳар хирмангоҳ мегирӣ, дӯст доштаӣ.+
2 Аммо хирмангоҳ ва чархушт онҳоро сер намекунад
Ва шароби нав насиби ӯ намешавад.+
3 Онҳо дигар дар замини Яҳува зиндагӣ нахоҳанд кард,+
Балки Эфроим ба Миср хоҳад баргашт
Ва дар Ошур хӯроки ҳаром хоҳад хӯрд.+
Онҳо мисли нони мотам ҳастанд,
Ҳар касе, ки онро хӯрад, нопок мешавад.
Нони онҳо танҳо барои худи онҳост,
Он ба хонаи Яҳува оварда намешавад.
5 Пас, шумо дар рӯзи ҷамъомад*,
Дар рӯзи иди Яҳува, чӣ кор хоҳед кард?
6 Онҳо аз дасти харобӣ рӯ ба гурез меоранд.+
Миср онҳоро ҷамъ мекунад+ ва Мемфис онҳоро мегӯронад.+
Ганҷҳои нуқрагини онҳоро газна* соҳиб мешавад
Ва хаймаҳои онҳо аз хорбуттаҳо пур мегарданд.
Пайғамбарашон аз ақл бегона ва ғайбдонашон девона мешавад,
Азбаски хатои ту бисёр аст, душманӣ ҳам бо ту бисёр аст».
8 Дидбони+ Эфроим бо Худоям буд,+
Аммо ҳозир роҳҳои пайғамбаронаш+ чун домҳои сайёди парандагон аст,
Хонаи Худояш пур аз душманист.
9 Онҳо чун дар замони Ҷибъо ғарқи бадахлоқӣ шудаанд.+
Ӯ хатои онҳоро ба хотир меорад ва барои гуноҳҳояшон ҷазо медиҳад.+
10 «Ман Исроилро мисли ангуре дар биёбон ёфтам,+
Бобоёни шуморо мисли навбари анҷири пешпазаке бар дарахти анҷир дидам,
Вале онҳо назди Баали Фаӯр рафтанд,+
Саргарми корҳои бешармона* шуданд+
Ва мисли худое, ки дӯсташ медоштанд, нафратангез гаштанд.
11 Ҷалоли Эфроим мисли мурғе парида меравад,
Онҳо на мезоянд, на дар шикам бача калон мекунанд ва на дар қадашон кӯдак мешавад.+
12 Кӯдак калон кунанд ҳам,
Ман онҳоро якто намонда нест мекунам.+
Вой ба ҳолашон, вақте аз онҳо рӯй гардонам!+
13 Эфроим, ки дар алафзор шинонда шудааст, бароям мисли Сӯр буд,+
Акнун Эфроим ночор писаронашро ба куштан медиҳад».
14 Эй Яҳува, сазои онҳоро, ки доданиӣ, бидеҳ,
Ба онҳо шиками бачапарто ва синаҳои хушк бидеҳ.
15 «Тамоми бадиҳои онҳо дар Ҷилҷол+ аст ва дар ҳамон ҷо аз онҳо нафрат кардам.
Мирони онҳо ҳама саркашанд.
16 Эфроим зарба мехӯрад.+
Решаи онҳо хушк мешавад ва онҳо мевае намедиҳанд.
Таваллуд кунанд ҳам, самари нозпарварди онҳоро мекушам».
17 Худоям аз онҳо рӯй мегардонад,
Чунки ба гапаш гӯш надоданд.+
Онҳо дар миёни халқҳо гуреза мешаванд.+
10 «Исроил токи бади боровар аст*.+
Ҳар қадаре мевааш бисёр шавад, ҳамон қадар қурбонгоҳҳояш бисёртар мешаванд,+
Ҳар қадаре заминаш ҳосили хуб диҳад, ҳамон қадар сутунҳои парастишашро зеботар мекунад.+
2 Дили онҳо маккор аст,
Акнун онҳо айбдор дониста мешаванд.
Ӯ қурбонгоҳҳои онҳоро мешиканад ва сутунҳояшонро валангор мекунад.
3 Онҳо хоҳанд гуфт: “Мо подшоҳ надорем,+ чунки аз Яҳува натарсидем.
Агар подшоҳ медоштем, аз дасти ӯ ҳам чӣ меомад?”
4 Онҳо суханони беҳуда мегӯянд, қасамҳои дурӯғ мехӯранд+ ва аҳд мебанданд,
Аз ин рӯ доварии онҳо мисли алафи заҳрнокест, ки дар ҷӯякҳои киштзор мерӯяд.+
5 Сокинони Сомария барои гӯсолаи Байт-Овин хавотир хоҳанд шуд.+
Мардуми он ва коҳинони худои бегона, ки аз ин бут ва ҷалолаш шоданд, барояш мотам хоҳанд гирифт,
Зеро он аз пешашон ба асирӣ меравад.
6 Он чун туҳфа ба подшоҳи бузург ба Ошур бурда мешавад.+
Эфроим шарманда мегардад,
Исроил аз боиси маслиҳате, ки ба он гӯш дод, хиҷолат мекашад.+
7 Сомария ва шоҳи вай
Мисли навдаи шикастаи рӯйи об нест мешаванд.+
8 Баландиҳои Байт-Овин+ — гуноҳи Исроил,+ нобуд мегардад.+
Бар қурбонгоҳҳояшон хору хас мерӯяд.+
Одамон ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: “Моро пӯшонед!”,
Ва ба теппаҳо: “Бар мо биафтед!”+
9 Аз замони Ҷибъо ту гуноҳ кардаӣ,+ эй Исроил!
Ин мардум дигар нашуд.
Ҷанг дар Ҷибъо писарони бадкорро дарёб накард*.
10 Кае хоҳам, адаби онҳоро медиҳам.
11 Эфроим ғуноҷини омӯхтае буд, ки хирманкӯбиро нағз медид,
Ва ман ба гардани зебояш раҳм кардам.
Ҳоло бошад, бо амри ман Эфроимро савор мешаванд*.+
Яҳудо шудгор мекунад ва Яъқуб мола мекунад.
12 Ҳоло ки барои ҷустани Яҳува вақт аст,+
Барои худ замини корамро шудгор кунед,+
Бо росткорӣ кишт кунед ва меҳру вафоро даравед,
Он вақт ӯ омада, шуморо дар росткорӣ таълим медиҳад.+
13 Вале шумо бадиро шудгор кардед,
Бадкориро даравидед+
Ва меваи дурӯғро хӯрдед,
Зеро шумо ба роҳи худ,
Ба ҷанговарони сершумори худ, таваккал намудед.
14 Бар зидди халқи шумо садои ҷанг баланд мешавад
Ва шаҳрҳои ҳисордоратон саросар валангор мегарданд,+
Чуноне ки Шалмон Байт-Арбилро дар рӯзи ҷанг валангор намуд
Ва модаронро бо фарзандонашон пора-пора кард.
15 Бо шумо чунин хоҳад шуд, эй аҳли Байт-Ил,+ зеро бадкориятон аз ҳад гузаштааст.
Субҳгоҳон подшоҳи Исроил, бешак, кушта мешавад».+
Онҳо ҳанӯз ба ҳайкалҳои Баал қурбонӣ меоварданд+
Ва барои бутҳо қурбонӣ мекарданд,+
3 Ҳол он ки ман ба Эфроим роҳгардиро ёд додам+ ва онҳоро ба даст мегирифтам.+
Онҳо бошанд, тан нагирифтанд, ки онҳоро ман шифо медодам.
4 Ман онҳоро бо бандҳои меҳру муҳаббат сӯйи худ мекашидам*,+
Барои онҳо чун касе будам, ки юғро* аз гарданашон* мебардорад,
Ва бо меҳрубонӣ ба ҳар кадоми онҳо хӯрок медодам.
5 Онҳо ба Миср барнамегарданд, балки Ошур подшоҳашон мешавад,+
Чунки онҳо нахостанд сӯйи ман баргарданд.+
6 Шамшер дар шаҳрҳои онҳо чарх хоҳад зад+
Ва аз барои қасди бадашон ғалақаҳояшонро нобуд сохта, онҳоро ба коми худ мекашад.+
7 Халқам бевафоиро дар ҳаққи ман пеша кардааст.+
Ҳарчанд онҳоро сӯйи боло* даъват мекарданд, касе аз ҷой нахест.
8 Охир, чӣ тавр туро партоям, эй Эфроим?+
Чӣ тавр туро ба дасти душман супорам, эй Исроил?
Чӣ тавр бо ту чун бо Адмо рафтор кунам?
Чӣ тавр туро мисли Сабӯим гардонам?+
Ман аз фикрам гаштам, дилам ба ту месӯзад.+
9 Оташи ғазабамро фурӯ намерезам
Ва Эфроимро дигар нобуд намесозам,+
Зеро ман Худо ҳастам, на одамизод,
Худои Поке, ки дар миёни шумост,
Ман бо хашму ғазаб бар зидди шумо намебароям.
10 Онҳо аз паси Яҳува хоҳанд рафт ва ӯ чун шер наъра хоҳад зад.+
Вақте ӯ наъра занад, писаронаш ларзон аз ғарб меоянд.+
11 Онҳо мисли парандаи ларзон аз Миср хоҳанд баромад,
Мисли кафтар бо тарсу ларз аз замини Ошур берун хоҳанд омад+
Ва ман онҳоро дар хонаҳояшон сокин мекунам,— мегӯяд Яҳува.+—
12 Эфроим маро бо дурӯғ
Ва хонадони Исроил бо фиреб иҳота кардааст.+
Аммо Яҳудо то ҳол бо Худо роҳ меравад
Ва ба Худованди Пок вафодор аст».+
12 «Хӯроки Эфроим шамол аст,
Ӯ рӯзи дароз аз пайи боди шарқӣ медавад
Ва дурӯғу зӯровариро зиёд мегардонад.
Онҳо бо Ошур+ аҳд мебанданд ва ба Миср+ равған мебаранд.
2 Яҳува бар зидди Яҳудо даъво дорад.+
Ӯ Яъқубро мувофиқи роҳҳояш ҷазо медиҳад,
Ӯро аз рӯйи корҳояш подош медиҳад.+
3 Ӯ дар шиками модар пошнаи бародарашро дошт.+
Бо тамоми қувват бо Худо мубориза бурд,+
4 Бо фаришта мубориза бурда, дастболо шуд,
Гириста тавалло кард, ки ба ӯ лутфу марҳамат кунад».+
Худо ӯро дар Байт-Ил ёфт ва дар он ҷо бо мо* гап зад.+
7 Аммо дар дасти савдогар тарозуи нодуруст аст,
Ӯ фиребгариро дӯст медорад.+
Онҳо дар тамоми заҳмати ман ягон нодурустӣ ё гуноҳе нахоҳанд ёфт”.
9 Вале ман, Яҳува, аз замини Миср Худои ту ҳастам.+
Ман туро боз чун дар вақти муқарраршуда*
Дар хаймаҳо сокин мекунам.
10 Ман бо пайғамбарон гап мезадам,+
Ба онҳо рӯъёҳои бисёр медодам
Ва ба воситаи пайғамбарон масалҳо мегуфтам.
11 Ҷилъод пур аз макру* фиреб шудааст.+
Онҳо дар Ҷилҷол буққаҳоро қурбонӣ кардаанд+
Ва қурбонгоҳҳояшон чун сангтӯдаҳо дар ҷӯякҳои киштзор аст.+
12 Яъқуб ба сарзамини Арам*+ гурехт,
Исроил+ дар он ҷо барои занаш хизмат кард+
Ва барои занаш гӯсфанд бонӣ намуд.+
13 Яҳува Исроилро ба воситаи пайғамбар аз Миср берун овард+
Ва ба воситаи пайғамбар ӯро нигаҳбонӣ намуд.+
14 Эфроим Худоро хеле ба хашм овардааст,+
Хуни рехтааш бар гардани ӯст
Ва Хоҷааш ӯро ҷазо хоҳад дод, зеро обрӯи ӯро резондааст».+
13 «Вақте Эфроим сухан меронд, одамон меларзиданд.
2 Акнун онҳо ба гуноҳи худ гуноҳ зам мекунанд
Ва аз нуқраашон+ ҳайкал мерезанд,
Моҳирона бут месозанд, ки ҳамаашон амали дасти устост,
Ва мегӯянд: “Ҳар кӣ қурбонӣ орад, бигзор гӯсолаҳоро бибӯсад”.+
3 Аз ин рӯ онҳо мисли абри саҳар мешаванд,
Мисли шабнаме, ки субҳгоҳон нопадид мегардад,
Мисли коҳе, ки тундбод аз хирмангоҳ мебарад,
Ва мисли дуде, ки аз дудбаро мебарояд.
4 Вале ман, Яҳува, аз замини Миср Худои ту ҳастам.+
Ту ғайр аз ман Худоеро намедонистӣ
Ва ғайр аз ман халосгаре нест.+
5 Ман туро дар биёбон,+ дар замини аз офтоб сӯхта, медонистам.
6 Онҳо дар чарогоҳҳояшон ба серӣ хӯрданд,+
Онҳо сер шуданд ва дилашон мағрур шуд,
Аз ин рӯ маро фаромӯш карданд.+
7 Пас, ман барояшон чун шери ҷавоне мешавам,+
Чун паланге, ки дар сари роҳ камин мегирад.
8 Ман мисли хирсе, ки бачаҳояшро гум кардааст, ба онҳо дармеафтам
Ва банди дили онҳоро чок мекунам.
Ман мисли шер онҳоро дар он ҷо фурӯ мебарам,
Ҳайвони саҳро онҳоро пора-пора мекунад.
9 Он туро нобуд месозад, эй Исроил,
Зеро ту ба ман, ба мададгори худ, зид баромадӣ.
10 Пас, куҷост подшоҳи ту, то туро дар ҳамаи шаҳрҳоят наҷот диҳад,+
Ва ҳокимони ту, ки дар бораашон гуфта будӣ:
“Ба ман подшоҳ ва мирон бидеҳ”?+
12 Хатои Эфроим печонда шудааст
Ва гуноҳаш нигоҳ дошта шудааст.
13 Ӯ ба дарди зоиш гирифтор мешавад.
Ӯ тифли бефаҳмест,
Ки дар вақти таваллуд берун намеояд.
Эй марг, неши ту куҷост?+
Эй гӯр, қувваи ҳалокатовари ту куҷост?+
Раҳму шафқат аз назари ман пинҳон хоҳад буд.
15 Ҳатто агар Эфроим дар қамишзор нашъунамо ёбад,
Боди шарқӣ, боди Яҳува, меояд,
Он аз ҷониби дашт меояд, то чоҳи ӯро хушк ва чашмаашро қоқ кунад.
Ӯ тамоми ганҷҳои вайро ғорат мекунад.+
16 Сомария гунаҳкор дониста мешавад,+ зеро бар зидди Худои худ исён кардааст.+
Онҳоро бо дами шамшер мекушанд,+
Кӯдаконашонро пора-пора мекунанд
Ва шиками занони ҳомиларо чок месозанд».
14 «Эй Исроил, назди Яҳува, Худои худ, баргард,+
Зеро ту аз сабаби гуноҳат пешпо хӯрдаӣ.
2 Бо суханони зерин назди Яҳува баргардед,
Ба ӯ бигӯед: “Аз гуноҳамон гузару+ чизи хуберо аз мо қабул кун
Ва мо ба ту ситоиши лабҳоямонро+ чун буққаҳои ҷавон меорем.
3 Ошур моро наҷот намедиҳад,+
Мо ба аспҳо савор намешавем+
Ва дигар ба амали дастҳоямон “Эй Худои мо!” намегӯем,
Зеро туӣ, ки ба ятим раҳм менамоӣ”.+
4 Ман бевафоии онҳоро шифо мебахшам,+
Бо ихтиёри худ онҳоро дӯст хоҳам дошт,+
Зеро хашми ман аз ӯ дур шудааст.+
5 Ман барои Исроил чун шабнам мешавам.
Ӯ чун савсан мешукуфад
Ва чун дарахтони Лубнон реша медавонад.
6 Шохаҳояш паҳн мешаванд,
Зебоияш мисли зебоии дарахти зайтун
Ва бӯяш мисли бӯйи хуши Лубнон мегардад.
7 Онҳо боз дар сояи ӯ сокин мешаванд.
Онҳо ғалла мерӯёнанд ва чун ток муғҷа мебанданд.+
Шуҳрати* ӯ мисли шароби Лубнон мегардад.
8 Эфроим хоҳад гуфт: “Ман ба бутҳо дигар чӣ кор дорам?!”+
Он вақт ман ӯро мешунавам ва дар паноҳам нигоҳ медорам.+
Ман чун арчаи сабзу хуррам мешавам.
Ту аз ман мева мегирӣ».
9 Кӣ хирадманд аст? Бигзор инро бифаҳмад.
Кӣ бофаҳм аст? Бигзор инро бидонад.
Охир, роҳҳои Яҳува дурустанд,+
Росткорон бо онҳо равона мешаванд,
Аммо бадкорон дар онҳо пешпо мехӯранд.
Шакли кӯтоҳи номи Ҳушаъё, ки маънояш чунин аст: «Ёҳ наҷот додааст».
Маънояш «Худо тухмӣ мепошад».
Маънояш «раҳмнадида».
Маънояш «халқи ман нест».
Ниг. ба эзоҳи Ҳш 1:9.
Ниг. ба эзоҳи Ҳш 1:6.
Ё «Баали ман».
Маънояш «Худо тухмӣ мепошад».
Ниг. ба эзоҳи Ҳш 1:6.
Ниг. ба эзоҳи Ҳш 1:9.
Ин кулчаҳо барои бутпарастӣ буданд.
Як ҳӯмер ба 220 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «бутҳои хонаводагӣ». Ибр. «терафим».
Коҳин — ниг. ба луғат.
Ё «дастури».
Ё, эҳтимол, «Онҳо ҷалоли маро ба шармандагӣ иваз карданд».
Ё «чӯби фолбин».
Ё «астарак».
Ин ҷо касоне дар назаранд, ки танфурӯшӣ як қисми бутпарастияшон буд.
Ё «оби гандумаш».
Дар матни асл «Сипарҳояш».
Ё «Исёнгарон».
Ё «сарзаниш».
Ё «киштзорҳояшон».
Ё «раҳму шафқат».
Ё «масхарагарон».
Ё, эҳтимол, «Дили онҳо, вақте бо иғвоҳояшон наздик мешаванд, мисли танӯр аст».
Ё «дастурҳои».
Ё, эҳтимол, «хоҳанд баргашт».
Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
Ё «ҷашни муқарраршуда».
Газна — алафи газанда, анҷура, сӯзонкаҳ.
Ё «худои бешарм».
Ё, эҳтимол, «сершох аст».
Ё «нест накард».
Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
Яъне, вақте онҳо ҷазои худро чун юғ бардоранд.
Ё «ба юғ мебанданд».
Яъне пайғамбарон ва касоне, ки барои насиҳат кардани Исроил фиристода мешуданд.
Эҳтимол, бандҳое, ки бо онҳо волидон ба кӯдакашон роҳгардиро ёд медоданд.
Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
Дар матни асл «ҷоғашон».
Яъне парастиши Худо.
Эҳтимол, насли Яъқуб дар назар аст.
Ё, эҳтимол, «дар рӯзҳои ид».
Ё «чизҳои асроромезу».
Ё «Сурия».
Ибр. «шеол». Ниг. ба луғат, ба калимаи «гӯр».
Ё «бозмехарам».
Дар матни асл «Ёдгории».