КИТОБИ ПАЙҒАМБАР ҲИЗҚИЁЛ
1 Дар соли 30-юм, дар рӯзи панҷуми моҳи чорум, вақте ман дар миёни асирон+ назди дарёи Кабар+ зиндагӣ мекардам, осмон кушода шуд ва ман рӯъёҳое аз ҷониби Худо дидам. 2 Дар рӯзи панҷуми моҳ, дар соли панҷуми асирии подшоҳ Еҳуёкин,+ 3 паёми Яҳува ба Ҳизқиёл*, писари Бузии коҳин*, ки дар назди дарёи Кабар, дар замини калдониён,+ буд, фиристода шуд. Дар он ҷо дасти Яҳува бар ӯ ниҳода шуд.+
4 Ман нигоҳ карда, тундбодеро дидам,+ ки аз шимол меомад, ва абри бузургу шуълаҳои оташ*+ ба ман намудор гашт, ки гирдогирдаш пур аз рӯшноӣ буд ва аз миёни оташ чизе ба монанди тиллои сафед* ҷило медод.+ 5 Дар даруни он чизе ба монанди чор ҷонзоде буд+ ва афту андоми ҳар яке ба одам монанд буд. 6 Ҳар яки онҳо чор рӯй ва чор бол дошт.+ 7 Пойҳояшон рост буду монанди миси сайқалдода ҷило медод,+ кафи пояшон бошад, мисли суми гӯсола буд. 8 Ҳар чори онҳо рӯйҳову болҳо доштанд ва зери болҳояшон аз ҳар чор тараф дасти одамӣ буд. 9 Болҳои онҳо ба якдигар мерасид. Онҳо дар вақти ҳаракат кардан тоб намехӯрданд, ҳар яке рост ҳаракат мекард.+
10 Рӯйҳояшон чунин намуд дошт: ҳар чорашон аз пеш рӯйи одамӣ, аз тарафи рост рӯйи шер,+ аз тарафи чап рӯйи гов+ ва аз ақиб рӯйи уқобро+ доштанд.+ 11 Чунин буд рӯйҳои онҳо. Болҳои онҳо ба боло паҳн мешуд. Ҳар яке ду боле дошт, ки ба якдигар мерасид, ва ду боли дигаре, ки баданашонро мепӯшонид.+
12 Ҳар яки онҳо рост ба пеш мерафт. Онҳо, ба ҳар ҷое ки рӯҳ роҳнамоӣ мекард, мерафтанд+ ва дар вақти ҳаракат тоб намехӯрданд. 13 Ин ҷонзодҳо ба лахчаҳои оташи фурӯзон монанд буданд ва чизе ба монанди машъалҳои даргирону равшан дар миёни ҷонзодҳо пешу қафо мерафт ва барқ мепошид.+ 14 Вақте ҷонзодҳо мерафтанду меомаданд, ҳаракаташон ба шуълаҳои барқ монанд буд.
15 Вақте ба ҷонзодҳо нигоҳ мекардам, дидам, ки назди ҳар ҷонзоде, ки чор рӯй дошт, бар замин чархе буд.+ 16 Сохт ва намуди чархҳо мисли ҷилои забарҷад буд ва ҳар чорашон ба ҳам монандӣ доштанд. Сохт ва намуди онҳо тавре буд, ки гӯё чархе дар даруни чархе бошад*. 17 Ҳангоми рафтан онҳо ба чор самт ҳаракат карда метавонистанд, бе он ки ба сӯе тоб хӯранд. 18 Чанбарҳои чархҳо чунон баланд буданд, ки касро ба ҳайрат меоварданд ва чанбарҳои ҳар чор чарх гирдогирд пур аз чашм буданд.+ 19 Ҳар боре ки ҷонзодҳо ҳаракат мекарданд, чархҳо низ бо онҳо ба ҳаракат медаромаданд ва, вақте ҷонзодҳо аз замин баланд мешуданд, чархҳо низ боло мерафтанд.+ 20 Ҳар ҷое ки рӯҳ онҳоро мебурд ва ҳар ҷое ки рӯҳ мерафт, онҳо низ ҳамон ҷо мерафтанд. Чархҳо низ бо онҳо боло мерафтанд, зеро рӯҳе, ки дар чор ҷонзод амал мекард, дар чархҳо низ буд. 21 Ҳар ҷое ки онҳо мерафтанд, чархҳо низ мерафтанд ва, ҳар гоҳе ки онҳо меистоданд, чархҳо низ меистоданд. Вақте онҳо аз замин баланд мешуданд, чархҳо низ бо онҳо боло мерафтанд, зеро рӯҳе, ки дар чор ҷонзод амал мекард, дар чархҳо низ буд.
22 Болотар аз ҷонзодҳо чизе монанди шифте буд, ки мисли ях ҷило медод. Он дар болои сари чор ҷонзод буд ва намудаш ҳайратангез буд.+ 23 Зери шифт як боли ҷонзодҳо сӯйи боли дигарӣ рост бардошта шуда буд. Бадани ҳар якеро ду бол аз як тараф ва ду бол аз тарафи дигар мепӯшонид. 24 Сипас ман садои болҳояшонро шунидам, ки мисли шувваси обҳо, мисли садои Худои Тавоно*, буд.+ Садои ҳаракаташон мисли садои лашкаре буд. Вақте онҳо меистоданд, болҳояшонро мефуроварданд.
25 Аз болои шифте, ки дар тори сари онҳо буд, садое ба гӯш мерасид. (Вақте онҳо меистоданд, болҳояшонро мефуроварданд.) 26 Бар шифт, ки болои сарашон буд, чизе мисли ёқути кабуд буд+ ва ба тахт монандӣ дошт.+ Касе, ки бар тахт менишаст, намуди одамро дошт.+ 27 Аз ҷое ки гӯё миёнаш бошад ва аз он боло чизеро дидам, ки монанди тиллои сафед* ҷило медод+ ва мисли оташ медурахшид. Аз миён поён бошад, чизеро дидам, ки монанди оташ буд.+ Гирдогирди ӯ дурахше 28 мисли дурахши рангинкамон+ дар абри рӯзи боронӣ буд. Дурахши нури гирду атрофи ӯ ҳамин хел буд. Он мисли ҷалоли Яҳува буд.+ Инро дида, ба замин афтодам ва садои касеро шунидам, ки сухан мегуфт.
2 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, аз ҷоят хез, то бо ту сухан гӯям».+ 2 Вақте ӯ бо ман сухан гуфт, рӯҳ ба даруни ман даромад ва маро ба по хезонд,+ то Онеро, ки бо ман сухан меронд, шунавам.
3 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, ман туро назди халқи Исроил, ки қавмҳои саркашанду* бар зидди ман исён бардоштаанд,+ мефиристам.+ Онҳо ва бобоёнашон то ба имрӯз бар зидди ман гуноҳ мекарданд.+ 4 Ман туро назди писарони саркашу дилсахт+ мефиристам, то ба онҳо бигӯӣ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд”. 5 Онҳо хонадони саркашанд+ ва, хоҳ гӯш андозанд, хоҳ не, хоҳанд донист, ки дар миёнашон пайғамбаре буд.+
6 Аммо ту, эй фарзанди одам, аз онҳо ва суханонашон натарс,+ ҳарчанд хорҳо дар гирди туст*+ ва дар миёни каждумҳо зиндагӣ мекунӣ, аз суханону қиёфаи ин хонадони саркаш натарс.+ 7 Ту суханони маро ба онҳо бирасон, хоҳ ин халқи саркаш ба онҳо гӯш диҳад, хоҳ не.+
8 Аммо ту, эй фарзанди одам, ба он чизе, ки мегӯям, гӯш андоз. Мисли ин хонадони гарданшах саркашӣ накун. Даҳонатро кушода, он чиро, ки медиҳам, бихӯр».+
9 Вақте нигоҳ кардам, дидам, ки дасте сӯям дароз шудааст+ ва дар он дастхате буд.+ 10 Вақте ӯ онро пеши ман паҳн кард, дидам, ки ҳам аз пешу ҳам аз қафояш навиштаҷот дошт.+ Дар он марсия* ва оҳу нола навишта шуда буд.+
3 Сипас ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, он чиро, ки пешат гузошта шудааст, бихӯр. Ин дастхатро бихӯр ва рафта, бо хонадони Исроил сухан бигӯ».+
2 Ман даҳонамро кушодам ва ӯ он дастхатро ба ман хӯронд. 3 Ӯ боз ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, дастхатеро, ки ба ту медиҳам, бихӯр ва шикаматро аз он пур кун». Ман онро хӯрдан гирифтам ва он дар даҳонам асал барин ширин шуд.+
4 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, назди хонадони Исроил бирав ва суханони маро ба онҳо бирасон. 5 Ту сӯйи халқе фиристода намешавӣ, ки гуфторашон нофаҳмову забонашон бегона бошад, балки сӯйи хонадони Исроил фиристода мешавӣ. 6 Агар туро сӯйи халқҳои зиёде мефиристодам, ки гуфторашон нофаҳмо ва забонашон бегонаву ноошност, онҳо ба гапат гӯш медоданд.+ 7 Аммо халқи Исроил ба сухани ту гӯш намеандозад, чунки онҳо ба сухани ман гӯш андохтан намехоҳанд.+ Тамоми хонадони Исроил мардуми хираву якрав аст.+ 8 Аз ин рӯ ман туро низ мисли онҳо якрав* ва пешониятро мисли пешонии онҳо сахт кардаам.+ 9 Ман пешонии туро мисли алмос кардаам ва аз санги чақмоқ сахттар гардондаам.+ Аз онҳо натарс ва ҳаросон нашав,+ зеро онҳо хонадони саркашанд».
10 Сипас ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, ба ҳама суханоне, ки ба ту мегӯям, гӯш деҳ ва онҳоро дар дилат ҷо деҳ. 11 Назди асирони халқат+ рафта, бо онҳо сухан бигӯ. Хоҳ ба гапат гӯш диҳанд, хоҳ не, ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд”».+
12 Сипас рӯҳе маро боло бардошт+ ва аз қафои худ овози баланди гулдурросиро шунидам, ки чунин гуфт: «Бигзор ситоиши ҷалоли Яҳува аз маконаш бархезад». 13 Ба гӯшам садои ба ҳам бархӯрдани болҳои ҷонзодҳо,+ садои чархҳое, ки назди онҳо буд,+ ва садои гулдурроси азим мерасид. 14 Рӯҳ маро бардошта бурд ва ман бо ғамгиниву ғазаб мерафтам ва дасти пурқуввати Яҳува бар ман қарор гирифт. 15 Ҳамин тавр ман ба Тал-Абиб, сӯйи халқи асир, ки назди дарёи Кабар мезист,+ рафтам ва дар он ҷо мондам. Ман гарангу ҳайратзада+ ҳафт рӯз дар миёни онҳо будам.
16 Дар охири ҳафт рӯз аз ҷониби Яҳува ба ман чунин паём омад:
17 «Эй фарзанди одам, ман туро бар хонадони Исроил дидбон таъйин кардаам.+ Вақте аз даҳони ман паёме шунавӣ, онро ба мардум бирасон.+ 18 Агар ман ба бадкоре бигӯям: “Ту ҳатман мемурӣ!”, аммо ту ӯро огоҳ накунӣ ва чизе ба вай нагӯӣ, то аз роҳи бадаш гардаду зинда монад,+ ӯ аз сабаби бадкориву хатокории худ мемирад,+ вале хуни ӯро ман аз ту талаб мекунам.+ 19 Аммо, агар ту бадкорро огоҳ куниву ӯ аз бадкориву роҳи бади худ нагардад, ӯ аз сабаби гуноҳаш мемирад, вале ту ҷонатро халос мекунӣ.+ 20 Вақте росткоре аз роҳи рост гашта, ба бадкорӣ даст занад, ман пеши роҳи ӯ санги пешпо мегузорам ва ӯ мемирад.+ Агар ту ӯро огоҳ накарда бошӣ, ӯ барои гуноҳи худ мемирад ва корҳои некаш ба ёд оварда намешаванд, вале хуни ӯро ман аз ту талаб мекунам.+ 21 Аммо, агар ту росткорро огоҳ кунӣ, ки аз гуноҳ дур шавад ва ӯ ҳамин тавр кунад, ӯ ҳатман зинда мемонад, чунки огоҳ карда шуд+ ва ту ҳам ҷони худро халос мекунӣ».
22 Дасти Яҳува дар он ҷо бар ман ниҳода шуд ва ӯ ба ман гуфт: «Бархеста, сӯйи водӣ бирав ва ман бо ту дар он ҷо гап мезанам». 23 Ман бархеста, сӯйи водӣ рафтам ва дар он ҷо ҷалоли Яҳуваро дидам,+ ки мисли ҷалоле буд, ки назди дарёи Кабар дида будам.+ Вақте онро дидам, рӯ ба замин афтодам. 24 Сипас рӯҳ дар ман дохил шуда, маро ба по хезонид+ ва Худо ба ман гуфт:
«Бирав ва худатро дар хонаат маҳкам кун. 25 Эй фарзанди одам, онҳо туро бо танобҳо бандубаст мекунанд, то дар байнашон нагардӣ. 26 Ман забонатро ба комат мечаспонам, то гунг шавӣ ва онҳоро насиҳат карда натавонӣ, зеро онҳо хонадони саркашанд. 27 Вале, вақте бо ту гап занам, даҳонатро мекушоям ва ту ба онҳо бигӯ:+ “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд”. Ҳар кӣ ба гапат гӯш додан хоҳад, бигзор гӯш диҳад+ ва ҳар кӣ гӯш додан нахоҳад, гӯш надиҳад, зеро онҳо хонадони саркашанд.+
4 Эй фарзанди одам, хиште гирифта, пеши худ гузор. Нақши шаҳри Ерусалимро бар он бикаш. 2 Шаҳрро муҳосира намуда,+ дар рӯ ба рӯяш ҳисор ва хокрез* бисоз,+ урду бизан ва гирдогирдаш дабоба* гузор.+ 3 Тобаи оҳанине гирифта, чун девори оҳанине байни худату шаҳр гузор ва рӯятро сӯйи шаҳр гардонда, онро муҳосира кун, бо ин ту нишон медиҳӣ, ки он чӣ тавр муҳосира мешавад. Ин аломате барои хонадони Исроил аст.+
4 Сипас ба паҳлуи чапат хоб кун ва гуноҳи хонадони Исроилро бар худ бардор.+ Чанд рӯзе ки ба паҳлу хоб кунӣ, ҳамон қадар гуноҳҳои онҳоро мебардорӣ. 5 Мувофиқи солҳои гуноҳашон ман бар ту 390 рӯзро таъйин мекунам+ ва ту гуноҳи хонадони Исроилро мебардорӣ. 6 Вақте ин рӯзҳо гузаранд, ба паҳлуи ростат мехобӣ ва гуноҳи хонадони Яҳудоро+ 40 рӯз мебардорӣ. Ман барои ту як рӯзро ба ҷойи як сол, як рӯзро ба ҷойи як сол, таъйин кардаам. 7 Рӯятро сӯйи Ерусалими муҳосирашуда бигардон+ ва остинатро барзада, бар зидди он пешгӯйӣ кун.
8 Ман туро бо танобҳо мебандам ва ту, то даме ки рӯзҳои муҳосираи шаҳрро ба охир нарасонӣ, аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гашта наметавонӣ.
9 Гандум, ҷав, боқило, наск, арзан ва гандуми ғилофиро гирифта, ба зарфе андоз ва барои худ нон тайёр кун. Дар муддати рӯзҳое, ки якпаҳлу мехобӣ, яъне 390 рӯз, онро бихӯр.+ 10 Ҳар рӯз вазни хӯроки ту бояд 20 сиқл* бошад. Онро дар вақти муайян бихӯр.
11 Обро низ аз рӯйи андоза бинӯш, он бояд шашяк ҳин* бошад. Онро дар вақти муайян бинӯш.
12 Он нонро бояд мисли нони ҷав бихӯрӣ ва дар пеши назари онҳо бар ахлоти одам бипазӣ». 13 Яҳува боз чунин гуфт: «Ҳамин тавр исроилиён дар миёни халқҳое, ки ман онҳоро пароканда мекунам, нони нопоки худро хоҳанд хӯрд».+
14 Ман гуфтам: «Эй Яҳува, Парвардигоро, аз кӯдакӣ то ба ҳол гӯшти ҳайвони ҳароммурда, дарида+ ё гӯшти нопокро ба даҳон нагирифтаам. Ман бо хӯрдани ин чизҳо худро нопок насохтаам».+
15 Он гоҳ ӯ ба ман гуфт: «Майлаш, ман ба ту иҷозат медиҳам, ки ахлоти говро ба ҷойи ахлоти одамизод истифода барӣ ва бар он нонатро пазӣ». 16 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, ман захираи нонро* дар Ерусалим нест мекунам.+ Онҳо ҳиссаи нонашонро бо тарсу хавотирӣ баркашида, хоҳанд хӯрд+ ва ҳиссаи обашонро чен карда, бо ваҳму ҳарос хоҳанд нӯшид.+ 17 Он вақт онҳо аз беобию бенонӣ бо даҳшат ба якдигар нигариста, ба сабаби хатояшон аз ҳол мераванд.
5 Ту бошӣ, эй фарзанди одам, шамшери тезе гирифта, онро чун теғи сартарош кор фармо. Сару ришатро битарош ва тарозу гирифта, мӯятро баркашу онро ба қисмҳо ҷудо кун. 2 Вақте рӯзҳои муҳосираи шаҳр тамом шавад, сеякашро дар даруни шаҳр бисӯзон.+ Сипас сеяки дигарашро гирифта, онро гирдогирди шаҳр бо шамшер бизан.+ Сеяки боқимондаашро бошад, ба бод чош деҳ ва ман аз қафои он шамшерро мефиристам.+
3 Вале аз сеяки охир камеашро боқӣ монда, ба домани либосат бипечон. 4 Боз ками дигарашро бигиру ба оташ партофта, бисӯзон. Аз он оташе бар тамоми хонадони Исроил паҳн мегардад.+
5 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ин Ерусалим аст. Ман ӯро дар миёни халқҳо ва дар иҳотаи мамлакатҳо гузоштам, 6 аммо ӯ бар зидди ҳукму фармудаҳои ман баромад ва аз халқҳову мамлакатҳои гирду атрофаш бадтар рафтор кард.+ Онҳо ҳукмҳои маро рад намуданд ва фармудаҳои маро риоя накарданд”.
7 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Азбаски ту аз халқҳои гирду атроф дарди сари бештар овардӣ ва фармудаҳои маро ба ҷо наовардиву ҳукмҳоямро риоя накардӣ, балки ба ҳукмҳои халқҳои гирду атрофат пайравӣ кардӣ,+ 8 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бар зидди ту мебароям, эй шаҳр,+ ва худам туро дар пеши назари халқҳо ҳукм менамоям.+ 9 Аз сабаби ҳама корҳои ҳаромат ман дар миёни ту коре мекунам, ки ҳеҷ гоҳ накарда будам ва минбаъд низ нахоҳам кард.+
10 Дар миёни ту падарон писаронашонро хоҳанд хӯрду+ писарон падаронашонро ва ман ҳукмҳоямро дар миёни ту ба амал меорам ва тамоми бақияатро ба ҳар сӯ пароканда месозам.+
11 Аз ин рӯ ба ҳаёти худ қасам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува — азбаски шумо муқаддасгоҳи маро бо бутҳои ҳаром ва корҳои нафратоваратон нопок сохтед,+ ман низ шуморо рад мекунам*. Чашмам ба шумо раҳм нахоҳад кард ва дилам ба шумо нахоҳад сӯхт.+ 12 Сеякат дар миёни ту аз вабову қаҳтӣ нобуд мешавад. Сеяки дигарат дар гирду атрофат аз шамшер меафтад.+ Сеяки охирро бошад, ба ҳар тараф пароканда месозам ва аз қафояш шамшер мефиристам.+ 13 Он гоҳ хашмам кам мешаваду ғазабам паст мегардад ва ман ором мегирам.+ Вақте ғазабамро то охир бар сарашон резам, онҳо мефаҳманд, ки ин суханро ман, Яҳува, гуфтаам, ки вафодории бекаму костро талаб мекунам.+
14 Ман туро ба харобазор табдил медиҳам ва масхараи халқҳои гирду атроф ва ҳар як раҳгузар мегардонам.+ 15 Вақте ман дар каҳру ғазаб шуморо сазо ва ҷазоҳои сахт диҳам, шумо дар миёни халқҳои гирду атрофатон шармандаву таънасор мегардед+ ва ҳоли даҳшатоваратон барои онҳо дарси ибрат мешавад. Инро ман, Яҳува, гуфтам.
16 Ман бар зидди онҳо тирҳои марговари қаҳтиро мефиристам, то онҳоро нобуд созам. Тирҳое, ки ман бар шумо меорам, шуморо хароб мекунанд.+ Ман захираи нонатонро* нест намуда, қаҳтиро боз ҳам шадидтар мегардонам.+ 17 Ман бар зидди шумо қаҳтӣ ва ҳайвонҳои ваҳширо мефиристам+ ва онҳо шуморо бефарзанд мекунанд. Дар саросари заминатон вабою хунрезӣ хоҳад буд ва ман бар сари шумо шамшер меорам.+ Инро ман, Яҳува, гуфтам”».
6 Аз ҷониби Яҳува боз ба ман чунин паём омад: 2 «Эй фарзанди одам, рӯйи худро ба тарафи кӯҳистони Исроил гардон ва дар бораи он пешгӯйӣ кун. 3 Чунин бигӯ: “Эй кӯҳҳои Исроил, суханони Парвардигор Яҳуваро бишнавед: Парвардигор Яҳува ба кӯҳҳо, теппаҳо, чашмаҳо ва водиҳо чунин мегӯяд: “Ман бар сари шумо шамшер меорам ва баландиҳоятонро нобуд месозам. 4 Қурбонгоҳҳоятон харобу қурбонгоҳҳои бухурсӯзиятон шикаста мешаванд+ ва ман мурдагонатонро дар пеши бутҳои ҳароматон* мепартоям.+ 5 Ман ҷасади исроилиёнро дар пеши бутҳои ҳаромашон мегузорам ва устухонҳои шуморо дар гирди қурбонгоҳҳоятон пош медиҳам.+ 6 Дар ҳар ҷое зиндагӣ кунед, шаҳрҳоятон хароб+ ва баландиҳоятон вайрону валангор мешаванд.+ Қурбонгоҳҳоятон вайрону валангор ва бутҳои ҳароматон ба хок яксон мегарданд, қурбонгоҳҳои бухурсӯзиятон шикаста ва амали дастонатон нест мешаванд. 7 Дар миёни шумо куштагон хоҳанд афтод+ ва шумо мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам.+
8 Вале ман бақияе аз шуморо нигоҳ медорам, зеро, вақте шумо дар миёни мамлакатҳо пароканда шавед, баъзеатон дар байни халқҳо аз шамшер наҷот меёбед.+ 9 Он наҷотёфтагон маро дар миёни халқҳое, ки ба замини онҳо ба асирӣ бурда мешаванд, ба ёд хоҳанд овард.+ Онҳо мефаҳманд, ки аз сабаби дили бевафояшон*, ки аз ман дур шудааст,+ ва чашмони шаҳватпарасташон, ки аз пайи бутҳояшон менигарад,+ дилам садпора гаштааст. Онҳо аз тамоми бадкорияшон хиҷил мешаванд ва аз корҳои ифлосашон нафрат мекунанд.+ 10 Онҳо хоҳанд донист, ки ман Яҳува ҳастам ва, вақте ба онҳо гуфтам, ки бар сарашон мусибат меорам, ин сухани хушку холӣ набуд”.+
11 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Аз ғаму андуҳ дастонатро ба ҳам зада, покӯбӣ кун ва дар ҳаққи тамоми бадӣ ва корҳои нафратоваре, ки хонадони Исроил кардааст, нола бикун, зеро онҳо аз шамшер, гушнагӣ ва вабо нобуд мешаванд.+ 12 Ҳар кӣ дур бошад, аз вабо мемирад, ҳар кӣ наздик бошад, аз шамшер ва ҳар кӣ аз инҳо наҷот ёбад, аз гушнагӣ мемирад. Ман тамоми ғазабамро бар онҳо фурӯ мерезам.+ 13 Онҳо гирдогирди қурбонгоҳҳояшон, дар ҳар як теппаи баландашон, бар ҳар қуллаи кӯҳҳояшон, зери ҳар дарахти сершоху барг ва зери шохҳои дарахтони бузург барои ризои бутҳои ҳаромашон бухури хушбӯ месӯзонданд.+ Вақте ки ҷасадашон дар ин ҷойҳо, дар миёни бутҳои ҳаромашон, афтад,+ онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам.+ 14 Ман дастамро бар онҳо дароз мекунам ва заминро ба вайрона табдил дода, тамоми маконашонро назар ба биёбони назди Диблото бештар харобазор мегардонам. Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”».
7 Аз ҷониби Яҳува ба ман боз чунин паём омад: 2 «Эй фарзанди одам, Парвардигор Яҳува ба замини Исроил чунин мегӯяд: “Бар чор канори замин анҷом омадааст, анҷом! 3 Рӯзи анҷом бар ту омадааст ва ман ғазабамро бар ту мерезам. Ман мувофиқи роҳу рафторат туро доварӣ мекунам ва барои ҳама корҳои нафратоварат туро ҷазо медиҳам. 4 Чашмам ба ту раҳм намекунад ва дилам ба ту намесӯзад.+ Ман оқибати роҳу рафторатро бар сарат меорам ва ту ҳосили талхи корҳои нафратоваратро мечашӣ.+ Он гоҳ мефаҳмӣ, ки ман Яҳува ҳастам”.+
5 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Бингар! Фалокат меояд, фалокате, ки мислашро надида будӣ.+ 6 Анҷом наздик аст, анҷом меояд, он бар сари ту ногаҳон меояд. Бубин, он омада истодааст. 7 Навбати ту омад*, эй сокини замин. Он вақт меояд, он рӯз наздик аст.+ Кӯҳистонро воҳима фаро гирифтааст ва дар он нидоҳои шодӣ шунида намешавад.
8 Ба наздикӣ ман ғазабамро бар сарат мерезам+ ва тамоми хашмамро бар ту холӣ мекунам.+ Ман мувофиқи роҳу рафторат туро доварӣ мекунам ва барои ҳама корҳои нафратоварат туро ҷазо медиҳам. 9 Чашмам ба ту раҳм намекунад ва дилам ба ту намесӯзад.+ Ман оқибати роҳу рафторатро бар сарат меорам ва ту ҳосили талхи корҳои нафратоваратро мечашӣ. Он гоҳ мефаҳмӣ, ки ман, Яҳува, туро зарба зада истодаам.+
10 Ана он рӯз! Бубин, он меояд!+ Навбати ту омад*. Чӯби ҷазо ғунча кард ва ғурури душман шукуфт. 11 Зӯроварӣ чӯбе гардидааст, ки бадкоронро ҷазо медиҳад.+ На онҳо боқӣ мемонанд, на сарваташон, на мардуми сершумору на шукӯҳашон. 12 Он вақт меояд, он рӯз фаро мерасад. Бигзор харидор шодӣ накунад ва фурӯшанда мотам нагирад, зеро ғазаб бар тамоми мардум фурӯ мерезад*.+ 13 Фурӯшанда, ҳатто агар зинда монад, чизи фурӯхтаашро баргардонда наметавонад, зеро ин рӯъё ба тамоми мардум дахл дорад. Ҳеҷ кас барнамегардад ва ҳеҷ кас аз сабаби хатояш зинда намемонад.
14 Онҳо карнай навохтанду+ ҳама тайёранд, аммо касе ба ҷанг намеравад, зеро ғазаби ман бар тамоми мардум аланга задааст.+ 15 Аз берун шамшер+ ва аз дарун вабою гушнагист. Касе, ки дар саҳрост, аз шамшер мемурад ва касе, ки дар шаҳр аст, туъмаи гушнагиву вабо мегардад.+ 16 Наҷотёфтагон ба кӯҳистон мегурезанд ва ҳар яке мисли кафтари водиҳо аз хатои худ нола мекунад.+ 17 Аз тарс дастонашон беқувват мешавад ва дар эзорашон тар мекунанд.+ 18 Онҳо палос* дар бар мекунанд+ ва ларза онҳоро фаро мегирад. Ҳар як кас гирифтори нанг мешавад ва ҳар сар кал мегардад*.+
19 Онҳо нуқраашонро ба кӯчаҳо мепартоянд ва тиллояшон барои онҳо нафратовар мегардад. На нуқра ва на тиллояшон наметавонад онҳоро дар рӯзи ғазаби Яҳува халос кунад.+ Онҳо сер намешаванд, шикамашон пур намешавад, зеро ин чизҳо* барояшон санги пешпо ва сабаби хато шудаанд. 20 Онҳо аз зебу зинаташон фахр мекарданд ва аз нуқраву тилло бутҳои нафратовару ҳаром месохтанд.+ Аз ин рӯ ман ин чизҳоро барояшон нафратангез мегардонам. 21 Ман нуқраву тиллояшонро ба бегонагон барои ғорат ва ба бадкорони замин барои ғанимат медиҳам ва онҳо ин чизҳоро ҳаром мекунанд.
22 Ман рӯямро аз онҳо мегардонам+ ва онҳо* ниҳонгоҳи* маро нопок месозанд. Ғоратгарон ба он дохил шуда, онро нопок мекунанд.+
23 Занҷир* бисоз,+ зеро замин аз хуни ноҳақ+ ва шаҳр аз зӯроварӣ пур шудааст.+ 24 Ман бадтарини халқҳоро ба сарашон меорам+ ва онҳо хонаҳояшонро соҳиб мешаванд.+ Ман ба ғурури пурзӯрон хотима мебахшам ва муқаддасгоҳи онҳо ҳаром мегардад.+ 25 Вақте азоб кашанд, осоиштагиро ҷӯё мешаванд, аммо намеёбанд.+ 26 Фалокат болои фалокат, як хабар аз пайи хабари дигар меояд. Мардум беҳуда аз пайғамбар рӯъё меҷӯяд.+ Онҳо аз коҳинон дастур ва аз пирон маслиҳате нахоҳанд ёфт.+ 27 Подшоҳ мотам мегирад,+ сардорон либоси ноумедӣ* мепӯшанд ва дастони халқ аз даҳшат ба ларза меояд. Ман бо онҳо мувофиқи роҳҳои худашон амал менамоям ва онҳоро аз рӯйи довариҳои худашон доварӣ мекунам. Он гоҳ мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”».+
8 Дар соли шашум, дар рӯзи панҷуми моҳи шашум, вақте дар хонаи худ нишаста будаму пирони Яҳудо дар пешам буданд, дасти Парвардигор Яҳуваро ҳис кардам. 2 Ман назар андохта касеро дидам, ки намудаш мисли оташ буд. Поёнтар аз он чӣ мисли миёнаш менамуд, оташ буду+ болотар аз он мисли дурахши тиллои сафед* ҷило медод.+ 3 Ӯ чизеро мисли даст дароз карда, маро аз мӯйи сарам қапид ва рӯҳ маро аз байни замину осмон дар рӯъёҳои Худо ба даҳани дарвозаи дарунии Ерусалим,+ ки рӯ ба шимол буд, овард ва назди он дарвоза бути рашкангез гузошта шуда буд.+ 4 Дар он ҷо ҷалоли Худои Исроил+ мисли рӯъёе буд, ки ман дар водӣ дида будам.+
5 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, сӯйи шимол назар кун». Ман сӯйи шимол нигоҳ кардам ва дидам, ки дар он ҷо, дар шимоли дарвозае, ки сӯйи қурбонгоҳ мебарад, бути рашкангез меистод. 6 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, оё мебинӣ, ки чӣ тавр хонадони Исроил дар ин ҷо корҳои даҳшатовару нафратангез мекунанд,+ то ман аз муқаддасгоҳам дур шавам?+ Вале ту чизҳои нафратангези аз ин ҳам даҳшатоварро мебинӣ».
7 Ӯ маро ба даромадгоҳи саҳн овард ва ман назар андохта дар девор сӯрохиеро дидам. 8 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, сӯрохии деворро калонтар кун». Ман сӯрохиро калонтар карда, даромадгоҳеро дидам. 9 Ӯ гуфт: «Ин ҷо даромада, корҳои баду нафратангези онҳоро бубин». 10 Ман даромадам ва нақши ҳар гуна хазандагон, ҳайвонҳои нафратовар+ ва тамоми бутҳои ҳароми* хонадони Исроилро дидам.+ Онҳо гирдогирди девор кандакорӣ шуда буданд. 11 Дар пеши онҳо 70 пири хонадони Исроил меистод ва Яъзанёи писари Шофон+ дар байнашон буд. Ҳар яки онҳо дар даст бухурдон дошт ва абри атри гуворо аз бухурдонҳо боло мебаромад.+ 12 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, оё мебинӣ, ки пирони хонадони Исроил дар торикӣ, ҳар яке дар ҳуҷраҳои дарунӣ, ки бутҳояш он ҷост, чӣ кор мекунанд? Онҳо мегӯянд: “Яҳува моро намебинад. Яҳува ин заминро тарк кардааст”».+
13 Ӯ ба ман гуфт: «Ту корҳои нафратангезеро мебинӣ, ки аз ин ҳам даҳшатоваранд». 14 Ӯ маро ба даҳани дарвозаи шимолии хонаи Яҳува овард ва ман занонеро дидам, ки нишаста, дар ҳаққи худои Таммуз гиряву нола мекарданд.
15 Ӯ боз ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, инро дидӣ? Ту чизҳои нафратангезеро мебинӣ, ки аз ин ҳам даҳшатоваранд».+ 16 Сипас ӯ маро ба саҳни дарунии хонаи Яҳува+ бурд. Дар даромадгоҳи ибодатгоҳи Яҳува, байни айвону қурбонгоҳ, тахминан 25 нафар меистод, ки пушташон ба ибодатгоҳи Яҳува ва рӯяшон ба тарафи шарқ гардонда шуда буд. Онҳо рӯ ба тарафи шарқ ба офтоб саҷда мекарданд.+
17 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, ин корҳои хонадони Яҳудоро мебинӣ? Магар ин корҳои нафратоварашон ва заминро аз ситам пур карда,+ хашми маро оварданашон кам буд, ки боз навдаро* таги бинии ман меоранд? 18 Аз ин рӯ ман бо қаҳр амал мекунам. Чашмам ба онҳо раҳм намекунад ва дилам ба онҳо намесӯзад.+ Ҳатто агар дар пеши гӯшам доду фиғон кунанд, онҳоро намешунавам».+
9 Сипас ман шунидам, ки ӯ бо овози баланд чунин гуфт: «Бигзор онҳое, ки шаҳрро ҷазо доданиянд, ҳар яке бо яроқи марговар биёяд».
2 Ман шаш нафареро дидам, ки аз сӯйи дарвозаи боло,+ ки рӯ ба шимол буд, меомаданд ва ҳар яке яроқи марговар дар даст дошт. Дар байни онҳо марде либоси катон дар тан ва қаламдон дар миён меистод. Онҳо омада, дар пеши қурбонгоҳи мисин+ истоданд.
3 Сипас ҷалоли Худои Исроил+ аз болои каррубиён назди остонаи хона омада, қарор гирифт+ ва Худо марди катонпӯшро, ки дар миён қаламдон дошт, садо кард. 4 Яҳува ба ӯ гуфт: «Бирав ва дар шаҳр, дар Ерусалим, гашта, бар пешонии онҳое, ки аз корҳои нафратовари ин шаҳр+ оҳу нола мекунанд,+ аломат гузор».
5 Пас аз ин ман шунидам, ки ӯ ба дигарон чунин гуфт: «Аз пайи ӯ дар шаҳр гашта, зарба занед. Бигзор чашматон раҳм накунад ва дилатон насӯзад.+ 6 Мӯйсафедон, ҷавонписару ҷавондухтарон, кӯдакон ва занонро несту нобуд кунед,+ аммо ба шахсоне, ки бар пешонияшон аломат доранд, наздик нашавед.+ Ин корро аз муқаддасгоҳи ман сар кунед».+ Он гоҳ онҳо аз пироне, ки дар пеши хонаи Худо меистоданд,+ сар карданд. 7 Сипас ӯ ба онҳо гуфт: «Ин хонаро олуда созед ва саҳнҳоро аз ҷасадҳо пур кунед.+ Биравед!» Онҳо рафтанд ва мардуми шаҳрро низ зарба заданд.
8 Онҳо мардуми шаҳрро зарба заданд, ба тавре ки танҳо ман зинда мондам, ва ман рӯ ба замин афтода, фарёд задам: «Ё Яҳува, Парвардигоро! Оё тамоми ғазабатро ба Ерусалим фурӯ рехта ҳама боқимондагони Исроилро нобуд месозӣ?»+
9 Он гоҳ Худо ба ман гуфт: «Гуноҳи хонадони Исроилу Яҳудо бениҳоят бузург аст.+ Замин аз хунрезӣ+ ва шаҳр аз беадолатӣ пур гаштааст.+ Онҳо мегӯянд: “Яҳува ин заминро тарк кардааст. Яҳува намебинад”.+ 10 Аз ин рӯ чашмам ба онҳо раҳм намекунад ва дилам ба онҳо намесӯзад.+ Ман оқибати рафторашонро бар сарашон меорам».
11 Сипас ман дидам, ки марди катонпӯш, ки дар миён қаламдон дошт, ҷавоб гардонд: «Ҳар он чӣ фармудӣ, ба ҷо овардам».
10 Ман назар андохта дидам, ки бар шифти болои сари каррубиён чизе мисли ёқути кабуд буд ва он ба тахт монандӣ дошт.+ 2 Сипас Худо* ба марде, ки либоси катон дар тан дошт,+ гуфт: «Байни чархҳо,+ зери каррубиён, даромада, ду дастатро аз лахчаҳои+ байни каррубиён пур кун ва онҳоро бар шаҳр парто».+ Он мард дар пеши назари ман ба он ҷо даромад.
3 Вақте ӯ даромад, каррубиён дар тарафи рости ибодатгоҳ меистоданд ва абр саҳни даруниро фаро гирифт. 4 Ҷалоли Яҳува+ аз болои каррубиён бар остонаи хона омада, қарор гирифт ва абр оҳиста-оҳиста хонаро фаро гирифту+ саҳн аз дурахши ҷалоли Яҳува пур шуд. 5 Садои болҳои каррубиён дар саҳни берунии хона шунида мешуд, он мисли садои суханронии Худои Тавоно* буд.+
6 Сипас Худо* ба марди катонпӯш фармуд: «Оташро аз байни чархҳо ва каррубиён бигир», ва он мард даромада, назди яке аз чархҳо истод. 7 Яке аз каррубиён ба оташе, ки байни каррубиён буд,+ даст дароз кард. Ӯ аз он оташ каме гирифта, рӯйи ду дасти марди катонпӯш+ гузошт ва ӯ онро гирифта, баромад. 8 Он каррубиён дар зери болҳояшон чизе монанди дастони одамизод доштанд.+
9 Ман назар андохта назди каррубиён чор чархро дидам, назди ҳар каррубӣ як чарх меистод ва ҳар чарх гӯё мисли санги забарҷад ҷило медод.+ 10 Ҳар чори онҳо ба ҳам монандӣ доштанд. Сохт ва намуди онҳо тавре буд, ки гӯё чархе дар даруни чархе бошад. 11 Ҳангоми рафтан онҳо ба чор самт ҳаракат карда метавонистанд, бе он ки ба сӯе тоб хӯранд, зеро онҳо ба ҳар самте, ки сар менигарист, тоб нахӯрда мерафтанд. 12 Тамоми бадан, пушт, дастону болҳояшон ва чархҳо, чархҳои ҳар чорашон, гирдогирд пур аз чашм буданд.+ 13 Ман овозеро шунидам, ки ба чархҳо мегуфт: «Эй чархҳо!»
14 Ҳар як каррубӣ чор рӯй дошт. Рӯйи якум рӯйи каррубӣ, рӯйи дуюм рӯйи одам, рӯйи сеюм рӯйи шер ва рӯйи чорум рӯйи уқоб буд.+
15 Каррубиён аз замин баланд мешуданд (онҳо ҳамон ҷонзодоне буданд, ки ман назди дарёи Кабар+ дида будам) 16 ва, вақте каррубиён ҳаракат мекарданд, чархҳо низ баробарашон ҳаракат мекарданд. Вақте каррубиён болҳояшонро мебардоштанд, то аз замин баланд шаванд, чархҳо тоб намехӯрданд ва аз пешашон дур намешуданд.+ 17 Ҳар гоҳе ки онҳо меистоданд, чархҳо низ меистоданд. Вақте онҳо аз замин баланд мешуданд, чархҳо низ бо онҳо боло мерафтанд, зеро рӯҳе, ки дар чор ҷонзод амал мекард, дар чархҳо низ буд.
18 Сипас ҷалоли Яҳува+ аз остонаи ибодатгоҳ дур шуда, бар болои сари каррубиён истод.+ 19 Дар пеши назарам каррубиён болҳояшонро бардошта, аз замин баланд шуданд. Вақте онҳо ҳаракат мекарданд, чархҳо низ баробарашон ҳаракат мекарданд. Онҳо назди даромадгоҳи дарвозаи шарқии хонаи Яҳува истоданд ва ҷалоли Худои Исроил бар болои сари онҳо буд.+
20 Ин ҳамон ҷонзодҳое буданд, ки ман назди дарёи Кабар, зери тахти Худои Исроил, дида будам+ ва ман фаҳмидам, ки онҳо каррубиёнанд. 21 Ҳар чори онҳо чор рӯй ва чор бол дошт ва зери болҳояшон чизе монанди дастони одамизод доштанд.+ 22 Намуди рӯйҳояшон мисли ҳамон рӯйҳое буд, ки назди дарёи Кабар дида будам.+ Ҳар яки онҳо рост ҳаракат мекард.+
11 Рӯҳ маро бардошта, назди дарвозаи шарқии хонаи Яҳува, ки рӯ ба ҷониби шарқ буд, овард.+ Ин ҷо, дар даромадгоҳи дарвоза, ман 25 мард ва дар байни онҳо мирони халқ,+ Яъзанёи писари Аззур ва Фалатёи писари Баноёро, дидам. 2 Сипас Худо* ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, ин мардон касонеянд, ки дар ин шаҳр нияти бад меандешанд ва ба мардумаш маслиҳатҳои бад медиҳанд. 3 Онҳо мегӯянд: “Магар ҳозир вақти хонасозӣ нест?+ Шаҳр* дег асту+ мо гӯштем”.
4 Аз ин рӯ бар зидди онҳо пешгӯйӣ намо. Пешгӯйӣ намо, эй фарзанди одам».+
5 Пас аз ин рӯҳи Яҳува бар ман фуруд омад+ ва ӯ ба ман гуфт: «Бигӯй, ки Яҳува чунин мегӯяд: “Гапатон рост аст, эй хонадони Исроил. Ман андешаҳои шуморо медонам. 6 Шумо дар ин шаҳр сабабгори марги бисёриҳо гаштаед ва кӯчаҳои онро аз ҷасадҳо пур кардаед”.+ 7 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ҷасадҳое, ки шумо дар шаҳр партофтаед, гӯшт мебошанд, шаҳр бошад, дег,+ аммо шумо аз даруни он бароварда мешавед.
8 Ман бар сари шумо, ки аз шамшер метарсед,+ шамшер меорам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 9 Ман шуморо аз он берун оварда, ба дасти бегонагон месупорам ва шуморо ҷазо медиҳам.+ 10 Шумо аз дами шамшер хоҳед афтод.+ Ман шуморо дар сарҳади Исроил доварӣ мекунам+ ва он гоҳ хоҳед донист, ки ман Яҳува ҳастам.+ 11 Шаҳр бароятон дег ва шумо андаруни он гӯшт нахоҳед буд. Ман шуморо дар сарҳади Исроил доварӣ хоҳам кард 12 ва шумо хоҳед донист, ки ман Яҳува ҳастам, зеро шумо дастурҳои маро ба ҷо наовардеду ҳукмҳои маро риоя накардед,+ балки ба ҳукмҳои халқҳои гирду атрофатон пайравӣ намудед”».+
13 Ҳамин ки ман пешгӯйӣ кардам, Фалатёи писари Баноё мурд ва ман рӯ ба замин афтода, бо овози баланд фарёд задам: «Ё Яҳува, Парвардигоро! Оё ту бақияи Исроилро нобуд месозӣ?»+
14 Аз ҷониби Яҳува боз ба ман чунин паём омад: 15 «Эй фарзанди одам, сокинони Ерусалим ба бародаронат, наздиконат, ки ҳаққи бозхарид доранд, ва ба тамоми хонадони Исроил чунин мегӯянд: “Аз Яҳува дур шавед. Ин замин замини мост, он ба мо мерос дода шудааст”. 16 Аз ин рӯ бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман онҳоро аз байни халқҳо дур сохта, дар миёни мамлакатҳо пароканда карда бошам ҳам,+ ба муддати кӯтоҳ дар замине, ки ба он ҷо омадаанд, муқаддасгоҳи онҳо хоҳам буд”.+
17 Аз ин рӯ бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ҳамчунин шуморо аз миёни халқҳо ҷамъ мекунам, аз заминҳое, ки пароканда шудаед, гирд меорам ва ба шумо замини Исроилро медиҳам.+ 18 Онҳо ба замини Исроил баргашта, онро аз тамоми чизҳои ҳаром ва корҳои нафратангез пок месозанд.+ 19 Ман онҳоро якдил мегардонам+ ва ба онҳо рӯҳи наве мебахшам,+ дили сангинашонро аз баданашон дур карда,+ ба онҳо дили гӯштин* медиҳам,+ 20 то онҳо фармудаҳои маро ба ҷо оранд ва ҳукмҳои маро риоя намуда, ба онҳо итоат кунанд. Он гоҳ онҳо халқи ман ва ман Худои онҳо хоҳам буд.
21 Аммо оқибати роҳу рафтори онҳоеро, ки ҳушу ёдашон ба чизҳои ҳаром ва корҳои нафратангез банд аст, бар сарашон хоҳам овард,— мегӯяд Парвардигор Яҳува”».
22 Каррубиён болҳояшонро бардоштанд, чархҳо дар назди онҳо буданд+ ва ҷалоли Худои Исроил бар болои сарашон буд.+ 23 Сипас ҷалоли Яҳува+ фуруд омада, бар кӯҳе, ки дар шарқи шаҳр буд,+ қарор гирифт. 24 Рӯҳ маро бардошта, дар рӯъё, ки рӯҳи Худо ба ман нишон дод, ба назди асирони Калдония овард. Сипас рӯъёе, ки дида будам, нест шуд 25 ва ман ба халқи асир тамоми он чизҳоеро, ки Яҳува ба ман нишон дод, нақл кардам.
12 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, ту дар миёни хонадони саркаш зиндагӣ мекунӣ. Онҳо чашм доранду намебинанд, гӯш доранду намешунаванд,+ чунки хонадони саркашанд.+ 3 Эй фарзанди одам, мисли касе, ки аз ватан бадарға мешавад, бору бандатро тайёр кун ва рӯзона, дар пеши чашми мардум, аз хонаат баромада, ба ҷойи дигаре бирав. Ҳарчанд онҳо хонадони саркашанд, шояд ки, инро дида дар фикр зананд. 4 Рӯзона дар пеши чашми ҳама бореро, ки барои рафтан тайёр кардаӣ, барор. Бегоҳ дар пеши чашми онҳо мисли касе, ки аз ватан бадарға мешавад, аз он ҷо бирав.+
5 Дар пеши чашми ҳама деворро шикоф кун ва бору бандатро аз он барор.+ 6 Дар торикӣ дар пеши чашми онҳо боратро бар китфат гузошта, бирав. Рӯятро бипӯшон, то ки заминро набинӣ, зеро ман туро барои хонадони Исроил аломате месозам».+
7 Ман, тавре ки ба ман фармуда шуд, амал кардам: рӯзона бору бандеро, ки барои бадарға шудан тайёр карда будам, берун овардам ва бегоҳ бо даст деворро шикоф кардам. Вақте торик шуд, ман дар пеши чашми онҳо чизҳоямро гирифта, бар китфам гузоштаму рафтам.
8 Саҳарӣ Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 9 «Эй фарзанди одам, ба хонадони Исроил, ба ин хонадони саркаш, ки аз ту пурсиданд: “Чӣ кор карда истодаӣ?”, 10 бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ин паём ба сарваре, ки дар Ерусалим аст, ва ба тамоми хонадони Исроил, ки дар ин шаҳр аст, дахл дорад”.+
11 Бигӯ: “Ман барои шумо аломате ҳастам.+ Бо онҳо ҳамон тавре мешавад, ки ман нишон додам: онҳо бадарға шуда, ба асирӣ мераванд.+ 12 Сарваре, ки дар миёни онҳост, бору бандашро ба китфаш гузошта, дар торикӣ мебарояд. Ӯ деворро шикоф мекунад ва чизҳояшро аз он мегузаронад.+ Ӯ рӯяшро мепӯшонад, то заминро набинад”. 13 Ман бар ӯ тӯр меандозам ва ӯ ба тӯрам меафтад.+ Сипас вайро ба Бобил, ба замини калдониён, мебарам, лекин вай онро бо чашмонаш намебинад. Ӯ оқибат дар ҳамон ҷо мемурад.+ 14 Ман ҳамаи онҳоеро, ки дар гирду пешаш ҳастанд, ҳамаи мададгорону сарбозонашро, ба чор тараф пароканда месозам+ ва шамшер кашида, аз пасашон сур мекунам.+ 15 Вақте онҳоро дар миёни халқҳо пароканда кунам ва дар миёни кишварҳо парешон созам, мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам. 16 Вале шумораи ками онҳоро аз шамшер ва гушнагию вабо наҷот медиҳам, то онҳо ҳамаи корҳои нафратоварашонро ба халқҳое, ки ба наздашон мераванд, нақл кунанд. Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам».
17 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 18 «Эй фарзанди одам, нонатро бо тарсу ларз бихӯр ва обатро бо ташвишу хавотирӣ бинӯш.+ 19 Ба мардуми ин замин бигӯ: “Парвардигор Яҳува ба сокинони Ерусалим, ки дар замини Исроил аст, чунин мегӯяд: “Онҳо нонашонро бо хавотирӣ мехӯранд ва обашонро бо ваҳм менӯшанд, зеро заминашон аз зӯроварии тамоми сокинонаш+ бекасу хароба мегардад.+ 20 Шаҳрҳои серодам хароб мегарданд ва замин ба биёбон табдил меёбад.+ Он гоҳ шумо мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам”».+
21 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 22 «Эй фарзанди одам, ин чӣ мақолест, ки мардуми Исроил мегӯяд: “Рӯзҳо мегузаранду ягон рӯъё иҷро намешавад”?!+ 23 Ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ин мақолро аз байн мебарам ва дигар касе дар Исроил онро ба забон намеорад”. Ба онҳо бигӯ: “Рӯзҳое наздиканд,+ ки ҳар як рӯъё иҷро мешавад”. 24 Дар хонадони Исроил касе дигар рӯъёи дурӯғ намебинад ва хушомадгӯёна* фол намекушояд,+ 25 зеро ман, Яҳува, сухан мегӯям. Ҳар чӣ бигӯям, дарҳол иҷро мегардад, он дигар ба қафо партофта намешавад.+ Дар рӯзҳои умри ту,+ эй хонадони саркаш, ман сухан гуфта, онро ба ҷо меорам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува”».
26 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 27 «Эй фарзанди одам, хонадони Исроил чунин мегӯяд: “Рӯъёе, ки ӯ мебинад, ба ин наздикиҳо иҷро намешавад, ӯ дар бораи ояндаи дур пешгӯйӣ мекунад”.+ 28 Аз ин рӯ ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Иҷро гаштани ҳеҷ суханам дер намекунад, ҳар он чӣ гӯям, ба амал меояд”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува”».
13 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, бар зидди пайғамбарони Исроил пешгӯйӣ бикун+ ва ба онҳое, ки аз дили худ пешгӯйӣ мекунанд,+ бигӯ: “Паёми Яҳуваро бишнавед. 3 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Вой бар ҳоли пайғамбарони аблаҳ, ки аз пеши худ гап мезананд, дар ҳоле ки рӯъёе надидаанд.+ 4 Эй Исроил, пайғамбарони ту мисли рӯбоҳони харобазор шудаанд. 5 Шумо назди шикастаҳои ҳисори сангин намебароед ва онро барои хонадони Исроил соз намекунед,+ то Исроил дар рӯзи Яҳува+ дар ҷанг истодагӣ кунад. 6 Эй касоне, ки мегӯед: “Яҳува чунин мегӯяд”, дар ҳоле ки Яҳува шуморо нафиристодааст, шумо рӯъёҳои дурӯғ мебинеду дурӯғро пешгӯйӣ мекунед ва боз умедвор мешавед, ки суханатон иҷро гардад.+ 7 Магар рӯъёи шумо фиреб нест ва, вақте “Яҳува чунин мегӯяд” гуфта, пешгӯйӣ мекунед, дар ҳоле ки ман чизе нагуфтаам, дурӯғ намегӯед?
8 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Азбаски суханони шумо фиреб ва рӯъёҳоятон дурӯғ аст, ман зидди шумоям,— мегӯяд Парвардигор Яҳува”.+ 9 Ман бар пайғамбароне, ки рӯъёҳояшон фиреб ва пешгӯйиҳояшон дурӯғ аст,+ даст мебардорам. Онҳо дар миёни касони наздикам намешаванд, дар насабномаҳои хонадони Исроил зикр намеёбанд ва ба замини Исроил барнамегарданд. Он вақт мефаҳмед, ки ман Парвардигор Яҳува ҳастам.+ 10 Ҳамаи ин аз барои он аст, ки онҳо халқи маро гумроҳ карда, “Осоиштагист!” мегӯянд, ҳол он ки аз осоиштагӣ нишоне нест.+ Онҳо девори нимҷони хонаро бо оҳак андова мекунанд*.+
11 Ба онҳое, ки деворро бо оҳак андова мекунанд, бигӯ, ки он меафтад. Борони сел меборад, жола мезанад ва тундбод мевазаду он мешиканад.+ 12 Вақте девор афтад, аз шумо мепурсанд, ки “Андоваатон куҷо шуд?”+
13 Бинобар ин Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бо хашм тундбод мефиристам, бо қаҳр борони сел меборонам ва бо ғазаби ҳалокатовар жола мерезам. 14 Ман девореро, ки бо оҳак андова кардед, мешиканаму ба хок яксон мекунам ва пойдевори он намоён мешавад. Вақте ки шаҳр фурӯ ғалтад, шумо дар даруни он нобуд мешавед. Он гоҳ мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам”.
15 Вақте ки ман хашмамро бар ин девор ва бар касоне, ки онро андова карданд, пурра фурӯ резам, ба шумо мегӯям: “Аз девор ва андовагаронаш нишоне намонд.+ 16 Пайғамбарони Исроил, онҳое, ки дар бораи Ерусалим пешгӯйӣ мекарданду дар бораи осоиштагияш рӯъёҳо медиданд, дар ҳоле ки осоиштагӣ набуд, нест шуданд”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.
17 Эй фарзанди одам, ба духтарони халқат, ки аз дили худ пешгӯйӣ мекунанд, рӯй оварда, дар бораашон пешгӯйӣ намо. 18 Ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Вой бар ҳоли заноне, ки барои ҳар даст бандҳо* ва барои ҳар сар, мувофиқи қомати кас, чодар медӯзанд, то одамонро ба дом афтонанд. Оё шумо халқи маро ба дом афтонда, ҷони худро халос карданиед? 19 Шумо барои як каф ҷаву як пора нон маро дар миёни халқам беҳурмат месозед.+ Шумо халқамро, ки дурӯғҳоятонро гӯш мекунад, фиреб медиҳед ва касонеро, ки набояд бимиранд, мекушеду касонеро, ки набояд зинда монанд, зинда мегузоред”.+
20 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бандҳои шуморо, эй занон, чашми дидан надорам. Шумо бо онҳо одамонро, гӯё парандае бошанд, шикор мекунед, вале ман бандҳоро аз дастатон меканам ва онҳоеро, ки чун паранда ба дом афтондаед, раҳо месозам. 21 Ман чодарҳои шуморо медарронам ва халқамро аз дасти шумо халос мекунам. Онҳо барои шумо дигар мисли сайд нахоҳанд буд. Он гоҳ мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам.+ 22 Шумо росткорро, ки ман ғамгин карданӣ нестам, бо дурӯғҳоятон зиқ мекунед,+ лекин дастони бадкорро мустаҳкам менамоед,+ то вай аз роҳи бадаш нагардад ва зинда намонад.+ 23 Барои ҳамин шумо, эй занон, дигар рӯъёҳои дурӯғ намебинеду фол намекушоед.+ Ман халқамро аз дастатон халос мекунам ва шумо мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам”».
14 Якчанд нафар аз пирони Исроил омада, пеши ман нишастанд.+ 2 Он гоҳ Яҳува ба ман паём фиристода гуфт: 3 «Эй фарзанди одам, инҳо бо тамоми дил бутҳои ҳаромашонро* пайравӣ мекунанд ва дар сари роҳи мардум санги пешпо гузошта, онҳоро ба гуноҳ тела медиҳанд. Наход баъди ҳамаи ин ба пурсиши онҳо ҷавоб диҳам?!+ 4 Ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Агар исроилие бо тамоми дил бутҳои ҳаромашро пайравӣ кунад ва дар сари роҳи мардум санги пешпо гузошта, онҳоро ба гуноҳ тела диҳад ва пас аз ҳамаи ин омада, пайғамбарро пурсон шавад, ман, Яҳува, шумораи бутҳои ҳаромашро ба назар гирифта ҷавоб медиҳам. 5 Ман ба дили хонадони Исроил даҳшат меандозам, чунки ҳамаи онҳо аз ман дур шуда, аз пайи бутҳои ҳаромашон рафтанд”.+
6 Бинобар ин ба хонадони Исроил бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Баргардед, аз бутҳои ҳароми худ рӯй тобед ва ҳамаи корҳои нафратоваратонро партоед.+ 7 Агар ягон исроилӣ ё ғарибе, ки дар Исроил сокин аст, аз ман дур шуда, бо тамоми дил бутҳои ҳаромашро пайравӣ кунад ва дар сари роҳи мардум санги пешпо гузошта, онҳоро ба гуноҳ тела диҳад ва пас аз ҳамаи ин омада, пайғамбари маро пурсон шавад,+ ман, Яҳува, худам ба вай ҷавоб медиҳам. 8 Ман ба ӯ зид баромада, ӯро барои дигарон аломат ва зарбулмасали даҳани мардум мегардонам ва аз миёни халқам решакан месозам.+ Он гоҳ мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам.
9 Агар пайғамбар фиреб хӯрда, ҷавобе диҳад, бидонед, ки ман, Яҳува, ӯро фиреб додаам.+ Он гоҳ ман ба ӯ даст бардошта, вайро аз миёни халқам Исроил нест мекунам. 10 Онҳо бори гуноҳи худро хоҳанд бардошт: ҳам пурсандаю ҳам пайғамбар гунаҳкор дониста мешаванд, 11 то хонадони Исроил дигар аз ман дур нашаваду худро бо гуноҳҳояш олуда насозад. Он гоҳ онҳо халқи ман мешаванду ман Худои онҳо”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
12 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 13 «Эй фарзанди одам, агар замине бевафоӣ карда бар зидди ман гуноҳ кунад, ман бар он даст бардошта, озуқаашро* нобуд месозам.+ Ман бар замин гушнагӣ фиристода,+ одаму ҳайвонро аз он нест мекунам.+ 14 Он вақт, ҳатто агар ин се нафар: Нӯҳ,+ Дониёл+ ва Айюб,+ дар он замин бошанд, бо росткорияшон танҳо ҷони худро халос мекунанд,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
15 Ё, агар ман ба он замин даррандагонро бифиристаму онҳо сокинонашро бихӯранд ва онро харобазоре гардонанд, ки касе аз тарси даррандагонаш аз он нагузарад,+ 16 ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— ҳатто агар ин се нафар дар он замин бошанд, писару духтари худро наҷот намедиҳанд. Онҳо танҳо ҷони худро халос мекунанд, он замин бошад, харобаи бекас мешавад.
17 Ё, агар ман бар он замин шамшер фиристода,+ бигӯям, ки “Шамшер аз он замин бигзарад”, ва он ҳам одаму ҳам ҳайвонро нобуд созад,+ 18 ҳатто агар ин се нафар дар он замин бошанд, ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— онҳо писару духтари худро наҷот намедиҳанд, балки танҳо ҷони худро халос мекунанд.
19 Ё, агар ман бар он замин вабо бифиристам+ ва хашмамро бар он фурӯ резаму хун рехта, одаму ҳайвонро дар он нобуд созам, 20 ҳатто агар Нӯҳ,+ Дониёл+ ва Айюб+ дар он замин бошанд, ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— писару духтари худро наҷот намедиҳанд. Онҳо бо росткорияшон танҳо ҷони худро халос мекунанд”.+
21 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Пас, вақте ман ин чор ҷазо:+ шамшер, гушнагӣ ва даррандагону ваборо,+ бар Ерусалим бифиристаму одаму ҳайвонро аз он нест кунам,+ ҳолаш аз ин ҳам бадтар мешавад. 22 Вале дар он бақияе, ҳам писарону ҳам духтарон, зинда мемонад ва берун меояд.+ Онҳо сӯйи ту меоянд ва ту роҳу рафторашонро дида аз балое, ки бар сари Ерусалим овардам, ва, ҳар коре бо он кардам, ором мешавӣ.
23 Вақте роҳу рафтори онҳоро бубинӣ, ором мешавӣ ва мефаҳмӣ, ки, ҳар чӣ бо он кардам, беҳуда набуд”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
15 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, дарахти ток аз дигар дарахтон ва ё шохаи дарахтони ҷангал чӣ фарқ дорад? 3 Оё чӯби он ба чизе кор меояд? Оё мардум аз он мех месозанд, то чизҳояшонро овезанд? 4 Не. Онро чун ҳезум ба оташ мепартоянд ва сару нӯгаш сӯхта, миёнааш нимсӯз мешавад. Оё он акнун ба чизе кор меояд? 5 Он пеш аз сӯхта шуданаш чӣ буд ки, баъди дар оташ сӯхтанаш ба чизе кор ояд?!
6 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Чуноне ки ман дарахти токро аз миёни дарахтони ҷангал барои ҳезумӣ додаам, бо сокинони Ерусалим низ ҳамин тавр амал мекунам.+ 7 Ман зидди онҳо баромадаам. Онҳо як бор аз оташ халос хӯрданд, аммо оқибат ба коми он мераванд. Вақте зидди онҳо бароям, шумо мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам.+
8 Ман он заминро харобазор мегардонам,+ чунки онҳо ба ман бевафоӣ карданд”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
16 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, Ерусалимро аз корҳои нафратовараш огоҳ кун.+ 3 Ба вай бигӯ: “Парвардигор Яҳува ба Ерусалим чунин мегӯяд: “Аслу зодгоҳи ту замини канъониён аст. Падарат амӯриву+ модарат ҳиттӣ+ буд. 4 Дар рӯзи зода шуданат нофатро набуриданд, туро бо об шуста, тоза накарданд, намак нашакиданд ва парпеч накарданд. 5 Дили ҳеҷ кас ба ту насӯхт ва касе бароят ин корҳоро накард. Раҳми касе ба ту наомад, балки туро дар рӯзи зода шуданат дар саҳро партофтанд, чунки аз ту безор буданд.
6 Вақте ман аз пешат мегузаштам, дидам, ки оғуштаи хуниву дасту по мезанӣ. Он гоҳ ман ба ту гуфтам: “Зинда бимон!” Ман ба туи хунолуд гуфтам: “Зинда бимон!” 7 Ман туро мисли алафи саҳро сершумор гардондам. Ту нашъунамо ёфта, калон шудӣ ва бо зару зевари беҳтарин худро оро додӣ. Ту сина баровардӣ ва мӯят дароз шуд, вале ҳанӯз лучу бараҳна будӣ.
8 Вақте ман аз пешат гузаштам, дидам, ки ба синни ишқу ошиқӣ расидаӣ. Он гоҳ домани либосамро бар ту паҳн кардам+ ва тани лучи туро пӯшондам. Ман қасам хӯрда, бо ту аҳд бастам ва ту аз они ман шудӣ,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 9 Ман туро бо об шуста, аз хун тоза кардаму равған молидам.+ 10 Сипас туро куртаи гулдӯзиву попӯше аз чарми беҳтарин* пӯшондам, туро катони нафис печондам ва либосҳои қиматбаҳо пӯшондам. 11 Туро бо зару зевар оро додам, ба дастонат дастпона ва бар гарданат гарданбанд андохтам. 12 Ба биният ҳалқаву ба гӯшҳоят гӯшвор пӯшондам, бар сарат тоҷи зебое гузоштам. 13 Ту худро бо тиллову нуқра, катони нафис, матои қиматбаҳо ва либоси гулдӯзӣ оро медодӣ. Хӯроки ту орди маҳин ва асалу равған буд. Ту беҳад хушрӯ+ шудиву зеби маликагӣ пайдо кардӣ.
14 Овозаи хушрӯйии ту дар миёни халқҳо паҳн гашт.+ Ҳусну ҷамоли ту бекаму кост буд, чунки ман шукӯҳи худро бар ту ниҳода будам,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
15 Вале ту ба зебоият такя кардӣ+ ва аз пушти шуҳратат фоҳиша шудӣ.+ Ту зинокории фаровонатро аз ягон раҳгузар дареғ надоштӣ+ ва зебоиятро ба онҳо бахшидӣ. 16 Ту аз либосҳоят баландиҳои рангоранг сохтӣ ва дар он ҷо зино кардӣ,+ ту корҳое кардӣ, ки набояд рӯй диҳанд ва ба амал оянд. 17 Ту аз зару зеваре, ки аз тиллову нуқраи ман буд, барои худ ҳайкали мардонро сохта, бо онҳо зино намудӣ.+ 18 Онҳоро бо либоси гулдӯзият оро додӣ ва равғану бухури маро ба онҳо пешкаш кардӣ.+ 19 Нонеро, ки ба ту дода будам, нонеро, ки аз орди маҳин ва равғану асали ман буд, чун ҳадияи хушбӯй* ба онҳо овардӣ.+ Ҳамааш айнан ҳамин хел буд,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
20 Ту писару духтаронеро, ки ба ман зода будӣ,+ қурбон кардӣ, то хӯроки бутҳо шаванд.+ Магар фоҳишагият кам буд, ки боз чунин коре кардӣ?! 21 Ту писарони маро мекуштӣ ва дар оташ сӯзонда ба бутҳоят қурбон мекардӣ.+ 22 Вақте ба корҳои нафратовар ва зино даст мезадӣ, ҷавониятро ба хотир наовардӣ, ту фаромӯш кардӣ, ки замоне лучу бараҳна будӣ ва ба хуни худ ҷӯлида, дасту по мезадӣ. 23 Эй вой бар ту, вой бар ту,+ бо ин ҳама бадкорият,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 24 Ту барои худ тал бардоштӣ ва дар ҳар майдон баландӣ сохтӣ. 25 Ту дар сари ҳар кӯча баландиҳо барпо кардӣ, худро ба ҳар раҳгузар пешкаш намуда,+ ҳусни худро нафратангез кардӣ ва зинокориҳоятро зиёд намудӣ.+ 26 Ту бо писарони Миср, бо ҳамсояҳои шаҳватпарастат, зино кардӣ+ ва бо зинокории бешуморат қаҳри маро овардӣ. 27 Акнун ман ба ту даст мебардорам, ризқу рӯзиятро кам мекунам+ ва туро ба дасти заноне, ки аз ту нафрат доранд, ба дасти духтарони фалиштӣ, месупорам,+ ки аз беҳаёгиҳоят ба даҳшат омадаанд.+
28 Ин бароят басанда набуд ва ту бо писарони Ошур зино кардӣ,+ вале пас аз ин ҳам аз зино сер нашудӣ. 29 Барои ҳамин фоҳишагият то замини Канъон* ва то калдониён расид,+ вале ту боз ҳам аз зино сер нашудӣ. 30 Чӣ фосиқ* буд дилат*, охир, ту мисли фоҳишаи бешарму ҳаёе ба ҳамаи ин корҳо даст задӣ!+ — мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 31 Аммо, вақте ту дар сари ҳар кӯча тал бардоштӣ ва дар ҳар майдон баландӣ сохтӣ, мисли фоҳиша набудӣ, зеро музде намегирифтӣ. 32 Ту зани хиёнаткоре ҳастӣ, ки шавҳарашро нею бегонагонро хуш дорад.+ 33 Ба ҳама фоҳишагон туҳфа медиҳанд,+ ту бошӣ, худат ба ҳамаи онҳое, ки туро ҳавас мекарданд, туҳфа медодӣ.+ Ту ба онҳо пора медодӣ, то аз гирду атроф наздат омада, бо ту зино кунанд.+ 34 Ту баръакси дигар фоҳишагон ҳастӣ. Касе мисли ту танфурӯшӣ накардааст! Ту ба дигарон музд медиҳӣ, на дигарон ба ту. Кори ту баръакс аст.
35 Аз ин рӯ, эй фоҳиша,+ паёми Яҳуваро бишнав! 36 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ту лаҷоми нафсатро накашидӣ ва бо хушдоронат ва бутҳои нафратовару ҳаромат*,+ ки барояшон ҳатто хуни писаронатро рехтӣ,+ зино карда, танатро луч намудӣ. 37 Бинобар ин ман ҳамаи хушдоронатро, ки ба онҳо ҳаловат мебахшидӣ, ҳамаи онҳоеро, ки дӯст медоштӣ, ва онҳоеро, ки бад медидӣ, бар зидди ту ҷамъ меорам. Ман онҳоро аз гирду атроф ҷамъ оварда, туро дар пешашон луч мекунам ва онҳо бараҳнагии туро мебинанд.+
38 Ман туро ҷазо медиҳам, чуноне ки занони хиёнаткору+ хунхорро+ ҷазо медиҳанд, ва бо рашку ғазаб хунатро ба замин мерезам.+ 39 Ман туро ба дасти онҳо месупорам ва онҳо талҳоятро вайрон мекунанду баландиҳоятро мешикананд,+ либосатро аз танат мекашанд,+ зару зеваратро мегиранд+ ва туро лучу бараҳна мепартоянд. 40 Онҳо мардумро бар зидди ту ҷамъ меоранд,+ туро сангсор мекунанд+ ва бо шамшер мекушанд.+ 41 Онҳо хонаҳоятро оташ мезананд+ ва дар пеши назари занони бисёр туро ҷазо медиҳанд. Ман ба фоҳишагии ту хотима мебахшам+ ва ту дигар музди зино нахоҳӣ дод. 42 Он гоҳ хашми ман паст мегардад+ ва ғазабам аз ту дур мешавад.+ Ман ором шуда, дигар дар қаҳр нахоҳам буд.
43 Азбаски айёми ҷавониятро ба хотир наовардӣ+ ва бо ҳамаи ин корҳоят маро хашмгин кардӣ, ман оқибати рафторатро ба сарат меорам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— ва ту дигар беҳаёгӣ намекунӣ ва ба корҳои нафратовар даст намезанӣ.
44 Ҳар кӣ бо зарбулмасалҳо гап мезанад, дар ҳаққи ту чунин хоҳад гуфт: “Духтар чӣ гуна, модар намуна”.+ 45 Ту духтари модарат ҳастӣ, ки аз шавҳар ва фарзандонаш нафрат дошт. Ту аз хоҳаронат, ки аз шавҳар ва фарзандонашон нафрат доштанд, камӣ надорӣ. Модари шумо ҳиттӣ ва падаратон амӯрӣ буд.+
46 Апаи ту Сомария аст,+ ки бо духтаронаш* дар шимоли ту* зиндагӣ мекунад,+ ва хоҳарат Садӯм+ аст, ки бо духтаронаш дар ҷануби ту* зиндагӣ мекунад.+ 47 Ту на фақат бо роҳҳои онҳо равона шудӣ ва ба корҳои нафратоварашон пайравӣ кардӣ, балки дар як дам аз онҳо фосиқтар шудӣ.+ 48 Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— хоҳарат Садӯму духтаронаш мисли тую духтаронат рафтор накарда буданд. 49 Гуноҳи хоҳарат Садӯм дар он буд, ки ӯву духтаронаш+ ҳавобаланд буданд.+ Онҳо ғизои фаровон доштанду+ беғам буданд,+ вале азобдидаву камбағалро дастгирӣ намекарданд.+ 50 Онҳо сар нафуроварданд+ ва дар пеши чашми ман корҳои нафратовар карданд,+ аз ин рӯ ман ғайр аз нест кардани онҳо чораи дигаре надидам.+
51 Сомария+ низ нисфи гуноҳҳои туро накарда буд. Ту аз онҳо корҳои нафратовари бештар кардӣ, то ба дараҷае ки хоҳаронат дар пеши ту росткор тофтанд.+ 52 Акнун бори нангатро бардор, зеро ту рафтори хоҳаронатро сафед кардӣ. Азбаски ту бо корҳои нафратоварат аз онҳо бештар гуноҳ кардӣ, онҳо аз ту росткортаранд. Пас, шарм дор ва бори нанги худро бардор, зеро хоҳаронат дар пеши ту росткор метобанд.
53 Ман асирони онҳоро, асирони Садӯму духтаронашро ва асирони Сомарияву духтаронашро, ҷамъ меорам. Ман асирони туро низ ҳамроҳи онҳо ҷамъ меорам,+ 54 то бори нангатро бардорӣ. Ту шарманда мешавӣ, зеро онҳоро тасаллӣ додӣ. 55 Хоҳаронат, Садӯму Сомария, бо духтаронашон мисли пештара мешаванд ва ту низ бо духтаронат ҳамон хеле мешавӣ, ки пеш будӣ.+ 56 Дар рӯзи мағрурият хоҳарат Садӯмро лоиқи он намешуморидӣ, ки номашро ба забон орӣ. 57 Ту, пеш аз он рӯзе ки бадкорият ошкор шуд, чунин мекардӣ.+ Ҳоло бошад, духтарони Арам* ва ҳамсоягонаш туро таъна ва духтарони фалиштиён,+ касони гирду атрофат, туро паст мезананд. 58 Ту оқибати талхи беҳаёгӣ ва корҳои нафратоваратро мечашӣ”,— мегӯяд Яҳува.
59 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бо ту ҳамон тавре мекунам, ки ту кардӣ,+ зеро ту аҳди маро шикаста, қасамро таги по кардӣ.+ 60 Вале ман аҳдеро, ки дар замони ҷавоният бо ту баста будам, ба хотир меорам ва бо ту аҳди ҷовидонӣ мебандам.+ 61 Вақте апаву хоҳаронатро пешвоз гирӣ, рафторатро ба хотир оварда, шарм медорӣ.+ Он вақт ман онҳоро ба ту ҳамчун духтаронат медиҳам, вале на ба хотири аҳди ту.
62 Ман бо ту аҳд мебандам ва ту мефаҳмӣ, ки ман Яҳува ҳастам. 63 Вақте ман, бо вуҷуди ҳамаи корҳоят, бароят товон диҳам,+ ту корҳоятро ба хотир меорӣ ва аз сабаби нанги худ аз даҳон кушодан шарм медорӣ”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
17 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, дар бораи хонадони Исроил чистон ва масале бигӯ.+ 3 Бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Уқоби калоне,+ ки қанотҳои бақувват, болҳои дароз ва парҳои ранга дошт, ба Лубнон+ омада, нӯги дарахти сидраро канд.+ 4 Ӯ навдаи аз ҳама баланди онро канда, ба замини Канъон* овард ва дар шаҳри савдогарон гузошт.+ 5 Сипас аз тухмии он кишвар* гирифта, дар замини ҳосилхез кошт.+ Ӯ онро чун дарахти бед назди обҳои бисёр шинонд. 6 Он сабзида, токи васеи пастқомате шуд,+ ки баргҳояш сӯйи худаш буданд ва решаҳояш дар зераш паҳн мешуданд. Он дарахти токе гашта, навда бароварду шоха паҳн кард.+
7 Сипас уқоби калони дигаре омад,+ ки қанотҳои бақуввату болҳои дароз дошт.+ Он вақт ин дарахти ток бо майли тамом решаҳояшро сӯйи вай, берун аз ҷӯякҳое, ки дар он шинонда шуда буд, паҳн кард ва шоху баргҳояшро сӯйи вай гардонд, то уқоб онро сероб кунад,+ 8 ҳол он ки аллакай дар замини хуб, назди ҷӯйҳои сероб шинонда шуда буд, то шоха барорад, самар орад ва токи боҳашамате шавад”.+
9 Чунин бигӯ: “Парвардигор Яҳува мегӯяд: “Магар он нашъунамо мекунад? Не. Решаҳои онро мекананд,+ меваҳояшро мепӯсонанд ва навдаҳояшро пажмурда месозанд.+ Он чунон хушк мешавад, ки барои решакан карданаш на дасти пурзӯр лозим мешаваду на одами бисёр. 10 Оё он дар ҷойи дигаре, ки шинонда шуд, нашъунамо мекунад? Магар, вақте боди шарқӣ бивазад, хуп-хушк намешавад? Он дар ҷӯяке, ки нумӯ мекард, хушк мегардад”».
11 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 12 «Ба ин хонадони саркаш чунин бигӯ: “Оё фаҳмидед, ки ин чӣ маъно дорад?” Бигӯ: “Шоҳи Бобил ба Ерусалим омада, подшоҳу мирони онро бо худ ба Бобил бурд.+ 13 Ӯ ҳамчунин якеро аз насли подшоҳ гирифта,+ бо ӯ аҳд баст ва ӯро қасам дод.+ Сипас ӯ калоншавандагони он заминро бо худ бурд,+ 14 то мамлакат сарпаст шуда, қомат рост накунад ва танҳо бо риояи аҳди ӯ устувор бимонад.+ 15 Аммо он шоҳ ниҳоят бар зидди ӯ исён бардошта,+ ба Миср хабаррасононро фиристод, то аспу+ лашкари+ бисёре биёранд. Оё ӯ комёб мешавад? Наход касе, ки ин корҳоро мекунад, бе ҷазо монад? Наход ӯ аҳдро шиканаду ҷон ба саломат барад?+
16 Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— ӯ дар Бобил мемирад, дар макони зисти подшоҳе*, ки ӯро* подшоҳ таъйин карда буд, вале ӯ қасамашро шикаста, аҳдашро поймол кард.+ 17 Дар ҷанг, вақте барои муҳосира хокрезҳову* ҳисорҳо бардоранд, то бисёриҳоро нобуд созанд, аз лашкари бузургу ҷанговарони сершумори фиръавн фоидае нахоҳад буд.+ 18 Ӯ қасамашро шикаста, аҳдашро поймол кард. Даст дода бошад ҳам, ҳамаи ин корҳоро кард, аз ин рӯ ҷон ба саломат намебарад.
19 Бинобар ин Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ба ҳаёти худ қасам ки, азбаски ӯ қасами маро шикаст+ ва аҳдамро поймол кард, ман оқибати талхи рафторашро ба сараш меорам. 20 Ман бар ӯ тӯр меандозам ва ӯ ба тӯрам меафтад.+ Ман ӯро ба Бобил меорам ва барои ба ман бевафоӣ карданаш ӯро дар мурофиа айбдор месозам.+ 21 Ҳамаи гурезагони лашкараш аз дами шамшер мемиранд, боқимондагон бошанд, ба ҳар тараф пароканда мешаванд.+ Он вақт мефаҳмед, ки инро ман, Яҳува, гуфтам”.+
22 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман аз нӯги сидраи баланд навдае+ гирифта, онро мешинонам. Ман аз нӯги шохаҳои он навдаи тару тозаеро+ канда, худам онро дар кӯҳи баланди сарбафалаке мешинонам.+ 23 Ман онро бар кӯҳи баланди Исроил мешинонам. Шохаҳои он паҳн мешавад ва он самар оварда, сидраи пуршукӯҳ мегардад. Ҳар навъ паранда дар зери он сокин мешавад ва дар сояи баргҳояш паноҳ меёбад. 24 Он вақт ҳамаи дарахтони саҳро мефаҳманд, ки ман, Яҳува, дарахти баландро сарпаст ва дарахти пастро сарбаланд гардондаам.+ Ман дарахти сарсабзро хушк кардааму дарахти хушкро сабзу хуррам.+ Ман, Яҳува, инро гуфтам ва ба амал овардам”».
18 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Ин чӣ мақолест, ки дар Исроил вирди забони мардум аст: “Падарон ғӯраи ангур хӯрданду дандони писарон кунд шудааст”?+
3 Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— дар Исроил дигар ин мақолро ба забон намеоранд. 4 Ҳамаи ҷонҳо*, ҳам ҷони падар ва ҳам ҷони писар, аз они ман аст. Ҳар ҷоне, ки гуноҳ кунад, барои гуноҳи худ мемирад.
5 Фарз кардем, ки шахс росткор асту адлу инсофро ба ҷо меорад. 6 Ӯ бар кӯҳҳо қурбонии бутҳоро намехӯрад,+ ба бутҳои ҳароми* хонадони Исроил умед намебандад ва бо зани ёри худ+ ё бо зане, ки хунравии ҳармоҳа дорад,+ ҳамхоб намешавад. 7 Ӯ ба касе зулм намекунад,+ гараверо, ки қарздор додааст, бармегардонад,+ касеро ғорат намекунад,+ балки нони даҳонашро ба гурусна медиҳад+ ва бараҳнаро либос мепӯшонад,+ 8 пулашро ба фоида намедиҳад ва судхӯрӣ намекунад,+ аз ноҳақӣ дурӣ меҷӯяд,+ байни ду нафар аз рӯйи адл доварӣ мекунад,+ 9 мувофиқи фармудаҳоям амал карда, ҳукмҳоямро ба ҷо меорад, то ки бо роҳи рост равона бошад. Ин хел одам росткор аст ва ҳатман зинда мемонад,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
10 Вале, агар писари ин одам ғоратгар+ ё одамкуш+ бошад ё корҳоеро кунад, 11 ки падараш намекард, яъне бар кӯҳҳо қурбонии бутҳоро хӯрад, бо зани ёраш ҳамхоб шавад ва 12 ба муҳтоҷу камбағал зулм кунад,+ агар одамонро ғорат кунад, гаравро барнагардонад, ба бутҳои ҳаром умед бандад,+ ба корҳои нафратовар даст занад,+ 13 судхӯрӣ кунад ва пулашро ба фоида қарз диҳад,+ ӯ зинда намемонад, балки ба сабаби ҳамаи ин корҳои нафратовараш ҳатман кушта мешавад. Хуни ӯ бар гардани худи ӯст.
14 Агар писаре ҳама гуноҳҳои падарашро бинаду мисли ӯ рафтор накунад: 15 бар кӯҳҳо қурбонии бутҳоро нахӯрад, ба бутҳои ҳароми хонадони Исроил умед набандад, бо зани ёраш ҳамхоб нашавад, 16 агар ба касе зулм накунад, гаравро аз они худ насозад, ғорат накунад, нони даҳонашро ба гурусна диҳад ва бараҳнаро либос пӯшонад, 17 ба камбағал ситам накунад, суд нахӯрад ва пулашро ба фоида надиҳад, ҳукмҳоямро ба ҷо орад ва мувофиқи фармудаҳоям амал кунад, ӯ аз пушти гуноҳи падараш намемирад, балки ҳатман зинда мемонад. 18 Вале падараш, азбаски моли дигаронро бо фиреб ба даст меовард, бародарашро ғорат мекард ва дар миёни халқаш кори хато мекард, барои гуноҳаш хоҳад мурд.
19 Вале шумо мегӯед: “Чаро писар бори гуноҳи падарашро намебардоштааст?” Чунки писар аз рӯйи адлу инсоф рафтор мекард ва тамоми фармудаҳои маро ба ҷо меовард. Барои ҳамин ӯ ҳатман зинда мемонад.+ 20 Ҳар ҷоне, ки гуноҳ кунад, барои гуноҳи худ мемирад.+ Писар бори гуноҳи падарро ва падар бори гуноҳи писарро намебардорад. Росткор аз рӯйи росткорияш ва бадкор аз рӯйи бадкорияш доварӣ карда мешавад.+
21 Агар бадкоре аз гуноҳҳои худ даст кашида, фармудаҳои маро ба ҷо орад ва аз рӯйи адлу инсоф рафтор намояд, ҳатман зинда мемонад. Ӯ нахоҳад мурд.+ 22 Ӯ барои ягон гуноҳаш ҷазо намегирад*,+ балки ба хотири росткорияш зинда мемонад.+
23 Магар ман аз марги бадкор хурсанд мешавам?+ — мегӯяд Парвардигор Яҳува.— Магар ман намехоҳам, ки вай аз роҳи бадаш гашта, зинда монад?+
24 Агар росткоре аз роҳи рост гашта, ба бадкорӣ* даст занад ва корҳои нафратовари бадкоронро кунад, магар зинда мемонад? Ягон кори неки вай ба ёд оварда намешавад:+ ӯ барои бевафоӣ ва гунаҳкорияш мемирад.+
25 Вале шумо мегӯед: “Корҳои Яҳува беинсофона аст”.+ Илтимос, ба ман гӯш диҳед, эй хонадони Исроил! Магар корҳои ман беинсофона аст?+ Магар корҳои худи шумо беинсофона нест?+
26 Агар росткоре аз роҳи рост гашта, ба бадкорӣ даст занаду бимирад, барои корҳои бади худ мемирад.
27 Агар бадкоре аз бадкорӣ даст кашида, аз рӯйи адлу инсоф рафтор намояд, ҷонашро зинда медорад.+ 28 Агар ӯ фаҳмад, ки корҳояш баданд, ва аз онҳо даст кашад, ҳатман зинда мемонад. Ӯ нахоҳад мурд.
29 Вале хонадони Исроил мегӯяд: “Корҳои Яҳува беинсофона аст”. Эй хонадони Исроил! Магар корҳои ман беинсофона аст?+ Магар корҳои худи шумо беинсофона нест?
30 Барои ҳамин ман ҳар яки шуморо, эй хонадони Исроил, аз рӯйи рафторатон доварӣ мекунам,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— Аз корҳои бадатон даст кашед, онҳоро такрор накунед, то ки ин барои шумо санги пешпо нашаваду ба саратон бало наорад. 31 Корҳои бадро аз худ дур созед+ ва дилу рӯҳи наве пайдо кунед.+ Охир, чаро бимиред,+ эй хонадони Исроил?
32 Ман аз марги касе хурсанд намешавам,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— Пас, аз роҳи бад гашта, зинда бимонед”».+
19 «Барои сардорони Исроил марсияе* бисаро 2 ва чунин бигӯ:
“Модари ту кӣ буд? Модашере дар миёни шерон.
Ӯ дар миёни шерони пурзӯр мехобид ва бачаҳояшро калон мекард.
3 Ӯ яке аз шербачаҳояшро калон кард ва он шери пурзӯре шуд.+
Вай даридани туъмаро ёд гирифт
Ва ҳатто одам мехӯрд.
4 Халқҳо дар борааш шунида вайро ба чоҳ афтонданд
Ва бо чангакҳо ба замини Миср оварданд.+
5 Модараш интизор шуд, вале оқибат аз баргаштани вай умедашро канд.
Он гоҳ ӯ бачаи дигарашро гирифта, шери пурзӯре гардонд.
6 Вай ҳам дар миёни шерон гашта, шери пурзӯре шуд.
Вай даридани туъмаро ёд гирифт ва ҳатто одам мехӯрд.+
7 Ӯ дар миёни қалъаҳои онҳо гашта, шаҳрҳояшонро хароб мекард,
Ба тавре ки замини хароба аз наъраи ӯ пур шуд.+
8 Халқҳои гирду атроф омада, бар ӯ тӯр андохтанд
Ва ӯ ба чоҳи онҳо афтид.
9 Онҳо ӯро бо чангакҳо ба қафас андохтанд ва назди подшоҳи Бобил бурданд.
Дар он ҷо вайро бандубаст карданд, то овозаш дигар дар кӯҳҳои Исроил шунида нашавад.
10 Модари ту мисли токе буд*,+ ки назди об шинонда шудааст.
Он сершоху сермева буд, чунки сероб мегашт.
11 Шохаҳои он чунон бақувват буданд, ки зеби чӯбдасти шоҳиро доштанд.
Он калон шуда, аз дигар дарахтон баландтар гашт
Ва сершоху барг шуда, ба чашм намоён гардид.
12 Аммо он бо хашм решакану+ ба замин партофта шуд
Ва боди шарқӣ меваи онро хушконид.
Шохаҳои бақуввати он шикаста, хушк шуданд+ ва оташ онҳоро сӯзонд.+
13 Акнун он дар биёбон,
Дар замини беобу ташналаб, шинонда шудааст.+
14 Оташ аз шохаҳои он паҳн шуда, навдаву меваашро фурӯ бурд
Ва ягон шохаи бақуввате, чӯбдасте барои подшоҳӣ, намонд.+
Ин марсия аст ва марсия мемонад”».
20 Дар соли ҳафтум, дар рӯзи даҳуми моҳи панҷум, чанд нафар аз пирони Исроил омада, пеши ман нишастанд, то аз Яҳува пурсон шаванд. 2 Он гоҳ Яҳува ба ман паём фиристода гуфт: 3 «Эй фарзанди одам, ба пирони Исроил бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Оё омадаед, ки аз ман бипурсед? Ба ҳаёти худ қасам ки, ман ба шумо ҷавобе намедиҳам,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува”.
4 Эй фарзанди одам, оё ту тайёрӣ, ки онҳоро доварӣ кунӣ*? Оё тайёрӣ, ки онҳоро доварӣ кунӣ? Корҳои нафратовареро, ки бобоёнашон мекарданд, ба онҳо баён намо.+ 5 Ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Дар рӯзе ки ман Исроилро интихоб кардам,+ ба насли хонадони Яъқуб қасам хӯрдам ва дар замини Миср худро ба онҳо ошкор намудам.+ Ман ба онҳо қасам хӯрда гуфтам: “Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам”. 6 Дар он рӯз ман қасам хӯрдам, ки онҳоро аз замини Миср бароварда, ба замине меорам, ки барояшон хуш кардаам, ба замине, ки ширу асал дар он ҷорист+ ва зеботарини заминҳост*. 7 Пас аз ин ман ба онҳо гуфтам: “Ҳар яке чизҳои нафратангезеро, ки дар пеши чашмонатон аст, партоед ва худро бо бутҳои ҳароми* Миср нопок насозед.+ Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам”.+
8 Вале онҳо бар зидди ман исён бардоштанд ва ба ман гӯш надоданд. Онҳо чизҳои нафратангезеро, ки дар пеши чашмонашон буд, напартофтанд ва аз бутҳои ҳароми Миср даст накашиданд.+ Барои ҳамин ман ваъда додам, ки хашми худро бар онҳо фурӯ мерезам ва онҳоро дар замини Миср ба ғазаби сахтам гирифтор мекунам. 9 Вале ман ба хотири номи худ амал кардам, то он дар пеши халқҳое, ки дар байнашон мезистанд, хор нашавад.+ Вақте ки онҳоро аз замини Миср баровардам, худро дар пеши назари ин халқҳо ба онҳо маълум сохтам.+ 10 Ман онҳоро аз замини Миср берун овардам ва сӯйи биёбон роҳнамоӣ кардам.+
11 Пас аз ин ман ба онҳо фармудаҳоямро додам ва ҳукмҳоямро маълум кардам,+ то ҳар кӣ онҳоро риоя кунад, зинда монад.+ 12 Ҳамчунин ба онҳо шанбеҳоямро додам,+ то байни ману онҳо аломате бошад+ ва бидонанд, ки ман, Яҳува, онҳоро поку муқаддас намудаам.
13 Вале хонадони Исроил дар биёбон бар зидди ман исён карданд.+ Онҳо фармудаҳои маро ба ҷо наоварданд, ҳукмҳоямро, ки шахс бо риояи онҳо зинда мемонад, рад намуданд ва шанбеҳоямро таги по карданд. Аз ин рӯ ман ваъда додам, ки хашмамро дар биёбон фурӯ рехта, онҳоро несту нобуд мекунам.+ 14 Вале ман ба хотири номи худ амал кардам, то он дар пеши халқҳое, ки пеши назарашон онҳоро берун овардам, хор нашавад.+ 15 Ман ҳамчунин дар биёбон қасам хӯрдам, ки онҳоро ба замине, ки барояшон ҷудо кардаам, ба замине, ки ширу асал дар он ҷорист+ ва зеботарини заминҳост*, намеорам,+ 16 зеро онҳо аз пайи бутҳои ҳаромашон рафта, ҳукмҳои маро таги по карданд,+ фармудаҳоямро ба ҷо наоварданд ва шанбеҳоямро хор доштанд.
17 Вале ман* ба онҳо раҳм кардам ва онҳоро нест нанамудам: ман онҳоро дар биёбон нобуд насохтам. 18 Ман дар биёбон ба писарони онҳо гуфтам:+ “Мувофиқи дастурҳои бобоёнатон амал накунед,+ ҳукмҳои онҳоро ба ҷо наоред ва худро бо бутҳои ҳаромашон нопок нагардонед. 19 Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам. Фармудаҳои маро риоя кунед ва ҳукмҳои маро ба ҷо оред.+ 20 Шанбеҳои маро муқаддас доред,+ то онҳо байни ману шумо аломате бошанд ва шумо бидонед, ки ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам.+
21 Вале писарони онҳо бар зидди ман исён бардоштанд.+ Онҳо мувофиқи фармудаҳои ман амал накарданд, ҳукмҳоямро, ки шахс бо риояи онҳо зинда мемонад, ба ҷо наоварданд ва шанбеҳоямро хор доштанд. Барои ҳамин ман ваъда додам, ки хашмамро бар онҳо фурӯ мерезам ва онҳоро дар биёбон ба ғазаби сахтам гирифтор мекунам.+ 22 Вале ман худдорӣ намудам+ ва ба хотири номи худ амал кардам,+ то он дар пеши халқҳое, ки пеши назарашон онҳоро берун овардам, хор нашавад. 23 Ман дар биёбон қасам хӯрдам, ки онҳоро дар миёни халқҳо пароканда мекунам ва дар миёни кишварҳо парешон месозам,+ 24 зеро онҳо ҳукмҳои маро ба ҷо наоварданд, фармудаҳоямро таги по карданд,+ шанбеҳоямро хор доштанд ва аз пайи бутҳои ҳароми бобоёнашон равона шуданд.+ 25 Ман гузоштам, ки онҳо дастурҳоеро, ки нек нестанд, ва ҳукмҳоеро, ки бо риояашон зинда намемонанд, ба ҷо оранд.+ 26 Ман гузоштам, ки онҳо бо қурбониҳои худ, вақте ҳар писари калонияшонро дар оташ қурбон мекарданд,+ нопок гарданд, то онҳоро хонавайрон созам ва онҳо бифаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”.
27 Эй фарзанди одам, ба хонадони Исроил бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Бобоёни шумо низ ба ман бевафоӣ карда, маро таҳқир намуданд. 28 Ман онҳоро ба замине овардам, ки дар борааш қасам хӯрда будам.+ Вақте онҳо теппаҳои баланд ва дарахтони сербаргро диданд,+ қурбониҳо ва ҳадияҳои хашмангезашонро оварданд. Онҳо дар он ҷо қурбониҳои хушбӯй* пешкаш намуданд ва ҳадияҳои рехтанияшонро рехтанд. 29 Аз ин рӯ ман аз онҳо пурсидам: “Чаро ба он баландӣ меравед? (Он то ба имрӯз Баландӣ ном дорад)”.+
30 Ба хонадони Исроил бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Наход шумо мисли бобоёнатон бутҳои ҳаромашонро хиёнаткорона парастиш кунед* ва худро нопок созед?+ 31 Магар шумо писаронатонро дар оташ қурбон карда, то ба имрӯз ба бутҳои ҳароматон қурбонӣ намеоред ва худро нопок намесозед?+ Оё ман бо ҳамаи ин ба пурсиши шумо, эй хонадони Исроил, ҷавоб диҳам?+
Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— ман ба шумо ҷавоб намедиҳам.+ 32 Шумо мегӯед: “Биёед мисли халқҳо, мисли хонаводаҳои кишварҳои дигаре шавем, ки чӯбу сангро парастиш мекунанд”,+ вале ин фикри шумо ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад.
33 Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— ман бо дасти пурзӯру бозуи пурқувват ва бо хашми лабрез бар шумо подшоҳӣ мекунам.+ 34 Ман бо дасти пурзӯру бозуи пурқувват ва бо хашми пуршиддат шуморо аз миёни халқҳо берун меорам ва аз кишварҳое, ки дар он парокандаед, ҷамъ мекунам.+ 35 Ман шуморо ба биёбони халқҳо меорам ва дар он ҷо рӯ ба рӯ бо шумо мурофиаро сар мекунам.+
36 Чуноне ки дар биёбони замини Миср бо бобоёни шумо мурофиаро сар карда будам, бо шумо низ сар мекунам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 37 Ман шуморо аз таги асои чӯпон мегузаронам+ ва маҷбур мекунам, ки аҳдро риоя кунед, 38 вале исёнгарон ва касонеро, ки бар зидди ман гуноҳ мекунанд, аз миёни шумо нест мекунам.+ Ман онҳоро аз замини бегона берун меорам, вале онҳо ба замини Исроил намедароянд.+ Он гоҳ шумо мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам.
39 Дар ҳаққи шумо, эй хонадони Исроил, Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ҳар кадоматон рафта, бути ҳароматонро парастиш кунед.+ Вале инро бидонед ки, агар ба гапам гӯш надиҳед, ман аз шумо рӯй мегардонам ва шумо дигар номи поки маро бо қурбониҳо ва бутҳои ҳароматон беҳурмат намесозед.+
40 Тамоми хонадони Исроил дар ин замин, бар кӯҳи муқаддаси ман, бар кӯҳи баланди Исроил,+ маро парастиш мекунад,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— Ман дар он ҷо аз шумо шод мешавам ва хайрияҳову навбари ҳадияҳоятонро, тамоми чизҳои муқаддасатонро, талаб мекунам.+ 41 Вақте шуморо аз миёни халқҳо берун орам ва аз кишварҳое, ки дар он парокандаед, ҷамъ кунам,+ аз қурбониҳои хушбӯятон* шод мегардам. Он гоҳ ман дар пеши назари халқҳо покиямро ба шумо нишон медиҳам.+
42 Вақте шуморо ба замини Исроил орам,+ ба замине, ки дар борааш ба бобоёнатон қасам хӯрда будам, мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам.+ 43 Дар он ҷо шумо рафтор ва ҳамаи корҳои нопоки худро ба хотир меоред+ ва барои ҳамаи бадкориҳоятон аз худ нафрат мекунед.+ 44 Вақте бо шумо на аз рӯйи корҳои бад ва рафтори нопокатон, балки ба хотири номи худ амал кунам,+ шумо, эй хонадони Исроил, мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
45 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 46 «Эй фарзанди одам, рӯй ба чоряки ҷанубӣ гардонда, ба ҷануб эълон бикун ва ба ҷангалзори ҷануб пешгӯйӣ намо. 47 Ба ҷангали ҷануб бигӯ: “Паёми Яҳуваро бишнав. Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман туро оташ мезанам+ ва он ҳар дарахти сабз ва ҳар дарахти хушки туро фурӯ мебарад. Алангаи ин оташ хомӯш намешавад,+ балки аз ҷануб то шимол ҳамаро месӯзонад. 48 Он гоҳ ҳама мефаҳмад, ки ҷангалро ман, Яҳува, оташ задаам, ва он оташ хомӯш намешавад”».+
49 Ман гуфтам: «Ё Яҳува, Парвардигоро! Онҳо дар бораам мегӯянд: “Кори ӯ фақат чистонгӯйист*”».
21 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, рӯйи худро сӯйи Ерусалим гардонда, бар зидди ҷойҳои муқаддас гап зан ва бар зидди замини Исроил пешгӯйӣ кун. 3 Ба замини Исроил бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ман зидди туям. Ман шамшерамро аз ғилоф кашида,+ дар ту ҳам росткору ҳам бадкорро нест мекунам. 4 Ман шамшерамро аз ғилоф кашида, ҳамаи одамонро аз ҷануб то шимол зарба мезанам, то росткору бадкорро дар ту нест кунам. 5 Он гоҳ тамоми одамизод мефаҳмад, ки ман, Яҳува, шамшерамро аз ғилоф кашидаам, ва он ба ҷояш барнамегардад”.+
6 Ту бошӣ, эй фарзанди одам, ларзида оҳ каш, дар пеши онҳо оҳи бадард каш.+ 7 Агар аз ту пурсанд: “Чаро оҳ мекашӣ?”, ба онҳо бигӯ: “Аз пушти хабар оҳ мекашам”, зеро он ҳатман меояд. Он вақт ҳар дил аз тарс суст мешавад, ҳар даст бемадор мегардад, ҳар рӯҳ мешиканад ва ҳар кас дар эзораш тар мекунад*.+ Ин хабар меояд ва ҳатман иҷро мешавад,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
8 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 9 «Эй фарзанди одам, пешгӯйӣ карда бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Шамшер! Шамшер+ тез карда, сайқал дода шудааст. 10 Он тез карда шудааст, ки куштори азиме ба амал орад, сайқал дода шудааст, ки барқ занад”».
Мардум пурсид: «Магар шодӣ накунем?»
Худо гуфт: «Магар он шамшер чӯбдасти подшоҳии писари маро,+ чун ҳар чӯби* дигарро, рад намекунад?
11 Ман онро барои он додам, ки сайқал диҳанд ва ба даст гиранд. Ин шамшер тез карда, сайқал дода шудааст, то ба дасти ҷаллод супурда шавад.+
12 Фарёд зан ва нола кун,+ эй фарзанди одам, зеро он бар халқи ман ва тамоми сарварони Исроил меояд.+ Сарварон баробари халқам аз дами он мемиранд. Пас, аз ғаму ғусса ба ронат бизан. 13 Халқи ман санҷида шуд.+ Агар шамшер чӯбдасти подшоҳиро рад кунад, чӣ мешавад? Он несту нобуд мешавад,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
14 Эй фарзанди одам, пешгӯйӣ намо ва дастонатро ба ҳам зада, се бор “Шамшер!” бигӯ. Шамшери қотил бар сари бисёриҳо меояд ва онҳоро гирд мекунад.+ 15 Дили онҳо аз тарс суст мешавад+ ва бисёриҳо назди дарвозаҳои шаҳр меафтанд. Ман шамшерамро кор мефармоям, шамшери барқзанандаеро, ки барои куштор сайқал дода шудааст. 16 Аз тарафи рост бибур! Ба тарафи чап рӯ ор! Ҳар ҷое ки теғат нигарад, бирав! 17 Ман низ даст ба ҳам мезанам ва хашмамро фурӯ менишонам.+ Ман, Яҳува, инро гуфтаам».
18 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 19 «Эй фарзанди одам, ду роҳеро бикаш, ки шамшери шоҳи Бобил бо он меояд. Ҳар дуи онҳо аз як кишвар берун меоянд ва, дар ҷое ки роҳҳо тақсим шуда ба ду шаҳр мераванд, аломате* гузор. 20 Як роҳро барои шамшере қайд кун, ки бар Раббаи+ аммӯниён меояд, ва роҳи дигарро барои шамшере, ки бар Ерусалими ҳисордори+ Яҳудо меояд. 21 Шоҳи Бобил дар сари дуроҳа истода фол мекушояд. Ӯ тирҳоро бо ҳам меомезад, аз бутҳояш* роҳнамоӣ меҷӯяд ва ба ҷигар нигоҳ мекунад. 22 Фоли дасти росташ ба Ерусалим ишора мекунад, то дабобаҳо* гузоранд, ба куштан амр диҳанд, барои ҷанг наъра зананд, дабобаҳоро назди дарвозаҳо гузоранд, барои муҳосира хокрез* бардоранду ҳисор созанд.+ 23 Ин дар назари касоне*, ки ба онҳо* қасамҳо хӯрда буданд,+ фоли дурӯғ хоҳад тофт, аммо ӯ гуноҳи онҳоро дар хотир дорад ва онҳоро дастгир мекунад.+
24 Бинобар ин Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Шумо ҷиноятҳоятонро фош ва гуноҳҳоятонро дар ҳар амалатон ошкор намуда, айби худро хотиррасон кардед. Акнун ки шуморо ба хотир овардаанд, дастгир карда мешавед”.
25 Эй сарвари бадкори Исроил,+ ки захми марговар гирифтаӣ, рӯзи ту, вақти ҷазои охиринат, расидааст. 26 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Саллаатро бикаш ва тоҷатро аз сар бигир.+ Ин ҳолат дигар давом нахоҳад кард.+ Онро, ки паст аст, баланд ва онро, ки баланд аст, паст гардон.+ 27 Онро харобазор, харобазор, харобазор мегардонам ва он то омадани касе, ки ба он ҳаққу ҳуқуқ дорад,+ аз они касе нахоҳад буд. Он вақт ман онро ба ӯ медиҳам”.+
28 Эй фарзанди одам, пешгӯйӣ карда бигӯ: “Парвардигор Яҳува дар бораи аммӯниён ва суханони нешдорашон чунин мегӯяд: “Шамшер, шамшер барои куштор кашида шудааст. Он барои куштан сайқал дода шудаасту барқ мезанад. 29 Дар бораат рӯъёҳои дурӯғ бинанду фолҳои хато кушоянд ҳам, кушташудагони ту бар ҷасадҳои бадкорон, ки рӯзашон, вақти ҷазои охиринашон, расидааст, тӯда карда мешаванд. 30 Шамшерро ба ғилоф андоз. Ман туро дар маконе, ки офарида шудаӣ, дар зодгоҳат, доварӣ мекунам. 31 Ман хашмамро бар ту фурӯ мерезам, оташи ғазабамро бар ту медамам ва туро ба дасти мардуми бераҳме, ки дар куштан устоянд, месупорам.+ 32 Ту ҳезуме барои оташ мешавӣ,+ хуни ту дар заминат рехта мешавад ва туро дигар ба хотир намеоранд, зеро инро ман, Яҳува, гуфтаам”».
22 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, оё тайёрӣ, ки ҳукми шаҳри хунхорро+ эълон намоӣ ва тамоми корҳои нафратоварашро ба вай маълум созӣ?+ 3 Ба вай бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Эй шаҳри пур аз хунрезӣ,+ ки замонат фаро расида истодааст!+ Эй шаҳре, ки бутҳои ҳаром* сохта, худро нопок кардаӣ!+ 4 Хунрезият туро гунаҳкор кардааст+ ва бутҳои ҳаромат туро нопок намудаанд.+ Ту поёни рӯзҳоятро тезонидӣ, поёни солҳоят фаро расидааст. Аз ин рӯ бо ту чунон кунам, ки таънаи даҳани халқҳо ва хандахариши тамоми кишварҳо шавӣ.+ 5 Кишварҳои дуру наздик туро масхара хоҳанд кард,+ эй шаҳри бадном ва пур аз нотинҷӣ! 6 Ҳар як сардорат, ҳар як сардори Исроил, қудраташро барои хунрезӣ ба кор мебарад.+ 7 Дар ту падару модарро хор медоранд,+ ғарибро фиреб медиҳанд ва ба ятиму бевазан ситам мекунанд.+
8 Ту ба маконҳои муқаддаси ман беэҳтиромӣ мекунӣ ва шанбеҳои маро таги по менамоӣ.+ 9 Дар ту туҳматгарон қасди хунрезӣ доранд.+ Дар ту бар кӯҳҳо қурбонӣ мехӯранд ва андаруни ту беҳаёгӣ мекунанд.+ 10 Дар ту ҷогаҳи падарро ҳаром мекунанд*+ ва ба зане, ки аз хунравии ҳармоҳа нопок аст, дастдарозӣ менамоянд.+ 11 Дар ту яке бо зани ёри худ корҳои ҳаром мекунад,+ дигаре келини худро бо рафтори фосиқонааш нопок месозад+ ва сеюмӣ ба номуси хоҳари худ, ба номуси духтари падараш, мерасад.+ 12 Дар ту пора гирифта, хун мерезанд.+ Ту ба фоида қарз медиҳӣ,+ суд мехӯрӣ ва пули ёратро кашида мегирӣ.+ Ту маро тамоман фаромӯш кардаӣ,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
13 Ман аз пули ҳаром ва хунрезият нафрат карда даст ба ҳам мезанам. 14 Оё, рӯзе ки бар зидди ту бароям, далерият ва қуввати дастонат мемонад?+ Ман, Яҳува, ки инро гуфтаам, амал мекунам. 15 Ман туро дар миёни халқҳо парокандаву дар миёни кишварҳо парешон месозам+ ва ба нопокият хотима мебахшам.+ 16 Ту дар миёни халқҳо хорузор мешавӣ ва он гоҳ мефаҳмӣ, ки ман Яҳува ҳастам”».+
17 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 18 «Эй фарзанди одам, хонадони Исроил бароям мисли ғаш* гаштаанд. Ҳамаашон мисли мис, қалъагӣ, оҳан ва сурб дар кӯра гудохта шудаанд. Онҳо мисли ғаши нуқра гаштаанд.+
19 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Азбаски ҳамаатон мисли ғаши бекора гаштаед,+ шуморо андаруни Ерусалим ҷамъ меорам. 20 Ҳамон тавре ки нуқра, мис ва оҳану сурбу қалъагиро дар кӯра андохта, бар он оташ медаманд ва мегудозанд, ман ҳам шуморо бо хашму ғазаб ҷамъ меорам ва оташ дамида, шуморо мегудозам.+ 21 Ман шуморо ҷамъ меорам ва оташи ғазабамро дамида,+ шуморо андаруни шаҳр мегудозам.+ 22 Ҳамон тавре ки нуқра дар кӯра гудохта мешавад, шумо низ андаруни шаҳр гудохта мешавед ва мефаҳмед, ки ман, Яҳува, ғазабамро бар шумо фурӯ рехтаам”».
23 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 24 «Эй фарзанди одам, ба вай бигӯ: “Ту замине ҳастӣ, ки дар рӯзи ғазаб тоза нахоҳӣ гашт ва бар ту борон нахоҳад борид. 25 Пайғамбарони вай забон як карда,+ мисли шере туъмаашонро медаранд.+ Онҳо мардумро фурӯ мебаранд ва ганҷу ҳар чизи қиматбаҳоро аз худ мекунанд. Онҳо бисёриҳоро бевазан гардондаанд. 26 Коҳинони он шариати маро поймол мекунанд+ ва маконҳои муқаддасамро беҳурмат месозанд.+ Онҳо чизи муқаддасро аз одӣ фарқ намекунанд,+ фарқи миёни поку нопокро маълум намесозанд,+ шанбеҳоямро риоя намекунанд ва маро дар миёни худ беҳурмат месозанд. 27 Мирони он мисли гургони даррандаанд. Онҳо барои пули ҳаром шуда хуни кас мерезанд ва одам мекушанд.+ 28 Пайғамбаронаш бошанд, корҳои онҳоро бо оҳак андова намуда, рӯпӯш мекунанд. Онҳо рӯъёҳои дурӯғ мебинанд, фоли хато мекушоянд+ ва мегӯянд: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд”, ҳол он ки Яҳува чизе нагуфтааст. 29 Мардуми ин замин ба фиребу ғорат даст заданд,+ ба муҳтоҷу камбағал ситам карданд ва ғарибро фиреб карда, ба ӯ ноинсофӣ намуданд.
30 Ман дар миёни онҳо касеро мекофтам, ки девори сангинро таъмир кунад ва ё ба хотири ин замин дар рахнаи девор ба ҳузури ман биистад, то он нобуд нашавад.+ Ҳар қадаре ки кофтам, як нафарро ҳам наёфтам. 31 Аз ин рӯ ман хашмамро бар онҳо фурӯ мерезам ва онҳоро бо оташи ғазабам нобуд месозам. Ман оқибати талхи рафторашонро бар сарашон меорам”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
23 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, ду зан духтари як модар буданд.+ 3 Онҳо дар Миср фоҳиша шуданд+ ва аз ҷавонияшон фоҳишагӣ карданд. Дар он ҷо синаҳои онҳоро мемолиданд ва пистонҳои духтарияшонро мефишурданд. 4 Номи калонӣ Оҳола* ва номи хоҳараш Оҳолиба* буд. Онҳо аз они ман шуданд ва писарону духтарон ба дунё оварданд. Оҳола Сомария+ асту Оҳолиба Ерусалим.
5 Оҳола, дар ҳоле ки аз они ман буд, зинокорияшро сар кард.+ Ӯ муштоқи хушдорони шаҳватпарасташ,+ ҳамсоягони ошурияш,+ шуд. 6 Онҳо сарварон ва ҳокимоне буданд, ки дар тан либоси хушранги кабуд доштанд, ва ҳамаашон ҷавонони дилкаши аспсавор буданд. 7 Ӯ бо писарони беҳтарини Ошур зино мекард ва худро бо бутҳои ҳароми* хушдоронаш нопок месохт.+ 8 Ӯ аз фоҳишагие, ки дар Миср мекард, даст накашид, зеро онҳо дар ҷавонияш бо ӯ ҳамхоб мешуданд, синаҳои духтарияшро мефишурданд ва шаҳвати худро бар ӯ фурӯ мерехтанд.+ 9 Аз ин рӯ ман вайро ба дасти хушдорони шаҳватпарасташ супурдам, ба дасти писарони Ошур,+ ки муштоқашон буд. 10 Онҳо ӯро лучу бараҳна карданд,+ писарону духтаронашро ба зӯрӣ гирифта бурданд+ ва худашро бо шамшер куштанд. Ӯ дар миёни занон бадном гашт ва онҳо ӯро ҷазо доданд.
11 Вақте хоҳараш Оҳолиба инро дид, шаҳваташ бештар гашт ва ӯ аз апааш зиёдтар фоҳишагӣ кард.+ 12 Ӯ муштоқи ҳамсоягонаш, писарони Ошур, шуд,+ муштоқи ҳокимон ва сарварони хушлибосу аспсаворе, ки ҳамаашон ҷавонони дилкаш буданд. 13 Ӯ худро нопок кард ва ман фаҳмидам, ки ӯву апааш бо як роҳ рафтаанд.+ 14 Ӯ боз бештар фоҳишагӣ кард. Ӯ тасвири мардонеро дид, ки дар девор кандакорӣ шуда буд, тасвири калдониёнеро, ки бо ранги сурх кашида буданд. 15 Онҳо камарбанд ва саллаи фашдор доштанд ва намудашон мисли ҷанговар буд, ҳамаи онҳо бобилиён, зодагони замини калдониён, буданд. 16 Ҳамин ки онҳоро дид, муштоқашон гашт ва ба замини калдониён кас фиристод.+ 17 Он гоҳ писарони Бобил ба ҷогаҳи ишқбозии ӯ омаданд ва ӯро бо шаҳвати худ нопок сохтанд. Пас аз он ки ӯ бо онҳо нопок шуд, бо нафрат аз онҳо рӯ гардонд.
18 Вақте ӯ шарму ҳаё накарда зино мекард ва лучу бараҳна мешуд,+ ман бо нафрат аз ӯ рӯ гардондам, чуноне ки аз апааш рӯ гардонда будам.+ 19 Ӯ айёми ҷавонияшро, вақте дар замини Миср фоҳишагӣ мекард,+ ба хотир оварда боз бештар зинокорӣ кард.+ 20 Ӯ мисли суррияи* мардоне, ки узви мардонаашон чун узви хару асп аст, муштоқи хушдоронаш шуд. 21 Ту ташнаи рафтори фосиқонае шудӣ, ки дар ҷавоният дар Миср мекардӣ,+ вақте синаатро, пистонҳои ҷавониятро, мефишурданд.+
22 Бинобар ин, эй Оҳолиба, Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман хушдоронатро, ки бо нафрат аз онҳо рӯ тофта будӣ, бар зидди ту барангехта,+ аз ҳар тараф ба сарат меорам.+ 23 Ман писарони Бобил+ ва тамоми калдониён,+ мардуми Фақуд,+ Шуа ва Куаро бо тамоми писарони Ошур, ки ҳамаашон ҷавонони дилкаш, ҳокимону сарварон, яккачину ҷанговарони аспсаворанд, ба сарат меорам. 24 Онҳо бо ғулғулаи чарху аробаҳо, лашкари бешумор, сипарҳои калону майда дар даст ва кулоҳ ба сар бар ту ҳамла меоранд. Онҳо туро гирд мекунанд ва ман ба онҳо қудрат медиҳам, ки туро доварӣ кунанд, ва онҳо туро аз рӯйи диди худ доварӣ хоҳанд кард.+ 25 Ман хашмамро бар ту фурӯ мерезам ва онҳо бо ғазаб амал мекунанд. Онҳо гӯшу биниятро мебуранд ва бақияи туро аз дами шамшер мегузаронанд. Онҳо писарону духтаронатро мебаранд ва боқимондагонро ба коми оташ месупоранд.+ 26 Онҳо либосҳоятро аз танат мекашанд+ ва зару зеваратро мегиранд.+ 27 Ман ба беҳаёгӣ ва фоҳишагие, ки дар замини Миср сар карда будӣ,+ хотима мебахшам+ ва ту дигар ба онҳо* наменигариву Мисрро ба хотир намеорӣ”.
28 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман туро ба дасти касоне месупорам, ки онҳоро чашми дидан надоштӣ ва бо нафрат аз онҳо рӯй тофтӣ.+ 29 Онҳо бо ту бо нафрат амал мекунанд ва ҳар чизеро, ки барояш заҳмат кашида будӣ, мегиранду+ туро лучу бараҳна мемонанд. Онҳо бараҳнагии шармовари зинои туро, беҳаёгӣ ва фоҳишагиятро фош мекунанд.+ 30 Ин чизҳо барои он ба сарат меоянд, ки ту чун фоҳиша аз пайи халқҳо медавидӣ+ ва худро бо бутҳои ҳаромашон нопок месохтӣ.+ 31 Ту ки ба рафтори апаат пайравӣ кардӣ,+ косаи ӯро ба дастат медиҳам”.+
32 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Ту аз косаи калони апаат менӯшӣ+
Ва хандахаришу масхараи мардум мешавӣ, чунки коса пур аз ин чизҳост.+
33 Ту аз косаи апаат Сомария,
Аз косаи даҳшату харобӣ, нӯшида,
Масту ғамзада мешавӣ.
Инро ман гуфтаам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува”.
35 Бинобар ин Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ту ки маро фаромӯш кардӣ ва хор доштӣ,+ оқибати беҳаёгӣ ва фоҳишагиятро мечашӣ”».
36 Пас аз ин Яҳува ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, оё ҳукми Оҳола ва Оҳолибаро+ эълон мекунӣ ва корҳои нафратоварашонро ба онҳо баён менамоӣ? 37 Онҳо ба ман хиёнат карданд+ ва дастонашон пур аз хун аст. Онҳо на фақат бо бутҳои ҳаромашон зино карданд, балки писаронеро, ки барои ман зоида буданд, ҳамчун хӯроки бутҳояшон дар оташ қурбон мекунанд.+ 38 Беш аз ин, худи ҳамон рӯз муқаддасгоҳамро нопок гардонданд ва шанбеҳоямро таги по намуданд. 39 Онҳо писаронашонро ба бутҳои ҳаромашон қурбон карданд+ ва худи ҳамон рӯз ба муқаддасгоҳам омада, онро нопок гардонданд.+ Онҳо дар хонаи ман чунин карданд. 40 Онҳо ҳамчунин кас фиристода, мардонро аз ҷойҳои дурдаст даъват карданд.+ Вақте он мардон меомаданд, ту, эй Оҳолиба, шустушӯ кардӣ, ба чашмонат сурма кашидӣ ва худро бо зару зевар оро додӣ.+ 41 Ту бар кати пуршукӯҳ,+ назди дастархоне+ нишастӣ, ки бар он бухур+ ва равғани маро гузошта будӣ.+ 42 Аз макони ту овози мардони ишратпарасте шунида мешуд, ки дар байнашон майзадагон аз биёбон буданд. Онҳо ба дасти ҳар дуи шумо дастпона ва ба саратон тоҷи зебое мегузоштанд.
43 Сипас ман дар бораи зане, ки аз хиёнаткорияш шалпар шуда буд, гуфтам: “Ӯ боз зино мекунад”. 44 Онҳо назди ӯ мерафтанд, чуноне ки кас назди фоҳиша меравад. Ҳамин тавр, онҳо назди ин занони беҳаё, назди Оҳолаву Оҳолиба, рафтанд. 45 Аммо росткорон ӯро мувофиқи хиёнаткориву+ хунрезияш+ доварӣ мекунанд, зеро ин занон хиёнаткоранд ва дастонашон пур аз хун аст.+
46 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Лашкаре бар зиддашон оварда мешавад, то онҳоро ба ҳолати даҳшатовар гирифтор кунад ва ба тороҷ супорад.+ 47 Ҷанговарон онҳоро сангсор мекунанд+ ва бо шамшер пора-пора месозанд. Онҳо писарону духтаронашонро мекушанд+ ва хонаҳояшонро алов сар медиҳанд.+ 48 Ман дар ин замин ба беҳаёгиҳо хотима мебахшам ва ҳамаи занон аз ин дарс гирифта, ба рафтори ин ду зан пайравӣ намекунанд.+ 49 Он лашкар оқибати беҳаёгӣ ва гуноҳҳоеро, ки ин ду зан бо бутҳои ҳаромашон карда буданд, ба сарашон меорад. Он вақт онҳо мефаҳманд, ки ман Парвардигор Яҳува ҳастам”».+
24 Яҳува дар соли нуҳум, дар рӯзи даҳуми моҳи даҳум, боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, санаи* ин рӯзро бинавис, зеро дар ин рӯз шоҳи Бобил ҳамлаи худро ба Ерусалим сар кард.+ 3 Дар бораи ин хонадони саркаш масале* бигӯ:
“Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Деге бимон, дар тагаш алов кун ва ба он об рез.+
4 Пораҳои гӯштро,+ ҳамаи пораҳои хуб,
Рону шонаро, ба он биандоз, онро бо устухонҳои беҳтарин пур кун.
5 Гӯсфанди беҳтарини рамаро бигир+ ва дар таги дег чӯбҳоро қаторак бичин.
Пораҳои гӯштро биҷӯшон ва устухонҳои онро бипаз”.
6 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Вой ба ҳоли шаҳри хунхор,+ ба ҳоли деги зангзадае, ки зангашро тоза накардаанд.
Гӯшти дарунашро якбурдагӣ бигир+ ва барояш қуръа напарто.
7 Хунаш андаруни он аст,+ вай онро бар санг рехтааст.
Ӯ онро ба рӯйи замин нарехтааст, то хок онро бипӯшонад.+
8 Ман хуни вайро бар санги суфтае боқӣ мегузорам,
То ки он бо хок пӯшонда нашавад
Ва ман хашмамро барафрӯхта, интиқом бигирам”.+
9 Бинобар ин Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Вой ба ҳоли шаҳри хунхор!+
Ман ҳезумро баланд мечинам.
10 Чӯбҳоро болои ҳам чида, аловро даргирон.
Гӯштро нағзакак бипаз, обашро бирез ва мон, ки устухонҳо сӯхта сиёҳ шаванд.
11 Деги холиро бар лахчаҳо гузор,
То ки тафсида мисаш суп-сурх шавад
Ва олудагияш бо он об шаваду+ зангаш нест гардад.
12 Ҳама кӯшишу заҳмат барбод рафт,
Зеро занги бисёраш тоза нашуд.+
Онро бо зангаш ба оташ партоед!
13 Нопокии ту аз беҳаёгият буд.+ Ман туро пок карданӣ будам, аммо ту аз олудагият тоза нашудӣ. То даме ки хашми ман паст нашавад, ту пок намешавӣ.+ 14 Ман, Яҳува, сухан гуфтам ва он иҷро мешавад. Ман худро бознадошта, бе ғамгиниву пушаймонӣ амал мекунам.+ Онҳо туро аз рӯйи роҳу рафторат доварӣ хоҳанд намуд”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
15 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 16 «Эй фарзанди одам, бо як зарба шахси азизатро аз ту мегирам.+ Аз ғами вай бар синаат назан, нола накун ва ашк нарез. 17 Бесадо оҳ каш ва ҳеҷ як маросими азоро ба ҷо наор.+ Салла бибанд+ ва пойафзол бипӯш.+ Даҳонатро* напӯшон+ ва нонеро, ки ба ту биёранд, нахӯр».+
18 Ман саҳарӣ бо мардум сухан гуфтам, бегоҳ бошад, занам мурд. Саҳари дигар ман, ҳамон тавре ки Худо ба ман фармуда буд, рафтор кардам. 19 Мардум ба ман гуфт: «Ба мо бигӯ, ки ин корат ба мо чӣ дахл дорад?» 20 Ман ба онҳо ҷавоб додам: «Яҳува ба ман паём фиристода гуфт: 21 “Ба хонадони Исроил бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман муқаддасгоҳам, мояи ифтихоратонро, ки барои шумо азизу дилписанд аст, хор месозам.+ Писарону духтаронатон, ки онҳоро дар он ҷо мондаед, аз дами шамшер мемиранд.+ 22 Он гоҳ шумо ҳам айнан мисли ман рафтор мекунед: даҳонатонро намепӯшонед ва нонеро, ки ба шумо меоранд, намехӯред.+ 23 Бар саратон салла ва бар поятон пойафзол хоҳед дошт. Шумо гиряву нола намекунед, балки аз пушти гуноҳҳоятон обу адо мешавед+ ва назди якдигар оҳ мекашед. 24 Ҳизқиёл барои шумо аломат аст.+ Чи хеле ки вай кард, шумо ҳам мекунед. Вақте ин ба амал ояд, мефаҳмед, ки ман Парвардигор Яҳува ҳастам”.
25 Эй фарзанди одам, дар рӯзе ки қалъаи онҳо — зебоиеро, ки мояи шодии онҳосту барояшон азизу дилписанд аст, ҳамроҳи писару духтарашон аз онҳо бигирам,+ 26 наҷотёфтае инро ба ту хабар медиҳад.+ 27 Дар он рӯз ту даҳони худро кушода, ба он наҷотёфта гап мезанӣ ва дигар хомӯш намемонӣ.+ Ту барояшон аломат мешавӣ ва онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам».
25 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, рӯятро сӯйи аммӯниён+ гардонда, бар зидди онҳо пешгӯйӣ намо.+ 3 Ба аммӯниён бигӯ: “Паёми Парвардигор Яҳуваро бишнавед. Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Шумо поймол шудани муқаддасгоҳам, харобазор гаштани замини Исроил ва ба асирӣ рафтани хонадони Яҳудоро дида “Хуб шуд!” гуфтед. 4 Барои ҳамин ман шуморо ба дасти мардуми Шарқ месупорам. Онҳо дар заминатон хайма зада, урдугоҳ барпо мекунанд, меваи заминатонро мехӯранд ва ширатонро менӯшанд. 5 Ман Раббаро+ чарогоҳи шутурон ва замини аммӯниёнро ҷойи дамгирии рамаҳо месозам. Он гоҳ шумо мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам”.
6 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Азбаски шумо даст ба ҳам задаву+ пой кӯфта, бо нафрати тамом аз аҳволи замини Исроил хурсанд шудед,+ 7 дастамро сӯятон дароз карда, шуморо ба тороҷи халқҳо месупорам. Ман шуморо аз миёни халқҳо нест мекунам ва дар миёни кишварҳо нобуд месозам.+ Ман шуморо несту нобуд мекунам ва шумо мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам”.
8 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Азбаски Мӯоб+ ва Сеир+ гуфтаанд, ки “Хонадони Яҳудо аз халқҳои дигар фарқе надорад”, 9 ман мегузорам, ки ба паҳлуи* Мӯоб, ба шаҳрҳои сарҳадаш, ки зеби заминаш ҳастанд, ба Байт-Яшимут, Баал-Маӯн ва то худи Қирятоим,+ ҳамла оранд. 10 Ман онро бо аммӯниён ба дасти мардуми Шарқ месупорам+ ва аз аммӯниён дар миёни халқҳо ному нишоне намемонад.+ 11 Ман дар Мӯоб доварӣ мекунам+ ва онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”.
12 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Адӯм аз хонадони Яҳудо қасд гирифт ва бо ин кораш гуноҳи азиме кард.+ 13 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман низ дастамро бар Адӯм дароз карда, аз он ҳам инсону ҳам чорпоро нобуд месозам ва онро харобазор мегардонам.+ Аз Темон сар карда то ба Дадон онҳо аз дами шамшер меафтанд.+ 14 Ман бо дасти халқам Исроил аз Адӯм қасос мегирам.+ Онҳо хашму ғазаби маро бар Адӯм фурӯ мерезанд, то адӯмиён интиқоми маро бичашанд”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува”.
15 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Фалиштиён, ки як умр ба онҳо душманӣ мекарданд, бо нафрати тамом аз пайи қасосу нобуд карданашон буданд.+ 16 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман дастамро бар фалиштиён дароз карда,+ каритиёнро нест мекунам+ ва бақияи мардуми соҳилнишинро нобуд месозам.+ 17 Ман аз онҳо сахт қасос мегирам ва онҳоро бо хашму ғазаб бисёр ҷазо медиҳам. Вақте аз онҳо интиқом бигирам, мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”».
26 Дар соли 11-ум, дар рӯзи якуми моҳ, Яҳува ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, Сӯр дар бораи Ерусалим чунин гуфтааст:+ “Хуб шуд! Дарвозаи халқҳо шикаста шуд!+ Акнун ки он хароб гаштааст, давр даври ман шуд ва ман бой мешавам”. 3 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Эй Сӯр, ман зидди туям. Ман бар зидди ту халқҳои бисёрро бармехезонам, чуноне ки баҳр мавҷҳояшро мехезонад. 4 Онҳо деворҳои Сӯрро нобуд карда, бурҷҳояшро* вайрон мекунанд.+ Ман хоки онро рӯфта, онро ба кӯҳпораи холиву суфтае табдил медиҳам. 5 Ӯ дар миёни баҳр маконе барои хушк кардани тӯрҳо мешавад.+
Ман сухан кардаам: он тороҷи халқҳо мешавад,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 6 Маҳалҳои деҳоташ бо дами шамшер кушта мешавад ва он гоҳ мардум мефаҳмад, ки ман Яҳува ҳастам”.
7 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бар зидди Сӯр шоҳи Бобил — Набукаднесарро*, аз тарафи шимол меорам.+ Ӯ шоҳи шоҳон аст,+ ки аспу+ аробаҳо+ ва савораву лашкари зиёде дорад. 8 Ӯ маҳалҳои деҳотатро бо шамшер нобуд мекунад, барои муҳосираи ту девору хокрез* месозад ва сипари бузурге мебардорад. 9 Ӯ деворҳоятро бо дабоба* мешиканад ва бо табарҳо бурҷҳоятро чаппа мекунад. 10 Аспҳои ӯ чунон бисёр хоҳанд буд, ки зери чангашон мемонӣ. Вақте ӯ аз дарвозаҳоят, мисли он ки ба шаҳри рахнадор бошад, зада дарояд, деворҳоят аз ғулғулаи саворон, чархҳо ва аробаҳояш ба ларза меоянд. 11 Суми аспҳояш ҳама кӯчаҳоятро поймол мекунад.+ Ӯ мардуматро аз дами шамшер мегузаронад ва сутунҳои бузургатро ба хок яксон мекунад. 12 Онҳо дороиятро тороҷ ва молатро ғорат намуда,+ деворҳоятро мешикананд ва хонаҳои зебоятро чаппа мекунанд. Сипас онҳо сангу чӯб ва хоки туро ба об мепартоянд.
13 Ман ба садои сурудҳоят хотима мебахшам ва овози чангҳо дар ту дигар шунида намешавад.+ 14 Ман туро ба кӯҳпораи холиву суфтае табдил медиҳам ва ту маконе барои хушк кардани тӯрҳо мешавӣ.+ Туро дигар бино намекунанд, чунки инро ман, Яҳува, гуфтаам”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.
15 Парвардигор Яҳува ба Сӯр чунин мегӯяд: “Вақте садои шикастат ба гӯш расад, вақте дар замини ту куштор шавад ва мардумат ҷон канаду оҳу воҳ кашад, ҷазираҳо ба ларза меоянд.+ 16 Ҳама мирони баҳр аз тахти худ фуруд омада, ҷомаҳои худро дур мекунанд, либоси гулдӯзияшонро мекашанд ва ба ларза меоянд. Онҳо бар замин нишаста, аз ларзидан намемонанд ва бо чашмони ҳайратзада ба ту менигаранд.+ 17 Онҳо дар ҳаққи ту марсия* суруда+ хоҳанд гуфт:
“Эй он кӣ аз баҳрҳо сокин гашта будӣ, эй шаҳри номдор, сад ҳайф ки, нобуд шудӣ!+
Туву сокинонат дар баҳр пурқудрат будед+
Ва тамоми мардуми заминро ба ҳарос меовардед!
18 Акнун дар рӯзи шикасти ту ҷазираҳо ба ларза меоянд,
Акнун ки ту нобуд шудӣ, ҷазираҳои баҳр ба даҳшат меафтанд”.+
19 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман туро мисли шаҳрҳои беодам вайрона месозам ва бо обҳои пурталотуму азим пӯшонда ғарқ мекунам.+ 20 Он гоҳ туро бо онҳое, ки ба гӯр фурӯ мераванд, ба гузаштагон ҳамроҳ месозам. Ман туро ҳамроҳи онҳое, ки ба гӯр фурӯ мераванд,+ дар ҷойи аз ҳама паст, ки мисли харобаҳои қадимист, сокин мекунам, то ту беодам бошӣ. Пас аз ин ман замини зиндагонро оро медиҳам.
21 Ман туро ногаҳон ба даҳшат гирифтор мекунам ва туро аз байн мебарам.+ Туро ҷустуҷӯ кунанд ҳам, дигар намеёбанд”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
27 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, барои Сӯр марсия* сароида,+ 3 ба вай бигӯ:
“Эй, ки назди бандарҳои баҳр сокинӣ
Ва бо мардуми ҷазираҳои бисёр харидуфурӯш мекунӣ,
Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Эй Сӯр, ту гуфтаӣ: “Ҳусну ҷамоли ман бекаму кост аст”.+
4 Қаламрави ту дар миёни баҳр аст
Ва бинокоронат зебоии туро комил кардаанд.
5 Онҳо ҳамаи тахтаҳоятро аз арчаи Сенир+ тайёр карданд
Ва сутуни киштиро бароят аз сидраи Лубнон сохтанд.
6 Онҳо белҳои киштирониятро аз булути Бошон тарошиданд
Ва сари киштиро бароят аз сарви ҷазираҳои Киттим+ сохтанд, аз чӯбе, ки бо устухони фил оро ёфта буд.
7 Бодбони ту аз катони рангаи Миср
Ва соябони саҳнат аз риштаи кабуду пашми бунафши ҷазираҳои Алишо+ буд.
9 Мардони ҳунарманди Ҷабал+ сӯрохҳоятро таъмир мекарданд.+
Ҳамаи киштиҳои баҳр ва дарёнавардонашон барои харидуфурӯш назди ту меомаданд.
10 Мардони Форс, Луд ва Фут+ дар лашкари ту, дар қатори ҷанговаронат, буданд.
Онҳо сипару кулоҳҳои худро бар ту меовехтанд ва туро шукӯҳ мебахшиданд.
11 Мардони Арвод, ки дар лашкарат буданд, гирдогирд бар ҳисорат меистоданд,
Мардони далер бурҷҳоятро* муҳофизат менамуданд.
Онҳо сипарҳои гирдаи худро саросари ҳисорат меовехтанд
Ва зебоии туро комил мекарданд.
12 Таршиш+ бо ту савдо мекард, чунки боигарият бисёр буд.+ Онҳо дар ивази молат нуқра, оҳан, қалъагӣ ва сурб медоданд.+ 13 Ёвон, Тубол+ ва Машах+ бо ту харидуфурӯш мекарданд, дар ивази молат ғулом+ ва чизу чораи мисӣ медоданд. 14 Хонадони Туҷармо+ барои молат аспу хачир медод. 15 Мардуми Дадон+ бо ту савдо мекард. Ту дар ҷазираҳои бисёр савдогарон доштӣ. Онҳо ба ту устухони фил+ ва чӯби обнусро туҳфа меоварданд. 16 Адӯм бо ту савдо мекард, чунки моли фаровон доштӣ. Онҳо дар ивази молат санги фирӯза, пашми бунафш, матои рангоранги гулдӯзӣ, матои нафис, марҷон ва лаъл медоданд.
17 Яҳудо ва замини Исроил бо ту харидуфурӯш мекард ва дар ивази молат+ гандуми Минит,+ хӯроквории беҳтарин, асал,+ равған ва шилми хушбӯй+ медод.
18 Димишқ+ бо ту савдо мекард ва ба ту шароби Ҳалбуну пашми Заҳор* мефурӯхт, чунки молу сарватат фаровон буд. 19 Вадон ва Ёвони Узол дар ивази молат оҳани кӯфта, сано* ва найи хушбӯй медоданд. 20 Дадон+ барои ту зинпӯшҳо меовард. 21 Арабҳо ва ҳамаи сардорони Қедор,+ ки бузу гӯсфанду қӯчқор мефурӯхтанд, савдогарони ту буданд.+ 22 Савдогарони Сабо ва Раъмо+ бо ту харидуфурӯш мекарданд, дар ивази молат ҳар навъ атри беҳтарин, санги қиматбаҳову тилло медоданд.+ 23 Ҳоррон,+ Канна, Адан,+ савдогарони Сабо,+ Ашшур+ ва Килмод бо ту харидуфурӯш мекарданд. 24 Онҳо дар бозорҳоят либосҳои зебо, ҷомаҳои кабуди гулдӯзияшон ҳарранга ва қолинҳои рангоранг мефурӯхтанд. Ҳамаи ин чизҳо бо бандҳо баста шуда буданд.
25 Киштиҳои Таршиш+ барои харидуфурӯши ту хизмати корвонро ба ҷо меоварданд
Ва ту дар миёни баҳр пурбору лабрез шудӣ*.
26 Белзанонат туро ба баҳрҳои бузург оварданд
Ва боди шарқӣ туро дар миёни баҳр дарҳам шикаст.
27 Боигарият, молҳоят, савдоят, киштиронҳоят, дарёнавардонат,
Таъмиргарони сӯрохҳоят, савдогаронат,+ ҳамаи ҷанговаронат+ —
Ҷамъи одамоне, ки дар ту буданд —
Рӯзи шикастат дар миёни баҳр таги об мешаванд.+
28 Вақте дарёнавардонат фиғон бардоранд, соҳилҳо ба ларза меоянд.
29 Ҳамаи белзанон, киштиронҳо ва дарёнавардон
Аз киштиҳояшон ба замин мефароянд.
30 Онҳо овоз баланд карда, дар ҳаққи ту зор-зор хоҳанд гирист,+
Бар сарашон хок пошида, дар хокистар ғел хоҳанд зад.
31 Онҳо сарашонро кал карда, палос* мепӯшанд
Ва дар ҳаққи ту гиряҳои талху нолаҳои зор мекунанд.
32 Онҳо нола хоҳанд кард ва дар ҳаққат марсия суруда хоҳанд гуфт:
“Кист мисли Сӯр, ки дар миёни баҳр хомӯш гардидааст?!+
33 Вақте молҳоят аз баҳр меомад, ту халқҳои бисёрро сер мекардӣ.+
Бо сарвати фаровон ва савдои худ подшоҳони заминро бой мегардондӣ,+
34 Ҳоло бошад, дар баҳр шикаст хӯрда, ба қаъри обҳо рафтаӣ,+
Тамоми моли савдоят ва мардумат бо ту ғарқ шудааст.+
35 Тамоми мардуми ҷазираҳо бо ҳайрат ба ту назар мекунанд.+
Подшоҳони онҳо аз даҳшат ба ларза омада,+
Дар рӯяшон тарсу ҳарос нақш бастааст.
36 Савдогарони ҷаҳон ҳоли туро дида, аз ҳайрат ҳуштак мекашанд.
Марги ту даҳшатовару ногаҳонӣ буд
Ва ту бебозгашт аз байн рафтӣ”».+
28 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, ба пешвои Сӯр бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Дили ту мағрур шудааст+ ва ту мегӯӣ: “Ман мисли Худо ҳастам.
Ман дар миёни баҳр бар тахти Худо нишастаам”.+
Аммо инро бидон, ки ту Худо нестӣ, балки як инсонӣ,
Ҳарчанд дар дилат фикр мекунӣ, ки мисли Худо ҳастӣ.
3 Ту аз Дониёл бохирадтарӣ,+
Ҳеҷ сирре аз ту пӯшида нест.
4 Худро бо фаҳму хирадат бой гардондаӣ,
Дар ганҷинаҳоят тиллову нуқра ҷамъ мекунӣ.+
5 Дар савдогарӣ усто буданат ба ту сарвати зиёд овард+
Ва дилат аз боигарӣ мағрур шуд”.
6 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Азбаски ту дар дилат худро мисли Худо медонӣ,
7 Ман бар сари ту бегонагонро, бераҳмтарини халқҳоро, меорам.+
Онҳо бар зебоии хирадат шамшер мекашанд
Ва шукӯҳи ҷалолатро поймол месозанд.+
8 Онҳо туро ба коми гӯр меандозанд
Ва ту дар миёни баҳр бо марги пуразоб мемирӣ.+
9 Оё он вақт ҳам ба кушандаи худ мегӯӣ: “Ман мисли Худо ҳастам”?
Ту дар пеши онҳое, ки туро поймол созанд, одами хокие хоҳӣ буд, на Худо.
10 Ту аз дасти бегонагон мисли як бехатнае мемирӣ,
Зеро инро ман гуфтаам”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
11 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 12 «Эй фарзанди одам, дар ҳаққи подшоҳи Сӯр марсия* суруда, ба вай бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
13 Ту дар боғи Адан, дар боғи Худо, будӣ
Ва бо сангҳои қиматбаҳо оро ёфта будӣ:
Бо лаъл, ёқути зард, яшм, забарҷад, рухом, яшми сабз, ёқути кабуд, фирӯза+ ва зумуррад.
Нигинхонаву нигиндонҳои ин сангҳоят аз тилло буданд.
Онҳо дар рӯзи офаринишат тайёр шуданд.
14 Ман туро тадҳин намуда*, каррубии сарпаноҳ таъйин кардам.
Ту дар кӯҳи муқаддаси Худо будӣ+ ва дар миёни сангҳои оташбор роҳ мерафтӣ.
15 Ту аз рӯзи офаринишат беайб будӣ,
То даме ки бадкорӣ дар ту ёфт шуд.+
Барои ҳамин ман туро, эй каррубии сарпаноҳ, мисли нопоке
Аз кӯҳи Худо берун карда, нобуд месозам,+
Аз миёни сангҳои оташбор дур меандозам.
Ман туро ба замин мепартоям+
Ва тамошои подшоҳон месозам.
18 Ту муқаддасгоҳҳоятро бо гуноҳи азим ва савдои беинсофонаат нопок сохтӣ.
Ман дар миёни ту оташе меангезам ва он туро фурӯ мебарад,+
Туро пеши назари бинандагонат хокистари рӯйи замин мегардонам.
19 Ҳамаи онҳое, ки дар миёни халқҳо туро мешинохтанд, бо ҳайрат ба ту назар хоҳанд кард.+
Марги ту даҳшатовару ногаҳонӣ хоҳад буд
Ва ту дигар вуҷуд нахоҳӣ дошт”».+
20 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 21 «Эй фарзанди одам, рӯйи худро сӯйи Сидӯн гардонда,+ бар зидди вай пешгӯйӣ кун. 22 Бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Ман зидди туям, эй Сидӯн, ва дар миёни ту ҷалол хоҳам ёфт.
Вақте ман ӯро ҷазо дода, дар миёни ӯ поку муқаддас буданамро маълум созам, мардум мефаҳмад, ки ман Яҳува ҳастам.
23 Ман бар ӯ вабо мефиристам ва дар кӯчаҳояш хун ҷорӣ мешавад.
Аз ҳар тараф бар сараш шамшер меояду мардумро куштан мегирад.
Он гоҳ мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам.+
24 Пас аз ин дар гирди хонадони Исроил аз хорбуттаҳои халанда ва хорҳои дардовар,+ яъне халқҳое, ки онҳоро паст мезананд, нишоне намемонад. Он гоҳ мардум мефаҳмад, ки ман Парвардигор Яҳува ҳастам”.
25 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Вақте хонадони Исроилро аз байни халқҳое, ки дар заминҳояшон онҳоро пароканда кардаам,+ ҷамъ орам, ба воситаи онҳо дар пеши чашми халқҳо поку муқаддас мегардам.+ Онҳо дар замине хоҳанд зист,+ ки ба бандаам Яъқуб дода будам.+ 26 Он вақт онҳо тинҷу осуда зиста,+ хонаҳо месозанд ва токзорҳо бунёд мекунанд.+ Ман тамоми халқҳои гирду атрофашонро, ки онҳоро паст мезананд, ҷазо медиҳам.+ Он гоҳ онҳо тинҷу осуда зиста, мефаҳманд, ки ман Яҳува, Худои онҳо, ҳастам”».
29 Дар соли даҳум, дар моҳи даҳум, дар рӯзи 12-уми моҳ, Яҳува ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, рӯятро сӯйи фиръавни подшоҳи Миср гардонда, бар зидди ӯ ва тамоми Миср пешгӯйӣ кун.+ 3 Бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Ман зидди туям, эй фиръавни подшоҳи Миср,+
Эй ҷонвари азими баҳрӣ, ки дар байни рӯдҳои Нил* хобидаиву+ мегӯӣ:
“Дарёи Нил аз они ман аст.
Ман онро барои худ ба вуҷуд овардаам”.+
4 Ман ба ҷоғҳои ту чангакҳо меандозам ва тавре мекунам, ки моҳиёни Нилат ба пулакчаҳоят бичаспанд.
Ман туро бо тамоми моҳиёни Нилат, ки ба пулакчаҳоят мечаспанд, аз Нил берун меорам.
5 Ман тую тамоми моҳиёни Нилатро ба биёбон мепартоям.
Ту ба саҳро меафтӣ ва ҷамъ овардаву гӯронида намешавӣ.+
Ман туро хӯроки даррандагони замин ва парандагони осмон месозам.+
6 Пас аз ин ҳамаи сокинони Миср мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам,
Зеро онҳо барои хонадони Исроил асои хасине буданду онро дастгирӣ накарданд.+
7 Вақте онҳо дасти туро қапиданд, ту шикастӣ
Ва ба китфи онҳо халидӣ.
Вақте онҳо ба ту такя карданд, ту пора шудӣ
Ва пойҳои онҳо ларзид”.+
8 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бар сари ту шамшер меорам+ ва аз замини ту ҳам одаму ҳам ҳайвонро нест мекунам. 9 Замини Миср харобу беодам мешавад+ ва онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам. Ту гуфта будӣ: “Дарёи Нил аз они ман аст. Ман онро ба вуҷуд овардаам”.+ 10 Аз ин рӯ ман зидди тую Нили ту ҳастам. Ман замини Мисрро аз Миҷдӯл+ то Асвон,+ то сарҳади Ҳабашистон, вайрона ва хушку холӣ месозам.+ 11 Пойи одаму ҳайвон ба он намерасад:+ он 40 сол беодам мемонад. 12 Ман замини Мисрро харобтарин кишвар месозам ва шаҳрҳояш 40 сол холитарин шаҳрҳои дунё мешаванд.+ Ман мисриёнро дар миёни халқҳо пароканда ва дар миёни кишварҳо титу парешон месозам”.+
13 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Пас аз 40 сол ман мисриёни парокандаро аз миёни халқҳо ҷамъ меорам.+ 14 Ман асирони мисриро ба замини Фатрус,+ ба зодгоҳашон, бармегардонам ва онҳо мамлакати сусте мешаванд. 15 Миср аз дигар подшоҳиҳо пасттар мегардад ва дигар бар халқҳо ҳукмфармоӣ намекунад.+ Ман онҳоро чунон ночиз мегардонам, ки дигар бар халқҳо ҳукм наронанд.+ 16 Миср дигар қуввати дили хонадони Исроил нахоҳад буд,+ балки хатояшонро хотиррасон хоҳад кард, зеро онҳо аз мисриён мадад ҷустанд. Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ман Парвардигор Яҳува ҳастам”».
17 Дар соли 27-ум, дар моҳи якум, дар рӯзи якуми моҳ, Яҳува ба ман паём фиристода гуфт: 18 «Эй фарзанди одам, лашкари Набукаднесар,+ шоҳи Бобил, дар ҷанги зидди Сӯр бисёр заҳмат кашид.+ Сари ҳар сарбоз кал ва китфи ҳар яке дардманд шуд, вале на подшоҳ ва на лашкараш барои заҳматашон дар ин ҷанг музде нагирифтанд.
19 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ба Набукаднесари шоҳи Бобил замини Мисрро медиҳам.+ Ӯ сарвати онро мебарад ва онро тороҷ карда, ғанимати бисёре ба даст меорад. Он музди лашкараш мешавад.
20 Ман замини Мисрро ба онҳо ҳамчун ҳаққи меҳнаташон медиҳам, чунки онҳо бо Сӯр ҷангида, хости маро ба ҷо оварданд,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
21 Дар он рӯз ман ба хонадони Исроил қудрат мебахшам*+ ва ба ту имкон медиҳам, ки дар миёни онҳо гап занӣ. Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”».
30 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, пешгӯйӣ карда бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Фиғон бардошта бигӯед: “Эй вой, ки он рӯз меояд!”,
3 Зеро он рӯз, рӯзи Яҳува, наздик аст.+
Он рӯз рӯзи абрҳои тира хоҳад буд,+ замоне ки халқҳо доварӣ карда мешаванд.+
4 Шамшер бар Миср меояд ва, вақте он мисриёнро куштан гирад, Ҳабашистонро даҳшат фаро мегирад.
Сарвати Мисрро гирифта, бунёдашро хароб месозанд.+
5 Ҳабашистон,+ Фут,+ Луд ва тамоми мардуми гуногунмиллат,
Куб ва аҳли замини аҳд* —
Ҳамаашон, аз дами шамшер мемиранд”.
6 Яҳува чунин мегӯяд:
“Мададгорони Миср низ фурӯ меғалтанд
Ва қуввате, ки Миср бо он каттагӣ мекард, шикаста мешавад.+
Онҳо дар замини худ, аз Миҷдӯл+ то Асвон,+ аз дами шамшер мемиранд,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 7 Замини онҳо холитарин кишвар ва шаҳрҳояшон валангортарин шаҳрҳои дунё мешаванд.+ 8 Вақте Мисрро оташ занам ва тамоми ҳамдастонаш шикаст хӯранд, мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам. 9 Дар он рӯз ман бо киштиҳо хабаррасонҳоро фиристода, Ҳабашистони азхудрафтаро ба ларза меорам. Дар рӯзи шикасти Миср ҳабашиёнро воҳима зер мекунад. Он рӯз ҳатман меояд”.
10 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман мардуми сершумори Мисрро бо дасти Набукаднесари шоҳи Бобил нобуд мекунам.+ 11 Ӯ ва лашкараш, ки бераҳмтарини халқҳост,+ ба ин замин оварда мешаванд, то онро валангор кунанд. Онҳо бар Миср шамшер кашида, заминашро аз куштагон пур месозанд.+ 12 Ман шохобҳои Нилро+ хушк мекунам ва заминро ба бадкорон мефурӯшам. Ман он замину ҳар чизеро, ки дар он аст, бо дасти бегонагон хароб месозам.+ Инро ман, Яҳува, гуфтаам”.
13 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ҳамчунин бутҳои ҳаромро* нест карда, худоёни бекораи Нуфро* нобуд месозам.+ Аз замини Миср дигар мире пайдо намешавад ва ман дар замини Миср тарсу ҳаросро ҷо мекунам.+ 14 Ман Фатрусро+ харобазор месозам, Сӯанро оташ мезанам ва Нӯро* ҷазо медиҳам.+ 15 Ман бар Син, истеҳкоми Миср, хашмамро фурӯ мерезам ва мардуми Нӯро нобуд мекунам. 16 Вақте Мисрро оташ занам, Син ба даҳшат меояд, Нӯ рахнадор мешавад ва Нуф* дар рӯзи равшан ба ҳуҷуми душман дучор мегардад. 17 Ҷавонони Ӯн* ва Фибаст аз дами шамшер меафтанд ва сокинони шаҳрҳо ба асирӣ мераванд. 18 Вақте юғи* зулми Мисрро бишканам,+ дар Таҳфанҳес рӯз ба торикӣ табдил меёбад. Қуввате, ки ӯ бо он каттагӣ мекард, нест мешавад,+ абрҳо ӯро мепӯшонанд ва мардуми шаҳракҳояш ба асирӣ мераванд.+ 19 Ман Мисрро ҷазо медиҳам ва онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”».
20 Дар соли 11-ум, дар рӯзи ҳафтуми моҳи якум, Яҳува ба ман паём фиристода гуфт: 21 «Эй фарзанди одам, ман дасти фиръавни подшоҳи Мисрро шикастам. Онро ҷароҳатбандӣ намекунанд, ки шифо ёбад, ва тахтабанд наменамоянд, ки зӯраш ба бардоштани шамшер расад.
22 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бар зидди фиръавни подшоҳи Миср ҳастам.+ Ман дастони ӯро, ҳам дасти сиҳат ва ҳам дасти шикастаашро, мешиканам+ ва шамшерро аз дасташ меафтонам.+ 23 Баъд аз ин ман мисриёнро дар миёни халқҳо пароканда ва дар кишварҳо титу парешон месозам.+ 24 Ман дастони подшоҳи Бобилро қавӣ мегардонам+ ва шамшерамро ба дасташ медиҳам.+ Дастони фиръавнро бошад, мешиканам ва ӯ пеши подшоҳи Бобил мисли касе, ки ҷон меканад, оҳу фиғон хоҳад кард. 25 Ман дастони подшоҳи Бобилро қавӣ месозам, дастони фиръавн бошад, сусту бемадор мешаванд. Вақте шамшерамро ба дасти подшоҳи Бобил диҳам ва ӯ онро бар зидди замини Миср кор фармояд,+ онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам. 26 Ман мисриёнро дар миёни халқҳо пароканда ва дар кишварҳо титу парешон месозам.+ Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”».
31 Дар соли 11-ум, дар рӯзи якуми моҳи сеюм, Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, ба фиръавни подшоҳи Миср ва мардуми сершумораш бигӯ:+
“Ту дар бузургӣ ба кӣ монандӣ?
3 Ту мисли ошурие, мисли дарахти сидрае дар Лубнон будӣ,
Мисли дарахте, ки шохаҳои зебои сершумору сояафкан дошт.
Қомати он баланд буд ва нӯгаш ба абрҳо мерасид.
4 Ҷӯйҳо онро об медоданд ва чашмаҳои сероб калонаш мекарданд.
Онро дар миёни рӯдҳо шинонда буданд,
Дар миёни рӯдҳое, ки ҷӯйҳояшон ҳама дарахтони саҳроро об медоданд.
5 Барои ҳамин он аз дигар дарахтони саҳро баландтар гашт.
Шохаҳои он зиёд ва навдаҳояш дароз шуданд,
Чунки он аз рӯдҳо сероб мешуд.
6 Ҳама мурғони ҳаво дар шохаҳояш лона мегузоштанд,
Ҳама ҷонварони саҳро зери навдаҳояш бача мекарданд
Ва ҳама халқҳои сершумор дар сояи он сокин мешуданд.
7 Он ба авҷи зебоӣ расид ва шохаҳояш бузургу пуршукӯҳ шуд,
Зеро решаҳояш ба обҳои фаровон рафта мерасид.
8 Ҳеҷ сидраи боғи Худо+ ҳамтои он набуд,
Ҳеҷ арчае мисли он шоха надошт,
Ҳеҷ чаноре мисли он навда надошт.
Ҳеҷ дарахти дигаре аз боғи Худо дар зебоӣ ба он баробар набуд.
9 Ман онро зебо ва сершоху барг гардондам
Ва дарахтони дигари Адан, боғи Худо, ба он ҳасад мебурданд”.
10 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Азбаски он чунон қад кашид, ки нӯгаш ба абрҳо расид, ва дилаш аз қомати баландаш мағрур шуд, 11 ман онро ба дасти ҳокими пурзӯри халқҳо месупорам+ ва ӯ ҳатман адаби онро медиҳад. Ман барои бадкорияш аз он рӯ мегардонам. 12 Бегонагон, бераҳмтарини халқҳо, онро бурида, меафтонанд ва бар кӯҳҳо партофта, мераванд. Баргҳои он бар водиҳо мерезад ва навдаҳояш шикаста, бар рӯдҳо меафтад.+ Тамоми мардуми замин аз сояаш баромада, онро тарк мекунад. 13 Ҳама мурғони ҳаво дар танаи афтидааш ҷо мегиранд ва ҳама ҷонварони саҳро дар шохаҳояш сокин мешаванд.+ 14 Чунин карда мешавад, то ягон дарахте, ки назди ҷӯйҳост, мисли он қад накашаду нӯгаш ба абрҳои фалак нарасад ва ягон дарахте, ки сероб карда мешавад, то абрҳо баланд нашавад. Ҳамаашон ҳамроҳи одамизод, ки ба коми гӯр меравад, ба марг супурда мешаванд ва таги хок мегарданд”.
15 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Дар рӯзе ки он ба гӯр* фурӯ равад, ман коре мекунам, ки барои он мотам гиранд. Ман чашмаҳову рӯдҳояшонро баста, обҳои фаровонро бозмедорам. Ман аз барои он Лубнонро тира месозам ва ҳамаи дарахтони саҳро пажмурда мешаванд. 16 Аз садои шикасти он халқҳоро ба ларза меандозам, чунки онро ҳамроҳи ҳамаи касоне, ки зери хок мераванд, ба гӯр фуруд меорам. Он вақт ҳама дарахтони Адан+ ва дарахтони яккачину беҳтарини Лубнон, ҳамаи обхӯрон, дар зери хок тасаллӣ меёбанд. 17 Онҳо низ мисли ӯ ҳамроҳи мададгоронаш, ки дар миёни халқҳо зери сояаш мезистанд,+ ба гӯр, сӯйи куштагони шамшер, фурӯ мераванд.+
18 Магар ягон дарахти Адан ҷалолу бузургии туро дошт?+ Не. Бо вуҷуди ин ту ҳамроҳи дарахтони Адан ба зери хок меравӣ. Ту дар миёни бехатнагон, ҳамроҳи куштагони шамшер, хоҳӣ хобид. Бо фиръавн ва мардуми сершумори ӯ чунин мешавад”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
32 Дар соли 12-ум, дар рӯзи якуми моҳи 12-ум, Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, дар ҳаққи фиръавни подшоҳи Миср марсия* суруда, ба вай чунин бигӯ:
“Ту дар миёни халқҳо шери пурзӯре будӣ,
Вале туро нобуд карданд.
Ту мисли ҷонвари бузурги баҳрӣ будиву+ дар дарёҳои худ даступо мезадӣ,
Бо пойҳоят обро лой ва дарёҳоро чиркин мекардӣ.
3 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Бо дасти халқҳои бисёр бар ту тӯр меандозам
Ва онҳо туро кашида мебароранд.
4 Ман туро ба рӯйи замин мепартоям,
Туро ба саҳро ҳаво медиҳам.
Ҳама мурғони ҳаворо бар ту мешинонам
Ва ҷонварони ваҳшии тамоми заминро аз гӯшти ту сер мекунам.+
5 Ман гӯшти баданатро бар кӯҳҳо мепартоям
Ва водиҳоро аз лошаҳоят пур мекунам.+
6 Ман заминро то ба кӯҳҳо аз хуни ту тап-тар мекунам
Ва дарёҳо аз хунат пур мешаванд.
7 Ҳангоме ки ту нобуд шавӣ, ман осмонро пӯшонда, ситораҳоро торик месозам.
Ман офтобро бо абрҳо мепӯшонам
Ва моҳтоб равшанӣ намедиҳад.+
8 Ман ҳамаи ҷирмҳои тобони осмонро аз сабаби ту торик месозам
Ва замини туро бо торикӣ мепӯшонам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
9 Ман мардуми туро асир карда,
Сӯйи халқҳои дигар мебарам, ба заминҳое, ки ту намедонистӣ,+
Ва дили халқҳои бисёрро ғамгин месозам.
10 Ман халқҳои бисёрро ба ҳайрат меорам
Ва, вақте шамшерамро пеши чашми онҳо алвонҷ диҳам, подшоҳонашон ба тарсу ларз меоянд.
Дар рӯзи шикасти ту тани онҳо аз бими марг аз ларза нахоҳад монд”.
11 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Шамшери подшоҳи Бобил бар сари ту меояд.+
12 Ман мардуми сершуморатро аз дами шамшери ҷанговароне мегузаронам,
Ки ҳамаашон бераҳмтарини халқҳоянд.+
Онҳо ифтихори Мисрро сарнагун карда, тамоми мардуми сершуморашро нобуд месозанд.+
13 Ман тамоми чорвои онро назди обҳои фаровонаш нест мекунам+
Ва пойи одам ё суми чорпо онҳоро дигар лой нахоҳад кард.+
14 Дар он вақт ман обҳои онҳоро софу зулол мекунам
Ва дарёҳояшонро мисли равған равон месозам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
15 Ман Мисрро харобазори беодам мегардонам,
Заминашро аз ҳар чӣ дар он аст, холӣ месозам+
Ва тамоми сокинонашро ба ҳалокат мерасонам.
Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам.+
16 Ин марсия аст ва мардум онро ҳатман месарояд,
Духтарони халқҳо онро хоҳанд хонд.
Онҳо ин марсияро дар ҳаққи Миср ва тамоми мардумаш хоҳанд хонд”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
17 Пас аз ин, дар соли 12-ум, дар рӯзи 15-уми моҳ, Яҳува ба ман паём фиристода, гуфт: 18 «Эй фарзанди одам, барои мардуми сершумори Миср нола кун ва ӯву духтарони халқҳои пурзӯрро ҳамроҳи онҳое, ки ба гӯр мераванд, ба зери хок фуруд ор.
19 “Ту аз кӣ зеботарӣ? Фурӯ ғалтида, бо бехатнагон бихоб!”
20 Онҳо ҳамроҳи куштагони шамшер меафтанд.+ Ӯ ба дасти шамшер супурда шудааст. Ӯро бо мардуми сершумораш кашола карда, баред.
21 Аз қаъри гӯр ҷанговарони пурзӯртарин бо ӯву мададгоронаш сухан хоҳанд гуфт. Онҳо ба зери хок рафта, мисли бехатнагон, мисли куштагони шамшер, хоҳанд хобид. 22 Ошур низ бо ҷамоати худ он ҷост. Гӯрҳои онҳо, ки ҳамаашон бо дами шашмер кушта шудаанд,+ гирдогирди ӯст. 23 Қабрҳои ӯ дар қаъри замин аст ва мардуми ӯ гирдогирди қабраш гӯронда шудааст. Ҳамаи онҳо аз дами шамшер мурдаанд, чунки дар замини зиндагон одамонро ба даҳшат меандохтанд.
24 Элом+ низ он ҷост ва мардуми сершумораш гирдогирди қабри ӯ гӯронда шудааст. Ҳамаи онҳо аз дами шамшер мурдаанд. Онҳо хатна нашуда таги хок гаштаанд, онҳое, ки одамонро дар замини зиндагон ба даҳшат меоварданд. Ҳоло онҳо бо касоне, ки ба гӯр фурӯ мераванд, бори шармандагияшонро хоҳанд бардошт. 25 Онҳо барои ӯ* дар миёни куштагон ҳамроҳи мардуми сершумораш, ки гирдогирди қабрҳояш гӯронда шудааст, ҷойхобе тайёр кардаанд. Ҳамаи онҳо бехатнаанд ва бо шамшер кушта шудаанд, чунки дар замини зиндагон одамонро ба даҳшат меоварданд. Онҳо бо касоне, ки ба гӯр фурӯ мераванд, бори шармандагияшонро хоҳанд бардошт. Ӯро дар миёни куштагон ҷойгир кардаанд.
26 Машаху Тубол+ ва тамоми мардуми сершуморашон дар он ҷо мебошанд. Гӯрҳои онҳо гирдогирди ӯянд*. Ҳамаи онҳо бехатнаанд ва бо шамшер қатл шудаанд, чунки дар замини зиндагон одамонро ба даҳшат меоварданд. 27 Онҳо бо паҳлавонони бехатнае, ки кушта шуда, бо силоҳи ҷангияшон ба гӯр фурӯ рафтаанд, хоҳанд хобид. Онҳо шамшерҳои худро дар таги сар* ва гуноҳҳояшонро бар устухонҳояшон хоҳанд гузошт, зеро ин паҳлавонон замини зиндагонро ба даҳшат меоварданд. 28 Ту низ дар миёни бехатнагон шикаст хоҳӣ хӯрд ва бо куштагони шамшер хоҳӣ хобид.
29 Адӯм+ низ бо подшоҳону тамоми сарваронаш он ҷост. Онҳо бо вуҷуди тавоноияшон дар қатори куштагони шамшер хобидаанд. Онҳо низ бо бехатнагон+ ва касоне, ки ба гӯр фурӯ мераванд, хоҳанд хобид.
30 Тамоми мирони шимол низ бо ҳамаи сидӯниён+ дар он ҷоянд. Онҳо бо вуҷуди бузургии даҳшатоварашон бо шармандагӣ ба куштагон ҳамроҳ шуданд. Онҳо бе хатна дар қатори куштагони шамшер хоҳанд хобид ва ҳамроҳи касоне, ки ба гӯр фурӯ мераванд, бори шармандагии худро хоҳанд бардошт.
31 Фиръавн ҳамаи онҳоро дида, аз он чӣ бар сари мардуми сершумораш омадааст, тасаллӣ меёбад.+ Фиръавн бо тамоми лашкараш бо шамшер кушта мешавад,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
32 Фиръавн ва тамоми мардуми сершумораш бо бехатнагон, бо куштагони шамшер, ором гирифта, хоҳад хобид, чунки ӯ дар замини зиндагон одамонро ба даҳшат меовард,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
33 Яҳува ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, ба фарзандони халқи худ муроҷиат карда+ бигӯ:
“Фарз кардем, ман ба замине шамшер меорам+ ва мардуми он замин як нафарро гирифта, дидбон таъйин мекунанд. 3 Он дидбон мебинад, ки бар замин шамшер омада истодааст ва шох навохта, мардумро огоҳ мекунад.+ 4 Агар касе садои шохро шунавад, вале ба огоҳӣ бепарвоӣ кунад+ ва шамшер омада, ҷони ӯро бигирад, хуни ӯ бар гардани худаш аст.+ 5 Охир, ӯ садои шохро шунид, вале ба огоҳӣ бепарвоӣ кард. Хуни ӯ бар гардани худаш аст. Агар ӯ ба огоҳӣ гӯш медод, ҷонашро раҳо мекард.
6 Вале, агар дидбон бубинад, ки шамшер омада истодааст, вале шох нанавозаду+ мардумро огоҳ накунад ва шамшер омада, ҷони касеро бигирад, он шахс барои гуноҳи худ мемирад, вале ман хуни ӯро аз дидбон талаб мекунам”.+
7 Эй фарзанди одам, ман туро бар хонадони Исроил дидбон таъйин кардаам. Вақте аз даҳони ман паёме шунавӣ, онро ба мардум бирасон.+ 8 Агар ман ба бадкоре бигӯям: “Эй бадкор, ту ҳатман мемурӣ!”,+ аммо ту чизе ба вай нагӯӣ ва ӯро огоҳ накунӣ, то аз роҳи бадаш гардад, ӯ аз сабаби бадкору хатокор буданаш мемирад,+ вале хуни ӯро ман аз ту металабам. 9 Аммо, агар ту бадкорро огоҳ кунӣ, ки аз роҳи бади худ гардад, вале ӯ гӯш надиҳад, ӯ аз сабаби гуноҳаш мемирад,+ вале ту ҷонатро халос мекунӣ.+
10 Эй фарзанди одам, ба хонадони Исроил бигӯ: “Шумо мегӯед: “Саркашиву гуноҳҳоямон ба мо вазнинӣ мекунад ва мо обу адо мешавем.+ Пас, чӣ тавр боз зинда бимонем?”+ 11 Ба онҳо бигӯ: “Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— ман аз марги бадкор хушнуд намешавам.+ Ман аз он хушнуд мешавам, ки кас аз роҳи бадаш гардаду+ зинда монад.+ Гардед, аз роҳи бади худ гардед,+ эй хонадони Исроил, охир, чаро бимиред?”+
12 Эй фарзанди одам, ба фарзандони халқи худ бигӯ: “Агар росткор саркашӣ кунад, росткорияш ӯро халос намекунад.+ Бадкор низ, агар аз бадкорияш даст кашад, шикаст намехӯрад.+ Ягон росткорро росткорияш дар рӯзи гуноҳ карданаш наҷот намедиҳад.+ 13 Агар ман ба росткор бигӯям, ки “Ту ҳатман зинда мемонӣ”, вале ӯ ба росткорияш такя карда, ба беинсофӣ рӯ орад,+ ягон кори дурусти ӯ ба хотир оварда намешавад ва ӯ барои бадкорияш мемирад.+
14 Вақте ман ба бадкор бигӯям: “Ту ҳатман мемирӣ”, ва ӯ аз гуноҳи худ даст кашида, ба инсофу росткорӣ рӯ орад,+ 15 чизеро, ки гарав гирифтааст, баргардонад,+ чизеро, ки ғорат кардааст, боздиҳад+ ва фармудаҳои ҳаётбахшро ба ҷо оварда, ба бадӣ даст назанад, ӯ ҳатман зинда мемонад.+ Ӯ намемирад. 16 Ягон гуноҳаш ба ёд оварда намешавад.+ Модоме ки ӯ ба инсофу росткорӣ рӯ овард, ҳатман зинда мемонад”.+
17 Халқи ту мегӯяд: “Корҳои Яҳува беинсофона аст”, ҳол он ки корҳои худашон беинсофона аст.
18 Агар росткоре аз роҳи рост гашта, ба бадкорӣ рӯ орад, вай барои ин кораш мемирад.+ 19 Агар бадкоре аз бадкорӣ даст кашида, аз рӯйи адлу инсоф рафтор намояд, вай барои ин кораш зинда мемонад.+
20 Вале шумо мегӯед: “Корҳои Яҳува беинсофона аст”.+ Ман ҳар яки шуморо аз рӯйи корҳоятон доварӣ мекунам, эй хонадони Исроил».
21 Пас аз чанде, дар соли 12-уми асирии мо, дар рӯзи панҷуми моҳи даҳум, гурезае аз Ерусалим назди ман омада,+ гуфт: «Шаҳр ба дасти душман афтод!»+
22 Як рӯз пеш аз омадани он гуреза, бегоҳи он рӯз, дасти Яҳува бар ман ниҳода шуд ва ӯ, пеш аз он ки он марди гуреза саҳарӣ наздам ояд, даҳони маро кушод. Забони ман кушода шуд ва ман дигар хомӯш набудам.+
23 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 24 «Эй фарзанди одам, сокинони ин вайронаҳо+ дар бораи замини Исроил мегӯянд: “Иброҳим як худаш буду ин заминро мерос гирифт,+ мо бошем, бисёрем: бешак, ин замин ба мо мерос дода шудааст”.
25 Барои ҳамин ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Шумо гӯштро бо хунаш мехӯред,+ ба бутҳои ҳароматон* рӯ меоред ва хун мерезед.+ Наход бо ин корҳоятон он заминро мерос гиред? 26 Шумо ба шамшери худ таваккал мекунед,+ ба корҳои нафратовар даст мезанед ва бо зани якдигар ҳамхоб мешавед.+ Наход бо ин корҳоятон он заминро мерос гиред?”+
27 Ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ба ҳаёти худ қасам ки, онҳое, ки дар вайронаҳо зист мекунанд, аз дами шамшер мемиранд, онҳоеро, ки дар саҳроянд, туъмаи даррандагон месозам ва онҳое, ки дар истеҳкому ғорҳоянд, аз касалӣ мемуранд.+ 28 Ман он заминро харобазори беодам мегардонам+ ва аз ғуруру ҳавобаландии он чизе намемонад. Кӯҳҳои Исроил бекас мешаванд+ ва пойи раҳгузаре ба он ҷо намерасад. 29 Вақте он заминро аз пушти корҳои нафратоварашон+ харобазори беодам созам,+ мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”.
30 Эй фарзанди одам, халқи ту дар таги девору пеши дари хонаҳо бо якдигар дар бораи ту сухан меронад.+ Ҳар яке ба дигаре, ба бародари худ, мегӯяд: “Биё рафта, паёми Яҳуваро бишнавем”. 31 Онҳо ҷамъ хоҳанд шуд ва мисли халқи ман дар пеши ту хоҳанд нишаст. Онҳо гапи туро гӯш кунанд ҳам, ба ҷо нахоҳанд овард,+ чунки бо даҳон ба ту хушомад мекунанд, вале дилашон аз пайи ризқи ҳаром аст. 32 Ту барои онҳо суруди ошиқонае ҳастӣ, ки бо овози форам суруда ва бар тори сознок моҳирона навохта мешавад. Онҳо туро хоҳанд шунид, вале як нафарашон ҳам суханатро ба ҷо нахоҳад овард. 33 Вақте суханат рост барояд (бидон, ки он ҳатман рост мебарояд), ин мардум мефаҳмад, ки дар миёнашон пайғамбаре буд».+
34 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, бар зидди чӯпонони Исроил пешгӯйӣ бикун ва ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Вой бар ҳоли чӯпонони Исроил,+ ки худро мечаронанд! Магар чӯпонон набояд рамаро чаронанд?+ 3 Шумо дунба мехӯред, либоси пашмин мепӯшед ва гӯсфанди фарбеҳтаринро мекушед,+ вале рамаро намечаронед.+ 4 Шумо гӯсфандони нимҷонро бақувват накардед, касалашро сиҳат нанамудед, пошикастаро тахтабанд накардед, дуршударо барнагардондед ва гумшударо накофтед,+ балки бо ҷабру ситам бар онҳо ҳукм рондед.+ 5 Онҳо бе чӯпон монда тит шуданд.+ Онҳо титу пароканда шуда, туъмаи даҳони даррандагони саҳро гаштанд. 6 Гӯсфандони ман бар ҳама кӯҳҳо ва бар ҳар теппаи баланд овораю сарсон гаштанд. Гӯсфандони ман дар рӯйи замин тит шуданд ва касе онҳоро суроғ накарду аз паяшон нашуд.
7 Аз ин рӯ, эй чӯпонон, паёми Яҳуваро бишнавед: 8 “Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— азбаски гӯсфандони ман бе чӯпон монда сайд ва туъмаи даҳони даррандагони саҳро шуданд ва шумо гӯсфандонамро наҷустед ва гӯсфандонамро нею худро чарондед, 9 эй чӯпонон, паёми Яҳуваро бишнавед. 10 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман зидди ин чӯпонон ҳастам ва гӯсфандонамро аз дасти онҳо талаб мекунам. Ман онҳоро аз сари рама сур мекунам ва онҳо дигар шикамчаронӣ намекунанд.+ Ман гӯсфандонамро аз даҳони онҳо халос мекунам ва онҳо дигар хӯроки даҳони чӯпонон намешаванд”.
11 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Инак, ман ҳозирам. Ман худам гӯсфандонамро ҷустуҷӯ ва нигоҳубин мекунам.+ 12 Ман мисли чӯпоне, ки гӯсфандони парокандаро меёбаду мечаронад, гӯсфандонамро нигоҳубин хоҳам кард.+ Ман онҳоро, аз ҳар ҷое ки дар рӯзи тира, дар рӯзи абру меғ,+ титу пароканда шуда буданд, раҳо мекунам. 13 Ман онҳоро аз миёни халқҳо мебарорам, аз кишварҳо ҷамъ оварда, ба заминашон меорам ва бар кӯҳҳои Исроил, назди рӯдҳо ва дар ҳамаи ободониҳои ин замин мечаронам.+ 14 Ман онҳоро дар чарогоҳи нағз мечаронам ва онҳо дар кӯҳҳои баланди Исроил алаф мехӯранд.+ Онҳо дар марғзорҳо хоҳанд хобид+ ва дар алафзорҳои беҳтарини кӯҳҳои Исроил хоҳанд чарид.
15 Ман худам гӯсфандонамро мечаронам+ ва худам онҳоро мехобонам,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 16 Ман гумшударо мекобам,+ дуршударо бармегардонам, захмдорро ҷароҳатбандӣ мекунам ва нимҷонро қувват мебахшам, фарбеҳу зӯроварро бошад, нест мекунам — ман вайро бо ҳукми ҷазо сер менамоям.
17 Ба шумо, эй гӯсфандони ман, Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ба қарибӣ байни як гӯсфанду гӯсфанди дигар ва байни қӯчқорҳову нарбузҳо доварӣ мекунам.+ 18 Ба шумо дар алафзорҳои беҳтарин чаридан бас набуд ки, боқимондаи чарогоҳҳоятонро поймол мекунед? Наход оби софу тозатаринро нӯшида, ба он пой кӯбеду лояш кунед? 19 Акнун гӯсфандонам дар алафзоре, ки шумо поймол кардед, бичаранд ва аз обе, ки лой кардед, бинӯшанд?!”
20 Бинобар ин Парвардигор Яҳува ба онҳо чунин мегӯяд: “Ман байни гӯсфанди фарбеҳу хароб доварӣ хоҳам кард, 21 чунки шумо ҳамаи касалҳоро бо китфу паҳлуятон тела медодеду шох мезадед ва оқибат пеш карда, пароканда намудед. 22 Ман гӯсфандонамро раҳо мекунам ва онҳо дигар сайд нахоҳанд буд.+ Ман миёни гӯсфандон доварӣ хоҳам кард. 23 Ман бар онҳо як чӯпон, бандаам Довудро,+ мегузорам+ ва ӯ онҳоро хоҳад чаронид. Ӯ онҳоро мечаронад ва чӯпони онҳо мешавад.+ 24 Ман, Яҳува, Худои онҳо мешавам+ ва бандаам Довуд сарвари онҳо хоҳад буд.+ Инро ман, Яҳува, гуфтаам.
25 Ман бо онҳо аҳду паймони осоиштагӣ мебандам+ ва заминро аз даррандагон пок месозам,+ то ки онҳо дар даштҳо тинҷу осуда зиндагӣ кунанд ва дар ҷангалҳо бихобанд.+ 26 Ман онҳову атрофи теппаи худро ба баракат табдил медиҳам,+ боронро дар мавсимаш мефиристам ва баракатро мисли борон меборонам.+ 27 Дарахтони саҳро меваи худ ва замин ҳосилашро хоҳад дод+ ва онҳо дар замини худ тинҷу осуда хоҳанд зист. Вақте юғи* гарданашонро бишканам+ ва онҳоро аз дасти ғуломдорон халос кунам, мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам. 28 Онҳо дигар луқмаи даҳони халқҳо ва туъмаи даррандагон нахоҳанд буд, балки тинҷу осуда зиста, аз касе нахоҳанд тарсид.+
29 Ман барои онҳо боғистони номдоре бунёд мекунам ва онҳо дигар дар ин замин аз гушнагӣ намемуранд+ ва халқҳо дигар онҳоро паст намезананд.+ 30 Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ман, Худояшон Яҳува, бо онҳо ҳастам ва онҳо, хонадони Исроил, халқи мананд,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
31 Шумо, эй гӯсфандонам,+ ки рамаи чарогоҳи ман ҳастед, одами хокиед, ман бошам, Худои шумо ҳастам”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
35 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, рӯятро сӯйи кӯҳистони Сеир+ гардонда, зидди он пешгӯйӣ кун.+ 3 Ба он бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман зидди туям, эй кӯҳистони Сеир! Ман бар ту даст бардошта, туро харобазори бекасе месозам.+ 4 Шаҳрҳоятро ба вайронаву туро ба харобазори беодаме табдил медиҳам+ ва ту мефаҳмӣ, ки ман Яҳува ҳастам. 5 Ту ба Исроил пайваста душманӣ мекардӣ+ ва исроилиёнро дар рӯзи сахт, дар рӯзи ҷазои охиринашон, ба дами шамшер супурдӣ.+
6 Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— ман бароят хунрезӣ тайёр кардаам ва он туро пайгирӣ хоҳад кард.+ Азбаски ту аз хун нафрат доштӣ, хунрезӣ аз пайи ту хоҳад буд.+ 7 Ман кӯҳистони Сеирро харобазори беодаме месозам+ ва пайи пойи равандаю ояндаро аз он ҷо меканам. 8 Ман кӯҳҳои онро аз куштагон пур мекунам. Куштагони шамшер бар теппаҳо, водиҳо ва тамоми рӯдҳои ту хоҳанд афтод. 9 Ман туро ба харобазори абадӣ табдил медиҳам ва шаҳрҳои ту бе одам мемонанд.+ Он гоҳ мардуми ту мефаҳмад, ки ман Яҳува ҳастам.
10 Ту гуфтӣ: “Ин ду халқ ва ин ду сарзамин аз они ман мешавад. Ҳар дуи онҳо мулки мо хоҳанд шуд”,+ ҳол он ки Яҳува он ҷо буд. 11 Барои ҳамин ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— бо ту аз рӯйи хашму ҳасади худат, аз рӯйи бадбиние, ки ба онҳо доштӣ, рафтор мекунам.+ Ман туро доварӣ мекунаму ба онҳо нишон медиҳам, ки ман кистам. 12 Он гоҳ ту мефаҳмӣ, ки ман, Яҳува, ҳамаи суханони бади туро дар ҳаққи кӯҳҳои Исроил шунидам. Ман шунидам, ки ту чунин гуфтӣ: “Онҳо валангор шудаанду акнун луқмаи даҳони мо мегарданд”. 13 Шумо бар зидди ман ҳавобаландона сухани бисёре гуфтед.+ Ман ҳамаашро шунидам.
14 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Вақте туро харобазори беодам гардонам, тамоми замин шод мешавад. 15 Вақте ки хонадони Исроил валангор гардид, ту шодӣ кардӣ. Барои ҳамин ман туро низ ба чунин ҳол гирифтор мекунам.+ Ман туро вайронаи бекасе месозам, эй кӯҳистони Сеир, эй тамоми Адӯм!+ Он гоҳ мардум мефаҳмад, ки ман Яҳува ҳастам”».
36 «Эй фарзанди одам, дар бораи кӯҳҳои Исроил пешгӯйӣ карда бигӯ: “Паёми Яҳуваро бишнавед, эй кӯҳҳои Исроил! 2 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Душманатон дар бораи шумо гуфт: “Хуб шуд! Баландиҳои қадимӣ ҳам аз они мо шуданд!”+
3 Аз ин рӯ пешгӯйӣ карда бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Онҳо шуморо хароб карда, аз ҳар тараф ҳамла намуданд, то ки аз они халқҳои дигар шавед ва вирди забони мардуму таънаи онҳо бошед.+ 4 Бинобар ин паёми Парвардигор Яҳуваро бишнавед, эй кӯҳҳои Исроил! Парвардигор Яҳува ба кӯҳу теппаҳо, ба рӯду водиҳо, ба вайронаҳои бекас+ ва шаҳрҳои беодаме, ки тороҷ гаштаанду хандахариши бақияи халқҳои атрофашон шудаанд,+ чунин мегӯяд, 5 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Бо оташи рашки худ+ зидди бақияи халқҳо ва зидди тамоми Адӯм сухан хоҳам гуфт, зидди онҳое, ки бо шодии бузург ва нафрати сахт+ замини маро мулки худ донистанд, то чарогоҳҳояшро соҳиб шаванд ва онро тороҷ кунанд”.+
6 Дар бораи замини Исроил пешгӯйӣ карда, ба кӯҳу теппаҳо ва ба рӯду водиҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бо рашку хашм сухан хоҳам гуфт, зеро халқҳо шуморо шарманда карданд”.+
7 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман дастамро боло карда қасам мехӯрам, ки халқҳои гирду атроф бори шармандагии худро мебардоранд.+ 8 Шумо бошед, эй кӯҳҳои Исроил, навда зада, барои халқам Исроил мева меоред,+ зеро он ба зудӣ бармегардад. 9 Ман бо шумоям, эй кӯҳҳои Исроил. Ман сӯятон назар мекунам ва шумо киштукор карда мешавед. 10 Ман мардуми шуморо, тамоми хонадони Исроилро, сершумор мекунам. Шаҳрҳо пур аз одам+ ва вайронаҳо обод мегарданд.+ 11 Ман мардуму чорвои шуморо зиёд мекунам+ ва онҳо сершумору пурсамар мешаванд. Ман коре мекунам, ки шумо мисли пештара серодам шавед+ ва беш аз пеш нашъунамо ёбед.+ Он гоҳ шумо мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам.+ 12 Ман чунин мекунам, ки мардум, халқам Исроил, бар шумо қадам занад ва шуморо соҳиб гардад.+ Шумо мероси онҳо мешавед ва дигар ҳеҷ гоҳ онҳоро бефарзанд намегузоред”.+
13 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Азбаски онҳо ба ту мегӯянд: “Ту замини одамхӯр ҳастӣ ва халқҳоятро бефарзанд мекунӣ”, 14 ту дигар одамхӯр намешавӣ ва халқҳоятро бефарзанд намесозӣ,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 15 Ман дигар намегузорам, ки халқҳо туро таънаю маломат кунанд+ ва ту халқҳоятро дигар хароб намесозӣ”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
16 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 17 «Эй фарзанди одам, вақте хонадони Исроил дар замини худ мезист, онро бо кору рафтораш нопок мекард.+ Рафтори онҳо бароям мисли нопокии хунравии занон буд.+ 18 Онҳо дар ин замин хун рехтанд ва онро бо бутҳои ҳаромашон* нопок карданд,+ барои ҳамин ман бар онҳо хашмамро фурӯ рехтам,+ 19 барои ҳамин онҳоро дар миёни халқҳо пароканда ва дар кишварҳо титу парешон кардам.+ Ман онҳоро мувофиқи кору рафторашон доварӣ намудам. 20 Аммо, вақте онҳо ба назди халқҳои дигар омаданд, одамон номи поки маро беҳурмат сохта,+ гуфтанд: “Ин аст халқи Яҳува, ки аз замини ӯ ронда шудааст”. 21 Бинобар ин ман ба хотири номи поки худ амал мекунам, ки хонадони Исроил онро дар миёни халқҳое, ки наздашон рафтааст, беҳурмат сохтааст”.+
22 Аз ин рӯ ба хонадони Исроил бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “На ба хотири шумо, эй хонадони Исроил, балки ба хотири номи поки худ амал мекунам, ки шумо онро дар миёни халқҳое, ки наздашон рафтаед, беҳурмат сохтед.+ 23 Ман номи бузурги худро, ки дар миёни халқҳо беҳурмат гаштааст, номеро, ки шумо дар миёни онҳо беҳурмат кардаед, ҳатман пок месозам.+ Вақте ки дар пеши назари онҳо дар байни шумо поку муқаддас гардам, халқҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 24 Ман шуморо аз миёни халқҳо гирифта ва аз ҳамаи кишварҳо ҷамъ карда, ба заминатон меорам.+ 25 Ман бар шумо оби пок мепошам ва шумо пок мешавед.+ Ман шуморо аз ҳамаи нопокиятон ва аз ҳамаи бутҳои ҳароматон+ пок месозам.+ 26 Ман ба шумо дили наве медиҳам+ ва андарунатон рӯҳи наве мегузорам.+ Дили сангинатонро+ аз баданатон дур карда, ба шумо дили гӯштин* медиҳам. 27 Ман рӯҳи худро андаруни шумо мегузорам ва шумо мувофиқи дастурҳои ман рафтор мекунеду+ ҳукмҳои маро риоя намуда ба ҷо меоред. 28 Пас аз ин шумо дар замине, ки ба бобоёнатон дода будам, зист хоҳед кард. Он гоҳ шумо халқи ман мешаведу ман Худои шумо.+
29 Ман шуморо аз ҳамаи нопокиятон раҳо мекунам ва ба ғалла мефармоям, ки ҳосили фаровон диҳад. Шуморо ба гушнагӣ гирифтор намекунам,+ 30 балки меваи дарахтону ҳосили киштзорро фаровон месозам ва шумо дигар аз гушнагӣ азоб кашида, таънаи халқҳои дигарро намешунавед.+ 31 Баъд аз ин шумо роҳу рафтори бади худро ба хотир меоред ва аз худатон нафрат мекунед, зеро гуноҳ мекардед ва ба корҳои нафратовар даст мезадед.+ 32 Аммо бидонед: ман инро ба хотири шумо намекунам,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— Аз корҳои худ шарм дореду хиҷолат кашед, эй хонадони Исроил”.
33 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Дар рӯзе ки шуморо аз ҳамаи гуноҳҳоятон пок кунам, шаҳрҳоро аз одам пур месозам+ ва вайронаҳоро обод мекунам.+ 34 Замине, ки пеши назари ҳар раҳгузар харобу бекас буд, кор карда мешавад. 35 Он гоҳ одамон мегӯянд: “Замини хароба мисли боғи Адан+ шудааст ва шаҳрҳое, ки бекас ва вайрону валангор буданд, одамнишин ва ҳисордор шудаанд”.+ 36 Он вақт халқҳое, ки дар гирди шумо боқӣ мондаанд, мефаҳманд, ки ман, Яҳува, вайронаҳоро бино ва ноободиҳоро сабзу хуррам мекунам. Ман, Яҳува, инро гуфтам ва ба амал меорам”.+
37 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман мегузорам, ки хонадони Исроил аз ман хоҳиш кунанд, ки халқи онҳоро мисли рама сершумор гардонам. 38 Он вақт шаҳрҳои вайрона аз рамаи одамон пур мешаванд.+ Мардум мисли ҷамъи покон, мисли рамаи Ерусалим* ҳангоми идҳояш,+ ба шаҳрҳо хоҳад омад. Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”».
37 Дасти Яҳува бар ман ниҳода шуд ва рӯҳи Яҳува маро гирифта, дар миёнаҷойи водие гузошт,+ ки пур аз устухон буд. 2 Ӯ маро аз миёни ҳамаи онҳо гузаронд. Ман дар он водӣ устухонҳои бисёреро дидам, ки хуп-хушк буданд.+ 3 Ӯ аз ман пурсид: «Эй фарзанди одам, оё метавонанд ин устухонҳо зинда шаванд?» Ман гуфтам: «Эй Яҳува, Парвардигор, инро фақат ту медонӣ».+ 4 Ӯ ба ман гуфт: «Дар бораи ин устухонҳо пешгӯйӣ кун ва ба онҳо бигӯ: “Эй устухонҳои хушк, паёми Яҳуваро бишнавед:
5 Парвардигор Яҳува ба ин устухонҳо чунин мегӯяд: “Ман ба шумо нафаси ҳаёт медамам ва шумо зинда мешавед.+ 6 Ман бар шумо рагу пай ва гӯшт ба вуҷуд оварда, шуморо пӯст мепӯшонам ва ба шумо нафаси ҳаёт медамам. Шумо зинда мешавед ва мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам”».
7 Он гоҳ ман, чуноне ки ба ман фармуда шуд, пешгӯйӣ кардам. Ҳамин ки пешгӯйиро сар кардам, садои шарақ-шарақ шунида шуд ва устухонҳо ба якдигар наздик омадан гирифтанд. 8 Сипас ман дидам, ки бар онҳо рагу пай ва гӯшт пайдо шуд ва пӯст онҳоро пӯшонид, аммо ҳанӯз нафасе дар онҳо набуд.
9 Ӯ ба ман гуфт: «Ба шамол пешгӯйӣ кун. Эй фарзанди одам, пешгӯйӣ карда, ба шамол бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Эй шамол*, аз чор тараф вазида, бар ин куштагон бидам, то зинда шаванд”».
10 Ман, чуноне ки ӯ ба ман фармуд, пешгӯйӣ кардам ва бар онҳо нафас* дамида шуд. Он гоҳ онҳо зинда шуда, ба по рост истоданд+ ва лашкари азиме гаштанд.
11 Сипас ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, ин устухонҳо тамоми хонадони Исроиланд.+ Онҳо мегӯянд: “Устухонҳои мо хушк шудаанд ва умедамон барбод рафтааст.+ Мо несту нобуд шудаем”. 12 Аз ин рӯ пешгӯйӣ карда, ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Эй халқам, ман қабрҳоятонро кушода,+ шуморо бармехезонам ва ба замини Исроил меорам.+ 13 Вақте қабрҳоятонро кушода, шуморо, эй халқам, бархезонам, мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам.+ 14 Ман рӯҳи худро дар шумо ниҳода, шуморо зинда мекунам+ ва дар заминатон сокин мегардонам. Он гоҳ мефаҳмед, ки ман, Яҳува, инро гуфтам ва ба амал овардам”,— мегӯяд Яҳува».
15 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 16 «Эй фарзанди одам, чӯбе бигир ва бар он чунин бинавис: “Барои Яҳудо ва мардуми Исроил, ки бо ӯст”.+ Сипас чӯби дигаре гирифта, бар он чунин бинавис: “Барои Юсуф, чӯби Эфроим, ва тамоми хонадони Исроил, ки бо ӯст”.+ 17 Баъд онҳоро ба ҳам наздик ор, то дар дастат як чӯб шаванд.+ 18 Вақте халқат аз ту пурсанд, ки “Ин корат чӣ маъно дорад?”, 19 ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман чӯби Юсуфро, ки дар дасти Эфроим аст, ва дигар қабилаҳои Исроилро, ки ҳамроҳаш ҳастанд, гирифта, ба чӯби Яҳудо пайваст мекунам ва онҳоро як чӯб мегардонам.+ Онҳо дар дасти ман як мешаванд”. 20 Чӯбҳоеро, ки бар онҳо менависӣ, пеши назари мардум бидор, то онҳо бубинанд.
21 Баъд ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман исроилиёнро аз байни халқҳо, ки наздашон рафтаанд, гирифта, аз ҳар тараф ҷамъ меорам ва ба заминашон бармегардонам.+ 22 Ман онҳоро дар ин замин, бар кӯҳҳои Исроил, як халқ месозам+ ва бар ҳамаи онҳо як подшоҳ ҳукмронӣ мекунад.+ Онҳо дигар ду халқ намешаванд ва ба ду подшоҳӣ тақсим намегарданд.+ 23 Онҳо дигар худро бо бутҳои ҳаром, корҳои нафратангез ва тамоми хатоҳояшон нопок намесозанд.+ Ман онҳоро аз ҳамаи гуноҳу бевафоияшон раҳо мекунам ва онҳо пок мегарданд. Он гоҳ онҳо халқи ман мешаванду ман Худои онҳо.+
24 Бандаам Довуд подшоҳи онҳо хоҳад шуд+ ва ҳамаашон як чӯпон хоҳанд дошт.+ Онҳо мувофиқи ҳукмҳои ман рафтор мекунанд ва фармудаҳоямро як ба як иҷро менамоянд.+ 25 Онҳо дар замине, ки ба бандаам Яъқуб дода будам, дар замине, ки бобоёнашон мезистанд,+ сокин мешаванд.+ Онҳо ва фарзандону наберагонашон дар он то абад зиндагӣ мекунанд+ ва бандаам Довуд то абад сардори онҳо мешавад.+
26 Ман бо онҳо паймони осоиштагӣ, паймони абадӣ, мебандам,+ онҳоро пойдору сершумор мегардонам+ ва муқаддасгоҳамро абадан дар миёни онҳо мегузорам. 27 Хаймаи ман бо онҳо хоҳад буд. Ман Худои онҳо ва онҳо халқи ман хоҳанд буд.+ 28 Вақте халқҳо бубинанд, ки муқаддасгоҳам абадан дар миёни онҳост, мефаҳманд, ки ман, Яҳува, Исроилро поку муқаддас кардаам”».+
38 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, рӯятро сӯйи Ҷуҷи замини Маҷуҷ,+ мири калони Машаху Тубол,+ гардонда, бар зидди вай пешгӯйӣ кун.+ 3 Ба вай бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман зидди туям, эй Ҷуҷ, эй мири калони Машаху Тубол! 4 Ман туро аз роҳат гардонда, ба ҷоғҳоят чангак мезанам+ ва туро бо тамоми лашкарат берун меорам:+ бо аспу савораҳоят, ки ҳама либоси бошукӯҳ пӯшидаанд, бо сарбозони сершуморе, ки сипарҳои хурду калон доранду ҳама шамшербадастанд. 5 Форс, Ҳабашистон ва Фут,+ ки ҳама сипари хурду кулоҳ доранд, бо онҳоянд, 6 Ҷӯмар бо лашкараш ва хонадони Туҷармо+ аз ҷойҳои дуртарини шимол бо лашкараш — мардуми сершуморе, бо туст.+
7 Омода бошед, тайёр шавед, ту ва тамоми лашкаре, ки наздат ҷамъ омадааст. Ту фармондеҳи* онҳо мешавӣ.
8 Пас аз рӯзҳои зиёд ман сӯйи ту назар мекунам*. Дар охири солҳо ту ба замине медароӣ, ки халқаш аз зулми шамшер ба худ омадааст ва аз миёни халқҳои зиёд ба кӯҳҳои Исроил, ки муддати дарозе харобазор буданд, ҷамъ оварда шудааст. Сокинони ин замин аз миёни халқҳо берун оварда шудаанд ва ҳамаашон тинҷу осуда зиндагӣ мекунанд.+ 9 Ту бар зидди онҳо мисли тундбоде меоӣ, мисли абрҳо ин заминро мепӯшонӣ — ту бо тамоми лашкару халқҳои зиёде, ки ҳамроҳи туянд”.
10 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Дар он рӯз ба дилат фикрҳо меоянд ва ту қасди баде меандешӣ. 11 Ту хоҳӣ гуфт: “Ман ба замини деҳоти беҳисор зада медароям,+ бар зидди касоне меоям, ки осудаву беғам дар деҳоти беҳимояе зиндагӣ мекунанд, ки деворҳо ва ғалақаю дарвозаҳо надоранд”. 12 Ту мехоҳӣ, ки тороҷ куниву ғанимат бигирӣ, ба харобазорҳое, ки акнун одамнишин шудаанд,+ ҳамла кунӣ ва ба мардуме ҳуҷум намоӣ, ки аз миёни халқҳо гирд оварда шудаасту,+ молу мулк ҷамъ меорад+ ва дар миёни замин зиндагӣ мекунад.
13 Сабо+ ва Дадон,+ савдогарони Таршиш+ ва тамоми ҷанговарони он ба ту мегӯянд: “Оё ту барои тороҷ кардан ва гирифтани ғанимати бисёре омадӣ? Оё ту лашкар ҷамъ кардӣ, ки нуқраву тилло, молу мулк ва ғанимати бисёре ба даст орӣ?”
14 Эй фарзанди одам, пешгӯйӣ карда, ба Ҷуҷ бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Рӯзе ки халқам Исроил дар осоиштагӣ зиндагӣ кунад, ту инро ҳатман пай мебарӣ.+ 15 Ту аз макони худ, аз ҷойҳои дуртарини шимол меоӣ+ — ту ва халқҳои зиёде ҳамроҳи ту, ки ҳамаашон аспсаворанд, ҷамоати сершумор ва лашкари азиманд.+ 16 Ту бар зидди халқам Исроил баромада, мисли абрҳо заминро мепӯшонӣ. Дар рӯзҳои охир ман туро бар зидди заминам меорам,+ то, вақте дар пеши назари халқҳо ба воситаи ту, эй Ҷуҷ, худро поку муқаддас гардонам, онҳо маро бишносанд”.+
17 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Магар рӯзҳои пеш ман ба воситаи бандагонам пайғамбарони Исроил дар бораи ту нагуфта будам? Онҳо солҳои зиёд пешгӯйӣ мекарданд, ки ту бар зидди Исроил оварда мешавӣ.
18 Дар он рӯз, дар рӯзе ки Ҷуҷ ба замини Исроил зада дарояд,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— хашми пурзӯри ман аланга мезанад.+ 19 Ман бо рашк ва оташи ғазаб сухан хоҳам гуфт ва он рӯз дар замини Исроил заминҷунбии сахте мешавад. 20 Аз дасти ман моҳиёни баҳр, парандагони осмон, ҷонварони саҳро, тамоми хазандагон ва одамони рӯйи замин ба ларза меоянд, кӯҳҳо чаппа мешаванд,+ шахҳо фурӯ меғалтанд ва ҳама деворҳо ба хок яксон мегарданд.
21 Дар тамоми кӯҳҳоям ман шамшерро бар зидди ӯ даъват мекунам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— Он вақт ҳар кас ба ёри худ шамшер мекашад.+ 22 Ман бо вабо+ ва хун ҳукми худро бар ӯ ба ҷо меорам* ва бар ӯву лашкараш ва ҳамаи халқҳое, ки бо ӯянд,+ борони сел, жола,+ оташ+ ва кибрит*+ меборонам. 23 Ман дар пеши назари халқҳои зиёде худро ҷалол медиҳам, поку муқаддас мегардонам ва шуҳрат меёбам. Он вақт онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”.
39 Эй фарзанди одам, бар зидди Ҷуҷ пешгӯйӣ карда,+ ба ӯ бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман зидди туям, эй Ҷуҷ, эй мири калони Машаху Тубол!+ 2 Ман туро аз роҳат мегардонам ва аз ҷойҳои дуртарини шимол пеш-пеш карда бар кӯҳҳои Исроил меорам.+ 3 Ман камонатро аз дасти чап ва тирҳоятро аз дасти ростат зада меафтонам. 4 Ту бар кӯҳҳои Исроил фурӯ меғалтӣ+ — ту, лашкарат ва халқҳое, ки бо ту хоҳанд буд. Ман туро хӯроки ҳар навъ парандаи шикорӣ ва ҷонварони саҳро мегардонам.+
5 Ту дар саҳро фурӯ меғалтӣ,+ зеро худи ман инро гуфтаам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
6 Ман бар Маҷуҷ ва онҳое, ки дар ҷазираҳо тинҷу осуда зиндагӣ мекунанд,+ оташ мефиристам ва онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам. 7 Ман номи покамро дар миёни халқам Исроил шуҳрат медиҳам ва дигар намегузорам, ки номи поки маро беҳурмат созанд. Он вақт халқҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува, Худои Поки+ Исроил, ҳастам.+
8 Он чӣ пешгӯйӣ шудааст, иҷро мешавад, он ҳатман ба амал меояд,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— Ин аст он рӯзе, ки дар борааш гуфта будам. 9 Сокинони шаҳрҳои Исроил берун меоянд ва оташ афрӯхта, аслиҳаро — сипарҳои хурду калон, тиру камон ва гурзу* найзаҳоро, месӯзонанд. Онҳо ҳафт сол аз ин яроқҳо оташ дармегиронанд.+ 10 Онҳо аз саҳро чӯб ва аз ҷангалҳо ҳезум намеоранд, зеро аз яроқҳо оташ дармегиронанд.
Онҳо тороҷгарони худро тороҷ ва ғоратгаронашонро ғорат мекунанд,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
11 Дар он рӯз ман дар Исроил, дар водии касоне, ки ба шарқи баҳр сафар мекунанд, ба Ҷуҷ+ қабре медиҳам ва он пеши роҳгузаронро мегирад. Онҳо Ҷуҷ ва мардуми сершуморашро дар он водӣ мегӯронанд ва онро водии Ҳамӯн-Ҷуҷ* меноманд.+ 12 Хонадони Исроил ҳафт моҳ онҳоро гӯронда, заминро тоза мекунанд.+ 13 Тамоми мардуми замин онҳоро мегӯронад ва ин кор, дар рӯзе ки ман худро ҷалол диҳам,+ ба онҳо шуҳрат меорад,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
14 Он вақт шахсоне таъйин карда мешаванд, ки доимо заминро гардиш кунанд ва ҷасадҳои боқимондаро гӯронда, заминро тоза кунанд. Онҳо ҳафт моҳ ҷасад меҷӯянд. 15 Вақте касоне, ки заминро гардиш мекунанд, устухони касеро бинанд, назди он аломате мегузоранд. Он гоҳ касоне, ки гӯр мекунанд, онро дар водии Ҳамӯн-Ҷуҷ мегӯронанд.+ 16 Дар он ҷо ҳамчунин Ҳамӯна* ном шаҳре хоҳад буд. Ҳамин тавр, онҳо заминро тоза хоҳанд кард.+
17 Ба ту бошад, эй фарзанди одам, Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ба ҳар навъ паранда ва ҳама ҷонварони саҳро бигӯ: “Ҷамъ шавед ва биёед. Назди қурбоние, ки бароятон тайёр кардаам, назди қурбонии бузурге, ки бар кӯҳҳои Исроил аст,+ ҷамъ омада, гӯшт хӯред ва хун нӯшед.+ 18 Шумо гӯшти паҳлавононро мехӯред ва хуни сарварони заминро менӯшед — гӯшту хуни қӯчқорон, баррагон, бузҳо ва буққаҳоро, ки ҳамаашон чорвои фарбеҳи Бошонанд. 19 Шумо ба серӣ чарбу мехӯред ва то маст шудан хуни қурбониеро, ки бароятон тайёр кардаам, менӯшед.
20 Шумо дар сари дастархони ман аз гӯшти аспу аробасаворон, паҳлавонону ҳар навъ ҷанговарон сер мешавед,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
21 Ман дар миёни халқҳо ҷалоли худро нишон медиҳам ва ҳамаи халқҳо ҳукмеро, ки ба амал оварам, ва қудратеро*, ки дар миёнашон нишон диҳам, хоҳанд дид.+ 22 Аз он рӯз сар карда хонадони Исроил мефаҳмад, ки ман Худояшон Яҳува ҳастам. 23 Он гоҳ халқҳо мефаҳманд, ки хонадони Исроил аз пушти гуноҳи худ ва бевафоияшон аз ватан бадарға шуданд.+ Аз ин сабаб ман рӯямро аз онҳо пинҳон кардам+ ва онҳоро ба дасти душман супурдам+ ва ҳамаи онҳо аз дами шамшер ҳалок шуданд. 24 Ман бо онҳо аз рӯйи нопокияшон ва гуноҳҳояшон амал кардам ва рӯямро аз онҳо пинҳон намудам”.
25 Бинобар ин Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман асирони Яъқубро бармегардонам,+ ба тамоми хонадони Исроил раҳм мекунам+ ва номи поки худро бо ҷидду ҷаҳд ҳимоя мекунам.+ 26 Пас аз он ки онҳо барои тамоми хиёнаташон шарманда мешаванд,+ дар замини худ тинҷу осуда зиндагӣ мекунанд ва касе онҳоро наметарсонад.+ 27 Вақте ки онҳоро аз пеши халқҳо баргардонам ва аз кишварҳои душманонашон ҷамъ орам,+ дар пеши назари халқҳои зиёд худро дар миёни онҳо поку муқаддас мегардонам.+
28 Вақте онҳоро ба миёни халқҳо ба асирӣ фиристам ва сипас якто намонда ба заминашон баргардонам,+ мефаҳманд, ки ман Худояшон Яҳува ҳастам. 29 Ман дигар рӯямро аз онҳо пинҳон намекунам,+ балки бар хонадони Исроил рӯҳамро фурӯ мерезам”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
40 Дар сари соли 25-уми асириямон,+ дар рӯзи даҳуми моҳ, дар соли 14-уми фурӯ ғалтидани шаҳр,+ дар худи ҳамон рӯз дасти Яҳува бар ман ниҳода шуд ва ӯ маро ба шаҳр бурд.+ 2 Худо ба воситаи рӯъёҳо маро ба замини Исроил овард ва бар кӯҳи хеле баланде гузошт,+ ки бар он, аз тарафи ҷанубӣ, чизе ба монанди шаҳр буд.
3 Вақте маро ба он ҷо овард, мардеро дидам, ки намудаш чун мис буд.+ Ӯ дар даҳани дарвоза меистод ва дар даст банди катон ва қамиши андозагирӣ* дошт.+ 4 Он мард ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, нағзакак нигоҳ кун, бодиққат гӯш деҳ ва ба ҳар чизе, ки ба ту нишон диҳам, аҳамият деҳ, зеро барои ҳамин ин ҷо оварда шудаӣ. Ҳар чиро, ки бубинӣ, ба хонадони Исроил бигӯ».+
5 Ман дидам, ки беруни ибодатгоҳ* гирдогирд деворе дошт. Қамиши дасти он мард шаш газ дарозӣ дошт (ҳар газ як оринҷу як каф буд)*. Ӯ деворро чен кардан гирифт — ғафсии он як қамиш ва баландияш як қамиш буд.
6 Сипас ӯ ба назди дарвозае омад, ки рӯ ба шарқ буд,+ ва аз зинаҳояш баромад. Вақте остонаи дарвозаро чен кард, паҳнияш як қамиш буд, паҳнии остонаи дигар ҳам як қамиш буд. 7 Дарозии ҳар ҳуҷраи посбонон як қамиш ва бараш як қамиш буд ва масофаи байни ҳар ҳуҷра панҷ газ буд.+ Паҳнии он остонаи дарвоза, ки назди даҳлези дарвозаи рӯ ба дарун буд, як қамиш буд.
8 Ӯ даҳлези дарвозаи рӯ ба дарунро чен кард ва он як қамиш буд. 9 Пас аз ин ӯ даҳлези дарвозаро чен кард ва он ҳашт газ буд, ӯ ҳамчунин сутунҳои паҳлуи онро чен кард, ки ҳар кадоме ду газ буд. Даҳлези дарвоза аз дарун буд.
10 Аз ҳар ду тарафи дарвозаи шарқӣ се ҳуҷраи посбонон буд. Андозаи ҳар се ҳуҷра як хел буд ва сутунҳои паҳлуии ҳар ду тараф як хел андоза доштанд.
11 Пас аз ин ӯ паҳнии даҳани дарвозаро чен кард, ки 10 газ буд, дарозии дарвоза бошад, 13 газ буд.
12 Ҷойи деворадори пеши ҳуҷраҳои посбонон аз ҳар ду тараф як газ буд. Ҳар ҳуҷраи посбонон аз ҳар ду тараф шаш газ буд.
13 Сипас ӯ дарвозаро аз боми як ҳуҷраи посбонон* то боми дигараш чен кард, ки он 25 газ буд. Даромадгоҳи як ҳуҷра дар рости даромадгоҳи ҳуҷраи дигар буд.+ 14 Пас аз ин ӯ сутунҳои паҳлуиро чен кард, ки 60 газ баландӣ доштанд. Ӯ ҳамчунин сутунҳои паҳлуии дарвозаҳоро, ки дар тарафҳои дигари саҳн буданд, чен кард. 15 Аз даҳани дарвоза то даҳлези дарвоза аз дарун 50 газ буд.
16 Барои ҳуҷраҳои посбонон ва сутунҳои паҳлуияшон аз ҳар ду тарафи дарунии дарвоза тирезаҳое буданд, ки чорчӯбаашон торафт танг мешуд.+ Даруни даҳлезҳо низ аз ҳар ду тараф тиреза дошт ва дар сутунҳои паҳлуӣ нақши дарахтони нахл буд.+
17 Пас аз ин ӯ маро ба саҳни берунӣ баровард ва ман ошхонаҳоро*+ дидам ва тамоми саҳн сангфарш буд. Бар рӯйи ин фарш 30 ошхона буд. 18 Фарши сангини паҳлуи дарвозаҳо баробари дарозии дарвозаҳо буд. Ин сангфарш аз саҳни дарунӣ пасттар буд.
19 Сипас ӯ масофаи байни ин дарвозаи поёнӣ ва канори саҳни дохилиро чен кард. Ин масофа ҳам аз дарвозаи шарқӣ ва ҳам аз дарвозаи шимолӣ 100 газ буд.
20 Саҳни берунӣ дарвозае дошт, ки рӯ ба шимол буд, ва ӯ дарозиву бари онро чен кард. 21 Аз ҳар ду тарафи он се ҳуҷраи посбонон буд. Андозаи сутунҳои паҳлуӣ ва даҳлез чун дар дарвозаи якум буд. Дарозии он 50 газ ва бараш 25 газ буд. 22 Андозаи тирезаҳо, даҳлез ва нақши нахлҳояш+ чун дар дарвозаи шарқӣ буд. Барои ба он расидан ҳафт зинаро баромадан лозим буд. Даҳлези он рӯ ба рӯйи зинаҳо буд.
23 Дар рӯ ба рӯйи дарвозаи шимолӣ дарвозаи саҳни дарунӣ буд ва рӯ ба рӯйи дарвозаи шарқӣ низ дарвозае буд. Ӯ масофаи байни дарвозаҳоро чен кард ва он 100 газ баромад.
24 Пас аз ин ӯ маро ба тарафи ҷануб овард ва ман дар он ҷо низ дарвозаеро дидам.+ Ӯ сутунҳои паҳлуиву даҳлези онро чен кард ва андозаи онҳо чун дар дарвозаҳои дигар буд. 25 Аз ҳар ду тарафи он ва даҳлезаш тирезаҳое буданд, ки мисли тирезаҳои дигар буданд. Дарозии дарвоза 50 газ ва бараш 25 газ буд. 26 Сӯйи он ҳафт зина мебурд+ ва даҳлези он рӯ ба рӯйи зинаҳо буд. Дар сутунҳои паҳлуии он нақши дарахтони нахл буд, дар ҳар як сутун як нақш буд.
27 Саҳни дарунӣ дарвозаи рӯ ба ҷануб дошт. Ӯ масофаи байни дарвозаҳои ҷанубиро чен кард ва он 100 газ баромад. 28 Пас аз ин ӯ маро аз дарвозаи ҷанубӣ гузаронда, ба саҳни дарунӣ овард. Ӯ дарвозаи ҷанубиро чен кард ва андозаи он мисли андозаи дарвозаҳои дигар буд. 29 Андозаи ҳуҷраҳои посбонон, сутунҳои паҳлуӣ ва даҳлези он чун дар дарвозаҳои дигар буд. Ҳар ду тарафи он ва даҳлезаш тирезаҳо дошт. Дарозии дарвоза 50 газ ва бараш 25 газ буд.+ 30 Аз ҳар тарафи саҳн даҳлезҳои дарозияшон 25 газ ва барашон 5 газ буд. 31 Даҳлези он рӯ ба саҳни берунӣ буд, сутунҳои паҳлуияш нақши нахлҳо дошт+ ва ҳашт зина сӯйи он мебурд.+
32 Вақте ӯ маро аз тарафи шарқӣ ба саҳни дарунӣ овард, дарвозаро чен кард ва андозаи он мисли андозаи дарвозаҳои дигар буд. 33 Андозаи ҳуҷраҳои посбонон, сутунҳои паҳлуӣ ва даҳлези он чун дар дарвозаҳои дигар буд. Ҳар ду тарафи он ва даҳлезаш тирезаҳо дошт. Дарозии дарвоза 50 газ ва бараш 25 газ буд. 34 Даҳлези он рӯ ба саҳни берунӣ буд, ҳар ду сутуни паҳлуияш нақши нахлҳо дошт ва ҳашт зина сӯйи он мебурд.
35 Сипас ӯ маро ба дарвозаи шимолӣ овард+ ва онро чен кард. Андозаи он мисли андозаи дарвозаҳои дигар буд. 36 Андозаи ҳуҷраҳои посбонон, сутунҳои паҳлуӣ ва даҳлези он чун дар дарвозаҳои дигар буд. Ҳар ду тарафи он тирезаҳо дошт. Дарозии дарвоза 50 газ ва бараш 25 газ буд. 37 Сутунҳои паҳлуии он рӯ ба саҳни берунӣ буд, ҳар ду сутуни паҳлуияш нақши нахлҳо дошт ва ҳашт зина сӯйи он мебурд.
38 Ошхона бо даромадгоҳаш назди сутунҳои паҳлуии дарвозаҳо буд. Қурбониҳои сӯхтаниро дар он ҷо мешустанд.+
39 Аз ду тарафи даҳлези дарвоза ду миз буд, то ки бар онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ,+ қурбониҳои гуноҳ+ ва қурбониҳои айбро+ сар буранд. 40 Дар даҳани дарвозаи шимолӣ, берун аз он, ду миз меистод. Дар тарафи дигари даҳлези дарвоза низ ду миз меистод. 41 Аз ҳар ду тарафи дарвоза чормизӣ, ҳамагӣ ҳашт миз, меистод, ки бар онҳо қурбониҳоро сар мебуриданд. 42 Чор миз барои қурбониҳои сӯхтанӣ аз санги тарошида буд. Дарозии онҳо яку ним газ, барашон яку ним газ ва баландияшон як газ буд. Бар онҳо олоти сарбурии қурбониҳои сӯхтанӣ ва дигар қурбониҳоро нигоҳ медоштанд. 43 Деворҳо аз дарун гирдогирд токчаҳое доштанд, ки паҳнияшон як каф буд. Бар болои мизҳо гӯшти ҳадияҳо гузошта мешуд.
44 Назди дарвозаи дарунӣ ошхонаҳои сарояндагон+ буданд. Онҳо дар саҳни дарунӣ, назди дарвозаи шимолӣ, буданд ва даромадгоҳашон аз тарафи ҷануб буд. Ошхонаи дигар назди дарвозаи шарқӣ буда, даромадгоҳаш аз тарафи шимол буд.
45 Ӯ ба ман гуфт: «Ин ошхонае, ки даромадгоҳаш аз тарафи ҷануб аст, барои коҳинонест, ки бояд дар ибодатгоҳ хизмат кунанд.+ 46 Ошхонае, ки даромадгоҳаш аз тарафи шимол аст, барои коҳинонест, ки бояд назди қурбонгоҳ хизмат кунанд.+ Онҳо писарони Содӯқ,+ левизодагоне мебошанд, ки бояд ба ҳузури Яҳува омада, хизмати ӯро ба ҷо оранд».+
47 Сипас ӯ саҳни даруниро чен кард. Дарозии он 100 газ ва бараш 100 газ буд; он чоркунҷа буд. Дар рӯ ба рӯйи ибодатгоҳ қурбонгоҳ меистод.
48 Пас аз ин ӯ маро ба даҳлези ибодатгоҳ+ овард ва сутунҳои паҳлуии даҳлезро чен кард. Ҳар ду сутун як хел паҳнӣ дошт: аз як тараф панҷ газ ва аз дигар тараф се газ. Як сутун аз тарафи чап ва дигаре аз тарафи рост буд.
49 Дарозии даҳлез 20 газ ва бараш 11* газ буд. Барои ба он расидан зинаҳоро баромадан лозим буд. Назди деворҳо, аз ҳар ду тараф, сутунҳо буданд.+
41 Пас аз ин ӯ маро ба муқаддасгоҳи берунӣ* овард ва сутунҳои паҳлуии онро чен кард. Онҳо аз ҳар ду тараф шаш газ* ғафсӣ доштанд. 2 Даромадгоҳ даҳ газ буд ва деворҳои паҳлуи даромадгоҳ аз ҳар ду тараф панҷгазӣ буданд. Ӯ он ҷоро чен кард: дарозии он 40 газ ва бараш 20 газ баромад.
3 Сипас ӯ ба дарун* даромад ва сутуни паҳлуии даромадгоҳро чен кард, ки ғафсияш ду газ буд, даромадгоҳ бошад, шаш газ буд. Деворҳои паҳлуи даромадгоҳ ҳафтгазӣ буданд. 4 Баъд вай хонаи рӯ ба рӯйи муқаддасгоҳи беруниро чен кард, ки дарозияш 20 газ ва бараш 20 газ буд.+ Ӯ ба ман гуфт: «Ин Макони поктарин аст».+
5 Пас аз ин ӯ девори ибодатгоҳро чен кард ва ғафсии он шаш газ баромад. Паҳнии ҳуҷраҳои гирди ибодатгоҳ чор газ буд.+ 6 Он ҳуҷраҳо дар се қабат ҷойгир буданд, яке болои дигаре буд, ва дар ҳар қабат 30 ҳуҷра буд. Гирдогирди девори ибодатгоҳ токчаҳо буданд ва фарши ҳуҷраҳо бар онҳо устувор буду ба худи девор пайванд намешуд.+ 7 Аз ҳар ду тарафи ибодатгоҳ гузаргоҳи печоне* буд, ки сӯйи ҳуҷраҳои боло васеъ мешуд.+ Вақте кас аз қабати поён ба қабати мобайн ва сипас ба қабати боло мебаромад, паҳнии ҳуҷраҳо қабат ба қабат зиёд мегашт.
8 Ман гирдогирди ибодатгоҳ суфаи баландеро дидам. Баландии пойдевори ҳуҷраҳои гирди ибодатгоҳ як қамиши пурра, яъне шаш газ, буд. 9 Ғафсии девори берунаи ҳуҷраҳо панҷ газ буд. Лаб-лаби девори ҳуҷраҳо, аз берун, роҳраве* буд, ки қисми ибодатгоҳ ҳисоб меёфт.
10 Байни ибодатгоҳ ва ошхонаҳо+ аз ҳар ду тараф 20 газ масофа буд. 11 Аз тарафи шимолию ҷанубӣ даромадгоҳ буд, ки бо онҳо аз роҳрави гирди ибодатгоҳ ба ҳуҷраҳо даромадан мумкин буд. Паҳнии он роҳрав гирдогирд панҷ газ буд.
12 Биное, ки дар тарафи ғарбӣ, рӯ ба қитъаи саҳн буд, бараш 70 ва дарозияш 90 газ буд. Ғафсии девори бино гирдогирд панҷ газ буд.
13 Ӯ ибодатгоҳро чен кард ва дарозияш 100 газ баромад. Дарозии қитъаи саҳн, бино* ва деворҳои он низ 100 газ буд. 14 Бари қисми пеши ибодатгоҳ, ки рӯ ба шарқ буд, якҷоя бо қитъаи саҳн 100 газ буд.
15 Ӯ дарозии биноеро, ки рӯ ба қитъаи саҳни ақиби ибодатгоҳ буд, якҷоя бо айвонҳои ду тарафаш чен кард ва он 100 газ баромад.
Ӯ ҳамчунин муқаддасгоҳи беруниву дарунӣ,+ даҳлезҳои саҳн, 16 остонаҳо, тирезаҳоро, ки чорчӯбаашон торафт танг мешуд,+ ва айвонҳои он се ҷоро чен кард. Деворҳои назди остонаҳо, аз замин то тирезаҳо, бо тахтаҳо рӯкаш буд.+ Тирезаҳо ҳам тахтапӯш буданд. 17 Болои даромадгоҳ, ибодатгоҳи дарунӣ, беруни он ва тамоми девор гирдогирд андоза карда шуд. 18 Дар он нақши каррубиён+ ва нахлҳо+ канда шуда буд. Байни ду каррубӣ нақши як дарахти нахл буд ва ҳар каррубӣ ду рӯй дошт. 19 Рӯйи одам сӯйи нахли як паҳлуяш ва рӯйи шер сӯйи нахли паҳлуи дигараш буд.+ Онҳо дар тамоми ибодатгоҳ гирдогирд ҳамин тавр кандакорӣ шуда буданд. 20 Нақши каррубиён ва нахлҳо бар девори муқаддасгоҳ, аз замин то болои даромадгоҳу қисми болои он, кандакорӣ шуда буд.
21 Паҳлударии* муқаддасгоҳ чоркунҷа буд.+ Дар рӯ ба рӯйи ҷойи муқаддас* чизе ба монанди 22 қурбонгоҳи чӯбине+ меистод, ки баландияш се газ ва дарозияш ду газ буд. Дар гӯшаҳои он танбаҳо буданд. Асос* ва девораҳои он аз чӯб буд. Сипас вай ба ман гуфт: «Ин мизест, ки пеши назари Яҳува меистад».+
23 Ҳам муқаддасгоҳи берунӣ ва ҳам ҷойи муқаддас ду дар дошт.+ 24 Он дарҳо ду табақае доштанд, ки ҳаракат мекарданд. Ҳар як дар дутабақа буд. 25 Бар дарҳои муқаддасгоҳ чун дар деворҳояш нақши каррубиён ва нахлҳо кандакорӣ шуда буд.+ Дар қисми пеши даҳлез, аз берун, соябони чӯбин буд. 26 Аз ду тарафи даҳлез, қад-қади ҳуҷраҳои гирди ибодатгоҳ ва соябонҳо тирезаҳое буданд, ки чорчӯбаашон торафт танг мешуд.+ Ҳамчунин дар он ҷойҳо нақши дарахтони нахл канда шуда буд.
42 Пас аз ин ӯ маро ба тарафи шимолии саҳни берунӣ овард.+ Ӯ маро назди ошхонаҳое овард, ки дар бари қитъаи саҳн,+ дар шимоли бинои наздаш буданд.+ 2 Дарозии иморати ошхонаҳо аз тарафи даромадгоҳи шимолӣ 100 газ* ва бари он 50 газ буд. 3 Он иморат дар байни саҳни дарунӣ, ки бараш 20 газ буд,+ ва сангфарши саҳни берунӣ ҷойгир буд. Айвонҳои он рӯ ба рӯйи якдигар дар се қабат буданд. 4 Дар пеши ошхонаҳо роҳрави дохилӣ буд,+ ки бараш 10 газ ва дарозияш 100 газ* буд. Даромадгоҳҳои онҳо аз тарафи шимол буд. 5 Ошхонаҳои қабати болои иморат аз ошхонаҳои қабатҳои поёну миёна тангтар буданд, зеро ҷойи зиёдашонро айвонҳо мегирифтанд. 6 Аз ин рӯ фарши онҳо аз фарши қабатҳои поёну миёна камтар буд. Ошхонаҳо сеқабата буданд, вале сутун надоштанд, чуноне ки саҳнҳо доштанд.
7 Девори сангини берунаи назди ошхонаҳо, ки аз тарафи саҳни берунӣ ва рӯ ба ошхонаҳои дигар буд, 50 газ дарозӣ дошт. 8 Дарозии ошхонаҳое, ки аз тарафи саҳни берунӣ буданд, 50 газ ва дарозии ошхонаҳои рӯ ба муқаддасгоҳ 100 газ буд. 9 Ошхонаҳо аз тарафи шарқ даромадгоҳе доштанд, ки бо он аз саҳни берунӣ ба ин ошхонаҳо дохил мешуданд.
10 Дар тарафи ҷанубӣ низ, назди қитъаи саҳн ва бино, ошхонаҳо буданд. Девори сангини саҳн аз тарафи шарқии онҳо буд.+ 11 Ин ошхонаҳо низ чун ошхонаҳои шимолӣ, ки дарозию бар ва баромадгоҳҳову сохташон як хел буд, роҳрав доштанд.+ Даромадгоҳҳои ошхонаҳои шимолӣ 12 мисли даромадгоҳҳои ошхонаҳои тарафи ҷанубӣ буданд. Дар сари роҳрав, пеши девори сангини шарқӣ, даромадгоҳе буд.+
13 Сипас ӯ ба ман гуфт: «Ошхонаҳои шимоливу ҷанубӣ, ки назди қитъаи саҳн+ ҷойгиранд, муқаддас мебошанд. Дар он ҷо коҳиноне, ки ба ҳузури Яҳува меоянд, ҳадияҳои муқаддастаринро мехӯранд.+ Онҳо ҳадияҳои муқаддастарин — ҳадияи ғалла, қурбонии гуноҳ ва қурбонии айбро, ба он ҷо мегузоранд, зеро он ҷо муқаддас аст.+ 14 Вақте ки коҳинон ба он ҷо медароянд, бояд либосҳоеро, ки ҳангоми хизмат дар тан доранд,+ иваз карда, аз ҷойи муқаддас ба саҳни берунӣ бароянд, зеро либосашон муқаддас аст. Вақте онҳо ба ҷое мераванд, ки мардум ба он даромада метавонад, бояд либоси дигар пӯшанд».
15 Пас аз он ки ӯ қисми дарунии ибодатгоҳро чен кард, маро бо дарвозаи шарқӣ берун овард+ ва он ҷоро гирдогирд чен кард.
16 Ӯ тарафи шарқиро бо қамиши андозагирӣ* чен кард. Дарозии он аз як канор то канори дигараш бо қамиши андозагирӣ 500 қамиш баромад.
17 Ӯ тарафи шимолиро чен кард ва дарозии он бо қамиши андозагирӣ 500 қамиш баромад.
18 Ӯ тарафи ҷанубиро чен кард ва дарозии он бо қамиши андозагирӣ 500 қамиш баромад.
19 Сипас ӯ ба тарафи ғарбӣ гашта, онро чен кард ва дарозии он бо қамиши андозагирӣ 500 қамиш баромад.
20 Ӯ ибодатгоҳро аз чор тараф чен кард. Гирдогирди он девор буд,+ ки дарозияш 500 ва бараш 500 қамиш буд,+ ва он девор ҷойи муқаддасро аз дигар ҷо ҷудо мекард.+
43 Пас аз ин ӯ маро назди дарвозаи шарқӣ бурд.+ 2 Ман дидам, ки ҷалоли Худои Исроил аз шарқ меояд.+ Овози ӯ чун обҳои пурталотум буд+ ва замин аз ҷалоли ӯ медурахшид.+ 3 Чизи дидаам монанди рӯъёе буд, ки ҳангоми барои хароб кардани шаҳр омаданам* дида будам. Он монанди рӯъёе буд, ки назди дарёи Кабар дида будам,+ ва ман рӯ ба замин афтодам.
4 Сипас ҷалоли Яҳува аз дарвозаи шарқӣ ба ибодатгоҳ даромад.+ 5 Рӯҳ маро бардошта, ба саҳни дарунӣ овард ва ман дидам, ки ибодатгоҳ аз ҷалоли Яҳува пур шуд.+ 6 Ман шунидам, ки касе аз ибодатгоҳ бо ман гап мезанад, ва он мард омада, дар наздам истод.+ 7 Ӯ ба ман гуфт:
«Эй фарзанди одам, ин ҷоест, ки тахти ман меистад,+ ва ҷоест, ки кафи пойҳоямро мегузорам.+ Дар ин ҷо ман дар миёни халқи Исроил то абад сокин мешавам.+ Хонадони Исроил, онҳову подшоҳонашон, бо бутпарастии хиёнаткорона* ва ҷасадҳои подшоҳони мурдаашон дигар номи поки маро беҳурмат намекунанд.+ 8 Онҳо остонаи худро назди остонаи ман ва паҳлударии худро назди паҳлударии ман сохтанд ва фақат деворе миёни ману онҳо буд.+ Ҳамин тавр онҳо номи поки маро бо корҳои нафратоварашон нопок карданд ва ман ба хашм омада онҳоро нобуд сохтам.+ 9 Акнун бигзор бутпарастии хиёнаткорона* ва ҷасадҳои подшоҳонашонро аз пеши назарам дур кунанд ва ман то абад дар миёни онҳо сокин мешавам.+
10 Эй фарзанди одам, ибодатгоҳро ба хонадони Исроил тасвир бикун,+ то аз хатоҳои худ шарм кунанд,+ ва бигзор онҳо нақшаи онро омӯзанд*. 11 Агар онҳо аз корҳои кардаашон шарм доранд, нақшаи ибодатгоҳ, сохти он, баромаду даромадгоҳҳояшро ба онҳо нишон деҳ.+ Тамоми нақшаҳояшро ба онҳо нишон деҳ ва фармудаву қонунҳояшро ба онҳо маълум соз. Онҳоро дар пеши чашмашон бинавис, то тамоми он нақшаро риоя кунанд ва фармудаҳояшро ба ҷо оранд.+ 12 Ин шариати ибодатгоҳ аст. Тамоми замини гирдогирди болои кӯҳ ҷойи муқаддастарин аст.+ Ин аст шариати ибодатгоҳ.
13 Андозаи қурбонгоҳ бо газ,+ бо газе, ки як оринҷу як каф аст*, чунин мебошад: баландии пояи он як газ, паҳнияш як газ зиёдтар аз қисми болоӣ ва ҳошияи гирдогирди лабаш як ваҷаб*. Ин пояи қурбонгоҳ аст. 14 Баландии барҷастагии поёнии гирдогирд, ки бар пояи рӯйи замин аст, ду газ мебошад. Паҳнии ин барҷастагӣ аз паҳнии барҷастагии калон як газ зиёдтар аст. Баландии барҷастагии калон чор газ аст ва он гирдогирд аз оташдони қурбонгоҳ якгазӣ паҳнтар аст. 15 Баландии оташдони қурбонгоҳ чор газ аст ва аз он чор шох баромада меистад.+ 16 Оташдони қурбонгоҳ чоркунҷа аст — дарозияш 12 газ ва бараш 12 газ.+ 17 Дарозии барҷастагии калон 14 газ ва бараш 14 газ аст, ҳошияи гирдогирдаш бошад, ним газ аст. Пояи қурбонгоҳ аз қисми болоӣ дида гирдогирд як газ паҳнтар аст.
Зинаҳои он аз тарафи шарқиянд».
18 Пас аз ин ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ин аст дастурот барои сохтани қурбонгоҳ, то бар он қурбониҳои сӯхтанӣ оранд ва хун пошанд.+
19 Ба коҳинони левизодае, ки аз насли Содӯқанд+ ва ба ҳузури ман хизмат мекунанд, аз пода як буққаи ҷавонеро* барои қурбонии гуноҳ бидеҳ,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 20 Аз хуни он гирифта, ба чор шохи қурбонгоҳ, чор гӯшаи барҷастагӣ ва гирдогирди ҳошия бимол, то онро аз гуноҳ пок кунӣ ва барояш товон диҳӣ.+ 21 Сипас буққаи ҷавон, ин қурбонии гуноҳро, гирифта, дар ҷойи муқарраршудаи ибодатгоҳ, берун аз муқаддасгоҳ, бисӯзон.+ 22 Дар рӯзи дуюм нарбузи солимеро барои қурбонии гуноҳ пешкаш кун. Онҳо қурбонгоҳро аз гуноҳ пок месозанд, чуноне ки бо хуни буққаи ҷавон пок сохта буданд.
23 Баъде ки онро аз гуноҳ пок созӣ, аз пода буққаи ҷавони солим ва аз рама қӯчқори солимеро гирифта, пешкаш кун. 24 Онҳоро ба Яҳува биёр. Коҳинон бояд онҳоро намак зада,+ барои қурбонии сӯхтанӣ ба Яҳува пешкаш кунанд. 25 Ҳафт рӯз барои қурбонии гуноҳи ҳаррӯза нарбуз, буққаи ҷавон ва қӯчқорро пешкаш кун.+ Ин чорпоён бояд беайб бошанд. 26 Коҳинон бояд барои қурбонгоҳ ҳафт рӯз товон диҳанд. Онҳо бояд онро пок созанд ва барои истифода омода намоянд. 27 Вақте ин рӯзҳо ба охир расанд, дар рӯзи ҳаштум+ ва пас аз ин, коҳинон қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои осоиштагии шуморо дар ин қурбонгоҳ пешкаш мекунанд ва ман аз шумо хушнуд мешавам”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
44 Ӯ маро назди дарвозаи берунии муқаддасгоҳ, ки рӯ бар шарқ буд,+ баргардонд, вале он маҳкам буд.+ 2 Он гоҳ Яҳува ба ман гуфт: «Ин дарвоза маҳкам мемонад. Он кушода намешавад ва ягон инсон аз он намедарояд. Яҳува, Худои Исроил, аз он даромадааст,+ аз ин рӯ он бояд маҳкам бимонад. 3 Вале сарвар он ҷо мешинад, то ба ҳузури Яҳува нон хӯрад,+ зеро ӯ сарвар аст. Ӯ аз даҳлези дарвоза даробаро хоҳад кард».+
4 Сипас ӯ бо дарвозаи шимолӣ маро ба пеши ибодатгоҳ овард. Ман нигоҳ кардам ва дидам, ки ҷалоли Яҳува ибодатгоҳи Яҳуваро пур кардааст.+ Он гоҳ ман рӯ ба замин афтодам.+ 5 Яҳува ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, ба ҳар он чизе, ки дар бораи фармудаву қонунҳои ибодатгоҳи Яҳува ба ту бигӯям, диққат деҳ, нигоҳ кун ва нағзакак гӯш деҳ. Ба даромадгоҳи ибодатгоҳ ва ҳамаи баромадгоҳҳои муқаддасгоҳ бодиққат назар кун.+ 6 Ба хонадони саркаши Исроил бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Эй хонадони Исроил, ман аз корҳои нафратоваратон сер шудаам! 7 Вақте бегонагонеро, ки дилу ҷисмашон хатна нашудааст, ба муқаддасгоҳам меоред, онҳо ибодатгоҳи маро нопок месозанд. Шумо хӯроки маро, чарбу ва хунро, ба ман пешкаш мекунед ва ҳамзамон бо корҳои нафратоваратон аҳди маро мешиканед. 8 Шумо чизҳои муқаддаси маро нигоҳубин накардед,+ балки дигаронро таъйин намудед, ки дар муқаддасгоҳам ин корҳоро ба ҷо оранд”.
9 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ягон бегона дар Исроил, ки дилу ҷисмаш хатна нашудааст, набояд ба муқаддасгоҳам дохил шавад.
10 Вақте Исроил аз ман дур шуда, аз пайи бутҳои ҳаромаш* равона шуд, левизодагон низ аз ман дур шуданд,+ аз ин рӯ онҳо бори гуноҳи худро хоҳанд бардошт. 11 Баъд аз ин онҳо хизматгузори муқаддасгоҳи ман мешаванд, то дарвозаҳои ибодатгоҳро нигаҳбонӣ кунанд+ ва дар ибодатгоҳ хизмат намоянд. Онҳо барои халқ қурбонии сӯхтанӣ ва дигар қурбониҳоро сар мебуранд ва дар пеши халқ истода, ба онҳо хизмат мекунанд. 12 Азбаски онҳо ба халқ дар пеши бутҳои ҳаромашон хизмат карданд ва барои хонадони Исроил санги пешпо шуда, онҳоро ба гуноҳ тела доданд,+ ман дасти худро бардошта, қасам хӯрдам, ки онҳо бори гуноҳи худро мебардоранд,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 13 Онҳо ба ҳузури ман коҳин хизмат намекунанд ва ба ягон чизи муқаддасу хеле муқаддасам наздик намешаванд. Онҳо барои корҳои нафратоварашон бори шармандагии худро мебардоранд. 14 Вале ман нигоҳубини ибодатгоҳро бар дӯши онҳо мегузорам, то хизмати онро бикунанд ва ҳар кори лозимаро дар он ба ҷо оранд.+
15 Вақте исроилиён аз ман дур шуданд,+ коҳинони левизода, писарони Содӯқ,+ вазифаҳои худро дар муқаддасгоҳам иҷро мекарданд, барои ҳамин онҳо наздик омада, ба ман хизмат мекунанд ва ба ҳузурам истода, чарбуву+ хун+ пешкаш менамоянд,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 16 Онҳо ба муқаддасгоҳи ман дохил мешаванд, ба мизам наздик шуда, ба ман хизмат мекунанд+ ва вазифаҳои худро пеши ман ба ҷо меоранд.+
17 Ҳар гоҳ ки онҳо ба дарвозаҳои саҳни дарунӣ дароянд, бояд либоси катон дошта бошанд.+ Ҳангоми хизмат кардан дар даруни дарвозаҳои саҳни дарунӣ ё дар дохил набояд либоси пашмӣ пӯшанд. 18 Онҳо бояд саллаи катон ва эзори катон дар бар кунанд.+ Онҳо набояд либосе пӯшанд, ки дар он кас арақ мекунад. 19 Пеш аз он ки ба саҳни берунӣ бароянд, ба саҳне, ки мардум он ҷост, онҳо бояд либосеро, ки ҳангоми хизмат дар тан доштанд, бикашанд+ ва онро дар ҳуҷраҳои* муқаддас бимонанд.+ Онҳо бояд либоси дигарро дар бар кунанд, то покияшон аз либосашон ба дигарон нагузарад. 20 Онҳо набояд сарашонро тарошанд+ ё мӯяшонро дароз кунанд, балки онро қайчӣ зананд. 21 Ҳангоми ба саҳни дарунӣ даромадан коҳинон набояд шароб нӯшанд.+ 22 Онҳо набояд бевазан ё зани ҷудошударо ба занӣ гиранд.+ Зани коҳин бояд ё духтари бокирае аз халқи Исроил бошад, ё бевазани коҳини дигаре.+
23 Онҳо бояд фарқи миёни чизи муқаддасу одӣ ва поку нопокро ба халқам таълим диҳанд,+ 24 дар мурофиа довар бошанд+ ва мувофиқи ҳукмҳои ман доварӣ кунанд,+ қонунҳову фармудаҳои маро дар бораи тамоми идҳо иҷро кунанд+ ва шанбеҳоямро муқаддас доранд. 25 Онҳо набояд ба ҷасаде наздик шаванд, вагарна нопок мегарданд, вале ба хотири падар, модар, писар, духтар, бародар ё хоҳаре, ки шавҳар накардааст, метавонанд худро нопок созанд.+ 26 Пас аз пок шудани коҳин ҳафт рӯз шумурдан лозим аст ва баъд аз ин ӯ метавонад хизматашро давом диҳад. 27 Дар рӯзе ки ӯ ба ҷойи муқаддас, ба саҳни дарунӣ, дарояд, то дар он ҷо хизмат кунад, бояд барои худ қурбонии гуноҳ орад,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
28 Мероси онҳо чунин аст: ман мероси онҳо ҳастам.+ Дар Исроил ба онҳо мулке надиҳед, зеро ман мулки онҳо ҳастам. 29 Онҳо аз ҳадияи ғалла,+ қурбонии гуноҳ ва қурбонии айб мехӯранд.+ Ҳар чизе, ки дар Исроил ба Худо бахшида шудааст, аз они онҳо мешавад.+ 30 Навбари беҳтарини ҳосил ва ҳар навъ хайрияҳоятон аз они коҳинон мешавад.+ Навбари ғаллаи нимкӯфтаатонро ба коҳин диҳед.+ Агар чунин кунед, бар хонадонатон баракат меояд.+ 31 Коҳинон набояд паранда ё ҳайвони ҳароммурда ё даридаеро бихӯранд.+
45 Вақте заминро тақсим карда, мерос диҳед,+ як қитъаи заминро ба Яҳува чун ҳадияи муқаддас диҳед.+ Дарозии он бояд 25 000 ва бараш 10 000 газ* бошад.+ Тамоми ин замин қитъаи муқаддас хоҳад буд. 2 Дар ин қитъа порчаи заминро барои ҷойи муқаддас ҷудо кун, ки бару дарозияш 500 газ бошад.+ Барои чарогоҳ аз ҳар тараф 50 газ ҷудо кун.+ 3 Дар он ҷо заминеро ҷудо кун, ки дарозияш 25 000 ва бараш 10 000 бошад, ва дар он муқаддасгоҳ, ҷойи муқаддастарин, хоҳад буд. 4 Ин замин порчаи муқаддасе барои коҳинон, хизматгузорони муқаддасгоҳ, хоҳад буд,+ ки ба ҳузури Яҳува хизмат мекунанд.+ Ин порча ҷое барои хонаҳои онҳо ва ҷойи муқаддасе барои муқаддасгоҳ мешавад.
5 Порчаи замине, ки дарозияш 25 000 газ ва бараш 10 000 газ бошад,+ барои левизодагон, хизматгузорони ибодатгоҳ, аст ва 20 ошхона+ низ аз они онҳост.
6 Заминеро, ки дарозияш 25 000 (баробари ҳадияи муқаддас) ва бараш 5000 бошад,+ ба шаҳр бидеҳ. Он аз они тамоми хонадони Исроил мешавад.
7 Замини сарвар аз ду тарафи ҳадияи муқаддас ва порчаи замини шаҳр хоҳад буд. Он дар назди ҳадияи муқаддас ва мулки шаҳр, аз тарафи ғарбӣ ва шарқӣ, хоҳад буд. Дарозии он аз сарҳади ғарбӣ то сарҳади шарқӣ баробари дарозии замини қабилаҳо мешавад.+ 8 Ин замин дар Исроил мулки ӯ хоҳад буд. Сарварони ман дигар халқамро ба танг намеоранд+ ва заминро мувофиқи қабилаҳо ба хонадони Исроил медиҳанд”.+
9 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Шумо аз ҳад гузаштед, эй сарварони Исроил!
Аз зулму ситам даст кашед ва адлу инсоф кунед.+ Ба мулки халқи ман даст дароз накунед,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 10 Тарозу, эфа* ва хуми* шумо бояд дуруст бошад.+ 11 Эфа ва хуми шумо бояд андозаи аниқ дошта бошад. Як хум бояд даҳяки ҳӯмер* ва як эфа даҳяки ҳӯмер бошад. Андозаро аз рӯйи ҳӯмер муайян созед. 12 Як сиқл*+ бояд 20 геро* бошад ва 20 сиқлу 25 сиқлу боз 15 сиқл бароятон як мино* бошад.
13 Хайрияи шумо бояд ба ин миқдор бошад: шашяки эфа аз ҳар ҳӯмери гандум ва шашяки эфа аз ҳар ҳӯмери ҷав. 14 Равғанеро, ки медиҳед, бояд бо хум чен кунед. Як хум даҳяки хуми калон* аст. Даҳ хум як ҳӯмер аст, чунки даҳ хум ба як ҳӯмер баробар аст. 15 Аз рамаи Исроил, аз ҳар 200 сар гӯсфанд, як гӯсфанд бидиҳед. Ҳамаи ин барои ҳадияи ғалла,+ қурбонии сӯхтанӣ+ ва қурбониҳои осоиштагист,+ то барои халқ товон бошад,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
16 Тамоми мардуми сарзамин ин хайрияро ба сарвари Исроил хоҳад дод.+ 17 Сарвар вазифадор аст, ки дар идҳо,+ навмоҳҳо, шанбеҳо+ ва ҳамаи идҳое, ки барои хонадони Исроил муқаррар шудаанд,+ қурбониҳои сӯхтанӣ,+ ҳадияи ғалла+ ва ҳадияи рехтанӣ диҳад. Ӯ бояд қурбонии гуноҳ, ҳадияи ғалла, қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои осоиштагӣ орад, то барои хонадони Исроил товон шавад”.
18 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Дар рӯзи якуми моҳи якум аз пода буққаи ҷавони* солимеро гирифта, муқаддасгоҳро аз гуноҳ пок намо.+ 19 Коҳин аз хуни қурбонии гуноҳ гирифта, бар паҳлудариҳои ибодатгоҳ,+ бар чор гӯшаи барҷастагии гирди қурбонгоҳ ва паҳлудариҳои дарвозаи саҳни дарунӣ мемолад. 20 Дар рӯзи ҳафтуми моҳ барои касе, ки нохост ё нафаҳмида гуноҳ кунад,+ ҳамин тавр амал намоед ва барои ибодатгоҳ товон диҳед.+
21 Дар рӯзи 14-уми моҳи якум Иди Раҳоиро ҷашн гиред+ ва ҳафт рӯз фатир* хӯред.+ 22 Дар он рӯз сарвар барои худ ва мардуми сарзамин буққаи ҷавонеро барои қурбонии гуноҳ меорад.+ 23 Ӯ дар муддати ҳафт рӯзи ид ҳар рӯз барои қурбонии сӯхтанӣ ба Яҳува ҳафт буққаи ҷавони солим ва ҳафт қӯчқори солим меорад.+ Ӯ ҳамчунин барои қурбонии гуноҳ рӯзе як нарбуз хоҳад овард. 24 Ӯ бояд барои ҳадияи ғалла бо ҳар як буққа як эфа ғалла* ва бо ҳар як қӯчқор як эфа ғалла орад. Ӯ бояд бо ҳар як эфа як ҳин* равған биёрад.
25 Дар рӯзи 15-уми моҳи ҳафтум низ, ҳафт рӯзи ид,+ ӯ бояд қурбонии гуноҳ, қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи ғалла ва равған биёрад”.
46 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Дарвозаи саҳни дарунӣ, ки рӯ ба шарқ аст,+ бояд шаш рӯзи кор+ баста+ ва дар рӯзи шанбею навмоҳ кушода бошад. 2 Сарвар аз берун бо даҳлези дарвоза даромада,+ назди паҳлударии дарвоза меистад. Коҳинон қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои осоиштагии ӯро пешкаш мекунанд ва ӯ дар остонаи дарвоза таъзим мекунаду меравад. Дарвоза набояд то бегоҳ пӯшида шавад. 3 Мардуми сарзамин низ дар рӯзҳои шанбе ва навмоҳ дар даҳани ин дарвоза ба Яҳува таъзим мекунад.+
4 Қурбонии сӯхтание, ки сарвар дар рӯзи шанбе ба Яҳува пешкаш мекунад, бояд шаш барраи нари солим ва як қӯчқори солим бошад.+ 5 Ҳадияи ғаллае, ки ӯ бо қӯчқор меорад, бояд як эфа* бошад, бо барраҳои нар бошад, ҳар қадаре тавонад, ғалла* бидиҳад ва бо ҳар эфа як ҳин* равған орад.+ 6 Дар рӯзи навмоҳ ҳадия бояд як буққаи ҷавони* солиме аз пода, шаш барраи нар ва як қӯчқор бошад — ин чорпоён бояд солим бошанд.+ 7 Барои ҳадияи ғалла ӯ бояд бо буққаи ҷавон як эфа, бо қӯчқор як эфа ва бо барраҳои нар, ҳар қадаре тавонад, ғалла диҳад. Бо ҳар эфа ӯ бояд як ҳин равған биёрад.
8 Сарвар бояд аз даҳлези дарвоза дарояд ва бо ҳамон роҳ барояд.+ 9 Вақте мардуми сарзамин дар идҳо ба ҳузури Яҳува ояд,+ онҳое, ки аз дарвозаи шимолӣ+ барои парастиш медароянд, аз дарвозаи ҷанубӣ+ бароянд ва онҳое, ки аз дарвозаи ҷанубӣ медароянд, аз дарвозаи шимолӣ бароянд. Касе набояд аз ҳамон дарвозае, ки даромадааст, барояд, балки аз дарвозаи муқобил берун равад. 10 Сарвар, ки дар миёни онҳост, бояд баробари онҳо дарояд ва баробари онҳо барояд. 11 Дар вақти идҳо ва ҷашнвораҳо барои ҳадияи ғалла бо буққаи ҷавон як эфа, бо қӯчқор як эфа ва бо барраҳои нар, ҳар қадаре тавонад, ғалла диҳад ва бо ҳар эфа як ҳин равған биёрад.+
12 Агар сарвар барои ҳадияи ихтиёрӣ ба Яҳува қурбонии сӯхтанӣ+ ё қурбониҳои осоиштагӣ орад, дарвозаеро, ки рӯ ба шарқ аст, бояд барояш кушоянд ва ӯ қурбонии сӯхтаниву қурбониҳои осоиштагии худро чун дар рӯзи шанбе пешкаш кунад.+ Баъд аз рафтани ӯ дарвозаро бояд пӯшанд.+
13 Ҳар рӯз барои қурбонии сӯхтанӣ ба Яҳува барраи нари яксолаи солим биёр.+ Ин корро ҳар саҳар бикун. 14 Бо он ҳар саҳар барои ҳадияи ғалла шашяк эфа биёр. Ҳамроҳаш барои ҳадияи доимии ғалла ба Яҳува сеяк ҳин равған ор, то онро бар орди маҳин бипошанд. Ин амри доимист. 15 Онҳо бояд ҳар саҳар барои қурбонии сӯхтании доимӣ як барраи нар, ҳадияи ғалла ва равған оранд”.
16 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Агар сарвар ба ҳар як писараш ҳадияе диҳад, ин мероси писаронаш ҳисоб ёфта, аз они онҳо мешавад. Он мулки меросии онҳост. 17 Агар ӯ аз меросаш ба яке аз хизматгоронаш ҳадияе диҳад, он то соли озодӣ+ аз они вай хоҳад буд ва баъд боз аз они сарвар мешавад. Танҳо мероси писаронаш доимо аз они онҳо хоҳад буд. 18 Сарвар набояд мулки меросии мардумро кашида гирад. Ӯ танҳо аз мулки худ ба писаронаш мерос дода метавонад, то касе аз халқи ман аз мулкаш ронда нашавад”».
19 Пас аз ин ӯ маро аз даромадгоҳи+ паҳлуи дарвоза даровард. Он дарвоза сӯйи ҳуҷраҳои* муқаддаси коҳинон мебурд, ки рӯ ба шимол буданд.+ Он гоҳ ман дар пушти ҳуҷраҳо, дар тарафи ғарбӣ, ҷоеро дидам. 20 Ӯ ба ман гуфт: «Ин ҷоест, ки коҳинон қурбонии айбу қурбонии гуноҳро меҷӯшонанд ва ҳадияи ғалларо мепазанд,+ то чизеро ба саҳни берунӣ набароранд ва покӣ ба мардум нагузарад*».+
21 Ӯ маро ба саҳни берунӣ бароварда, пайи ҳам ба чор гӯшааш бурд. Ман дидам, ки дар ҳар як гӯшаи саҳни берунӣ саҳне буд. 22 Дар чор гӯшаи саҳни берунӣ чор саҳни хурде буд, ки дарозияшон 40 газ* ва барашон 30 газ буд. Ҳар чори ин саҳнҳо* як андоза доштанд. 23 Гирдогирди ин чор саҳн деворча дошт ва дар поёни ин деворчаҳо ҷойҳо барои ҷӯшондани қурбониҳо буд. 24 Ӯ ба ман гуфт: «Дар ин хонаҳо хизматгузорони ибодатгоҳ қурбониҳои мардумро мепазанд».+
47 Ӯ боз маро назди даромадгоҳи ибодатгоҳ+ овард ва ман дидам, ки аз зери остонаи ибодатгоҳ об ба тарафи шарқ ҷорист,+ чунки ибодатгоҳ рӯ ба шарқ меистод. Об аз таги ибодатгоҳ, аз тарафи рости он равона шуда, аз ҷануби қурбонгоҳ мегузашт.
2 Сипас ӯ маро аз дарвозаи шимолӣ+ баровард ва тоб хӯрда, назди дарвозаи беруние овард, ки рӯ ба шарқ буд,+ ва ман дидам, ки об аз тарафи рости он мешорад.
3 Он мард таноби андозагирӣ дар даст+ сӯйи шарқ рафт. Ӯ 1000 газ* чен карда, маро аз об гузаронд ва об то буҷулаки по буд.
4 Пас аз ин ӯ боз 1000 газ чен карда, маро аз об гузаронд ва об то зону буд.
Ӯ боз 1000 газ чен карда, маро аз об гузаронд ва об то миён буд.
5 Вақте ки ӯ 1000 гази дигарро чен кард, он дарёе шуда буд, ки ман онро гузашта натавонистам. Дарё чунон чуқур буд, ки дар он фақат шино карда мешуд, онро қадам зада гузаштан номумкин буд.
6 Ӯ аз ман пурсид: «Оё инро дидӣ, эй фарзанди одам?»
Баъд ӯ маро боз ба лаби дарё овард. 7 Вақте баргаштам, дидам, ки дар ҳар ду соҳили дарё дарахт хеле бисёр аст.+ 8 Ӯ ба ман гуфт: «Ин дарё ба замини шарқ ҷорист ва аз Аробо*+ гузашта, ба баҳр мерезад. Об ба баҳр мерезад+ ва оби он шифо меёбад. 9 Ҳар ҷое ки обҳо* ҷорӣ мешаванд, ҷонварони зиёде зиста метавонанд. Моҳии он ҷо фаровон мешавад, зеро ин об ба он ҷо меояд. Оби баҳр шифо меёбад ва, ҳар ҷое ки об ҷорӣ шавад, ҳама чиз зинда мемонад.
10 Моҳигирон аз Эйн-Ҷадӣ+ то Эйн-Аҷлоим назди он хоҳанд истод ва тамоми ин масофа макони хушк кардани тӯрҳо хоҳад шуд. Он ҷо чун баҳри Бузург*+ пур аз ҳар гуна моҳӣ мешавад.
11 Дар он ҷо ботлоқҳову лойқаҳое мешаванд, ки обашон шифо намеёбад ва шӯр мемонад.+
12 Дар ду лаби дарё ҳар гуна дарахти мевадор мерӯяд. Барги онҳо пажмурда намешавад ва ин дарахтон аз мева намемонанд. Онҳо ҳар моҳ мева медиҳанд, зеро аз обе, ки аз муқаддасгоҳ равон аст,+ мехӯранд. Меваи онҳо барои хӯрок ва баргашон барои даво хоҳад буд».+
13 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: «Ин аст замине, ки бояд онро ба 12 қабилаи Исроил чун мерос тақсим кунед, ва Юсуф ду ҳисса хоҳад дошт.+ 14 Шумо онро мерос мегиред ва ҳиссаи ҳама баробар хоҳад буд. Ман қасам хӯрда будам, ки ин заминро ба бобоёнатон медиҳам,+ ва акнун он мероси шумо мешавад.
15 Ин аст сарҳади шимолии замин: он аз баҳри Бузург бо роҳи Ҳатлун+ сӯйи Садод,+ 16 Ҳамот,+ Берутай+ ва Сиброим, ки дар миёнаи замини Димишқ ва Ҳамот аст, рафта, то Ҳасар-Ҳатихун, ки назди сарҳади Ҳаврон+ аст, тӯл мекашад. 17 Ин сарҳад аз баҳр то Ҳасар-Энон,+ қад-қади сарҳади шимолии Димишқ ва сарҳади Ҳамот,+ хоҳад буд. Ин аст сарҳади шимолӣ.
18 Тарафи шарқӣ байни Ҳаврону Димишқ, байни Ҷилъоду+ замини Исроил, қад-қади Урдун, аст. Шумо бояд аз сарҳади шимолӣ то баҳри шарқӣ* чен кунед. Ин аст сарҳади шарқӣ.
19 Сарҳади ҷанубӣ аз Томор то обҳои Марибут-Қодеш+ ва сипас то Водӣ* ва баҳри Бузург хоҳад буд.+ Ин аст сарҳади ҷанубӣ.
20 Тарафи ғарбӣ баҳри Бузург хоҳад буд. Он аз сарҳади ҷанубӣ то рӯ ба рӯйи Лебӯ-Ҳамот*+ боло меравад. Ин аст сарҳади ғарбӣ.
21 Ин заминро байни худ, байни 12 қабилаи Исроил, тақсим кунед. 22 Онро байни худ ва байни ғарибоне, ки дар миёни шумо зиста, фарзанддор шудаанд, чун мерос тақсим кунед. Ин ғарибон бароятон мисли исроилиёни таҳҷоӣ мешаванд — онҳо дар миёни қабилаҳои Исроил дар қатори шумо мерос мегиранд. 23 Ба ин ғарибон дар замини қабилае, ки дар он зиндагӣ мекунанд, мерос диҳед»,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.
48 «Ин аст номи қабилаҳо, ки аз шимол сар мешаванд: ҳиссаи Дон+ қад-қади роҳе тӯл мекашад, ки аз Ҳатлун то Лебӯ-Ҳамот*+ ва Ҳасар-Энон мебарад, он аз тарафи шимол бо Димишқ ва наздикиҳои Ҳамот+ ҳамсарҳад аст. Ҳиссаи Дон аз канори шарқӣ то канори ғарбист. 2 Ҳиссаи Ошер+ аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Дон ҳамсарҳад аст. 3 Ҳиссаи Нафтолӣ+ аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Ошер ҳамсарҳад аст. 4 Ҳиссаи Менашше+ аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Нафтолӣ ҳамсарҳад аст. 5 Ҳиссаи Эфроим аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Менашше+ ҳамсарҳад аст. 6 Ҳиссаи Реубен аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Эфроим+ ҳамсарҳад аст. 7 Ҳиссаи Яҳудо аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Реубен+ ҳамсарҳад аст. 8 Замини ҳадия аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Яҳудо ҳамсарҳад аст. Бари замине, ки бояд ҷудо кунед, 25 000 газ* бошад+ ва дарозияш, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, ба дарозии ҳиссаҳои дигар қабилаҳо баробар бошад. Муқаддасгоҳ дар миёни он хоҳад буд.
9 Дарозии замини ҳадияе, ки бояд барои Яҳува ҷудо кунед, 25 000 газ ва бараш 10 000 газ бошад. 10 Ин ҳадияи муқаддас барои коҳинон аст.+ Он аз шимол 25 000, аз ғарб 10 000, аз шарқ 10 000 ва аз ҷануб 25 000 газ хоҳад буд. Дар байни ин замин муқаддасгоҳи Яҳува ҷойгир мешавад. 11 Ин замин барои коҳинони покшудаи писарони Содӯқ+ аст, ки вазифаҳои худро пеши ман ба ҷо меоварданд ва мисли исроилиёну левизодагон аз ман дур нашуданд.+ 12 Онҳо дар замини ҳадияе, ки чун ҷойи муқаддастарин ҷудо шудааст, ҳисса хоҳанд дошт. Он назди замини левизодагон хоҳад буд.
13 Дар бари замини коҳинон ҳиссаи левизодагон хоҳад буд: дарозии он 25 000 ва бараш 10 000 газ бошад. (Тамоми дарозии он 25 000 ва бараш 10 000 газ хоҳад буд). 14 Онҳо набояд ин ҳиссаи беҳтарини заминро фурӯшанд, иваз кунанд ё ба касе бидиҳанд, зеро ин замини муқаддаси Яҳува аст.
15 Замини бақияе, ки бараш 5000 ва дарозияш 25 000 газ аст, барои истифодаи мардуми шаҳр,+ барои хонаҳо ва чарогоҳ, хоҳад буд. Дар мобайни он замин шаҳр ҷойгир мешавад.+ 16 Ин аст андозаи шаҳр: канори шимолӣ 4500 газ, канори ҷанубӣ 4500 газ, канори шарқӣ 4500 газ ва канори ғарбӣ 4500 газ. 17 Чарогоҳи шаҳр аз шимол 250 газ, аз ҷануб 250 газ, аз шарқ 250 газ ва аз ғарб 250 газ хоҳад буд.
18 Дарозии ҳиссаи боқимонда, ки бо ҳадияи муқаддас бар ба бар аст,+ ба тарафи шарқ 10 000 газ ва ба тарафи ғарб 10 000 газ хоҳад буд. Он бо ҳадияи муқаддас бар ба бар мешавад ва ҳосилаш барои хӯроки коркунони шаҳр хоҳад буд. 19 Коркунони шаҳр аз ҳамаи қабилаҳои Исроил буда, он заминро кишт хоҳанд кард.+
20 Тамоми замини ҳадия 25 000 газ бар 25 000 газ хоҳад буд. Онро барои ҳадияи муқаддас ва мулки шаҳр ҷудо кунед.
21 Он чӣ аз ду тарафи ҳадияи муқаддас ва мулки шаҳр мемонад, аз они сарвар хоҳад буд.+ Он бар ба бари канорҳои шарқӣ ва ғарбии замини ҳадия хоҳад буд, ки 25 000-газӣ мебошанд. Он ҳамсарҳади замини ду қабила буда, аз они сарвар аст. Дар байни ин ҳисса ҳадияи муқаддас ва муқаддасгоҳи ибодатгоҳ ҷойгир мешавад.
22 Мулки левизодагон ва мулки шаҳр дар байни ҳиссаи сарвар хоҳад буд. Замини сарвар дар миёни сарҳади Яҳудо+ ва сарҳади Бинёмин ҷойгир мешавад.
23 Ин аст ҳиссаи қабилаҳои дигар: ҳиссаи Бинёмин аз канори шарқӣ то канори ғарбист.+ 24 Ҳиссаи Шимъӯн аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Бинёмин+ ҳамсарҳад аст. 25 Ҳиссаи Иссокор+ аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Шимъӯн ҳамсарҳад аст. 26 Ҳиссаи Забулун аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ+ бо ҳиссаи Иссокор+ ҳамсарҳад аст. 27 Ҳиссаи Ҷод аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Забулун+ ҳамсарҳад аст. 28 Канори ҷанубӣ, ки сарҳади Ҷод аст, аз Томор+ то оби Марибут-Қодеш,+ то Водӣ*+ ва баҳри Бузург* тӯл мекашад.
29 Ин аст замине, ки бояд ба қабилаҳои Исроил ба мерос диҳед,+ ва ин аст ҳиссаҳои онҳо,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
30 Ин аст баромадгоҳҳои шаҳр: дарозии канори шимолӣ 4500 газ аст.+
31 Дарвозаҳои шаҳр номи қабилаҳои Исроилро хоҳанд дошт. Аз се дарвозаи шимолӣ яке дарвозаи Реубен, дигаре дарвозаи Яҳудо ва сеюмӣ дарвозаи Левӣ аст.
32 Дарозии канори шарқӣ 4500 газ хоҳад буд ва ин канор се дарвоза хоҳад дошт: яке дарвозаи Юсуф, дигаре дарвозаи Бинёмин ва сеюмӣ дарвозаи Дон.
33 Дарозии канори ҷанубӣ 4500 газ хоҳад буд ва ин канор се дарвоза хоҳад дошт: яке дарвозаи Шимъӯн, дигаре дарвозаи Иссокор ва сеюмӣ дарвозаи Забулун.
34 Дарозии канори ғарбӣ 4500 газ хоҳад буд ва ин канор се дарвоза хоҳад дошт: яке дарвозаи Ҷод, дигаре дарвозаи Ошер ва сеюмӣ дарвозаи Нафтолӣ.
35 Андозаи шаҳр гирдогирд 18 000 газ хоҳад буд ва номи шаҳр аз он рӯз “Яҳува он ҷост” мешавад».+
Маънояш «Худо қувват мебахшад».
Коҳин — ниг. ба луғат.
Ё «шуълаҳои барқ».
Ин ҷо омехтаи тиллову нуқра дар назар аст, ки ҷилои махсус дорад.
Эҳтимол, чархҳо дар даруни якдигар таҳти кунҷи рост ҷойгир буданд.
Ё «Абарқудрат».
Ин ҷо омехтаи тиллову нуқра дар назар аст, ки ҷилои махсус дорад.
Эҳтимол, мардуми Исроил ва Яҳудо дар назар аст.
Ё, эҳтимол, «ҳарчанд ин халқ якрав асту чун хор ба ту мехалад».
Ё «суруди мотам».
Дар матни асл «рӯйи туро мисли рӯйи онҳо сахт».
Хокрез — ниг. ба луғат.
Дабоба — олате, ки барои рахна кардани девори қалъа истифода мешуд.
Тахминан 230 г. Ниг. ба Замимаи Б14.
Тахминан 0,6 л. Ниг. ба Замимаи Б14.
Дар матни асл «асои нонро». Эҳтимол, асоҳое дар назар дошта шудаанд, ки ба онҳо нонҳоро овехта, захира мекарданд.
Ё «кам мекунам».
Дар матни асл «асои нонатонро». Эҳтимол, асоҳое дар назар дошта шудаанд, ки ба онҳо нонҳоро овехта, захира мекарданд.
Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Ё «бадахлоқашон; зинокорашон».
Ё, эҳтимол, «Гулчанбар омад».
Ё, эҳтимол, «Гулчанбар омад».
Яъне на харидори мол фоида мебинад ва на фурӯшандаи он, зеро харобӣ бар сари ҳама меояд.
Палос — ниг. ба луғат.
Яъне аз мотам сарашонро метарошанд.
Яъне нуқраву тиллояшон.
Яъне душманон
Аз афташ, ба қисми дарунии муқаддасгоҳи Яҳува ишора мекунад.
Яъне занҷири асирӣ.
Ё «ғам».
Ин ҷо омехтаи тиллову нуқра дар назар аст, ки ҷилои махсус дорад.
Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Аз афташ, навда ё шохае, ки дар бутпарастӣ истифода мешуд.
Дар матни асл «ӯ».
Ё «Абарқудрат».
Дар матни асл «ӯ».
Дар матни асл «ӯ».
Дар матни асл «Ӯ», яъне шаҳри Ерусалим. Яҳудиён фикр мекарданд, ки он ҷо аз хатар дар амонанд.
Яъне дили сангин неву диле, ки суханони Худо ба он асар кунад.
Ё «риёкорона».
Яъне девори ноустуворро сафед мекунанд, то мустаҳкам тобад.
Яъне бозубанд ё дастпонаҳои ҷоду.
Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Дар матни асл «асоҳои нонашро». Эҳтимол, асоҳое дар назар дошта шудаанд, ки ба онҳо нонҳоро овехта, захира мекарданд.
Ё «аз пӯсти хуки обӣ». Яъне тюлен.
Ё «оромбахш».
Ё «замини савдогарон».
Ё «булҳавас».
Ё, эҳтимол, «Чӣ пурзӯр аст хашмам бар ту».
Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Эҳтимол, шаҳракҳои гирду атрофаш.
Дар матни асл «аз тарафи чапи ту».
Дар матни асл «аз тарафи рости ту».
Ё «Сурия».
Ё «замини савдогарон».
Аз афташ, замини Яҳудо.
Яъне Набукаднесар.
Яъне Сидқиёҳуро.
Хокрез — ниг. ба луғат.
Ҷон — ниг. ба луғат.
Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Ё «Ягон гуноҳаш ба ёд оварда намешавад».
Ё «беинсофӣ».
Ё «суруди мотам».
Дар матни асл «токе дар хуни ту буд».
Ё «маҳкум кунӣ».
Ё «зеби дунёст».
Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Ё «зеби дунёст».
Дар матни асл «чашми ман».
Ё «оромбахш».
Ё «бо бутҳои ҳаромашон зино кунед». Ниг. ба луғат, ба калимаи «зино».
Ё «оромбахшатон».
Ё «мақол гуфтан аст».
Дар матни асл «аз ҳар зону об мечакад».
Дар матни асл «дарахти».
Дар матни асл «дасте».
Ибр. «терафим».
Дабоба — олате, ки барои рахна кардани девори қалъа истифода мешуд.
Хокрез — ниг. ба луғат.
Яъне сокинони Ерусалим.
Эҳтимол, ба бобилиён.
Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Дар матни асл «бараҳнагии падарро ошкор мекунанд».
Ғаш — олудагӣ дар филизҳои гаронбаҳо.
Маънояш «хаймаи ӯ».
Маънояш «хаймаи ман дар ӯст».
Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Суррия — ниг. ба луғат.
Яъне мисриён.
Дар матни асл «канда мепартоӣ».
Дар матни асл «номи».
Ё «ташбеҳе».
Ё «Мӯйлабатро».
Ё «нишеби».
Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
Дар матни асл «Набукадресарро». Тарзи дигари навишти ин ном.
Хокрез — ниг. ба луғат.
Дабоба — олате, ки барои рахна кардани девори қалъа истифода мешуд.
Ё «суруди мотам».
Ё «суруди мотам».
Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
Ё «пашми сафеди сурхчатоб».
Сано — як навъ дарахте, ки бо дарахти дорчин аз як хонавода аст.
Ё, эҳтимол, «пурбору пурҷалол шудӣ».
Палос — ниг. ба луғат.
Ё «суруди мотам».
Тадҳин — ниг. ба луғат.
Дар ин ҷо ва дар поён «Нил» ба маънои худи дарё ва шохобҳои он омадааст.
Ё «барои хонадони Исроил шохе ба миён меорам».
Эҳтимол, ишора ба исроилиён аст, ки бо Миср паймон баста буданд.
Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Ё «Мемфисро».
Яъне Тибисро.
Ё «Мемфис».
Яъне Ҳелиополис.
Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
Ибр. «шеол». Ниг. ба луғат, ба калимаи «гӯр».
Ё «суруди мотам».
Яъне Элом.
Эҳтимол, подшоҳи Машаху Тубол дар назар аст.
Шояд, ишора ба он аст, ки ҷанговаронро бо шамшерашон мегӯронданд, ки ин нишонаи шаъну шараф буд.
Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Яъне дили сангин неву диле, ки суханони Худо ба он асар кунад.
Ё, эҳтимол, «мисли рамаҳои гӯсфандоне, ки дар Ерусалим қурбон карда мешаванд».
Ё «нафас; рӯҳ».
Ё «рӯҳ».
Дар матни асл «посбони».
Ё «туро даъват мекунам».
Ё «бар зидди ӯ ба мурофиа бармехезам».
Ё «сулфур».
Ё, эҳтимол, «калтакҳои нӯгтезу».
Ё «водии мардуми сершумори Ҷуҷ».
Маънояш «мардуми сершумор».
Дар матни асл «дастеро».
Ниг. ба Замимаи Б14.
Дар матни асл «хона». Аз боби 40 то боби 48, ҳар ҷое ки иншооти ибодатгоҳ ё бинои он дар назар аст, ба ҷойи «хона» «ибодатгоҳ» омадааст.
Ин ҷо гази дароз дар назар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Эҳтимол, қисми болоии девори ҳуҷраи посбонон дар назар аст.
Ё «ҳуҷраҳоро».
Ё, эҳтимол, «12».
Дар матни асл «ибодатгоҳ». Дар бобҳои 41 ва 42 зери ин калима муқаддасгоҳи берунӣ (Макони пок) ё тамоми муқаддасгоҳ (ибодатгоҳ бо Макони пок ва Макони поктаринаш) дар назар дошта шудааст.
Ин ҷо гази дароз дар назар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Яъне ба муқаддасгоҳи дарунӣ, ё Макони поктарин.
Аз афташ, зинапояи печон дар назар аст.
Аз афташ, роҳрави танге, ки гирдогирди ибодатгоҳ буд.
Яъне биное, ки дар ғарби муқаддасгоҳ буд.
Аз афташ, даромадгоҳи Макони пок дар назар аст.
Аз афташ, Макони поктарин.
Дар матни асл «Дарозӣ».
Ин ҷо гази дароз дар назар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Мувофиқи Септуагинта «дарозияш 100 газ». Дар матни ибронӣ «роҳи якгаза». Ниг. ба Замимаи Б14.
Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё, эҳтимол, «омаданаш».
Дар матни асл «зино». Ниг. ба луғат, ба калимаи «зино».
Дар матни асл «зино». Ниг. ба луғат, ба калимаи «зино».
Дар матни асл «чен кунанд».
Ин ҷо гази дароз дар назар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Як ваҷаб тахминан ба 22,2 см баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «ҷувонаеро; навбасеро; тӯрпиеро».
Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Ё «ошхонаҳои».
Ин ҷо гази дароз дар назар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ниг. ба Замимаи Б14.
Ибр. «бат». Як бат ба 22 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ниг. ба Замимаи Б14.
Ниг. ба Замимаи Б14.
Ниг. ба Замимаи Б14.
Ниг. ба Замимаи Б14.
Ибр. «кор». Як кор ба 220 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «ҷувонаи; навбаси; тӯрпии».
Ё «нони бехамиртуруш».
Ё «орд».
Ниг. ба Замимаи Б14.
Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «орд».
Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «ҷувонаи; навбаси; тӯрпии».
Ё «ошхонаҳои».
Дар матни асл «мардумро муқаддас насозанд».
Ин ҷо гази дароз дар назар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «Ҳар чори онҳо бо иншооти гӯшаашон».
Ин ҷо гази дароз дар назар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «аз дашт».
Дар матни асл «ду маҷро».
Яъне баҳри Миёназамин.
Яъне баҳри Мурда.
Яъне водии Миср.
Ё «даромадгоҳи Ҳамот».
Ё «даромадгоҳи Ҳамот».
Ин ҷо гази дароз дар назар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Яъне водии Миср.
Яъне баҳри Миёназамин.