ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • nwt Ишаъё 1:1-66:24
  • Ишаъё

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ишаъё
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
Ишаъё

КИТОБИ ПАЙҒАМБАР ИШАЪЁ

1 Руъёе, ки Ишаъёи*+ писари Омӯс дар рӯзҳои Узиё,+ Ютом,+ Оҳоз+ ва Ҳизқиё+ — шоҳони Яҳудо, дар бораи Яҳудову Ерусалим дидааст:+

 2 Бишнав, эй осмон, ва гӯш деҳ, эй замин,+

Зеро Яҳува чунин гуфтааст:

«Писароне, ки парваридам ва калон кардам,+

Бар зидди ман исён бардоштанд.+

 3 Буққа хӯҷаинашро

Ва хар охури соҳибашро медонад,

Аммо Исроил маро* намешиносад,+

Халқи ман аз рӯйи фаҳм амал намекунад».

 4 Вой бар ҳоли халқи хатокор,+

Вой бар ҳоли ин мардуме, ки зери бори гуноҳ мондааст,

Ин насли бадкорон, ин фарзандони каҷрафтор!

Онҳо Яҳуваро тарк карданд,+

Ба Худои Поки Исроил беҳурматӣ намуданд

Ва ба вай пушт гардонданд.

 5 Агар исёнкориро давом диҳед, боз ба куҷоятон бизанам?+

Ҳама ҷойи сар дардманд

Ва ҳама ҷойи дил бемор аст.+

 6 Аз кафи по то фарқи сар ҷойи сиҳате нест:

Ҳама ҷо пур аз ҷароҳат, пайи лат ва захми хуншорест, ки

Онҳоро на пок кардаанд, на бастаанд ва на равған молидаанд.+

 7 Замини шумо харобазор гаштааст.

Шаҳрҳоятонро бо оташ сӯзондаанд.

Бегонагон замини шуморо дар пеши назаратон фурӯ мебаранд.+

Он мисли вайронаест, ки пас аз торумори бегонагон мондааст.+

 8 Духтари Сион мисли чайлае дар токзор,

Мисли хаскаппае дар бодирингзор партофта шудааст,

Мисли шаҳре дар муҳосира аст.+

 9 Агар Яҳува, Худои лашкарҳо, барои мо якчанд касро зинда намемонд,

Мисли Садӯм мегаштем

Ва ба Амӯро монанд мешудем.+

10 Сухани Яҳуваро бишнавед, эй ҳокимони ситамгари Садӯм!+

Ба шариати* Худои мо диққат диҳед, эй мардуми Амӯро!+

11 «Аз қурбониҳои зиёди шумо ба ман чӣ фоида аст?+ — мегӯяд Яҳува.—

Аз қурбониҳои сӯхтании қӯчқорҳо+ ва чарбуи чорвои парворӣ сер шудаам,+

Хуни+ буққаҳои ҷавон*,+ барраҳо ва бузҳо+ ба ман хуш намеояд.

12 Кӣ аз шумо талаб кардааст, ки наздам ҳозир шавед+

Ва саҳнҳои маро поймол кунед?+

13 Дигар ҳадияҳои беҳудаи ғалла наоред.

Бухури шумо бароям нафратовар аст.+

Шумо навмоҳҳову+ шанбеҳоро+ риоя менамоед ва анҷуманҳо баргузор мекунед.+

Шумо ҳам ҷамъомадҳои махсус мегузаронеду ҳам ҷодугарӣ+ мекунед, вале ман тоқати инро надорам.

14 Ман навмоҳҳо ва идҳои шуморо чашми дидан надорам.

Онҳо бароям бори гарон шудаанд,

Аз бардоштани онҳо хаста гаштаам.

15 Вақте дастонатонро дароз мекунед,

Чашмонамро мепӯшам, ки набинам.+

Ҳарчанд бисёр дуо мегӯед,+

Гӯш намедиҳам.+

Дастони шумо пур аз хун аст.+

16 Шустушӯ кунед, худро пок гардонед,+

Бадкориҳоятонро аз назарам дур созед,

Аз бадкирдорӣ даст кашед.+

17 Некӣ карданро ёд гиред, аз пайи адлу инсоф бошед,+

Ситамгарро ислоҳ кунед,

Ба доди ятиму бевазан бирасед.+

18 Биёед масъаларо ҳал кунем,— мегӯяд Яҳува.+—

Ҳарчанд гуноҳҳоятон мисли арғувонанд,

Чун барф сафед мешаванд,+

Ҳарчанд мисли либоси қирмизӣ сурханд,

Чун пашм сафед мегарданд.

19 Агар бо омодагӣ гӯш диҳед,

Аз нозу неъмати замин хоҳед хӯрд.+

20 Вале, агар гӯш надиҳеду муқобилат кунед,

Шамшер шуморо фурӯ мебарад,+

Чунки худи Яҳува инро гуфтааст».

21 Шаҳри+ вафодор фоҳиша гаштааст!+

Вай пур аз адлу инсоф буд,+

Дар вай росткорӣ сокин буд,+

Вале акнун — одамкушон.+

22 Нуқраи ту ба ғаш* табдил ёфтааст,+

Оби ҷават* бо об омехта шудааст.

23 Мирони ту якрав ва шарики дуздонанд.+

Ҳар яки онҳо пораро дӯст медорад ва туҳфа мехоҳад.+

Онҳо ба ятим адлу инсоф намекунанд

Ва ба даъвои бевазан гӯш намедиҳанд.+

24 Аз ин рӯ Худованд Яҳува, Худои лашкарҳо,

Худои Тавонои Исроил, чунин мегӯяд:

«Инак, ман аз бадхоҳонам халос мешавам

Ва аз душманонам интиқом мегирам.+

25 Ман дастамро бар зидди ту мегардонам,

Ғаши туро бо ишқор тоза мекунам

Ва тамоми нопокиятро дур месозам.+

26 Ман мисли пештара ба ту доваронро

Ва чун дар рӯзҳои аввал маслиҳатгаронро медиҳам.+

Он гоҳ ту “Шаҳри росткорӣ”, “Шаҳри вафодор” ном мегирӣ.+

27 Сион бо адолат

Ва халқи ӯ, ки бармегардад, бо росткорӣ раҳо* мешавад.+

28 Исёнгарон ва гунаҳкорон дар як вақт шикаст мехӯранд+

Ва касоне, ки Яҳуваро тарк мекунанд, нест мешаванд.+

29 Онҳо аз дарахтони бузурге, ки шумо орзу кардед, шарм хоҳанд дошт+

Ва шумо аз сабаби боғҳои интихобкардаатон* беобрӯ мегардед.+

30 Шумо ба дарахти калоне, ки баргҳояш хазон шудааст,

Ва ба боғи беобе монанд мегардед.+

31 Марди пурзӯр мисли нахи зағирпоя мешавад

Ва амалаш мисли шарора,

Ҳар ду аланга мегиранд

Ва касе оташи онҳоро хомӯш намекунад».

2 Ин аст он чизе, ки Ишаъёи писари Омӯс дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дидааст:+

 2 Дар рӯзҳои охир кӯҳи хонаи Яҳува

Бар сари кӯҳҳо устувор мегардад+

Ва аз теппаҳо баландтар мешавад

Ва ҳамаи халқҳо сӯйи он равона мешаванд.+

 3 Халқҳои зиёде омада, мегӯянд:

«Биёед ба кӯҳи Яҳува,

Ба хонаи Худои Яъқуб, бароем.+

Ӯ роҳҳои худро ба мо таълим медиҳад

Ва мо бо роҳҳои ӯ равона мешавем»,+

Зеро шариат* аз Сион

Ва каломи Яҳува аз Ерусалим мебарояд.+

 4 Он вақт ӯ дар миёни халқҳо доварӣ мекунад

Ва ба мардумони зиёд дастур медиҳад.

Он гоҳ онҳо аз шамшерҳои худ позаҳо*

Ва аз найзаҳои худ каҷкордҳо* месозанд.+

Халқе бар халқе шамшер намекашад

Ва онҳо дигар ҷангро таълим намегиранд.+

 5 Биё, эй хонадони Яъқуб, дар нури Яҳува роҳ равем.+

 6 Ту халқи худ, хонадони Яъқубро, тарк кардӣ,+

Зеро замин аз урфу одатҳои Шарқ пур шудааст.

Онҳо мисли фалиштиён сеҳру ҷоду мекунанд+

Ва насли бегонагон дар миёнашон зиёд аст.

 7 Заминашон пур аз нуқраву тиллост

Ва ганҷҳояшон беҳисобанд.

Заминашон пур аз аспҳост

Ва аробаҳояшон сону шумор надорад.+

 8 Заминашон пур аз бутҳои бекора аст.+

Онҳо ба амали дастони худ саҷда мекунанд,

Ба чизе, ки бо ангуштони худ сохтаанд.

 9 Инсон шармандаву сархам мешавад

Ва ту аз гуноҳи онҳо намегузарӣ.

10 Аз ҳузури ваҳмангези Яҳува

Ва аз шукӯҳу шавкаташ+

Ба ғори кӯҳ дароед ва зери хок пинҳон шавед.

11 Чашмони ҳавобаланди инсон поён мешавад

Ва ғурури одамизод ба хок яксон мегардад.

Танҳо Яҳува дар он рӯз баланд мегардад,

12 Зеро ин рӯзи Яҳува, Худои лашкарҳост.+

Он бар сари ҳар мағруру ҳавобаланд меояд,

Бар сари ҳар кас — ҳам соҳибмартабаю ҳам бечора,+

13 Бар ҳар сидраи қоматбаланду азими Лубнон

Ва бар ҳар булути Бошон,

14 Бар ҳар кӯҳи сар ба осмон

Ва бар ҳар теппаи баланд,

15 Бар ҳар бурҷи* баланд ва ҳар ҳисори мустаҳкам,

16 Бар ҳар киштии таршишӣ+

Ва ҳар киштии қиматбаҳо.

17 Ҳавобаландии инсон паст мегардад

Ва ғурури одамизод ба хок яксон мешавад.

Танҳо Яҳува дар он рӯз баланд мегардад.

18 Бутҳои бекора бошанд, беному нишон мешаванд.+

19 Вақте Яҳува бармехезад, то заминро ба тарсу ларз орад,

Аз ҳузури ваҳмангези ӯ

Ва аз шукӯҳу шавкаташ+

Одамон ба ғорҳои кӯҳ

Ва ба чуқуриҳои замин медароянд.+

20 Дар он рӯз одамон бутҳои бекораи нуқра ва тиллоро,

Бутҳоеро, ки барои парастиш сохтаанд,

Пеши мушҳову* кӯршабпаракҳо мепартоянд.+

21 Вақте Яҳува бармехезад, то заминро ба тарсу ларз орад,

Аз ҳузури ваҳмангези ӯ

Ва аз шукӯҳу шавкаташ

Онҳо ба сӯрохии кӯҳ

Ва ба ғори шах медароянд.

22 Ба фоидаи худатон дигар ба одами хокӣ,

Ки нафаси ӯ дар бинияш аст, таваккал накунед.

Чаро ба ӯ такя кунед?

3 Худованд Яҳува, Худои лашкарҳо,

Аз Ерусалиму Яҳудо пуштибонон ва ҳар навъ озуқаро нест месозад:

Тамоми захираи нону обро,+

 2 Марди пурзӯр ва ҷанговарро,

Довар, пайғамбар,+ фолбин ва пирро,

 3 Мирипанҷоҳ,+ мансабдор ва маслиҳатгарро,

Ҷодугар ва афсунгари моҳирро.+

 4 Ман писарбачагонро мирони онҳо мегардонам

Ва ҳардамхаёлонро ҳокими онҳо месозам.

 5 Он вақт мардум ба якдигар,

Ҳар кас ба ёри худ, зулм мекунад,+

Писарбача мӯйсафедро хор медорад

Ва камэътибор соҳибэҳтиромро писанд намекунад.+

 6 Дар он рӯз ҳар кас дар хонаи падари худ бародарашро қапида, мегӯяд:

«Ту либоси болопӯш дорӣ, ҳокими мо шав.

Ин вайронаҳоро зери дасти худ бигир»,

 7 Лекин ӯ нею нестон карда мегӯяд:

«Ман табиби шумо намешавам*.

Дар хонаи ман на хӯрок ҳасту на либос.

Маро ҳокими халқ накунед».

 8 Ерусалим пешпо хӯрд

Ва Яҳудо фурӯ ғалтид,

Зеро суханону корҳои онҳо бар зидди Яҳува аст,

Онҳо дар ҳузури пурҷалолаш ба ӯ зид баромаданд.+

 9 Қиёфаашон зидди онҳо шаҳодат медиҳад.

Онҳо мисли сокинони Садӯм+ рӯирост дар бораи гуноҳи худ гап мезананд

Ва онро пинҳон намедоранд.

Вой бар ҷони онҳо, зеро ба сари худ бало меоранд!

10 Ба росткор бигӯед, ки вай некуаҳвол мегардад

Ва меваи рафторашро мечашад.+

11 Вой бар ҳоли бадкор!

Вай гирифтори фалокат мешавад,

Корҳои кардааш ба сари худаш меоянд!

12 Саркорони халқи ман ба он зулм мекунанд

Ва занон бар он ҳукм меронанд.

Эй халқам, сарваронат туро овораю саргардон карда, гумроҳ месозанд.+

13 Яҳува бархестааст, ки айбдор кунад,

Ва тайёр аст ба халқҳо ҳукм барорад.

14 Яҳува бо пирон ва мирони халқаш мурофиа мекунад.

«Шумо токзорро сӯзондед

Ва чизе, ки аз камбағалон дуздидед, дар хонаи шумост.+

15 Шумо чӣ ҳақ доред, ки ба халқи ман ҷабр кунед

Ва ба камбағал зулму ситам намоед?»+ — мегӯяд Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо.

16 Яҳува чунин мегӯяд: «Азбаски духтарони Сион ҳавобаланданд

Ва сарашонро боло бардошта мегарданд,

Нозу карашма мекунанду хиромон роҳ мераванд

Ва халхолҳои* пояшонро ҷарангос мезанонанд,

17 Яҳува сари духтарони Сионро зарба зада, пур аз карахш* месозад.

Яҳува сари онҳоро кал мекунад.+

18 Дар он рӯз Яҳува зебу зинати халхолҳо,

Пешонабандҳо ва ороишоти ҳилолшакл,+

19 Гӯшворҳо*, дастпонаҳо ва рӯймолҳо,

20 Кулоҳҳо, занҷираҳои пой ва тасмаҳои ороишӣ,

Атрдонҳо ва тӯморҳо*,

21 Ангуштаринҳо ва ҳалқаҳои бинӣ,

22 Либосҳои идона, куртаҳои рӯ, шолҳо ва ҳамёнҳо,

23 Оинаҳои+ дастадор ва либосҳои катонӣ*,

Саллаҳо ва сарандозҳоро нест мекунад.

24 Ба ҷойи бӯйи хуши равған+ бӯйи чизи пӯсида хоҳад буд,

Ба ҷойи камарбанд — арғамчин,

Ба ҷойи мӯйбофии зебо — сари кал,+

Ба ҷойи либоси қиматбаҳо — палос*+

Ва ба ҷойи ҳусну ҷамол — тамға.

25 Мардони ту аз дами шамшер

Ва паҳлавононат дар ҷанг нобуд мешаванд.+

26 Дарвозаҳои шаҳр нола мекунанду мотам мегиранд,+

Шаҳр мисли зани танҳову тиҳидасте мешавад, ки бар замин нишастааст».+

4 Дар он рӯз ҳафт зан ба як мард часпида,+ мегӯянд:

«Мо нони худро мехӯрем

Ва либоси худро мепӯшем,

Фақат бигузор, ки ба номи ту хонда шавем*

Ва аз шармандагӣ* халос гардем».+

2 Он рӯз чизе, ки Яҳува рӯёнад, ҷалолу шукӯҳ меорад ва ҳосили замин фахру зебоии бақияи Исроил мешавад.+ 3 Ҳар кӣ дар Сион боқӣ монад ва дар Ерусалим гузошта шавад, поку муқаддас номида мешавад,— ҳамаи онҳое, ки дар Ерусалим номнавис мешаванд, то зинда бимонанд.+

4 Вақте Яҳува бо рӯҳи доварӣ ва рӯҳи сӯзон ифлосии* духтарони Сионро бишӯяд+ ва хунеро, ки дар Ерусалим рехта шудааст, аз миёни он тоза кунад,+ 5 Яҳува бар тамоми кӯҳи Сион ва бар тамоми ҷамъомадгоҳаш рӯзона абру дуд ва шабона оташи шуълавару дурахшонро ба вуҷуд меорад+ ва бар тамоми замини пурҷалол сарпаноҳе мешавад. 6 Дар он ҷо чайлае хоҳад буд, ки рӯзона соябон аз гармо+ ва паноҳгоҳ аз боду борон мешавад.+

5 Ба дӯстдоштаи худ суруде месароям,

Суруд дар бораи ёрам ва токзораш.+

Дӯстдоштаам бар теппаи ҳосилхезе токзор дошт.

 2 Ӯ заминро побел кард ва аз сангҳо тоза намуд.

Дар он ангури сурхи беҳтаринро шинонд,

Дар байни токзор бурҷе* сохт

Ва дар он чархушт канд.+

Ӯ умедвор буд, ки он ангури хуб медиҳад,

Аммо он ангури ёбоӣ ба бор овард.+

 3 «Акнун, эй сокинони Ерусалим ва мардуми Яҳудо,

Илтимос, байни ману токзорам доварӣ кунед.+

 4 Барои токзори худ бояд боз чӣ мекардам, ки накардаам?+

Ман умедвори ангури хуб будаму

Чаро он ангури ёбоӣ дод?

 5 Акнун гӯш кунед, ки бо токзори худ чӣ кор мекунам:

Ман шиғи гирди онро вайрон мекунам

Ва онро алов мезананд.+

Девори сангинашро мешиканам

Ва онро поймол месозанд.

 6 Ман онро харобазор мегардонам,+

Онро на каллак мекунанд* ва на заминашро нарм месозанд*.

Он аз хору хас пур мешавад+

Ва ба абрҳо амр мефармоям, ки бар он борон наборонанд.+

 7 Токзори Яҳува, Худои лашкарҳо, хонадони Исроил аст,+

Мардуми Яҳудо боғест*, ки ӯ ба он дил баста буд.

Ӯ умедвори адолат буд,+

Аммо аз он ноҳақӣ сар зад.

Интизори росткорӣ буд,

Аммо ба ҷойи он доду фиғон баромад».+

 8 Вой бар ҳоли касоне, ки ба хона хона зам мекунанд+

Ва ба киштзор киштзор илова менамоянд,+

То ҳадде ки барои дигарон ҷое намемонад

Ва дар он замин танҳо шумо зиндагӣ мекунед.

 9 Ман бо гӯши худ қасами Яҳува, Худои лашкарҳоро, шунидам, ки

Хонаҳои бузургу зебои бисёре

Беодам мешаванд+

Ва кас аз диданашон ба даҳшат меояд.

10 Шонздаҳ таноб* токзор фақат як хум* шароб хоҳад дод

Ва як ҳӯмер* тухмӣ фақат як эфа* ҳосил хоҳад овард.+

11 Вой бар онҳое, ки аз саҳари рӯз дар пайи арақхӯриянд+

Ва то бевақтии шаб шароб нӯшида, масту бехуд мешаванд.

12 Онҳо бо чангу соз,

Дафу най ва шароб базм меороянд,

Вале дар бораи корҳои Яҳува фикр намекунанду

Амали дастҳои ӯро намебинанд.

13 Аз ин рӯ халқи ман, ки маро намешиносад,+

Ба асирӣ бурда мешавад.

Мардони номдори онҳо гирифтори гуруснагӣ мегарданд+

Ва тамоми мардумашон аз ташнагӣ беҳол мешавад.

14 Бинобар ин гӯр* васеъ шудааст

Ва даҳонашро беҳад калон кушодааст.+

Шукӯҳи* ӯ, ғалоғулаи мардуми ӯ ва айшпарастони ӯ

Ҳатман ба он фурӯ мераванд.

15 Инсон сархам мешавад

Ва одам сарпаст мегардад,

Чашмони ҳавобаландон поён мешавад.

16 Яҳува, Худои лашкарҳо, доварӣ карда* ҷалол меёбад,

Худо, Худои Пок,+ бо росткорӣ покии худро маълум месозад.+

17 Барраҳо, гӯё дар чарогоҳи худ бошанд, хоҳанд чарид,

Бегонагон дар ҷойҳои бекасе, ки чорвои парворӣ дошт, хоҳанд хӯрд.

18 Вой бар онҳое, ки айби худро бо бандҳои фиреб

Ва гуноҳи худро бо танобҳои ароба аз пайи худ мекашанд.

19 Вой бар онҳое, ки мегӯянд: «Бигзор ӯ корашро тезонад,

Он зудтар ба амал ояд, то бубинем.

Бигзор нияти* Худои Поки Исроил иҷро гардад,

То онро бидонем».+

20 Вой бар онҳое, ки некро бад ва бадро нек,+

Торикиро рӯшноӣ ва рӯшноиро торикӣ,

Талхро ширину ширинро талх меноманд!

21 Вой бар онҳое, ки дар чашми худ хирадманд

Ва дар назари худ доноянд!+

22 Вой бар онҳое, ки дар нӯшидани шароб зӯр

Ва дар омехта кардани арақ устоянд!+

23 Вой бар онҳое, ки пора гирифта,+ бадкорро сафед мекунанд

Ва ба доди росткор намерасанд!+

24 Аз ин рӯ, чуноне ки забонаи оташ хасро фурӯ мебарад

Ва хошок дар аланга месӯзад,

Решаи онҳо мепӯсад

Ва ғунчаҳои онҳо мисли ғубор парешон мешавад,

Зеро шариати* Яҳува, Худои лашкарҳоро, таги по намуданд

Ва ба каломи Худои Поки Исроил беҳурматӣ карданд.+

25 Барои ҳамин хашми Яҳува бар халқаш аланга гирифтааст

Ва ӯ дасташро дароз мекунад, то онҳоро зарба занад.+

Кӯҳҳо ба ларза меоянд

Ва ҷасадҳо дар кӯчаҳо чун партов хоҳанд буд.+

Аз сабаби ин бадкориҳояшон хашми ӯ паст нашудааст

Ва дасташ аз задан бознаистодааст.

26 Ӯ барои халқи дурдаст парчам задааст,+

Ба онҳо ҳуштак кашидааст, то аз канори замин биёянд+

Ва, ана, онҳо бошитоб омада истодаанд.+

27 Ҳеҷ кадоми онҳо хаста нашудааст ва пешпо намехӯрад,

Ҳеҷ кадоме ғанаб намекунад ва хоб намеравад,

Камарбанди онҳо суст нашудааст

Ва бандҳои пойафзолашон накандааст.

28 Онҳо тирҳояшонро тез

Ва тори камонҳояшонро таранг кардаанд.

Суми аспҳояшон мисли санги чақмоқ аст

Ва чархи аробаҳояшон мисли тундбод.+

29 Наъраи онҳо мисли наъраи шер аст,

Онҳо мисли шерони ҷавон наъра мезананд.+

Онҳо ғуррида, сайдро ба чанг меоранд,

Онро мебаранд ва касе халосаш намекунад.

30 Он рӯз онҳо мисли баҳри хурӯшон+

Бар он меғурранд.

Ҳар касе бар ин замин нигарад, зулмоти ваҳмангезро мебинад,

Ҳатто рӯшноӣ аз абрҳо тира гаштааст.+

6 Дар соле, ки шоҳ Узиё мурд,+ ман Яҳуваро дидам, ки бар тахти баланду олӣ менишаст,+ ва домани либоси ӯ ибодатгоҳро пур карда буд. 2 Дар гирди ӯ сорофиён меистоданд, ки ҳар яке шаш бол дошт. Ҳар яке бо ду бол рӯйи худро ва бо ду боли дигар пойи худро мепӯшонд ва боз бо ду бол парвоз мекард.

 3 Яке ба дигаре фарёд зада мегуфт:

«Поки поки пок аст Яҳува, Худои лашкарҳо!+

Тамоми замин аз ҷалоли ӯ пур аст!»

4 Аз овози нидокунандагон паҳлудариҳо* ба ларза омаданд ва хона аз дуд пур шуд.+

 5 Он гоҳ ман гуфтам: «Вой бар ҳолам ки, мурдам!

Зеро лабонам нопоканд

Ва дар миёни мардуми лабонашон нопок зиндагӣ мекунам,+

Зеро чашмонам Подшоҳро, Яҳува, Худои лашкарҳоро, диданд».

6 Он гоҳ яке аз сорофиён наздам парида омад. Дар дасти ӯ лахчаи сӯзоне буд,+ ки бо оташгирак аз қурбонгоҳ гирифта буд.+ 7 Ӯ онро ба даҳонам расонда, гуфт:

«Акнун ки он ба лабонат расид,

Хатоят бахшидаву

Гуноҳат рӯпӯш шуд».

8 Сипас ман овози Яҳуваро шунидам, ки гуфт: «Киро бифиристам ва кӣ барои мо меравад?»+ Ман гуфтам: «Ман тайёрам! Маро бифирист!»+

 9 Ӯ ба ман гуфт: «Рафта, ба ин халқ бигӯ:

“Шумо гаштаву баргашта шунавед ҳам,

Сарфаҳм нахоҳед рафт.

Борҳо бубинед ҳам,

Вале чизе нахоҳед фаҳмид”.+

10 Дили ин мардумро сахт,+

Гӯшҳояшонро кар+

Ва чашмонашонро кӯр бикун,

То онҳо бо чашмонашон набинанд,

Бо гӯшҳояшон нашунаванд,

Бо дилашон нафаҳманд

Ва барнагарданду шифо наёбанд».

11 Он гоҳ ман пурсидам: «То ба кай, эй Яҳува?» Ӯ гуфт:

«То даме ки шаҳрҳо валангору беодам шаванд,

Дар хонаҳо касе боқӣ намонад

Ва замин харобазору холӣ гардад,+

12 То даме ки Яҳува мардумро ба ҷойи дурдасте биронад+

Ва ин замин то дуриҳо хароб шавад.

13 Дар он ҷо даҳяки мардум мемонад, вале он боз оташ зада мешавад. Он мисли дарахти калон ва булуте хоҳад буд, ки онро буридаанду кундааш боқӣ мондааст, ва ин кунда насли поку муқаддас аст».

7 Дар рӯзҳои Оҳози+ писари Ютоми писари Узиёи шоҳи Яҳудо Расини шоҳи Арам* ва Фақаҳи+ писари Рамалёҳуи шоҳи Исроил ба ҷанги Ерусалим баромаданд, аммо ӯ* онро забт карда натавонист.+ 2 Ба хонадони Довуд чунин хабар доданд: «Лашкари Арам ба лашкари Эфроим ҳамроҳ шудааст».

Он гоҳ дили Оҳоз ва дили халқаш ба ларза омад, ҳамон тавре ки дарахтони ҷангал аз вазиши бод меларзанд.

3 Яҳува ба Ишаъё гуфт: «Илтимос, ҳамроҳи писарат Шеорёшуб*+ ба охири новаи ҳавзи боло, ки дар сари роҳи саҳрои шустагарон аст,+ ба пешвози Оҳоз баро. 4 Ба ӯ бигӯ: “Ором бош. Натарс ва пеши ин ду кундаи нимсӯз, пеши оташи ғазаби Расину Арам ва писари Рамалёҳу,+ дил бой надеҳ. 5 Араму Эфроим ва писари Рамалёҳу бар зидди ту забон як карда мегӯянд: 6 “Биёед ба ҷанги Яҳудо бароем ва онро пора-пора карда*, аз они худ кунем* ва писари Тобъилро бар он подшоҳ бимонем”.+

 7 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:

“Кори онҳо барор намегирад

Ва ин тавр намешавад,

 8 Зеро сари Арам Димишқ

Ва сари Димишқ Расин аст,

Ва 65 сол нагузашта

Эфроим майда-майда мешавад ва ин халқ аз байн меравад.+

 9 Сари Эфроим Сомария+

Ва сари Сомария писари Рамалёҳу аст.+

Агар имони шумо қавӣ набошад,

Устувор нахоҳед монд”».

10 Яҳува боз ба Оҳоз гуфт: 11 «Аз Худоят Яҳува аломат талаб намо:+ хоҳ он мисли гӯр чуқур ва хоҳ мисли осмон баланд бошад». 12 Аммо Оҳоз гуфт: «Талаб намекунам ва Яҳуваро намесанҷам».

13 Ишаъё гуфт: «Эй хонадони Довуд, илтимос, гӯш диҳед! Одамонро аз ҷон безор карданатон кам буд, ки боз Худоро безор мекунед?!+ 14 Яҳува худаш ба шумо аломат медиҳад: ҷавонзан* ҳомиладор шуда, писаре таваллуд мекунад+ ва номашро Имонуил* мемонад.+ 15 Пеш аз он ки кӯдак рад кардани чизи бад ва интихоб кардани чизи хубро ёд гирад, ғайр аз маскаву асал чизе барои хӯрдан нахоҳад дошт. 16 Пеш аз он ки вай рад кардани чизи бад ва интихоб кардани чизи хубро ёд гирад, дар замини ин ду подшоҳе, ки аз онҳо метарсӣ, касе намемонад.+ 17 Яҳува ба сари ту, халқат ва хонадони падарат чунон рӯзи сахте меорад, ки, аз замоне ки Эфроим аз Яҳудо ҷудо шудааст,+ ба сарат наомада буд — ӯ подшоҳи Ошурро бар зидди ту меорад.+

18 Дар он рӯз Яҳува ҳуштак зада аз шохобҳои дурдасти Нили Миср пашаҳо ва аз замини Ошур занбӯрҳоро даъват мекунад. 19 Ҳамаи онҳо омада, дар ҷарии дараҳо, шикофии кӯҳҳо, ҳамаи хорбуттаҳо ва ҷойҳои сероб ҷойгир мешаванд.

20 Дар он рӯз Яҳува бо теғи кироя аз минтақаи дарёи бузург*, яъне бо дасти подшоҳи Ошур,+ мӯйи сару пой ва ҳамчунин риши туро метарошад.

21 Дар он рӯз кас аз подаи худ фақат як ғуноҷин ва ду гӯсфандро зинда мемонад. 22 Аз бисёрии шир вай маска мехӯрад, зеро ҳар кӣ дар ин замин монад, ғайр аз маскаву асал чизе барои хӯрдан нахоҳад дошт.

23 Дар он рӯз чунин мешавад, ки, дар ҷое ки 1000 ток бо нархи 1000 сиқл нуқра буд, фақат хору хас мерӯяд. 24 Мардон бо тиру камон ба он ҷо мераванд, зеро тамоми заминро хору хас зер мекунад. 25 Аз тарси хору хас ту ба ягон кӯҳе, ки пеш бо каланд тоза карда мешуд, наздик намешавӣ. Он ҷойҳо чарогоҳи буққаҳо ва поймоли гӯсфандон мешаванд».

8 Яҳува ба ман гуфт: «Лавҳаи+ калонеро гирифта, бар он бо қалами одӣ* “Маҳер шалал ҳаш баз”* бинавис. 2 Ман мехоҳам, ки шоҳидони боваринок — Уриёи+ коҳин* ва Закарёи писари Ёбаракё, онро хаттӣ тасдиқ кунанд*».

3 Пас аз ин ман бо занам, ки пайғамбар аст, ҳамхоб шудам ва ӯ ҳомиладор шуда, писаре таваллуд кард.+ Сипас Яҳува ба ман гуфт: «Номи ӯро Маҳер-шалал-ҳаш-баз гузор, 4 зеро, пеш аз он ки кӯдак “дада” ва “оча” гуфтанро ёд гирад, сарвати Димишқ ва ғанимати Сомарияро пеши подшоҳи Ошур мебаранд».+

5 Яҳува боз ба ман гуфт:

 6 «Азбаски ин халқ оби ороми Шилӯаҳро* рад карданд+

Ва аз Расину писари Рамалёҳу+ шод гаштанд,

 7 Яҳува бар зидди онҳо

Оби пурталотуму бисёри дарёи бузург*,

Яъне шоҳи Ошур+ ва тамоми ҷалоли ӯро, меорад.

Ӯ аз ҳамаи маҷроҳои худ мебарояд,

Ҳамаи соҳилҳояшро зер мекунад

 8 Ва бошаст аз замини Яҳудо мегузарад.

Ӯ селоб мешавад ва ҷорӣ шуда, то ба гардан мерасад.+

Ӯ бол паҳн карда тамоми замини туро мепӯшонад,

Эй Имонуил!*»+

 9 Зарар расонед, эй халқҳо, аммо бидонед, ки майда-майда мешавед.

Гӯш диҳед, эй сокинони канорҳои замин!

Ба ҷанг тайёр шавед*, аммо бидонед, ки майда-майда мешавед!+

Ба ҷанг тайёр шавед, аммо бидонед, ки майда-майда мешавед!

10 Ният кунед, аммо он барбод меравад!

Гуфтан гиред, аммо ба гуфти шумо намешавад,

Зеро Худо бо мост!*+

11 Дасти пурзӯри Яҳува бар ман буд ва ӯ маро огоҳ кард, ки аз пайи ин халқ наравам. Ӯ гуфт:

12 «Он чиро, ки ин халқ “қасди бад” меномад, “қасди бад” наномед.

Аз он чизе, ки онҳо метарсанд, натарсед

Ва аз он ба ларза наоед.

13 Яҳува — Худои лашкарҳоро, танҳо ӯро поку муқаддас ҳисобед,+

Аз ӯ битарсед

Ва пеши ӯ биларзед!»+

14 Ӯ муқаддасгоҳ мешавад,

Вале ҳамчунин барои ҳар ду хонадони Исроил

Санге мегардад, ки бар он пешпо мехӯранд,+

Ва кӯҳпорае, ки бар он дакка мехӯранд.

Ӯ барои сокинони Ерусалим

Дом ва тӯри сайёд мегардад.

15 Бисёре аз онҳо пешпо мехӯранду меафтанд ва шикаст мехӯранд.

Онҳо ба дом меафтанд ва қапида мешаванд.

16 Гувоҳномаро бипечон

Ва шариатро* дар пеши шогирдонам муҳр бизан.

17 Ман Яҳуваро, ки рӯяшро аз хонадони Яъқуб пинҳон кардааст,+ бесаброна интизор мешавам+ ва ба ӯ умед мебандам.

18 Яҳува, Худои лашкарҳо, ки бар кӯҳи Сион сокин аст, маро ва фарзандонеро, ки Яҳува ба ман додааст,+ дар Исроил аломат+ ва муъҷиза гардондааст.

19 Агар онҳо ба шумо гӯянд: «Аз пурсандагони арвоҳ ва фолбинон, ки чириқ-чириқкунон гап мезананду пичир-пичир мекунанд, бипурсед», ба гапашон медароед? Магар халқ набояд аз Худои худ пурсад? Магар барои зиндаҳо аз мурдаҳо мадад мепурсанд?+ 20 Ба ҷойи ин онҳо бояд ба шариат ва гувоҳнома рӯ оранд.

Агар онҳо мувофиқи ин калом сухан нагӯянд, барои онҳо нуре нахоҳад буд.+ 21 Ҳар кадоме дар замин хору зор ва гурусна мегардад,+ аз гуруснагиву ғазаб подшоҳи худро дуои бад мекунад ва боло нигоҳ карда Худояшро лаънат мехонад. 22 Пас аз ин ба замин нигоҳ карда фақат азобу торикӣ, зулмоту душворӣ ва тирагиро мебинад ва равшание нахоҳад буд.

9 Аммо он тирагӣ мисли замони дар азоб будани замин нахоҳад буд, мисли замони пешинае, ки замини Забулун ва Нафтолиро паст мезаданд.+ Баъдтар бошад, Худо онро — роҳи сӯйи баҳрро, ки дар минтақаи Урдун аст, Ҷалили халқҳоро, сарбаланд месозад.

 2 Мардуме, ки дар торикӣ роҳ мерафт,

Рӯшноии бузургеро дид.

Бар касоне, ки дар замини зулмоти тор мезистанд,

Нур дурахшид.+

 3 Ту халқро сершумор кардӣ,

Шодияшро беҳадду канор намудӣ.

Онҳо мисли касоне, ки дар мавсими ғундоштани ҳосил,

Мисли касоне, ки аз тақсими ғанимат шод мешаванд,

Пеши ту шодию хурсандӣ мекунанд.

 4 Зеро ту юғи* вазнини онҳоро,

Чӯберо, ки бар китфашон мезаданд, калтаки корфарморо,

Чун дар рӯзи шикасти Мидён пора-пора мекунӣ.+

 5 Тамоми пойафзоли сарбозон, ки аз қадам заданашон замин ба ларза меояд,

Ва тамоми либосе, ки оғуштаи хун аст,

Туъмаи оташ мешавад.

 6 Кӯдаке барои мо зода шуд,+

Писаре ба мо дода шуд

Ва ҳукмронӣ* бар дӯши ӯ гузошта мешавад.+

Ӯ Маслиҳатгари доно,+ Худои* тавоно,+ Падари ҷовидонӣ ва Мири осоиштагӣ номида мешавад.

 7 Ҳукмронии* ӯ ва осоиштагиро

Бар тахти Довуд+ ва дар подшоҳии ӯ

Ҳадду канор нахоҳад буд.+

Он аз ҳозир то абад+

Бо адлу+ инсоф+ барпо мегардаду пойдор мешавад.

Ғайрати Яҳува, Худои лашкарҳо, инро ба ҷо хоҳад овард.

 8 Яҳува бар зидди Яъқуб паём фиристод

Ва он бар сари Исроил омад.+

 9 Тамоми мардум — Эфроим ва сокинони Сомария, инро хоҳад донист,

Мардуме, ки бо ҳавобаландӣ ва дили мағрур чунин мегӯяд:

10 «Хиштҳо афтиданд,

Вале мо бо сангҳои тарошида бино мекунем.+

Дарахтони тутанҷирро буриданд,

Вале мо бо чӯби сидра месозем».

11 Яҳува бадхоҳони Расинро бар зидди ӯ бармехезонад

Ва душманонашро ба шӯр меорад, то амал намоянд.

12 Ӯ Арамро* аз шарқ ва фалиштиёнро аз ғарб* меорад+

Ва онҳо даҳони худро калон кушода, Исроилро фурӯ мебаранд.+

Аз сабаби ин бадкориҳояшон хашми ӯ паст нашудааст

Ва дасташ аз задан бознаистодааст.+

13 Охир, ин халқ сӯйи Занандаи худ барнагашт,

Яҳува, Худои лашкарҳоро, ҷӯё нашуд.+

14 Яҳува дар як рӯз сару дум,

Навдаву ғешаро*, аз Исроил мебурад.+

15 Пири обрӯманд сар

Ва пайғамбари дурӯғомӯз дум аст.+

16 Пешвоёни ин халқ гумроҳ месозанд

Ва пайравони онҳо саргардонанд.

17 Барои ҳамин Яҳува аз ҷавонони онҳо шод намешавад

Ва ба ятимону бевазанони онҳо раҳм намекунад,

Зеро ҳамаашон осиву бадкирдоранд+

Ва даҳони ҳар яке бадгуфтор аст.

Аз сабаби ин бадкориҳояшон хашми ӯ паст нашудааст

Ва дасташ аз задан бознаистодааст.+

18 Бадӣ мисли оташ даргирифтааст

Ва хору хасро ба коми худ мекашад.

Он ҷангалзорро алов мезанад

Ва сутунҳои дудаш ба осмон мепечад.

19 Аз хашму ғазаби Яҳува, Худои лашкарҳо,

Замин оташ зада шуд

Ва халқ туъмаи алов мешавад.

Касе ҳатто ба бародари худ раҳм намекунад.

20 Кас аз тарафи рост реза мекунад,

Лекин аз гушнагӣ халос намешавад,

Аз тарафи чап мехӯрад,

Лекин сер намешавад.

Ҳар яке гӯшти дасти худро мехӯрад,

21 Менашше Эфроимро

Ва Эфроим Менашшеро фурӯ мебарад.

Онҳо якҷоя шуда зидди Яҳудо мешаванд.+

Аз сабаби ин бадкориҳояшон хашми ӯ паст нашудааст

Ва дасташ аз задан бознаистодааст.+

10 Вой бар ҳоли онҳое, ки ҷабру ҷафоро ба ҳукми қонун медароранд,+

Бар касоне, ки доимо ҳукмҳои золимона мебароранд,

 2 То ба доди камбағалон нарасанд,

Бечорагони халқи маро аз адл маҳрум созанд,+

Бевазанонро ғорат кунанд

Ва ятимонро тороҷ намоянд!+

 3 Шумо дар рӯзи доварӣ*,+

Вақте аз дур ҳалокат ояд, чӣ кор мекунед?+

Барои мадад сӯйи кӣ мешитобед?+

Ва бо сарвати* шумо чӣ мешавад?

 4 Ғайр аз он ки байни зиндониён зону занед

Ва миёни куштагон биафтед, чорае надоред.

Аз сабаби бадкориҳояшон хашми ӯ паст нашудааст

Ва дасташ аз задан бознаистодааст.+

 5 «Ана ошурӣ,+ ки калтакест барои фурӯ рехтани ғазаби ман,+

Ва асои дасташ барои иҷрои ҳукми ман аст!

 6 Ман ӯро бар зидди халқи осӣ мефиристам,+

Бар зидди мардуме, ки маро ба ғазаб овардааст.

Ба ӯ мефармоям, ки ғорат кунаду ғанимати бисёре гирад

Ва онҳоро мисли лойи кӯчаҳо поймол намояд.+

 7 Вале ӯ чунин ният нахоҳад дошт

Ва дар дил чунин нақша нахоҳад парварид.

Хоҳиши дили ӯ ин аст, ки як-ду халқро неву

Халқҳои бисёрро решакан ва нобуд кунад.

 8 Ӯ мегӯяд:

“Магар мирони ман ҳамаашон подшоҳ нестанд?+

 9 Магар Калну+ мисли Каркамиш,+

Ҳамот+ мисли Арфод+

Ва Сомария+ мисли Димишқ+ нест?

10 Дасти ман мамлакатҳои худоёни беҳударо забт кардааст,

Мамлакатҳоеро, ки бутҳояшон аз бутҳои Ерусалим ва Сомария бисёртар буд!+

11 Ман бо Ерусалим ва бутҳояш

Ҳамон тавре мекунам, ки бо Сомария ва худоёни бекорааш кардам”.+

12 Вақте Яҳува бар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим тамоми ниятҳояшро амалӣ гардонад, шоҳи Ошурро барои дили мағрур ва нигоҳи ҳавобаланду нописандонааш ҷазо медиҳад,+ 13 зеро ӯ чунин мегӯяд:

“Ман ин корро бо қуввати дасти худ

Ва бо хиради худ мекунам, зеро хирадмандам.

Ман сарҳадҳои халқҳоро мебардорам,+

Ганҷинаҳои онҳоро ғорат мекунам+

Ва чун паҳлавон бар мардум дастболо мешавам.+

14 Ба сарвати халқҳо

Чун ба лона даст дароз мекунам.

Тамоми чизҳои заминро

Чун тухмҳои бесоҳиб чида мегирам!

Он вақт ҷонзоде бол намезанад, даҳон намекушояд ва чириқ-чириқ намекунад”».

15 Магар табар худро аз табарзан боло мегузорад?

Магар арра худро аз аррагар баланд мегирад?

Магар калтак+ калтакдорро ҷунбонда метавонад

Ва асо каси асобадастро мебардорад?

16 Аз ин рӯ Яҳува, Худованди лашкарҳо,

Фарбеҳони ӯро хароб мекунад+

Ва зери ҷалолаш алов мемонаду он аланга мегирад.+

17 Нури Исроил+ оташ+

Ва Худои Поки ӯ аланга хоҳад буд.

Он дармегирад ва хору хаси ӯро дар як рӯз месӯзонад.

18 Ӯ шукӯҳи ҷангалу боғи ӯро аз бехаш* нест мекунад,

Он мисли қуввати беморе хушк мешавад.+

19 Дарахтони боқимондаи ҷангалаш

Чунон кам мешаванд, ки кӯдак онҳоро шумурда метавонад.

20 Дар он рӯз бақияи Исроил

Ва касоне, ки аз хонадони Яъқуб зинда мемонанд,

Дигар ба занандаи худ такя намекунанд,+

Балки аз сидқи дил ба Яҳува,

Ба Худои Поки Исроил, таваккал мекунанд.

21 Танҳо бақия, бақияи Яъқуб,

Сӯйи Худои Тавоно бармегардад.+

22 Ҳарчанд халқи ту, эй Исроил,

Мисли реги баҳр аст,

Фақат бақияи он бармегардад.+

Ба халқ ҳукми қатл бароварда шудааст+

Ва он зери селоби ҷазо мемонад.+

23 Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо, ҳукми қатл баровардааст

Ва он бар тамоми замин амалӣ мегардад.+

24 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: «Эй халқам, ки бар Сион сокинӣ! Аз ин ошурӣ, ки туро мисли Миср бо калтак мезад+ ва асояшро бар ту мебардошт,+ натарс, 25 зеро каме пас ғазаби ман мегузарад. Ман хашмамро фурӯ мерезам ва онҳо нест мешаванд.+ 26 Яҳува, Худои лашкарҳо, бар ӯ қамчин мебардорад,+ чун дар вақте ки Мидёнро назди харсанги Ӯриб шикаст дода буд,+ ва асояшро бар баҳр дароз хоҳад кард, чуноне ки бо Миср карда буд.+

27 Дар он рӯз бори он ошурӣ аз китфи ту

Ва юғи* ӯ аз гарданат гирифта мешавад.+

Ин юғ ба сабаби равған шикаста мешавад».+

28 Ӯ ба Ой+ омад,

Аз Маҷрун гузашт,

Дар Михмос+ бори худро мемонад.

29 Онҳо аз пастоб гузаштанд,

Шабро дар Ҷабъа+ рӯз мекунанд.

Ромо меларзад, Ҷибъои+ Шоул гурехтааст.+

30 Дод гӯй ва фарёд зан, эй духтари Ҷаллим!

Гӯш андоз, эй Лайшо!

Вой бар ҳоли Анотӯт!+

31 Мадмено рӯ ба гурез овардааст.

Сокинони Ҷебим паноҳгоҳ меҷӯянд.

32 Худи ҳамин рӯз ӯ дар Нуб+ бозмеистад.

Ба кӯҳи духтари Сион, ба теппаи Ерусалим,

Бо мушт метарсонад.

33 Ана, Яҳува, Худованди лашкарҳо,

Шохаҳоро чунон мешиканад, ки кас аз садои он ба даҳшат меояд.+

Дарахтони баландтарин бурида мешаванд

Ва онҳое, ки қад кашидаанд, меафтанд.

34 Ӯ ҷангалзорро бо табар* мезанад

Ва Лубнон аз дасти пурзӯр фурӯ меғалтад.

11 Аз кундаи Исой+ навдае+ мерӯяд,

Ниҳоле,+ ки аз решаи он месабзад, мева медиҳад.

 2 Бар ӯ рӯҳи Яҳува,+

Рӯҳи хирад+ ва фаҳмиш,

Рӯҳи машварат ва тавоноӣ,+

Рӯҳи дониш ва тарси Яҳува қарор мегирад

 3 Ва ӯ дар тарси Яҳува шодӣ хоҳад кард.+

Ӯ танҳо аз рӯйи диди чашмонаш доварӣ нахоҳад кард

Ва танҳо аз рӯйи шуниди гӯшҳояш танбеҳ нахоҳад дод.+

 4 Ӯ бечорагонро аз рӯйи адолат доварӣ хоҳад кард

Ва ба фоидаи нармдилони* замин одамонро аз рӯйи инсоф танбеҳ хоҳад дод.

Ӯ заминро бо чӯби даҳонаш мезанад+

Ва бадкорро бо дами* лабонаш мекушад.+

 5 Росткорӣ миёнбанди ӯ

Ва вафодорӣ камарбанди ӯ мешавад.+

 6 Дар он вақт гургу барра бо ҳам хоҳанд буд+

Ва паланг бо бузғола хоҳад хобид,

Гӯсолаву шеру чорпои парворӣ якҷо хоҳанд буд*+

Ва писари хурдакаке онҳоро ҳар сӯ хоҳад бурд.

 7 Гов ва хирс бо ҳам хоҳанд чарид,

Бачаҳои онҳо бо ҳам хоҳанд хобид

Ва шер мисли буққа коҳ хоҳад хӯрд.+

 8 Тифли ширмак бар хонаи мори кубро бозӣ хоҳад кард

Ва кӯдаке, ки аз сина ҷудо кардаанд, ба лонаи мори заҳрнок даст дароз хоҳад кард.

 9 Онҳо дар тамоми кӯҳи муқаддаси ман+

Бадие намекунанд ва зараре намерасонанд,+

Зеро замин аз дониши Яҳува пур мешавад,

Чуноне ки баҳр пур аз обҳост.+

10 Дар он рӯз решаи Исой+ барои халқҳо мисли парчаме зада мешавад.+

Халқҳо барои роҳнамоӣ ба ӯ рӯ меоранд*+

Ва макони ӯ пурҷалол мегардад.

11 Дар он рӯз Яҳува боз, бори дуюм, дасташро дароз мекунад, то бақияи халқашро аз Ошур,+ Миср,+ Фатрус,+ Куш,+ Элом,+ Шинъор*, Ҳамот ва аз ҷазираҳои баҳр баргардонад.+ 12 Ӯ барои халқҳо парчаме мезанад ва парокандагони Исроилро сарҷамъ мекунад.+ Ӯ мардуми парешони Яҳудоро аз чор канори дунё ҷамъ меорад.+

13 Ҳасади Эфроим нест мешавад+

Ва душманони Яҳудо нобуд мегарданд.

Эфроим ба Яҳудо ҳасад намебарад

Ва Яҳудо ба Эфроим душманӣ намекунад.+

14 Онҳо сӯйи ғарб, ба нишебиҳои фалиштиён, ҳамла меоранд,

Якҷоя мардуми Шарқро ғорат мекунанд,

Дасти худро ба Адӯм+ ва Мӯоб+ дароз мекунанд

Ва аммӯниён фармонбардори онҳо мешаванд.+

15 Яҳува халиҷи баҳри Мисрро ду қисм* мекунад+

Ва ба дарёи бузург*+ мушт нишон медиҳад.

Ӯ бо дами* тафсони худ ҳафт шохоби онро чунон зарба мезанад*, ки

Кас попӯшашро накашида аз он мегузарад.

16 Бақияи халқи ӯ+ аз Ошур бо шоҳроҳ+ равона мешавад,

Чун дар он рӯзе ки Исроил аз замини Миср берун омада буд.

12 Дар он рӯз хоҳӣ гуфт:

«Туро, эй Яҳува, шукр мегӯям,

Зеро, ҳарчанд бар ман ғазаб кардӣ,

Қаҳрат оҳиста-оҳиста паст шуд ва ту маро тасаллӣ додӣ.+

 2 Худо наҷоти ман аст.+

Ба ӯ таваккал мекунам ва наметарсам,+

Зеро Ёҳ*, Яҳува, қуввати ман ва тавоноии ман аст.

Ӯ наҷоти ман гаштааст».+

 3 Шумо бо шодӣ аз чашмаҳои наҷот об хоҳед кашид+

 4 Ва дар он рӯз хоҳед гуфт:

«Яҳуваро шукр гӯед, номашро бихонед,

Корҳои ӯро дар байни халқҳо маълум созед!+

Эълон намоед, ки номи ӯ волост.+

 5 Дар васфи Яҳува бисароед*,+ зеро ӯ корҳои бузург кардааст.+

Бигзор тамоми дунё аз ин хабар ёбад!

 6 Фарёд зан ва бо шодӣ нидо кун, эй зани Сион*,

Зеро Худои Поки Исроил, ки дар миёни туст, бузург аст».

13 Паём бар зидди Бобил,+ ки Ишаъёи+ писари Омӯс дар рӯъё дид:

 2 «Дар кӯҳи бедарахте парчам занед.+

Сӯйи онҳо фарёд занед, бо даст ишора кунед,

То омада, аз дарвозаҳои соҳибмансабон дохил шаванд.

 3 Ман ба касони таъйинкардаам*+ фармон додам.

Ҷанговарони худро, ки бо фахр хурсандӣ мекунанд,

Ҷамъ овардам, то хашмамро фурӯ резам.

 4 Гӯш диҳед: овози одамон дар кӯҳистон

Мисли ғавғои мардуми сершумор аст!

Гӯш диҳед: ғалоғулаи мамлакатҳо,

Ҳаёҳуи халқҳое, ки ҷамъ омадаанд, ба гӯш мерасад!+

Яҳува, Худои лашкарҳо, барои ҷанг лашкар ҷамъ меорад.+

 5 Яҳува ва аслиҳаи ғазаби ӯ

Аз замини дурдаст,+

Аз канори осмон, омада истодааст,

То тамоми заминро хароб кунад.+

 6 Нола кунед, зеро рӯзи Яҳува наздик аст!

Он рӯзест, ки Худои Тавоно* нобудӣ меорад.+

 7 Аз ин рӯ ҳамаи дастҳо суст мешаванд

Ва дили ҳар инсон аз тарс бемаҷол мегардад.+

 8 Одамон ба воҳима меафтанд,+

Мисли зане, ки мезояд,

Гирифтори дард шуда ҷон мекананд.

Ранги рӯяшон аз азоб сурх мешавад

Ва бо ваҳм ба якдигар менигаранд.

 9 Ана, рӯзи Яҳува омада истодааст,

Рӯзи бераҳм ва пур аз хашму ғазаб,

То заминро ба харобазори даҳшатангез табдил диҳад+

Ва гунаҳкорони онро нобуд созад.

10 Ситорагони осмон ва галаситорагон*+ рӯшноӣ нахоҳанд дод.

Офтоб ҳангоми баромадан тира хоҳад буд

Ва моҳтоб нахоҳад дурахшид.

11 Ман заминро барои бадияш

Ва бадкоронро барои гуноҳҳояшон ҷазо медиҳам.+

Ба ғурури худсарон хотима мебахшам

Ва ҳавобаландии ситамгаронро паст мекунам.+

12 Ман инсони мирандаро аз тиллои тоза

Ва одамро аз зари Ӯфир+ камёбтар мекунам.+

13 Аз ин рӯ ман осмонро ба ларза меорам

Ва дар рӯзи ғазаб аз хашми Яҳува, Худои лашкарҳо,

Замин аз ҷояш меҷунбад.+

14 Мисли ғизоле, ки аз паяш ҳастанд, ва рамае, ки чӯпон надорад,

Ҳар яке назди халқи худ хоҳад баргашт

Ва сӯйи замини худ хоҳад гурехт.+

15 Ҳар касе ёфт шавад, бо найза кушта мешавад

Ва ҳар касе қапида шавад, аз дами шамшер мемирад.+

16 Кӯдакони онҳоро дар пеши назарашон зада майда-майда месозанд,+

Хонаҳояшонро ғорат мекунанд

Ва занонашонро таҷовуз менамоянд.

17 Ман бар зидди онҳо Модайро бармехезонам,+

Ки назараш нуқраро намегирад

Ва ба тилло ҳавас надорад.

18 Камони онҳо ҷавононро пора мекунад.+

Онҳо ба тифл раҳм намекунанд

Ва ба кӯдакон дилашон намесӯзад.

19 Он гоҳ Бобил, ки шукӯҳи* мамлакатҳо+

Ва зебоиву фахри калдониён аст,+

Ба Садӯму Амӯро, ки Худо онҳоро нобуд сохт, монанд мешавад.+

20 Дар вай ҳаргиз касе сокин намегардад,

Наслҳо мегузаранд, аммо вай одамнишин намешавад.+

Ягон араб дар он ҷо хайма намезанад

Ва чӯпонон рамаҳояшонро дар он ҷо дам намедиҳанд.

21 Он ҷо даррандагони биёбон ҷо мегиранд,

Хонаҳои онҳо пур аз бумҳо мешавад.

Дар он шутурмурғон сокин мешаванд+

Ва бузҳои ёбоӣ* ҷастухез мекунанд.

22 Ҳайвонҳо дар бурҷҳояш

Ва шағолон дар қасрҳои дабдабанокаш уллос хоҳанд зад.

Вақти ӯ наздик аст ва рӯзҳои ӯ дер намепояд».+

14 Яҳува ба Яъқуб раҳм мекунад+ ва боз Исроилро интихоб менамояд.+ Ӯ онҳоро дар заминашон ҷойгир мекунад*,+ ғарибон ба онҳо ҳамроҳ мешаванд ва ба хонадони Яъқуб мепайванданд.+ 2 Халқҳо онҳоро гирифта, ба заминашон меоранд ва хонадони Исроил дар замини Яҳува онҳоро ғулому канизи худ мегардонад.+ Онҳо асиркунандагони худро асир мекунанд ва корфармоёни худро зердаст месозанд.

3 Дар рӯзе ки Яҳува туро аз дард, изтироб ва ғуломии сахте, ки ба он гирифтор шудӣ, озод кунад,+ 4 дар ҳаққи шоҳи Бобил ин масалро мегӯӣ*:

«Чӣ гуна корфармои дигарон фурӯ ғалтид

Ва ситами ӯ ба охир расид!+

 5 Яҳува калтаки бадкорон,

Асои ҳокимонро, шикаст.+

 6 Ӯ касеро, ки бо ғазаб мардумонро зарбаҳои паёпай мезад+

Ва бо хашм халқҳоро беист озор медоду тобеъ менамуд, нобуд кард.+

 7 Тамоми замин ором гирифт ва аз изтироб халос шуд.

Мардум аз шодӣ фарёд мезанад.+

 8 Ҳатто дарахтони арча

Ва сидраҳои Лубнон ҳоли туро дида хурсандӣ мекунанд.

Онҳо мегӯянд: “Аз замоне ки ту фурӯ ғалтидӣ,

Дарахтбуре ба сари мо наомадааст”.

 9 Ҳатто гӯр, ки дар зер аст, ба ҷунбиш омадааст,

То, вақте биёӣ, туро пешвоз гирад.

Он барои ту касонеро, ки аз дасти марг нотавон гаштаанд,

Тамоми ҳокимони золими* заминро, бедор мекунад,

Ҳамаи подшоҳони халқҳоро аз тахтҳояшон мехезонад.

10 Ҳамаи онҳо овоз бароварда ба ту мегӯянд:

“Наход ту низ мисли мо нотавон шуда бошӣ?

Наход ту монанди мо гашта бошӣ?

11 Ғурури ту ва овози созҳои торият+

Ба гӯр фурӯ рафтааст.

Кирминаҳо бистари ту

Ва кирмҳо болопӯши туянд”.

12 Чӣ гуна ту аз осмон афтидӣ,

Эй ситораи дурахшон, эй писари субҳ!

Чӣ гуна бурида, ба замин партофта шудӣ,

Эй ту, ки халқҳоро торумор мекардӣ!+

13 Ту дар дил гуфтӣ: “Ба осмон мебароям.+

Тахти худро болотар аз ситораҳои Худо мегузорам+

Ва бар кӯҳи ҷомеъ,

Дар ҷойҳои дуртарини шимол, мешинам.+

14 Болотар аз абрҳо мебароям.

Монанди Худои Таоло мешавам”.

15 Аммо ту ба гӯр,

Ба ҷойи чуқуртарин, партофта мешавӣ.

16 Онҳое, ки туро мебинанд, сӯят назар медӯзанд,

Онҳо ба ту бодиққат нигоҳ карда мегӯянд:

“Наход ин ҳамон касе бошад, ки заминро ба ҷунбиш

Ва подшоҳиҳоро ба ларза меовард?+

17 Наход ин ҳамон касе бошад, ки рӯйи заминро ба биёбон табдил дод,

Касе, ки шаҳрҳоро зеру забар мекард+

Ва асиронро ба хонаҳояшон ҷавоб намедод?”+

18 Ҳамаи подшоҳони халқҳо,

Бо шукӯҳи худ дар қабр хобидаанд.

19 Аммо туро чун навдаи нафратоваре

Гӯр накарда партофтаанд.

Ту бо ҷасади онҳое, ки аз дами шамшер кушта

Ва ба чоҳи сангин партофта шудаанд, пӯшонида шудаӣ

Ва мисли мурдае ҳастӣ, ки поймол шудааст.

20 Ту бо онҳо ба қабр гузошта намешавӣ,

Зеро замини худро хароб кардаӣ

Ва мардуми худро куштаӣ.

Номи насли бадкоронро дигар ҳеҷ гоҳ ба забон намеоранд.

21 Барои писарони ӯ ба сабаби гуноҳи бобоёнашон

Ҷойи қатлро тайёр кунед,

То онҳо сар набардоранд, заминро зери даст накунанд

Ва дар саросари он шаҳрҳо насозанд».

22 «Ман бар зидди онҳо мебароям,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—

Ман ном, бақия, фарзандон ва насли онҳоро аз Бобил нест мекунам,+— мегӯяд Яҳува.—

23 Ман онро мулки ҷайра ва ботлоқзор месозам ва бо ҷорӯби ҳалокат мерӯбам»,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.

24 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин қасам хӯрдааст:

«Он чӣ ният кардам, ҳамон мешавад

Ва он чӣ қарор кардам, иҷро мегардад.

25 Ман ошуриро дар замини худ шикаст медиҳам

Ва ӯро дар кӯҳҳои худ поймол мекунам.+

Юғи* ӯро аз гардани онҳо

Ва бори ӯро аз дӯши онҳо дур месозам».+

26 Чунин аст қароре, ки бар зидди тамоми замин бароварда шудааст,

Ва чунин аст дасте, ки бар зидди тамоми халқҳо дароз шудааст*.

27 Охир, Яҳува, Худои лашкарҳо, ки қарор карда бошад,

Кӣ пеши роҳи ӯро гирифта метавонад?+

Ӯ ки дасташро дароз карда бошад,

Кӣ онро дур карда метавонад?+

28 Дар соле, ки шоҳ Оҳоз вафот кард,+ чунин паём расид:

29 «Эй аҳли Фалиштӣ, шод нашав,

Ки калтаки занандаат шикастааст.

Аз тухми* мор+ мори заҳрнок мебарояд+

Ва аз насли он — мори паррони оташафшон*.

30 Нахустзодагони мардуми бечора сер мешаванд

Ва камбағалон дар амонӣ мехобанд,

Аммо решаи туро бо гушнагӣ нобуд мекунам

Ва бақияи ту кушта мешавад.+

31 Нола кун, эй дарвоза! Фарёд зан, эй шаҳр!

Тамоми халқат дил бой медиҳад, эй замини Фалиштӣ!

Зеро аз шимол дуд меояд

Ва касе дар сафҳои душман ақиб намемонад».

32 Онҳо ба хабаррасонони халқ чӣ ҷавоб диҳанд?

Ҷавоб диҳанд, ки Яҳува таҳкурсии Сионро гузоштааст+

Ва бечорагони халқи ӯ дар он паноҳ меёбанд.

15 Паём бар зидди Мӯоб:+

Шаҳри Ор,+ Ори Мӯоб, хомӯш гаштааст,

Зеро он дар як шаб хароб шуд.

Қири+ Мӯоб хомӯш гаштааст,

Зеро он дар як шаб хароб шуд.

 2 Ӯ сӯйи бутхона ва Дибӯн,+

Сӯйи баландиҳо, баромадааст, то бигиряд.

Мӯоб бар Набӯ+ ва Мидбо+ нола мекунад.

Ҳама сарашро кал кардааст,+ ҳама ришашро тарошидааст.+

 3 Дар кӯчаҳои он мардум палос* пӯшидаанд.

Ҳамаашон бар бомҳо ва дар майдонҳо нола мекунанд,

Зор-зор гириста, поён меоянд.+

 4 Ҳешбӯн ва Элъоле+ фиғон мекашанд,

Овози онҳо то Ёҳас+ мерасад.

Барои ҳамин сарбозони Мӯоб фарёд мезананд.

Ҷони халқ ба ларза омадааст.

 5 Дили ман барои Мӯоб нолаю фиғон мекунад.

Гурезагони он то Сӯар+ ва Эҷлот-Илишиё+ гурехтаанд.

Онҳо гирён ба кӯтали Луҳит мебароянд,

Дар роҳи сӯйи Ҳуруноим аз фалокат фарёд мезананд.+

 6 Оби Нимрим хушк шудааст,

Марғзор беоб мондааст,

Алаф нест шудааст ва сабзае намондааст.

 7 Аз ин рӯ онҳо бақияи захираҳо ва сарвати худро бурда истодаанд,

Аз водии сафедорҳо гузашта истодаанд.

 8 Доду фарёд дар саросари Мӯоб+ садо медиҳад.

Овози нола то Эҷлоим мерасад,

Овози нола то Баир-Элим мерасад.

 9 Оби Димон пурхун шудааст,

Вале ман барои Димон боз балое меорам:

Ба гурезаҳои Мӯоб ва боқимондагони ин замин шер ҳамла меорад.+

16 Аз Селаъ бо роҳи биёбон

Ба кӯҳи духтари Сион,

Ба ҳокими сарзамин, қӯчқор бифиристед.

 2 Духтарони Мӯоб назди пастобҳои Арнӯн+

Чун парандае хоҳанд буд, ки аз лонааш ронда шудааст.+

 3 «Маслиҳат диҳед, қарорро амалӣ гардонед.

Бигзор сояи ту дар нисфирӯзӣ чун торикии шаб бошад.

Парокандагонро пинҳон намо ва гурезаҳоро таслим накун.

 4 Бигзор парокандагони ман дар миёни ту сокин бошанд, эй Мӯоб.

Барояшон аз дасти тороҷгар ниҳонгоҳе бош.+

Ситамгар мемирад,

Тороҷ ба охир мерасад

Ва касоне, ки дигаронро поймол мекарданд, аз рӯйи замин нест мешаванд.

 5 Он гоҳ тахт бар меҳру вафо устувор мегардад.

Нишинандаи тахти хаймаи Довуд боваринок аст,+

Ӯ аз рӯйи инсоф доварӣ мекунад ва адлро зуд ба амал меорад».+

 6 Мо дар бораи ғурури Мӯоб, ки ҳақиқатан хеле мағрур аст,+

Дар бораи ҳавобаландӣ, ғурур ва хашми ӯ, шунидаем,+

Вале манманию даҳанкалонии ӯ пуч аст.

 7 Аҳли Мӯоб ба ҳоли Мӯоб нола мекунад,

Ҳамаи онҳо нола хоҳанд кард.+

Онҳое, ки мағлуб шудаанд, ба ёди кулчаҳои мавизии Қир-Ҳаросет оҳу нола мекунанд,+

 8 Зеро киштзорҳои Ҳешбӯн+

Ва токҳои Сибмо+ хушк шудаанд,

Ҳокимони халқҳо шохаҳои суп-сурхи* онро таги по кардаанд.

Он шохаҳо то Яъзир+ расида буданд,

То биёбон паҳн шуда буданд.

Навдаҳои он сабзида, то баҳр расида буд.

 9 Аз ин сабаб ман барои токҳои Сибмо нола хоҳам кард, чуноне ки барои Яъзир мегирям.

Бо ашкҳои худ шуморо, эй Ҳешбӯн ва Элъоле, тар мекунам,+

Зеро нидоҳо дар мавсими меваҳои тобистон ва ғундоштани ҳосилатон ба охир расиданд*.

10 Хурсандиву сурур аз боғ рабуда шуд

Ва суруду нидоҳои шодӣ дар токзорҳо шунида намешавад.+

Дигар касе дар чархуштҳо ангурро пахш намекунад,

Зеро ман ба нидоҳо хотима бахшидам.+

11 Барои ҳамин ботинам барои Мӯоб

Ва вуҷудам барои Қир-Ҳаросет

Мисли торҳои чанг* нола мекунад.+

12 Мӯоб ҷон канда дар баландӣ ибодат кунад ва рафта, дар муқаддасгоҳаш дуо гӯяд ҳам, фоидае нахоҳад буд.+

13 Ин аст паёме, ки Яҳува пеш дар бораи Мӯоб гуфта буд. 14 Акнун бошад, Яҳува мегӯяд: «Дар миёни се сол, бо ҳисоби солҳои мардикор*, ҷалоли Мӯоб аз бесарусомонии зиёд ба хорӣ табдил меёбад ва бақияи халқаш хеле каму нотавон мешавад».+

17 Паём бар зидди Димишқ:+

«Инак, шаҳри Димишқ аз байн меравад,

Он ба харобазор табдил меёбад.+

 2 Шаҳрҳои Арӯэр+ тарк карда мешаванд.

Дар он ҷо рамаҳо хоҳанд хобид

Ва касе онҳоро нахоҳад тарсонид.

 3 Шаҳрҳои ҳисордори Эфроим+

Ва подшоҳии Димишқ+ нест мешаванд.

Боқимондагони Арам* мисли ҷалоли исроилиён аз байн мераванд,—

Мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—

 4 Дар он рӯз шукӯҳу бузургии Яъқуб кам мешавад

Ва тани сиҳаташ хароб мегардад*.

 5 Яъқуб мисли ғаллаи пасмондае мешавад,

Ки хӯшачинон пас аз дарав

Дар киштзори водии Рафоим+ мечинанд.

 6 Он мисли донаҳои пасмондаи зайтун мешавад,

Ки пас аз афшондани дарахт боқӣ мемонанд:

Дар сари шохаи баланди он фақат ду-се меваи пухта,

Дар навдаҳои борвари он фақат чор-панҷ мева мемонад»,+— мегӯяд Яҳува, Худои Исроил.

7 Дар он рӯз инсон сӯйи Офарандаи худ менигарад ва ба Худои Поки Исроил чашм медӯзад. 8 Кас ба қурбонгоҳҳо,+ ки амали дастони ӯянд,+ нигоҳ намекунад ва ба амали ангуштонаш, на ба Ашераҳову* на ба қурбонгоҳҳои бухурсӯзӣ, наменигарад.

 9 Дар он рӯз шаҳрҳои мустаҳками ӯ мисли вайронае дар ҷангалзор мешаванд,+

Мисли шохае, ки пеши исроилиён партофта шудааст.

Он ҷо ба харобазор табдил меёбад,

10 Зеро ту Худои наҷоти худро фаромӯш кардӣ,+

Кӯҳпора+ ва қалъаи худро ба хотир наовардӣ.

Аз ин сабаб ту боғҳои зебое бунёд кардӣ

Ва дар он қаламчаҳои бегонаро* шинондӣ.

11 Рӯзона гирдогирди боғатро девор мекашӣ,

Саҳаргоҳон донаҳои коштаатро месабзонӣ,

Аммо дар рӯзи беморӣ ва дарди бедаво ҳосили он барбод меравад.+

12 Ана, бесарусомонии мардумони зиёде,

Ки мисли баҳрҳо талотум мекунанд!

Ғиреви халқҳо ба гӯш мерасад —

Он мисли хурӯши обҳои азим аст!

13 Халқҳо мисли обҳои зиёд хоҳанд хурӯшид.

Ӯ онҳоро сарзаниш мекунад ва онҳо ба ҷойи дур мегурезанд,

Ҳамон тавре ки бод коҳрезаро аз болои кӯҳҳо мебарад,

Ҳамон тавре ки хори ғелон* бо тундбод бурда мешавад.

14 Бегоҳӣ онҳоро даҳшат фаро мегирад,

Ҳанӯз субҳ надамида беному нишон мешаванд.

Ин аст насибаи тороҷгарон

Ва ҳиссаи ғоратгарони мо.

18 Вой бар ҳоли замини пур аз садои болҳои ҳашарот,

Ки дар минтақаи дарёҳои Ҳабашистон+ аст!

 2 Он хабаррасононро бо роҳи баҳр,

Бо обҳо бар киштиҳои қамишӣ* фиристода, мегӯяд:

«Эй хабаррасонони тезрав,

Назди халқи қоматбаланду пӯсташ ҷилодор биравед,

Назди халқе, ки ҳамаро ба ҳарос меорад,+

Халқи боқуввату шикастоваре,

Ки заминашро дарёҳо мешӯянд».

 3 Эй ҳамаи сокинони замин, эй мардуми дунё!

Шумо чизеро мисли парчаме бар кӯҳҳо хоҳед дид

Ва садоеро мисли садои шох хоҳед шунид.

 4 Яҳува ба ман чунин гуфт:

«Мисли гармӣ ва дурахши офтоб,

Мисли абри шабнам дар гармои мавсими ғунучини ҳосил,

Ман ором хоҳам буд ва ба* макони худ нигоҳ хоҳам кард.

 5 Пеш аз ғундоштани ҳосил,

Вақте ток аз гул мебарояд ва ангур хӯша мебандад,

Навдаҳои токро бо каҷкорд* мебуранд

Ва танобакҳои онро бурида мепартоянд.

 6 Ҷасади ҳамаи онҳо барои парандагони соҳибчанголи кӯҳистон

Ва барои ҳайвоноти замин гузошта мешавад.

Парандагони соҳибчангол дар тобистон

Ва ҳамаи ҳайвоноти замин дар мавсими ғунучини ҳосил онҳоро мехӯранд.

 7 Он вақт халқи қоматбаланду пӯсташ ҷилодор,

Халқе, ки ҳамаро ба ҳарос меорад,

Халқи боқуввату шикастоваре,

Ки заминашро дарёҳо мешӯянд,

Ба ҷое ки номи Яҳува бар он аст, бар кӯҳи Сион,+

Ба Яҳува, Худои лашкарҳо, ҳадия меорад».

19 Паём бар зидди Миср:+

Инак, Яҳува бар абри тезрав ба Миср омада истодааст.

Худоёни бекораи Миср пеши ӯ ба ларза меоянд+

Ва дили Миср суст мешавад.

 2 «Ман мисриёнро бар зидди мисриён шӯр меандозам

Ва онҳо бо якдигар меҷанганд:

Ҳар яке бо бародар ва ёри худ,

Як шаҳр бо шаҳри дигар ва як подшоҳӣ бо подшоҳии дигар.

 3 Хотири Миср парешон мешавад

Ва ман нақшаҳои онро вайрон мекунам.+

Мисриён ба бутҳои бекораи худ,

Ба афсунгарон, пурсандагони арвоҳ ва фолбинон рӯ меоранд.+

 4 Ман Мисрро ба дасти ҳокими сахтгир месупорам

Ва подшоҳи золиме бар мардуми он ҳукмфармо мешавад»,+— мегӯяд Яҳува, Худованди лашкарҳо.

 5 Оби баҳр қоқ мешавад

Ва дарё хушку беоб мегардад.+

 6 Дарёҳо бадбӯй

Ва шохобҳои Нили Миср камобу хушк мешаванд.

Қамиш ва ғеша мепӯсад.+

 7 Растаниҳои лаби дарёи Нил, растаниҳои даҳонаи* он,

Ва тамоми киштзорҳои қад-қади Нил+ хушк мешаванд.+

Шамол онҳоро мебарад ва чизе боқӣ намемонад.

 8 Моҳигирон мотам мегиранд,

Касоне, ки ба Нил шаст меандозанд, нола мекунанд

Ва онҳое, ки ба обаш тӯр мепартоянд, кам мешаванд.

 9 Касоне, ки бо зағирпояи ғоздода сарукор доранд,+

Ва онҳое, ки дар дукон матои сафед мебофанд, шарманда мегарданд.

10 Бофандагонаш дилшикаста мешаванд

Ва ҳамаи мардикорон ғамгин мегарданд.

11 Мирони Сӯан+ аҳмақанд,

Маслиҳатгарони донотарини фиръавн маслиҳатҳои беақлона медиҳанд.+

Чӣ тавр шумо ба фиръавн мегӯед:

«Ман аз авлоди хирадмандонам,

Фарзанди подшоҳони қадимам»?

12 Куҷоянд хирадмандони шумо?+

Агар донанд, бигзор бигӯянд, ки Яҳува, Худои лашкарҳо, дар хусуси Миср чӣ қарор кардааст.

13 Мирони Сӯан аҳмақӣ карданд,

Мирони Нуф*+ фиреб хӯрданд,

Сарварони қабилаҳояш Мисрро гумроҳ намуданд.

14 Яҳува бар Миср рӯҳи парешониро рехтааст.+

Онҳо ӯро дар ҳар кораш гумроҳ кардаанд

Ва ӯ чун мастест, ки афтону хезон дар қайи худ роҳ меравад.

15 Миср, на сару дум ва на навдаву ғешааш*,

Коре карда наметавонад.

16 Дар он рӯз Миср мисли занон мешавад, зеро аз тарси дасте, ки Яҳува, Худои лашкарҳо, бар ӯ бардоштааст, ба ларза меояд. + 17 Замини Яҳудо Мисрро ба даҳшат меорад. Онҳо аз шунидани номи он ба тарсу ваҳм меафтанд, зеро Яҳува, Худои лашкарҳо, бар зидди онҳо қарор кардааст.+

18 Дар он рӯз панҷ шаҳри замини Миср бо забони Канъон гап мезананд+ ва ба Яҳува, Худои лашкарҳо, савганди вафо ёд мекунанд. Яке аз он шаҳрҳо «Шаҳри харобӣ» номида хоҳад шуд.

19 Он рӯз дар миёнаҷойи замини Миср қурбонгоҳе барои Яҳува ва дар сарҳади он сутуне барои Яҳува гузошта мешавад. 20 Он дар замини Миср барои Яҳува, Худои лашкарҳо, аломат ва шоҳид хоҳад буд, зеро мардум аз дасти ситамгарон сӯйи Яҳува фарёд хоҳанд кард ва ӯ барояшон халосгари бузургеро хоҳад фиристод, ки онҳоро наҷот медиҳад. 21 Он вақт Яҳува худро ба мисриён ошкор мекунад ва мисриён дар он рӯз Яҳуваро мешиносанд. Онҳо ба ӯ қурбониҳову ҳадияҳо пешкаш мекунанд ва ба Яҳува назр карда*, онро ба ҷо меоранд. 22 Яҳува Мисрро зарба мезанад,+ зарба мезанаду шифо медиҳад. Он гоҳ мардум сӯйи Яҳува бармегардад, ӯ зориҳояшонро шунида, онҳоро шифо мебахшад.

23 Дар он рӯз аз Миср сӯйи Ошур шоҳроҳе+ хоҳад буд. Он гоҳ Ошур ба Миср меояду Миср ба Ошур меравад ва Миср ҳамроҳи Ошур ба Худо хизмат мекунад. 24 Дар он рӯз Исроил ба Мисру Ошур ҳамроҳ мешавад+ ва баракати рӯйи замин мегардад, 25 зеро Яҳува, Худои лашкарҳо, онҳоро баракат дода мегӯяд: «Барака ёбад халқи ман — Миср, амали дастони ман — Ошур, ва мероси ман — Исроил».+

20 Дар соле, ки Сарҷуни шоҳи Ошур тартонро* ба Ашдӯд+ фиристод, ӯ бо Ашдӯд ҷангида, онро забт кард.+ 2 Дар он вақт Яҳува ба Ишаъёи+ писари Омӯс паём фиристода гуфт: «Бирав, палосро* аз миёнат бигир ва попӯшатро аз пойҳоят бикаш». Ишаъё чунин кард ва бараҳнаву* пойлуч гашт.

3 Баъд Яҳува гуфт: «Чуноне ки бандаам Ишаъё се сол бараҳнаву пойлуч гашт, то аломат+ ва пешгӯйие бар зидди Миср+ ва Ҳабашистон+ бошад, 4 ҳамон тавр шоҳи Ошур асирони Миср+ ва Ҳабашистон, пиру ҷавонро, бараҳна ва пойлучу кунлуч мебарад ва расвои Мисрро мебарорад. 5 Онҳо аз ҳоли Ҳабашистон, ки умеди онҳост, ва Миср, ки ифтихорашон аст*, ба даҳшат меоянд ва шарм медоранд. 6 Дар он рӯз сокинони ин соҳил мегӯянд: “Бинед, ки бо умеди мо, ки аз вай мадад меҷустем, то моро аз шоҳи Ошур паноҳ диҳад, чӣ шуд! Акнун чӣ тавр халосӣ ёбем?”»

21 Паём бар зидди биёбоне, ки мисли баҳр аст*:+

Аз биёбон, аз замини даҳшатангезе, фалокат меояд,+

Он монанди тундбодҳоест, ки дар ҷануб мевазанд.

 2 Рӯъёи воҳиманоке ба ман дода шуд:

Хиёнаткор хиёнат мекунад

Ва тороҷгар тороҷ мекунад.

Бархез, эй Элом! Муҳосира намо, эй Модай!+

Ман ба тамоми ситамҳои вай* хотима мебахшам.+

 3 Аз ин рӯ дар азоби сахтам*.+

Дард маро фаро гирифтааст,

Чуноне ки занро дарди зоиш мегирад.

Беҳад ғамзадаам ва тоби шунидани гаперо надорам,

Бениҳоят парешонам ва тоқати дидани чизеро надорам.

 4 Дилам суст шуд, ба тарсу ларз афтодаам.

Шоме, ки интизораш будам, маро ба ҳарос меорад.

 5 Мизро биороед, ҷойҳои нишастро тайёр кунед!

Бихӯред ва бинӯшед!+

Бархезед, эй мирон, сипарро равған кунед!

 6 Зеро Яҳува ба ман чунин гуфт:

«Бирав, дидбоне бимон, то ҳар чиро дид, хабар диҳад».

 7 Ӯ аробаи ҷангиро бо ҷуфти асп,

Аробаи ҷангиро бо харон,

Аробаи ҷангиро бо шутурон дид.

Ӯ бодиққат, бо тамоми диққат, нигарист

 8 Ва мисли шер наъра зада гуфт:

«Эй Яҳува, рӯзона доимо бар бурҷи* дидбонӣ меистам

Ва ҳар шаб дар посгоҳи худ ҳастам.+

 9 Ана, бубинед:

Саворон бар аробае бо ҷуфти асп омада истодаанд!»+

Сипас ӯ фарёд зада гуфт:

«Фурӯ ғалтид! Бобил фурӯ ғалтид!+

Тамоми бутҳои худоёнаш ба замин зада шикаста шуданд!»+

10 Эй халқи кӯфташудаи ман,

Эй ғаллаи* хирмангоҳам,+

Он чиро аз Яҳува, Худои лашкарҳо, аз Худои Исроил, шунидам, ба ту хабар додам.

11 Паём бар зидди Думо*:

Касе аз Сеир+ сӯйи ман фарёд мезанад:

«Эй дидбон! Кадом вақти шаб аст?

Бигӯ, эй дидбон! Кадом вақти шаб аст?»

12 Дидбон гуфт:

«Қарибии саҳар аст, вале шаб боз меояд.

Агар боз пурсиданӣ бошед, бипурсед.

Бори дигар биёед».

13 Паём бар зидди дашт:

Эй корвонҳои Дадон,+

Дар ҷангалзори дашт шабро рӯз хоҳед кард.

14 Ба пешвози ташна баромада, об биёред

Ва ба гуреза нон оред,

Эй сокинони замини Темо,+

15 Зеро онҳо аз шамшерҳо, аз шамшери бараҳна,

Аз камони кашида ва аз ҷанги бераҳмона гурехтаанд.

16 Яҳува ба ман чунин гуфт: «Дар миёни як сол, бо ҳисоби солҳои мардикор*, тамоми ҷалоли Қедор+ аз байн меравад. 17 Аз ҷанговарони камонвари Қедор бақияи каме мемонад, зеро Яҳува, Худои Исроил, чунин гуфтааст».

22 Паём дар бораи водии Рӯъё*:+

Бо ту чӣ шуд ки, мардумат ба бомҳо баромадааст?

 2 Ту шаҳри пурҷӯшу хурӯш ва хушҳол будӣ.

Мурдагони ту аз дами шамшер намурдаанд

Ва дар ҷанг нобуд нашудаанд.+

 3 Ҳамаи ҳокимони золимат якҷоя гурехтаанд.+

Онҳо бе камон асир гардидаанд.

Ҳар кӣ ёфт шуд, асир гашт,+

Ҳарчанд ба ҷойи дур гурехта буд.

 4 Аз ин рӯ гуфтам: «Ба ман нигоҳ накунед

Ва маро дилбардорӣ нанамоед.

Монед, ки бар нобудии духтарам — халқам, зор-зор бигирям,+

 5 Зеро бар водии Рӯъё

Аз ҷониби Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо,

Рӯзи парешонӣ, шикаст ва воҳима омадааст.+

Ҳисорро вайрон мекунанд+

Ва фарёди онҳо дар кӯҳ садо медиҳад.

 6 Элом+ тирдонро мегирад

Ва бо аробасаворону аспҳо* меояд,

Қир+ рӯпӯши сипарашро мебардорад*.

 7 Водиҳои беҳтарини ту

Пур аз аробаҳои ҷангӣ мешаванд

Ва аспҳо* дар назди дарвозаат саф мекашанд,

 8 Пардаи ҳимояи Яҳудоро дур мекунанд.

Дар он рӯз ту ба аслиҳаи хонаи Ҷангал+ рӯ меорӣ. 9 Шумо рахнаҳои зиёди Шаҳри Довудро мебинед+ ва дар ҳавзи+ поён об захира мекунед. 10 Хонаҳои Ерусалимро ба ҳисоб меоред ва хонаҳоро чаппа намуда, деворро мустаҳкам мекунед. 11 Барои оби ҳавзи куҳна байни ду девор обанборе месозед, аммо ба Худои бузурге, ки инро ба амал меорад, рӯ намеоред ва Худоро, ки инро аз қадим муайян намудааст, намебинед.

12 Дар он рӯз Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо,

Шуморо даъват мекунад, ки гиря кунеду мотам гиред,+

Сар тарошеду палос* пӯшед.

13 Вале шумо базму шодӣ мекунед,

Гов мекушед ва гӯсфандро сар мебуред,

Гӯшт мехӯреду шароб менӯшед+ ва мегӯед:

“Биёед бихӯрему бинӯшем, ки пагоҳ мемурем”».+

14 Яҳува, Худои лашкарҳо, ба ман гуфт: «“То даме ки намиред, ин гуноҳи шумо рӯпӯш намешавад”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо».

15 Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: «Ба назди ин сардор, ба назди Шебнои+ вазири дарбор, рафта, бигӯ: 16 “Кӣ ба ту ҳақ додааст ва дар ин ҷо кӣ дорӣ ки, барои худ дар ин макон қабр кандаӣ?” Вай барои худ дар баландӣ қабр меканад ва дар кӯҳ оромгоҳ месозад. 17 “Инак, эй инсон, Яҳува туро бошиддат ба замин мепартояд ва қапида, фишор медиҳад. 18 Ӯ туро сахт мепечонад ва мисли тӯбе ба саҳрои васеъ ҳаво медиҳад. Ту дар он ҷо мемурӣ ва аробаҳои бодабдабаат он ҷо монда сабаби шармандагии хонадони хӯҷаинат мешаванд. 19 Ман туро аз мартабаат меронам ва аз вазифаат мегирам.

20 Дар он рӯз ман бандаам Элёқими+ писари Ҳилқиёҳуро даъват мекунам 21 ва куртаи туро ба ӯ мепӯшонам, миёнбанди туро ба миёни ӯ маҳкам мебандам+ ва қудрати туро ба дасти ӯ месупорам. Ӯ барои сокинони Ерусалиму хонадони Яҳудо падар мешавад 22 ва ман калиди хонадони Довудро+ бар дӯши ӯ мегузорам. Чизеро, ки ӯ кушояд, касе маҳкам нахоҳад кард ва чизеро, ки ӯ маҳкам кунад, касе нахоҳад кушод. 23 Ман ӯро чун мех ба ҷойи мустаҳкаме мезанам ва ӯ барои хонадони падараш тахти ҷалол мешавад. 24 Тамоми ҷалоли хонадони падараш, тамоми авлодаш, ҳамаи зарфҳои хурд, косаҳо ва ҳамчунин тамоми кӯзаҳои калонро, бар ӯ меовезанд.

25 Дар он рӯз,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо,— мехе, ки ба ҷойи мустаҳкам зада шуда буд, аз ҷояш гирифта мешавад,+ он бурида мешавад ва меафтад, ва боре, ки бар он овезон буд, афтода мешиканад, зеро худи Яҳува чунин гуфтааст”».

23 Паём дар бораи Сӯр:+

Нола кунед, эй киштиҳои Таршиш!+

Зеро бандар нобуд шудааст ва ба он даромада намешавад —

Ин дар замини Киттим+ ошкор шудааст.

 2 Хомӯш бошед, эй сокинони соҳил.

Савдогарони Сидӯн,+ ки баҳрро тай мекунанд, шуморо аз сарват пур кардаанд.

 3 Ғаллаи Шиҳӯр*,+ ҳосили Нил, обҳои зиёдро гузашта, меомад.

Сӯр даромад ба даст меовард

Ва халқҳо аз ин фоида мегирифтанд.+

 4 Шарм дор, эй Сидӯн, эй қалъаи баҳр,

Зеро баҳр чунин гуфтааст:

«Дарди зоиш накашидаам ва таваллуд накардаам,

Ҷавононро калон накардаам ва духтаронро ба воя нарасондаам».+

 5 Мардум аз шунидани хабари Сӯр

Чун аз шунидани хабари Миср+ дар азоб хоҳад буд.+

 6 Аз баҳр гузашта, ба Таршиш равона шавед,

Нола кунед, эй сокинони соҳил!

 7 Оё ҳамин аст он шаҳри шумо, ки аз қадим, аз давраи ҷавонияш, хушҳолӣ мекард?

Пойҳояш ӯро ба ҷойҳои дур мебурданд, то дар он ҷо сокин шавад.

 8 Кӣ бар зидди Сӯри тоҷгузор,

Ки савдогаронаш мир

Ва тоҷиронаш дар дунё обрӯманд буданд,

Чунин қарор кардааст?+

 9 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин қарор кардааст,

То ба фахре, ки ӯ аз зебоияш дорад, хотима бахшад

Ва ҳамаи обрӯмандони дунёро сархам кунад.+

10 Мисли дарёи Нил аз соҳилҳои худ баро, эй духтари Таршиш.

Бандаре боқӣ намондааст.+

11 Ӯ дасти худро бар баҳр дароз кардааст,

Подшоҳиҳоро ба ларза овардааст.

Яҳува фармудааст, ки қалъаҳои Финиқияро хароб созанд.+

12 Ӯ чунин мегӯяд: «Ту дигар шодӣ намекунӣ,+

Эй ҷафодида, эй духтари бокираи Сидӯн.

Бархез, аз баҳр гузашта, ба Киттим+ бирав,

Вале дар он ҷо низ ту оромӣ намеёбӣ».

13 Ба замини калдониён+ нигаред.

Калдониён, на Ошур,+ ӯро* макони ҷонварони биёбон гардондаанд,

Барои муҳосираи ӯ бурҷҳо* сохтаанд,

Қалъаҳояшро ба хок яксон кардаанд+

Ва ӯро ба харобазор табдил додаанд.

14 Нола кунед, эй киштиҳои Таршиш,

Зеро қалъаи шумо хароб гаштааст.+

15 Дар он рӯз Сӯрро ба муддати 70 сол, ба андозаи рӯзҳои як подшоҳ, фаромӯш мекунанд.+ Бо гузашти 70 сол Сӯр мисли фоҳишае мешавад, ки дар борааш чунин месароянд:

16 «Эй фоҳишаи фаромӯшшуда, чангро гирифта, шаҳрро давр бизан.

Моҳирона чанг бинавоз,

Суруди бисёре бихон,

То ки туро ба ёд оранд».

17 Дар поёни 70 сол Яҳува ба Сӯр назар мекунад ва вай боз танфурӯшӣ карда аз тамоми мамлакатҳои рӯйи замин музд мегирад, 18 вале фоидаву музди ӯ барои Яҳува чизи муқаддас мешавад. Сӯр муздашро ҷамъ намеорад ва захира намекунад, зеро он насиби касоне мешавад, ки пеши Яҳува умр ба сар мебаранд, то ки онҳо ба серӣ бихӯранд ва либосҳои зебо бипӯшанд.+

24 Яҳува ин заминро холиву беодам месозад.+

Ӯ онро чаппа мекунаду*+ сокинонашро пароканда менамояд,+

 2 Бо ҳама чунин хоҳад шуд:

Ҳам бо мардуму ҳам бо коҳин,

Ҳам бо ғулому ҳам бо хӯҷаинаш,

Ҳам бо канизу ҳам бо хонумаш,

Ҳам бо харидору ҳам бо фурӯшанда,

Ҳам бо қарзхоҳу ҳам бо қарздор,

Ҳам бо судхӯру ҳам бо суддиҳанда.+

 3 Ин замин хоп-холӣ мешавад,

Онро пурра тороҷ мекунанд,+

Зеро инро Яҳува гуфтааст.

 4 Замин мотам гирифтааст*,+ он хароб гаштааст.

Замини ҳосилхез пажмурдаву бесамар шудааст.

Олимақомони ин замин хушк гаштаанд.

 5 Сокинони замин онро нопок сохтаанд,+

Зеро қонунҳоро таги по карданд,+

Дастурро тағйир доданд+

Ва аҳди бардавомро* шикастанд.+

 6 Аз ин рӯ лаънат заминро фурӯ бурдааст+

Ва сокинонаш айбдор дониста шудаанд.

Аз ин рӯ бошандагони ин замин кам шудаанд,

Фақат андаке аз онҳо боқӣ мондааст.+

 7 Шароби нав мотам гирифтааст*, ток хушкидааст,+

Ҳамаи шоддилон оҳ мекашанд.+

 8 Шодии дафҳо аз байн рафтааст,

Ғавғои айшпарастон хомӯш гаштааст,

Хушҳолии чанг хотима ёфтааст.+

 9 Онҳо бе суруд шароб менӯшанд,

Арақ дар даҳони нӯшандагонаш талх аст.

10 Шаҳр холиву валангор шудааст,+

Ҳар хона баста аст ва касе аз дар намедарояд.

11 Онҳо дар кӯчаҳо барои шароб фарёд мезананд.

Шодию сурур нопадид шудааст,

Хурсандӣ ин заминро тарк кардааст.+

12 Шаҳр харобазор гаштааст,

Дарвоза шикаста пора-пора шудааст.+

13 Ҳоли замини байни халқҳо

Чун дарахти афшондаи зайтун,+

Чун пасмондае аз ҳосили токзор мешавад.+

14 Онҳо овози худро баланд хоҳанд кард,

Хурсандона фарёд хоҳанд зад,

Аз баҳр* шукӯҳи Яҳуваро эълон хоҳанд кард.+

15 Онҳо Яҳуваро дар кишвари рӯшноӣ*,+

Номи Яҳува, Худои Исроилро, дар ҷазираҳои баҳр ҷалол хоҳанд дод.+

16 Аз канори замин садои суруд ба гӯшамон мерасад:

«Худои росткорро ҷалол* бод!»+

Вале ман мегӯям: «Аз ғам обу адо шудаам! Обу адо шудаам!

Эй вой бар ман! Хиёнаткорон хиёнат мекунанд,

Хоинон хиёнаткорона хиёнат мекунанд».+

17 Даҳшат ва чоҳу домҳо туро дар пешанд, эй сокини замин.+

18 Ҳар кӣ аз садои даҳшат бигрезад, ба чоҳ меғалтад

Ва ҳар кӣ аз чоҳ барояд, ба дом меафтад.+

Равзанаҳои* осмон кушода мешаванд

Ва асосҳои замин ба ларза меоянд.

19 Замин пора мешавад,

Замин такон мехӯрад,

Замин сахт меҷунбад.+

20 Ин замин мисли маст мекалавад

Ва мисли хаскаппа аз шамол алвонҷ мехӯрад.

Гуноҳаш бар он чун бори гарон аст,+

Он меғалтад ва дигар намехезад.

21 Дар он рӯз Яҳува ба лашкари боло

Ва подшоҳони рӯйи замин назар меандозад.

22 Ӯ онҳоро ҷамъ меорад,

Чуноне ки бандиёнро дар чоҳ ҷамъ меоранд,

Дар зиндон маҳкам мекунад

Ва пас аз рӯзҳои зиёд ба онҳо назар меафканад.

23 Моҳи пурра хиҷил мешавад

Ва офтоби дурахшон шарм медорад,+

Зеро Яҳува, Худои лашкарҳо, дар кӯҳи Сион+ ва дар Ерусалим Подшоҳ+ шудааст

Ва пеши пирони халқи худ ҷалол ёфтааст.+

25 Эй Яҳува, ту Худои ман ҳастӣ.

Туро болобардор мекунам, номи туро ситоиш менамоям,

Зеро аз рӯйи вафову+ ростқавлӣ

Корҳои аҷоиб кардаӣ,+

Корҳоеро, ки аз қадим карданӣ будӣ.+

 2 Ту шаҳрро ба сангтӯдае,

Шаҳри ҳисордорро ба харобазоре табдил додаӣ.

Қалъаи бегона дигар шаҳр нест,

Он ҳаргиз аз нав бино намешавад.

 3 Аз ин рӯ мардуми пурзӯр туро ҷалол хоҳад дод,

Шаҳри халқҳои ситамгар аз ту тарсон хоҳад шуд.+

 4 Ту қалъае барои бечора,

Қалъае барои камбағал дар азобҳояш,+

Паноҳгоҳе аз борони сел

Ва сояе аз гармо шудаӣ.+

Нафаси золимон мисли борони селест, ки бар девор фурӯ мерезад,

 5 Мисли гармоест дар замини хушк,

Вале ту талотуми бегонагонро фурӯ менишонӣ.

Чуноне ки гармо аз сояи абр паст мешавад,

Ончунон суруди золимон хомӯш мешавад.

 6 Яҳува, Худои лашкарҳо, бар ин кӯҳ+ барои ҳамаи халқҳо

Аз хӯрокиҳои серравған,+

Аз шароби куҳна*,

Аз хӯрданиҳои равғанини пур аз мағзи устухон,

Аз шароби куҳнаи полуда базме меорояд.

 7 Ӯ аз ин кӯҳ пардаеро, ки ҳамаи қавмҳоро печонидааст,

Ва рӯпӯшеро, ки ҳамаи халқҳоро пӯшонидааст, дур месозад.

 8 Ӯ маргро абадан нест мекунад*,+

Парвардигор Яҳува ашки бари рӯйи ҳамаи одамонро тоза мекунад,+

Шармандагии халқашро дар саросари замин пок месозад,

Зеро худи Яҳува чунин гуфтааст.

 9 Дар он рӯз онҳо мегӯянд:

«Ана, Худои мо!+

Мо ба ӯ умед бастем+

Ва ӯ моро наҷот медиҳад.+

Ин аст Яҳува!

Мо ба ӯ умед бастаем.

Биёед аз наҷоте, ки ӯ мебахшад, шодию хурсандӣ кунем»,+

10 Зеро дасти Яҳува бар ин кӯҳ қарор мегирад+

Ва Мӯоб дар ҷояш поймол мешавад,+

Чуноне ки коҳро ба саргин андохта, поймол мекунанд.

11 Ӯ дастонашро дароз карда Мӯобро шапалоқ мезанад,

Чуноне ки шиновар бо дастонаш обро зада шино мекунад,

Ва ҳавобаландии+ онро

Бо чобукии дастонаш паст мекунад.

12 Ӯ шаҳри мустаҳкамро бо ҳисорҳои баландат валангор мекунад,

Онро зарба зада, ба замин, ба хок, яксон месозад.

26 Дар он рӯз дар замини Яҳудо+ чунин месароянд:+

«Шаҳри мо мустаҳкам аст.+

Наҷоти ӯ* мисли ҳисору хокрезҳои* он аст.+

 2 Дарвозаҳоро кушоед,+ то халқи росткор дарояд,

Халқе, ки содиқона рафтор менамояд.

 3 Ту касонеро, ки бо тамоми дил ба ту такя мекунанд, муҳофизат мекунӣ

Ва ба онҳо сулҳи пойдор медиҳӣ,+

Зеро онҳо ба ту таваккал мекунанд.+

 4 То абад ба Яҳува таваккал кунед,+

Зеро Ёҳ*, Яҳува, Кӯҳпораи+ ҷовидонист.

 5 Ӯ сокинони баландӣ, шаҳри олимақомро, фурӯ ғалтондааст.

Ӯ онро ба зер, ба замин, партофтааст, ба хок яксон кардааст.

 6 Пойҳои азобдидагон, кафи пойи бечорагон,

Онро поймол хоҳад кард».

 7 Роҳи росткор рост* аст.

Ту роҳи росткорро ҳамвор мекунӣ,

Зеро ту росткор ҳастӣ.

 8 Мо бо роҳи фармудаи ту равонаем, эй Яҳува,

Ва ба ту умед бастаем.

Ҷони мо пазмони номи ту ва зикри туст.

 9 Шабона бо тамоми ҷонам муштоқи туям,

Рӯҳи ман ҷӯёи туст,+

Зеро, вақте ки дар замин ҳукмҳои ту ба амал меоянд,

Сокинони он росткориро ёд мегиранд.+

10 Ҳатто агар ба бадкор раҳм намоянд,

Ӯ росткориро ёд намегирад.+

Ӯ дар замини росткорон ҳам бадӣ мекунад+

Ва шукӯҳи Яҳуваро намебинад.+

11 Эй Яҳува, дасти ту бардошта шудааст, аммо онҳо намебинанд.+

Ғайрати туро нисбати халқат дида, онҳо хиҷил мешаванд.

Оташи ту душманонатро фурӯ мебарад.

12 Эй Яҳува, ту ба мо осоиштагӣ мебахшӣ,+

Зеро тамоми корҳоямонро барои мо ту ба амал овардаӣ.

13 Эй Яҳува, Худои мо, ғайр аз ту ҳокимони дигар низ бар мо ҳукмфармоӣ карданд,+

Вале фақат номи ту вирди забони мост.+

14 Онҳо мурдаанд ва дигар зинда нестанд.

Онҳо мурдаанду бемаҷол гаштаанд ва барнамехезанд,+

Зеро ту ба онҳо назар андохтӣ,

То ки нобуд кунӣ ва ҳатто зикрашонро аз байн бибарӣ.

15 Ту ин халқро афзун намудаӣ, эй Яҳува,

Ту онро афзун намудаӣ

Ва худро ҷалол додаӣ.+

Ту ҳудудҳои ин заминро бениҳоят васеъ кардаӣ.+

16 Эй Яҳува, онҳо дар тангӣ ба ту рӯ оварданд,

Вақте онҳоро танбеҳ додӣ, паст-паст зориву илтиҷо карданд.+

17 Эй Яҳува, ту моро мисли зани ҳомилае кардаӣ,

Ки вақти зоиданаш расидааст

Ва дард мекашаду фарёд мезанад.

18 Мо ҳомиладор будем, дарди зоиш кашидем,

Аммо гӯё бодро ба дунё овардем.

Мо ба замин наҷот наовардем

Ва касеро назодем, ки бар замин сокин шавад.

19 «Мурдагони ман зинда мешаванд,

Ҷасадҳои халқи ман бармехезанд.+

Эй сокинони хок,+

Бедор шаведу хурсандӣ кунед!

Зеро шабнами ту мисли шабнами саҳарӣ аст*

Ва замин мурдагони бемаҷолро ба ҳаёт бармегардонад.

20 Эй халқи ман, ба ҳуҷраҳои даруният даро

Ва дарро аз пасат маҳкам кун.+

Лаҳзае пинҳон шав,

То даме ки хашми ӯ бигзарад.+

21 Инак, Яҳува аз макони худ берун меояд,

То сокинони заминро барои гуноҳашон ҷазо диҳад.

Замин хунрезиҳоро ошкор месозад

Ва куштагонро дигар пинҳон намекунад».

27 Дар он рӯз Яҳува бо шамшери тез, калон ва мустаҳкам+

Сӯйи ҷонвари баҳрӣ* — мори лағжон,

Сӯйи ҷонвари баҳрӣ — мори печон, назар мекунад

Ва ин ҷонвари бадҳайбати баҳрро мекушад.

 2 Дар он рӯз ба он зан* чунин бисароед:

«Эй токзоре, ки шаробат ҷӯш мезанад!+

 3 Ман, Яҳува, ӯро нигаҳбонӣ мекунам,+

Ҳар лаҳза ба ӯ об медиҳам.+

Ман ӯро шабу рӯз нигаҳбонӣ мекунам,

То касе ба ӯ зарар нарасонад.+

 4 Ман аз ӯ дарғазаб нестам.+

Агар касе бо хору хас ба ҷанги ман барояд,

Ман онро поймол мекунаму оташ мезанам.

 5 Ба ҷойи ин, бигзор чунин кас дар қалъаи ман паноҳ барад.

Бигзор бо ман сулҳ бандад,

Бигзор сулҳ бандад».

 6 Дар рӯзҳои оянда Яъқуб реша медавонад,

Исроил мешукуфад, навда мезанад+

Ва заминро аз ҳосилаш пур мекунад.+

 7 Чӣ лозим аст, ки зананда бо зарбаи сахт ӯро бизанад

Ё ӯ бо марги куштагонаш бимирад?

 8 Вақте ӯро пеш кунӣ, бо овози тарсовар ӯро сарзаниш мекунӣ.

Дар рӯзи боди шарқӣ ӯ вайро бо дами пуршиддат меронад.+

 9 Хатои Яъқуб ин тавр рӯпӯш мешавад+

Ва, вақте гуноҳашро дур созад, ӯ чунин самар хоҳад овард:

Ӯ тамоми сангҳои қурбонгоҳро

Мисли бӯре, ки хока шудааст, гард-гард мекунад

Ва ягон Ашера* ё қурбонгоҳи бухурсӯзиро боқӣ намемонад.+

10 Шаҳри ҳисордор тарк мегардад,

Чарогоҳҳо партофта мешаванд ва мисли биёбон холӣ мемонанд.+

Дар он ҷо гӯсола мечараду мехобад

Ва шохаҳои ӯро мехӯрад.+

11 Вақте шохаҳои ӯ хушк шаванд,

Занон омада, онҳоро мешикананд ва аловӣ мекунанд,

Зеро ин халқ ақлу фаҳм надорад.+

Аз ин рӯ Офарандаи онҳо ба ҳолашон раҳме намекунад

Ва Ҳасткунандаашон ба онҳо дилсӯзӣ наменамояд.+

12 Дар он рӯз Яҳува аз дарёи бузурги* равон то водии Миср+ меваҳоро зада меафшонад ва шумо, эй халқи Исроил, пайи ҳам ҷамъ оварда мешавед.+ 13 Дар он рӯз шохи азиме навохта мешавад+ ва онҳое, ки дар замини Ошур+ дар дами марганд ва дар замини Миср+ парокандаанд, омада, дар Ерусалим, дар кӯҳи муқаддас, ба Яҳува саҷда мебаранд.+

28 Вой бар тоҷи* ғурури майзадагони Эфроим,+

Бар гули пажмурдаи зебоии бошукӯҳи он,

Ки бар сари водии ҳосилхези мастон аст!

 2 Ана, Яҳува каси пурзӯру тавоное дорад,

Ки мисли раъду сели жола, мисли тундбоди ҳалокатовар,

Мисли тӯфони азими селобҳо

Онро бо тамоми қувват ба замин мезанад.

 3 Тоҷи ғурури майзадагони Эфроим таги по мешавад.+

 4 Гули пажмурдаи зебоии бошукӯҳи он,

Ки бар сари водии ҳосилхез аст,

Мисли анҷири пешпазаки пеш аз тобистон мешавад:

Ҳамин ки кас онро бинад, канда, фурӯ мебарад.

5 Дар он рӯз Яҳува, Худои лашкарҳо, барои бақияи халқаш+ тоҷи бошукӯҳ ва гулчанбари зебое мешавад. 6 Ӯ барои касе, ки бар курсии доварӣ менишинад, рӯҳи адлу инсоф ва барои касоне, ки ҳамлаи пеши дарвозаро мегардонанд, манбаи қувват мешавад.+

 7 Коҳин ва пайғамбар низ аз пушти шароб раҳгум задаанд,

Аз арақ мекалаванд.

Онҳо аз пушти арақ раҳгум задаанд,

Шароб онҳоро саргаранг кардааст

Ва онҳо аз арақ мекалаванд.

Рӯъёяшон онҳоро гумроҳ месозад

Ва онҳо ҳангоми доварӣ пешпо мехӯранд.+

 8 Дастархонҳояшон пур аз қай аст,

Ҷойи тозае намондааст.

 9 Онҳо мегӯянд: «Вай донишро ба кӣ меомӯзад

Ва пайғомро ба кӣ мефаҳмонад?

Оё ба онҳое, ки нав аз шир бароварда шудаанд?

Ба онҳое, ки нав аз сина ҷудо шудаанд?

10 Зеро суханонаш “фармон пайи фармон, фармон пайи фармон,

Ресмон* пайи ресмон, ресмон пайи ресмон,+

Каме ин ҷо, каме он ҷо” аст».

11 Барои ҳамин ӯ ба ин халқ бо даҳони онҳое, ки забонашон мегирад ва лафзашон бегона аст, гап мезанад.+ 12 Ӯ ба онҳо гуфта буд: «Ин аст ҷойи роҳат. Бигзор хаста ин ҷо дам гирад. Ин аст ҷойи тароват», вале онҳо гӯш надоданд.+ 13 Пас, каломи Яҳува ба онҳо чунин хоҳад буд:

«Фармон пайи фармон, фармон пайи фармон,

Ресмон* пайи ресмон, ресмон пайи ресмон,+

Каме ин ҷо, каме он ҷо»,

То, вақте роҳ раванд,

Пешпо хӯрда, пуштнокӣ биафтанд,

Шикаст хӯранд, ба дом афтанд ва дастгир шаванд.+

14 Пас, каломи Яҳуваро бишнавед, эй даҳанкалонон,

Эй ҳокимони мардум, ки дар Ерусалимед!

15 Шумо мегӯед:

«Мо бо марг аҳд бастем+

Ва бо гӯр паймон кардем*.

Вақте ки сели тези пурталотум биёяд,

То ба мо намерасад,

Чунки дурӯғро паноҳгоҳи худ сохтаем

Ва дар фиреб пинҳон шудаем».+

16 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:

«Ман дар Сион санги озмударо пойдевор мекунам,+

Санги пурарзиши гӯшаи биноро+ бунёди мустаҳкам месозам.+

Ҳар кӣ ба он имон орад, ба воҳима намеафтад.+

17 Ман инсофро ресмони андозагирӣ+

Ва росткориро обтарозу* месозам.+

Жола паноҳгоҳи дурӯғатонро шуста мебарад

Ва селоб ниҳонгоҳатонро зер мекунад.

18 Аҳди шумо бо марг шикаста мешавад,

Паймони шумо бо гӯр поянда намемонад.+

Вақте ки сели тези пурталотум биёяд,

Шуморо зер мекунад.

19 Ҳар боре ки он ояд,

Шуморо шуста мебарад,+

Зеро он ҳар саҳар

Ва рӯзонаю шабона меояд.

Онҳо ба чизи шунидаашон танҳо аз тарсу ваҳм сарфаҳм мераванд*».

20 Ҷойгаҳ барои дароз кашидан кӯтоҳӣ

Ва болопӯш барои печондан тангӣ мекунад.

21 Яҳува чун дар кӯҳи Фаросим бармехезад,

Чун дар водии назди Ҷибъӯн қомат рост мекунад,+

То амали худ, амали аҷоиби худро, ба ҷо орад

Ва кори худ, кори ғароиби худро, анҷом диҳад.+

22 Пас, масхара накунед,+

То бандҳои шуморо сахттар набанданд,

Зеро ман аз Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо, шунидам, ки

Бо амри ӯ тамоми ин замин несту нобуд мешавад.+

23 Гӯш диҳед ва овози маро бишнавед,

Диққат диҳед ва суханони маро бишнавед.

24 Магар ҷуфтгар пеш аз кишт тамоми рӯз шудгор мекунад?

Магар ӯ заминашро беист нарм ва мола мекунад?+

25 Магар заминро ҳамвор карда,

Сиёҳдона намепошад ва зира намекорад?

Магар гандум, арзан ва ҷавро, ҳар якеро дар ҷойи худ,

Ва гандуми ғилофиро+ гирдогирди саҳро кишт намекунад?

26 Худо касро дуруст таълим медиҳад*

Ва ӯро роҳнамоӣ мекунад.+

27 Сиёҳдонаро бо чапар намекӯбанд+

Ва чархи аробаи хирманкӯбро бар зира намегардонанд,

Балки сиёҳдонаро бо чӯб

Ва зираро бо асо мекӯбанд.

28 Оё кас ғалларо барои нон дар хирмангоҳ орд мекунад?

Не, ӯ онро беист намекӯбад+

Ва чархи аробаашро бо аспҳо аз болои ғалла

То гард-гард шуданаш намеронад.+

29 Ин ҳам аз ҷониби Яҳува, Худои лашкарҳост,

Ки нияташ* аҷоиб ва корҳояш бузург аст.+

29 «Вой бар Ариил*, бар шаҳре, ки Довуд дар он хайма зада буд!+

Бигзор солҳо пайи ҳам бигзаранд,

Сол аз сол ҳамаи идҳоро+ ҷашн гиред.

 2 Вале бидонед, ки ман Ариилро ба танг меорам+

Ва дар он нолаю фиғон шунида мешавад.+

Он бароям мисли оташдони қурбонгоҳи Худо мегардад.+

 3 Ман дар гирди ту, эй Ариил, урду мезанам,

Қаторчӯбҳо зада туро иҳота мекунам

Ва тал бардошта туро муҳосира менамоям.+

 4 Ту паст мешавӣ,

Аз замин гап мезанӣ

Ва хоки замин садои туро хомӯш мекунад.

Овози ту аз замин+

Чун овози пурсандаи арвоҳ ба гӯш мерасад,

Ту аз хок пичир-пичир мекунӣ.

 5 Тӯдаи душманонат мисли чанг хоҳад буд,+

Тӯдаи ситамгарон мисли коҳреза бурда мешавад.+

Ва ин ногаҳон, дар як лаҳза рӯй медиҳад.+

 6 Яҳува, Худои лашкарҳо,

Бо раъд, заминҷунбӣ ва ғалоғулаи азим,

Бо тӯфон, тундбод ва алангаи оташи сӯзон ба ту назар меандозад».+

 7 Он гоҳ ҷамъи тамоми халқҳое, ки бо Ариил меҷанганд+ —

Ҳамаи онҳое, ки бо ӯ ҷанг мекунанд,

Бурҷҳое*, ки барои муҳосираи он сохта шудаанд,

Ва касоне, ки ӯро азоб медиҳанд,

Мисли хоб, мисли рӯъёи шаб, мешаванд.

 8 Чуноне ки гурусна хоб мебинад, ки мехӯрад,

Вале шиками гушна бедор мешавад,

Чуноне ки ташна хоб мебинад, ки об менӯшад,

Вале бемадору ташна бедор мешавад,

Бо ҷамъи тамоми халқҳое, ки

Бо кӯҳи Сион+ меҷанганд, чунин хоҳад буд.

 9 Дар тааҷҷуб монед ва ҳайрон шавед,+

Худро кӯр кунед ва кӯр шавед.+

Онҳо маст шудаанд, аммо на аз шароб,

Мекалаванд, вале на аз арақ,

10 Зеро Яҳува бар шумо рӯҳи хоби гаронро рехтааст.+

Ӯ чашмони шумо — пайғамбарони шуморо, бастааст+

Ва сарҳои шумо — пешбинони шуморо, пӯшонидааст.+

11 Ҳар рӯъё барои шумо чун суханони китоби сарбамуҳр аст.+ Вақте онро ба касе, ки хонда метавонад, бидиҳанд ва «илтимос, барои мо бихон» гӯянд, ӯ мегӯяд: «Наметавонам, чунки он сарбамуҳр аст». 12 Вақте онро ба касе, ки хонда наметавонад, бидиҳанд ва «илтимос, бихон» гӯянд, ӯ мегӯяд: «Ман хонда наметавонам».

13 Яҳува чунин мегӯяд: «Ин мардум бо даҳонашон ба ман наздик мешаванд

Ва бо забонашон маро иззат мекунанд,+

Вале дилашон аз ман дур аст.

Худотарсии онҳо фақат дар асоси амрҳои одамиест, ки таълим гирифтаанд.+

14 Аз ин рӯ ман боз барои ин халқ корҳои аҷоибе мекунам,+

Як кори аҷоибро аз паси дигараш.

Хиради хирадмандони онҳо нобуд мешавад

Ва фаҳмиши доноёнашон нопадид мегардад».+

15 Вой бар ҳоли онҳое, ки бисёр мекӯшанд нақшаҳояшонро аз Яҳува пинҳон кунанд.+

Онҳо корҳои худро дар ҷойи торик карда, мегӯянд:

«Кӣ моро мебинад?

Кӣ аз корҳои мо бохабар мешавад?»+

16 То чӣ андоза шумо каҷрафторед!

Магар кӯзагар ба гил баробар аст?+

Оё чизе, ки сохта шудааст, дар бораи созандаи худ мегӯяд:

«Ӯ маро насохтааст»?+

Оё офарида дар бораи офарандааш мегӯяд:

«Ӯ фаҳм надорад»?+

17 Дере нагузашта Лубнон ба боғ табдил меёбад+

Ва боғ ҷангал ҳисобида мешавад.+

18 Дар он рӯз кар суханони китобро мешунавад

Ва кӯр аз тирагиву зулмот халос шуда бино мегардад.+

19 Нармдил* аз Яҳува хурсандии бисёр пайдо мекунад

Ва камбағал дар Худои Поки Исроил шодӣ меёбад,+

20 Зеро ситамгар дигар намешавад,

Даҳанкалон нобуд мегардад

Ва ҳамаи касоне, ки дар пайи бадкориянд, нест мешаванд.+

21 Онҳо дигаронро туҳмат мекунанд,

Барои касе, ки назди дарвозаи шаҳр+ додхоҳӣ мекунад, дом мегузоранд

Ва бо ҳар баҳона росткорро аз ҳукми одилона маҳрум месозанд.+

22 Барои ҳамин Яҳува, ки Иброҳимро+ бозхаридааст, ба хонадони Яъқуб чунин мегӯяд:

«Яъқуб дигар хиҷил намешавад

Ва ранги рӯяш дигар намеканад*.+

23 Ӯ фарзандонашро,

Ки амали дастҳои мананд, дар гирди худ мебинад+

Ва онҳо номи маро ҷалол медиҳанд,

Худои Поки Яъқубро ҷалол медиҳанд

Ва Худои Исроилро иззату ҳурмат мекунанд.+

24 Раҳгумзадагон соҳибфаҳм мешаванд

Ва шикоятгарон — насиҳатшунав».

30 «Вой бар писарони якрав,+— мегӯяд Яҳува,—

Зеро онҳо нақшаҳои маро неву нақшаҳои худро ба ҷо меоранд.+

Онҳо паймон мебанданд*, вале на мувофиқи рӯҳи ман,

То ба гуноҳи худ гуноҳ зам кунанд.

 2 Онҳо бе маслиҳати ман+ ба Миср+ мераванд,

То зери ҳимояи* фиръавн паноҳ ёбанд

Ва дар сояи Миср пинҳон шаванд.

 3 Вале ҳимояи фиръавн шармандагии шумо мешавад

Ва дар сояи Миср паноҳ бурдан — сархамии шумо.+

 4 Мирони ӯ дар Сӯананд+

Ва фиристодагонаш ба Ҳонис расидаанд.

 5 Ба сабаби халқе, ки аз он фоидае нест,

Ҳамаи онҳо шарманда мешаванд,

Зеро он на кумаку фоида,

Балки фақат шармандагию беобрӯӣ меорад».+

6 Паём бар зидди ҳайвонҳои ҷануб:

Онҳо аз замини тангиву душворӣ,

Аз замини шер, шери ғуррон,

Мори афъӣ ва мори паррони оташафшон* гузашта,

Бар пушти харон сарвати худро

Ва бар кӯҳони шутурон захираи худро меоранд,

Аммо аз ин чизҳо ба халқ фоидае нахоҳад буд.

 7 Аз ёрдами Миср ягон фоидае нест,+

Аз ин рӯ ман ӯро «Роҳоби+ бекорнишин» номидам.

 8 «Пас, бирав ва дар пеши онҳо инро дар лавҳае бинавис

Ва дар китобе қайд кун,+

То барои рӯзҳои оянда

Шаҳодати доимӣ бошад.+

 9 Онҳо халқи исёнкор,+ писарони фиребанд,+

Писароне, ки шариати* Яҳуваро шунидан намехоҳанд.+

10 Онҳо ба ғайбдонон мегӯянд: “Ғайбдонӣ накунед”

Ва ба пешбинон мегӯянд: “Ҳақиқатро пешгӯйӣ накунед.+

Ба мо суханони форам гӯед, рӯъёҳои фиребанда бинед.+

11 Аз роҳатон гардед, аз пайраҳаатон дур шавед.

Ба мо дар бораи Худои Поки Исроил гап назанед”».+

12 Бинобар ин Худои Поки Исроил чунин мегӯяд:

«Азбаски шумо ин каломро рад кардед,+

Ба дурӯғу фиреб такя намудед

Ва ба он таваккал кардед,+

13 Ин гуноҳи шумо бароятон чун девори шикаста,

Чун девори баланди кафидае мешавад, ки ба ғалтидан қариб аст.

Он ногаҳон, дар як лаҳза чаппа мешавад.

14 Он мисли кӯзаи калони кӯзагар шикаста мешавад,

Тика-тика мешавад ва ягон сафолпорае намемонад,

Ки бо он аз оташдон оташ ё аз кӯлмак* об бигиред».

15 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува, Худои Поки Исроил, чунин гуфт:

«Сӯйи ман баргардед ва ором гиред, то наҷот ёбед.

Ором бошед ва ба ман таваккал кунед,+

Он гоҳ шумо қувват пайдо мекунед».

Аммо шумо нахостед.+

16 Ба ҷойи ин шумо гуфтед: «Не, мо бар аспҳо нишаста, мегурезем!»

Пас, хоҳед гурехт.

«Бар аспҳои тезпо савор мешавем!»+

Пас, дунболагиронатон тезпо хоҳанд буд.+

17 Ҳазор нафар аз тарси як нафар дарақ-дарақ меларзанд,+

Шумо аз тарси панҷ нафар рӯ ба гурез меоред,

То даме ки бақияатон мисли ходаи танҳое бар қуллаи кӯҳ,

Мисли яккасутуни* сари теппа, шавад.+

18 Вале Яҳува пурсаброна интизор аст, ки ба шумо лутфу марҳамат намояд,+

Ва ӯ бармехезад, то ба шумо раҳм кунад,+

Зеро Яҳува Худои адлу инсоф аст.+

Хушбахтанд ҳамаи онҳое, ки ба ӯ умед мебанданд*.+

19 Вақте мардум дар Сион, дар Ерусалим, сокин шавад,+ ту дигар гиря намекунӣ.+ Вақте мадад талабӣ, ӯ ҳатман ба ту раҳм мекунад. Ҳамин ки овозат ба гӯшаш расад, ба ту ҷавоб медиҳад.+ 20 Ҳарчанд Яҳува ба шумо нони азоб ва оби ситам диҳад,+ Омӯзгори бузургатон+ дигар аз шумо пинҳон намешавад ва шумо ӯро бо чашми худ мебинед. 21 Агар аз роҳ ба тарафи рост ё чап дур шавед,+ аз қафои худ хоҳед шунид: «Роҳ ин аст.+ Бо он биравед».

22 Шумо нуқраеро, ки бо он бутҳоятон рӯпӯш шудааст, ва тунукаҳои тиллоии ҳайкалҳои рехтаатонро нопок месозед.+ Шумо онҳоро мисли латтаи ҳаром* як сӯ партофта, мегӯед: «Аз назарам гум шав!»*+ 23 Ӯ барои тухмие, ки дар заминат мекорӣ, борон медиҳад+ ва ҳосили ғаллаи заминат фаровону ширадор мешавад.+ Дар он рӯз чорвои ту дар чарогоҳҳои васеъ мечарад.+ 24 Говону хароне, ки дар замин кор мекунанд, бедаи шилхадоре мехӯранд, ки бо белу шоха бод дода шудааст. 25 Дар рӯзи куштори азим, вақте бурҷҳо* фурӯ ғалтанд, бар ҳар кӯҳ ва теппаи баланд ҷӯйҳо ва рӯдҳо ҷорӣ мешаванд.+ 26 Дар рӯзе ки Яҳува шикастаҳои халқашро бандад+ ва захмҳои чуқуреро, ки аз зарбаҳои ӯ гирифтааст, шифо диҳад,+ равшании моҳи пурра мисли равшании офтоб ва равшании офтоб ҳафтчандон, мисли равшании ҳафт рӯз, мешавад.+

27 Ана, Яҳува* аз дурдаст

Бо оташи ғазаби ӯ ва абрҳои ғафс меояд.

Лабҳои ӯ пур аз хашм

Ва забонаш мисли оташи сӯзон аст.+

28 Рӯҳи* ӯ мисли селобест, ки то ба гардан мерасад,

То халқҳоро аз ғалбери нобудӣ* гузаронад.

Ӯ ба даҳони халқҳо лаҷоми гумроҳӣ мезанад.+

29 Аммо суруди ту мисли суруди шабонае хоҳад буд,

Ки ҳангоми ба ид тайёрӣ дидан* месароӣ+

Ва дилат мисли найнавозе, ки*

Ба кӯҳи Яҳува — Сахраи Исроил,+ мебарояд, шодӣ хоҳад кард.

30 Яҳува бо алангаи оташи сӯзон,+

Бо борони сел,+ тӯфон ва жолаи сангин+

Овози пуршукӯҳи+ худро мешунавонад

Ва дасти худро+ ҳангоми бо ғазаб зарба задан+ маълум месозад.

31 Ошур аз овози Яҳува ба ҳарос меафтад,+

Ӯ онро бо калтак зарба мезанад.+

32 Вақте ки Яҳува дар ҷанг ба онҳо даст бардорад,+

Ҳар боре ки ӯ Ошурро бо калтаки ҷазо зарба занад,

Дафу+ чанг садо медиҳад.

33 Тӯфети*+ ӯ аллакай тайёр аст,

Он барои подшоҳ низ омода аст.+

Ҷое ки ӯ ҳезум чидааст, чуқуру фарох асту

Алову ҳезуми бисёр дорад.

Дами Яҳува чун сели кибрит* онро оташ мезанад.

31 Вой бар онҳое, ки барои кумак ба Миср мераванд,+

Онҳое, ки ба аспҳо таваккал мекунанд,+

Ба аробаҳои ҷангии сершумор

Ва аспони ҷангии* пурзӯр умед мебанданд,

Аммо ба Худои Поки Исроил назар намедӯзанд

Ва Яҳуваро намеҷӯянд.

 2 Вале ӯ низ хирадманд аст ва мусибат меорад,

Ӯ аз гапаш намегардад.

Ӯ зидди хонадони бадкорон

Ва зидди мададгорони хатокорон бармехезад.+

 3 Охир, мисриён одамони хокиянд, на Худо,

Аспони онҳо ҷисманд, на рӯҳ.+

Вақте Яҳува дасташро дароз кунад,

Ҳар мададгор пешпо мехӯрад

Ва ҳар мададталаб меғалтад,

Ҳамаашон дар як вақт нобуд мешаванд.

 4 Яҳува ба ман чунин гуфт:

«Чуноне ки шер, шери пурзӯр, дар болои туъмаи худ наъра мезанад,

Дар сурате ки чӯпонони бисёре бар зиддаш ҷамъ шудаанд,

Ва аз фарёди онҳо намеҳаросаду

Аз ҳаёҳуи онҳо парво намекунад,

Ончунон Яҳува, Худои лашкарҳо, поён меояд,

То бар кӯҳи Сион ва теппаи он биҷангад.

 5 Яҳува, Худои лашкарҳо, чун парандае, ки бар чӯҷаҳояш парвоз мекунад, Ерусалимро ҳимоя хоҳад кард.+

Ӯ вайро ҳимоя мекунад ва наҷот медиҳад.

Ӯ ба вай раҳм мекунад ва халосӣ медиҳад».

6 «Эй халқи Исроил, шумо аз ҳад гузаштед ва зидди Худо исён бардоштед. Сӯйи ӯ баргардед,+ 7 зеро дар он рӯз ҳар кас аз бутҳои нуқрагини бекораи худ ва аз бутҳои тиллоии бефоидаи худ, ки амали гуноҳкоронаи дастонаш аст, рӯ метобад.

 8 Ошурӣ аз дами шамшере, ки аз одамизод нест, меафтад

Ва ба коми шамшере меравад, ки аз одами хокӣ нест.+

Ӯ аз тарси шамшер рӯ ба гурез меорад

Ва ба гардани ҷавононаш меҳнати маҷбуриро бор мекунанд.

 9 Кӯҳпораи ӯ аз тарсу ваҳм нест мешавад

Ва миронаш парчамро дида ба даҳшат меафтанд»,— мегӯяд Яҳува,

Ки оташаш* дар Сион ва оташдонаш дар Ерусалим аст.

32 Подшоҳ+ бо росткорӣ подшоҳӣ хоҳад кард+

Ва мирон бо адолат ҳукм хоҳанд ронд.

 2 Ҳар яке мисли ниҳонгоҳе аз бод,

Мисли паноҳгоҳе аз тӯфон,

Мисли ҷӯйҳои об дар саҳрои ташналаб+

Ва мисли сояи кӯҳпораи азим дар замини хушк хоҳад буд.

 3 Он гоҳ чашмони биноён дигар пӯшида намешаванд

Ва гӯшҳои шунавоён диққат хоҳанд дод,

 4 Дили шитобкорон дар бораи дониш андеша мекунад

Ва забоне, ки мегирад, буррову равшан гап мезанад.+

 5 Беақлро дигар саховатманд наменоманд

Ва беинсофро баобрӯ намехонанд.

 6 Охир, беақл сафсата мегӯяд

Ва дар дил қасди бад меандешад,+

То одамонро аз Худо дур кунад ва дар ҳаққи Яҳува дурӯғҳо бофад,

Гуруснаро бе як даҳон нон монад

Ва ташнаро бе як қулт об гузорад.

 7 Беинсоф ҳилаву найрангро ба кор мебарад

Ва ба бадкорӣ*+ ташвиқ мекунад,

То, ҳатто вақте ҳақ бар ҷониби бечора аст,

Бо фиреб ҷабрдидаро нобуд созад.+

 8 Вале саховатманд дар фикри саховатмандӣ аст

Ва дасташ доимо кушода аст.

 9 «Эй занони худписанд, бархезед ва ба овози ман гӯш диҳед!

Эй духтарони бепарво,+ ба суханонам диққат диҳед!

10 Пас аз як солу чанд рӯз, шумо, эй бепарвоён, ба ларза меоед,

Зеро мавсими ангурчинӣ ба охир мерасаду хӯшае чида намешавад.+

11 Биларзед, эй занони худписанд!

Ба ларза оед, эй бепарвоён!

Либоси худро кашида, ба миёнатон палос* бандед.+

12 Барои киштзорҳои дилписанд ва токҳои серҳосил

Ба синаи худ зада гиряву нола кунед,

13 Зеро замини халқи ман аз хору хорбуттаҳо пур мешавад.

Хорҳо хонаҳои пур аз шодӣ

Ва шаҳри шодмониро зер мекунанд.+

14 Бурҷи* истеҳкомдор партофта мешавад

Ва шаҳри пурғавғо беодам мегардад.+

Ӯфал+ ва бурҷи дидбонӣ харобазори доимӣ,

Макони шодӣ барои харони ёбоӣ

Ва чарогоҳ барои рамаҳо мешавад,+

15 То даме ки бар мо аз боло рӯҳ фурӯ рехта шавад,+

Биёбон ба боғ табдил ёбад

Ва боғ ҷангал ҳисоб ёбад.+

16 Он вақт дар биёбон адлу инсоф

Ва дар боғистон росткорӣ сокин мешавад.+

17 Росткорӣ сулҳ ба бор меорад,+

Самари росткорӣ тинҷиву амонии бардавом хоҳад буд.+

18 Халқи ман дар макони ором,

Дар манзилҳои бехатар ва ҷойҳои тинҷ, зиндагӣ хоҳад кард.+

19 Аммо ҷангал аз бориши жола ҳамвор мешавад

Ва шаҳр ба хок яксон мегардад.

20 Хушбахтед шумо, эй касоне, ки назди ҳамаи обҳо кишт мекунед

Ва буққаву хари худро сар медиҳед».+

33 Вой бар ту, эй тороҷгаре, ки тороҷ нагаштаӣ,+

Эй хиёнаткоре, ки дар ҳаққат хиёнат накардаанд!

Вақте тороҷгариро тамом кунӣ, туро тороҷ мекунанд.+

Вақте хиёнат карданро ба охир расонӣ, ба ту хиёнат мекунанд.

 2 Эй Яҳува, лутфу марҳамат кун.+

Мо ба ту умед бастаем.

Ҳар саҳар бозуи* мо+

Ва дар вақти азоб наҷоти мо бош.+

 3 Аз садои ғулғула халқҳо мегурезанд.

Вақте бархезӣ, мардумон пароканда мешаванд.+

 4 Чуноне ки малахҳои гурусна ҳама чиро ҷамъ меоранд, ончунон ғанимати ту ҷамъ оварда мешавад,

Мардум мисли селаҳои малах ба он дармеафтад.

 5 Яҳува сарафроз мегардад,

Зеро ӯ дар баландӣ сокин аст.

Ӯ Сионро аз адлу инсоф пур мекунад.

 6 Ӯ тинҷиву осудагии замони туст,

Фаровонии наҷот,+ хирад, дониш ва тарси Яҳува+ ганҷи бебаҳост.

 7 Паҳлавонони онҳо* дар кӯча фарёд мезананд,

Сафирони сулҳ зор-зор мегирянд.

 8 Шоҳроҳҳо беодам шудаанд,

Бо роҳҳо касе сафар намекунад.

Ӯ* аҳдро шикастааст,

Шаҳрҳоро писанд намекунад

Ва назараш касеро намегирад.+

 9 Замин мотам гирифтааст* ва хароб гаштааст.

Лубнон шармсору+ пажмурда шудааст,

Шорӯн ба биёбон табдил ёфтааст

Ва Бошону Кармил хазон гаштааст.+

10 «Акнун бармехезам,— мегӯяд Яҳува,—

Акнун сарафроз мегардам,+

Акнун худро ҷалол медиҳам.

11 Шумо хасро ҳомила шудаед ва коҳро ба дунё меоред.

Рӯҳи худатон шуморо чун оташ фурӯ хоҳад бурд.+

12 Халқҳо мисли оҳаки сӯхта мегарданд,

Чун хорҳои бурида дар оташ хоҳанд сӯхт.+

13 Эй онҳое, ки дур ҳастед, бишнавед, ки ман чӣ кор мекунам!

Эй касоне, ки наздик ҳастед, қудрати маро бидонед!

14 Гунаҳкорони Сион ба ҳарос афтодаанд,+

Осиён ба ларза омадаанд. Онҳо мегӯянд:

“Кадоме аз мо метавонад дар ҷое ки алови сӯзон аст, зиндагӣ кунад+

Ва бо забонаҳои оташи намиранда сокин шавад?”

15 Касе, ки бо роҳи инсоф равона бошад,+

Гапи ҳақро гӯяд,+

Аз пули ҳарому ноҳақ рӯй тобад,

Дастҳои худро аз гирифтани пора нигоҳ дорад,+

Гӯши худро аз шунидан дар бораи хунрезӣ

Ва чашми худро аз дидани бадкорӣ маҳкам кунад,

16 Дар баландӣ сокин мешавад.

Паноҳгоҳи мустаҳками ӯ дар кӯҳҳои дастнорас хоҳад буд,

Ӯ бо нон таъмин хоҳад буд ва обаш тамом нахоҳад шуд».+

17 Чашмони ту подшоҳро дар шукӯҳаш хоҳанд дид,

Ба замини дурдаст нигоҳ хоҳанд кард.

18 Ту дар дил даҳшатро ба ёд оварда мегӯӣ:

«Куҷост котиб?

Куҷост хироҷсупор?+

Куҷост касе, ки бурҷҳоро* ба ҳисоб меовард?»

19 Ту дигар халқи ситамгарро намебинӣ,

Халқеро, ки гуфтораш душворфаҳм аст

Ва забонаш мегираду нофаҳмост.+

20 Ба Сион, шаҳри идҳои мо, бингар!+

Ту назар карда Ерусалимро макони ором

Ва хаймаи ноҷунбон хоҳӣ дид.+

Мехҳои хаймаи он ҳеҷ гоҳ гирифта

Ва ягон таноби он канда намешавад.

21 Дар он ҷо Худои боҳашамат, Яҳува, моро пуштибонӣ хоҳад кард,

Ҳамон тавре ки дарёҳо ва шохобҳои паҳн шаҳрро ҳимоя мекунанд.

Киштиҳои ҷангӣ ба он нахоҳанд даромад

Ва ягон киштии азим аз он гузар нахоҳанд кард,

22 Зеро Яҳува Довари мост,+

Яҳува Қонунгузори мост,+

Яҳува Подшоҳи мост.+

Ӯ моро наҷот хоҳад дод.+

23 Танобҳои душман суст мешаванд,

Онҳо сутуни киштиро дошта ва бодбонро паҳн карда наметавонанд.

Он вақт ғанимати бисёре тақсим карда мешавад

Ва ҳатто лангон ҳиссаи калон мегиранд.+

24 Он гоҳ ҳеҷ кас* намегӯяд: «Ман касалам».+

Гуноҳи халқе, ки дар он замин зиндагӣ мекунад, бахшида мешавад.+

34 Пеш оед, то бишнавед, эй халқҳо,

Диққат диҳед, эй мардумон.

Бигзор замин ва ҳар чӣ онро пур мекунад,

Дунё ва ҳар чӣ дар он вуҷуд дорад, гӯш диҳад.

 2 Яҳува бар ҳамаи халқҳо дарғазаб аст+

Ва хашми ӯ бар тамоми лашкари онҳост.+

Ӯ онҳоро ба нестӣ месупорад,

Онҳоро ба куштан медиҳад.+

 3 Куштагони онҳоро мепартоянд,

Ва бӯйи бади ҷасадашон мебарояд.+

Кӯҳҳо саршори хуни онҳо мешаванд.+

 4 Тамоми лашкари осмон пӯсида меравад

Ва осмон мисли дастхате печонда мешавад.

Чуноне ки барг хушк шуда аз ток меғалтад

Ва анҷири пажмурда аз дарахт канда мешавад,

Ончунон тамоми лашкари он нобуд мегардад.

 5 «Шамшери ман дар осмон ғарқи хун мешавад.+

Он барои иҷрои ҳукми ман бар Адӯм,+

Бар халқе, ки ман ба нестӣ маҳкум кардаам, мефарояд.

 6 Шамшери Яҳува оғуштаи хун,

Хуни қӯчқорони ҷавон ва бузҳо, мегардад

Ва бо чарбу,+ чарбуи гурдаҳои қӯчқорон, рӯпӯш мешавад,

Зеро Яҳува дар Басра қурбонӣ меорад

Ва дар замини Адӯм куштори азиме мекунад.+

 7 Говони ёбоӣ бо онҳо кушта мешаванд,

Буққаҳои ҷавон* бо нарговони пурқувват фурӯ меғалтанд.

Замини онҳо пур аз хун

Ва хоки онҳо пур аз чарбу мешавад»,

 8 Зеро Яҳува рӯзи интиқомро муқаррар кардааст,+

Соли ҷазоро барои бадие, ки дар ҳаққи Сион карда шудааст.+

 9 Ҷӯйҳои вай* ба зифт*

Ва хокаш ба кибрит* табдил меёбад.

Заминаш чун зифти сӯзон мегардад.

10 Он рӯзу шаб хомӯш намешавад,

Дудаш абадан боло мебарояд.

Ӯ аз насл ба насл харобазор мемонад

Ва касе то абад аз ӯ намегузарад.+

11 Вай мулки мурғи саққо ва ҷайра мешавад,

Чуғзҳои гӯшдароз ва зоғон дар вай сокин мегарданд.

Ӯ бар вай таноби* вайронӣ

Ва шоқули* харобиро мекашад.

12 Ягон соҳибмансаби ӯ подшоҳ намегардад,

Тамоми миронаш несту нобуд мешаванд.

13 Дар бурҷҳои* истеҳкомдори ӯ хор

Ва дар қалъаҳояш алафи газнаву* хорбутта мерӯяд.

Ӯ лонаи шағолон+

Ва макони шутурмурғон мешавад.

14 Даррандагони биёбон бо ҳайвонҳои уллоскаш рӯ ба рӯ мешаванд.

Бузи ёбоӣ* сӯйи ҳамроҳаш фарёд мезанад.

Дар он ҷо мурғи шабгард сокин мешаваду ҷойи ороме меёбад.

15 Дар он ҷо мори паррон лона месозад ва тухм мегузорад,

Вай бача бароварда, онҳоро дар сояи худ ҷамъ мекунад.

Дар он ҷо калхотҳо, ҳар яке бо ҷуфти худ, ҷамъ мешаванд.

16 Дар китоби Яҳува ҷустуҷӯ кунед ва онро баланд хонед —

Ҳеҷ яке аз ин ҷонварон кам нахоҳад шуд

Ва ҳеҷ якеашон бе ҷуфт нахоҳад монд,

Зеро даҳони Яҳува чунин амр фармудааст

Ва рӯҳи ӯ онҳоро ҷамъ овардааст.

17 Ӯ барои онҳо қуръа партофтааст

Ва дасташ бо таноби андозагирӣ барояшон ҷой тақсим кардааст.

Он то абад мулки онҳо мешавад

Ва онҳо аз насл ба насл дар он сокин мегарданд.

35 Биёбон ва замини хушк хурраму шукуфон хоҳад шуд,+

Дашт хурсандӣ хоҳад кард ва мисли заъфарон хоҳад шукуфт.+

 2 Он пур аз гул хоҳад шуд,+

Хушҳол шуда аз хурсандӣ нидо хоҳад кард.

Ҷалоли Лубнон ва шукӯҳи Кармилу+ Шорӯн+

Ба он ато хоҳад шуд.+

Мардум ҷалоли Яҳува, шукӯҳи Худои моро, хоҳад дид.

 3 Дастҳои бемаҷолро қавӣ созед

Ва зонуҳои ларзонро қувват бахшед.+

 4 Ба касоне, ки дилашон хавотир аст, бигӯед:

«Қавӣ бошед, натарсед!

Худои шумо барои интиқом гирифтан,

Барои ҷазо додан, меояд.+

Ӯ омада, шуморо наҷот медиҳад».+

 5 Он вақт чашмони кӯрон кушода мешавад+

Ва гӯшҳои карон воз мегардад,+

 6 Ланг мисли гавазн ҷастухез менамояд+

Ва забони гунг аз шодӣ нидо мекунад.+

Он вақт дар биёбон обҳо ҷӯш мезананд

Ва дар дашт ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд,

 7 Замини хушкида кӯли пур аз қамиш мегардад

Ва замини ташналаб ба чашмаҳои об табдил меёбад.+

Дар ҷое ки лонаи шағолон буд,+

Сабза, қамиш ва най* мерӯяд.

 8 Он ҷо шоҳроҳе хоҳад буд,+

Роҳе, ки Роҳи покӣ номида мешавад.

Каси нопок бо он равона намешавад.+

Он барои касонест, ки бо ин роҳ мераванд,

Ва ягон беақл аз он гузар намекунад.

 9 Шере дар он нахоҳад буд

Ва даррандагон ба он қадам нахоҳанд монд.

Аз онҳо дар он нишоне нахоҳад буд,+

Фақат бозхаридагон бо он равона мешаванд.+

10 Бозхаридагони Яҳува бармегарданд+ ва бо нидоҳои шодӣ ба Сион меоянд.+

Шодмонии беинтиҳо тоҷи сари онҳо хоҳад буд.+

Онҳо аз шодиву хурсандӣ пур мешаванд,

Ғам ва оҳу воҳ аз онҳо дур мегардад.+

36 Дар соли 14-уми шоҳ Ҳизқиё Санҳериби подшоҳи Ошур+ ба тамоми шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо лашкар кашида, онҳоро забт намуд.+ 2 Шоҳи Ошур рабшоқе́ро* бо лашкари сершуморе аз Локиш+ ба назди шоҳ Ҳизқиё, ба Ерусалим, фиристод.+ Онҳо дар назди новаи ҳавзи боло,+ ки дар сари роҳи саҳрои шустагарон аст, ҷойгир шуданд+ 3 ва Элёқими+ писари Ҳилқиёҳу — нозири қаср, Шебнои+ котиб ва Юоҳи таърихнависи писари Осаф ба назди ӯ баромаданд.

4 Он гоҳ рабшоқе́ ба онҳо гуфт: «Ба Ҳизқиё бигӯед: “Подшоҳи бузург, шоҳи Ошур, чунин мегӯяд: “Ту ба чӣ таваккал мекунӣ?+ 5 Ту мегӯӣ: “Ман барои ҷанг нақшаи хуб ва қувва дорам”. Аммо ин гапи хушку холӣ аст. Ту ба кӣ таваккал карда, ҷуръат намудӣ, ки бар зидди ман исён бардорӣ?+ 6 Ту ба Миср, ба қамиши шикастае, таваккал мекунӣ, ки кас ба он такя кунад, ба дасташ халида, онро шикоф мекунад. Фиръавн, подшоҳи Миср, барои ҳамаи онҳое, ки ба ӯ таваккал мекунанд, чунин аст.+ 7 Вале, агар шумо ба ман бигӯед: “Мо ба Худоямон Яҳува таваккал мекунем”, магар Ҳизқиё баландиҳо ва қурбонгоҳҳои ӯро шикаста,+ ба Яҳудо ва Ерусалим нагуфтааст: “Шумо бояд пеши ин қурбонгоҳ саҷда баред”?”+ 8 Биё бо хоҷаам подшоҳи Ошур+ шарт бибанд: агар ба ту 2000 асп диҳам, оё бар онҳо савора меёбӣ? 9 Оё ту, ки ба аробаву савораҳои Миср таваккал мекунӣ, ҳатто ба як ҳокиме, ки бандаи камтарини хоҷаи ман аст, муқобилат карда метавонӣ? 10 Ҳамчунин, магар хости Яҳува ҳамин набуд, ки ман лашкар кашида, ин заминро нобуд созам? Охир, худи Яҳува ба ман гуфтааст: “Бар зидди он замин лашкар бикаш ва онро хароб кун”».

11 Он гоҳ Элёқим, Шебно+ ва Юоҳ ба рабшоқе́+ гуфтанд: «Илтимос, бо бандагонат ба забони арамӣ*+ гап зан, зеро мо онро мефаҳмем, ва ба мардуме, ки бар девор аст, шунавонида ба забони яҳудӣ гап назан».+ 12 Аммо рабшоқе́ гуфт: «Магар хоҷаам маро барои гуфтани ин суханон фақат назди шумо ва хоҷаатон фиристодааст? Ин суханон ҳамчунин барои касонест, ки дар сари ин девор нишастаанд, зеро онҳо низ бо шумо ахлоти худро хоҳанд хӯрд ва пешоби худро хоҳанд нӯшид».

13 Сипас рабшоқе́ дар ҷойи намоён истода, бо овози баланд ба забони яҳудӣ+ гуфт: «Сухани подшоҳи бузург, шоҳи Ошурро, бишнавед.+ 14 Подшоҳ чунин мегӯяд: “Бигзор Ҳизқиё шуморо фиреб надиҳад, зеро ӯ шуморо халос карда наметавонад+ 15 ва бигзор Ҳизқиё шуморо ба Яҳува умедвор карда+ нагӯяд: “Яҳува ҳатман моро халос мекунад ва ин шаҳр ба дасти подшоҳи Ошур намеафтад”. 16 Ба Ҳизқиё гӯш надиҳед, зеро подшоҳи Ошур чунин мегӯяд: “Бо ман сулҳ баста, таслим шавед ва ҳар кадоми шумо аз токи худ ва аз дарахти анҷири худ хоҳад хӯрд ва аз обанбори худ хоҳад нӯшид, 17 то даме ки ман омада, шуморо ба замине барам, ки мисли замини шумост,+ замини ғалла ва шароби нав, замини нон ва токзор. 18 Намонед, ки Ҳизқиё шуморо фиреб дода бигӯяд: “Яҳува моро халос мекунад”. Магар ягон худои халқҳо заминашро аз дасти подшоҳи Ошур халос карда тавонист?+ 19 Куҷоянд худоёни Ҳамот ва Арфод?+ Куҷоянд худоёни Сефарвоим?+ Оё онҳо Сомарияро аз дасти ман халос карданд?+ 20 Кадоме аз худоёни ин халқҳо заминашро аз дасти ман халос кард ки, Яҳува Ерусалимро халос кунад?”»+

21 Вале онҳо хомӯш буданд ва чизе нагуфтанд, зеро подшоҳ фармуда буд: «Ба ӯ чизе ҷавоб надиҳед».+ 22 Элёқими писари Ҳилқиёҳуи нозири қаср, Шебнои+ котиб ва Юоҳи таърихнависи писари Осаф либосҳои худро чок зада, ба назди Ҳизқиё омаданд ва суханони рабшоқе́ро ба вай расониданд.

37 Ҳамин ки шоҳ Ҳизқиё инро шунид, либосашро чок зад ва палос* пӯшида, ба хонаи Яҳува даромад.+ 2 Ӯ Элёқими нозири қаср, Шебнои котиб ва пирони коҳинонро, ки палос дар бар карда буданд, ба назди Ишаъёи+ пайғамбари писари Омӯс фиристод. 3 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Ҳизқиё чунин мегӯяд: “Имрӯз рӯзи мусибат, таҳқир ва шармандагист, зеро кӯдакон ба даҳани бачадон расидаанду мадори зоидан нест.+ 4 Шояд ки, Худоят Яҳува суханони рабшоқе́ро, ки хоҷааш шоҳи Ошур барои паст задани Худои зинда фиристодааст,+ бишнавад ва ӯро барои суханоне, ки Худоят Яҳува шунидааст, ҷазо диҳад. Пас, дар ҳаққи бақияе, ки зинда мондааст,+ дуо гӯй”».+

5 Ходимони шоҳ Ҳизқиё ба назди Ишаъё омаданд+ 6 ва Ишаъё ба онҳо гуфт: «Ба хоҷаатон бигӯед: “Яҳува чунин мегӯяд: “Аз суханони шунидаат, аз суханони куфромезе, ки ходимони шоҳи Ошур+ дар ҳаққам гуфтанд, натарс.+ 7 Ман ба дили ӯ фикре меандозам ва ӯ хабареро шунида ба заминаш бармегардад.+ Ман тавре мекунам, ки ӯ дар замини худ аз дами шамшер ҳалок шавад”».+

8 Вақте рабшоқе́ шунид, ки подшоҳи Ошур аз Локиш ақиб гаштааст, ба назди ӯ баргашт ва дид, ки ӯ бо Либно меҷангад.+ 9 Подшоҳи Ошур хабар ёфт, ки Тирҳоқои шоҳи Ҳабашистон бар зидди ӯ баромадааст. Вақте ӯ аз ин хабар ёфт, боз ба назди Ҳизқиё хабаррасононро фиристода,+ гуфт: 10 «Ба Ҳизқиёи шоҳи Яҳудо чунин бигӯед: “Бигзор Худое, ки ба ӯ таваккал мекунӣ, туро фиреб дода нагӯяд: “Ерусалим ба дасти подшоҳи Ошур супурда намешавад”.+ 11 Ту шунидаӣ, ки подшоҳони Ошур бо ҳамаи заминҳо чӣ кор карданд ва чӣ тавр онҳоро ба нестӣ супурданд.+ Наход гумон кунӣ, ки ту халос мешавӣ? 12 Магар худоёни халқҳое, ки бобоёнам нобуд сохтанд, онҳоро халос карданд?+ Куҷост Ҷӯзон, Ҳоррон,+ Расаф ва мардуми Адан, ки дар Талассор буданд? 13 Куҷост шоҳи Ҳамоту шоҳи Арфод ва куҷоянд шоҳони шаҳрҳои Сефарвоим,+ Ҳенаъ ва Ивво?”»

14 Ҳизқиё мактубҳоро аз дасти хабаррасонон гирифта, хонд ва ба хонаи Яҳува рафта, онҳоро ба ҳузури Яҳува паҳн кард.+ 15 Ҳизқиё ба Яҳува дуо хонда+ гуфт: 16 «Эй Яҳува, Худои лашкарҳо,+ эй Худои Исроил, Худое, ки бар* каррубиён бар тахт нишастаӣ, танҳо ту Худои тамоми подшоҳиҳои рӯйи замин ҳастӣ. Ту осмону заминро офаридаӣ. 17 Эй Яҳува, гӯшатро хам карда, бишнав!+ Эй Яҳува, чашмонатро кушода, бубин!+ Суханонеро, ки Санҳериб барои паст задани Худои зинда фиристодааст, бишнав.+ 18 Эй Яҳува, рост аст ки, подшоҳони Ошур тамоми заминҳо, аз ҷумла замини худро, нобуд сохтанд+ 19 ва худоёни онҳоро ба оташ партофтанд,+ зеро онҳо Худо неву амали дасти инсон,+ чӯбу санг, буданд ва барои ҳамин онҳоро нобуд карда тавонистанд. 20 Аммо ту, эй Худоямон Яҳува, моро аз дасти ӯ наҷот деҳ, то ҳамаи подшоҳиҳои рӯйи замин бидонанд, ки танҳо ту, эй Яҳува, Худо ҳастӣ».+

21 Он гоҳ Ишаъёи писари Омӯс ба Ҳизқиё хабар фиристода гуфт: «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Азбаски ту дар бораи Санҳериби шоҳи Ошур ба ман дуо гуфтӣ,+ 22 Яҳува дар бораи ӯ чунин мегӯяд:

“Духтари бокираи Сион аз ту нафрат дорад, вай ба ҳоли ту механдад.

Духтари Ерусалим ба ҳоли ту сар меҷунбонад.

23 Ту киро паст задӣ+ ва дар ҳаққи кӣ куфр гуфтӣ?

Овози худро ба кӣ баланд кардӣ+

Ва чашмони ҳавобаландатро ба кӣ бардоштӣ?

Ба Худои Поки Исроил!+

24 Ту ба воситаи ходимонат Яҳуваро паст зада гуфтӣ:+

“Бо аробаҳои сершумори худ

Ба кӯҳҳои баланд ва гӯшаҳои дурдасттарини Лубнон мебароям.+

Ман сидраҳои қоматбаланд ва арчаҳои беҳтарини онро мебурам,

Ба ниҳонгоҳҳои баландтарин ва ба ҷангалҳои касногузари он роҳ меёбам.

25 Ман чоҳҳо канда, об менӯшам.

Бо кафи поям рӯдҳои* Мисрро хушк мекунам”.

26 Оё нашнидаӣ, ки ман инро аз замонҳои қадим қарор додам?

Аз қадимулайём пешбинӣ намудам+

Ва акнун инро ба амал меорам.+

Ту шаҳрҳои ҳисордорро ба харобазор табдил медиҳӣ.+

27 Сокинони онҳо нотавон хоҳанд буд,

Ҳаросон ва шарманда хоҳанд шуд.

Онҳо мисли алафи саҳро ва сабза хоҳанд буд,

Мисли алафи рӯйи бом, ки аз боди шарқӣ хушк мешавад.

28 Вале ман шинухези туву даробарои ту+

Ва ба ман хашм карданатро нағз медонам,+

29 Зеро хашме, ки бар ман дорӣ,+ ва наъраи ту ба гӯшам расидааст.+

Аз ин рӯ ман ба бинии ту чангак ва ба даҳонат ҷилав мезанам+

Ва туро бо роҳе, ки омадӣ, бармегардонам”.

30 Ин барои ту* аломат хоҳад буд: имсол шумо ғаллаи худрӯй мехӯред, соли дигар он чиро, ки аз он бирӯяд, аммо соли сеюм кишт мекунеду медаравед ва токҳо мешинонеду меваи онро мехӯред.+ 31 Касоне, ки аз хонадони Яҳудо наҷот меёбанд, касоне, ки боқӣ мемонанд,+ реша медавонанд ва самар меоранд, 32 зеро бақия аз Ерусалим мебарояд ва наҷотёфтагон аз кӯҳи Сион.+ Ғайрати Яҳува, Худои лашкарҳо, инро ба ҷо хоҳад овард.+

33 Бинобар ин Яҳува дар бораи подшоҳи Ошур чунин мегӯяд:+

“Ӯ ба ин шаҳр намедарояд,+

Ба он тир намеандозад,

Бо сипар бар зидди он намебарояд

Ва бар зидди он хокрез* намебардорад.+

34 Бо кадом роҳе, ки омадааст, бо ҳамон бармегардад.

Ӯ ба ин шаҳр намедарояд,— мегӯяд Яҳува.—

35 Ман ин шаҳрро муҳофизат мекунам+

Ва ба хотири худ+ ва бандаам Довуд+ онро наҷот медиҳам”».

36 Пас аз ин фариштаи Яҳува баромада, дар урдугоҳи ошуриён 185 000 нафарро зарба зад. Мардум саҳари барвақт хеста, диданд, ки ҳамаи онҳо мурдаанд.+ 37 Санҳериби шоҳи Ошур ақиб гашт ва ба Нинве+ баргашта, дар он ҷо монд.+ 38 Вақте ӯ дар хонаи худояш Нисрӯк саҷда мебурд, писаронаш Адрамалик ва Шаросир ӯро бо шамшер куштанд+ ва ба Арарат+ гурехтанд. Ба ҷойи ӯ писараш Эсар-Ҳаддӯн+ подшоҳ шуд.

38 Дар он рӯзҳо Ҳизқиё бемор шуд ва дар дами марг буд.+ Ишаъёи+ пайғамбари писари Омӯс назди ӯ омада, гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Ба аҳли хонадони худ васият кун, зеро ту сиҳат намешавӣ, балки мемурӣ”».+ 2 Инро шунида Ҳизқиё рӯяшро сӯйи девор кард ва ба Яҳува дуо гуфт: 3 «Эй Яҳува, зорӣ мекунам ба ёд ор,+ ки чӣ тавр ман дар пеши ту содиқона рафтор кардам ва дилам пурра бо ту буд.+ Ман он чиро, ки дар назари ту дуруст буд, ба ҷо овардам». Чунин гуфта, Ҳизқиё зор-зор гирист.

4 Сипас Яҳува ба Ишаъё паём фиристода гуфт: 5 «Баргард ва ба Ҳизқиё бигӯ:+ “Яҳува, Худои бобоят Довуд, чунин мегӯяд: “Ман дуои туро шунидам+ ва оби дидаатро дидам.+ Инак, ман умри туро 15 сол дароз мекунам+ 6 ва туву ин шаҳрро аз дасти шоҳи Ошур халос менамоям ва ин шаҳрро ҳимоя мекунам.+ 7 Аломат аз ҷониби Яҳува, яъне аломати он ки Яҳува суханашро иҷро мекунад, чунин аст:+ 8 инак, ман сояеро, ки бар зинапояи* Оҳоз мефарояд, даҳ зина ақиб мегардонам”».+ Ҳамин тавр ҳам шуд: офтоб ақиб гашту сояе, ки аллакай бар зинапоя фаромада буд, даҳ зина қафо рафт.

9 Ин аст суханоне, ки Ҳизқиёи шоҳи Яҳудо дар бистари беморӣ ва баъд аз шифо ёфтанаш навишт:

10 Ман гуфтам: «Дар миёнсолиям

Бояд аз дарвозаҳои гӯр гузарам.

Аз солҳои боқимондаи худ маҳрум мешавам».

11 Ман гуфтам: «Ёҳ*, Ёҳро дигар дар замини зиндаҳо нахоҳам дид.+

Вақте ба сокинони макони нобудӣ ҳамроҳ шавам,

Дигар ба рӯйи одамизод нигоҳ нахоҳам кард.

12 Манзили ман чун хаймаи чӯпониест,

Ки ҷамъ карда, гирифта мешавад.+

Чуноне ки бофанда порчаи матоъро мепечонад, ончунон ҳаётамро печонидаам.

Ӯ риштаи умри маро чун торҳои дастгоҳи бофандагӣ меканад.

Аз субҳ то шом ту маро нобуд месозӣ.+

13 Худро то саҳар ором месозам.

Ӯ чун шер тамоми устухонҳои маро мешиканад.

Аз субҳ то шом ту маро нобуд месозӣ.+

14 Чун достак ва дуҷ* навҳа мекунам,+

Мисли кафтар менолам.+

Чашмонам хастаҳолона боло менигаранд:+

“Эй Яҳува, дар азоби сахтам, ба ман мадад кун!”+

15 Чӣ гӯям?! Ӯ ба ман гуфт ва амал кард.

Дарду азобамро* дар ёд дошта

Тамоми солҳои умрам бо сари хам роҳ хоҳам рафт.

16 “Эй Яҳува, бо онҳо* ҳар инсон

Ва рӯҳи ман низ зинда аст.

Ту маро шифо медиҳӣ ва зинда нигаҳ медорӣ.+

17 Ба ҷойи осоиштагӣ ман азият доштам,

Аммо ту аз рӯйи муҳаббати худ

Ҷони маро аз чоҳи ҳалокат нигаҳ доштӣ.+

Ту ҳамаи гуноҳҳои маро ба пушти худ партофтӣ*.+

18 Охир, гӯр наметавонад туро ҷалол диҳад+

Ва марг туро ситоиш намояд.+

Онҳое, ки ба қабр фурӯ мераванд, наметавонанд ба вафодории ту умед банданд.+

19 Зинда, фақат зинда, туро ҳамд мегӯяд,

Чуноне ки ман имрӯз мегӯям.

Падар метавонад ба писаронаш вафодории туро нақл кунад.+

20 Эй Яҳува, маро наҷот деҳ!

Он гоҳ ман ҳамроҳи дигарон тамоми умр дар хонаи Яҳува+

Бо созҳои торӣ сурудҳоямро месароям”».+

21 Ишаъё гуфт: «Кулчае аз анҷири хушк биёред ва онро ба болои пучак гузоред, то ки ӯ шифо ёбад».+ 22 Пеш аз ин Ҳизқиё пурсида буд: «Аломати он ки ман ба хонаи Яҳува меравам, чист?»+

39 Дар он айём подшоҳи Бобил, Мерӯдак-Балъадони писари Балъадон, ба Ҳизқиё номаҳо ва туҳфа фиристод,+ зеро дар бораи бемор будан ва шифо ёфтани ӯ шунида буд.+ 2 Ҳизқиё одамони ӯро бо дили шод қабул кард ва чизҳои ганҷхонаи худ:+ нуқра, тилло, равғани хушбӯю дигар равғанҳои қимат, тамоми аслиҳаи худ ва ҳар чизеро, ки дар ганҷинаҳояш буд, нишон дод — чизе намонд, ки Ҳизқиё дар қасри худ ва тамоми қаламрави худ ба онҳо нишон надода бошад.

3 Баъд аз он Ишаъёи пайғамбар назди подшоҳ Ҳизқиё омада, пурсид: «Ин одамон чӣ гуфтанд ва аз куҷо омадаанд?» Ҳизқиё гуфт: «Онҳо аз сарзамини дур, аз Бобил, омадаанд».+ 4 Ӯ боз пурсид: «Онҳо дар қасри ту чиро диданд?» Ҳизқиё ҷавоб дод: «Онҳо ҳар чизеро, ки дар қасри ман аст, диданд — чизе дар ганҷинаҳои ман намонд, ки ба онҳо нишон надода бошам».

5 Он гоҳ Ишаъё ба Ҳизқиё гуфт: «Каломи Яҳува, Худои лашкарҳоро, бишнав: 6 “Рӯзҳое меоянд, ки ҳар он чӣ дар қасри туст ва ҳар он чӣ бобоёни ту то имрӯз ҷамъ овардаанд, ба Бобил бурда мешавад ва чизе намемонад,+— мегӯяд Яҳува.+— 7 Чанде аз писарони туро, ки ба дунё меорӣ, гирифта мебаранд ва онҳо ходимони дарбори подшоҳи Бобил мешаванд”».+

8 Ҳизқиё ба Ишаъё гуфт: «Каломи Яҳува, ки ту онро ба забон овардӣ, некуст,— ва илова кард,— зеро дар рӯзҳои умри ман тинҷиву амонӣ мешавад».+

40 «Тасаллӣ диҳед, халқи маро тасаллӣ диҳед,— мегӯяд Худои шумо.+—

 2 Ерусалимро дилбардорӣ кунед,

Ба ӯ бигӯед, ки хизмати маҷбурияш ба охир расидааст

Ва ӯ музди гуноҳашро пардохтааст.+

Ӯ барои тамоми гуноҳҳояш аз дасти Яҳува сазои пурра* гирифтааст».+

 3 Касе дар биёбон нидо мекунад:

«Роҳро барои Яҳува тайёр* кунед!+

Барои Худои мо дар дашт шоҳроҳи+ росту ҳамворе бисозед.+

 4 Бигзор ҳар дара пур шавад

Ва ҳар кӯҳу теппа паст гардад.

Замини каҷу килеб рост шавад

Ва ҷойи пурнишебу фароз водии ҳамвор гардад.+

 5 Он вақт ҷалоли Яҳува ошкор мешавад+

Ва ҳар инсон инро мебинад,+

Зеро инро даҳони Яҳува гуфтааст».

 6 Гӯш деҳ! Як кас мегӯяд: «Эълон намо!»

Дигаре мепурсад: «Чиро эълон намоям?»

«Одамизод мисли алаф аст,

Меҳру вафояш мисли гули саҳрост.+

 7 Вақте дами* Яҳува бивазад,+

Алаф хушк мешавад

Ва гул пажмурда мегардад.+

Бешак, одамизод алаф аст.

 8 Алаф хушк мешавад

Ва гул пажмурда мегардад,

Вале каломи Худои мо то абад мемонад».+

 9 Ба кӯҳи баланд баро,

Эй зане, ки ба Сион хабари хуш мерасонӣ.+

Бо тамоми овоз фарёд зан,

Эй зане, ки ба Ерусалим паёми шодӣ меорӣ.

Натарс, овозатро баланд намо,

Ба шаҳрҳои Яҳудо эълон кун: «Ана Худои шумо!»+

10 Парвардигор Яҳува бо қудрат хоҳад омад

Ва бозуяш барояш ҳукмронӣ хоҳад кард.+

Мукофот дар дасташ аст

Ва музде, ки ӯ медиҳад, пеши ӯст.+

11 Ӯ мисли чӯпон ба рамаи худ ғамхорӣ хоҳад кард,+

Бо дасташ баррагонро ҷамъ оварда,

Онҳоро ба оғӯш хоҳад гирифт.

Ӯ бо меҳрубонӣ мешони ширдеҳро роҳнамоӣ хоҳад намуд.+

12 Кӣ оби баҳрҳоро бо кафи даст чен кардааст+

Ва кӣ осмонро бо ваҷаб андоза намудааст?

Кӣ хоки заминро дар зарфе* ғунҷондааст+

Ва кӯҳҳову теппаҳоро дар паллаи тарозу баркашидааст?

13 Кӣ рӯҳи Яҳуваро чен кардааст*?

Кӣ маслиҳатгари ӯ шудааст ва ӯро таълим додааст?+

14 Бо кӣ ӯ маслиҳат кардааст, то бофаҳм шавад?

Кӣ роҳи адлу инсофро ба ӯ таълим додааст?

Кӣ ба ӯ дониш омӯзондааст

Ва роҳи фаҳму даркро ба ӯ нишон додааст?+

15 Охир, халқҳо дар назари ӯ қатрае аз сатил

Ва чанге бар тарозуянд.+

Ана, ӯ ҷазираҳоро чун ғубор мебардорад.

16 Ҳатто дарахтони Лубнон барои нигоҳ доштани оташ* камӣ мекунанд

Ва ҳайвонҳои он барои қурбонии сӯхтанӣ кофӣ нестанд.

17 Тамоми халқҳо дар пеши ӯ ночизанд+

Ва дар назари ӯ ҳеҷу пучанд.+

18 Худоро бо кӣ муқоиса мекунед+

Ва ӯро ба кӣ монанд мекунед?+

19 Усто бут мерезад,

Заргар онро бо тилло рӯпӯш мекунаду+

Занҷирҳои нуқрагин месозад.

20 Кас барои ҳадияи худ дарахте интихоб мекунад,+

Дарахтеро, ки намепӯсад,

Ва устои моҳиреро меҷӯяд,

То буте битарошад, ки чаппа намешавад.+

21 Магар намедонед?

Магар нашунидаед?

Магар ба шумо инро аз аввал нагуфтаанд

Ва аз бунёди замин инро нафаҳмидаед?+

22 Ӯ ҳамон аст, ки бар доираи* замин сокин аст,+

Ва бошандагони он мисли малаханд.

Ӯ осмонро чун матои нафис паҳн кардааст,

Чун хаймае барои зист боз намудааст.+

23 Ӯ сарваронро ночиз мегардонад,

Доварони* заминро ҳеҷу пуч месозад.

24 Ҳанӯз онҳо шинонда нашуда,

Ҳанӯз кошта нашуда

Ва ҳанӯз дар замин реша надавонда,

Бод мевазаду онҳоро хушк мекунад

Ва шамол онҳоро мисли коҳ мебарад.+

25 «Маро ба кӣ монанд мекунед ва ба кӣ баробар месозед? — мегӯяд Худои Пок.—

26 Чашмони худро сӯйи осмон бардошта, бубинед:

Кӣ ҳамаи инро офаридааст?+

Ҳамоне, ки лашкари онҳоро як ба як шумурда, берун меоварад,

Ӯ ҳамаи онҳоро ба номашон мехонад.+

Азбаски тавоноияш бепоён ва қувваташ бузург аст,+

Ҳамаи онҳо дар ҷойи худ ҳастанд.

27 Эй Яъқуб, чаро чунин мегӯӣ ва, эй Исроил, чаро чунин сухан меронӣ:

“Роҳи ман аз назари Яҳува пинҳон аст

Ва Худо ба ман адлу инсоф намекунад”?+

28 Магар намедонӣ? Магар нашунидаӣ?

Яҳува, Офаридгори гӯшаву канори замин, Худои ҷовид аст.+

Ӯ ҳаргиз монда намешавад ва бемаҷол намегардад.+

Фаҳму хиради ӯ ақлнорас аст.+

29 Ӯ ба хаста қувват медиҳад

Ва бемадорро неруи тоза мебахшад.+

30 Бачагон монда мешаванд ва бемаҷол мегарданд,

Ҷавонон пешпо мехӯранд ва меғалтанд,

31 Аммо онҳое, ки ба Яҳува умед мебанданд, қуввати нав меёбанд.

Онҳо чун уқоб дар баландиҳо парвоз мекунанд.+

Онҳо медаванд ва бемаҷол намешаванд,

Роҳ мераванд ва хаста намегарданд».+

41 «Хомӯш ба ман гӯш диҳед*, эй ҷазираҳо,

Бигзор халқҳо қуввати тоза пайдо кунанд,

Бигзор омада, сухан ронанд,+

Биёед барои муҳокима дар додгоҳ ҷамъ оем.

 2 Кист, ки касеро аз тарафи офтоббаро* бархезонидааст,+

Ӯро ба хизмати худ хондааст, то адлу инсофро ба ҷо орад,

То халқҳоро ба дасти ӯ супорад

Ва подшоҳонро зердасти ӯ гардонад?+

Кист, ки онҳоро пеши шамшери ӯ ба хок табдил медиҳад

Ва дар пеши камони ӯ чун коҳрезае, ки бод мебарад, пароканда месозад?

 3 Ӯ аз роҳҳое, ки ҳаргиз қадам нагузоштааст, бемалол гузашта,

Аз пасашон сур мекунад.

 4 Кист, ки амал намуда инро ба ҷо овард

Ва наслҳоро аз аввал ҷамъ намуд?

Ман — Яҳува, ки аввалинам+

Ва бо охиринҳо низ ҳамонам».+

 5 Ҷазираҳо инро диданд ва ба тарс омаданд,

Канорҳои замин ба ларза афтоданд.

Онҳо ҷамъ шуда, пеш омаданд.

 6 Ҳар яке ба ёри худ кумак мекунад

Ва ба бародараш мегӯяд: «Қавӣ бош!»

 7 Ҳунарманд заргарро+ дастгирӣ мекунад.

Касе, ки бо путк оҳанро ҳамвор мекунад,

Шахсеро, ки дар сандон мекӯбад, қавӣ месозад

Ва дар бораи кафшераш мегӯяд: «Хуб аст».

Сипас бутро мех зада устувор мекунанд, то ки нағалтад.

 8 «Аммо ту, эй Исроил, бандаи ман ҳастӣ,+

Ман туро, эй Яъқуб, насли дӯстам Иброҳим,+ хуш кардаам,+

 9 Туро аз гӯшаи замин гирифтаам+

Ва аз ҷойҳои дурдаст хондаам.

Ман ба ту гуфтам: “Ту бандаи ман ҳастӣ,+

Ман туро хуш кардаам, туро рад нанамудаам.+

10 Натарс, зеро ман бо ту ҳастам,+

Хавотир нашав, зеро ман Худои туям.+

Ман туро қувват мебахшам ва ба ту ёрӣ медиҳам+

Ва туро бо дасти рости адолат ёварӣ мекунам”.

11 Ҳамаи онҳое, ки бар ту дарғазаб мешаванд, шармандаю расво мегарданд.+

Касоне, ки бо ту меҷанганд, несту нобуд мешаванд.+

12 Касонеро, ки бо ту мубориза мебаранд, меҷӯйӣ, вале нахоҳӣ ёфт,

Аз касоне, ки бо ту меҷанганд, ному нишоне нахоҳад монд.+

13 Ман, Яҳува, Худои ту, дасти ростатро гирифта,

Ба ту мегӯям: “Натарс. Ман ба ту ёрӣ медиҳам”.+

14 Натарс, эй Яъқуб, эй кирми бечора,+

Эй мардуми Исроил, ман ба ту мадад мерасонам,— мегӯяд Яҳува, Товондеҳи ту,+ Худои Поки Исроил.—

15 Ман туро чапари ғаллакӯбӣ,+

Чапари нави дандонадоре кардам.

Ту кӯҳҳоро кӯфта, талқон мекунӣ

Ва теппаҳоро ба коҳреза табдил медиҳӣ.

16 Ту онҳоро бод медиҳӣ

Ва шамол онҳоро мебарад,

Тундбод онҳоро пароканда месозад.

Ту дар Яҳува шод мегардӣ+

Ва аз Худои Поки Исроил фахр мекунӣ.+

17 Дастнигару бечора об меҷӯянд, вале намеёбанд.

Забони онҳо аз ташнагӣ хушк шудааст.+

Ман, Яҳува, онҳоро хоҳам шунид.+

Ман, Худои Исроил, онҳоро тарк нахоҳам кард.+

18 Ман бар теппаҳои хушк дарёҳоро ҷорӣ мекунам+

Ва дар даштҳо чашмаҳо ҷӯш мезананд.+

Ман биёбонро ба кӯли пур аз қамиш

Ва замини беобро ба чашмасор табдил медиҳам.+

19 Ман дар биёбон дарахти сидра,

Ақоқиё, мӯрд ва санавбар мешинонам.+

Дар дашт дарахти арча,

Шунг* ва сарв мешинонам,+

20 То ки тамоми халқ бубинаду бидонад

Ва диққат диҳаду бифаҳмад,

Ки инро дасти Яҳува ба амал овардааст

Ва Худои Поки Исроил офаридааст.+

21 Даъвои худро арз кунед,— мегӯяд Яҳува.—

Далелҳои худро пеш оред,— мегӯяд Подшоҳи Яъқуб.—

22 Исбот оред ва бигӯед, ки дар оянда чӣ рӯй медиҳад.

Чизҳои пешинаро нақл кунед,

То ки дар бораашон андеша кунем ва оқибати онҳоро бифаҳмем,

Ё ояндаро ба мо пешгӯйӣ кунед.+

23 Бигӯед, ки пас аз ин чӣ рӯй медиҳад,

То бидонем, ки шумо худоед.+

Ягон кори нек ё баде бикунед,

То онро дида ба ҳайрат оем.+

24 Аммо шумо ночиз ҳастед

Ва амали шумо ҳеҷ аст.+

Ҳар кӣ шуморо интихоб кунад, нафратовар аст.+

25 Ман аз шимол касеро бархезондаам ва ӯ меояд,+

Ӯ аз тарафи офтоббаро*+ асту номи маро ба забон мегирад.

Ӯ ҳокимонро мисли гил таги по мекунад,+

Чуноне ки кӯзагар лойро поймол мекунад.

26 Кист, ки аз аввал дар бораи ин нақл кард, то мо бидонем

Ё аз давраҳои пеш дар бораи ин гуфт, то мо бигӯем: “Ҳақ бар ҷониби ӯст”?+

Касе инро эълон накардааст!

Касе дар бораи ин хабар надодааст!

Касе аз даҳони шумо чизе нашунидааст!+

27 Ман аввалин шуда ба Сион мегӯям: “Ана, ин чизҳо рӯй медиҳанд!”+ —

Ва ба Ерусалим муждарасонро мефиристам.+

28 Ман менигаристам, вале касе набуд,

Дар байни онҳо маслиҳатгаре ёфт нашуд.

Ман аз онҳо мепурсидам, вале ҷавобе намегирифтам.

29 Ҳамаи онҳо ночизанд.

Амали онҳо ҳеҷ аст.

Бутҳои рехтаи онҳо боди холиянд».+

42 «Ана бандаи ман,+ ки ӯро дастгирӣ мекунам,

Интихобшудаи ман,+ ки аз ӯ розиям!+

Ман рӯҳи худро бар ӯ гузоштаам+

Ва ӯ ба халқҳо адолат меорад.+

 2 Ӯ фарёд нахоҳад зад ва овози худро баланд нахоҳад кард,

Ӯ овози худро дар кӯчаҳо нахоҳад шунавонид.+

 3 Ӯ қамиши нимшикастаро намешиканад

Ва пилтаи нимсӯхтаро хомӯш намекунад.+

Ӯ аз рӯйи вафодорӣ адолат меорад,+

 4 То даме ки дар замин адолатро барқарор накунад, хаставу суст намешавад.+

Ҷазираҳо интизори шариати* ӯянд.

 5 Яҳува Худо —

Офаридгори осмон, Худои бузурге, ки онро паҳн кардааст,+

Худое, ки замин ва ҳар чиро дар он аст, ба вуҷуд овардааст,+

Худое, ки ба одамони рӯйи замин нафас+

Ва ба онҳое, ки дар он қадам мегузоранд, рӯҳ мебахшад,+ чунин мегӯяд:

 6 “Ман, Яҳува, аз рӯйи росткорӣ туро даъват намудам

Ва дасти туро гирифтам.

Ман туро дар паноҳам нигоҳ медорам, туро чун аҳд ба одамон медиҳам+

Ва нури халқҳо месозам,+

 7 То чашмони кӯронро кушоӣ,+

Бандиёнро аз зиндон берун орӣ

Ва касонеро, ки дар торикӣ нишастаанд, аз ҳабс барорӣ.+

 8 Ман Яҳуваам, ин номи ман аст.

Ман ҷалоли худро ба дигаре*

Ва ҳамду санои худро ба буте намедиҳам.+

 9 Ана, чизҳои пешина ба амал омаданд

Ва ман чизҳои навро эълон мекунам.

Пеш аз он ки иҷро шаванд, онҳоро ба шумо хабар медиҳам”».+

10 Эй баҳрнавардон ва ҳар чӣ дар баҳр аст,

Эй ҷазираҳо ва сокинони он!+

Ба Яҳува суруди наве бисароед+

Ва то канорҳои замин ӯро ситоиш кунед.+

11 Бигзор биёбон+ бо шаҳрҳояш

Ва маҳалҳои зисти Қедор+ овози худро баланд кунанд,

Бигзор мардуми кӯҳистон нидои шодӣ бароранд,

Аз қуллаи кӯҳҳо фарёд зананд.

12 Бигзор онҳо Яҳуваро ҷалол диҳанд

Ва дар ҷазираҳо ӯро ситоиш кунанд.+

13 Яҳува мисли паҳлавон берун хоҳад омад,+

Мисли ҷанговаре ғайраташро бедор хоҳад кард.+

Ӯ фарёд мезанад ва наъра мекашад.

Нишон медиҳад, ки аз душманонаш пурзӯртар аст.+

14 «Ман дер боз хомӯш будам.

Чизе намегуфтам ва худдорӣ мекардам.

Акнун мисли зане, ки таваллуд мекунад,

Нолиш хоҳам кард ва канда-канда нафас хоҳам кашид.

15 Ман кӯҳҳову теппаҳоро хароб мекунам

Ва тамоми сабзаи онҳоро хушк месозам,

Дарёҳоро ба ҷазираҳо табдил медиҳам

Ва кӯлҳои пур аз қамишро беоб мегардонам.+

16 Ман кӯронро бо роҳе мебарам, ки намедонанд,+

Ва бо пайраҳаҳое равон мекунам, ки намешиносанд.+

Ман торикии онҳоро ба рӯшноӣ+

Ва замини пасту баландро ба ҳамворӣ табдил медиҳам.+

Ман барои онҳо чунин мекунам ва онҳоро намепартоям».

17 Касоне, ки ба бутҳо таваккал мекунанд

Ва ба ҳайкалҳои рехта «Шумо худои моед», мегӯянд,

Шикаст мехӯранд ва шармандаю шармсор мешаванд.+

18 Гӯш кунед, эй карон!

Бингаред ва бубинед, эй кӯрон!+

19 Кӣ мисли бандаи ман кӯр аст

Ва мисли хабаррасоне, ки фиристодаам, кар аст?

Кӣ мисли касе, ки мукофот гирифтааст,

Мисли бандаи Яҳува, кӯр аст?+

20 Ту чизҳои бисёрро мебиниву аҳамият намедиҳӣ.

Гӯшҳоятро кушодаӣ, вале гӯш намедиҳӣ.+

21 Ба Яҳува писанд афтодааст, ки ба хотири росткорияш

Шариатро* шуҳрату ҷалол диҳад.

22 Вале ин халқро ғорату тороҷ кардаанд,+

Ҳамаи онҳо дар чоҳҳо ба дом афтодаанд ва дар зиндонҳо нишастаанд.+

Онҳоро ғорат карданд ва халосгаре нест,+

Онҳоро тороҷ карданд ва касе нест, ки бигӯяд: «Баргардонед!»

23 Кӣ дар миёни шумо ба ин гӯш медиҳад?

Кӣ диққат медиҳад ва барои оянда дарс мегирад?

24 Кӣ Яъқубро ба ғоратгарон

Ва Исроилро ба тороҷгарон супурдааст?

Магар Яҳува не, ки бар зидди ӯ гуноҳ кардаем?

Онҳо бо роҳҳои ӯ рафтан нахостанд

Ва шариати* ӯро риоя накарданд.+

25 Аз ин сабаб ӯ оташи қаҳру ғазаб

Ва ҷангу ҷӯшро бар онҳо фурӯ мерехт.+

Он дар гирдогирдашон ҳамаро ба комаш кашид, вале онҳо парво накарданд.+

Онҳоро сӯзонд, вале диққате надоданд.+

43 Яҳува, ки Офаридгори туст, эй Яъқуб, ва Ҳасткунандаи туст, эй Исроил,+ чунин мегӯяд:

«Натарс, зеро ман туро бозхаридаам.+

Номатро гирифта туро хондаам.

Ту аз манӣ.

 2 Вақте аз обҳо гузарӣ, ман бо ту хоҳам буд+

Ва дарёҳо туро ғарқ нахоҳанд кард.+

Вақте аз оташ гузарӣ, намесӯзӣ

Ва алангаи он ба ту зараре намерасонад,

 3 Зеро ман Яҳува, Худои ту,

Худои Поки Исроил ва Наҷотдеҳи ту ҳастам.

Ман ба ҷойи ту Мисрро товон додаам

Ва дар ивази ту Ҳабашистону Сиборо бахшидаам,

 4 Зеро ту дар назари ман пурарзиш гаштиву+

Қадру қимат ёфтӣ ва ман туро дӯст доштам.+

Аз ин рӯ ба ҷойи ту мардуми дигар

Ва дар ивази ҷони ту халқҳоро хоҳам дод.

 5 Натарс, зеро ман бо ту ҳастам.+

Ман насли туро аз шарқ бармегардонам

Ва туро аз ғарб ҷамъ меорам.+

 6 Ба шимол мегӯям: “Онҳоро боздеҳ!”+ —

Ва ба ҷануб: “Пеши роҳи онҳоро нагир.

Писарони маро аз дуриҳо ва духтарони маро аз канорҳои замин биёр,+

 7 Ҳар касеро, ки ба номи ман хонда шудааст+

Ва ман ӯро барои ҷалоли худ офаридаам,

Ба вуҷуд овардааму ҳаст кардаам,+ назди ман ор”.

 8 Мардумеро, ки чашм доранду кӯранд,

Гӯш доранду каранд, берун ор.+

 9 Бигзор тамоми халқҳо дар як ҷо ҷамъ шаванд

Ва мардумон бо ҳам оянд.+

Кист дар миёни онҳо, ки инро бигӯяд

Ё чизҳои аввалро* ба мо хабар диҳад?+

Бигзор шоҳидони худро оварда, ҳақ буданашонро исбот кунанд

Ва мардум бишнаваду бигӯяд: “Рост мегӯед!”+

10 Шумо шоҳидони ман ҳастед,+— мегӯяд Яҳува,—

Бандаи ман, ки интихобаш кардаам,+

То бидонеду ба ман имон оред*

Ва бифаҳмед, ки ман дигар нашудаам.+

Пеш аз ман Худое набуд ва баъд аз ман нахоҳад буд.+

11 Ман, ман Яҳува ҳастам+ ва ғайр аз ман наҷотдиҳандае нест.+

12 Ҳанӯз дар миёни шумо худои бегонае набуд+ ки,

Ман эълон кардам, наҷот додам ва маълум намудам.

Шумо шоҳидони ман ҳастед,— мегӯяд Яҳува,— ва ман Худо ҳастам.+

13 Ман асло дигар намешавам.+

Касе аз дасти ман чизеро кашида намегирад.+

Ман ки амал кунам, кӣ пеши роҳамро мегирад?»+

14 Яҳува, Товондеҳи+ шумо, Худои Поки Исроил,+ чунин мегӯяд:

«Ба хотири шумо ман ба Бобил лашкар мефиристам ва ҳамаи ғалақаҳои дарвозаҳоро меғалтонам.+

Он гоҳ калдониён дар киштиҳояшон ба фиғон меоянд.+

15 Ман Яҳува, Худои Поки шумо,+ Офарандаи Исроил+ ва Подшоҳи шумо ҳастам».+

16 Яҳува, ки роҳе дар баҳр

Ва гузаргоҳе дар обҳои пурталотум кушодааст,+

17 Худое, ки аспу аробаи ҷангӣ,+

Лашкарро бо ҷанговарони пурзӯраш, берун овардааст, чунин мегӯяд:

«Онҳо меафтанд ва намехезанд,+

Ва, чуноне ки шуълаи пилтаро мекушанд, кушта мешаванд.

18 Чизҳои пешинаро ба хотир наоред

Ва дар бораи гузашта фикру хаёл накунед,

19 Зеро ман кори наве мекунам,+

Ки аллакай оғоз ёфтааст.

Магар шумо инро пай набурдаед?

Ман дар биёбон роҳ мекушоям+

Ва дар дашт дарёҳоро ҷорӣ мекунам.+

20 Ҳайвонҳои саҳро, шағолон ва шутурмурғон,

Маро ҷалол хоҳанд дод,

Зеро ман биёбонро сероб мекунам

Ва дар дашт дарёҳо равон мешаванд,+

То халқи ман, интихобшудаам,+ бинӯшад.

21 Ман ин халқро барои худ ҳаст кардаам,

То маро васфу ситоиш намояд.+

22 Вале ту, эй Яъқуб, сӯйи ман нахондӣ,+

Зеро ту, эй Исроил, аз ман монда шудӣ.+

23 Ту ба ман барои қурбониҳои сӯхтаният гӯсфанд наовардӣ

Ва бо қурбониҳоят маро ҷалол надодӣ.

Ҳадия талабиданам ба ту вазнинӣ намекард

Ва лодан хостанам туро монда наменамуд.+

24 Ту пул дода бароям найи хушбӯй нахаридӣ

Ва бо чарбуи қурбониҳоят маро сер накардӣ,+

Балки бо гуноҳҳоят ба ман вазнинӣ кардӣ

Ва бо бадкорият маро монда кардӣ.+

25 Ман, ман ба хотири худ+ айбу хатои* туро тоза кардам+

Ва гуноҳҳоятро ба ёд нахоҳам овард.+

26 Агар чизеро фаромӯш карда бошам, ба ман хотиррасон намо.

Биё даъвоеро, ки бар зидди якдигар дорем, баён намоем,

Далел ор, ки ҳақ ба ҷониби туст.

27 Падари аввалини ту гуноҳ кард

Ва намояндагони* ту ба ман зид баромаданд.+

28 Барои ҳамин ман мирони ҷойи муқаддасро нопок меҳисобам,

Яъқубро ба нестӣ месупорам

Ва Исроилро гирифтори дашном мекунам.+

44 Гӯш деҳ, эй бандаам Яъқуб,

Ва, эй Исроил, ки туро интихоб кардаам.+

 2 Яҳува, ки туро офаридаасту ҳаст кардааст+

Ва аз рӯзи зода шуданат мададгори туст, чунин мегӯяд:

“Натарс, эй бандаам Яъқуб,+

Ва, эй Ешурун*,+ ки туро интихоб кардаам.

 3 Ман обро ба замини ташналаб мерезам*+

Ва бар замини хушк ҷӯйҳоро равон мекунам.

Ман рӯҳи худро бар наслат

Ва баракати худро бар фарзандонат фурӯ мерезам.+

 4 Онҳо, мисли он ки дар миёни сабзазор бошад, хоҳанд сабзид+

Ва мисли сафедорон назди ҷӯйҳои об қад хоҳанд кашид.

 5 Яке хоҳад гуфт: “Ман аз они Яҳува ҳастам”.+

Дигаре худро ба номи Яъқуб хоҳад хонд

Ва боз яке бар дасти худ хоҳад навишт:

“Аз они Яҳува ҳастам”.

Ӯ номи Исроилро барои худ хоҳад гирифт”.

 6 Яҳува, Подшоҳи Исроил+ ва Товондеҳи ӯ,+

Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд:

“Ман аввалину охирин ҳастам,+

Ғайр аз ман Худое нест.+

 7 Кист мисли ман?+

Бигзор овоз бароварда, гап занад ва инро ба ман исбот кунад!+

Бигзор ояндаи дуру наздикро баён намояд,

Чуноне ки ман аз замони халқи қадимро ба вуҷуд оварданам мекардам.

 8 Ба ваҳм наоед ва аз тарс шах нашавед.+

Магар инро ба ҳар яки шумо пешакӣ нагуфта будам ва эълон накарда будам?

Шумо шоҳидони ман ҳастед.+

Магар ғайр аз ман Худое ҳаст?

Не, ғайр аз ман Кӯҳпорае нест,+ дигареро намешиносам”».

 9 Ҳамаи бутсозон ҳеҷанд

Ва аз бутҳои азизашон фоидае нахоҳад буд.+

Онҳо*, ки шоҳидонашон ҳастанд, чизеро намебинанд ва намедонанд.+

Аз ин рӯ созандагонашон шарманда мешаванд.+

10 Магар касе дидаю дониста худое ё бути рехтае месозад,

Ки фоидае намеорад?+

11 Ҳамаи шарикони ӯ шарманда мешаванд!+

Устоҳои бутсоз одамони хокиянд.

Бигзор ҳамаашон ҷамъ омада, биистанд.

Ҳамаашон ба ҳарос омада, шарманда хоҳанд шуд.

12 Оҳангар асбобашро* ба кор бурда, оҳанро бар лахчаҳо метафсонад,

Қуввати дасти худро кор фармуда,+

Онро бо путкҳо шакл медиҳад,

Сипас аз гушнагӣ беҳол

Ва аз ташнагӣ бемадор мегардад.

13 Чӯбтарош бар чӯб таноб кашида, бо бӯри сурх қолаб мекашад.

Онро бо ранда метарошад ва бо паргор чен мекунад.

Сураташро ба одам монанд мекунад+

Ва ба он ҷамоли одамизодро мебахшад, то дар хонае* ҷойгир кунад.+

14 Нафаре дарахти сидра мебурад.

Ӯ дарахтеро, дарахти булутро, хуш мекунад

Ва мемонад, ки он дар миёни дарахтони ҷангал қад кашад.+

Ӯ дарахти ғор мешинонад ва борон онро калон мекунад.

15 Сипас он барои одам аловӣ мешавад.

Як қисмашро ӯ барои гарм кардани худ мегирад,

Алов даргиронда, нон мепазад.

Вале боз аз он худое сохта, онро парастиш мекунад.

Ӯ аз он дарахт бут метарошад ва пешаш саҷда мебарад.+

16 Нисфашро ӯ дар алов месӯзонад,

Бар он гӯшт пухта, ба серӣ мехӯрад.

Ӯ ҳамчунин худро гарм мекунад ва мегӯяд:

«Чӣ хел нағз! Аловро тамошо кардам, худро гарм кардам».

17 Аммо аз бақияи чӯб ӯ худое месозад, барои худ буте метарошад.

Ӯ ба он саҷда бурда, онро мепарастад,

Ба он дуо хонда мегӯяд:

«Маро наҷот деҳ, зеро ту худои ман ҳастӣ».+

18 Онҳо чизе намедонанду намефаҳманд,+

Зеро чашмонашон баста аст ва намебинад,

Дар дили онҳо фаҳму хираде нест.

19 Касе дар дили худ андеша намекунад

Ва ақлу фаҳм карда намегӯяд:

«Нисфашро дар алов сӯзондам,

Бар лахчаҳояш барои хӯрдан нону гӯшт пухтам.

Наход акнун аз бақияи ин чӯб чизи нафратоваре созам?+

Наход чӯби хушкеро парастиш кунам?»

20 Ӯ хокистар мехӯрад.

Дили гумроҳаш ӯро аз раҳ задааст.

Ӯ наметавонад худро наҷот диҳад ва намегӯяд:

«Магар он чӣ дар дасти рости ман аст, фиреб нест?»

21 «Ин чизҳоро дар хотир дор, эй Яъқуб, эй Исроил,

Зеро ту бандаи ман ҳастӣ.

Туро ман офаридаам ва ту бандаи ман ҳастӣ.+

Ман туро фаромӯш намекунам, эй Исроил.+

22 Ман айбу хатои туро чун бо абр

Ва гуноҳҳоятро чун бо абри сиёҳ рӯпӯш мекунам.+

Сӯйи ман баргард, зеро ман туро бозмехарам.+

23 Бонги шодӣ зан, эй осмон!

Зеро Яҳува инро ба амал овардааст.

Тантана кунед, эй чуқуриҳои замин!

Аз хурсандӣ фарёд занед, эй кӯҳҳо+

Ва ҷангалу тамоми дарахтон!

Зеро Яҳува Яъқубро бозхаридааст

Ва ҷалолашро дар Исроил маълум сохтааст».+

24 Яҳува, Товондеҳи ту,+

Ки туро дар шиками модарат ҳаст кардааст, чунин мегӯяд:

«Ман Яҳува ҳастам, ки ҳама чизро офаридаам.

Ман ба танҳоӣ осмонро паҳн кардаам+

Ва заминро густурдаам.+

Магар он вақт касе бо ман буд?

25 Ман аломатҳои беҳудагӯёнро* бекор мекунам,

Фолбинонро аз ақл бегона месозам,+

Хирадмандонро шикаст медиҳам

Ва дониши онҳоро ба аҳмақӣ табдил медиҳам.+

26 Ман сухани бандаамро ба амал меорам

Ва пешгӯйиҳои фиристодагонамро пурра ба иҷро мерасонам,+

Дар бораи Ерусалим мегӯям: “Он одамнишин мешавад”,+

Ва дар бораи шаҳрҳои Яҳудо мегӯям: “Онҳо аз нав бино мегарданд+

Ва ман харобаҳоро барқарор месозам”.+

27 Ба оби чуқур мегӯям: “Бухор шав,

Ман тамоми дарёҳои туро хушк мекунам”.+

28 Дар бораи Куруш+ мегӯям: “Ман ӯро чӯпон таъйин кардаам,

Ӯ хости маро як ба як иҷро хоҳад кард”,+

Дар бораи Ерусалим мегӯям: “Он аз нав бино мегардад”,

Ва дар бораи ибодатгоҳ: “Таҳкурсии ту гузошта мешавад”».+

45 Яҳува ба Куруш,+ таъйинкардаи* худ,

Ки дасти росташро гирифтааст,+

То халқҳоро зердасти ӯ созад,+

Подшоҳонро бесилоҳ гардонад

Ва дарҳои дутабақаро пеши ӯ кушояду

Нагзорад, ки дарвозаҳо ба рӯяш баста шаванд, чунин мегӯяд:

 2 «Ман пешопеши ту меравам+

Ва теппаҳоро ҳамвор мекунам.

Дарҳои мисинро пора-пора месозам

Ва ғалақаҳои оҳанинро мешиканам.+

 3 Ман ганҷҳои ниҳон

Ва сарватеро, ки дар торикист, ба ту медиҳам,+

То бидонӣ, ки ман Яҳува, Худои Исроил, ҳастам, ки туро ба номат хондаам.+

 4 Ба хотири бандаам Яъқуб ва интихобкардаам Исроил

Туро ба номат мехонам.

Ба ту номи пуршарафе медиҳам, ҳарчанд маро намешинохтӣ.

 5 Ман Яҳува ҳастам ва дигаре нест.

Ғайр аз ман Худое нест.+

Ман туро қувват мебахшам, ҳарчанд маро намешинохтӣ,

 6 То мардум аз шарқ то ғарб бидонанд,

Ки ҷуз ман дигаре нест.+

Ман Яҳува ҳастам ва дигаре нест.+

 7 Ман рӯшноиро ба вуҷуд меорам+ ва торикиро меофарам,+

Осоиштагӣ мебахшам+ ва фалокат меорам.+

Ҳамаи инро ман — Яҳува, мекунам.

 8 Эй осмон, бибор,+

Бигзор аз абрҳо росткорӣ биборад.

Бигзор замин наҷот ба бор орад

Ва бар он росткорӣ бисабзад.+

Ман, Яҳува, инро ба вуҷуд овардаам».

 9 Вой бар касе, ки бо Созандааш баҳс мекунад,

Зеро ӯ як сафолпораест,

Ки дар миёни сафолпораҳои дигар бар замин хобидааст.

Оё лой ба Кӯзагар* мегӯяд: «Ин чист, ки ту месозӣ?»+

Ё амали даст дар бораи созандааш мегӯяд: «Дасташ ҳунар надорад»?*

10 Вой бар касе, ки ба падар мегӯяд: «Ту падари чӣ касе шудӣ?» —

Ва ба зан: «Ту чӣ зоидӣ?»

11 Яҳува, Худои Поки Исроил,+ Созандаи ӯ, чунин мегӯяд:

«Оё аз ман дар бораи оянда ҷавоб металабӣ?!

Магар ба ман фармон медиҳӣ, ки бо писаронам+ ва амали дастонам чӣ кор кунам?

12 Ман замин+ ва инсонро офаридаам.+

Осмонро бо дастонам паҳн кардаам+

Ва ба тамоми лашкари он+ амр медиҳам.

13 Аз рӯйи росткориям ман шахсеро ба миён овардам+

Ва ҳамаи роҳҳои ӯро рост месозам.

Ӯ шаҳри маро бино хоҳад кард+

Ва асиронамро бе музд ё пора+ озод хоҳад намуд»,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.

14 Яҳува чунин мегӯяд:

«Сарвати* Миср, молҳои* Ҳабашистон ва аҳли Сабо, ки мардуми қоматбаланданд,

Назди ту хоҳанд омад ва аз они ту хоҳанд шуд.

Онҳо занҷирбанд аз паси ту хоҳанд рафт,

Омада, ба ту таъзим хоҳанд кард+

Ва ба ту эҳтиром гузошта, чунин хоҳанд гуфт: “Бешак, Худо бо туст+

Ва дигаре нест, ғайр аз ӯ Худое нест”».

15 Ба ростӣ, ту Худои ниҳонкорӣ,

Эй Худои Исроил, эй Наҷотдиҳанда.+

16 Ҳамаи онҳо шармандаву шармсор хоҳанд шуд,

Ҳамаи бутсозон бо сари паст хоҳанд рафт.+

17 Вале Яҳува Исроилро бо наҷоти ҷовидонӣ халосӣ хоҳад бахшид.+

Шумо то абад рӯйи шармандагию сарпастиро нахоҳед дид.+

18 Яҳува, Офаридгори осмон,+ Худои ҳақиқӣ,

Офарандаи замин, Созандаи он, ки устувораш кардааст+

Ва онро на беҳуда*, балки барои зист офаридааст,+

Чунин мегӯяд: «Ман Яҳува ҳастам ва дигаре нест.

19 Ман дар ҷойи пинҳон, дар замини торикӣ, сухан нарондаам,+

Ба насли Яъқуб нагуфтаам:

“Маро биҷӯед, лекин бидонед, ки нахоҳед ёфт”.

Ман Яҳува ҳастам, ки аз ростӣ сухан мегӯям ва инсофро баён месозам.+

20 Ҷамъ шавед ва биёед,

Ҳамаатон наздик оед, эй гурезагони халқҳо!+

Онҳое, ки бутҳоро бардошта мегарданд

Ва ба худое, ки наҷот дода наметавонад, дуо мегӯянд, нодонанд.+

21 Арз намоед ва далелҳоятонро баён созед.

Бигзор онҳо якҷоя маслиҳат кунанд.

Кӣ инро аз қадим пешгӯйӣ кардааст

Ва аз замонҳои пеш эълон намудааст?

Магар на ман — Яҳува?

Ғайр аз ман Худое нест,

Ҷуз ман Худои росткор ва Халосгаре+ нест.+

22 Ба ман рӯ оред ва наҷот ёбед,+ эй мардуми ҳама гӯшаву канори замин,

Зеро ман Худо ҳастам ва дигаре нест.+

23 Ба номи худ қасам хӯрдаам —

Сухане, ки аз даҳонам баромадааст, ҳақ аст

Ва ман аз гапам намегардам:+

Ҳар зону пеши ман хам хоҳад шуд,

Ҳар забон ба ман савганди вафо ёд хоҳад кард+

24 Ва хоҳад гуфт: “Бешубҳа, Яҳува дорои инсоф ва қувват аст.

Ҳамаи онҳое, ки бар ӯ хашм гирифтаанд, пеши ӯ шарманда мешаванд.

25 Тамоми насли Исроил аз Яҳува сафед хоҳад шуд+

Ва бо ӯ фахр хоҳад кард”».

46 Бил* хам мешавад,+ Набӯ сари таслим фуруд меорад.

Бутҳои онҳо бар пушти ҳайвонҳо, чорпоёни борбардор, гузошта шудаанд,+

Боре ҳастанд, ки ба ҳайвонҳои хаста вазнинӣ мекунад.

 2 Онҳо якҷоя хам шуда меафтанд,

Борро* халос карда наметавонанд

Ва худашон ҳам ба асирӣ мераванд.

 3 «Ба ман гӯш диҳед, эй хонадони Яъқуб ва эй тамоми бақияи хонадони Исроил!+

Ман шуморо аз вақти таваллуд дастгирӣ мекардам ва аз вақти зода шуданатон мебардоштам.+

 4 То пирии шумо ман дигар намешавам,+

То сафед шудани мӯятон шуморо бардошта мегардам.

Чуноне ки пеш мекардам, аз ин пас ҳам шуморо мебардорам, бар худ бор мекунам ва наҷот медиҳам.+

 5 Маро ба кӣ монанд мекунед, ба кӣ баробар медонед ва бо кӣ қиёс менамоед?+

Кист, ки мисли ман бошад?+

 6 Онҳо аз ҳамёнашон тилло мерезанд,

Нуқраро бар тарозу бармекашанд,

Заргарро киро мекунанд ва ӯ худое месозад.+

Пас аз ин пеши он саҷда мекунанд ва онро мепарастанд.+

 7 Онро ба китфашон мегузоранд,+

Бурда, ба ҷояш мемонанд ва он меистад.

Он аз ҷояш намеҷунбад.+

Онро зорӣ мекунанд, вале ҷавобе намедиҳад,

Касеро аз фалокат наҷот дода наметавонад.+

 8 Инро дар хотир доред ва далер бошед.

Ба ин диққат диҳед, эй гунаҳкорон!

 9 Чизҳои пешина, чизҳои қадимаро, ба хотир оред,

Ба ёд оред, ки ман Худо ҳастам ва дигаре нест.

Ман Худо ҳастам ва мисли ман касе нест.+

10 Ман оқибатро аз аввал

Ва чизеро, ки ҳанӯз рӯй надодааст, аз қадим пешгӯйӣ мекунам.+

Ман мегӯям: “Нияти* ман амалӣ хоҳад шуд+

Ва хости худро ба ҷо хоҳам овард”.+

11 Ман аз ҷониби офтоббаро парандаи соҳибчанголеро меорам,+

Аз замини дурдаст касеро мехонам, ки ниятамро ба ҷо меорад.+

Он чиро гуфтам, ба ҷо меорам

Ва он чиро ният кардам, амалӣ месозам.+

12 Ба ман гӯш диҳед, эй касоне, ки дили якрав доред,

Эй онҳое, ки аз росткорӣ дуред!

13 Замоне ки росткориямро нишон медиҳам, наздик аст,

Он дур нест,

Наҷот аз сӯйи ман дер намеояд.+

Ман Сионро наҷот медиҳам

Ва ба Исроил шукӯҳамро мебахшам».+

47 Фуруд ой ва бар хок биншин,

Эй духтари бокираи Бобил!+

Бар тахт неву бар рӯйи замин биншин,+

Эй духтари калдониён,

Зеро одамон туро дигар нозпарвард ва эрка нахоҳанд номид.

 2 Дастосро* бигиру орд кун.

Рӯймолатро бикаш,

Доманатро бардор, пойҳоятро луч кун,

Аз дарёҳо бигузар.

 3 Бараҳнагии ту намоён мешавад

Ва расвоии ту ошкор мегардад.

Ман қасос мегирам+ ва ҳеҷ кас пеши роҳамро гирифта наметавонад*.

 4 «Товондеҳи мо,

Ки номаш Яҳува, Худои лашкарҳост,

Худои Поки Исроил аст».+

 5 Хомӯш биншин ва сӯйи торикӣ бирав,

Эй духтари калдониён.+

Туро дигар маликаи мамлакатҳо нахоҳанд номид.+

 6 Ман бар халқам дарғазаб шудам+

Ва мулки худро хор доштам.+

Халқамро ба дасти ту супурдам,+

Вале ту ба онҳо раҳм накардӣ+

Ва ҳатто бар гардани пиронсолон юғи* гарон гузоштӣ.+

 7 Ту гуфтӣ: «Ман ҳамеша ва то абад малика хоҳам буд».+

Ту ба ин чизҳо диққат надодӣ

Ва аз оқибати кор наандешидӣ.

 8 Пас, инро бишнав, эй дӯстдори лаззат,+

Ки дар осоиштагӣ нишаста, дар дили худ мегӯӣ:

«Ман ҳастаму дигаре нест.+

Ман ҳеҷ гоҳ бевазан намешавам

Ва марги фарзандонамро намебинам».+

 9 Вале ин ду чиз, бефарзандиву бевазанӣ, ногаҳон ва дар як рӯз бар сарат меоянд+

Ва ҷонат аз ин чизҳо сер хоҳад шуд,+

Зеро* ҷодуҳову афсунҳои пурқуввати ту бисёранд.+

10 Ту ба бадкории худ умед баста, гуфтӣ:

«Маро касе намебинад».

Туро ҳамин хирад ва донишат гумроҳ кардааст ки,

Дар дили худ мегӯӣ: «Ман ҳастаму дигаре нест».

11 Аммо бар сарат фалокат меояд

Ва афсунҳоят кора нахоҳанд кард.

Бадбахтие бар сарат меояд, ки онро пешгирӣ карда наметавонӣ.

Ногаҳон бар сарат чунон шикасте меояд, ки дар гӯшаи хаёлат набуд.+

12 Пас, куфу суф ва ҷодуҳои бисёратро давом деҳ,+

Бо корҳое, ки аз ҷавонӣ ба онҳо мекӯшидӣ, машғул бош.

Шояд, аз онҳо фоидае шавад,

Шояд, мардумро бо онҳо ба ҳарос орӣ.

13 Ту аз бисёрии маслиҳатгаронат хаста шудаӣ,

Бигзор онҳо, ки осмонро мепарастанду* ба ситораҳо назар медӯзанд+

Ва дар навмоҳҳо аз пешомадат хабар медиҳанд,

Бархоста, туро наҷот диҳанд.

14 Онҳо мисли ғаллапояанд,

Оташ онҳоро хоҳад сӯзонид.

Онҳо ҷони худро аз дасти оташ халос карда наметавонанд.

Ин оташ мисли лахчаҳо нест, ки дар наздашон гарм шавӣ

Ва ин гулхане нест, ки дар пешаш нишинӣ.

15 Оқибати афсунгаронат низ чунин хоҳад буд,

Оқибати онҳое, ки аз ҷавоният ҳамроҳашон заҳмат кашидаӣ.

Онҳо саргардон шуда, ҳар яке ҳар сӯ хоҳад рафт

Ва касе ёфт намешавад, ки туро наҷот диҳад.+

48 Инро бишнавед, эй хонадони Яъқуб,

Ки худро ба номи Исроил хондаеду+

Аз Яҳудо сарчашма гирифтаед,

Ба номи Яҳува қасам мехӯреду+

Сӯйи Худои Исроил мехонед,

Вале на бо росткориву аз дили соф.+

 2 Онҳо худро бо номи шаҳри муқаддас+ мехонанд

Ва аз Худои Исроил, ки номаш Яҳува, Худои лашкарҳост, кумак меҷӯянд.+

 3 «Чизҳои пешинаро ба шумо аз қадим гуфтаам.

Онҳо аз даҳони ман баромадаанд,

Ман онҳоро эълон намудаам.+

Ногаҳон амал кардам ва онҳо иҷро шуданд.+

 4 Ман медонистам, ки ту якрав ҳастӣ,

Рагу пайи гарданат оҳанин ва пешоният мисин аст,+

 5 Барои ҳамин инро аз қадим баён намудам.

Пеш аз он ки ин ба амал ояд, туро хабардор кардам,

То нагӯӣ: “Инро бути ман кардааст,

Ҳайкали тарошида ва ҳайкали рехтаи ман фармудааст”.

 6 Шумо ҳамаи инро шунида ва дидаед.

Наход инро ба дигарон нарасонед?+

Ҳоло ман ба ту чизҳои нав,+

Розҳои ниҳонеро, ки намедонистӣ, эълон мекунам.

 7 Онҳо на аз қадим, балки ҳоло ба амал омада истодаанд,

Ва ту ин чизҳоро то имрӯз нашунида будӣ.

Аз ин рӯ ту гуфта наметавонӣ: “Ман инро медонистам”.

 8 Ту нашунида будӣ+ ва намедонистӣ

Ва аз замони пеш гӯшҳоят пӯшида буданд.

Ман медонам, ки ту бисёр хиёнаткорӣ,+

Ва аз вақти зода шуданат бадкор номида шудаӣ.+

 9 Вале ба хотири номи худ ман ғазабамро бозмедорам,+

Ва барои ҷалоли худ худдорӣ намуда,

Туро нобуд намекунам.+

10 Ман туро тоза кардаам, аммо на мисли нуқра,+

Туро дар оташдони ҷонгудоз имтиҳон кардаам*.+

11 Ба хотири худам, ба хотири худам амал мекунам.+

Охир, чӣ хел гузорам, ки номам хор шавад?+

Ман ҷалоли худро ба касе намедиҳам.

12 Ба ман гӯш андоз, эй Яъқуб ва эй Исроил, ки туро даъват кардаам.

Ман ҳамонам, ки будам.+ Ман аввалин ва охирин ҳастам.+

13 Дасти ман бунёди заминро гузоштааст+

Ва дасти рости ман осмонро густурдааст.+

Вақте онҳоро даъват кунам, ҳозир мешаванд.

14 Ҳамаатон ҷамъ шавед ва гӯш диҳед.

Кист аз миёни онҳо, ки ин чизҳоро эълон карда бошад?

Ман, Яҳува, ӯро дӯст доштаам.+

Ӯ бо Бобил ҳар чӣ дилам хоҳад, мекунад+

Ва дасти ӯ бар зидди калдониён хоҳад буд.+

15 Ман гуфтаам ва ӯро даъват кардаам.+

Ман ӯро овардаам ва ӯ дар роҳи худ комёб мешавад.+

16 Ба наздам омада, бишнавед.

Аз аввали аввал пинҳонӣ гап назадаам+

Ва аз вақти рӯй доданаш ҳамон ҷо будам».

Ҳоло Парвардигор Яҳува маро бо рӯҳаш фиристодааст.

17 Яҳува, Товондеҳи ту ва Худои Поки Исроил, чунин мегӯяд:+

«Ман — Яҳува, Худои ту ҳастам,

Ки туро таълим медиҳам, то ба худат фоида бирасонӣ,+

Туро бо роҳе мебарам, ки бояд бо он биравӣ.+

18 Кошки ба амрҳои ман гӯш медодӣ!+

Он гоҳ осоиштагии ту мисли дарё+

Ва росткории ту мисли мавҷҳои баҳр мебуд.+

19 Он гоҳ насли ту мисли рег бисёр

Ва фарзандонат мисли регрезаҳо сершумор мебуданд+

Ва номашон ҳеҷ гоҳ аз пеши ман несту нобуд намешуд».

20 Аз Бобил берун оед!+

Аз пеши калдониён бигрезед!

Инро бо нидои шодӣ эълон намоед!+

Инро хабар диҳед ва то канорҳои дунё бирасонед!+

Бигӯед: «Яҳува бандааш Яъқубро бозхаридааст.+

21 Вақте онҳоро аз харобазорҳо мегузаронд, ташна намешуданд.+

Ӯ барояшон аз кӯҳпора об баровард,

Сангро шикоф кард ва аз он об ҷорӣ шуд».+

22 «Вале бадкорон осоиштагиро намебинанд»,— мегӯяд Яҳува.+

49 Ба ман гӯш диҳед, эй ҷазираҳо,

Ва диққат намоед, эй халқҳои дурдаст!+

Яҳува маро пеш аз зода шуданам даъват кардааст,+

Замоне ки дар шиками модар будам, номи маро ба забон овардааст.

 2 Ӯ даҳони маро мисли шамшери тез сохтааст,

Маро дар сояи дасти худ паноҳ додааст.+

Маро тири суфтае кардааст,

Дар тирдони худ пинҳон намудааст.

 3 Ӯ ба ман гуфт: «Ту бандаи ман ҳастӣ, эй Исроил,+

Ба воситаи ту худро ҷалол хоҳам дод».+

 4 Вале ман гуфтам: «Беҳуда заҳмат кашидам,

Қуввати худро бефоидаву барабас сарф кардам.

Аммо довари ман Яҳува аст*

Ва музди ман аз ҷониби Худои ман аст».+

 5 Акнун Яҳува, ки маро дар шиками модар бандаи худ сохтааст,

Ба ман фармуд, ки Яъқубро сӯяш бозоварам,

Ва Исроил назди ӯ ҷамъ шавад.+

Ман дар назари Яҳува ҷалол хоҳам ёфт

Ва Худои ман қуввати ман хоҳад буд.

 6 Ӯ гуфт: «Ту на танҳо барои барқарор намудани қабилаҳои Яъқуб

Ва бозовардани бақияи Исроил бандаи ман ҳастӣ,

Ман туро нури халқҳо низ кардаам,+

То наҷоти ман то гӯшаю канори замин бирасад».+

7 Яҳува, Товондеҳи Исроил, Худои Поки ӯ,+ ба нафратзадаи мардум, ки назарашон ӯро намегирад,+ ба ходими ҳокимон, чунин мегӯяд:

«Ба хотири Яҳува, ки вафодор аст,+

Худои Поки Исроил, ки туро интихоб кардааст,+

Подшоҳон мебинанду бармехезанд

Ва мирон таъзим мекунанд».

 8 Яҳува чунин мегӯяд:

«Дар замони илтифот ба ту ҷавоб додам+

Ва дар рӯзи наҷот ба ту мадад кардам.+

Ман туро ҳимоя мекардам, то туро чун аҳд барои халқҳо бидиҳаму+

Ту заминро барқарор намоӣ,

Мардумро ба мулкҳои беодамашон баргардонӣ,+

 9 Ба бандиён бигӯӣ: “Берун оед!”+ —

Ва ба касоне, ки дар торикиянд:+ “Намоён шавед!”

Онҳо лаб-лаби роҳҳо алаф хоҳанд хӯрд

Ва қад-қади тамоми пайраҳаҳо* чаро хоҳанд кард.

10 Онҳо гушнаву ташна намемонанд,+

Аз гармову тафси офтоб намесӯзанд,+

Зеро Дилсӯзашон онҳоро роҳнамоӣ хоҳад кард+

Ва назди чашмаҳои об хоҳад бурд.+

11 Ман ҳамаи кӯҳҳоямро ба роҳҳо табдил медиҳам

Ва шоҳроҳҳои ман баланд мешаванд.+

12 Онҳо аз дур меоянд+ —

Баъзе аз шимолу ғарб

Ва баъзе аз замини Синим».+

13 Аз шодӣ фарёд зан, эй осмон, ва хурсандӣ бикун, эй замин!+

Бигзор кӯҳҳо аз шодӣ нидо кунанд,+

Зеро Яҳува халқашро тасаллӣ додааст+

Ва ба азобдидагонаш дилсӯзӣ кардааст.+

14 Вале Сион мегуфт:

«Яҳува маро партофтааст,+ Яҳува маро фаромӯш кардааст».+

15 Магар зан фарзанди ширмаки худро фаромӯш мекунад?

Магар ба писаре, ки дар шикамаш буд, дилаш намесӯзад?

Ҳатто ӯ фаромӯш кунад, ман туро фаромӯш намекунам.+

16 Ман туро бар кафи дастонам нақш намудаам.

Деворҳои ту доимо пеши назари мананд.

17 Писаронат шитобон бармегарданд.

Онҳое, ки туро пора карданду хароб сохтанд, аз ту дур мешаванд.

18 Чашмонатро бардошта, ба гирду атроф назар кун.

Ҳамаи онҳо ҷамъ меоянд.+

Онҳо назди ту омада истодаанд.

«Ба ҳаётам қасам ки,— мегӯяд Яҳува,—

Ту худро бо ҳамаи онҳо оро медиҳӣ

Ва онҳоро монанди арӯс чун зинате ба бар мекунӣ.

19 Маконат валангору беодам ва заминат харобазор буд,+

Вале ҳоло он барои сокинонаш тангӣ хоҳад кард+

Ва онҳое, ки туро фурӯ мебурданд,+ дур хоҳанд гашт.+

20 Писароне, ки баъд аз бефарзанд монданат таваллуд шуданд, ба ту хоҳанд гуфт:

“Ин ҷо барои мо танг аст.

Барои мо ҷойи зист бидеҳ”.+

21 Ту дар дили худ хоҳӣ гуфт:

“Кӣ инҳоро бароям ба дунё овард?

Охир, ман зани нозою бефарзанд

Ва асиру бандӣ ҳастам.

Кӣ инҳоро калон кардааст?+

Ман танҳо монда будам,+

Пас, инҳо аз куҷо пайдо шуданд?”»+

22 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:

«Ман барои халқҳо дасти худро боло мекунам

Ва барои мардумон парчамамро мегузорам.+

Онҳо писарони туро бар дастонашон* меоранд

Ва духтаронатро бар китфашон мебардоранд.+

23 Подшоҳон парасторони ту+

Ва шоҳдухтарон дояҳои ту хоҳанд шуд.

Онҳо рӯ ба замин афтода, ба ту таъзим мекунанд+

Ва хоки пойи туро мелесанд.+

Он гоҳ ту хоҳӣ донист, ки ман Яҳува ҳастам,

Умедворони ман шармсор нахоҳанд шуд».+

24 Оё касонеро, ки ба дасти марди пурзӯр афтодаанд, кашида гирифта мешавад?

Оё асирон аз дасти ситамгар халос шуда метавонанд?

25 Аммо Яҳува чунин мегӯяд:

«Ҳатто асирони марди пурзӯр кашида гирифта мешаванд+

Ва касоне, ки ба дасти ситамгар афтодаанд, халосӣ меёбанд.+

Ман ба душманони ту душманӣ хоҳам кард+

Ва писарони туро наҷот хоҳам дод.

26 Ман чунон кунам, ки азобдиҳандагони ту гӯшти бадани худро хӯранд

Ва аз хуни худ чун аз шароби ширин маст шаванд.

Он гоҳ ҳамаи одамон хоҳанд донист, ки ман Яҳува,+

Наҷотбахши+ туву Товондеҳи ту,+

Худои Тавонои Яъқуб ҳастам».+

50 Яҳува чунин мегӯяд:

«Талоқномаи+ модари шумо, ки ӯро рондаам, куҷост?

Ё ба кадоме аз қарзхоҳони худ шуморо фурӯхтаам?

Шумо барои гуноҳҳои худ+ фурӯхта шудаед

Ва модари шумо барои хатоҳоятон ронда шудааст.+

 2 Пас, чаро, вақте ки ман омадам, касе набуд?

Вақте фарёд задам, касе ҷавоб надод?+

Магар дасти ман барои раҳо кардан* кӯтоҳ аст?

Ё ман барои халос кардан қувват надорам?+

Охир, бо фармони ман баҳр хушк мешавад,+

Дарёҳоро ба дашти беоб табдил медиҳам,+

Моҳиёни онҳо аз беобӣ бӯй мегиранд

Ва аз ташнагӣ мемиранд.

 3 Ман ба осмон либоси тирагӣ мепӯшонам+

Ва онро палоспӯш* мекунам».

 4 Парвардигор Яҳува ба ман забони донишҷӯёнро додааст,+

То бидонам, ки чӣ тавр ба бемаҷол сухани нек гӯям.+

Ӯ ҳар саҳар маро бедор мекунад,

Гӯши маро бедор месозад, то мисли донишҷӯён гӯш диҳам.+

 5 Парвардигор Яҳува гӯши маро кушодааст

Ва ман гарданкашӣ накардаму+

Аз гапи ӯ сар натофтам.+

 6 Ман пуштамро ба зарбазанҳо

Ва бари рӯямро ба ришканҳо гардондам,

Рӯямро аз хориҳо ва туф пинҳон накардам.+

 7 Вале Парвардигор Яҳува ба ман мадад мекунад,+

Барои ҳамин ман хиҷолат намекашам,

Барои ҳамин рӯямро мисли санги чақмоқ сахт кардаам+

Ва медонам, ки шарманда намешавам.

 8 Сафедкунандаи ман наздик аст.

Пас, кӣ маро айбдор мекунад?+

Биёед рӯ ба рӯ шавем.

Кӣ бар зидди ман даъвое дорад?

Бигзор назди ман ояд.

 9 Парваригор Яҳува ба ман мадад мекунад.

Кӣ маро гунаҳкор мебарорад?

Ҳамаи онҳо мисли либосе лах-лах мешаванд.

Онҳоро куя мезанад.

10 Кӣ дар миёни шумо аз Яҳува метарсад

Ва ба овози бандааш гӯш медиҳад?+

Кӣ дар торикӣ, бе ягон рӯшноӣ, қадам мезанад?

Бигзор ӯ ба номи Яҳува таваккал кунад ва ба Худои худ такя намояд.

11 «Эй ҳамаи онҳое, ки оташ дармегиронед,

Шарораҳо мепошед,

Дар рӯшноии оташи худ,

Байни шарораҳое, ки афрӯхтаед, қадам мезанед!

Бидонед, ки ман шуморо чӣ гуна ҷазо медиҳам:

Шумо бо дарду азоб хоҳед хобид.

51 Ба ман гӯш диҳед, эй касоне, ки дар пайи росткорӣ ҳастед,

Эй ҷӯяндагони Яҳува!

Ба кӯҳе, ки аз он гирифта шудаед,

Ва ба коне, ки аз он канда шудаед, нигаред.

 2 Ба падаратон Иброҳим

Ва ба Соро,+ ки шуморо зоидааст, назар андозед.

Вақте ӯро даъват кардам, ӯ танҳо буд.+

Ман ӯро баракат додам ва наслашро сершумор кардам.+

 3 Яҳува Сионро дилбардорӣ хоҳад кард,+

Тамоми вайронаҳои ӯро тасаллӣ хоҳад дод.+

Ӯ биёбони вайро мисли Адан+

Ва дашташро мисли боғи Яҳува хоҳад гардонд.+

Дар вай шодиву хурсандӣ

Ва шукргузориву сурудҳои хушоҳанг садо хоҳанд дод.+

 4 Ба ман диққат деҳ, эй халқам,

Ба ман гӯш деҳ, эй қавмам,+

Зеро шариат аз ҷониби ман мебарояд+

Ва ман адолати худро нури халқҳо мегардонам.+

 5 Адолати ман наздик аст.+

Наҷот аз ҷониби ман мебарояд+

Ва дастони ман халқҳоро доварӣ мекунанд.+

Ҷазираҳо ба ман умед мебанданд+

Ва дасти пурқудрати маро интизор мешаванд.

 6 Чашмони худро сӯйи осмон боло кунед,

Ба поён, сӯйи замин, назар андозед.

Осмон чун дуд пароканда мешавад,

Замин чун либос лах-лах мегардад

Ва сокинони он чун магас мемиранд.

Наҷоти ман бошад, абадист+

Ва росткориям аз байн намеравад.+

 7 Ба ман гӯш диҳед, эй донандагони росткорӣ,

Эй халқе, ки шариати* ман дар дилатон аст!+

Аз таънаи инсони миранда натарсед

Ва аз бадгӯйии онҳо ба ҳарос наоед,

 8 Зеро куя онҳоро чун либосе хоҳад хӯрд,

Куя* онҳоро чун пашме нобуд хоҳад кард.+

Аммо росткории ман пойдор хоҳад буд

Ва наҷоти ман аз насл ба насл хоҳад монд».+

 9 Бедор шав! Бедор шав, эй дасти Яҳува,+

Ва қудратро дар бар кун!

Бедор шав, чуноне ки дар замонҳои қадим, дар даврони наслҳои гузашта, карда будӣ.

Магар Роҳобро*+ ту пора-пора накардаӣ?

Магар бузургҷуссаи баҳриро ту накуштаӣ?+

10 Магар ту баҳрро, обҳои азимро, хушк накардаӣ?+

Ва барои бозхаридагонат дар таги баҳр роҳ накушодаӣ?+

11 Бозхаридагони Яҳува бармегарданд.+

Онҳо бо нидои шодӣ ба Сион хоҳанд омад+

Ва хурсандии беохир тоҷи сари онҳо хоҳад шуд.+

Шодию хурсандӣ бо онҳо хоҳад буд,

Ғаму ғусса ва оҳу воҳ аз онҳо дур хоҳад шуд.+

12 «Ман, ман Дилбардори ту ҳастам.+

Пас, аз инсони хокие, ки мемирад,+

Ва аз фарзанди одам, ки мисли алаф пажмурда мешавад, чӣ метарсӣ?

13 Чаро Яҳуваро, ки Офарандаи туст,+

Худоеро, ки осмонро паҳн кардааст+ ва бунёди заминро гузоштааст, фаромӯш кардаӣ?

Ту рӯзи дароз аз хашми ситамгар тарсон будӣ,

Гӯё вай туро нобуд карда метавонист.

Он хашми ситамгар ҳоло куҷост?

14 Бандие, ки сар хам мекард, ба зудӣ озод мегардад,+

Вай намемираду ба чоҳ фурӯ намеравад

Ва бе нон намемонад.

15 Ман Яҳува, Худои ту, ҳастам,

Худое, ки баҳрро ба хурӯш ва мавҷҳои онро ба талотум меорад.+

Номи ман Яҳува, Худои лашкарҳост.+

16 Ман суханони худро ба даҳони ту мегузорам

Ва дар сояи дасти худ туро паноҳ медиҳам,+

То осмонро бино созам ва бунёди заминро гузорам+

Ва ба Сион бигӯям: “Ту халқи ман ҳастӣ”.+

17 Бедор шав! Бедор шав! Бархез, эй Ерусалим!+

Ту аз дасти Яҳува, аз косаи хашми ӯ, нӯшидаӣ,

Аз ҷом нӯшидаӣ,

Косаро холӣ кардаӣ ва мекалавӣ.+

18 Аз ҳамаи писароне, ки ӯ ба дунё овардааст, касе нест, ки ӯро роҳнамоӣ кунад,

Аз ҳамаи писароне, ки ӯ калон кардааст, касе нест, ки дасти ӯро бигирад.

19 Ду чиз ба сари ту омад.

Кӣ ба ту ҳамдардӣ хоҳад кард?

Нобудиву харобӣ ва гушнагиву шамшер!+

Кӣ туро тасаллӣ хоҳад дод?+

20 Писарони ту беҳуш шудаанд,+

Дар сари ҳар кӯча

Мисли гӯсфанди ёбоие, ки дар дом аст, хобидаанд.

Хашми Яҳува, сарзаниши Худои ту, бар онҳо фурӯ рехтааст».

21 Пас, инро бишнав,

Эй зане, ки азоб дидаӣ ва мастӣ, вале на аз шароб!

22 Худовандат Яҳува, Худои ту, ки халқашро ҳимоя мекунад, чунин мегӯяд:

«Ман косаеро, ки кас аз он нӯшида мекалавад,+

Ҷомро, косаи хашми худро, аз дасти ту мегирам.

Ту дигар аз он наменӯшӣ.+

23 Ман онро ба дасти шиканҷадеҳони ту медиҳам,+

Ба онҳое, ки ба ту мегуфтанд: “Хам шав ва мо аз болоят мегузарем!”

Ту тахтапуштатро мисли замин,

Мисли кӯчае, кардӣ, то онҳо бигзаранд».

52 Бедор шав! Бедор шав, эй Сион, ва қудратро дар бар кун!+

Либосҳои зебоятро дар бар кун,+ эй Ерусалим, эй шаҳри муқаддас!

Зеро бехатна ва нопоке дигар ба ту намедарояд.+

 2 Хокро аз тан биафшон, бархезу биншин, эй Ерусалим,

Бандҳои гарданатро бикшо, эй духтари асиршудаи Сион,+

 3 Зеро Яҳува чунин мегӯяд:

«Ту муфт фурӯхта шудӣ+

Ва бе пул бозхарида мешавӣ».+

 4 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:

«Аввал халқи ман ба Миср рафта, дар он ҷо мусофир шуд.+

Пас аз ин Ошур ноҳақ ба онҳо ситам кард.

 5 Пас, чӣ кор кунам? — мегӯяд Яҳува.—

Халқи маро муфт гирифтаанд.

Ҳукмфармоёни онҳо аз ғалабаи худ фарёд мезананд,+— мегӯяд Яҳува,—

Доимо, рӯзи дароз, ба номи ман беҳурматӣ мекунанд.+

 6 Аз ин сабаб халқи ман номи маро хоҳанд донист,+

Дар он рӯз онҳо хоҳанд фаҳмид, ки инро ман, ман гуфтаам».

 7 Чӣ зебост бар кӯҳҳо пойҳои касе, ки хабари хуш меорад,+

Касе, ки осоиштагиро эълон мекунад,+

Аз чизи беҳтаре хабар медиҳад,

Наҷотро эълон менамояд

Ва ба Сион мегӯяд: «Худои ту Подшоҳ шудааст!»+

 8 Гӯш деҳ! Дидбонони ту овози худро баланд мекунанд,

Бо як овоз аз хурсандӣ нидо мебароранд,

Зеро онҳо бо чашми худ мебинанд, ки Яҳува Сионро бармегардонад.

 9 Хушҳол шавед, бо як овоз аз шодӣ фарёд занед, эй вайронаҳои Ерусалим,+

Зеро Яҳува халқи худро тасаллӣ додааст,+ Ерусалимро бозхаридааст.+

10 Яҳува дар пеши назари тамоми халқҳо дасти поки худро бараҳна кардааст.+

Наҷоти* Худои моро дар тамоми гӯшаву канори замин хоҳанд дид.+

11 Дур шавед, дур шавед! Аз он ҷо бароед+ ва ба чизи нопоке нарасед!+

Аз миёни вай бароед+ ва пок бимонед,

Эй касоне, ки ашёҳои Яҳуваро мебардоред!+

12 Шумо ҳаросон нахоҳед баромад

Ва гурезон равона нахоҳед шуд,

Зеро Яҳува пешопеши шумо меравад+

Ва Худои Исроил аз ақиб шуморо муҳофизат мекунад.+

13 Бандаи ман+ бо андеша амал хоҳад кард.

Ӯ сарафроз хоҳад гашт,

Олимақом ва хеле баланд хоҳад шуд.+

14 Бисёриҳо ба ӯ бо ҳайрат менигаристанд,

Зеро ӯ беш аз ҳар шахс ва андоми зебояш беш аз дигарон осеб дида буд.

15 Ӯ низ халқҳои зиёдро ба ҳайрат меорад.+

Подшоҳон дар пеши ӯ даҳони худро мепӯшанд,+

Зеро чизҳоеро мебинанд, ки аз онҳо хабар надоштанд,

Ва чизҳоеро мефаҳманд, ки пеш нашунида буданд.+

53 Кӣ ба сухане, ки аз мо шунид*, имон овард?+

Ба кӣ дасти Яҳува+ маълум шуд?+

 2 Вай мисли навда,+ мисли решае дар замини хушк, ба ҳузури ӯ хоҳад баромад.

Ӯ на андоми зебо ва на шукӯҳе дорад,+

Вақте ӯро дидем, андомаш моро ҷалб накард.

 3 Мардум аз вай нафрат карданд ва худро дур гирифтанд.+

Ӯ касе буд, ки аз дарду беморӣ хабардор буд.

Рӯяш гӯё аз мо пинҳон буд*.

Назарамон ӯро нагирифт ва ӯро писанд накардем.+

 4 Ӯ бемориҳои моро бардошт+

Ва дардҳои моро ба худ бор кард,+

Мо бошем, гумон кардем, ки Худо ӯро задааст ва ба балову азоб гирифтор кардааст.

 5 Вале ӯ барои гуноҳҳои мо+ зарба хӯрд+

Ва барои хатоҳои мо азоб кашид,+

Ба хотири осоиштагии мо ҷазо гирифт+

Ва мо бо захмҳояш шифо ёфтем.+

 6 Мо ҳамаамон мисли гӯсфандон саргардон будем+

Ва ҳар яке бо роҳи худ мерафт,

Яҳува хатои ҳамаи моро ба ӯ бор кард.+

 7 Ӯ ситам кашид,+ ба азоб гардан фуровард,+

Вале даҳони худро накушод.

Ӯ мисли гӯсфанде ба куштан бурда шуд+

Ва чун меше, ки назди пашмтарошон хомӯш аст,

Даҳони худро накушод.+

 8 Ӯ бо ситам ва доварии ноҳақ аз ҳаёт маҳрум шуд.

Аз аслу насаби ӯ кӣ парво хоҳад кард?

Аз замини зиндагон ҳаёти ӯ бурида шуд.+

Барои гуноҳи халқи ман ӯ зарба хӯрд*.+

 9 Ба ӯ дар қатори бадкорон қабре доданд+

Ва пас аз маргаш бо сарватдоре гӯронданд,+

Ҳарчанд ӯ бадие накарда буд

Ва дар забонаш фиребе набуд.+

10 Вале хости Яҳува буд, ки вай азоб кашад,

Ӯ гузошт, ки вай ба дардҳо гирифтор шавад.

Агар ҳаёти ӯро чун қурбонии айб пешкаш кунӣ,+

Ӯ насли худро мебинад ва умраш дароз мешавад+

Ва ба воситаи ӯ нияти Яҳува* амалӣ мегардад.+

11 Азбаски ҷонаш азоб кашид, ӯ аз чизҳои дидааш қаноатманд мешавад.

Бо дониши худ бандаи росткори ман+

Бисёр одамонро сафед мекунад+

Ва гуноҳҳои онҳоро мебардорад.+

12 Аз ин рӯ ман ба ӯ дар қатори бисёриҳо ҳиссае медиҳам

Ва ӯ ғаниматро бо паҳлавонон тақсим мекунад,

Зеро ӯ ҷонашро нисор кард+

Ва ба қатори бадкорон дароварда шуд,+

Гуноҳи одамони бисёреро бар худ бор кард+

Ва пушти гунаҳкоронро гирифт.+

54 «Шодона фарёд зан, эй зани бефарзанде, ки назоидаӣ.+

Хурсанд шав ва аз шодӣ нидо кун,+ эй зане, ки дарди зоиш накашидаӣ,+

Зеро писарони* зани партофта

Аз писарони зани шавҳардор* бисёртаранд,+— мегӯяд Яҳува.—

 2 Ҷойи хаймаатро васеътар кун,+

Пардаҳои маскани бузургатро паҳн намо.

Бемалол танобҳои хаймаатро дароз кун

Ва мехҳояшро устувор намо,+

 3 Чунки ту ба тарафи рост ва чап паҳн мешавӣ.

Насли ту халқҳоро соҳибӣ мекунад

Ва дар шаҳрҳои беодам сокин мешавад.+

 4 Натарс,+ зеро ту шарманда намешавӣ,+

Хиҷил нашав, зеро дилмонда намегардӣ.

Ту шармандагии ҷавонии худро аз ёд мебарорӣ

Ва нанги бевагии худро дигар ба хотир намеорӣ,

 5 Зеро Офарандаи бузурги ту+ бароят мисли шавҳар* аст,+

Номи ӯ Яҳува, Худои лашкарҳост.

Худои Поки Исроил Товондеҳи туст.+

Ӯ Худои тамоми замин номида хоҳад шуд.+

 6 Яҳува туро, ки мисли зани партофтаву ғамзада будӣ,+

Туро мисли зане, ки дар ҷавонӣ шавҳар карда, сипас рад шудааст, даъват намуд,— мегӯяд Худои ту.—

 7 Ман туро ба муддати кӯтоҳе тарк кардам,

Вале бо раҳмдилии бузурге бармегардонам.+

 8 Дар сели хашми худ рӯямро лаҳзае аз ту пинҳон намудам,+

Вале бо меҳру вафои абадӣ ба ту раҳм хоҳам кард,+— мегӯяд Яҳува, ки Товондеҳи туст.+—

 9 Ин мисли корест, ки дар рӯзҳои Нӯҳ карда будам:+

Ман қасам хӯрдам, ки обҳои замони Нӯҳ дигар заминро намепӯшонанд,+

Ба ин монанд, ҳоло қасам мехӯрам, ки дигар аз ту ба хашм намеоям ва туро сарзаниш намекунам.+

10 Кӯҳҳо дур шаванд ва теппаҳо ба ларза оянд ҳам,

Меҳру вафои ман аз ту дур намешавад+

Ва аҳди сулҳу осоиштагиям пойдор мемонад,+— мегӯяд Яҳува, ки ба ту раҳм мекунад.+—

11 Эй зани азобдидае,+ ки аз тӯфонҳо афгор шудаиву тасаллӣ наёфтаӣ,+

Ман сангҳои туро бо маҳлули бақувват мустаҳкам месозам

Ва таҳкурсии туро аз ёқути кабуд мегузорам.+

12 Ман кунгураҳои девори туро аз лаъл,

Дарвозаҳои туро аз сангҳои шуълавар

Ва ҳамаи сарҳадҳои туро аз сангҳои қиматбаҳо месозам.

13 Ҳамаи писарони* ту аз Яҳува таълим хоҳанд гирифт+

Ва осоиштагии онҳо ҳадду канор нахоҳад дошт.+

14 Ту дар росткорӣ устувор мешавӣ+

Ва аз зулму ситам дур мегардӣ,+

Аз чизе наметарсӣ ва ба даҳшат намеоӣ,

Зеро он ба ту наздик намешавад.+

15 Агар касе ба ту ҳамла кунад,

Ин бо амри ман нахоҳад буд.

Ҳар касе ба ту ҳамла орад, фурӯ меғалтад.+

16 Оҳангарро, ки ангишти фурӯзонро дам медиҳад

Ва ҳосили меҳнаташ аслиҳа аст, ман офаридаам.

Харобкорро низ, ки нобуд месозад, ман офаридаам.+

17 Ягон аслиҳае, ки бар зидди ту бисозанд, барор намеёбад+

Ва ту ҳар забонеро, ки дар мурофиа бар зидди ту гап занад, кӯтоҳ мекунӣ.

Ин аст мероси бандагони Яҳува,

Ман худам онҳоро сафед мекунам»,— мегӯяд Яҳува.+

55 Эй ҳамаи ташнагон,+ сӯйи об биёед!+

Эй касоне, ки пул надоред, биёед, бихаред ва бихӯред!

Омада, бепул ва муфт+ шаробу шир бихаред.+

 2 Чаро барои он чизе, ки нон нест, пул медиҳед

Ва музди меҳнати худро барои он чизе, ки сер намекунад, сарф менамоед?

Ба ман бодиққат гӯш диҳед ва чизҳои нағз бихӯред,+

Он гоҳ шумо аз хӯрокҳои серравған лаззат мебаред.+

 3 Гӯшатонро хам кунед ва назди ман оед.+

Гӯш диҳед, то ҷони шумо зинда бимонад,

Ва ман аз рӯйи меҳру вафое, ки ба Довуд ваъда кардааму ин ваъда ҳаққонист,+

Ҳатман бо шумо аҳди ҷовидонӣ мебандам.+

 4 Ана, ман ӯро шоҳид+ барои халқҳо,

Пешво+ ва фармондеҳи+ онҳо гардондам.

 5 Ту халқеро, ки намешинохтӣ, даъват мекунӣ

Ва мардуме, ки туро намешинохт,

Ба хотири Худоят Яҳува,+ Худои Поки Исроил, сӯят хоҳад давид,

Зеро ӯ туро ҷалол хоҳад дод.+

 6 Ҳоло ки Яҳуваро ёфтан мумкин аст, ӯро биҷӯед.+

Ҳоло ки ӯ наздик аст, сӯяш бихонед.+

 7 Бигзор бадкор аз роҳаш гардад+

Ва бадкирдор аз фикрҳои бадаш даст кашад.

Бигзор сӯйи Яҳува, ки ба ӯ раҳм мекунад,+

Ва сӯйи Худои мо, ки бисёр* мебахшад, баргардад.+

 8 «Фикрҳои ман фикрҳои шумо нест+

Ва роҳҳои шумо роҳҳои ман нест,— мегӯяд Яҳува.—

 9 Чуноне ки осмон аз замин баланд аст,

Ончунон роҳҳои ман аз роҳҳои шумо

Ва фикрҳои ман аз фикрҳои шумо баланданд.+

10 Чуноне ки барфу борон аз осмон меборад

Ва, то даме ки заминро сероб намуда, онро сабзу хуррам ва ҳосилхез накунад

Ва ба коранда тухмиву ба хӯранда нон надиҳад, барнамегардад,

11 Ончунон каломе, ки аз даҳони ман мебарояд, хоҳад буд:+

Он сӯям бенатиҷа барнамегардад,+

Балки ҳатман хостамро ба ҷо меорад+

Ва дар коре, ки барояш онро фиристодаам, комёб мешавад.

12 Он вақт шумо бо шодӣ берун меоед+

Ва дар амонӣ бармегардед.+

Кӯҳҳову теппаҳо пеши шумо хушҳолӣ намуда, нидои шодӣ мебароранд+

Ва ҳамаи дарахтони саҳро қарсак мезананд.+

13 Ба ҷойи хорбуттаҳо дарахти арча мерӯяд+

Ва ба ҷойи газна* дарахти мӯрд месабзад.

Ин Яҳуваро шуҳрат медиҳад+

Ва аломати абадие мешавад, ки ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад».

56 Яҳува чунин мегӯяд:

«Адлу инсофро ба ҷо оред+ ва росткор бошед,

Зеро ман ба наздикӣ наҷот мебахшам

Ва росткории худро маълум месозам.+

 2 Хушбахт аст одаме, ки чунин мекунад,

Ва одамизоде, ки инро як ба як ба ҷо меорад,

Касе, ки шанберо риоя мекунаду онро таги по намесозад+

Ва дасташро ба ягон кори бад намезанад.

 3 Бегонае, ки ба Яҳува ҳамроҳ мешавад,+ нагӯяд:

“Бешак, Яҳува маро аз халқи худ ҷудо хоҳад кард”.

Ва ахта нагӯяд: “Ман дарахти хушк ҳастам”,

4 Зеро Яҳува ба ахтаҳое, ки шанбеҳои маро риоя мекунанд, он чиро, ки ба ман писанд аст, интихоб менамоянд ва аҳди маро ба ҷо меоранд, чунин мегӯяд:

 5 “Ман ба онҳо дар хонаи худ ва дар байни деворҳои худ ёдгорӣ ва номе медиҳам —

Чизе, ки аз писару духтарон беҳтар аст.

Ман ба онҳо номи ҷовидоние медиҳам, ки аз байн нахоҳад рафт.

 6 Бегонагонеро, ки ба Яҳува ҳамроҳ мешаванд, то ба ӯ хизмат кунанд,

То номи Яҳуваро дӯст доранд+

Ва бандагони ӯ бошанд,

Ҳамаи онҳоеро, ки шанберо риоя мекунанду онро таги по намесозанд

Ва аҳди маро ба ҷо меоранд,

 7 Ба кӯҳи муқаддаси худ меорам+

Ва онҳо дар хонаи ман, ки ҷойи дуо гуфтан аст, хушҳолӣ мекунанд.

Он гоҳ ман қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои дигареро, ки бар қурбонгоҳам меоранд, қабул менамоям,

Зеро хонаи ман хонаи дуои тамоми халқҳо номида мешавад”».+

8 Парвардигор Яҳува, ки исроилиёни парокандаро ҷамъ мекунад,+ чунин мегӯяд:

«Ман ба назди ӯ ғайр аз онҳое, ки аллакай ҷамъ шудаанд, дигаронро низ ҷамъ хоҳам овард».+

 9 Эй ҳамаи даррандагони саҳро

Ва эй ҳамаи даррандагони ҷангал, биёед ва бихӯред.+

10 Дидбононаш ҳама кӯранд+ ва ба чизе диққат намедиҳанд.+

Ҳамаи онҳо сагони гунге мебошанд, ки аккос зада наметавонанд.+

Онҳо канда-канда нафас мегиранд ва дароз мекашанд,

Онҳо пинак рафтанро дӯст медоранд.

11 Онҳо сагони пурхӯранд, ки сериро намедонанд.

Онҳо чӯпонони бефаҳманд.+

Ҳамаашон бо роҳи худ мераванд,

Ҳар яки онҳо пули ҳаром ҷуста, мегӯяд:

12 «Биёед шароб орам ва нӯшида маст шавем.+

Пагоҳ низ мисли имрӯз мешавад, балки боз ҳам беҳтар!»

57 Росткор ҳалок мешавад,

Аммо касе парвое надорад.

Вафодорон мемиранд,+

Вале касе намефаҳмад, ки росткор ба сабаби мусибат мемирад*.

 2 Ӯ осуда мегардад.

Ҳамаи онҳое, ки бо роҳи рост мераванд, бар бистари худ* ором мегиранд.

 3 «Аммо шумо, эй писарони зани ҷодугар,

Эй фарзандони марди зинокор ва фоҳиша,

Наздик оед!

 4 Шумо киро масхара мекунед?

Ба кӣ даҳони худро калон кушода, забон мебароред?

Магар шумо фарзандони гуноҳ

Ва насли дурӯғ нестед?+

 5 Магар шумо миёни дарахтони калон,+

Зери ҳар дарахти сершоху барг+ дар оташи шаҳват намесӯзед?

Магар дар водиҳо ва зери шахҳои овезон

Фарзандони худро намекушед?+

 6 Сангҳои суфтаи водӣ ҳиссаи туст,+

Онҳо насибаи туянд.

Ту ба онҳо ҳадияҳои рехтанӣ меорӣ ва атоҳо пешкаш мекунӣ.+

Оё ҳамаи ин ба ман писанд меояд?

 7 Бар қуллаи кӯҳи баланд ту ҷогаҳи худро тайёр кардаӣ+

Ва ба он ҷо рафтӣ, то қурбонӣ орӣ.+

 8 Дар пушти дар ва паҳлудариҳо ту ёдгории худро гузоштӣ.

Ту маро тарк кардӣ ва худро лучу бараҳна намудӣ,

Баромада, ҷогаҳи худро васеъ кардӣ

Ва бо худоёни бегона аҳд бастӣ.

Ту ҷогаҳи онҳоро дӯст доштӣ+

Ва ба узви мардонаи онҳо нигоҳ мекардӣ*.

 9 Ту бо равған ва атриёти бисёр

Сӯйи Малик* фаромадӣ.

Сафирони худро ба ҷойҳои дурдаст фиристодӣ

Ва, чунон паст гаштӣ, ки ба гӯр фурӯ рафтӣ.

10 Ту бо роҳҳои бисёри худ равона шуда, заҳмат кашидӣ,

Аммо нагуфтӣ: “Фоидае надорад!”

Ту қувваи тару тоза ёфтӣ,

Аз ин рӯ ин коратро бас накардӣ.

11 Ту аз кӣ ба тарсу ҳарос омадӣ ки, дурӯғро пеша кардӣ?+

Ту маро ба хотир наовардӣ+

Ва чизеро пай набурдӣ.+

Ман хомӯш будам ва чизе нагуфтам*,+

Барои ҳамин ту аз ман натарсидӣ.

12 Акнун ман “росткорӣ”+ ва корҳои туро+ фош мекунам

Ва онҳо ба ту фоидае намеоранд.+

13 Вақте мадад ҷӯӣ,

Бутҳое, ки ҷамъ овардаӣ, туро халос намекунанд.+

Шамол ҳамаи онҳоро мебардорад

Ва нафасе онҳоро мебарад.

Аммо касе, ки дар ман паноҳ ҷӯяд, ин заминро мерос мегирад

Ва кӯҳи муқаддаси маро соҳиб мешавад.+

14 Он вақт мегӯянд: “Бисозед! Роҳ бисозед! Роҳро тайёр кунед!+

Ҳар монеаро аз роҳи халқи ман дур созед”».

15 Худои Таоло ва Олӣ,

Худое, ки абадан зинда асту+ номаш пок мебошад,+ чунин мегӯяд:

«Ман дар макони баланду пок ҳастам,+

Вале ҳамзамон бо дилшикастагону рӯҳафтодагон* сокинам,

То ки рӯҳи афтода ва дили шикастаро ҷон бахшам.+

16 Ман то абад ба онҳо муқобилат намекунам

Ва як умр аз онҳо хашмгин намешавам,+

Вагарна рӯҳи инсон бемаҷол мегашт+

Ва ҷонзоди офаридаам аз ҳол мерафт.

17 Ман аз гуноҳи ӯ, аз талабгори пули ҳаром буданаш, ба хашм омадам,+

Аз ин рӯ ӯро зарба задам, рӯямро пинҳон кардам ва дарғазаб шудам,

Аммо ӯ хиёнаткорона+ бо роҳи ба ӯ писанд мерафт.

18 Ман роҳҳои ӯро дидаам,

Вале ӯро шифо хоҳам дод+ ва роҳнамоӣ хоҳам кард,+

Ӯву мотамдоронашро+ тасаллӣ хоҳам бахшид.+

19 Ман самари лабҳоро ба вуҷуд меорам.

Ҳам касе, ки дур асту ҳам касе, ки наздик, сулҳу осоиштагии пойдор хоҳад дошт,+— мегӯяд Яҳува,—

Ва ман ӯро шифо мебахшам.

20 Аммо бадкорон мисли баҳри пурталотуманд, ки ором шуда наметавонад

Ва обҳояш обсабзу лойро берун мепартояд.

21 Бадкор осоиштагиро нахоҳад дид»,+— мегӯяд Худои ман.

58 «Бо тамоми овоз фарёд зан, худдорӣ накун!

Овози худро чун садои шох баланд намо.

Ба халқи ман исёнашро+

Ва ба хонадони Яъқуб гуноҳҳояшро эълон кун.

 2 Онҳо ҳар рӯз маро меҷӯянд,

Аз донистани роҳҳои ман хушҳолӣ мекунанд,

Гӯё халқи росткоре бошанд

Ва адолати Худои худро тарк накарда бошанд.+

Онҳо аз ман доварии одилона металабанд

Ва шоданд, ки ба Худо наздик мешаванд.+

 3 Онҳо мегӯянд: “Чаро, вақте рӯза медорем, ту намебинӣ?+

Вақте ҷони худро азоб медиҳем, ин аз чашми ту пӯшида мемонад?”+

Чунки шумо, дар рӯзе ки рӯза медоред, аз пайи фоидаи* худ ҳастед

Ва ба коргарони худ зулм мекунед.+

 4 Поёни рӯзаи шумо ҷанҷолу занозанист,

Кори шумо бераҳмона мушт задан аст.

Ин хел рӯза дошта умедвор нашавед, ки дар осмон шунида мешавед.

 5 Оё рӯзае, ки ба ман писанд аст, бояд чунин бошад?!

Оё дар ин рӯз одам бояд ҷонашро азоб диҳад,

Чун қамиш* сарашро хам кунад

Ва палосу* хокистарро ҷогаҳи худ созад?

Оё шумо ҳаминро рӯза ва рӯзи писанди Яҳува меномед?

 6 Не, рӯзае, ки ба ман писанд аст, чунин аст:

Занҷирҳои бадиро барканед,

Бандҳои юғро* кушоед,+

Ситамдидаро озод кунед+

Ва ҳар юғро бишканед.

 7 Аз нони худ ба гурусна бидиҳед,+

Камбағалу бехонаро ба хона оред,

Бараҳнаеро дида либос пӯшонед+

Ва ба бародари худ пушт нагардонед.

 8 Он гоҳ нури шумо мисли сапеда медурахшад+

Ва дарди шумо ба зудӣ шифо меёбад,

Росткориятон пешопеши шумо меравад

Ва ҷалоли Яҳува аз ақиб шуморо муҳофизат мекунад.+

 9 Он гоҳ шумо сӯйи Яҳува фарёд мезанед ва ӯ ҷавоб медиҳад,

Мадад мепурсед ва ӯ мегӯяд: “Ман ин ҷоям!”

Агар юғро аз миёни худ дур кунед,

Ба касе бо ангушт ишора накунеду бадгӯйӣ нанамоед,+

10 Он чиро, ки дилатон мекашад, ба камбағал диҳед+

Ва ба азобдидагон ғамхорӣ намоед,

Он гоҳ нури шумо дар торикӣ медурахшад

Ва тирагии шумо мисли нисфирӯзӣ мешавад.+

11 Он гоҳ Яҳува доимо шуморо роҳнамоӣ мекунад

Ва ҳатто дар замини хушкида шуморо сер менамояд.+

Ӯ ба устухонҳои шумо қувват мебахшад

Ва шумо мисли боғи сероб,+

Мисли чашмаи обе мегардед, ки ҳеҷ гоҳ хушк намешавад.

12 Ба хотири шумо вайронаҳои қадимаро обод мекунанд+

Ва шумо таҳкурсиҳоеро, ки наслҳои насл хароба буданд, барқарор менамоед.+

Шумо таъмиргари деворҳои шикаста ва ободгари роҳҳо номида мешавед+

Ва одамон назди он роҳҳо сокин мегарданд.

13 Агар ба хотири рӯзи шанбе шумо дар рӯзи муқаддаси ман аз пайи фоидаи* худ нашавед,+

Шанберо шодии бузург, рӯзи муқаддаси Яҳува ва рӯзи ҷалол номед,+

Аз пайи фоидаи худ нашаведу гапҳои беҳуда назанед, балки рӯзи шанберо ҷалол диҳед,

14 Он гоҳ дар Яҳува шодии бузург меёбед

Ва ман баландиҳои заминро зердасти шумо мекунам.+

Ман тавре мекунам, ки шумо аз мероси бобоятон Яъқуб бихӯред,+

Зеро инро даҳони Яҳува гуфтааст».

59 Дасти Яҳува кӯтоҳ нест, ки наҷот надиҳад,+

Ва гӯшаш вазнин нест, ки нашунавад,+

 2 Балки хатоҳои худатон шуморо аз Худоятон дур кардааст,+

Аз барои гуноҳҳоятон ӯ рӯяшро аз шумо пинҳон намудаасту

Шуморо шунидан намехоҳад,+

 3 Зеро дастҳои шумо ба хун ва ангуштҳои шумо ба гуноҳ олуда шудааст,+

Лабҳои шумо дурӯғ мегӯяд+ ва забони шумо гапҳои беинсофона мезанад.

 4 Касе тарафдори адлу инсоф нест+

Ва касе ба додгоҳ барои гуфтани гапи ҳақ намеравад.

Онҳо ба чизҳои ҳеҷу пуч таваккал мекунанд+ ва суханони беҳуда мегӯянд.

Онҳо бадиро ҳомила мешаванд ва бадкориро ба дунё меоранд.+

 5 Онҳо тухмҳои мори заҳрнокро мебароранд

Ва тори тортанакро метананд.+

Ҳар кӣ аз он тухмҳо бихӯрад, мемирад

Ва аз тухме, ки мешиканад, мори афъӣ мебарояд.

 6 Тори танидаи онҳо на либосе мешавад

Ва на болои онҳоро пӯшонда метавонад.+

Корҳои онҳо зарароваранд,

Амали дасти онҳо зӯроварист.+

 7 Пойҳои онҳо сӯйи бадкорӣ медаванд

Ва ба рехтани хуни бегуноҳ мешитобанд.+

Фикрҳои онҳо зарар меоранд,

Роҳҳои онҳо нобуд ва хароб кардан аст.+

 8 Онҳо роҳи сулҳу осоиштагиро намедонанд

Ва дар пайраҳаҳои онҳо адлу инсофе нест.+

Онҳо роҳҳои худро каҷ кардаанд,

Ҳар кӣ бар онҳо қадам гузорад, рӯйи осоиштагиро нахоҳад дид.+

 9 Аз ин сабаб адлу инсоф аз мо дур аст

Ва росткорӣ то мо расида намеояд.

Мо умедвори рӯшноӣ ҳастем, вале ба ҷойи он торикист,

Интизори равшанӣ ҳастем, вале дар тирагӣ роҳ меравем.+

10 Мо мисли кӯрон деворро даст-даст мекунем,

Мисли касоне, ки чашм надоранд, даст-дасткунон роҳ меравем.+

Дар нисфирӯзӣ, гӯё торикии шом бошад, пешпо мехӯрем,

Дар миёни бақувватон мисли мурдагонем.

11 Мо ҳама мисли хирс наъра мезанем

Ва мисли кафтар нола мекунем.

Умедвори адолатему аз он нишоне нест,

Интизори наҷотему он аз мо дур аст,

12 Зеро исёнҳои мо пеши ту бисёр шудаанд,+

Ҳар як гуноҳи мо бар зидди мо шаҳодат медиҳад,+

Мо исёну хатоҳои худро нағз медонем.+

13 Мо гуноҳ кардем ва аз Яҳува рӯ тофтем,

Ба Худоямон пушт гардондем.

Мо аз ситам ва исён сухан гуфтем,+

Дурӯғро ҳомила шудем ва суханони дурӯғро аз дил берун овардем.+

14 Адолат ақиб гаштааст,+

Росткорӣ дур аст,+

Ростӣ дар майдон пешпо хӯрдааст

Ва дурусткорӣ ба он ҷо даромада наметавонад.

15 Ростӣ нопадид шудааст+

Ва ҳар касеро, ки аз бадӣ дур мешавад, ғорат мекунанд.

Яҳува инро дид ва ин дар назараш бад буд,

Зеро адлу инсофе нест.+

16 Ӯ дид, ки касе нест,

Ва ҳайрон шуд, ки пуштибоне нест.

Барои ҳамин бозуи ӯ наҷот* овард

Ва росткории ӯ дастгирияш кард.

17 Ӯ росткориро мисли ҷавшан дар бар кард

Ва кулоҳи* наҷотро* бар сар гузошт.+

Ӯ либоси интиқомро мисли куртае пӯшид+

Ва ғайратро мисли ҷомае ба бар кард.

18 Ӯ онҳоро барои корҳояшон сазо хоҳад дод:+

Душманонашро ба хашм ва бадхоҳонашро ба ҷазо гирифтор хоҳад кард,+

Ба ҷазираҳо подоши корҳояшонро хоҳад дод.

19 Дар ғарб аз номи Яҳува

Ва дар шарқ аз ҷалоли ӯ хоҳанд тарсид,

Зеро ӯ мисли дарёи тезе хоҳад омад,

Ки бо рӯҳи Яҳува равон аст.

20 «Сӯйи Сион, сӯйи насли Яъқуб, ки аз гуноҳ дур шудааст,+

Товондеҳ+ хоҳад омад,+— мегӯяд Яҳува,—

21 Ва ин аст аҳде, ки ман бо онҳо мебандам,+— мегӯяд Яҳува.— Рӯҳи ман, ки бар туст, ва суханони ман, ки ба даҳонат гузоштаам, аз ҳозир то абад аз даҳони ту, фарзандони ту ва наберагони ту гирифта намешаванд»,— мегӯяд Яҳува.

60 «Бархез, эй зан,+ нур бипош, зеро нури ту омадааст.

Ҷалоли Яҳува бар ту медурахшад.+

 2 Заминро торикӣ

Ва халқҳоро пардаи ғафси тирагӣ хоҳад пӯшонид,

Вале бар ту Яҳува нур хоҳад пошид

Ва ҷалоли ӯ бар ту дида хоҳад шуд.

 3 Халқҳо сӯйи нури ту

Ва подшоҳон+ сӯйи шукӯҳи дурахшони ту*+ равона хоҳанд шуд.+

 4 Чашмонатро бардошта, ба атроф назар кун!

Ҳамаи онҳо ҷамъ шудаанд ва сӯйи ту меоянд.

Писарони ту аз дур меоянд+

Ва духтаронатро дар бағал гирифта меоранд.+

 5 Инро дида чеҳраат медурахшад+

Ва дилат ба тапиш омада, аз шодӣ лабрез мешавад,

Зеро сарвати баҳрҳо ба ту фиристода мешавад

Ва боигарии халқҳо сӯйи ту меояд.+

 6 Ту аз галаҳои шутурон,

Шутурони ҷавони Мидён ва Эфо,+ пур мешавӣ.

Тамоми мардуми Сабо омада,

Тиллову лодан хоҳад овард

Ва Яҳуваро ситоиш хоҳад кард.+

 7 Тамоми рамаҳои Қедор+ назди ту ҷамъ мешаванд,

Қӯчқорҳои Набоют+ ба ту хизмат мекунанд.

Онҳо бар қурбонгоҳам омада, розигии маро соҳиб мешаванд+

Ва ман хонаи пурҷалоли худро оро медиҳам.+

 8 Кистанд онҳое, ки мисли абрҳо парвоз мекунанд,

Мисли кафтарҳо сӯйи кафтархонаи худ* меоянд?

 9 Ҷазираҳо ба ман умед мебанданд+

Ва киштиҳои Таршиш

Ба хотири номи Худоят Яҳува, ба хотири Худои Поки Исроил, пеш-пеш меоянду*

Писарони туро аз дуриҳо+ бо нуқраву тиллояшон меоранд,

Зеро ман туро ҷалол хоҳам дод.+

10 Бегонагон деворҳои туро бино мекунанд

Ва подшоҳонашон ба ту хизмат менамоянд,+

Зеро ман ба хашм омада туро зарба задам

Ва лутф карда ба ту раҳм мекунам.+

11 Дарвозаҳои ту доимо кушода хоҳанд буд,+

Онҳо на рӯз ва на шаб пӯшида нахоҳанд шуд,

То боигарии халқҳоро ба ту оранд,

Ва подшоҳони онҳо пешопеш меоянд.+

12 Ҳар халқ ва ҳар подшоҳие, ки ба ту хизмат накунад, нест мешавад

Ва аз он халқҳо нишоне намемонад.+

13 Ҷалоли Лубнон — дарахтони арча, шунг* ва сарв, якҷоя назди ту меоянд,+

То муқаддасгоҳи маро оро диҳанд,

Ва ман қадамгоҳи худро ҷалол хоҳам дод.+

14 Писарони ситамгарони ту омада, пешат сар хам мекунанд,

Ҳамаи онҳое, ки ба ту беҳурматӣ мекунанд, ночор пеши поят таъзим мекунанд

Ва туро шаҳри Яҳува, Сиони Худои Поки Исроил, меноманд.+

15 Туро партофта буданд, аз ту нафрат карданд ва касе аз ту гузар намекард,+

Аммо акнун ман туро сарчашмаи ифтихори ҷовидонӣ

Ва шодии тамоми наслҳо мегардонам.+

16 Ту шири халқҳоро хоҳӣ хӯрд+

Ва синаи подшоҳонро хоҳӣ макид.+

Ту хоҳӣ донист, ки ман, Яҳува, Наҷотбахши туям

Ва Худои Тавонои Яъқуб Товондеҳи туст.+

17 Ман бароят ба ҷойи мис тилло,

Ба ҷойи оҳан нуқра,

Ба ҷойи чӯб мис

Ва ба ҷойи санг оҳан меорам.

Ман осоиштагиро нозири ту

Ва росткориро корфармои ту таъйин мекунам.+

18 Дигар дар замини ту дар бораи зӯроварӣ

Ва дар ҳудуди ту дар бораи нобудиву харобӣ намешунаванд.+

Ту деворҳои худро Наҷот+ ва дарвозаҳои худро Ситоиш меномӣ.

19 Офтоб бароят дигар рӯшноии рӯз нахоҳад буд

Ва моҳи тобон ба ту нур нахоҳад пошид,

Зеро Яҳува нури абадии ту хоҳад гашт+

Ва Худоят зебоии ту хоҳад буд.+

20 Офтоби ту дигар намешинад

Ва моҳтобат дигар намекоҳад,

Зеро Яҳува нури абадии ту мегардад+

Ва рӯзҳои мотамат ба охир мерасад.+

21 Тамоми халқи ту росткор мегардад

Ва ин заминро ҷовидона мерос мегирад.

Онҳо ниҳоли шинондаи ман

Ва амали дасти мананд,+ то ки ман ҷалол ёбам.+

22 Он вақт камшумор ба ҳазорҳо табдил меёбад

Ва назарногир халқи пурзӯре мегардад.

Ман, Яҳува, инро дар вақташ метезонам».

61 Рӯҳи Парвардигор Яҳува бар ман аст,+

Зеро Яҳува маро тадҳин кардааст*, ки хушхабарро ба нармдилон* расонам.+

Ӯ маро фиристодааст, ки захмҳои шикастадилонро бибандам,

Озодиро ба асирон

Ва биноиро ба бандиён эълон кунам,+

 2 Соли ризои Яҳува

Ва рӯзи интиқоми Худои моро хабар диҳам,+

Ҳамаи мотамзадагонро дилбардорӣ кунам,+

 3 Ба онҳое, ки барои Сион мотам гирифтаанд, ғамхорӣ намоям,

Ба ҷойи хокистар ба онҳо кулоҳ,

Ба ҷойи мотам равғани шодӣ

Ва ба ҷойи ноумедӣ либоси ҷалол диҳам.

Онҳо дарахтони бузурги росткорӣ номида мешаванд,

Ки Яҳува барои ҷалоли худ шинондааст.+

 4 Онҳо вайронаҳои қадимаро обод мекунанд,

Харобаҳои бостониро бино менамоянд+

Ва шаҳрҳои валангорро,+

Ки насл ба насл беодам буданд, аз нав месозанд.+

 5 «Бегонагон омада, рамаҳои шуморо мечаронанд

Ва ғарибон+ деҳқонону токпарварони шумо мешаванд,+

 6 Шумо бошед, коҳинони Яҳува,+

Хизматгорони Худои мо, номида мешавед.

Шумо боигарии халқҳоро мехӯред+

Ва сарвати* онҳоро соҳиб шуда фахр мекунед.

 7 Халқи ман ба ҷойи шармандагӣ ҳиссаи дучанд мегирад,

Онҳо ба ҷойи сархамӣ аз насибаи худ шодӣ мекунанд,

Дар замини худ ҳиссаи дучанд гирифта,+

То абад хушҳолӣ менамоянд.+

 8 Ман — Яҳува, адлу инсофро дӯст медорам,+

Ғорату беинсофиро бошад, чашми дидан надорам.+

Ман аз рӯйи инсоф музди онҳоро медиҳам

Ва бо онҳо аҳди ҷовидона мебандам.+

 9 Насли онҳо байни халқҳо+

Ва фарзандони онҳо миёни мардумон ном мебароранд.

Ҳар кӣ онҳоро бубинад, хоҳад фаҳмид, ки

Онҳо насле ҳастанд, ки Яҳува баракат додааст».+

10 Ман аз Яҳува шодии бисёр меёбам,

Тамоми вуҷудам* аз Худоям хушҳолӣ хоҳад кард,+

Зеро ӯ ба ман либоси наҷот+

Ва ҷомаи росткорӣ пӯшондааст,

Ман чун домоде ҳастам, ки мисли коҳин салла мепӯшад,+

Ва мисли арӯсе, ки худро бо зару зевар оро медиҳад.

11 Чуноне ки замин тухмии коштаро мерӯёнад

Ва боғ ниҳоли шинондаро месабзонад,

Ончунон Парвардигор Яҳува пеши назари тамоми халқҳо

Росткориву+ ситоишро хоҳад сабзонид.+

62 Ба хотири Сион хомӯш намешинам+

Ва ба хотири Ерусалим ором намемонам,

То даме ки росткорияш мисли нур бидурахшад+

Ва наҷоташ мисли машъал аланга занад.+

 2 «Эй зан,+ халқҳо росткории туро

Ва ҳамаи подшоҳон ҷалолатро мебинанд.+

Он гоҳ ту бо номи наве хонда мешавӣ,+

Бо номе, ки даҳони Яҳува медиҳад.

 3 Ту дар дасти Яҳува тоҷи зебоӣ

Ва дар кафи Худоят кулоҳи шоҳона хоҳӣ буд.

 4 Туро дигар зани партофта+

Ва заминатро беодам нахоҳанд номид,+

Балки туро “Шодмонии ман”+

Ва заминатро “Шавҳардор” меноманд,

Зеро Яҳува аз ту шод хоҳад буд

Ва замини ту чун зани шавҳардор хоҳад гашт.

 5 Чуноне ки ҷавонмард духтарро ба занӣ мегирад,

Сокинонат туро ба занӣ хоҳанд гирифт.

Чуноне ки домод аз арӯси худ шод мегардад,

Худоят аз ту шод хоҳад шуд.+

 6 Эй Ерусалим, ман бар деворҳои ту дидбононро гузоштаам,

Бигзор онҳо ҳеҷ гоҳ, на рӯзу на шаб, хомӯш нашаванд.

Эй касоне, ки дар бораи Яҳува гап мезанед, бознаистед

 7 Ва ӯро ором нагузоред, то даме ки Ерусалимро барқарор кунад

Ва онро дар саросари замин шуҳрат диҳад».+

 8 Яҳува дасти рости худ, бозуи пурқувваташро, бардошта, қасам хӯрдааст:

«Ман ғаллаи туро дигар ба душманонат намедиҳам

Ва шароби наватро, ки барояш заҳмат кашидаӣ, дигар бегонагон наменӯшанд,+

 9 Балки ғалларо даравгарон мехӯранду Яҳуваро ҳамду сано мехонанд

Ва шаробро дар саҳнҳои муқаддаси ман ангурчинон менӯшанд».+

10 Гузаред, аз дарвоза гузаред!

Роҳро барои халқ тоза кунед.+

Бисозед, шоҳроҳ бисозед,

Онро аз сангҳо тоза кунед.+

Барои халқҳо парчам занед.+

11 Яҳува то канорҳои замин эълон кардааст:

«Ба духтари Сион бигӯед:

“Наҷоти ту қариб аст.+

Ана, мукофот дар дасташ аст

Ва музде, ки ӯ медиҳад, дар пеши ӯст”».+

12 Онҳо халқи муқаддас, халқи бозхаридаи Яҳува, номида мешаванд+

Ва ту «Ҷусташуда», «Шаҳри таркнашуда» ном мегирӣ.+

63 Ин кист, ки аз Адӯм,+ аз Басра,+

Бо либоси ранга* меояд?

Ин кист, ки дар либоси пуршукӯҳ

Бо қуввати бузург қадам мезанад?

«Ин манам, ки гапи ҳақ мезанам

Ва бо қуввати бузург наҷот медиҳам».

 2 Чаро либоси ту сурх аст

Ва чаро мисли либоси касест, ки ангурро дар чархушт поймол мекунад?+

 3 «Ман чархуштро танҳо́ поймол кардам.

Касе аз халқҳо бо ман набуд.

Ман онҳоро бо хашм поймол менамудам

Ва бо ғазаб зери по мекардам.+

Либоси ман бо хуни онҳо доғдор шудааст

Ва ман тамоми либосамро олуда кардаам,

 4 Зеро рӯзи интиқом дар дили ман аст+

Ва соли бозхариди халқам фаро расидааст.

 5 Ман нигаристам, лекин касе набуд, ки ёрӣ диҳад,

Ман ҳайрон шудам, ки касе дастгирӣ накард.

Он гоҳ дасти ман бароям наҷот* овард+

Ва хашми ман маро дастгирӣ кард.

 6 Ман бо хашм халқҳоро поймол намудам,

Онҳоро аз ғазаби худ маст кардам+

Ва хунашонро ба замин рехтам».

 7 Корҳои пур аз меҳру вафои Яҳуваро зикр хоҳам кард,

Яҳуваро барои корҳояш,

Барои ҳар чизе, ки Яҳува бароямон кардааст, ситоиш хоҳам намуд,+

Зеро ӯ аз дилсӯзӣ ва меҳру вафои бузургаш

Ба хонадони Исроил некии бисёр кардааст.

 8 Ӯ гуфт: «Онҳо ҳақиқатан халқи мананд, писароне, ки бевафоӣ намекунанд».+

Ҳамин тавр ӯ Наҷотбахши онҳо шуд.+

 9 Ӯ ҳар як азоби онҳоро дида азоб мекашид+

Ва фиристодаи ӯ* онҳоро наҷот медод.+

Аз рӯйи муҳаббат ва дилсӯзии худ онҳоро бозхарид,+

Тамоми айёми қадим онҳоро бардошта мегашт.+

10 Вале онҳо исён мебардоштанд+ ва рӯҳи муқаддасашро зиқ мекарданд.+

Барои ҳамин ӯ душмани онҳо шуда,+ бо онҳо меҷангид.+

11 Онҳо даврони пеш, замони бандааш Мӯсоро, ба хотир оварда мегуфтанд:

«Куҷост Худое, ки онҳоро бо чӯпонони рамааш+ аз баҳр баровард?+

Куҷост Худое, ки рӯҳи муқаддасашро ба ӯ дода буд?+

12 Куҷост Худое, ки бо дасти пурҷалолаш дасти рости Мӯсоро гирифта мерафт,+

Худое, ки обҳоро пеши онҳо ҷудо кард,+

То барои худ номи ҷовиде пайдо кунад?+

13 Куҷост Худое, ки онҳоро аз обҳои хурӯшон гузаронд,

Ба тавре ки онҳо мисли аспи саҳро пешпо нахӯрда гузаштанд?

14 Чуноне ки чорво ба водӣ фаромада, дам мегирад,

Рӯҳи Яҳува ба онҳо оромӣ мебахшид».+

Ту халқатро ин тавр роҳнамоӣ кардӣ,

То барои худ номи пуршукӯҳе пайдо кунӣ.+

15 Аз осмон, аз макони баланди поку пурҷалолат, назар андохта бубин.

Ғайрату тавоноӣ ва дилсӯзиву+ меҳрубонии ту куҷост?+

Ту онҳоро аз ман боздоштаӣ.

16 Охир, ту Падари мо ҳастӣ,+

Иброҳим моро надонад

Ва Исроил моро нашиносад ҳам,

Ту, эй Яҳува, Падари мо ҳастӣ.

Номи ту аз қадим Товондеҳи мост.+

17 Эй Яҳува, чаро мегузорӣ, ки мо аз роҳҳои ту дур шавем?

Чаро мегузорӣ, ки дилҳои мо сахт шавад ва мо аз ту натарсем?+

Ба хотири бандагонат,

Ба хотири қабилаҳое, ки моли туянд, сӯйи мо баргард.+

18 Халқи муқаддаси ту ин заминро муддати каме соҳиб буд.

Душманони мо муқаддасгоҳатро таги по карданд.+

19 Дер боз мо мисли касоне шудаем, ки ту ҳеҷ гоҳ бар онҳо ҳукмронӣ накардаӣ,

Мисли касоне, ки ҳеҷ гоҳ бо номи ту хонда нашудаанд.

64 Кошки осмонро дарронда, поён меомадӣ,

То кӯҳҳо аз ҳузури ту ба ларза оянд,

 2 Ҳамон тавре ки оташ чӯбу чахсро месӯзонад

Ва алов обро меҷӯшонад.

Он гоҳ номи ту ба душманонат маълум мешуд

Ва халқҳо пеши ту ба ларза меомаданд!

 3 Вақте корҳои ҳайратангезеро, ки мо умедвор ҳам набудем, ба амал овардиву+ поён омадӣ,

Кӯҳҳо пеши ту ба ларза омаданд.+

 4 Аз қадим то ҳол касе нашунидаасту нафаҳмидааст

Ва чашме Худоеро ғайр аз ту надидааст, ки

Барои умедворони худ амал карда бошад.+

 5 Ту онҳоеро, ки аз кардани кори нек шоданд,+

Онҳоеро, ки туро дар хотир доранд ва бо роҳҳоят равонаанд, пазироӣ намудӣ,

Аммо, вақте дурудароз гуноҳ кардем, ба хашм омадӣ.+

Пас, магар мо сазоворем, ки наҷот биёбем?

 6 Ҳамаи мо мисли каси нопокем

Ва тамоми росткориямон мисли латтаи ҳаромест*.+

Ҳамаи мо мисли барге пажмурда мешавем

Ва хатоҳоямон моро мисли шамол мебаранд.

 7 Касе нест, ки номи туро бихонад,

Касе нест, ки аз ту мадад биҷӯяд,

Зеро рӯйи худро аз мо пинҳон кардаӣ+

Ва гузоштаӣ, ки аз дасти гуноҳҳоямон обу адо шавем.

 8 Вале ту, эй Яҳува, Падари мо ҳастӣ.+

Мо лоему ту Кӯзагари мо,+

Ҳамаи мо амали дасти туем.

 9 Эй Яҳува, бар мо сахт хашм нагир+

Ва хатоҳои моро то абад дар хотир надор.

Илтимос, ба мо назар андоз, чунки ҳамаи мо халқи туем.

10 Шаҳрҳои муқаддаси ту биёбоне шудаанд.

Сион биёбон ва Ерусалим харобазоре гардидааст.+

11 Хонаи покиву ҷалоли мо,

Ки бобоёнамон дар он туро ситоиш мекарданд,

Ба коми оташ рафтааст+

Ва ҳар чӣ бароямон азиз буд, харобу валангор шудааст.

12 Наход ҳамаи инро дида ту, эй Яҳува, ҳоло ҳам худро боздорӣ?

Наход хомӯш бимонӣ ва гузорӣ, ки ин қадар азоб кашем?+

65 «Ман гузоштам, ки касоне, ки суроғам намекарданд, маро бикобанд

Ва касоне, ки дар ҷустуҷӯям набуданд, маро биёбанд.+

Ман ба халқе, ки номамро ба забон намегирифт, гуфтам: “Ана, ман ҳамин ҷоям”.+

 2 Тамоми рӯз дастонамро сӯйи халқи саркаш,+

Сӯйи касоне дароз мекардам, ки аз пайи ҳавасҳои худ рафта,+

Дар роҳи бад қадам мезаданд,+

 3 Сӯйи халқе, ки дар боғҳо+ қурбонӣ оварда ва бар хиштҳо дуд бароварда

Рӯирост маро ба хашм меоварданд.+

 4 Онҳо дар миёни қабрҳо+ нишаста

Ва дар ниҳонгоҳҳо* шабро рӯз карда,

Гӯшти хук мехӯранд+

Ва дар зарфҳояшон шӯрбои ҳаром доранд.+

 5 Онҳо мегӯянд: “Дар ҷоят ист, ба ман наздик нашав,

Зеро ман аз ту поктарам*”.

Онҳо дуде дар бинии мананд, оташе ҳастанд, ки рӯзи дароз месӯзад.

 6 Ин пеши ман навишта шудааст.

Ман хомӯш намеистам,

Балки онҳоро подош медиҳам,+

Сазои онҳоро ба пуррагӣ медиҳам*,

 7 Онҳоро барои хатоҳояшон ва хатоҳои бобоёнашон подош медиҳам,+— мегӯяд Яҳува.—

Азбаски онҳо бар кӯҳҳо қурбонӣ оварда дуд мебароранд

Ва бар теппаҳо маро хор медоранд,+

Ман аввал музди онҳоро ба пуррагӣ медиҳам*».

 8 Яҳува мегӯяд:

«Вақте дар хӯшаи ангур барои шароби нав ширае ҳаст,

Мегӯянд: “Онро нобуд накун, чунки дар он меваи хуб низ ҳаст”.

Ман низ ба хотири бандагонам чизи ба ин монанде мекунам

Ва ҳамаи онҳоро нобуд намесозам.+

 9 Ман аз Яъқуб насл

Ва аз Яҳудо касеро ба вуҷуд меорам, ки кӯҳҳои маро мерос мегирад.+

Интихобшудагони ман онро соҳиб мешаванд

Ва бандагонам дар он ҷо сокин мегарданд.+

10 Барои халқам, ки маро меҷӯяд,

Шорӯн+ чарогоҳи гӯсфандон

Ва водии Охӯр+ ҷойи дамгирии говон мешавад.

11 Аммо шумо Яҳуваро тарк кардаед+

Ва кӯҳи муқаддаси маро фаромӯш намудаед,+

Шумо барои худои Толеъ дастархон мекушоед

Ва барои худои Тақдир пиёларо аз шароби омехта пур мекунед.

12 Пас, ман шамшерро тақдиру насиби шумо месозам+

Ва ҳамаи шумо барои кушта шудан сар хам мекунед,+

Зеро ман сӯятон фарёд кардам, вале ҷавоб надодед,

Гап задам, вале гӯш накардед.+

Шумо он чиро, ки дар назарам бад буд, ба амал меовардед

Ва он чиро, ки ба ман нофорам буд, интихоб намудед».+

13 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:

«Инак, бандагони ман мехӯранду шумо гуруснагӣ мекашед.+

Бандагони ман менӯшанду+ шумо ташна мемонед.

Бандагони ман хурсандӣ мекунанду+ шумо шарманда мешавед.+

14 Бандагони ман аз хушии дил нидо мекунанд,

Вале шумо аз дарди дил фарёд мезанеду

Аз шикастагии рӯҳ нола мекунед.

15 Парвардигор Яҳува ҳар яки шуморо ба қатл мерасонад

Ва аз шумо номе мемонад, ки интихобшудагонам дар дуои бад ба забон мегиранд,

Ба бандагонаш бошад, ӯ номи дигаре медиҳад.+

16 Пас, ҳар кӣ дар замин барои худ баракат ҷӯяд,

Баракати Худои ростиро* соҳиб мешавад

Ва ҳар кӣ дар замин қасам хӯрад,

Ба номи Худои ростӣ* қасам мехӯрад.+

Азобҳои пешина фаромӯш мешаванд

Ва аз пеши назарам дур мегарданд,+

17 Зеро ман осмони нав ва замини нав меофарам,+

Он вақт чизҳои пештара ба хотир намерасанд

Ва ба дил намеоянд.+

18 Пас, аз он чӣ меофарам, то абад шодиву хурсандӣ кунед.

Ман Ерусалимро сарчашмаи хурсандӣ

Ва халқи ӯро манбаи шодӣ месозам.+

19 Ман аз Ерусалим шод ва аз халқи худ хурсанд мешавам.+

Дар он дигар овози гиря ва фиғон шунида нахоҳад шуд.+

20 Дар он ҷо дигар кӯдаке чанд рӯз умр дида нахоҳад мурд

Ва пиронсоле пеш аз вақт аз олам чашм нахоҳад пӯшид.

Ҳар кӣ дар садсолагӣ бимирад, кӯдак ҳисоб меёбад

Ва гунаҳкор садсола бошад ҳам, ба лаънат гирифтор шуда мемирад*.

21 Мардум хонаҳо сохта, дар онҳо зиндагӣ хоҳанд кард,+

Токҳо шинонда меваи онро хоҳанд хӯрд.+

22 Онҳо бино нахоҳанд кард, ки дигарон зиндагӣ кунанд,

Ва нахоҳанд шинонд, ки дигарон бихӯранд,

Зеро рӯзҳои халқи ман мисли рӯзҳои дарахт мешаванд+

Ва интихобшудагони ман аз меҳнати дасти худ то ба охир баҳра мебаранд.

23 Онҳо беҳуда меҳнат нахоҳанд кард+

Ва барои азоб фарзанд нахоҳанд зоид,

Зеро онҳо ва фарзандонашон+

Насле мебошанд, ки Яҳува баракат додааст.+

24 Пеш аз он ки сӯям фарёд кунанд, ман ҷавоб хоҳам дод,

Пеш аз он ки гапашонро тамом кунанд, онҳоро хоҳам шунид.

25 Гургу барра якҷоя хоҳанд чарид,

Шер мисли буққа коҳ хоҳад хӯрд+

Ва хӯроки мор хок хоҳад буд.

Онҳо дар тамоми кӯҳи муқаддаси ман бадие нахоҳанд кард ва зараре нахоҳанд расонд»,+— мегӯяд Яҳува.

66 Яҳува чунин мегӯяд:

«Осмон тахти ман ва замин қадамгоҳи* ман аст.+

Пас, дар куҷо бароям хонае месозед+

Ва дар куҷо бароям макони осоише муҳайё менамоед?+

 2 Ҳамаи ин чизҳоро дасти ман сохтааст

Ва ҳамаи онҳоро ман ба вуҷуд овардаам,— мегӯяд Яҳува.+—

Ман ба одами хоксор ва шикастарӯҳ, ки аз каломи ман меларзад*, назар хоҳам кард.+

 3 Касе, ки буққаро қурбонӣ мекунад, мисли одамкуш аст.+

Касе, ки гӯсфандро сар мебурад, мисли касест, ки гардани сагро мешиканад.+

Касе, ки ҳадия меорад, гӯё хуни хукро меорад.+

Касе, ки лоданро чун ҳадияи ёдгорӣ пешкаш мекунад,+ мисли касест, ки бо сеҳру ҷоду баракат медиҳад*.+

Онҳо роҳҳои худро ихтиёр кардаанд

Ва ба ҷони онҳо чизҳои нафратангез мефорад.

 4 Барои ҳамин ман низ барои онҳо ҷазо ихтиёр мекунам+

Ва чизеро, ки аз он метарсанд, ба сарашон меорам,

Чунки, вақте сӯяшон фарёд задам, касе ҷавоб надод,

Вақте гап задам, касе гӯш накард.+

Онҳо он чиро, ки дар назари ман бад буд, ба амал меоварданд

Ва хостанд он чиро, ки ба ман нофорам аст, ба ҷо оранд».+

 5 Каломи Яҳуваро бишнавед, эй касоне, ки аз каломи ӯ меларзед*:

«Бародарони шумо, ки аз шумо нафрат доранд ва аз барои номи ман шуморо радди маърака мекунанд, гуфтанд: “Яҳуваро ҷалол бод!”+

Аммо ӯ худро маълум месозаду шуморо хурсанд менамояд,

Онҳоро бошад, шарманда мекунад».+

 6 Аз шаҳр садои ҳаёҳу, аз ибодатгоҳ садое меояд!

Ин садои Яҳува аст, ки сазои душманонашро медиҳад.

 7 Ин зан дард накашида, таваллуд кард,+

Пеш аз он ки ӯро дарди зоиш қапад, писаре ба дунё овард.

 8 Кӣ чунин чизеро шунидааст?

Кӣ чунин чизеро дидааст?

Магар кишваре дар як рӯз зода мешавад?

Ё халқе яку якбора ба дунё меояд?

Вале Сион, ҳамин ки дарди зоишаш қапид, писарон ба дунё овард.

 9 «Магар ман то дами зоиш мерасонаму намезоёнам? — мегӯяд Яҳува.—

Магар ба зоидан мерасонаму даҳони бачадонро мебандам?» — мегӯяд Худои ту.

10 Бо Ерусалим хурсандӣ кунед ва бо ӯ хушҳол шавед,+ эй ҳамаи онҳое, ки дӯсташ медоред!+

Бо ӯ шодии бисёр кунед, эй ҳамаи онҳое, ки барояш мотам гирифтаед,

11 Чунки ӯ шуморо мемаконад ва ба серӣ тасаллӣ медиҳад

Ва шумо, чун кӯдак аз шири модар, аз ҷалоли беандозаи ӯ хурсанд мешавед.

12 Яҳува чунин мегӯяд:

«Ман осоиштагиро мисли дарё+

Ва ҷалоли халқҳоро мисли рӯди сероб сӯйи ӯ равона мекунам.+

Ӯ шуморо мемаконаду ба бағал мегирад

Ва сари зону гузошта меҷунбонад.

13 Чуноне ки модар писарашро тасаллӣ медиҳад,

Ман низ шуморо тасаллӣ хоҳам дод+

Ва шумо Ерусалимро дида тасаллӣ меёбед.+

14 Инро дида дили шумо шод мешавад

Ва устухонҳои шумо мисли сабзаи навхез нашъунамо мекунад.

Он гоҳ дасти* Яҳува ба бандагонаш аён мегардад,

Вале душманонашро ӯ маҳкум мекунад.+

15 Яҳува мисли оташ меояд+

Ва аробаҳояш мисли тундбод хоҳанд буд.+

Ӯ омада, бо хашми пурзӯр ҷазо медиҳад

Ва бо забонаҳои оташ сарзаниш менамояд,+

16 Зеро Яҳува бо оташ доварӣ хоҳад кард,

Ҳукми ҳамаи одамизодро бо шамшер ба ҷо хоҳад овард

Ва онҳое, ки аз дасти Яҳува кушта мешаванд, бисёр хоҳанд буд.

17 Касоне, ки худро поку муқаддас мекунанд ва ба боғҳо*+ рафта, дар паси оне, ки дар миёна аст, меистанд, ҳамчунин касоне, ки гӯшти хук,+ чизҳои ҳаром ва муш мехӯранд,+ якҷоя нобуд мешаванд,— мегӯяд Яҳува.— 18 Ман ки корҳои онҳо ва фикрҳои онҳоро медонам, меояму одамонро аз ҳамаи халқҳо ва забонҳо ҷамъ меорам ва онҳо омада, ҷалоли маро мебинанд.

19 Ман дар миёни онҳо аломате мегузорам ва баъзеи онҳоеро, ки халосӣ ёфтаанд, сӯйи халқҳое, ки овозаи маро нашунидаанд ва ҷалоли маро надидаанд — сӯйи Таршиш,+ Фул ва Луд,+ ки камон мекашанд, сӯйи Тубол, Ёвон+ ва ҷазираҳои дурдаст, мефиристам ва онҳо ҷалоли маро дар миёни халқҳо хабар медиҳанд.+ 20 Онҳо тамоми бародарони шуморо аз ҳамаи халқҳо+ гирифта, бар аспҳо, аробаҳои калону майда, хачирҳо ва шутурҳои тезгард чун ҳадияе барои Яҳува ба кӯҳи муқаддаси ман, ба Ерусалим, меоранд, чуноне ки халқи Исроил дар зарфи тозае ба хонаи Яҳува ҳадия меорад,— мегӯяд Яҳува,—

21 Ва ман баъзеи онҳоро коҳин ва левизода мекунам,— мегӯяд Яҳува.—

22 Чуноне ки осмони нав ва замини наве, ки меофарам,+ пеши ман ҳамеша боқӣ мемонанд, ончунон насли шумо ва номи шумо боқӣ хоҳад монд,— мегӯяд Яҳува.+—

23 Навмоҳ ба навмоҳ ва шанбе ба шанбе

Тамоми одамизод омада, пеши ман саҷда хоҳад кард,+— мегӯяд Яҳува.—

24 Онҳо берун омада, ба ҷасадҳои касоне, ки бар зидди ман шӯриш мебардоранд, нигоҳ хоҳанд кард,

Зеро кирмҳои онҳо намемиранд, оташи онҳо хомӯш намешавад+

Ва онҳо дар назари ҳамаи одамон нафратовар хоҳанд буд».

Маънояш «наҷоти Яҳува».

Ё «хӯҷаинашро».

Ё «дастури».

Ё «ҷувонаҳо; навбасҳо; тӯрпиҳо».

Ғаш — олудагӣ дар филизҳои гаронбаҳо.

Ё «оби гандумат».

Ё «бозхарида».

Аз афташ, ин дарахтон ва боғҳо бо бутпарастӣ алоқаманд буданд.

Ё «дастур».

Поза — олате, ки ба нӯги испор (омоч) часпонда, заминро шудгор мекунанд; говоҳан.

Каҷкорд — як навъ корд барои буридани шохаҳои дарахт; доскола.

Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.

Ё, эҳтимол, «хояндагони пурхӯру».

Ё «захмҳои шуморо намебандам».

Халхол — ҳалқае, ки занон барои зинат ба по мебанданд.

Карахш — пардаи хушке, ки бар рӯйи захм пайдо мешавад.

Ё «Овезаҳо».

Ё «ороишот аз гӯшмоҳӣ».

Ё «таҳпӯшҳо».

Палос — ниг. ба луғат.

Яъне зани ӯ номида шаванд.

Яъне шармандагӣ аз сабаби бешавҳар ё бефарзанд будан.

Дар матни асл «ахлоти».

Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.

Ё «на навдаҳояшро мебуранд; на хомток мекунанд».

Ё «хишова мекунанд».

Ё «ниҳолест».

Тахминан 4 гектар. Дар матни асл «даҳ ҷуфт», яъне замине, ки даҳ ҷуфти гов дар як рӯз шудгор мекунад.

Ибр. «бат». Як бат ба 22 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.

Як ҳӯмер ба 220 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.

Як эфа ба 22 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.

Ибр. «шеол». Ниг. ба луғат, ба калимаи «гӯр».

Ё «Соҳибмансабони».

Ё «бо адлу инсоф».

Ё «қарори; машварати».

Ё «дастури».

Ё «пошнаҳои дарҳо».

Ё «Сурия».

Ё, эҳтимол, «онҳо».

Маънояш «фақат бақия бармегардад».

Ё, эҳтимол, «ба тарсу ҳарос оварда».

Ё «деворашро рахна кунем».

Ё «духтар».

Маънояш «Худо бо мост».

Яъне дарёи Фурот.

Дар матни асл «қалами инсони хокӣ».

Эҳтимол, маънояш «сӯйи ғанимат шитофтан, зудтар омада, ғорат кардан» аст.

Коҳин — ниг. ба луғат.

Ё «шоҳидӣ диҳанд».

Шилӯаҳ новаи обгузар буд.

Яъне дарёи Фурот.

Ниг. ба Иш 7:14.

Ё «Камари худро бибандед».

Калимаи иброние, ки «Худо бо мост» тарҷума шудааст, «имонуил» мебошад, ки дар Иш 7:14; 8:8 ном бурда шудааст.

Ё «дастурро».

Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.

Ё «ҳукумат».

Ё «худосифати».

Ё «Ҳукумати».

Ё «Сурияро».

Дар матни асл «аз ақиб».

Ё, эҳтимол, «Шохаи нахлу қамишро».

Ё «ҷазо».

Ё «ҷалоли».

Дар матни асл «аз ҷон то ҷисм».

Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.

Ё «асбоби оҳанин».

Ё «мулоимтабиатони».

Ё «рӯҳи».

Ё, эҳтимол, «Гӯсолаву шер бо ҳам хоҳанд чарид».

Ё «Халқҳо ӯро ҷӯё мешаванд».

Яъне Бобилистон.

Ё, эҳтимол, «хушк».

Яъне дарёи Фурот.

Ё «рӯҳи».

Ё, эҳтимол, «онро зарба зада, ба ҳафт шохоб ҷудо мекунад».

Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.

Ё «бинавозед».

Ин ҷо «зан» ба маънои маҷозӣ омада, тамоми сокинони Сионро дар назар дорад.

Дар матни асл «ба муқаддасони худ».

Ё «Абарқудрат».

Дар матни асл «Кесилҳои онҳо», ки, эҳтимол, ба бурҷи Ҷаббор (бурҷи Сайёд) ва бурҷҳои атрофи он ишора мекунад.

Ё «зебу зинати».

Ё, эҳтимол, «девҳои бузшакл».

Ё «оромӣ мебахшад».

Ё «шоҳи Бобилро паст зада мегӯӣ».

Дар матни асл «нарбузони».

Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.

Ё «ба задани тамоми халқҳо тайёр аст».

Дар матни асл «решаи».

Ё «заҳрнок».

Палос — ниг. ба луғат.

Ё «шохаҳои пур аз ангури сурхи».

Ё, эҳтимол, «Зеро бар меваҳои тобистона ва ҳосили ту нидои ҷанг садо медиҳад».

Чанг — як навъ асбоби мусиқии торӣ.

Ё «ҳамон тавре ки мардикор сол мешуморад». Яъне расо дар миёни се сол.

Ё «Сурия».

Ё «равғани баданаш об мешавад».

Ашера — ниг. ба луғат.

Ё «қаламчаҳои худои бегонаро».

Ё «хори карроки ғелон».

Ё «папирусӣ». Ниг. ба луғат, ба калимаи «папирус».

Ё, эҳтимол, «аз».

Каҷкорд — як навъ корд барои буридани шохаҳои дарахт; доскола.

Ё «резишгоҳи».

Ё «Мемфис».

Ё, эҳтимол, «шохаи нахлу қамишаш».

Назр — ниг. ба луғат.

Ё «сарфармондеҳро».

Палос — ниг. ба луғат.

Ё «нимбараҳнаву».

Ё «Миср, ки ба зебоияш ҳавасашон меомад».

Аз афташ, Бобилистони қадим дар назар аст.

Аз афташ, Бобил.

Дар матни асл «камари ман пур аз дард аст».

Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.

Дар матни асл «писари».

Маънояш «хомӯшӣ».

Ё «ҳамон тавре ки мардикор сол мешуморад». Яъне расо дар миёни як сол.

Эҳтимол, Ерусалим дар назар аст.

Ё «аспсаворон».

Ё «Қир сипарашро тайёр мекунад».

Ё «аспсаворон».

Палос — ниг. ба луғат.

Номи як шохоби дарёи Нил.

Эҳтимол, Сӯрро.

Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.

Ё «рӯйи онро дигаргун месозаду».

Ё, эҳтимол, «хушк шудааст».

Ё «қадимаро».

Ё, эҳтимол, «хушк шудааст».

Ё «ғарб».

Ё «дар шарқ».

Ё «шукӯҳу шавкат».

Ё «Дарвозаҳои».

Ё «шароби дурдадор».

Ё «фурӯ мебарад».

Аз афташ, ин ҷо Худо дар назар аст.

Хокрез — ниг. ба луғат.

Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.

Ё «ҳамвор».

Ё, эҳтимол, «шабнами рӯйи сабзаҳост (тугмачагулҳост)».

Ибр. «ливятан». Ливятан — ниг. ба луғат.

Аз афташ, ин ҷо Исроил дар назар аст, ки ба зан ва ҳамчунин ба токзор монанд карда мешавад.

Ашера — ниг. ба луғат.

Яъне дарёи Фурот.

Аз афташ, пойтахти Исроил, Сомария, дар назар аст.

Ресмони андозагирӣ дар назар аст, ки ин ҷо ба маънои андозаву ҳад ва меъёри рафтор омадааст.

Ресмони андозагирӣ дар назар аст, ки ин ҷо ба маънои андозаву ҳад ва меъёри рафтор омадааст.

Ё, эҳтимол, «як рӯъё дидем».

Ё «шоқул». Обтарозу ва шоқул — асбобе барои санҷидани ростии девор.

Ё, эҳтимол, «Вақте бифаҳманд, онҳоро воҳима зер мекунад».

Ё «ислоҳ мекунад; ҷазо медиҳад».

Ё «маслиҳаташ».

Эҳтимол, маънояш «оташдони қурбонгоҳи Худо» асту Ерусалим дар назар аст.

Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.

Ё «Мулоимтабиат».

Яъне аз шарму ноумедӣ.

Дар матни асл «ҳадияи рехтанӣ меоранд», ки, эҳтимол, нишонаи аҳд бастан аст.

Дар матни асл «қалъаи».

Ё «заҳрнок».

Ё «дастури».

Ё, эҳтимол, «обанбор».

Ё «парчами».

Ё «ӯро бесаброна интизор мешаванд».

Ё «либосест, ки аз хунравии одатии зан доғдор шудааст».

Ё, эҳтимол, «як сӯ партофта, онҳоро ҳаром меномед».

Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.

Дар матни асл «номи Яҳува».

Ё «Дами».

Дар матни асл «корношоямӣ».

Ё «пок кардани худ барои ид».

Ё «касе, ки бо садои най».

Ин ҷо ба маънои ҷойи сӯзондан омада, несту нобуд карданро ифода менамояд.

Ё «сулфур».

Ё «саворони».

Ё «нураш».

Ё «беҳаёгӣ».

Палос — ниг. ба луғат.

Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.

Ё «қуввати».

Аз афташ, паҳлавонони Яҳудо.

Яъне душман.

Ё, эҳтимол, «хушк шудааст».

Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.

Ё «сокине».

Ё «Ҷувонаҳо; Навбасҳо; Тӯрпиҳо».

Эҳтимол, Басра — пойтахти Адӯм.

Зифт — як навъ моддаи сиёҳранги моеест, ки хосияти обногузаронӣ дорад.

Ё «сулфур».

Ё «таноби андозагирии».

Дар матни асл «сангҳои». Шоқул — асбобе барои санҷидани ростии девор.

Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.

Газна — алафи газанда, анҷура, сӯзонкаҳ.

Ё, эҳтимол, «Девҳои бузшакл».

Ё «папирус». Ниг. ба луғат, ба калимаи «папирус».

Ё «сарсоқиро».

Ё «суриягӣ».

Палос — ниг. ба луғат.

Ё, эҳтимол, «дар миёни».

Ё «шохобҳои Нили».

Яъне барои Ҳизқиё.

Хокрез — ниг. ба луғат.

Эҳтимол, бо ёрии он зинапоя вақтро муайян мекарданд, чуноне ки бо соати офтобӣ мекунанд.

Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.

Ё, эҳтимол, «лаклак».

Ё «Талхии ҷонамро».

Яъне бо калому корҳои Худо.

Ё «ҳамаи гуноҳҳои маро аз назари худ дур кардӣ».

Ё «дучанд».

Ё «тоза».

Ё «рӯҳи».

Дар матни асл «дар сеяк»-и ченаке, ки маълум нест.

Ё, эҳтимол, «ба рӯҳи Яҳува сарфаҳм рафтааст».

Ё «барои аловӣ».

Ё «кураи».

Ё «Ҳокимони».

Ё «Ба ҳузури ман хомӯш бошед».

Ё «шарқ».

Шунг — забони гунҷишк, сияҳбед, шумтол, аҳр.

Ё «шарқ».

Ё «дастури».

Ё «Аз ҷалоли худ ба касе намедиҳам».

Ё «Дастурро».

Ё «дастури».

Эҳтимол, чизҳое, ки дар ояндаи наздик бояд рӯй диҳанд.

Ё «такя кунед».

Ё «исёнкории».

Эҳтимол, омӯзгорони Шариат дар назаранд.

Маънояш «росткор», унвони фахрии Исроил.

Ё «Ман ба ташна об медиҳам».

Яъне бутҳо.

Ё «каҷкордро».

Ё «бутхонае».

Ё «пайғамбарони дурӯғинро».

Ё «тадҳиншудаи; масеҳи». Ниг. ба луғат, ба калимаи «масеҳ».

Ё «Созанда».

Ё, эҳтимол, «Оё лой мегӯяд: “Он чӣ сохтаӣ, даста надорад”?»

Ё, эҳтимол, «Мардикорони».

Ё, эҳтимол, «савдогарони».

Ё, эҳтимол, «на барои холӣ будан».

Бил ва Набӯ номи худоёни бобилиён аст.

Яъне бутҳоро.

Ё «Қарори».

Дастос — осиёи дастӣ.

Ё, эҳтимол, «ҳеҷ касро бо рӯйи кушод пешвоз намегирам».

Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.

Ё, эҳтимол, «Ҳарчанд».

Ё, эҳтимол, «онҳое, ки осмонро тақсим мекунанд; ситорашиносон».

Ё, эҳтимол, «интихоб кардаам».

Ё «Аммо Яҳува маро одилона доварӣ мекунад».

Ё, эҳтимол, «бар теппаҳои холӣ».

Дар матни асл «дар бағалашон».

Ё «бозхаридан».

Палос — ниг. ба луғат.

Ё «дастури».

Ё, эҳтимол, «Кирм».

Роҳоб — ниг. ба луғат.

Ё «Ғалабаи».

Ё, эҳтимол, «ба чизе, ки мо шунидем».

Ё, эҳтимол, «Ӯ мисли шахсе буд, ки одамон аз ӯ рӯй мегардонанд».

Ё «ба ӯ зарбаи марговар расонданд».

Ё «он чӣ ба Яҳува писанд аст».

Ё «фарзандони».

Ё «хӯҷаиндор».

Ё «хӯҷаин».

Ё «фарзандони».

Ё «аз таҳти дил».

Газна — алафи газанда, анҷура, сӯзонкаҳ.

Ё, эҳтимол, «мемирад, то мусибатро набинад».

Яъне дар қабр.

Эҳтимол, парастиши бутҳое дар назар аст, ки шакли узви ҷинсиро доштанд.

Эҳтимол, ном ё унвони шоҳ ё худои бегона.

Ё «корҳоятро фош накардам».

Ё «хоксорон».

Ё «хушҳолии».

Ё «ғеша».

Палос — ниг. ба луғат.

Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.

Ё «хушҳолии».

Ё «ғалаба».

Ё «тоскулоҳи; хӯди».

Ё «ғалабаро».

Ё «дурахши тулӯи ту».

Ё «тирезаҳои хонаи худ».

Ё «чун бори аввал меоянду».

Шунг — забони гунҷишк, сияҳбед, шумтол, аҳр.

Тадҳин — ниг. ба луғат.

Ё «мулоимтабиатон».

Ё «ҷалоли».

Ё «Ҷонам».

Ё, эҳтимол, «суп-сурх».

Ё «ғалаба».

Ё «фариштае, ки дар ҳузураш буд».

Ё «либосест, ки аз хунравии одатии зан доғдор шудааст».

Ё, эҳтимол, «дар каппаҳои дидбонӣ».

Ё, эҳтимол, «Зеро покии ман ба ту мегузарад».

Ё «Музди онҳоро ба бағалашон мерезам».

Ё «ба бағалашон меандозам».

Ё «аминро».

Ё «амин».

Ё, эҳтимол, «Ва ҳар кӣ ба сад нарасида бимирад, лаънатзада ҳисоб меёбад».

Ё «курсии зери пойи».

Ё «ба каломи ман эҳтироми зиёд дорад».

Ё, эҳтимол, «мисли касест, ки бутро ситоиш мекунад».

Ё «ба каломи ӯ эҳтироми зиёд доред».

Ё «қудрати».

Яъне боғҳое, ки барои парастиши бутҳо буданд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан