КИТОБИ ПАЙҒАМБАР ИРМИЁ
1 Суханони Ирмиёи* писари Ҳилқиёҳу — яке аз коҳинони* анотӯтӣ+ дар замини Бинёмин. 2 Дар рӯзҳои Юшиёи+ писари Омӯн,+ подшоҳи Яҳудо, дар соли 13-уми подшоҳии ӯ, паёми Яҳува ба Ирмиё омад. 3 Инчунин паёми Худо ба Ирмиё дар рӯзҳои Еҳуёқими+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, то анҷоми соли 11-уми Сидқиёҳуи+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, то даме ки сокинони Ерусалим дар моҳи панҷум ба асирӣ бурда шуданд, фиристода мешуд.+
4 Рӯзе аз Яҳува ба ман чунин паём омад:
5 «Пеш аз он ки дар шиками модарат туро ба вуҷуд орам, ман туро мешинохтам*+
Ва, пеш аз он ки ба дунё биёӣ, ман туро барои хизмати худ ҷудо кардам*.+
Ман туро бар халқҳо пайғамбар таъйин намудам».
6 Аммо ман гуфтам: «Вой бар ман, эй Яҳува, Парвардигоро!
Охир, ман ҷавон ҳастам+ ва дуруст гап зада наметавонам».+
7 Яҳува ба ман гуфт:
«Нагӯ, ки “ман ҷавон ҳастам”,
Зеро ту бояд назди ҳар касе, ки туро фиристам, биравӣ
Ва ҳар чиро, ки фармоям, бигӯӣ.+
8 Аз ҳайбати онҳо натарс,+ зеро Яҳува мегӯяд:
“Ман бо ту ҳастам, то туро халосӣ диҳам”».+
9 Сипас Яҳува дасташро дароз карда, ба даҳонам расонид.+ Яҳува гуфт: «Ман суханонамро дар даҳонат гузоштам.+ 10 Инак, имрӯз туро бар халқҳо ва подшоҳиҳо таъйин кардам, то решакан ва чаппа кунӣ, нест ва хароб намоӣ, бино кунӣ ва шинонӣ».+
11 Паёми Яҳува боз ба ман омад: «Эй Ирмиё, чиро мебинӣ?» Ман гуфтам: «Шохаи дарахти бодомро*».
12 Яҳува ба ман гуфт: «Дуруст дидӣ, зеро ман барои иҷрои суханам бедорам».
13 Паёми Яҳува бори дуюм ба ман омад: «Чиро мебинӣ?» Ман гуфтам: «Деги ҷӯшонеро дар шимол мебинам, ки сӯйи ҷануб хам карда шудааст». 14 Яҳува ба ман гуфт:
«Аз шимол бар сари ҳамаи сокинони замин фалокате меояд.+
15 Яҳува мегӯяд: “Ман ҳама қабилаҳои мамлакатҳои шимолро ҷамъ хоҳам овард+
Ва онҳо омада, ҳар яке тахти худро
Дар рӯ ба рӯйи дарвозаҳои Ерусалим,+
Гирдогирди ҳамаи деворҳояш
Ва ҳама шаҳрҳои Яҳудо мегузоранд.+
16 Ман барои ҳамаи бадкорияшон ҳукми онҳоро мебарорам,
Зеро онҳо маро тарк карданд+
Ва барои худоёни дигар қурбонӣ оварда, дуд мекунанду*+
Назди амали дастонашон саҷда мебаранд”.+
17 Аммо ту камаратро бибанд
Ва бархоста, ҳар чизеро, ки ба ту фармудам, ба онҳо бигӯй.
Аз онҳо натарс,+
То ман дар назди онҳо туро ба даҳшат наорам.
18 Ман имрӯз туро шаҳри ҳисордор,
Сутуни оҳанин ва девори мисине бар зидди тамоми ин замин,+
Подшоҳони Яҳудову мирони он
Ва коҳинону мардуми он гардондам.+
19 Онҳо бо ту ҷанг хоҳанд кард,
Лекин ғолиб нахоҳанд омад,
Зеро Яҳува мегӯяд: “Ман бо ту ҳастам,+ то туро халосӣ диҳам”».
2 Аз Яҳува ба ман чунин паём омад: 2 «Рафта, ба мардуми Ерусалим бигӯ: “Яҳува мегӯяд:
“Ман меҳру вафои айёми ҷавониятро дар хотир дорам,+
Муҳаббатеро, ки дар давраи номзадият нишон медодӣ,+
Чӣ тавр дар биёбон, дар замини нокорам,
Аз пайи ман меомадӣ.+
3 Исроил барои Яҳува муқаддас,+ ҳосили аввалин, аст”.
Ҳар кӣ ӯро фурӯ барад, айбдор хоҳад шуд.
Онҳо гирифтори бало мешаванд,— мегӯяд Яҳува».+
4 Суханони Яҳуваро бишнавед, эй хонадони Яъқуб
Ва ҳама қабилаҳои Исроил!
5 Яҳува чунин мегӯяд:
«Бобоёни шумо дар ман чӣ айбе ёфтанд,+
Ки аз ман дур шуда,
Аз пайи бутҳои бекора рафтанд+ ва худашон ҳам бекора шуданд?+
6 Онҳо напурсиданд: “Куҷост Яҳува,
Худое, ки моро аз замини Миср берун овард,+
Моро аз дашт,+
Аз замини биёбонҳову чоҳҳо,
Аз замини беоб+ ва зулмоти тор,
Аз замини касногузару беодам гузаронд”.
7 Ман шуморо ба замини пур аз боғҳо овардам,
То аз меваҷот ва неъмати он бихӯред,+
Лекин шумо омада, замини маро нопок гардондед
Ва мулки маро расво кардед.+
8 Коҳинон напурсиданд: “Яҳува куҷост?”+
Шариатдонон маро нашинохтанд,
Чӯпонон бар зидди ман баромаданд,+
Пайғамбарон аз номи Баал пешгӯйӣ карданд,+
Аз пайи худоёне рафтанд, ки фоидае намеоранд.
9 Барои ҳамин боз шуморо айбдор хоҳам кард,+— мегӯяд Яҳува,—
Ва писарони писаронатонро низ айбдор хоҳам кард.
10 Ба соҳилҳои Киттим+ биравед ва бубинед.
Ба Қедор+ кас фиристед ва нағзакак фикр кунед,
Ки оё чизи ба ин монанде рӯй дода буд.
11 Магар халқе худоёнашро ба худоҳое, ки дар асл худо нестанд, иваз кардааст?
Аммо халқи ман ҷалоли маро ба чизҳои бекора иваз кард.+
12 Эй осмон, ба ин бо ҳайрат назар андоз,
Аз даҳшати бузург ба ларза ой,— мегӯяд Яҳува,—
13 Зеро халқи ман ду кори бад кард:
Онҳо маро, ки Сарчашмаи оби ҳаётам, тарк карданд+
Ва барои худ обанборҳо сохтанд,
Обанборҳои рахнадоре, ки наметавонанд обро нигоҳ доранд.
14 Магар Исроил хизматгор ё ғуломи хоназод аст?
Пас, чаро ба дасти ғоратгарон дода шуд?
15 Шерони ҷавон бар вай наъра мезананд,+
Овозашонро баланд мекунанд.
Онҳо заминро ба даҳшатзор табдил додаанд.
Шаҳрҳояш сӯхта, беодам гаштаанд.
16 Мардуми Нуф*+ ва Таҳфанҳес+ фарқи саратро метарошанд*.
19 Бадкориҳоят бояд ба ту адаб омӯзанд
Ва хиёнаткориҳоят туро ислоҳ кунанд.
Бидон ва бифаҳм, ки тарк кардани Худоят Яҳува
То чӣ андоза талху зишт будааст.+
Охир, ту аз ман тарсе надорӣ,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо.—
20 Дар замони қадим ман юғатро* шикастам+
Ва занҷирҳоятро пора-пора кардам,
Лекин ту гуфтӣ: “Хизматгорат намешавам”,
Ва бар ҳар теппаи баланд ва зери ҳар дарахти сершоху барг+
Пойҳоятро паҳн карда хобидӣ ва фоҳишагӣ кардӣ.+
21 Ман туро мисли токи сурхи хушкарда, ки аз тухми пок рӯйидааст, шинонда будам.+
Пас, чӣ тавр ту дар пеши назарам ба навдаҳои ёбоии токи дигар табдил ёфтӣ?+
22 Ҳатто агар худро бо ишқор бишӯӣ ва бисёр собун занӣ,
Хатои ту дар пеши ман мисли доғе мемонад,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
23 Чӣ тавр ту мегӯӣ: “Худро олуда насохтаам.
Аз пайи Баалҳо нарафтаам”?
Ба корҳое, ки дар водӣ кардӣ, назар андоз.
Дар бораи рафторат фикр кун.
Ту мисли модашутури тездаве ҳастӣ,
Ки бе мақсад ҳар тараф медавад.
24 Ту мисли гӯрхаре ҳастӣ, ки ба биёбон одат кардааст
Ва аз шиддати шаҳват бодро бӯ мекашад.
Кист, ки вайро дар давраи ҷуфтшавияш боздорад?
Ҳеҷ яке аз талабгоронаш худро хаста нахоҳад кард,
Зеро дар мавсимаш вайро меёбад.
25 Поятро аз бараҳнагӣ
Ва гулӯятро аз ташнагӣ нигоҳ дор.
Лекин ту гуфтӣ: “Худатро ғам надеҳ!+
26 Чуноне ки дузд ҳангоми ба даст афтоданаш шармсор мегардад,
Хонадони Исроил, подшоҳон, мирон,
Коҳинон ва пайғамбаронаш низ шарманда хоҳанд шуд.+
27 Онҳо ба дарахт мегӯянд: “Ту падари манӣ”,+
Ва ба санг: “Ту маро зодаӣ”.
Ба ман бошад, рӯй намеоранд, балки пушти худро мегардонанд.+
Аммо дар рӯзи мусибаташон хоҳанд гуфт:
“Бархез ва моро наҷот деҳ!”+
28 Куҷоянд худоёне, ки ту барои худ сохтаӣ?+
Агар тавонанд, бигзор бархеста, туро дар рӯзи мусибат наҷот диҳанд,
Зеро худоёни ту мисли шаҳрҳоят сершумор шудаанд, эй Яҳудо.+
29 Чаро маро айбдор мекунед?
Чаро ҳамаатон бар зидди ман баромадаед?+ — мегӯяд Яҳува.—
Шамшери шумо мисли шери дарранда
Пайғамбаронатонро фурӯ бурд.+
31 Эй насл, ба суханони Яҳува диққат диҳед!
Наход барои Исроил мисли биёбон,
Мисли сарзамини тираву тор шуда бошам?
Чаро халқи ман гуфтааст: “Куҷое хоҳем, меравем.
Мо назди ту дигар барнамегардем”?+
32 Магар бокира зару зеварашро
Ва арӯс тасмаи ороишашро* фаромӯш мекунад?
Халқи ман бошад, маро ба муддати дароз фаромӯш кардааст.+
33 Эй зан, чӣ қадар дар ҷустуҷӯйи ишқбозӣ устоӣ!
Ту роҳҳои бадкориро таълим гирифтаӣ.+
34 Ҳатто доманат олудаи хуни бечорагони бегуноҳ аст.+
Ман онҳоро дар сари ғорат дастгир накардам,
Бо вуҷуди ин хуни онҳо бар домани туст.+
35 Лекин ту мегӯӣ: “Ман бегуноҳам.
Бешак, ғазаби ӯ аз ман баргаштааст”.
Ҳоло ман туро доварӣ мекунам,
Зеро ту мегӯӣ: “Ман бегуноҳам”.
36 Чаро тез-тез роҳатро дигар мекуниву аз ин парвое надорӣ?
37 Аз ин рӯ ту низ дастонатро бар сарат гузошта* меравӣ,+
Зеро Яҳува касонеро, ки ба онҳо умед мебастӣ, рад кардааст.
Онҳо ба ту кумак нахоҳанд кард».
3 Одамон чунин мегӯянд: «Вақте кас ҷавоби занашро диҳад ва вай рафта, аз они марди дигар шавад, магар ӯ занашро боз қабул мекунад?»
Магар ин замин саропо нопок нагаштааст?+
«Ту ки мисли фоҳишае бо касони бисёр зино кардӣ,+
Акнун мехоҳӣ ба назди ман баргардӣ? — мегӯяд Яҳува.—
2 Чашмони худро ба теппаҳо бардошта, бингар:
Дар куҷо туро таҷовуз накардаанд?
Ту мисли кӯчманчии* биёбон
Дар сари роҳ нишаста, роҳашонро мепоӣ.
Ту бо фоҳишагӣ ва бадкорият
Заминро нопок месозӣ.+
3 Аз ин рӯ боришот бас шудааст+
Ва дар баҳор бороне нест.
Ту мисли зане, ки танфурӯшӣ мекунад, берӯйӣ
Ва шарму ҳаё надорӣ.+
4 Ҳоло бошад, сӯям фарёд зада мегӯӣ:
“Падарам, ту ёри ҷавонии ман ҳастӣ!+
5 Оё кас то абад хашмгин мешавад
Ва ба сурати абадӣ қаҳр мекунад?”
Ту ба гуфтан чунин мегӯиву
Ҳар бадие, ки аз дастат биёяд, мекунӣ».+
6 Дар рӯзҳои шоҳ Юшиё+ Яҳува ба ман чунин гуфт: «Оё дидӣ, ки Исроили бевафо чӣ кор кардааст? Вай рафта, дар ҳар кӯҳи баланд ва зери ҳар дарахти сершоху барг танфурӯшӣ кардааст.+ 7 Ҳатто баъди ҳамаи ин корҳояш ман мегуфтам, ки ба наздам баргардад,+ аммо вай барнагашт. Яҳудо бошад, ба апаи хиёнаткораш нигоҳ мекард.+ 8 Вақте инро дидам, ба Исроили бевафо аз сабаби хиёнаташ+ талоқнома дода, ҷавобашро додам.+ Аммо хоҳари хиёнаткораш Яҳудо аз ин натарсид, ӯ низ баромада, фоҳишагӣ кард.+ 9 Ӯ аз фоҳишагияш парвое надошт ва бо сангҳову дарахтҳо+ зино карда, ин заминро нопок месохт. 10 Бо вуҷуди ҳамаи ин хоҳари хиёнаткораш Яҳудо бо тамоми дил сӯйи ман барнагашт, балки фақат рӯякӣ,— мегӯяд Яҳува».
11 Яҳува ба ман гуфт: «Исроили бевафо нишон дод, ки назар ба Яҳудои хиёнаткор росткортар аст.+ 12 Рафта, ин суханонро ба шимол эълон кун:+
“Баргард, эй Исроили хиёнаткор,— мегӯяд Яҳува.+— Ман бо хашм ба ту наменигарам,+ зеро бовафоям,— мегӯяд Яҳува.— То абад хашмгин намешавам. 13 Фақат ки гуноҳатро тан гир, зеро ту бар зидди Худоят Яҳува баромадаӣ. Ту зери ҳар дарахти сершоху барг бо бегонагон* ҳамхоб мешудӣ ва ба овози ман гӯш намедодӣ,— мегӯяд Яҳува.—
14 Баргардед, эй писарони хиёнаткор,— мегӯяд Яҳува,— зеро ман хӯҷаини ҳақиқии* шумо шудам ва шуморо, якеро аз шаҳр ва дуторо аз қабила, гирифта, ба Сион меорам.+ 15 Ман ба шумо чӯпонони табъи диламро медиҳам+ ва онҳо шуморо бо донишу фаҳмиш сер мекунанд. 16 Дар он рӯзҳо шумо дар ин замин сершумор мегардед ва самар меоред.— мегӯяд Яҳува.+— Онҳо дигар дар бораи сандуқи аҳди Яҳува сухан намегӯянд. Онро ба хотир намеоранд, зикр ва ёд намекунанд ва бори дигар онро намесозанд. 17 Он вақт онҳо Ерусалимро тахти Яҳува меноманд+ ва ҳамаи халқҳоро дар Ерусалим ҷамъ оварда, номи Яҳуваро ситоиш мекунанд.+ Онҳо дигар якравона аз пайи дили бади худ намераванд.
18 Дар он рӯзҳо хонадони Яҳудо ҳамроҳи хонадони Исроил якҷоя роҳ меравад.+ Онҳо якҷоя аз замини шимол ба замине меоянд, ки ба бобоёнатон мерос додам.+ 19 Ман он вақт гуфта будам: “Чӣ хуш аст, ки туро ба қатори писаронам даровардам ва замини дилпазир, мероси зеботаринеро дар миёни халқҳо*, ба ту додам!”+ Ман ҳамчунин гуфтам, ки ту маро “Падар” мехонӣ ва аз пайравии ман дур намешавӣ. 20 Аммо, дар асл, шумо, эй хонадони Исроил, мисли зани хиёнаткоре, ки шавҳарашро* партофтааст, ба ман хиёнат кардед”,+— мегӯяд Яҳува».
21 Бар теппаҳо садое,
Овози гиряву зории халқи Исроил, шунида мешавад,
Зеро онҳо роҳи худро каҷ кардаанд
Ва Худояшон Яҳуваро фаромӯш намудаанд.+
22 «Баргардед, эй писарони хиёнаткор!
Ман дили хиёнаткори шуморо шифо медиҳам».+
«Мо ин ҷоем! Ба назди ту омадем,
Зеро ту, эй Яҳува, Худои моӣ.+
23 Дар асл, теппаҳо ва шӯру ғавғое, ки бар кӯҳҳост, дурӯғ аст.+
Дар ҳақиқат, наҷоти Исроил Худои мо Яҳува аст.+
24 Аммо ин худои шармовар* аз ҷавониямон заҳмати падаронамон,
Рамаву чорвои онҳо
Ва писарону духтарони онҳоро фурӯ бурдааст.+
25 Пас, монед, ки шарманда шуда бихобем
Ва расвоӣ моро пӯшонад,
Зеро мо ва бобоёнамон аз ҷавониямон то ба имрӯз
Бар зидди Худоямон Яҳува гуноҳ кардем+
Ва ба овози Худоямон Яҳува гӯш надодем».
4 Яҳува мегӯяд: «Агар баргардӣ, эй Исроил,
Агар сӯйи ман баргардӣ
Ва, агар бутҳои ҳароматро аз пеши ман дур созӣ,
Он гоҳ овораву сарсон нахоҳӣ шуд.+
2 Агар қасам хӯрда, гӯӣ:
“Ба номи Яҳува, Худои зинда, дар ростӣ, адолат ва росткорӣ қасам!”,
Он гоҳ халқҳо барои худ аз Ӯ баракат хоҳанд хонд
Ва бо Ӯ фахр хоҳанд кард».+
3 Яҳува ба мардуми Яҳудо ва Ерусалим чунин мегӯяд:
«Киштзори худро шудгор кунед
Ва дар миёни хорҳо накоред.+
4 Эй мардуми Яҳудо ва сокинони Ерусалим!
Барои Яҳува худро хатна кунед
Ва дили худро хатна намоед,+
Набошад аз пушти корҳои бадатон
Қаҳри ман мисли оташ бар шумо аланга мегирад
Ва касе ёфт намешавад, ки онро хомӯш созад».+
5 Дар Яҳудо ин хабарро эълон кунед ва дар Ерусалим онро бишнавонед.
Нидо кунед ва дар саросари замин шох навозед.+
Бо овози баланд бигӯед: «Ҳама ҷамъ оед, то ба шаҳрҳои ҳисордор бигрезем.+
6 Бар Сион парчам занед.
Паноҳгоҳ ҷӯед, суст наҷунбед»,
Зеро Худо мегӯяд: «Ман аз шимол фалокат ва харобии бузурге меорам.+
Ӯ аз макони худ берун омадааст, то заминатро ба даҳшатзор табдил диҳад.
Шаҳрҳоят харобазору беодам хоҳанд гашт».+
9 Яҳува мегӯяд: «Дар он рӯз дили подшоҳ+
Ва миронаш ба ҳарос меафтад,
Коҳинон ба даҳшат меоянд ва пайғамбарон дар ҷояшон шах мешаванд».+
10 Сипас ман гуфтам: «Вой бар ман, эй Яҳува, Парвардигоро! Ту ин халқ ва Ерусалимро фиреб дода+ гуфтӣ: “Осоиштагӣ хоҳед дошт”,+ ҳол он ки шамшер ба ҷонамон расидааст».
11 Он вақт ба ин халқ ва Ерусалим гуфта мешавад:
«Ба тарафи духтарам — халқам,
Аз теппаҳои биёбон гармсел мевазад,
Аммо на барои бод додан ва тоза кардани хирман.
12 Боди шадиде аз он ҷо бо фармони ман мевазад.
Ман акнун ҳукмҳоямро бар онҳо эълон хоҳам кард.
13 Инак, ӯ мисли абрҳои боронӣ меояд
Ва аробаҳояш мисли тундбоданд.+
Аспонаш аз уқобон ҳам тезтаранд.+
Вой бар ҳоли мо, зеро хонавайрон мегардем!
14 Дилатро шуста, аз бадӣ пок кун, эй Ерусалим, то наҷот биёбӣ.+
То ба кай дар дарунат андешаҳои бадро мепарварӣ?
15 Овозе аз Дон хабар медиҳад+
Ва фалокатро дар кӯҳҳои Эфроим эълон мекунад.
16 Ин хабарро ба халқҳо расонед
Ва бар зидди Ерусалим эълон кунед».
«Дидбонон аз сарзамини дурдаст меоянд
Ва бар шаҳрҳои Яҳудо овозашонро баланд мекунанд.
17 Онҳо мисли посбонони саҳро Ерусалимро гирд мекунанд,+
Зеро ӯ бар зидди ман исён бардоштааст,+— мегӯяд Яҳува.—
18 Аз сабаби роҳу рафторат гирифтори ин чизҳо мешавӣ.+
Фалокати талхе ба сарат меояд,
Зеро исён дар дилат реша давондааст».
19 Вой ҷонаме, вой ҷонам!
Дилам аз дард мекоҳад.
Дилам андарунам метапад.
Ором монда наметавонам,
Зеро овози шох ва нидоҳои ҷангро мешунавам.+
20 Пайдарҳам овозаи фалокат меояд,
Зеро тамоми замин валангор гаштааст.
Хаймаҳои ман ногаҳон вайрон
Ва чодарҳоям дар як лаҳза нест шудаанд.+
21 То ба кай парчамро бубинам
Ва овози шохро бишнавам?+
22 «Халқи ман аблаҳ аст,+
Онҳо маро писанд намекунанд,
Онҳо фарзандони бе ақлу фаҳманд,
Ба бадӣ кардан ақлашон мерасаду ба некӣ кардан не».
23 Ман ба замин нигоҳ кардам ва, инак, он холиву беодам буд.+
Ба осмон назар кардам, он рӯшноӣ надошт.+
24 Ба кӯҳҳо нигариста дидам, ки онҳо меларзанд
Ва теппаҳо ба ҷунбиш меоянд.+
25 Назар кардам ва дидам, ки касе нест
Ва парандагони осмон парида рафтаанд.+
26 Нигоҳ кардам ва, инак, бӯстон биёбон гаштааст
Ва ҳамаи шаҳрҳояш харобазор шудаанд,+
Ҳамаи ин аз боиси Яҳува,
Аз алангаи хашми ӯ, ба амал омадааст.
27 Охир, Яҳува чунин гуфтааст: «Тамоми замин харобазор мешавад,+
Аммо ман онро пурра нобуд нахоҳам кард.
28 Аз ин сабаб замин мотам хоҳад гирифт+
Ва осмон тира хоҳад шуд,+
Зеро инро ман гуфтам ва азм кардам,
Ман фикрамро дигар намекунам ва аз он намегардам.+
29 Аз ғалоғулаи саворагон ва тирандозон
Тамоми шаҳр мегурезад.+
Онҳо ба даруни беша медароянд
Ва ба кӯҳпораҳо мебароянд.+
Ҳамаи шаҳрҳо партофта шудаанд
Ва касе дар онҳо нест».
30 Акнун ту, эй хонахароб, чӣ кор хоҳӣ кард,
Эй он кӣ либоси қирмизӣ мепӯшидӣ,
Бо зару зевар худро оро медодӣ
Ва чашмонатро сиёҳӣ кашида калон мекардӣ?
Ту беҳуда худро хушрӯ мекардӣ,+
Зеро хушдоронат аз ту рӯй гардондаанд,
Акнун онҳо қасди ҷони туро доранд.+
31 Ман овозеро шунидам, ки мисли овози зани бемор буд,
Дардаш мисли дарди зани навзой буд.
Ин овози духтари Сион буд, ки базӯр нафас мекашид,
Ӯ кафҳояшро кушода, мегуфт:+
«Вой бар ҳоли ман, зеро ҷонам аз дасти қотилон беҳол гаштааст!»
5 Дар кӯчаҳои Ерусалим бигардед.
Назар кунед ва диққат диҳед.
Майдонҳояшро кофта, бубинед.
2 Ҳатто агар онҳо бигӯянд: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам!»,
Қасами онҳо дурӯғ аст.+
3 Эй Яҳува, магар чашмони ту вафодоронро намеҷӯянд?+
Ту онҳоро зарба задӣ, вале ин ба онҳо таъсир накард.
Онҳоро решакан кардӣ, вале дарс нагирифтанд.+
4 Он гоҳ ман дар дил гуфтам: «Онҳо мардуми одиянд.
Беақлона рафтор мекунанд, зеро роҳҳои Яҳува
Ва довариҳои Худояшонро намедонанд.
5 Пеши калоншавандагон меравам ва бо онҳо гап мезанам,
Онҳо аз роҳҳои Яҳува
Ва довариҳояш огаҳ будагистанд,+
Вале онҳо юғи* итоати Худоро шикастанд
Ва худро аз бандагии ӯ раҳо карданд*».
6 Барои ҳамин шери беша ба онҳо ҳамла меорад,
Гурги дашт онҳоро қир мекунад,
Паланг назди шаҳрҳояшон камин мегирад.
Ҳар кӣ аз онҳо барояд, пора-пора мешавад,
Зеро гуноҳҳояшон зиёд шудааст
Ва хиёнаткориҳояшон беҳисоб аст.+
7 Чӣ тавр ин корҳоятро бубахшам?
Писаронат маро тарк карданд
Ва ба номи он чӣ Худо нест, қасам мехӯранд.+
Ман онҳоро сер мекардам,
Лекин онҳо зинокорияшонро давом медоданд
Ва тӯда-тӯда шуда ба хонаи фоҳиша мерафтанд.
8 Онҳо мисли аспҳоеанд, ки аз шаҳват маст шудаанд,
Ҳар яки онҳо аз пайи зани каси дигар шиҳа мекашад.+
9 «Магар онҳоро барои ин корҳояшон беҷазо монам? — мегӯяд Яҳува.—
Магар аз чунин халқ қасос нагирам?+
10 Ба токзорҳои Ерусалим биравед ва онҳоро хароб кунед,
Вале пурра нобуд насозед.+
Навдаҳояшонро канда партоед,
Зеро онҳо аз они Яҳува нестанд.
11 Хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо
Ба ман хиёнат карданд,— мегӯяд Яҳува.+—
12 Онҳо аз Яҳува рӯй гардонданд ва мегӯянд:
“Ӯ ҳеҷ кор карда наметавонад*.+
Ҳеҷ фалокате бар сарамон намеояд.
Шамшеру гушнагиро нахоҳем дид”.+
13 Пайғамбарон суханони хушку холӣ мегӯянд,
Сухани Худо дар дили онҳо нест.
Пас, бигзор худашон ҳам мисли суханони пучашон нест шаванд!»
14 Аз ин рӯ Яҳува, Худои лашкарҳо, мефармояд:
«Барои он ки ин халқ чунин мегӯяд,
Ман суханонамро дар даҳони ту+ ба оташу
Ин мардумро ба ҳезум табдил медиҳам
Ва оташ онҳоро фурӯ хоҳад бурд.+
15 Инак, ман халқеро аз замини дурдаст бар сари ту хоҳам овард, эй хонадони Исроил,+— мегӯяд Яҳува,—
Халқи куҳан ва қадимеро, ки забонашро намедонӣ
Ва гуфторашро намефаҳмӣ.+
16 Тирдонашон мисли қабри кушода аст,
Ҳамаашон ҷанговаранд.
Онҳо шаҳрҳои ҳисордоратро, ки ба онҳо таваккал мекунӣ, бо шамшер нобуд хоҳанд сохт.
18 Вале ҳатто дар он рӯзҳо,— мегӯяд Яҳува,— ман шуморо несту нобуд намекунам.+ 19 Вақте онҳо бипурсанд: “Барои чӣ Худоямон Яҳува ҳамаи инро бар сарамон овард?”, ба онҳо бигӯй: “Шумо Худоро тарк намудед ва дар замини худ худоёни бегонаро парастиш кардед, пас, дар замине, ки аз они шумо нест, ба бегонагон хизмат хоҳед кард”».+
20 Инро дар хонадони Яъқуб эълон кунед
Ва дар Яҳудо чунин гӯед:
22 “Магар аз ман наметарсед? — мегӯяд Яҳува.—
Магар дар пеши ман ба ларза намеоед?
Дар пеши касе, ки регро чун қонуни абадие ҳудуди баҳр гузоштааст
Ва баҳр аз он намегузарад.
Мавҷҳояш туғён зананд ҳам, аз он намебароянд,
Ба хурӯш оянд ҳам, аз сарҳад намегузаранд.+
23 Вале ин мардум дили беитоату исёнгар дорад,
Онҳо аз роҳи ман гаштаанд ва бо роҳи худ мераванд.+
24 Онҳо дар дили худ нагуфтанд:
“Аз Худоямон Яҳува битарсем,
Аз Худое, ки боронро дар мавсимаш медиҳад,
Ҳам борони тирамоҳӣ ва ҳам баҳориро,
Худое, ки бароямон ҳафтаҳои таъйиншудаи даравро нигаҳ медорад”.+
25 Аз пушти хатоҳоятон шумо аз ин чизҳо маҳрум шудаед,
Аз пушти гуноҳҳоятон шумо аз чизҳои нек бебаҳра мондаед.+
26 Дар миёни халқам бадкорон ҳастанд,
Онҳо мисли сайёди парандагон камин мегиранд,
Доми марговар мегузоранд
Ва одамонро шикор мекунанд.
27 Чуноне ки қафас пур аз парандагон аст,
Ҳамин тавр хонаҳои онҳо пур аз фиреб аст.+
Барои ҳамин онҳо торафт пурзӯр ва сарватманд мегарданд.
28 Онҳо равған гирифтаанд ва пӯсташон ялаққос мезанад,
Бадкорияшон аз ҳад гузаштааст.
Онҳо ба доди ятимон намерасанд,+
Фақат фоидаи худро меҷӯянд
Ва камбағалро аз рӯйи инсоф доварӣ намекунанд”».+
29 «Магар онҳоро барои ин корҳояшон беҷазо монам? — мегӯяд Яҳува.—
Магар аз чунин халқ қасос нагирам?
30 Дар ин замин як чизи ваҳмангезу даҳшатовар рӯй додааст:
31 Пайғамбарон дурӯғро пешгӯйӣ мекунанд+
Ва коҳинон аз мартабаашон суиистифода карда ҳукмфармоӣ мекунанд.
Ба халқи ман бошад, ин маъқул аст.+
Лекин, вақте анҷом фаро расад, чӣ кор мекунед?»
6 Эй писарони Бинёмин, аз Ерусалим баромада, дар дигар ҷой паноҳ ҷӯед.
2 Духтари Сион ба зани зебову нозук монанд аст.+
3 Чӯпонон бо рамаҳои худ хоҳанд омад,
Онҳо гирдогирди ӯ хайма мезананд+
Ва ҳар яке чорвои худро мечаронад.+
4 «Ба ҷанги ӯ тайёр шавед*!
Биёед бархезем ва дар нисфирӯзӣ ба ӯ ҳамла кунем!»
«Вой бар ҳоли мо, зеро рӯз ба охир мерасад
Ва сояи ғуруб торафт паҳн мешавад!»
6 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд:
«Дарахтонро буред ва бар зидди Ерусалим хокрез* бардоред.+
Ин шаҳр бояд ҷазо гирад.
Он пур аз зулму ситам аст.+
7 Чи тавре ки чоҳ обашро соф нигоҳ медорад,
Ҳамон тавр ӯ бадкорияшро соф нигоҳ медорад.
Ситаму харобӣ андаруни вай шунида мешавад,+
Беморӣ ва бало ҳамеша пеши назари ман аст.
8 Эй Ерусалим, ба ҳуш ой, то ман бо нафрат аз ту рӯй нагардонам+
Ва туро ба харобазор ва замини беодам табдил надиҳам».+
9 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд:
«Онҳо бақияи Исроилро мисли ангурҳои боқимондаи ток хоҳанд чинд.
Мисли касе, ки ангурро мечинад, дастатро бори дигар дароз кун».
10 «Ба кӣ гап занам ва киро огоҳ кунам?
Кӣ гӯш мекунад?
Гӯшҳои онҳо вазнин* шудааст, аз ин рӯ намешунаванд.+
Онҳо аз сухани Яҳува нафрат мекунанд+
Ва он писандашон нест.
11 Ман аз хашми Яҳува пур шудам
Ва аз нигоҳ доштани он хаста гаштам».+
«Онро бар кӯдакони кӯча
Ва бар ҷавонони ҷамъомада бирез.+
Мард бо занаш ва солхӯрда бо пиронсол,+
Ҳамаашон асир мешаванд.
12 Занонашон, хонаҳову киштзорҳояшон
Насиби дигарон мешаванд,+
Зеро ман дастамро бар зидди сокинони ин замин бардоштаам,— мегӯяд Яҳува.—
13 Аз хурд то калон ҳамаашон ҳаромризқанд.+
Аз пайғамбар то коҳин ҳамаашон фиребгаранд.+
14 Онҳо “Осоиштагӣ! Осоиштагӣ!” мегӯянд,
Ҳол он ки осоиштагӣ нест.
Бо ин суханон шикасти халқамро рӯякӣ шифо доданиянд.+
15 Оё онҳо аз корҳои ҳаромашон шарм мекунанд?
Не, онҳо заррае шарм надоранд!
Онҳо чӣ будани шарму ҳаёро намедонанд,+
Аз ин рӯ дар миёни афтодагон хоҳанд афтид.
Вақте онҳоро ҷазо диҳам, пешпо мехӯранд»,— мегӯяд Яҳува.
16 Ин аст суханони Яҳува:
«Дар чорроҳа истода нигоҳ кунед.
Дар бораи роҳҳои қадима,
Дар бораи он ки роҳи хуб чист, пурсон шаведу бо он биравед,+
Он гоҳ ҷонатон оромӣ меёбад».
Аммо онҳо гуфтанд: «Не, намеравем».+
17 «Ман дидбонеро таъйин кардам,+ ки чунин гуфт:
“Ба овози шох диққат кунед!”»+
Аммо онҳо гуфтанд: «Не, диққат намекунем».+
18 «Аз ин рӯ, эй халқҳо, гӯш андозед
Ва, эй ҷамоат, бидонед,
Ки бо онҳо чӣ рӯй хоҳад дод.
19 Эй замин, гӯш кун!
Ман бар сари ин мардум фалокате меорам,+
Ки самари ниятҳои бадашон аст,
Зеро онҳо ба суханони ман аҳамият надоданд
Ва шариати* маро рад карданд.
20 Лодане, ки аз Сабо меоред
Ва найи хушбӯе, ки аз сарзамини дурдаст меоред, ба ман чӣ лозим?
Тамоми қурбониҳои сӯхтаниятонро рад мекунам,
Қурбониҳоятон писанди ман нестанд».+
21 Бинобар ин Яҳува мегӯяд:
«Ман пеши ин мардум сангҳо мегузорам,
То бар онҳо пешпо хӯранд,
Падар бо писаронаш,
Ҳамсоя бо рафиқаш,
Ҳамаашон нобуд мешаванд».+
22 Яҳува чунин мегӯяд:
«Мардуме аз сарзамини шимол меояд
Ва халқи бузурге аз дурдасттарин канори замин бармехезад,+
23 Халқи сангдилу бераҳме.
Онҳо ба даст камон ва найза хоҳанд гирифт.
Овозашон мисли баҳр мехурӯшад,
Онҳо аспсаворанд.+
Онҳо мисли ҷанговар бар зидди ту саф кашидаанд, эй духтари Сион».
24 Мо дар ин бора хабар ёфта
Дасту по хӯрдем,+
Диламонро ваҳм зер кард,
Дарди зане, ки мезояд, моро фаро гирифт.+
25 Ба киштзор набароед
Ва дар роҳ нагардед,
Зеро душман шамшер дорад
Ва даҳшат дар гирду атроф аст.
26 Эй духтарам — халқам,
Палос* пӯшида,+ дар хокистар ғел зан,
Талх гиря кун, мисли он ки барои писари ягонаат мотам гирифта бошӣ,+
Зеро харобиовар ногаҳ бар мо хоҳад омад.+
27 Ман туро* дар байни халқам филизгудоз гардондам,
То ки онҳоро нағзакак тафтиш кунӣ.
Ба роҳу рафторашон диққат кун ва аҳамият деҳ.
Дили онҳо мисли мису оҳан сахт аст,
Ҳамаашон вайрон гаштаанд.
29 Аз заҳмати зиёди оҳангар дами оҳангарӣ* сӯхт,
Аммо аз оташ танҳо сурб баромад.
30 Халқ онҳоро “нуқраи радшуда” хоҳад номид,
Зеро Яҳува онҳоро рад кардааст».+
7 Аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё чунин паём омад: 2 «Назди дарвозаи хонаи Яҳува биист ва ин хабарро эълон кун: “Эй мардуми Яҳудо, ки аз ин дарвозаҳо даромада, ба Яҳува саҷда мекунед, сухани Яҳуваро бишнавед. 3 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Роҳу рафтори худро ислоҳ кунед ва ман мегузорам, ки минбаъд низ дар ин макон зиндагӣ кунед.+ 4 Ба суханони дурӯғ бовар карда чунин нагӯед: “Ин* ибодатгоҳи Яҳува, ибодатгоҳи Яҳува, ибодатгоҳи Яҳува аст!”+ 5 Агар шумо роҳу рафторатонро ислоҳ кунед, агар дар ҳалли масъалаи ду нафар тарафдори адлу инсоф бошед,+ 6 агар ғариб, ятим ва бевазанро азоб надиҳед,+ агар хуни бегуноҳро дар ин макон нарезед, агар бар зарари худ аз пайи худоҳои бегона наравед,+ 7 он гоҳ ман мегузорам, ки минбаъд низ дар ин макон зиндагӣ кунед, дар замине, ки ба бобоёнатон ба таври ҷовидонӣ дода будам”.
8 Лекин шумо ба суханони дурӯғе бовар мекунед,+ ки тамоман фоида надоранд. 9 Оё равост, ки дуздӣ кунед,+ одам кушед, ба ҳамсаратон хиёнат кунед, қасами дурӯғ хӯред,+ ба Баал қурбонӣ оред,+ аз пайи худоҳое равед, ки пеш намешинохтед, 10 ва ба ҳамаи ин корҳои ҳароматон нигоҳ накарда ба ин макон, ки ба номи ман хонда шудааст, омада, дар ҳузури ман бигӯед: “Мо наҷот меёбем”? 11 Магар ин хонае, ки ба номи ман хонда шудааст, барои шумо макони ғоратгарон аст?+ Ман ҳама корҳоятонро дида истодаам,— мегӯяд Яҳува.—
12 Ҳоло ба макони ман, ки дар Шилӯ+ аст, биравед, ба ҷое ки бори аввал барои номам хуш карда будам,+ ва бубинед, ки ба сабаби бадкориҳои халқам Исроил бо он чӣ кор кардаам.+ 13 Лекин шумо аз ин корҳо даст накашидед,— мегӯяд Яҳува.— Ҳатто вақте такрор ба такрор* гап мезадам, ба ман гӯш намедодед.+ Ман шуморо мехондам, вале шумо ҷавоб намедодед.+ 14 Барои ҳамин ман бо хонае, ки ба номи ман хонда шудаасту+ шумо ба он такя мекунед,+ ва бо ин маконе, ки ба шумою бобоёнатон дода будам, ончунон ки бо Шилӯ карда будам, амал мекунам.+ 15 Ман шуморо аз пеши назарам дур мекунам, ҳамон тавре ки тамоми бародаронатон, тамоми насли Эфроимро, карда будам.+
16 Ту бошӣ, дар ҳаққи ин халқ дуо нагӯй. Барои онҳо сӯйи ман фарёд назан ва дуо гуфта маро зориву илтиҷо накун,+ зеро туро гӯш нахоҳам кард.+ 17 Магар намебинӣ, ки онҳо дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим чӣ кор мекунанд? 18 Писарон ҳезум ҷамъ мекунанд, падарон оташ дармегиронанд ва занон хамир мекунанд, то кулча пухта, барои Маликаи осмон*+ ҳадия оранд. Онҳо барои худоёни бегона ҳадияҳои рехтанӣ оварда, маро хашмгин месозанд.+ 19 Магар онҳо ба ман зарар мерасонанд?* — мегӯяд Яҳува.— Магар ин бар зарари худашон ва сабаби шармандагии худашон нест?+ 20 Барои ҳамин Парвардигор Яҳува мегӯяд: “Хашму ғазаби ман бар ин ҷой, бар одамизоду чорпо, бар дарахти саҳро ва меваи замин фурӯ хоҳад рехт.+ Он аланга зада, хомӯш нахоҳад шуд”.+
21 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Қурбониҳои сӯхтаниятонро ба қурбониҳои дигар илова кунед ва онҳоро бихӯред,+ 22 зеро ман, дар рӯзе ки бобоёнатонро аз замини Миср берун овардам, ба онҳо дар бораи ҳадияҳо ва қурбониҳои сӯхтанӣ амре надодам ва сухане нагуфтам.+ 23 Ман фақат амри зеринро додам: “Ба овози ман гӯш диҳед ва ман Худои шумо мешаваму шумо халқи ман.+ Шумо бояд мувофиқи ҳар он чӣ ба шумо фармудам, амал кунед, то некуаҳвол бошед”.+ 24 Вале онҳо нашуниданд ва гӯш надоданд,+ балки якравона аз пайи ниятҳои худ, аз пайи дили сиёҳашон, рафтанд+ ва бадтар шуданду беҳтар не. 25 Шумо аз рӯзе, ки бобоёнатон аз замини Миср берун омаданд, то ба ин рӯз ҳамин хел мондед.+ Ман ҳар рӯз, гаштаву баргашта, хизматгоронам, пайғамбаронро, назди шумо мефиристодам,+ 26 лекин касе маро нашунид ва гӯш надод.+ Баръакс, шумо гарданшахӣ кардед ва аз бобоёни худ бадтар рафтор намудед.
27 Ту ҳамаи ин суханонро ба онҳо бигӯ,+ ҳарчанд онҳо туро гӯш нахоҳанд кард, ва онҳоро бихон, ҳарчанд ба ту ҷавоб нахоҳанд дод. 28 Ба онҳо бигӯ: “Ин халқест, ки ба овози Худояш Яҳува гӯш намедиҳад ва панд намегирад. Вафодорӣ нест шудааст ва онро ҳатто ба забон намеоранд”.+
29 Мӯйҳои натарошидаатро бурида парто ва дар теппаҳои хушку беалаф марсия* бихон, зеро Яҳува аз насле, ки ӯро дарғазаб кардааст, рӯй гардондааст ва онро тарк хоҳад кард. 30 Мардуми Яҳудо он чиро, ки дар назарам бад аст, ба амал оварданд,— мегӯяд Яҳува.— Онҳо бутҳои ҳаромашонро дар хонае, ки номи ман бар он аст, гузоштанд, то онро олуда созанд.+ 31 Онҳо баландиҳои Тӯфетро, ки дар водии Писари Ҳиннӯм*+ аст, сохтанд, то писарону духтаронашонро дар оташ бисӯзонанд,+ ҳол он ки ман инро нафармуда будам ва ин ҳатто ба гӯшаи хаёлам наомада буд.+
32 Аз ин рӯ замоне меояд, ки,— мегӯяд Яҳува,— дигар он Тӯфет ё водии Писари Ҳиннӯм* хонда намешавад, балки водии Куштор номида мешавад. Онҳо дар Тӯфет ҷасадҳоро гӯр хоҳанд кард, то даме ки ҷой намонад.+ 33 Ҷасади мурдаҳои ин халқ хӯроки мурғони ҳаво ва ҳайвоноти замин мегардад ва касе ёфт намешавад, ки онҳоро пеш кунад.+ 34 Ман садои хушнудию шодмонӣ ва садои домоду арӯсро аз шаҳрҳои Яҳудо ва кӯчаҳои Ерусалим нест хоҳам кард,+ зеро замин вайрону валангор хоҳад шуд».+
8 «Он вақт,— мегӯяд Яҳува,— устухонҳои подшоҳони Яҳудо, мирон, коҳинон, пайғамбарон ва сокинони Ерусалим аз қабр бароварда мешаванд. 2 Онҳо пеши офтоб, моҳ ва лашкари осмон, ки дӯсташон медоштанду хизматашонро ба ҷо меоварданд ва онҳоро пайравиву ҷустуҷӯ намуда, наздашон саҷда мебурданд, партофта хоҳанд шуд.+ Устухонҳои онҳо ҷамъ овардаву гӯр карда намешаванд ва мисли ахлоте бар рӯйи замин мегарданд».+
3 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: «Бақияи наҷотёфтагони ин қабилаи бадкор, дар ҳар ҷое ки ман онҳоро пароканда созам, на ҳаётро, балки маргро интихоб хоҳанд кард.
4 Ба онҳо бигӯй: “Яҳува мегӯяд:
“Оё онҳо афтида дигар барнамехезанд?
Агар яке баргардад, дигаре барнамегардад?
5 Чаро мардуми Ерусалим доимо бевафоӣ мекунанд?
Онҳо ба фиреб маҳкам часпидаанд
Ва баргаштан намехоҳанд.+
6 Бодиққат гӯш додам, лекин суханонашон рост набуд.
Ҳеҷ кас аз бадкории худ пушаймон нашуд ва ё нагуфт: “Ин чӣ корест, ки кардам?”+
Ҳар яке мисли аспе, ки ба ҷанг метозад, шитобон ба роҳе, ки аксарият равонаанд, бармегарданд.
7 Лаклак мавсими худашро медонад*,
Мусича, достак ва булбул замони бозгашти худро медонанд,
Аммо халқи ман вақти доварии Яҳуваро сарфаҳм намеравад.+
8 Чӣ тавр шумо мегӯед: “Мо хирадмандем ва шариати* Яҳуваро дорем”?
Дар асл, котибони фиребгар қаламашонро+ танҳо барои дурӯғ истифода мебаранд.
9 Хирадмандон шарманда шуданд.+
Онҳо ба ҳарос афтода, ба дом меафтанд.
Онҳо сухани Яҳуваро рад карданд.
Пас, хирадмандии онҳо дар чист?
10 Аз ин рӯ ман занони онҳоро ба дигарон медиҳам
Ва заминҳояшонро бегонагон соҳиб мешаванд,+
Зеро аз хурд то калон ҳамаашон ҳаромризқанд.+
Аз пайғамбар то коҳин ҳамаашон фиребгаранд.+
11 Онҳо “Осоиштагӣ! Осоиштагӣ!” мегӯянд,
Ҳол он ки осоиштагӣ нест.+
Бо ин суханон шикасти духтарам — халқамро, рӯякӣ шифо доданиянд.
12 Оё онҳо аз корҳои ҳаромашон шарм мекунанд?
Не, онҳо заррае шарм надоранд!
Онҳо чӣ будани шарму ҳаёро намедонанд,+
Аз ин рӯ дар миёни афтодагон хоҳанд афтид.
Вақте онҳоро ҷазо диҳам, пешпо мехӯранд,+— мегӯяд Яҳува.—
13 Вақте онҳоро ҷамъ орам, несту нобудашон мекунам,— мегӯяд Яҳува,—
Дар ток ангуре ва дар дарахти анҷир анҷире нахоҳад монд ва баргҳо пажмурда хоҳанд шуд.
Он чизе, ки ба онҳо медиҳам, аз онҳо гирифта мешавад”».
14 «Чаро мо дар ин ҷо нишастаем?
Биёед ҷамъ шуда, ба шаҳрҳои ҳисордор бароем+ ва дар он ҷо нобуд шавем,
Чунки Худоямон Яҳува моро ба марг маҳкум кардааст,
Ӯ ба мо заҳроба менӯшонад,+
Зеро мо бар зидди Яҳува гуноҳ кардаем.
15 Ба осоиштагӣ умед бастему хубие надидем.
Шифоро интизор будему даҳшат омад.+
16 Аз Дон фах-фахи аспонаш шунида мешавад.
Аз садои шиҳаи аспонаш
Тамоми замин ба ларза меояд.
Онҳо омада, замин ва ҳар он чиро, ки дар он аст,
Шаҳр ва сокинонашро, фурӯ мебаранд».
17 «Ман бар шумо моронро мефиристам,
Морони заҳрнокеро, ки онҳоро афсун карда нашавад.
Онҳо шуморо заҳр хоҳанд зад»,— мегӯяд Яҳува.
18 Дардам даво надорад, дилшикастаам.
19 Аз сарзамини дур зории духтарам — халқам, ба гӯш мерасад:
«Оё Яҳува дар Сион нест?
Оё подшоҳаш дар он ҷо нест?»
«Чаро онҳо маро бо бутҳояшон
Ва худоёни бегонаи бекораашон ба қаҳр меоранд?»
20 «Мавсими дарав гузашт, тобистон ба охир расид,
Аммо мо то ҳол наҷот наёфтаем».
21 Аз шикасти духтарам — халқам, дилам пора-пора гаштааст.+
Ғамзадаам.
Маро даҳшат фаро гирифтааст.
22 Оё дар Ҷилъод малҳам* нест?+
Оё дар он ҷо табибе ёфт намешавад?+
Пас, чаро духтарам — халқам, то ҳол шифо наёфтааст?+
9 Эй кош дидаҳоям пур аз об мебуд
Ва аз чашмонам ашк фаввора мезад!+
Он гоҳ рӯзу шаб
Барои куштагони халқам мегиристам.
2 Эй кош дар биёбон мусофирхонае медоштам
3 Забонашон мисли камони зеҳкарда аст.
Дар ин сарзамин онҳо бо дурӯғ пурзӯр шудаанд, на бо ростӣ.+
«Онҳо аз паси як бадӣ бадии дигар мекунанд
Ва парвои маро надоранд,+— мегӯяд Яҳува.—
4 Ҳар кас аз ёри худ эҳтиёт шавад
Ва ҳатто ба бародараш бовар накунад,
Зеро ҳар бародар хиёнаткор+
Ва ҳар ёр туҳматгар аст.+
5 Ҳар яке ёри худро фиреб медиҳад
Ва сухани росте намегӯяд.
Ҳама забонашонро ба дурӯғгӯӣ таълим додаанд,+
Мурданивор каҷкорӣ мекунанд.
6 Ту дар миёни фиребгарон зиндагӣ мекунӣ.
Онҳо аз сабаби фиребашон маро шинохтан намехоҳанд»,— мегӯяд Яҳува.
7 Аз ин рӯ Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд:
«Онҳоро гудохта, имтиҳон мекунам,+
Зеро нисбати духтарам — халқам, чӣ кор ҳам карда метавонам?
8 Забонашон тири марговарест, ки бо фиреб сухан меронад.
Кас бо даҳонаш ба ёри худ суханони сулҳомез мегӯяд,
Вале дар дил макру ҳила мебофад.
9 Магар онҳоро барои ин корҳояшон беҷазо монам? — мегӯяд Яҳува.—
Магар аз чунин халқ қасос нагирам?+
10 Барои кӯҳҳо гиряву нола мекунам
Ва барои чарогоҳҳои биёбон марсия* мехонам,
Зеро онҳо оташ зада шудаанд ва касе аз он ҷойҳо гузар намекунад.
Овози чорво шунида намешавад.
Парандагони осмон ва ҳайвонот гурехта рафтаанд.+
11 Ман Ерусалимро ба сангтӯда+ ва ба лонаи шағолон+
Ва шаҳрҳои Яҳудоро ба харобазору замини беодам табдил медиҳам.+
12 Кист марди хирадманд, ки инро бифаҳмад?
Бо кӣ Яҳува сухан ронд, то инро эълон кунад?
Чаро ин замин нест шудааст?
Чаро мисли биёбон сӯхтааст,
Ба тавре ки касе аз он намегузарад?»
13 Яҳува ҷавоб дод: «Зеро онҳо шариати* маро, ки ба онҳо додаам, рад намуданд ва онро риоя накарданд. Онҳо ба овози ман гӯш надоданд, 14 гарданшахӣ карда, аз пайи хоҳишҳои худ+ ва аз пайи бутҳои Баал шуданд, чуноне ки аз падаронашон таълим гирифта буданд.+ 15 Аз ин рӯ Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман ин халқро маҷбур мекунам, ки тахач бихӯрад, ва ба онҳо заҳроба менӯшонам.+ 16 Ман онҳоро дар миёни халқҳое пароканда месозам, ки на онҳо мешинохтанду на падаронашон,+ ва аз қафояшон шамшер мефиристам, то онҳоро нобуд кунам”.+
17 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд:
“Бо ақлу фаҳм рафтор кунед.
19 Садои нола аз Сион шунида мешавад:+
“То чӣ андоза зеру забар шудаем!
То чӣ андоза расвоиямон бузург аст!
Охир, мо заминамонро тарк кардаем ва онҳо хонаҳоямонро чаппа кардаанд”.+
20 Эй занон, паёми Яҳуваро бишнавед.
Гӯшатонро ба шунидани суханонаш моил кунед.
Ба духтаронатон ин навҳаро таълим диҳед
Ва ба якдигар ин марсияро* ёд диҳед,+
21 Зеро марг аз тирезаҳоямон даромадааст,
Аз қалъаҳои мустаҳкамамон дохил шудааст,
То фарзандонамонро аз кӯчаҳо
Ва ҷавононро аз майдонҳо нобуд созад”.+
22 Бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд:
“Ҷасадҳои мардум мисли ахлот дар саҳро
Ва мисли қатори ғаллаи навдаравидае мегардад, ки дар паси даравгар хобидааст,
Ва касе намешавад, ки онро ҷамъ орад”».+
23 Яҳува чунин мегӯяд:
«Бигзор хирадманд бо хиради худ фахр накунад,+
Бигзор бақувват бо қуввати худ
Ва бой бо боигарии худ фахр накунад.+
24 Вале ҳар кӣ фахр мекунад,
Бигзор бо он фахр кунад, ки фаҳм дораду маро мешиносад+ —
Медонад, ки ман Яҳува, Худое ҳастам, ки дар замин меҳру вафо ва адлу инсофро ба амал меорам,+
Зеро хушнудии ман дар ҳамин аст»,+— мегӯяд Яҳува.
25 Яҳува мегӯяд: «Инак, рӯзҳое меоянд, ки ман бо хатнашудагони бехатна ҳисобу китобамро баробар мекунам,+ 26 бо Миср,+ Яҳудо,+ Адӯм,+ Аммӯн,+ Мӯоб+ ва ҳама сокинони биёбон, ки мӯйҳои чаккаашонро метарошанд,+ зеро тамоми ин халқҳо бехатнаанд, тамоми хонадони Исроил бошад, дили бехатна* дорад».+
10 Паёми Яҳуваро, ки бар зидди шумо гуфтааст, бишнавед, эй хонадони Исроил. 2 Яҳува чунин мегӯяд:
«Роҳу рафтори халқҳоро наомӯзед+
Ва аз аломатҳои осмон натарсед,
Чуноне ки халқҳои дигар метарсанд,+
3 Зеро урфу одатҳои халқҳо ҳеҷу пучанд.
5 Ин бутҳо мисли хӯсае дар бодирингзор ҳастанд ва гап зада наметавонанд,+
Онҳоро мебардоранд, зеро худашон роҳ рафта наметавонанд.+
Аз онҳо натарсед, зеро наметавонанд осебе расонанд
Ва кардани кори хуб ҳам аз дасташон намеояд».+
6 Ҳеҷ кас монанди ту нест, эй Яҳува!+
Ту бузургу тавоно ҳастӣ ва номи ту бузург аст.
7 Кист, ки аз ту натарсад, эй Подшоҳи халқҳо?!+
Ту сазовори ин ҳастӣ.
Дар миёни ҳамаи хирадмандони халқҳо ва ҳама подшоҳиҳо
Касе мисли ту нест.+
8 Ҳамаашон беақлу аблаҳанд.+
Аз дарахт таълим гирифтан кори беҳудаест.+
9 Тунукаҳои нуқрагинро аз Таршиш меоранд+ ва тиллоро аз Уфоз,
Ки усто ва заргар бо он кор мекунанд.
Пӯшоки онҳо аз риштаи кабуд ва пашми бунафшранг аст.
Ҳамаашон амали дасти коргарони ҳунарманд аст.
Аз ғазаби ӯ замин ба ларза хоҳад омад+
Ва ҳеҷ халқе ба хашми ӯ тоб оварда наметавонад.
11 *Ба онҳо чунин бигӯ:
«Худоёне, ки осмону заминро наофаридаанд,
Аз рӯйи замин ва таҳти осмон нест мешаванд».+
12 Ӯ заминро бо тавоноии худ офаридааст,
Оламро бо хиради худ барпо кардааст+
Ва осмонро бо фаҳми худ паҳн намудааст.+
13 Вақте овозашро мешунавонад,
Обҳои осмон ба хурӯш меоянд.+
Ӯ абрҳоро* аз канори замин ба осмон мехезонад,+
Барои борон барқро ба вуҷуд меорад*,
Бодро аз анборҳои худ берун меорад.+
14 Ҳар инсон аз ақл бегона аст.
Ҳар заргар аз буте, ки сохтааст, шарманда мешавад,+
Зеро бути рехтаи ӯ фиреб аст
15 Онҳо ҳеҷу пуч ва масхаракорӣ ҳастанд.+
Вақте рӯзи доварияшон биёяд, нест карда мешаванд.
16 Аммо насибаи Яъқуб мисли инҳо нест,
Ӯ ҳамонест, ки ҳама чиро офаридааст,
Ва Исроил чӯбдасти ӯ, мулки ӯст.+
Номи ӯ Яҳува, Худои лашкарҳост.+
17 Эй зане, ки зери муҳосира зиндагӣ мекунӣ,
Чизу чораатро аз замин бардор,
18 Зеро Яҳува чунин мегӯяд:
«Инак, ман ин дафъа сокинони ин заминро дур меандозам+
Ва бар сари онҳо ғаму андуҳ меорам».
19 Вой бар ҳоли ман, ки ба шикаст омадаам!+
Захмам бедармон аст.
Ба худ гуфтам: «Ин бемории ман аст ва бояд ба он тоб орам.
20 Хаймаам хароб гаштааст ва бандҳои хаймаам пора гаштаанд.+
Писаронам маро тарк кардаанд ва бо ман нестанд.+
Касе нест, ки хаймаамро паҳн кунад ва ё чодари хаймаамро бардорад,
21 Зеро чӯпонон беақлона рафтор карданд+
Ва аз Яҳува пурсон нашуданд.+
Аз ин рӯ онҳо бо андеша амал накарданд
Ва тамоми рамаашон пароканда шуд».+
22 Инак, паёме ба гӯш мерасад!
Гулдурроси бузурге аз замини шимол шунида мешавад,+
Он шаҳрҳои Яҳудоро ба биёбон, ба лонаи шағолон, табдил медиҳад.+
23 Ман медонам, эй Яҳува, ки роҳи одамизод дар ихтиёри вай нест
Ва касе, ки роҳ меравад, наметавонад қадамҳояшро роҳнамоӣ кунад.+
25 Ғазабатро бар сари халқҳое бирез, ки туро писанд намекунанд,+
Ва бар қабилаҳое, ки номи туро намехонанд,
Зеро онҳо Яъқубро фурӯ бурдаанд.+
Ӯро фурӯ бурдаанд ва нобуд месозанд.+
Онҳо диёри ӯро хароб кардаанд.+
11 Аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё чунин паём омад: 2 «Ба суханони ин аҳд гӯш андоз, эй халқ!
Ба мардуми Яҳудо ва сокинони Ерусалим сухан ронда, 3 чунин бигӯ*: “Яҳува, Худои Исроил, мегӯяд: “Лаънат ба касе, ки ба суханони ин аҳд итоат намекунад.+ 4 Ин аҳдест, ки дар рӯзи аз замини Миср, оташдони ҷонгудоз*,+ берун овардани бобоёнатон ба онҳо дода будам.+ Ман гуфта будам: “Ба овозам гӯш андозед ва ҳар он чиро, ки ба шумо фармоям, ба ҷо оред ва шумо халқи ман хоҳед буду ман Худои шумо.+ 5 Он гоҳ ман қасамеро, ки ба бобоёнатон хӯрда будам, иҷро менамоям ва заминеро, ки ширу асал дар он ҷорист, ба шумо медиҳам”.+ Чуноне ки мебинед, шумо то ба имрӯз дар ин замин зиндагӣ доред».
Ман ҷавоб додам: «Омин*, эй Яҳува».
6 Сипас Яҳува ба ман гуфт: «Ин суханонро дар шаҳрҳои Яҳудо ва кӯчаҳои Ерусалим эълон намо: “Ба суханони ин аҳд гӯш андозед ва онҳоро риоя кунед. 7 Ман бобоёнатонро аз рӯзе, ки онҳоро аз замини Миср берун овардам, то ба имрӯз ҷиддӣ огоҳ намудам. Ман такрор ба такрор* онҳоро огоҳ карда мегуфтам: “Ба овозам гӯш диҳед”.+ 8 Аммо онҳо итоат накарданд ва гӯш надоданд, баръакс, ҳар яке гарданшахӣ карда, аз пайи дили бадашон равона гаштанд.+ Онҳо аз риояи суханоне, ки иҷро карданашро ба онҳо фармуда будам, гардан тофтанд. Аз ин рӯ ман ҳамаи суханони ин аҳдро бар сарашон овардам”».
9 Яҳува ба ман гуфт: «Мардуми Яҳудо ва сокинони Ерусалим забон як кардаанд. 10 Онҳо ба роҳи гунаҳкоронаи бобоёнашон, ки ба суханонам гӯш намедоданд, баргаштанд+ ва аз пайи худоёни дигар равона шуда, ба онҳо хизмат карданд.+ Хонадони Исроил ва Яҳудо аҳдеро, ки бо бобоёнашон баста будам, шикастанд.+ 11 Аз ин рӯ Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ба сари онҳо фалокате меорам,+ ки аз он халосӣ намеёбанд. Вақте аз ман кумак пурсанд, онҳоро гӯш нахоҳам кард.+ 12 Он гоҳ шаҳрҳои Яҳудо ва сокинони Ерусалим барои кумак пурсидан сӯйи худоёне мераванд, ки ба онҳо қурбонӣ меоранд,+ вале худоёнашон онҳоро дар вақти мусибаташон наҷот дода наметавонанд. 13 Худоёнат баробари шаҳрҳоят гаштаанд, эй Яҳудо, ва ҳисоби қурбонгоҳҳое, ки барои худои нангин, яъне Баал, сохтаӣ, ба кӯчаҳои Ерусалим баробар шудаанд”.+
14 Ту бошӣ*, барои ин халқ дуо нагӯй. Дар ҳаққи онҳо дуо гуфта аз ман илтиҷо накун,+ зеро, вақте дар мусибаташон маро мехонанд, ба онҳо гӯш нахоҳам дод.
15 Халқи дӯстдоштаам чӣ ҳақ дорад, ки дар хонаи ман бимонад,
Дар ҳоле ки бисёре аз онҳо корҳои бад кардаанд?
Вақте фалокат бар сарат ояд, оё метавонӣ бо гӯшти муқаддас* ҷонатро халос кунӣ?
Оё он вақт хурсандӣ хоҳӣ кард?
16 Як вақтҳо Яҳува туро дарахти шукуфони зайтун номида буд,
Дарахти зебои хушсамар.
Ҳоло ӯ бо гулдурроси азим онро оташ задааст
Ва душманон шохаҳояшро шикастаанд.
17 Яҳува, Худои лашкарҳо, ки туро шинондааст,+ фармудааст, ки аз сабаби бадкории хонадони Исроил ва Яҳудо ин бало бар сарат ояд, аз сабаби он ки онҳо ба Баал қурбонӣ оварда, маро ба ғазаб оварданд».+
18 Яҳува ба ман гуфт ва ман хабардор шудам.
Он вақт ту ба ман корҳои онҳоро нишон додӣ.
19 Ман ба гӯсфанди итоаткоре, ки ба куштан мебаранд, монанд будам.
Намедонистам, ки онҳо бар зидди ман чӣ ният доранд:+
«Биёед дарахтро бо мевааш нобуд созем
Ва онро аз замини зиндаҳо решакан кунем,
То ному нишонаш намонад».
Иҷозат деҳ, то интиқоматро бубинам,
Зеро додамро ба ту гуфтаам.
21 Аз ин рӯ Яҳува бар зидди мардуми Анотӯт+ сухане гуфтааст, бар зидди мардуме, ки қасди ҷони туро доранду мегӯянд: «Аз номи Яҳува пешгӯйӣ накун+ ки, туро мекушем». 22 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: «Ман онҳоро ҷазо медиҳам. Ҷавононашон аз шамшер+ ва писарону духтаронашон аз гушнагӣ хоҳанд мурд.+ 23 Аз онҳо бақияе нахоҳад монд, зеро дар соле, ки мардуми Анотӯтро+ ҷазо диҳам, бар сарашон бало хоҳам овард».
12 Эй Яҳува, хоҳ ба ту шикоят кунам
Ва хоҳ дар бораи адлу инсоф бо ту сухан ронам, ту росткорӣ,+
Аммо чаро бадкорон дар роҳҳои худ комёбанд+
Ва чаро хоинон орому осуда зиндагӣ мекунанд?
2 Ту онҳоро шинондӣ ва онҳо реша давонданд,
Онҳо нашъунамо ёфтанд ва самар оварданд.
Ту дар даҳонашон ҳастӣ, лекин аз дилу дарунашон* дурӣ.+
Онҳоро мисли гӯсфандон барои сар буридан ҷудо кун
Ва барои рӯзи куштор тайёр намо.
4 То ба кай замин хушк шавад
Ва алафи саҳроҳо пажмурда гардад?+
Аз пушти бадкории сокинони он
Ҳайвонҳою парандаҳо нест шудаанд.
Онҳо мегӯянд: «Ӯ ояндаи моро намебинад».
Ҳатто агар дар замини тинҷу ором хотирҷамъ бошӣ,
Дар ҷангалзори сердарахти лаби Урдун чӣ хоҳӣ кард?
6 Охир, ҳатто бародарони худат, хонадони падарат,
Ба ту хиёнат кардаанд.+
Онҳо бар зидди ту доду фиғон бардоштаанд.
Ҳатто агар ба ту чизҳои хуб гӯянд,
Ба онҳо бовар накун.
7 «Хонаамро тарк кардаам,+ аз мулки худ рӯй гардондаам.+
Ҷононаамро ба дасти душманонаш супурдаам.+
8 Мулкам бароям мисли шери бешазор аст.
Ӯ бар сарам наъра зад,
Барои ҳамин ӯро бад дидам.
9 Мулкам барои ман мисли парандаи рангаи соҳибчангол аст,
Парандагони дигари соҳибчангол ӯро гирд карда, ҳамла мекунанд.+
Биёед, ҷамъ шавед, эй ҳама ҳайвонҳои саҳро,
Биёеду бихӯред.+
10 Чӯпонони зиёд токзорамро хароб карданд,+
Қитъаи заминамро поймол намуданд,+
Порчаи дилписандамро ба биёбони харобазор табдил доданд.
11 Он дашти вайрона гаштааст, хушк шудааст*.
Он пеши назарам харобазор гардидааст.+
Тамоми замин харобазор гаштааст,
Вале касе диққат намедиҳад.+
12 Аз ҳама роҳҳои похӯрдаи биёбон харобгарон омаданд,
Зеро шамшери Яҳува аз як канори замин то канори дигараш фурӯ мебарад,+
Ҳеҷ кас дар амон нест.
13 Онҳо гандум коштанд, вале хор даравиданд,+
Ҷони сиёҳ канданд, вале фоидае надиданд.
Аз боиси алангаи хашми Яҳува
Аз ҳосили худ шарм хоҳанд кард».
14 Яҳува чунин мегӯяд: «Ман ба халқам Исроил мулке додаам, то онро соҳиб шавад. Тамоми ҳамсояҳои бадамро, ки ба он даст мерасонанд,+ аз заминашон решакан месозам.+ Ҳамчунин хонадони Яҳудоро аз миёни онҳо решакан мекунам, 15 вале, баъди он ки решакан созам, боз ба онҳо раҳм карда, ҳар якеашонро ба мулки меросӣ ва заминашон бармегардонам.
16 Агар онҳо роҳҳои халқи маро таълим гиранду бо номи ман қасам хӯрданро ёд гирифта, бигӯянд: “Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам!”, ҳамон тавре ки халқамро таълим медоданд, ки ба номи Баал қасам хӯранд, он гоҳ дар миёни халқам побарҷо хоҳанд буд. 17 Вале, агар гӯш надиҳанд, ман он халқро аз беху бунаш решакан карда, нобуд месозам»,— мегӯяд Яҳува.+
13 Яҳува ба ман чунин гуфт: «Бирав ва барои худ камарбанди катонӣ бихар ва онро ба миён бибанд, вале бохабар бош, ки онро дар об тар накунӣ». 2 Ман мувофиқи сухани Яҳува амал намуда, камарбандро харидаму ба миёнам бастам. 3 Ба ман дуюмбора аз Яҳува чунин паёме омад: 4 «Камарбандеро, ки харида, ба миёнат бастаӣ, бигиру назди Фурот бирав ва онро дар сӯрохии кӯҳпорае пинҳон кун». 5 Ман рафта, ҳамон тавре ки Яҳува фармуд, онро назди Фурот пинҳон кардам.
6 Баъд аз рӯзҳои зиёд Яҳува ба ман гуфт: «Бархезу назди Фурот бирав ва камарбандеро, ки мувофиқи амри ман дар он ҷо пинҳон намудӣ, бигир». 7 Ман назди Фурот рафта, камарбандро аз ҷойи пинҳонкардаам кофта баровардам ва дидам, ки он лах-лах ва бекораву ношоям шудааст.
8 Сипас аз ҷониби Яҳува ба ман чунин паёме омад: 9 «Яҳува чунин мегӯяд: “Ба ҳамин монанд, ман ғурури Яҳудо ва ҳавобаландии Ерусалимро нобуд месозам.+ 10 Ин мардуми бадкор, ки ба суханони ман гӯш намедиҳанд,+ якравона аз пайи дили худ мераванд,+ худоёни дигарро пайравӣ намуда, онҳоро парастиш мекунанду ба онҳо саҷда мебаранд, мисли ҳамин камарбанд бекораву ношоям мешаванд”. 11 Яҳува мегӯяд: “Чи тавре ки камарбанд бар миёни кас маҳкам мечаспад, ман тамоми хонадони Исроил ва тамоми хонадони Яҳудоро ба худ хеле наздик кардам, то онҳо халқи ман,+ номбардори ман,+ ситоишгари ман ва як чизи зебое шаванд, вале онҳо гӯш надоданд”.+
12 Ба онҳо боз ин паёмро бирасон: “Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ҳар кӯзаи калонро пури шароб кунед”. Онҳо ба ту ҷавоб медиҳанд: “Магар мо намедонем, ки ҳар кӯзаи калонро аз шароб пур кардан даркор аст?” 13 Сипас ба онҳо бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Инак, ман ҳама сокинони ин заминро, подшоҳонеро, ки бар тахти Довуд нишастаанд, коҳинону пайғамбарон ва ҳама мардуми Ерусалимро масти шароб мегардонам.+ 14 Ман онҳоро бар якдигар мезанам, ҳам писарон ва ҳам падаронро,— мегӯяд Яҳува.+— Ман ба онҳо заррае раҳму шафқат намекунам ва ҳеҷ чиз маро аз нобуд карданашон боз нахоҳад дошт”.+
15 Гӯш андозед ва диққат кунед.
Мағрур нашавед, зеро Яҳува сухан гуфтааст.
16 Худоятон Яҳуваро ҷалол диҳед,
Пеш аз он ки ӯ торикиро биёрад
Ва, пеш аз он ки ҳангоми нишастани офтоб бар кӯҳҳо пешпо хӯред.
Шумо умедвори рӯшноӣ мешавед,
Вале ӯ шаби торро меорад.
Ӯ равшаниро ба торикӣ табдил медиҳад.+
17 Вале, агар шумо гӯш надиҳед,
Аз сабаби ғурури шумо пинҳонӣ гиря хоҳам кард.
Ашки бисёр хоҳам рехт ва аз чашмонам ҷӯйбори об равон хоҳад шуд,+
Зеро рамаи Яҳуваро+ асир карда, мебаранд.
18 Ба подшоҳ ва модари ӯ+ бигӯ: “Поёнтар биншинед,
Чунки тоҷи зебоятон аз саратон меафтад”.
19 Шаҳрҳои ҷануб баста шудаанд ва касе нест онҳоро боз кунад.
Тамоми Яҳудоро ба асирӣ бурданд, ҳамаашонро бурданд.+
20 Чашмонатонро сӯйи онҳое кунед, ки аз шимол меоянд.+
Рамае, ки ба ту супурданд, куҷост ва гӯсфандони зебои ту куҷоянд?+
21 Вақте дӯстоне, ки аз аввал ба ту наздик буданд, ҷазоят диҳанд, чӣ хоҳӣ гуфт?+
Магар он гоҳ туро дарде мисли дарди зоиш фаро нахоҳад гирифт?+
22 Вақте ту дар дил бигӯӣ “Чаро ин чизҳо ба сарам омад?”,+
Бидон, ки аз сабаби гуноҳи азимат доманатро дарронда партофтанд+
Ва пошнаҳоятро захмдор намудаанд.
23 Оё зангӣ* метавонад ранги пӯсташро ва ё паланг холҳояшро дигар кунад?+
Агар ҳа, пас, шумо низ, ки ба бадкорӣ омӯхта шудаед, метавонед некӣ кунед.
24 Ман шуморо мисли коҳе, ки боди биёбон мебарадаш, титу пароканда месозам.+
25 Ин аст насибаи ту, ҳиссае, ки бароят чен карда, додаам,— мегӯяд Яҳува,—
26 Аз ин рӯ ман домани куртаатро бар сарат мекашам
Ва расвоии ту ба ҳама намоён мешавад,+
27 Зинокориву+ шаҳватталабият,
Фоҳишагиву беҳаёгият маълум мегардад.
Ман рафтори нафратангези туро бар теппаву саҳроҳо дидам.+
Вой бар ҳоли ту, эй Ерусалим!
То ба кай ту нопок мемонӣ?»+
14 Ба Ирмиё аз ҷониби Яҳува дар бораи хушксолӣ чунин паём омад:+
2 Яҳудо мотам гирифтааст,+ дарвозаҳояш хароб гаштаанд.
Онҳо то ба замин хам шудаанд,
Аз Ерусалим фиғон бармехезад.
3 Сардорон хизматгорони худро барои об мефиристанд.
Онҳо назди чоҳҳои об мераванд ва обе наёфта
Бо кӯзаҳои холӣ бармегарданд.
Онҳо шармандаву рӯҳафтодаанд
Ва сарҳои худро мепӯшонанд.
4 Замин кафидааст,
Зеро боронро надидааст.+
Деҳқонон аз ночорӣ сарҳои худро пӯшонидаанд.
5 Ҳатто гавазн бачаи навзодашро дар саҳро партофта рафтааст,
Зеро сабзае нест.
6 Гӯрхарон дар теппаҳои хушку беалаф истода,
Мисли шағолон вазнин-вазнин нафас мекашанд.
Чашмонашон аз беалафӣ хира гардидаанд.+
7 Эй Яҳува, ба хотири номат амал кун,+
Ҳарчанд гуноҳҳоямон бар зидди мо шаҳодат медиҳанд.
Бевафоиҳои мо зиёд гаштаанд+
Ва мо бар зидди ту гуноҳ кардаем.
8 Эй умеди Исроил, Наҷотбахши ӯ+ дар вақти тангӣ,
Чаро ту дар ин замин мисли мусофирӣ,
Мисли раҳгузаре, ки танҳо барои шаб гузарондан меистад?
9 Чаро мисли марди ҳайроне ҳастӣ,
Мисли марди пурзӯре, ки наҷот дода наметавонад?
Моро тарк накун.
10 Яҳува дар бораи ин халқ чунин мегӯяд: «Онҳо дайдугиро нағз мебинанд+ ва пояшонро бознамедоранд.+ Аз ин рӯ Яҳува аз онҳо розӣ нест.+ Акнун ӯ хатоҳояшонро ба хотир оварда, барои гуноҳҳояшон онҳоро ҷазо медиҳад».+
11 Сипас Яҳува ба ман гуфт: «Барои беҳбудии ин халқ ба ман дуо нагӯй.+ 12 Вақте рӯза мегиранд, ба зориҳояшон гӯш намедиҳам+ ва қурбониҳои сӯхтаниву ҳадияҳои ғаллаашон хушам намеояд.+ Ман онҳоро бо шамшер, гушнагӣ ва вабо нобуд месозам».+
13 Ман дар ҷавоб гуфтам: «Вой бар ман, эй Яҳува, Парвардигоро, зеро пайғамбарон ба онҳо мегӯянд: “Шумо шамшерро нахоҳед дид ва гуруснагӣ бар шумо нахоҳад омад, балки дар ин ҷой Худо ба шумо осоиштагии ҳақиқӣ хоҳад дод”».+
14 Он гоҳ Яҳува ба ман гуфт: «Пайғамбарон ба номи ман дурӯғро пешгӯйӣ мекунанд.+ Ман онҳоро нафиристодаам ва ба онҳо амр нафармудааму сухан нагуфтаам.+ Онҳо аз дили фиребкори худ ба шумо пешгӯйӣ мекунанд, руъёи дурӯғ мебинанд ва фоли беҳуда мекушоянд.+ 15 Бинобар ин Яҳува дар ҳаққи ин пайғамбарон мегӯяд: “Онҳо аз номи ман пешгӯйӣ мекунанд, аммо ман онҳоро нафиристодаам. Онҳо мегӯянд: “Бар ин замин ҳеҷ гоҳ шамшер ва гуруснагӣ намеояд”, пас, ин пайғамбарон аз шамшер ва гуруснагӣ нобуд хоҳанд шуд.+ 16 Халқе, ки пешгӯйиҳои онҳоро гӯш мекарданд, аз гуруснагӣ ва шамшер мурда, ба кӯчаҳои Ерусалим партофта мешаванд. Онҳо бо занон ва писару духтаронашон кушта мешаванд ва касе нахоҳад буд, ки онҳоро гӯронад.+ Ман бар онҳо фалокатеро меорам, ки сазои сарашон аст”.+
17 Ту ин суханонро ба онҳо бигӯй:
“Бигзор аз чашмонам шабу рӯз ашк бирезад ва бас нашавад,+
Зеро духтари бокираам — халқам,
Бо захмҳои марговар ба шикасти азиме гирифтор шудааст.+
18 Агар ба саҳро баромада, нигоҳ кунам,
Куштагони шамшерро мебинам!+
Агар ба шаҳр дароям,
Гушназадагонро мебинам!+
Ҳам пайғамбар ва ҳам коҳин дар замини бегона овора шуда гаштаанд”».+
19 Худоё, оё ту тамоман Яҳудоро рад кардаӣ ва аз Сион безор шудаӣ?+
Чаро моро зарбаи шифонопазир задӣ?+
Ба осоиштагӣ умед бастему хубие надидем.
Шифоро интизор будему даҳшат омад.+
20 Эй Яҳува, мо бадкории худро ба гардан мегирем
Ва хатоҳои бобоёнамонро тан мегирем,
Мо бар зидди ту гуноҳ кардаем.+
21 Ба хотири номат моро рад накун,+
Тахти пурҷалолатро паст назан.
Аҳдеро, ки бо мо бастаӣ, ба хотир ор ва онро нашикан.+
22 Оё ягон бути бекораи халқҳо борон медиҳад?
Оё осмон худ ба худ борон меборонад?
Магар ту, эй Худоямон Яҳува, ягона нестӣ?+
Мо ба ту умед бастаем,
Зеро ту ҳамаи ин чизҳоро ба амал овардаӣ.
15 Сипас Яҳува ба ман гуфт: «Ҳатто агар Мӯсо ва Самуил назди ман истода бошанд,+ ба ин халқ раҳм намекунам. Онҳоро аз пеши ман бирон ва бигзор бираванд. 2 Агар онҳо ба ту бигӯянд: “Ба куҷо равем?”, ба онҳо бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд:
Ҳар кӣ ба касалии марговар маҳкум гаштааст — ба касалии марговар!
Ҳар кӣ ба шамшер маҳкум гаштааст — ба шамшер!+
Ҳар кӣ ба гушнагӣ маҳкум гаштааст — ба гушнагӣ!
Ҳар кӣ ба асирӣ маҳкум гаштааст — ба асирӣ!”+
3 Ман бар онҳо чор балоро* таъйин мекунам,+— мегӯяд Яҳува,— шамшерро, то онҳоро бикушад, сагонро, то онҳоро кашола карда баранд, ва парандагони осмону ҷонварони саҳроро, то онҳоро фурӯ баранду нобуд созанд.+ 4 Аз сабаби Менашшеи писари Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, ва рафтори ӯ дар Ерусалим+ ман бо шумо чунон мекунам, ки ҳама мамлакатҳои рӯйи замин ҳоли зоратонро дида ба даҳшат оянд.+
5 Кӣ ба ту дилсӯзӣ хоҳад кард, эй Ерусалим,
Кӣ ба ту ҳамдардӣ баён хоҳад намуд
Ва кӣ наздат даромада, аз аҳволат пурсон хоҳад шуд?
Аз ин рӯ ман дастамро дароз карда, туро нобуд месозам.+
Ман аз дилсӯзӣ кардан ба ту хаста шудаам.
7 Ман онҳоро дар шаҳрҳо* бо панҷшоха бод мекунам.
Онҳоро аз фарзандонашон маҳрум карда,+
Худашонро нобуд месозам,
Зеро халқам аз роҳу рафтори худ барнагашт.+
8 Бевазанҳояшон пеши назарам аз реги лаби баҳрҳо бештар мешаванд.
Ҳангоми нисфирӯзӣ харобгарро сӯяшон мефиристам, сӯйи модарон ва ҷавонмардон.
Онҳоро ногаҳон ба ошӯбу воҳима гирифтор мекунам.
9 Зане, ки ҳафт фарзанд ба дунё овардааст, беҳол гаштааст,
Ӯ базӯр нафас мекашад.
Офтоби умраш бегоҳ нашуда, нишастааст
Ва ӯ* шармандаву расво гаштааст.
Бақияи ками онҳоро бошад,— мегӯяд Яҳува,—
Ман ба дасти шамшери душманонашон медиҳам».+
10 Вой бар ман, эй модарам! Чаро маро ба дунё овардӣ?+
Мардуми тамоми ин замин бо ман ҷангу ҷидол мекунад.
Ман на қарз додаам ва на қарз гирифтаам,
Вале ҳамаи онҳо маро лаънат мехонанд.
11 Яҳува гуфт: «Ман ҳатман ба ту некӣ мекунам,
Вақте фалокат сар занад ва бало биёяд,
Ман туро аз дасти душман ҳатман халос мекунам.
12 Оё касе метавонад оҳанро пора созад,
Оҳани шимол ва мисро майда кунад?
13 Дороиву ганҷи туро* ба тороҷ медиҳам,+
Ҳамаашро бепул медиҳам, зеро гуноҳҳои ту дар саросари заминат бисёр аст.
14 Онҳоро ба душманонат медиҳам,
То ба замине бибаранд, ки ту онро намедонӣ,+
Зеро оташи ғазабам даргирифтааст
Ва бар зидди ту аланга мезанад».+
15 Ту медонӣ, эй Яҳува,
Маро ба ёд ор ва сӯйи ман назар кун.
Қасоси маро аз дунболагиронам бигир.+
Нагузор, ки аз сабаби пурсабрият нобуд шавам.
Бидон, ки ин бори нангро ба хотири ту бардоштаам.+
16 Суханони туро ёфтам ва онҳоро хӯрдам.+
Паёми ту бароям мояи хурсандӣ ва шодии дилам гашт,
Зеро номи ту, эй Яҳува, Худои лашкарҳо, бар ман аст.
17 Бо ишратгарон наменишинам ва шодӣ намекунам.+
Азбаски дасти ту бар ман аст ва маро аз ғазаб* пур кардаӣ, танҳо нишастаам.+
18 Чаро дардам бедаво ва захмам бедармон аст?
Он ҳеҷ не ки шифо ёбад.
Наход бароям мисли оби фиребанда шавӣ,
Ки ба ту умед баста натавонам?
19 Аз ин рӯ Яҳува чунин мегӯяд:
«Агар баргардӣ, туро барқарор хоҳам кард
Ва ту ба ҳузури ман хоҳӣ истод.
Агар ту чизи арзандаро аз беарзиш ҷудо кунӣ,
Даҳони* ман мешавӣ.
Мардум сӯйи ту хоҳанд баргашт,
Вале ту сӯйи онҳо нахоҳӣ баргашт.
20 Ман туро барои ин мардум девори истеҳкомдори мисин мегардонам.+
Онҳо бо ту ҷанг хоҳанд кард,
Вале дастболо нахоҳанд гашт,+
Зеро ман бо ту ҳастам, то туро наҷот диҳам ва халосӣ бахшам,— мегӯяд Яҳува.—
21 Ман туро аз дасти бадкорон наҷот медиҳам
Ва аз чанголи ситамгарон раҳо месозам*».
16 Аз ҷониби Яҳува ба ман боз паём омад: 2 «Дар ин макон зан нагир ва писардору духтардор нашав, 3 зеро Яҳува дар бораи писару духтароне, ки дар ин ҷо таваллуд мешаванд, ва дар бораи падару модарашон, ки онҳоро ба дунё меоранд, чунин мегӯяд: 4 “Онҳо аз бемориҳои марговар хоҳанд мурд,+ вале касе дар ҳаққи онҳо нола нахоҳад кард ва онҳоро нахоҳад гӯронид. Онҳо мисли поруи рӯйи замин мешаванд.+ Онҳо аз шамшер ва гушнагӣ мемиранд+ ва ҷасадҳояшон хӯроки парандаҳои осмон ва ҷонварони саҳро мегардад”.
5 Яҳува чунин мегӯяд:
“Ба хонаи мотам надаро
Ва барои нола ё дилбардории касе он ҷо нарав,+
Зеро ман осоиштагиямро аз ин халқ гирифтаам,— мегӯяд Яҳува.—
Ман онҳоро аз меҳру вафо ва раҳматам маҳрум кардаам.+
6 Хурду бузург дар ин замин хоҳанд мурд.
Онҳо гӯронида намешаванд,
Касе дар ҳаққашон нола намекунад
Ва барои онҳо баданашро чок ва сарашро кал намекунад*.
7 Ҳеҷ кас ба мотамзадагон хӯрок нахоҳад овард,
То дилашон аз марги наздиконашон таскин ёбад.
Ҳамчунин ҳеҷ кас ба онҳо пиёлаи тасаллӣ нахоҳад дод,
То касе, ки падар ё модараш мурдааст, онро нӯшида дардаш кам шавад.
8 Ба хонаи дилхушӣ низ надаро,
То бо онҳо нишаста, бихӯриву бинӯшӣ”,
9 Зеро Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Инак, дар ҳамин ҷо, дар рӯзҳои шумо, ман дар пеши чашматон ба садои шодиву хурсандӣ, овози домоду арӯс, хотима мебахшам”.+
10 Вақте ҳамаи ин суханонро ба мардум бигӯӣ, онҳо туро мепурсанд: “Чаро Яҳува чунин фалокати бузургро бар сари мо овардан мехоҳад? Мо бар зидди Худоямон Яҳува чӣ хато кардаем?”+ 11 Ба онҳо бигӯ: “Бобоёни шумо аз ман рӯй гардонданд,+— мегӯяд Яҳува,— ва аз пайи худоёни дигар рафта, онҳоро парастиш намуданд ва пеши онҳо саҷда бурданд,+ аммо аз ман рӯй гардонданд ва шариати маро риоя накарданд.+ 12 Шумо бошед, аз бобоёнатон бадтар рафтор кардед+ ва ҳар яки шумо, ба ҷойи он ки ба ман итоат кунед, аз пайи дили якраву бадкори худ рафтед.+ 13 Аз ин рӯ ман шуморо аз ин замин ба замине мепартоям, ки онро на шумо медонистеду на бобоёнатон.+ Шумо дар он ҷо шабу рӯз худоёни дигарро парастиш хоҳед кард,+ зеро ман ба шумо раҳм намекунам”.
14 Аммо рӯзҳое меоянд,— мегӯяд Яҳува,— ки дигар касе чунин нахоҳад гуфт: “Қасам ба номи Яҳува, Худои зинда, Худое, ки халқи Исроилро аз замини Миср берун овардааст!”,+ 15 балки чунин хоҳанд гуфт: “Қасам ба номи Яҳува, Худои зинда, Худое, ки халқи Исроилро аз замини шимол ва аз ҳама ҷову маконе, ки онҳоро пароканда карда буд, берун овардааст!” Ман онҳоро ба заминашон бармегардонам, ба замине, ки ба бобоёнашон дода будам.+
16 Инак, ман моҳигирони зиёдеро мефиристам,— мегӯяд Яҳува,—
То онҳоро дошта бигиранд.
Баъд аз ин ман шикорчиёни зиёдеро мефиристам,
То онҳоро дар ҳар кӯҳу теппа ва сӯрохиҳои шахҳо шикор кунанд,
17 Зеро чашмони ман бар ҳама корҳои онҳост.
Рафторашон аз чашми ман пинҳон намондааст
Ва хатояшон аз назарам пӯшида нест.
18 Пеш аз он ки онҳоро баргардонам,
Барои хатову гуноҳашон ба таври пурра сазояшон медиҳам,+
Зеро онҳо замини маро бо бутҳои беҷону ҳаромашон беҳурмат кардаанд
Ва мулки маро бо чизҳои нафратовар пур кардаанд”».+
19 Эй Яҳува, қувват ва такягоҳи ман,
Гурезгоҳи ман дар рӯзи тангӣ,+
Халқҳо аз гӯшаву канори замин сӯйи ту омада, хоҳанд гуфт:
«Бобоёни мо чизҳои дурӯғ, ҳеҷу пуч ва бефоидаро мерос гирифтанд».+
20 Оё одамизод метавонад барои худ худо бисозад?
Он чӣ онҳо месозанд, Худо нест.+
21 «Аз ин рӯ ман ба онҳо маълум месозам,
Он вақт ман ба онҳо қувват ва қудратамро маълум месозам
Ва он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки номи ман Яҳува аст».
17 «Гуноҳи Яҳудо бо қалами оҳанин навишта шудааст.
Он бо нӯги алмос бар лавҳи дилҳояшон
Ва бар шохҳои қурбонгоҳҳояшон кандакорӣ шудааст,
2 Дар ҳоле ки писаронашон дар фикри қурбонгоҳҳо ва Ашераҳои*+ худанд.
Онҳо дар байни дарахтони сершоху барг ва дар теппаҳои баланд,+
3 Дар кӯҳҳо ва саҳрои кушод қарор доранд.
Сарват ва тамоми ганҷи туро ба тороҷ медиҳам+
Ва баландиҳоятро ғанимати дигарон месозам, зеро гуноҳи ту дар саросари заминат паҳн шудааст.+
4 Бо айби худат аз меросе, ки ба ту додам, маҳрум мешавӣ.+
Туро дар замине, ки надидаӣ, хизматгори душманонат мегардонам,+
Он то абад хомӯш нахоҳад шуд».
5 Яҳува чунин мегӯяд:
«Лаънат бар касе, ки ба одамизод умед бандад,+
Касе, ки ба бозуи инсон такя кунад+
Ва дилаш аз Яҳува дур шавад.
6 Ӯ мисли дарахти яккаву танҳо дар биёбон хоҳад буд,
Ӯ рӯйи хубиро нахоҳад дид,
Дар ҷойҳои хушки биёбон
Ва дар шӯразамини беодам зиндагӣ хоҳад кард.
7 Барака ёбад касе, ки ба Яҳува таваккал мекунад,
Касе, ки Яҳува қуввати дилаш аст.+
8 Ӯ мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳо шинонида шудааст
Ва решаҳояш сӯйи чашмаҳо паҳн гаштаанд.
Ӯ аз омадани гармо парвое надорад,
Баргҳояш доимо сабзу хурраманд.+
Ҳангоми хушксолӣ ба ташвиш намеояд,
Доимо боровар хоҳад буд.
9 Дил аз ҳама чиз маккортар ва ба ҳар кори хатарнок тайёр аст*.+
Кист, ки онро тавонад дарк кунад?
10 Ман, Яҳува, дилро тафтиш мекунам,+
Ботинро* месанҷам,
То ба ҳар кас мувофиқи рафтораш,
Аз рӯйи самари корҳояш, сазо диҳам.+
11 Ҳар кӣ моли ҳаром ҷамъ мекунад,+
Мисли кабкест, ки тухмҳоеро, ки худаш намондааст, ҷамъ меорад.
Дар нимароҳи умраш сарваташ ӯро тарк мекунад
Ва оқибат беақлияш маълум мешавад».
12 Тахти пурҷалоли Худо аз аввал пуршукӯҳ буд,
Он муқаддасгоҳи мост.+
13 Эй Яҳува, умеди Исроил,
Ҳамаи онҳое, ки туро тарк мекунанд, шарманда хоҳанд шуд.
Номи осиёне, ки аз ту* рӯй мегардонанд, бар хок навишта хоҳад шуд,+
Зеро онҳо Яҳува — сарчашмаи оби ҳаётро, тарк кардаанд.+
14 Эй Яҳува, маро шифо деҳ ва ман шифо меёбам,
Маро наҷот деҳ ва ман наҷот меёбам,+
Зеро туро ситоиш мекунам.
15 Мардум ба ман мегӯянд:
«Барои чӣ паёми Яҳува то ба ҳол иҷро нашудааст?!»+
16 Ман бошам, ҳамчун чӯпон аз пайравии ту дур нашудаам
Ва пазмони рӯзи мусибат ҳам нагаштаам.
Ту ҳар як сухани лабонамро нағз медонӣ,
Онҳо пеши назарат гуфта шудаанд.
17 Маро ба даҳшат наандоз.
Дар рӯзи мусибат ту паноҳгоҳи манӣ.
18 Бигзор дунболагиронам шарманда шаванд,+
Вале нагузор, ки ман шарманда шавам.
Бигзор онҳо ба даҳшат оянд,
Вале нагузор, ки ман ба даҳшат оям.
Ба сарашон фалокат ор+
Ва онҳоро бо шикасти дучанд торумор соз.
19 Яҳува ба ман гуфт: «Бирав ва назди дарвозаи мардум, ки подшоҳони Яҳудо аз он даробаро мекунанд, ва назди тамоми дарвозаҳои Ерусалим биист.+ 20 Ба онҳо бигӯ: “Сухани Яҳуваро бишнавед, эй подшоҳони Яҳудо, эй тамоми мардуми Яҳудо ва эй ҳама сокинони Ерусалим, ки аз ин дарвозаҳо медароед! 21 Яҳува чунин мегӯяд: “Бохабар бошед, ки рӯзи шанбе ягон борро набардоред ва аз дарвозаҳои Ерусалим онро надароред.+ 22 Рӯзи шанбе ягон борро аз хонаатон набароред ва ҳеҷ коре накунед.+ Рӯзи шанберо муқаддас доред, чуноне ки ман ба бобоёнатон фармуда будам.+ 23 Вале онҳо гӯш надоданд ва гӯши худро моил насохтанд. Онҳо гарданшахиву беитоатӣ намуда, насиҳати маро қабул накарданд.+
24 Агар шумо пурра ба ман итоат кунед,— мегӯяд Яҳува,— ва дар рӯзи шанбе аз дарвозаҳои ин шаҳр ягон бор надарореду рӯзи шанберо муқаддас дошта ҳеҷ коре накунед,+ 25 он гоҳ подшоҳон ва мироне, ки бар тахти Довуд нишастаанд,+ савори аспу ароба аз дарвозаҳои ин шаҳр хоҳанд даромад — онҳо, миронашон, мардуми Яҳудо ва сокинони Ерусалим.+ Он гоҳ ин шаҳр то абад одамнишин мешавад 26 ва мардум аз шаҳрҳои Яҳудо, аз гирду атрофи Ерусалим, аз замини Бинёмин,+ аз водӣ,+ аз кӯҳистон ва аз Негеб* бо қурбониҳои сӯхтанӣ+ ва дигар қурбониҳо,+ ҳадияҳои ғалла,+ лодан ва қурбониҳои шукргузорӣ ба хонаи Яҳува меояд.+
27 Вале, агар ба ман итоат накунед, рӯзи шанберо муқаддас надоред ва дар рӯзи шанбе аз дарвозаҳои Ерусалим бор дароред, он гоҳ ман дарвозаҳои шаҳрро оташ мезанам. Он қалъаҳои мустаҳками Ерусалимро фурӯ бурда,+ хомӯш нахоҳад шуд”».+
18 Аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё чунин паём омад: 2 «Бархеста, ба хонаи кӯзагар бирав+ ва дар он ҷо суханони маро мешунавӣ».
3 Ман ба хонаи кӯзагар фуруд омадам ва дидам, ки ӯ бар чархҳо кор мекунад. 4 Аммо зарфе, ки кӯзагар аз гил месохт, вайрон шуд ва кӯзагар аз он зарфи дигаре сохт ва онро, ҳамон тавре ки хост, шакл дод.
5 Сипас аз ҷониби Яҳува ба ман чунин паём омад: 6 «Эй хонадони Исроил, магар ман наметавонам бо шумо мисли ҳамин кӯзагар амал кунам? — мегӯяд Яҳува.— Шумо дар дасти ман мисли гил дар дасти кӯзагар ҳастед, эй хонадони Исроил.+ 7 Ҳар гоҳе бигӯям, ки халқе ё подшоҳиеро нобуд мекунам ва вайрону решакан месозам,+ 8 вале он халқ аз бадкорие, ки ман маҳкум карда будам, даст кашад, ман низ аз фикрам мегардам ва фалокатеро, ки бар сараш оварданӣ будам, намеорам.+ 9 Ҳамчунин, ҳар гоҳе ки ман дар бораи ободу устувор намудани халқе ё подшоҳие сухан гӯям, 10 вале он халқ кори дар назарам бадро ба амал ораду ба овози ман гӯш надиҳад, ман аз фикрам мегардам ва он некиеро, ки дар ҳаққаш карданӣ будам, намекунам.
11 Акнун ба мардуми Яҳудо ва сокинони Ерусалим бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ман барои ту фалокатеро тайёр карда истодаам ва бар зидди ту нақшаи баде омода карда истодаам. Илтимос, аз корҳои бадат даст каш ва роҳу рафтори худро дигар кун”».+
12 Аммо онҳо гуфтанд: «Худатро ғам надеҳ!+ Мо, чи хеле ки дуруст шуморем, ҳамон хел зиндагӣ мекунем. Ҳар яки мо, ҳамон тавре ки дили саркашу бадкорамон хоҳад, рафтор мекунем».+
13 Аз ин рӯ Яҳува чунин мегӯяд:
«Аз халқҳо бипурсед.
Оё касе чизи ба ин монандро шунидааст?
Бокираи Исроил кори хеле даҳшатоваре кардааст.+
14 Магар барф дар нишебиҳои пурсанги Лубнон об мешавад?
Магар обҳои хунуке, ки аз дур меоянд, хушк мешаванд?
15 Аммо халқи ман маро фаромӯш кардааст.+
Онҳо ба як чизи бекора қурбонӣ меоранд+
Ва одамонро аз роҳи рост мезананд, аз роҳи қадима берун меоранд,+
Ба тавре ки онҳо бо пайраҳаҳои дурушту ноҳамвор рафтан мегиранд.
16 Онҳо коре мекунанд, ки заминашон ҳамеша дар ҳолати даҳшатангез бошад.+
Аз дидани он кас ба ҳайрат афтода, ҳуштак хоҳад кашид.+
Ҳар як раҳгузаре бо даҳшат ба он назар хоҳад дӯхт ва сар хоҳад ҷунбонд.+
17 Мисли боди шарқӣ онҳоро пеши душман пароканда месозам.
Дар рӯзи тангияшон онҳо рӯямро неву пуштамро хоҳанд дид».+
18 Онҳо гуфтанд: «Биёед бар зидди Ирмиё ҳилае биандешем,+ зеро шариат* доимо бо коҳинони мо, маслиҳати хуб бо хирадмандони мо ва паёми Худо бо пайғамбарони мо хоҳад буд. Биёед бо сухан ӯро мот кунем ва ба гапҳояш аҳамият надиҳем».
19 Эй Яҳува, ба гапам гӯш деҳ!
Бубин бадхоҳонам чӣ мегӯянд!
20 Наход ба ивази некӣ кас бадӣ бубинад?
Онҳо пеши роҳам чоҳ кандаанд.+
Ба ёд биёр, ки чӣ тавр ба ҳузури ту истода, дар бораи онҳо сухани нек мегуфтам,
То ғазабат аз онҳо дур шавад.
21 Акнун бошад, писаронашонро ба қаҳтӣ гирифтор намо
Ва онҳоро ба дасти шамшер биспор.+
Бигзор занонашон аз фарзанд маҳрум ва бева шаванд.+
Бигзор мардонашон аз дасти вабо кушта шаванд
Ва ҷавононашон дар майдони ҷанг аз дами шамшер нобуд гарданд.+
22 Вақте бар сарашон ногаҳон ғоратгаронро биёрӣ,
Бигзор аз хонаҳояшон доду фиғон барояд,
Зеро онҳо барои дастгир карданам чоҳ канданд
Ва пеши поям дом гузоштанд.+
23 Эй Яҳува, ту нағз медонӣ, ки онҳо қасди куштани маро доранд.+
Хатои онҳоро рӯпӯш накун
Ва гуноҳашонро аз ҳузурат пок насоз.
19 Яҳува чунин мегӯяд: «Рафта, аз кӯзагар кӯзаи сафолин бихар+ ва аз миёни халқ ва коҳинон ҳамроҳи худ якчанд пирро бигир. 2 Сипас ба водии Писари Ҳиннӯм,+ ки назди даромадгоҳи дарвозаи Сафолпораҳо ҷойгир аст, бирав ва суханонеро, ки ба ту мегӯям, эълон намо. 3 Чунин бигӯ: “Паёми Яҳуваро бишнавед, эй подшоҳони Яҳудо ва мардуми Ерусалим! Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд:
“Ман бар ин макон фалокате меорам, ки кас, агар дар бораи он шунавад, гӯшаш ҷарангос мезанад, 4 зеро онҳо маро тарк карданд+ ва ин маконро бароям бегона сохтанд.+ Дар ин ҷо онҳо ба худоёни дигар қурбонӣ меоранд, ки онҳоро на худашон мешинохтанд, на бобоёнашон ва на подшоҳони Яҳудо. Онҳо ин маконро аз хуни бегуноҳон пур карданд.+ 5 Онҳо барои Баал баландиҳо сохтанд ва дар онҳо писаронашонро чун қурбониҳои сӯхтанӣ оварданд,+ ки инро ман нафармудаву нагуфта будам ва ин ҳатто ба гӯшаи хаёлам наомада буд.+
6 Аз ин рӯ замоне меояд, ки,— мегӯяд Яҳува,— дигар ин макон Тӯфет ё водии Писари Ҳиннӯм хонда намешавад, балки водии Куштор ном мегирад.+ 7 Ман дар ин ҷо нақшаҳои Яҳудо ва Ерусалимро вайрон мекунам. Ман тавре мекунам, ки онҳо аз дами шамшери душманонашон ва аз дасти онҳое, ки қасди ҷонашонро доранд, кушта шаванд. Ман ҷасади онҳоро хӯроки парандагони осмон ва ҷонварони саҳро мегардонам.+ 8 Ман бо ин шаҳр чунон кунам, ки ҳар касе онро бубинад, ба даҳшат афтода, аз ҳайронӣ ба ҳолаш ҳуштак кашад. Ҳар як раҳгузар бо даҳшат ба он назар дӯхта, аз ҳама балоҳое, ки бар сари он омадааст, ба ҳайрат меафтаду ҳуштак мекашад.+ 9 Ман тавре мекунам, ки онҳо гӯшти писарон ва духтаронашонро хӯранд. Ҳар яки онҳо гӯшти ёрашро хоҳад хӯрд, зеро душманон ва онҳое, ки қасди ҷонашонро доранд, онҳоро гирд карда, муҳосира мекунанд ва ба танг меоранд”.+
10 Сипас дар пеши чашми ҳамроҳонат кӯзаро бишкан 11 ва ба онҳо бигӯ: “Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Ман ин халқ ва ин шаҳрро ҳамин тавр мешиканам ва онҳо мисли кӯзаи шикастае мешаванд, ки онро пайванд кардан номумкин аст. Онҳо дар Тӯфет мурдаҳоро гӯр хоҳанд кард, то даме ки ҷой намонад.+
12 Ман бо ин макон ва мардуми он чунин хоҳам кард,— мегӯяд Яҳува,— ман ин шаҳрро мисли Тӯфет мегардонам. 13 Хонаҳои Ерусалим ва подшоҳони Яҳудо мисли ин макон, яъне Тӯфет, нопок мешаванд,+ зеро дар бомҳои ин хонаҳо барои лашкари осмон+ қурбониҳо ва барои худоҳои дигар ҳадияҳои рехтанӣ меоварданд”».+
14 Вақте Ирмиё аз Тӯфет, ки Яҳува ӯро ба он ҷо барои пешгӯйӣ кардан фиристода буд, омад, дар саҳни хонаи Яҳува истода, ба тамоми мардум гуфт: 15 «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман бар сари ин шаҳр ва ҳамаи шаҳракҳои тобеаш тамоми фалокатҳоеро, ки гуфта будам, меорам, зеро онҳо гарданшахӣ карда, ба суханони ман гӯш надоданд”».+
20 Вақте Ирмиё ин чизҳоро пешгӯйӣ мекард, Фашҳури писари Иммир, ки коҳин ва сардори нозирони хонаи Яҳува буд, ӯро гӯш мекард. 2 Он вақт Фашҳур пайғамбар Ирмиёро зад ва назди дарвозаи болоии Бинёмин, ки дар хонаи Яҳува аст, ӯро бо кунда бандубаст кард*.+ 3 Рӯзи дигар Фашҳур Ирмиёро аз кунда озод кард ва Ирмиё ба ӯ гуфт:
«Яҳува номи туро Фашҳур* не, балки Даҳшати гирду атроф мондааст.+ 4 Яҳува чунин мегӯяд: “Ман туро барои худат ва барои тамоми дӯстонат даҳшат мегардонам ва онҳо дар пеши назарат аз дами шамшери душманонашон нобуд хоҳанд шуд.+ Ман тамоми Яҳудоро ба дасти подшоҳи Бобил месупорам ва ӯ онҳоро ба асирӣ гирифта, ба Бобил мебарад ва аз дами шамшер мегузаронад.+ 5 Ман тамоми сарват, дороӣ, чизҳои қиматбаҳои ин шаҳр ва тамоми ганҷҳои подшоҳони Яҳудоро ба дасти душман месупорам.+ Душманонашон онҳоро тороҷ мекунанд ва гирифта, ба Бобил мебаранд.+ 6 Ту бошӣ, эй Фашҳур, ва тамоми аҳли хонаводаат ба асирӣ меравед. Шумо ба Бобил меравед ва он ҷо мемиред. Ту дар он ҷо бо тамоми дӯстонат гӯронида мешавӣ, зеро ба онҳо дурӯғро пешгӯйӣ кардӣ”».+
7 Эй Яҳува, ту маро фиреб додӣ ва ман фиреб хӯрдам.
Ту қуввататро бар зидди ман истифода бурдӣ ва зӯр баромадӣ.+
Тамоми рӯз хандахариши мардум шудам.
Ҳама ба ҳолам механдад.+
8 Ҳар гоҳе сухан бигӯям, фарёд зада эълон мекунам:
«Зӯроварӣ ва харобӣ!»
Аз барои сухани Яҳува маро тамоми рӯз паст мезананд ва масхара мекунанд.+
9 Ба худ гуфтам: «Дигар номашро ба забон намеорам
Ва ба номи ӯ дигар сухан намегӯям»,+
Вале суханаш дар дилам ва дар устухонҳоям мисли оташи сӯзоне буд.
Ман аз нигоҳ доштани он хаста шудам,
Тобу тоқате надоштам.+
10 Бисёр овозаҳои бад ба гӯшам мерасад,
Даҳшат маро фаро гирифтааст.+
«Ӯро таъна занед, биёед ӯро таъна занем!»
Хайрхоҳонам шикасти маро интизор шуда,+ мегӯянд:
«Канӣ бинем, ягон аблаҳӣ мекунад,
Ки дастболо шуда, қасдамонро бигирем».
11 Вале Яҳува мисли ҷанговари ваҳмангез бо ман буд.+
Барои ҳамин дунболагиронам пешпо мехӯранд ва дастболо намешаванд.+
Онҳо шармандаву шармсор мегарданд, зеро комёб намегарданд.
Онҳо то абад сарпаст мешаванд ва ин фаромӯш нахоҳад шуд.+
12 Ту, эй Яҳува, Худои лашкарҳо, росткорро тафтиш мекунӣ.
13 Ба Яҳува бисароед! Яҳуваро ситоиш кунед!
Зеро ӯ ҷони камбағалро аз дасти бадкорон раҳо кардааст.
14 Нест бод рӯзе, ки дар он ба дунё омадам!
Лаънат ба рӯзе, ки модарам маро зодааст!+
15 Лаънат бар касе, ки ба падарам хушхабар оварда гуфтааст:
«Писардор шудӣ!»,
Ва ӯро бениҳоят шод гардондааст.
16 Бигзор он кас мисли шаҳрҳое шавад, ки Яҳува бе пушаймонӣ зеру забар кард.
Бигзор ӯ саҳаргоҳон садои оҳу фиғон ва нисфирӯзӣ бонги хатарро бишнавад.
21 Аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё паём омад, вақте подшоҳ Сидқиёҳу+ назди ӯ Фашҳури+ писари Малкиё ва Сафанё,+ писари Маасиёҳуи коҳинро, фиристода, гуфт: 2 «Илтимос, аз Яҳува барои мо бипурс, зеро шоҳ Набукаднесар*, подшоҳи Бобил, бар зидди мо ҷанг мекунад.+ Шояд, Яҳува барои мо яке аз корҳои аҷоибашро ба амал орад, то ӯ ақиб гардад».+
3 Ирмиё ба онҳо гуфт: «Ба Сидқиёҳу чунин бигӯед: 4 “Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман аслиҳаеро, ки дар даст дореду бо он бо подшоҳи Бобил+ ва калдониёне, ки шуморо аз беруни девор муҳосира кардаанд, меҷангед, бар зидди шумо мегардонам. Ман онҳоро дар миёни ин шаҳр ҷамъ меорам. 5 Ман бо дасти пурзӯру бозуи қавӣ, бо қаҳру ғазаб ва хашми бузург+ бар зидди шумо ҷанг мекунам.+ 6 Ман сокинони ин шаҳрро, ҳам одамону ҳам ҳайвонотро, зарба мезанам ва онҳо аз вабои бузург мемуранд.+
7 Баъд аз ин,— мегӯяд Яҳува,— ман Сидқиёҳуи подшоҳи Яҳудову хизматгоронаш ва касонеро, ки дар ин шаҳр аз вабо, шамшер ва қаҳтӣ наҷот ёбанд, ба дасти Набукаднесари подшоҳи Бобил, ба дасти душманонашон, ки қасди ҷони онҳоро доранд, месупорам.+ Ӯ онҳоро аз дами шамшер мегузаронад ва ба онҳо раҳму шафқат ва дилсӯзӣ намекунад”.+
8 Ба ин халқ бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ба шумо роҳи ҳаёт ва роҳи маргро пешниҳод мекунам. 9 Ҳар кӣ дар ин шаҳр боқӣ монад, аз шамшер, қаҳтӣ ва вабо хоҳад мурд, лекин, ҳар кӣ баромада, ба калдониёне, ки шуморо муҳосира кардаанд, таслим шавад, зинда мемонад ва ҷонаш ба вай чун ғанимат дода мешавад*.+
10 Ман рӯйи худро бар зидди ин шаҳр на ба некӣ, балки ба бадӣ гардондаам,+— мегӯяд Яҳува.— Ман онро ба дасти подшоҳи Бобил медиҳам+ ва ӯ шаҳрро оташ мезанад”.+
11 Эй хонадони шоҳи Яҳудо, паёми Яҳуваро бишнавед. 12 Эй хонадони Довуд, Яҳува чунин мегӯяд:
“Ҳар саҳар аз рӯйи инсоф рафтор кунед
Ва ғоратшударо аз дасти қаллоб раҳо созед,+
Набошад ба сабаби корҳои бадатон+
Оташи ғазабам аланга мегирад+
Ва касе нахоҳад буд, ки онро хомӯш кунад.
13 Ман бар зидди ту мебароям, эй сокини водӣ,
Ва, эй кӯҳпорае, ки дар ҳамворӣ ҷойгир шудаӣ,— мегӯяд Яҳува.—
Ҳамчунин бар зидди онҳое, ки мегӯянд: “Кӣ бар зидди мо мебарояд?
Кӣ ба макони мо медарояд?”
14 Ман бо шумо аз рӯйи корҳоятон
Ҳисобу китоб мекунам,+— мегӯяд Яҳува.—
Ман ҷангалатонро оташ мезанам
Ва он тамоми чизи гирду атрофатонро фурӯ мебарад”».+
22 Яҳува мегӯяд: «Ба қасри подшоҳи Яҳудо бирав ва ин паёмро расон. 2 Чунин бигӯ: “Суханони Яҳуваро бишнав, эй подшоҳи Яҳудо, ки бар тахти Довуд нишастаӣ — ту, хизматгоронат ва халқат — ҳамаи касоне, ки аз ин дарвозаҳо медароед. 3 Яҳува чунин мегӯяд: “Тарафдори адолату росткорӣ бошед. Ғоратшударо аз дасти қаллоб раҳо кунед. Ғарибро ба танг наоред ва ятиму бевазанро азоб надиҳед.+ Дар ин макон хуни бегуноҳро нарезед.+ 4 Агар шумо ба ин суханон бодиққат гӯш диҳед, он гоҳ подшоҳоне, ки бар тахти Довуд нишастаанд,+ савори аспу ароба бо хизматгорону халқашон аз дарвозаҳои ин хона хоҳанд даромад.+
5 Вале, агар ба ин суханон гӯш надиҳед, ба номи худам қасам ки,— мегӯяд Яҳува,— ин хона ба харобазор табдил меёбад”.+
6 Яҳува дар бораи хонадони подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд:
“Ту бароям мисли Ҷилъодӣ,
Монанди қуллаи Лубнонӣ,
Вале ман туро ба биёбон табдил хоҳам дод,
Ҳеҷ яке аз шаҳрҳоят одамнишин нахоҳад шуд.+
7 Ман бар зидди ту харобгаронро таъйин мекунам,
Ҳар яки онҳо дар даст аслиҳа доранд.+
Онҳо беҳтарин дарахтони сидраатро мебуранд
Ва ба оташ мепартоянд.+
8 Халқҳои зиёде аз пеши ин шаҳр гузашта, ба якдигар хоҳанд гуфт: “Барои чӣ Яҳува бо ин шаҳри бузург чунин кард?”+ 9 Онҳо ҷавоб хоҳанд дод: “Барои он ки онҳо аҳди Худояшон Яҳуваро тарк намуданд ва худоҳои дигарро саҷдаю ибодат карданд”.+
10 Барои мурда гиря накунед
Ва барои ӯ мотам нагиред,
Балки барои касе, ки меравад, хун бигирйед,
Зеро ӯ дигар зодгоҳашро нахоҳад дид.
11 Яҳува дар бораи Шаллуми*+ писари Юшиёи подшоҳи Яҳудо, ки ба ҷойи падараш Юшиё подшоҳ шуд+ ва аз ин макон рафт, чунин мегӯяд: “Ӯ дигар барнамегардад. 12 Ӯ дар сарзамине, ки ба асирӣ бурда шуд, хоҳад мурд ва ин заминро дигар нахоҳад дид”.+
13 Вой бар ҳоли касе, ки хонаашро бар росткорӣ
Ва болохонаҳояшро бар инсоф бино намекунад.
Касе, ки ёрашро муфт кор мефармояд
Ва ба ӯ музд намедиҳад.+
14 Ӯ мегӯяд: “Бароям хонаи калон
Бо болохонаҳои барҳаво месозам.
Бар он тирезаҳо мешинонам
Ва бо дарахти сидра рӯпӯш карда, бо ранги сурх ранг мекунам”.
15 Оё фикр мекунӣ, ки, агар аз дигарон бештар дарахти сидраро истифода барӣ, ҳукмрониятро давом медиҳӣ?
16 Ӯ ба доди ғамзадаву бечора мерасид,
Барои ҳамин некуаҳвол буд.
Магар маро шинохтан ҳамин нест? — мегӯяд Яҳува.—
17 Аммо чашму дили ту фақат аз пайи ризқи ҳаром,
Рехтани хуни бегуноҳ
Ва бо роҳи фиребу зӯрӣ ғун кардани мол аст”.
18 Аз ин рӯ Яҳува дар бораи Еҳуёқими+ писари Юшиёи подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд:
“Барои ӯ нола карда, ба якдигар нахоҳанд гуфт:
“Вой, эй бародарам! Вой, эй хоҳарам!”
Барои ӯ нола нахоҳанд кард:
“Вой хӯҷаин! Вой аълоҳазрат!”
20 Ба Лубнон баро ва фарёд бизан,
Бар Бошон овозатро баланд кун
Ва аз Аборим+ доду фиғон бизан,
Зеро ҳама хушдоронат шикаст хӯрдаанд.+
21 Ман дар замони тинҷиву оромият ба ту гап задам,
Вале ту гуфтӣ: “Гӯш намекунам!”+
Ту аз ҷавоният ҳамин хел мекардӣ
Ва ба овози ман гӯш намедодӣ.+
22 Шамол ҳама чӯпононатро чӯпонӣ хоҳад кард+
Ва хушдоронат ба асирӣ бурда хоҳанд шуд.
Он гоҳ ба сабаби ҳама бадбахтиҳоят шармандаву сарпаст хоҳӣ шуд.
23 Эй сокини Лубнон,+
Ки дар миёни сидраҳо+ лона сохтаӣ,
Чӣ қадар ту аз дарди ҷонкоҳ оҳу воҳ хоҳӣ кард,
Мисли зане, ки дар вақти зоиш азоб мекашад.+
24 Ба ҳаёти худ қасам,— мегӯяд Яҳува, Худои зинда,— ҳатто агар ту, эй Кониёи*+ писари Еҳуёқими+ подшоҳи Яҳудо, дар дасти ростам ангуштарини муҳрдор мебудӣ, аз он ҷо ҳам туро кашида мепартофтам! 25 Ман туро ба дасти онҳое, ки қасди ҷонатро доранду ту аз онҳо метарсӣ, ба дасти Набукаднесари подшоҳи Бобил ва ба дасти калдониён, месупорам.+ 26 Ман тую модаратро, ки туро зодааст, ба замини дигаре, ки он ҷо ба дунё наомадаед, мепартоям ва шумо он ҷо хоҳед мурд. 27 Шумо ба замине, ки пазмонаш мешавед, нахоҳед баргашт.+
28 Оё ин шахс — Кониё, зарфи нафратовару шикаста
Ва кӯзаи нодаркорест?
Чаро ӯву наслаш берун афканда шуда,
Ба замини барояшон ношиносе партофта мешаванд?”+
29 Эй замин, эй замин, эй замин, сухани Яҳуваро бишнав.
30 Яҳува чунин мегӯяд:
“Дар бораи ин шахс нависед, ки ӯ бефарзанд мегардад,
Ва як умр бебарор мемонад,
Зеро ҳеҷ яке аз наслаш бар тахти Довуд нишаста,
Бар Яҳудо ҳукмронӣ нахоҳад кард”».+
23 «Вой бар ҳоли чӯпононе, ки гӯсфандони рамаи маро нобуду пароканда месозанд!» — мегӯяд Яҳува.+
2 Аз ин рӯ Яҳува, Худои Исроил, бар зидди чӯпононе, ки халқи ӯро чӯпонӣ мекунанд, чунин мегӯяд: «Шумо гӯсфандони маро пароканда сохтед. Шумо онҳоро титу парешон намудед ва ба онҳо диққат надодед.+
Аз ин рӯ ман ба шумо аз сабаби корҳои бадатон диққат медиҳам,— мегӯяд Яҳува.—
3 Сипас ман бақияи гӯсфандонамро аз ҳама кишварҳое, ки онҳоро пароканда намудаам, ҷамъ мекунам+ ва ба чарогоҳҳои худашон бармегардонам+ ва онҳо серфарзанду сершумор мешаванд.+ 4 Ман бар онҳо чӯпононеро таъйин мекунам, ки онҳоро нағз нигоҳубин кунанд.+ Онҳо дигар тарсону ҳаросон намешаванд ва ҳеҷ якеашон гум намешавад,— мегӯяд Яҳува.—
5 Инак, рӯзҳое меоянд,— мегӯяд Яҳува,— ки ман барои Довуд навдаи* росткореро ба миён меорам.+ Ӯ подшоҳӣ намуда,+ бо дурандешӣ* амал хоҳад кард ва адлу инсофро дар рӯйи замин нигоҳ хоҳад дошт.+ 6 Дар рӯзҳои ӯ Яҳудо наҷот ёфта,+ Исроил дар амонӣ зиндагӣ хоҳад кард.+ Ин аст номе, ки ӯ бо он хонда мешавад: Яҳува адолати мост.+
7 Аммо рӯзҳое меоянд,— мегӯяд Яҳува,— ки дигар касе чунин нахоҳад гуфт: “Қасам ба номи Яҳува, Худои зинда, Худое, ки халқи Исроилро аз замини Миср берун овардааст!”,+ 8 балки чунин хоҳанд гуфт: “Қасам ба номи Яҳува, Худои зинда, Худое, ки фарзандони хонадони Исроилро аз замини шимол ва аз ҳама ҷову маконе, ки онҳоро пароканда карда буд, берун овардааст!” Он вақт онҳо дар замини худ зиндагӣ хоҳанд кард».+
9 Дар ҳаққи пайғамбарон чунин мегӯям:
Дилам андарунам шикастааст,
Ҳамаи устухонҳоямро ларза фаро гирифтааст.
Аз боиси Яҳува ва суханони поки ӯ,
Мисли масте, монанди майзадае, гаштаам.
Онҳо бо роҳи бад равонаанд ва аз қуввати худ суиистифода мекунанд.
11 «Ҳам пайғамбар ва ҳам коҳин олуда* гаштаанд.+
Ман ҳатто дар хонаи худам бадкории онҳоро ёфтаам,+— мегӯяд Яҳува.—
12 Аз ин рӯ роҳи онҳо торику лағжонак аст.+
Онҳоро тела дода, хоҳанд ғалтонд.
Дар соли сазояшон,— мегӯяд Яҳува,—
Ман бар сари онҳо фалокат меорам.
13 Дар пайғамбарони Сомария+ чизи нафратоваре дидам.
Онҳо аз номи Баал пешгӯйӣ мекунанд
Ва халқи ман, Исроилро, гумроҳ месозанд.
14 Дар пайғамбарони Ерусалим низ чизи даҳшатовареро дидам.
Онҳо ба ҳамсари худ хиёнат мекунанд+ ва бо роҳи фиреб мераванд.+
Онҳо бадкоронро дастгирӣ мекунанд
Ва касе аз бадии худ намегардад.
15 Аз ин рӯ Яҳува, Худои лашкарҳо, бар зидди пайғамбарон чунин мегӯяд:
«Ман ба онҳо тахач мехӯронам
Ва заҳроба менӯшонам,+
Зеро осият аз пайғамбарони Ерусалим бар саросари замин паҳн гаштааст».
16 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд:
«Ба суханони пайғамбароне, ки ба шумо пешгӯйӣ мекунанд, гӯш надиҳед.+
Онҳо шуморо гумроҳ месозанд.
17 Онҳо ба касоне, ки ба ман беҳурматӣ мекунанд, гаштаву баргашта мегӯянд:
“Яҳува чунин мегӯяд: “Шумо дар амонӣ зиндагӣ хоҳед кард”,+
Ва ба ҳар касе, ки аз пайи дили якраваш меравад, чунин мегӯянд:
“Ҳеҷ балое бар саратон намеояд”.+
18 Кӣ дар миёни наздикони Яҳува истодааст,
То сухани ӯро дидаву шунида бошад?
Кӣ ба сухани ӯ диққат додааст, то онро бишнавад?
19 Тундбоди ғазаби Яҳува бошиддат хоҳад вазид,
Гирдбоди хашмаш бар сари бадкорон фуруд хоҳад омад.+
20 Ғазаби Яҳува, то хости дили ӯро иҷро накунад, паст намешавад,
Дар рӯзҳои охир шумо инро нағз мефаҳмед.
21 Ман пайғамбаронро нафиристодаам, вале онҳо медаванд.
Ба онҳо сухан нагуфтаам, вале онҳо пешгӯйӣ мекунанд.+
22 Агар онҳо аз бандагони наздикам мебуданд,
Ба халқи ман суханонамро мерасонданд
Ва онҳоро аз роҳу рафтори бадашон мегардонданд.+
23 Магар ман фақат Худои наздикиҳоям? — мегӯяд Яҳува.—
Магар Худои дуриҳо ҳам нестам?
24 Оё кас метавонад дар ҷое пинҳон шавад, ки ман ӯро набинам?+ — мегӯяд Яҳува.—
Магар дар осмону замин чизе ҳаст, ки аз назарам пинҳон бошад?+ — мегӯяд Яҳува.—
25 Пайғамбаронро шунидам, ки ба номи ман бардурӯғ пешгӯйӣ карда мегӯянд: “Ман хоб дидам! Ман хоб дидам!”+ 26 То ба кай ин пайғамбарон дар дилҳояшон дурӯғ бофта, пешгӯйиҳои дурӯғро ба забон меоранд? Онҳо аз фиреби дилашон сухан мегӯянд.+ 27 Онҳо ният доранд, ки бо хобҳое, ки ба якдигар нақл мекунанд, номи маро аз ёди халқам бибаранд, ҳамон тавре ки падаронашон номи маро аз сабаби Баал фаромӯш карданд.+ 28 Бигзор пайғамбаре, ки хоб дидааст, онро нақл кунад, вале ба ҳар кӣ паёми ман омада бошад, сухани ростро бигӯяд.
Магар коҳу гандум як чиз аст? — мегӯяд Яҳува.—
29 Магар сухани ман мисли оташ нест+ ва мисли путк нест, ки кӯҳпораро пора месозад?+ — мегӯяд Яҳува.—
30 Аз ин рӯ ман зидди пайғамбароне ҳастам, ки суханони маро аз якдигар медузданд,— мегӯяд Яҳува.+—
31 Ман бар зидди ин пайғамбарон ҳастам,— мегӯяд Яҳува,— бар зидди онҳое, ки ин суханонро ба забон меоранд: “Ӯ чунин мегӯяд!”+
32 Ман бар зидди пайғамбароне ҳастам, ки хобҳои дурӯғро нақл мекунанд, то халқи маро бо фиребу лофашон аз роҳ бизананд,+— мегӯяд Яҳува.—
Вале ман онҳоро нафиристодаам ва ба онҳо чизе нафармудаам. Аз ин рӯ онҳо ба халқ фоидае намеоранд,+— мегӯяд Яҳува.—
33 Вақте ин мардум ё пайғамбар ё коҳине аз ту бипурсад: “Ин дафъа бори* Яҳува чист?” Ба онҳо чунин ҷавоб деҳ: “Худатон бор ҳастед! Ман шуморо хоҳам партофт!”+ — мегӯяд Яҳува”. 34 Ман ҳар пайғамбар, коҳин ва ё каси дигареро, ки “Ин бори гарон аз ҷониби Яҳува аст!” мегӯяд, бо хонаводааш гирифтори ҷазо месозам. 35 Ҳар яки шумо ба ёр ва бародараш чунин мегӯяд: “Яҳува чӣ ҷавобе додааст? Яҳува чӣ гуфтааст?” 36 Вале “бори Яҳува” дигар нагӯед, зеро сухани ҳар яки шумо бори зиёдатист. Шумо суханони Худоямон Яҳува, Худои зинда, Худованди лашкарҳоро, дигар кардед.
37 Ба пайғамбар чунин бигӯ: “Яҳува ба ту чӣ гуна ҷавоб додааст? Яҳува ба ту чӣ гуфтааст? 38 Агар “бори Яҳува” гуфтан гирӣ, Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ба ту гуфтам, ки дигар “Ин сухани Яҳува бароямон бори гаронест” нагӯӣ, вале ту ба гапам гӯш надода мегӯӣ: “Бори гарон аз ҷониби Яҳува”, 39 бинобар ин ман туро гирифта, аз ҳузури худ дур меандозам, ҳам туро ва ҳам шаҳреро, ки ба туву бобоёнат додаам. 40 Ман бар сари ту расвоии абадӣ ва шармандагии доимӣ меорам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад”».+
24 Баъд аз он ки подшоҳи Бобил — Набукаднесар, Еконё*,+ писари Еҳуёқими+ подшоҳи Яҳудоро, бо мирони Яҳудо ва ҳунармандону оҳангаронаш* аз Ерусалим ба Бобил бурд,+ Яҳува ба ман ду сабади анҷирро, ки дар назди ибодатгоҳи Яҳува меистод, нишон дод. 2 Як сабад анҷири бисёр нағз дошт, ки мисли анҷирҳои пешпазак буд, аммо сабади дигар анҷири чунон гандае дошт, ки онҳоро хӯрдан номумкин буд.
3 Сипас Яҳува аз ман пурсид: «Эй Ирмиё, чиро мебинӣ?» Ман гуфтам: «Анҷирҳоро, анҷирҳои нағзро, ки хеле нағзанд, аммо анҷирҳои ганда хеле гандаанд ва онҳоро хӯрдан номумкин аст».+
4 Он гоҳ аз Яҳува ба ман чунин паём омад: 5 «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Асирони Яҳудо ва онҳое, ки аз ин макон ба замини калдониён фиристодаам, бароям мисли ин анҷирҳои хубанд ва ман ба онҳо нағз муносибат хоҳам кард. 6 Чашмам бар онҳо хоҳад буд, то ба онҳо кумак кунам. Ман онҳоро ба ин замин бармегардонам+ ва онҳоро обод мекунам, на хароб, парвариш мекунам, на решакан.+ 7 Ба онҳо диле ато мекунам, то маро бишносанд, ки ман Яҳува ҳастам.+ Онҳо халқи ман хоҳанд буд ва ман Худои онҳо,+ зеро онҳо бо тамоми дил сӯйи ман хоҳанд баргашт.+
8 Дар бораи анҷирҳои ганда, ки онҳоро хӯрда намешавад,+ Яҳува мегӯяд: “Сидқиёҳуи+ подшоҳи Яҳудо, миронаш, бақияи Ерусалим, ки дар ин замин боқӣ мондааст, ва онҳое, ки дар Миср+ зиндагӣ мекунанд, бароям мисли ин анҷирҳои гандаянд. 9 Ман бар сари онҳо мусибате меорам, ки ҳама мамлакатҳои рӯйи замин ҳоли зорашонро дида, ба даҳшат оянд+ ва, дар ҳар ҷое ки онҳоро пароканда созам,+ шарманда, гапи даҳони мардум, хандахариш ва лаънатзада+ шаванд. 10 То даме онҳоро аз замине, ки ба онҳову бобоёнашон додаам, нобуд насозам, бар зиддашон шамшер,+ қаҳтӣ ва ваборо+ мефиристам”».
25 Дар соли чоруми ҳукмронии Еҳуёқими+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, ки соли якуми подшоҳии Набукаднесари подшоҳи Бобил буд, ба Ирмиё дар бораи тамоми халқ чунин паём фиристода шуд: 2 Ин аст суханоне, ки пайғамбар Ирмиё ба тамоми халқи Яҳудо ва ҳамаи сокинони Ерусалим гуфт:
3 «Аз соли 13-уми ҳукмронии Юшиёи+ писари Омӯн, подшоҳи Яҳудо, то ба имрӯз, яъне тӯли 23 сол, паёми Яҳува ба ман фиристода мешуд. Ман такрор ба такрор* ба шумо гап мезадам, вале шумо гӯш намедодед.+ 4 Яҳува тамоми бандаҳояш пайғамбаронро назди шумо такрор ба такрор мефиристод, вале шумо гӯш намекардед ва диққат намедодед.+ 5 Онҳо мегуфтанд: “Илтимос, ҳар яке аз роҳу рафтори бадатон гардед.+ Он гоҳ дар замине, ки Яҳува аз қадим ба шумою бобоёнатон дода буд, дурудароз зиндагӣ мекунед. 6 Аз пайи худоёни бегона наравед, онҳоро парастиш накунед ва ба онҳо саҷда набаред. Бо ин корҳоятон Худоро дарғазаб насозед, то ба саратон фалокат наорад”.
7 Яҳува мегӯяд: “Шумо ба ман гӯш надодед, балки бо амали дастонатон маро дарғазаб кардед ва худро гирифтори фалокат намудед”.+
8 Аз ин рӯ Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Азбаски ба суханонам гӯш надодед, 9 ман тамоми қабилаҳои шимол ва бандаам, Набукаднесари подшоҳи Бобилро,+ ҷамъ меорам,+— мегӯяд Яҳува,— ва бар зидди ин замин,+ сокинонаш ва тамоми халқҳои гирду атрофаш бармехезонам.+ Ман онҳоро ба нестӣ месупорам ва тавре мекунам, ки ҳар кӣ онҳоро бубинад, ба даҳшат ояд ва аз ҳайрат ба ҳолашон ҳуштак кашад. Ман онҳоро абадан харобазор мегардонам 10 ва садои хушнудию шодмонӣ,+ садои домоду арӯс,+ садои дастос* ва равшании чароғро аз миёни онҳо нест мекунам. 11 Тамоми ин замин ба харобазор ва даҳшатзор табдил меёбад ва ин халқҳо 70 сол ба подшоҳи Бобил хизмат мекунанд.+
12 Вале баъди пурра шудани 70 сол+ ман бо подшоҳи Бобил ва халқаш ҳисобамро баробар мекунам*,+— мегӯяд Яҳува,— ва замини калдониёнро барои хатояш ба харобазори абадӣ табдил медиҳам.+ 13 Ман бар он замин тамоми он чиро, ки бар зиддаш гуфтаам, ҳамаи он чиро, ки дар ин китоб навишта шудааст, яъне он чиро, ки Ирмиё бар зидди тамоми ин халқҳо пешгӯйӣ кардааст, хоҳам овард. 14 Онҳоро халқҳои зиёд ва подшоҳони бузург+ ғуломи худ мегардонанд+ ва ман ба онҳо мувофиқи рафторашон ва аз рӯйи амали дастонашон подош медиҳам”».+
15 Яҳува, Худои Исроил, ба ман чунин гуфт: «Ин косаи шароби ғазабро аз дасти ман бигир ва ба тамоми халқҳое, ки туро наздашон мефиристам, бинӯшон. 16 Онҳо онро нӯшида, хоҳанд калавид ва аз зарби шамшере, ки ба миёнашон мефиристам, мисли девона рафтор хоҳанд кард».+
17 Ман косаро аз дасти Яҳува гирифта, ба тамоми халқҳое, ки Яҳува маро наздашон фиристода буд, нӯшонидам.+ 18 Ман онро аввал ба Ерусалиму шаҳрҳои Яҳудо, подшоҳонаш ва миронаш нӯшонидам,+ то онҳо харобу лаънатзада гарданд ва, ҳар кӣ онҳоро бинад, ба даҳшат омада аз ҳайрат ба ҳолашон ҳуштак кашад,+ чуноне ки имрӯз аст. 19 Сипас ба фиръавн — подшоҳи Миср, хизматгоронаш, миронаш, тамоми халқаш,+ 20 ва тамоми мардуми гуногунқабилааш, ба тамоми подшоҳони Ус, тамоми подшоҳони фалиштиён,+ Ашқалӯн,+ Ғазза, Эқрӯн ва бақияи Ашдӯд, 21 ба адӯмиён,+ мӯобиён+ ва аммӯниён,+ 22 ба тамоми подшоҳони Сӯр, тамоми подшоҳони Сидӯн+ ва подшоҳони ҷазираи баҳр, 23 ба Дадон,+ Темо, Бӯз ва ҳамаи онҳое, ки мӯйҳои чаккаашонро метарошанд,+ 24 ба тамоми подшоҳони Арабистон+ ва тамоми подшоҳони мардуми гуногунқабилаи биёбоннишин, 25 ба тамоми подшоҳони Зимрӣ, тамоми подшоҳони Элом,+ тамоми подшоҳони Модай,+ 26 ба тамоми подшоҳони шимол, аз дуру наздик, яке пайи дигаре ва ба тамоми подшоҳиҳои рӯйи замин нӯшонидам. Баъди онҳо подшоҳи Шешак*+ низ менӯшад.
27 «Ба онҳо бигӯ: Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Бинӯшед, маст шавед ва қай карда, биафтед, то аз зарби шамшере, ки бар миёни шумо мефиристам, бархеста натавонед”.+ 28 Агар онҳо косаро аз дасти ту гирифта, нӯшидан нахоҳанд, ба онҳо бигӯ: “Яҳува, Худои лашкарҳо, мегӯяд: “Аз он бинӯшед! 29 Агар ман аввал бар шаҳре, ки бо номам хонда шудааст, фалокат орам,+ наход шумо беҷазо монед?!+
Шумо беҷазо намемонед, зеро ман бар зидди тамоми мардуми замин шамшер меорам”,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.
30 Ту тамоми ин суханонро ба онҳо пешгӯйӣ карда бигӯ:
“Яҳува аз боло наъра мезанад
Ва аз ҷойгоҳи покаш садояш шунида мешавад.
Ӯ бар сари макони худ бо овози баланд наъра мезанад.
Мисли онҳое, ки ангурро пахш мекунанд,
Ӯ бо тантана бар зидди тамоми сокинони замин хоҳад суруд.
31 Ғулғула то ба канори замин шунида мешавад,
Зеро Яҳува бо халқҳо мурофиа дорад.
Ӯ тамоми одамонро худаш доварӣ мекунад+
Ва бадкоронро аз дами шамшер мегузаронад”,— мегӯяд Яҳува.
32 Яҳува, Худои лашкарҳо, мегӯяд: “Ана, фалокат аз халқе ба халқи дигар мегузарад+
Ва тундбоди шадиде аз канорҳои дурдасти замин бармехезад.+
33 Дар он рӯз шумораи куштагони Яҳува аз як канори замин то канори дигари он хоҳад буд. Дар ҳаққи онҳо касе мотам нахоҳад гирифт, онҳоро ҷамъ ё гӯручӯб нахоҳанд кард. Онҳо мисли поруе дар рӯйи замин хоҳанд хобид”.
34 Гиряву нола кунед, эй чӯпонон,
Бар замин ғел занед, эй бузургони рама,
Зеро рӯзи куштаву пароканда шуданатон фаро расидааст.
Шумо мисли зарфи пурқимате бар замин хоҳед афтод!
35 Барои чӯпонон ҷойи гурезе нест
Ва бузургони рама наметавонанд халос шаванд.
36 Фиғони чӯпонон
Ва нолаи бузургони рама ба гӯш мерасад,
Зеро Яҳува чарогоҳашонро валангор кардааст.
37 Аз оташи ғазаби Яҳува
Дар маконҳои тинҷу ором ҷони зиндае намондааст.
38 Ӯ монанди шери ҷавон+ аз хонааш баромадааст,
Аз зарби шамшери хунрез ва оташи ғазаби ӯ
Замини онҳо даҳшатзор гардидааст».
26 Дар аввали ҳукмронии Еҳуёқими+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, аз Яҳува чунин паём омад: 2 «Яҳува чунин мегӯяд: “Дар саҳни хонаи Яҳува биист ва ба ҳама мардуме, ки аз шаҳрҳои Яҳудо барои парастиш ба хонаи Яҳува меоянд, сухан бигӯ. Ҳар он чиро, ки ба ту фармоям, ба онҳо якояк бигӯ, ҳеҷ чизро аз суханам кам накун. 3 Шояд, онҳо ба суханам гӯш диҳанду ҳар яке роҳи бадашро тарк кунад ва ман аз фикрам гардаму балоеро, ки аз сабаби бадкориҳояшон оварданиям, бар сари онҳо наорам.+ 4 Ба онҳо бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Агар шумо ба ман гӯш надиҳеду дастуреро, ки пешатон гузоштаам, ба ҷо наоред 5 ва ба суханони бандаҳоям пайғамбарон гӯш надиҳед, ҳамон тавре ки то ин дам онҳоро гаштаву баргашта мефиристодаму* шумо ба онҳо гӯш намедодед,+ 6 ман ин хонаро мисли Шилӯ+ мегардонам ва тавре мекунам, ки мардуми тамоми замин ҳангоми лаънатгӯйӣ номи ин шаҳрро барои намуна ба забон гиранд”».+
7 Ирмиё ин суханонро ба гӯши коҳинон, пайғамбарон ва ҳамаи мардум дар назди хонаи Яҳува гуфт.+ 8 Вақте Ирмиё ҳамаи суханонеро, ки Яҳува ба вай фармуда буд, гуфта тамом кард, коҳинон, пайғамбарон ва ҳамаи мардум ӯро дошта, гуфтанд: «Туро куштан даркор. 9 Чаро ту аз номи Яҳува пешгӯйӣ карда, гуфтӣ: “Ин хона мисли Шилӯ ва ин шаҳр харобазору беодам мешавад”?» Он вақт тамоми халқ назди хонаи Яҳува дар гирди Ирмиё ҷамъ шуд.
10 Вақте мирони Яҳудо ин суханонро шуниданд, аз хонаи подшоҳ берун омада, сӯйи хонаи Яҳува рафтанд ва дар даҳани дарвозаи нави хонаи Яҳува+ нишастанд. 11 Коҳинону пайғамбарон ба мирон ва тамоми халқ гуфтанд: «Ин шахс сазовори марг аст,+ зеро шумо бо гӯшҳои худ шунидед, ки ӯ бар зидди ин шаҳр пешгӯйӣ мекунад».+
12 Он гоҳ Ирмиё ба ҳама мирон ва тамоми мардум гуфт: «Маро барои пешгӯйӣ кардан бар зидди ин хона ва ин шаҳр Яҳува фиристодааст. Ҳамаи суханоне, ки шумо шунидед, аз ҷониби ӯ буданд.+ 13 Барои ҳамин роҳу рафторатонро дигар кунед ва ба овози Худоятон Яҳува гӯш диҳед. Он гоҳ Яҳува аз фикраш гашта, бар саратон фалокатеро, ки гуфта буд, намеорад.+ 14 Аммо ман дар дасти шумоям — ҳар коре дар назаратон хубу дуруст бошад, бо ман бикунед. 15 Фақат ҳаминро донед, ки, агар маро кушед, шумо — ин шаҳр ва мардуми он, дар рехтани хуни бегуноҳ айбдор мешавед, зеро маро, ҳақиқатан ҳам, Яҳува фиристодааст, то ин суханонро ба шумо бигӯям».
16 Он гоҳ мирон ва тамоми мардум ба коҳинону пайғамбарон чунин гуфтанд: «Ин шахс сазовори марг нест, зеро бо мо аз номи Худоямон Яҳува сухан гуфтааст».
17 Ҳамчунин баъзе аз пирони халқ бархоста, ба тамоми ҷамоати мардум чунин гуфтанд: 18 «Дар рӯзҳои Ҳизқиё,+ подшоҳи Яҳудо, Микои+ писари Мӯрашт пешгӯйӣ мекард. Ӯ ба тамоми мардуми Яҳудо чунин мегуфт: “Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд:
“Сион мисли киштзор ҷуфт карда мешавад,
Ерусалим ба харобазор табдил меёбад+
Ва кӯҳи ибодатгоҳ мисли теппаҳои ҷангалзор мегардад”.+
19 Оё Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, ва тамоми мардуми Яҳудо ӯро куштанд? Не, зеро подшоҳ аз Яҳува метарсид ва сӯйи Яҳува зорӣ кард, ба тавре ки Яҳува аз фикраш гашта, он фалокатеро, ки дар борааш гуфта буд, наовард.+ Агар мо низ чунин накунем, бар сари худ фалокат меорем.
20 Боз шахси дигаре буд, ки аз номи Яҳува гап мезад. Ӯ Уриё писари Шамаъёҳу аз Қирят-Яърим+ буд ва бар зидди ин шаҳр ва ин замин пешгӯйӣ мекард. Суханони ӯ ба суханони Ирмиё монанд буданд. 21 Вақте подшоҳ Еҳуёқим+ ва ҳама ҷанговарону мирони ӯ суханони Уриёро шуниданд, подшоҳ аз пайи куштани ӯ шуд.+ Уриё аз ин хабардор шуда, дарҳол ба тарс афтод ва ба Миср гурехт. 22 Подшоҳ Еҳуёқим Элнотони+ писари Акбӯр ва чанд каси дигарро аз қафои вай ба Миср фиристод. 23 Онҳо Уриёро дастгир карда, аз Миср ба пеши подшоҳ Еҳуёқим оварданд. Подшоҳ ӯро бо шамшер кушта,+ ҷасадашро ба гӯристони мардуми одӣ партофт».
24 Аҳиқоми+ писари Шофон+ низ Ирмиёро пуштигирӣ кард, то ӯро ба дасти мардум супурда, накушанд.+
27 Дар соли аввали ҳукмронии Еҳуёқими писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё паёме омад. 2 Яҳува ба ман чунин гуфт: «Барои худ бандҳову юғ* бисоз ва онҳоро ба гарданат бимон. 3 Сипас онҳоро ба подшоҳи Адӯм,+ подшоҳи Мӯоб,+ подшоҳи аммӯниён,+ подшоҳи Сӯр+ ва подшоҳи Сидӯн+ ба воситаи хабаррасононе, ки ба Ерусалим пеши Сидқиёҳу, подшоҳи Яҳудо, мераванд, бифирист. 4 Ба онҳо бифармо, ки ба хӯҷаинҳояшон чунин гӯянд:
“Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ба хӯҷаинони худ бигӯед, ки Худо чунин мегӯяд: 5 “Ман замин, одамизод ва ҷонварони рӯйи заминро бо қувваи бузург ва зӯри бозуям ба вуҷуд овардаам. Заминро ман офаридаам ва онро ба ҳар касе, ки хоҳам, медиҳам.+ 6 Акнун ман тамоми ин заминро ба дасти бандаам Набукаднесар,+ подшоҳи Бобил, додаам, ҳатто ҳайвонҳои саҳроро ба хизмати ӯ супурдаам. 7 Ҳамаи халқҳо ба ӯ ва писару наберааш хизмат хоҳанд кард, то даме ки навбати заминаш бирасад+ ва халқҳои зиёду подшоҳони бузург ӯро ғулом гардонанд.+
8 Агар ягон халқ ё подшоҳӣ аз хизмати подшоҳи Бобил, Набукаднесар, сар печад ва юғи подшоҳи Бобилро ба гардан намонад, ман ин халқро бо шамшер,+ қаҳтӣ ва вабо ҷазо хоҳам дод, то даме ки аз дасти ӯ нобуд шавад,— мегӯяд Яҳува.—
9 Аз ин рӯ ба пайғамбарон, фолбинон, хоббинон, сеҳргарон ва ҷодугаронатон, ки чунин мегӯянд: “Шумо ба подшоҳи Бобил хизмат нахоҳед кард”, гӯш надиҳед. 10 Онҳо ба шумо суханони дурӯғро пешгӯйӣ мекунанд, то ки шумо аз заминатон ронда шавед ва ман шуморо пароканда карда, нобуд созам.
11 Аммо халқеро, ки юғи подшоҳи Бобилро ба гардан мемонад ва ба ӯ хизмат мекунад, дар заминашон нигоҳ медорам, то онро кишт карда, дар он зиндагӣ кунанд”,— мегӯяд Яҳува».
12 Ман ин суханонро инчунин ба Сидқиёҳу,+ подшоҳи Яҳудо, гуфтам: «Юғи подшоҳи Бобилро ба гарданатон бигиред ва ба ӯву халқаш хизмат кунед, он гоҳ зинда хоҳед монд.+ 13 Чаро туву халқат аз шамшер,+ қаҳтӣ+ ва вабо+ бимиред? Охир, Яҳува гуфтааст, ки оқибати халқе, ки ба подшоҳи Бобил хизмат намекунад, ҳамин аст. 14 Ба суханони пайғамбарон, ки чунин мегӯянд: “Шумо ба подшоҳи Бобил хизмат нахоҳед кард”,+ гӯш надиҳед, зеро онҳо дурӯғ мегӯянд.+
15 “Ман онҳоро нафиристодаам ва онҳо аз номи ман суханони дурӯғро пешгӯйӣ мекунанд,— мегӯяд Яҳува,— ман шуморо ҳамроҳи пайғамбаронатон, ки ба шумо пешгӯйӣ мекунанд, пароканда ва нобуд месозам”».+
16 Ман ба коҳинон ва тамоми ин мардум чунин гуфтам: «Яҳува мегӯяд: “Ба суханони пайғамбаронатон, ки ба шумо пешгӯйӣ карда чунин мегӯянд: “Ашёи хонаи Яҳува аз Бобил ба наздикӣ баргардонида мешавад!”,+ гӯш надиҳед, зеро онҳо ба шумо суханони дурӯғро пешгӯйӣ мекунанд.+ 17 Онҳоро гӯш накунед. Ба подшоҳи Бобил хизмат кунед ва зинда монед.+ Чаро ин шаҳр харобазор гардад? 18 Агар онҳо пайғамбар бошанду сухани Яҳува бо онҳо бошад, бигзор аз Яҳува, Худои лашкарҳо, илтиҷо кунанд, то бақияи ашёе, ки дар хонаи Яҳува, дар хонаи подшоҳи Яҳудо ва дар Ерусалим мондааст, ба Бобил бурда нашавад.
19 Яҳува, Худои лашкарҳо, дар бораи чизҳои зерин паёме дорад: дар бораи сутунҳо,+ Баҳр*,+ аробаҳо+ ва бақияи ашёи ибодатгоҳ, ки дар ин шаҳр мондааст 20 ва подшоҳи Бобил, Набукаднесар, ҳангоми аз Ерусалим ба Бобил ба ғуломӣ бурдани Еконёи писари Еҳуёқим, подшоҳи Яҳудо, ва тамоми калоншавандагони Яҳудову Ерусалим нагирифта буд.+ 21 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, дар бораи бақияи ашёе, ки дар хонаи Яҳува, дар хонаи подшоҳи Яҳудо ва дар Ерусалим мондааст, чунин мегӯяд: 22 “Онҳо ба Бобил бурда мешаванд+ ва, то рӯзе ки ба онҳо назар накунам, дар он ҷо мемонанд,— мегӯяд Яҳува.— Вақте ба онҳо назар кунам, онҳоро ба ин макон бармегардонам”».+
28 Дар он сол, дар аввали ҳукмронии Сидқиёҳуи+ шоҳи Яҳудо, дар моҳи панҷуми соли чоруми ҳукмронияш, Ҳананёи пайғамбар, писари Аззур, ки аз Ҷибъӯн+ буд, дар хонаи Яҳува дар ҳузури коҳинон ва тамоми мардум ба ман гуфт: 2 «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман юғи* подшоҳи Бобилро+ мешиканам. 3 Дар давоми ду сол ман тамоми ашёи хонаи Яҳуваро, ки Набукаднесари подшоҳи Бобил аз ин ҷо гирифта, ба Бобил бурда буд, ба ин макон меорам.+ 4 Ҳамчунин ман Еконёи+ писари Еҳуёқими+ подшоҳи Яҳудо ва тамоми касонеро, ки аз Яҳудо ба Бобил ба асирӣ рафтаанд, ба ин макон бармегардонам,+— мегӯяд Яҳува,— ва ҳамин тавр юғи подшоҳи Бобилро мешиканам”».
5 Сипас пайғамбар Ирмиё дар ҳузури коҳинон ва тамоми мардум, ки дар хонаи Яҳува меистоданд, ба Ҳананёи пайғамбар гуфт: 6 «Омин!* Бигзор Яҳува ҳамин хел кунад! Бигзор Яҳува пешгӯйии туро ба ҷо ораду ашёи хонаи Яҳува ва тамоми асиронро аз Бобил ба ин макон баргардонад. 7 Вале, илтимос, суханеро, ки ба ту ва ба тамоми мардум мегӯям, бишнавед. 8 Дар замонҳои қадим пеш аз ману ту пайғамбарон дар бораи кишварҳои зиёду подшоҳиҳои бузург, дар бораи ҷанг, офат ва вабо пешгӯйӣ мекарданд. 9 Агар пайғамбар дар бораи осоиштагӣ пешгӯйӣ кунаду паёми ӯ рост барояд, он гоҳ маълум мешавад, ки ӯро дар ҳақиқат Яҳува фиристодааст».
10 Он гоҳ Ҳананёи пайғамбар юғро аз гардани пайғамбар Ирмиё гирифта, шикаст.+ 11 Сипас Ҳананё дар ҳузури тамоми мардум гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Ана ҳамин хел ду сол нагузашта ман юғи Набукаднесар, подшоҳи Бобилро, аз гардани тамоми халқҳо гирифта, мешиканам”».+ Пайғамбар Ирмиё бошад, бо роҳи худ рафт.
12 Баъди он ки Ҳананё юғеро, ки дар гардани пайғамбар Ирмиё буд, шикаст, аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё чунин паём омад: 13 «Рафта, ба Ҳананё бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ту юғи чӯбиро шикастӣ,+ вале ба ҷойи он юғи оҳанӣ месозӣ”. 14 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, мегӯяд: “Ман ба гардани тамоми ин халқҳо юғи оҳанӣ мегузорам ва онҳо бандагони Набукаднесари подшоҳи Бобил шуда, ба ӯ хизмат мекунанд.+ Ман ҳатто ҷонварони саҳроро ба ӯ медиҳам”».+
15 Пайғамбар Ирмиё ба Ҳананёи+ пайғамбар гуфт: «Эй Ҳананё, илтимос, ба гапам гӯш кун! Яҳува туро нафиристодааст, вале ту ба мардум ваъдаи дурӯғу пуч додиву онҳо ба гапат бовар карданд.+ 16 Аз ин рӯ Яҳува мегӯяд: “Ман туро аз рӯйи замин нест мекунам. Имсол ту мемирӣ, зеро мардумро бар зидди Яҳува шӯр андохтӣ”».+
17 Ҳананёи пайғамбар ҳамон сол дар моҳи ҳафтум мурд.
29 Ин аст суханони мактуби пайғамбар Ирмиё, ки ӯ аз Ерусалим ба коҳинон, пайғамбарон, тамоми мардум ва ба он пироне, ки дар миёни асирон буданд, фиристод. Ӯ ин мактубро ба мардуме, ки Набукаднесар аз Ерусалим ба асирии Бобил бурд, фиристод. 2 Ин баъд аз он рӯй дод, ки подшоҳ Еконё,+ модари шоҳ,+ ходимони дарбор, мирони Яҳудову Ерусалим ва устоҳову оҳангарон* аз Ерусалим бурда шуданд.+ 3 Ӯ мактубро ба дасти Элъосои писари Шофон+ ва Ҷамарёи писари Ҳилқиёҳу роҳӣ кард, ки онҳоро подшоҳи Яҳудо — Сидқиёҳу,+ ба Бобил, сӯйи Набукаднесари подшоҳи Бобил, фиристода буд. Дар он нома чунин гуфта шуда буд:
4 «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, ба тамоми мардуме, ки бо хости ман аз Ерусалим ба асирии Бобил бурда шуданд, чунин мегӯяд: 5 “Хонаҳо бино карда, дар онҳо зиндагӣ кунед. Боғҳо шинонда, аз меваи дарахтонашон бихӯред. 6 Зан бигиреду соҳиби писарону духтарон шавед. Писарону духтаронатонро хонадор кунед, то онҳо низ соҳиби писарону духтарон шаванд. Дар он ҷо зиёд шаведу кам не. 7 Аз пайи осоиштагии шаҳре шавед, ки бо хости ман ба он ҷо ба асирӣ бурда шудаед, ва дар ҳаққи он шаҳр ба Яҳува дуо гӯед, зеро осоиштагии он шаҳр осоиштагии шумост.+ 8 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Нагузоред, ки пайғамбарону фолбинони шумо, ки дар миёнатон ҳастанд, шуморо фиреб диҳанд.+ Ба хобҳое, ки онҳо мебинанд, бовар накунед. 9 Онҳо аз номи ман ба шумо дурӯғро пешгӯйӣ мекунанд. Ман онҳоро нафиристодаам,+— мегӯяд Яҳува”.
10 Яҳува чунин мегӯяд: “Вақте дар Бобил 70 сол умр ба сар баред, ман сӯйи шумо назар мекунам+ ва ба ваъдаам вафо намуда, шуморо ба ин ҷо бармегардонам.+
11 Ман медонам, ки дар ҳаққи шумо чӣ нияте дорам,— мегӯяд Яҳува,— ният дорам ба шумо осоиштагӣ биёрам, на бадбахтӣ,+ ва ба шумо ояндаву умед бахшам.+ 12 Он гоҳ шумо сӯйи ман мехонед ва наздам меоед. Шумо ба ман дуо мегӯед ва ман ба шумо гӯш медиҳам.+
13 Маро ҷуста, пайдо мекунед,+ зеро бо тамоми дил маро ҷустуҷӯ хоҳед намуд.+ 14 Ман ба шумо худро маълум месозам,+— мегӯяд Яҳува.— Ман ҳама асирони шуморо ҷамъ мекунам ва шуморо аз миёни ҳама халқҳову ҷойҳое, ки шуморо пароканда сохтаам, гирд меорам,+— мегӯяд Яҳува.— Ман шуморо, аз ҷое ки ба асирӣ фиристода будам, гирифта меорам.+
15 Вале шумо мегӯед: “Яҳува барои мо дар Бобил пайғамбаронро бархезондааст”.
16 Яҳува дар бораи подшоҳе, ки бар тахти Довуд нишастааст,+ тамоми мардуме, ки дар ин шаҳр зиндагӣ мекунад, ва бародаронатон, ки ҳамроҳи шумо ба асирӣ бурда нашудаанд, чунин мегӯяд: 17 “Ман бар сари онҳо шамшер, қаҳтӣ ва ваборо мефиристам,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо,— ва онҳоро мисли анҷирҳои пӯсидаву* нохӯрданӣ мегардонам.+
18 Ман онҳоро бо шамшер,+ қаҳтӣ ва вабо сур мекунам ва онҳо даҳшати ҳама подшоҳиҳои замин+ ва лаънати даҳони мардум мешаванд. Мардумони зиёд ҳоли онҳоро дида, аз ҳайрат ҳуштак хоҳанд кашид+ ва онҳо дар ҳар ҷову маконе, ки парокандаашон созам, расво мешаванд,+ 19 зеро ба паёмҳои ман, ки ба воситаи бандагонам паёмбарон гаштаву баргашта мефиристодам, гӯш надоданд,+— мегӯяд Яҳува.—
Шумо ба суханони ман гӯш надодед,+— мегӯяд Яҳува.—
20 Аз ин рӯ, эй ҳамаи асироне, ки шуморо аз Ерусалим ба Бобил фиристодаам, паёми Яҳуваро бишнавед. 21 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, дар бораи Аҳъоби писари Қӯлоё ва Сидқиёҳуи писари Маасиёҳу, ки аз номи ман суханони дурӯғ пешгӯйӣ мекунанд,+ чунин мегӯяд: “Ман онҳоро ба дасти подшоҳи Бобил, Набукаднесар, медиҳам ва ӯ онҳоро пеши чашмони шумо мекушад. 22 Баъд аз ин ҳар кӣ аз асирони Яҳудо дар Бобил касеро лаънат бихонад, чунин хоҳад гуфт: “Бигзор Яҳува туро мисли Сидқиёҳу ва Аҳъоб гардонад, ки онҳоро подшоҳи Бобил дар оташ бирён карда буд!”, 23 зеро онҳо дар Исроил корҳои зиштро ба амал оварда,+ бо занони ёрони худ зино карданд ва аз номи ман суханони дурӯғеро гуфтанд, ки ман нафармуда будам.+
Ман инро медонаму шоҳиди ин чиз ҳастам,+— мегӯяд Яҳува.—
24 Ба Шамаъёҳуи+ неҳеломӣ бигӯ: 25 “Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ту аз номи худ ба тамоми мардуме, ки дар Ерусалим аст, ба Сафанёи+ коҳин, писари Маасиёҳу, ва ҳама коҳинон нома фиристода чунин гуфтӣ: 26 “Яҳува туро ба ҷойи Еҳуёдоъ коҳин таъйин кардааст, то нозири хонаи Яҳува бошӣ ва ҳар девонаеро, ки худро пайғамбар тарошад, пойҳояшро кунда ва дасту гарданашро завлона занӣ.+ 27 Пас, чаро ту Ирмиёи анотӯтиро,+ ки дар пеши чашмат худро пайғамбар метарошад, сарзаниш намекунӣ?+ 28 Ӯ ҳатто ба Бобил паём фиристода гуфтааст: “Шумо дар ин ҷо бисёр хоҳед истод! Хонаҳо бино карда, дар онҳо зиндагӣ кунед. Боғҳо шинонда, аз меваи дарахтонашон бихӯред...”»+
29 Вақте Сафанёи+ коҳин ин номаро дар пеши пайғамбар Ирмиё хонд, 30 ба Ирмиё аз Яҳува чунин паём омад: 31 «Назди ҳама мардуми асир кас бифирист ва бигӯ: “Яҳува дар ҳаққи Шамаъёҳуи неҳеломӣ чунин мегӯяд: “Ман Шамаъёҳуро нафиристодаам, вале ӯ барои шумо пешгӯйӣ мекунад ва шуморо бардурӯғ умедвор месозад.+ 32 Аз ин рӯ Яҳува дар ҳаққи ӯ чунин мегӯяд: “Инак, ман диққатамро сӯйи Шамаъёҳуи неҳеломӣ ва насли ӯ мегардонам. Ҳеҷ яке аз насли ӯ дар миёни ин халқ зинда намемонад ва некиеро, ки дар ҳаққи халқам мекунам, намебинад,— мегӯяд Яҳува,— зеро ӯ мардумро бар зидди Яҳува шӯр андохтааст”».
30 Аз Яҳува ба Ирмиё чунин паём омад: 2 «Яҳува, Худои Исроил, мегӯяд: “Тамоми суханонеро, ки ба ту мегӯям, дар китобе бинавис, 3 зеро замоне фаро мерасад, ки,— мегӯяд Яҳува,— ман асирони халқам, асирони Исроил ва Яҳудоро, ҷамъ меорам,+— мегӯяд Яҳува,— ва онҳоро ба замине, ки ба бобоёнашон дода будам, бармегардонам, то онро аз нав соҳиб шаванд”».+
4 Ин аст суханоне, ки Яҳува ба Исроилу Яҳудо гуфтааст.
5 Яҳува мегӯяд:
«Садои ларза ба гӯш мерасад.
Ҳама ҷоро даҳшат фаро гирифтааст; оромӣ нест.
6 Бипурсед, ки оё мард таваллуд карда метавонад.
Пас, чаро мардони пурзӯрро мисли зане, ки мезояд,+
Даст бар шикам мебинам?
Чаро ранги рӯйи ҳама паридааст?
7 Эй вой, зеро ин рӯзи даҳшатовар аст!+
Мисли он рӯзе нест,
Он барои Яъқуб замони сахт аст,
Аммо ӯ наҷот меёбад.
8 Дар ин рӯз,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо,— ман юғи* гардани халқамро мешиканам ва бандҳояшонро дупора мекунам. Дигар бегонагон онҳоро ғулом намекунанд. 9 Онҳо ба Худояшон Яҳува ва подшоҳашон Довуд, ки бар онҳо таъйин мекунам, хизмат мекунанд.+
10 Эй бандаам Яъқуб, натарс,— мегӯяд Яҳува,—
Ва ҳаросон нашав, эй Исроил,+
Зеро туро аз ҷойи дурдаст
Ва наслатро аз замини асирӣ раҳо мекунам.+
Яъқуб бармегардад ва орому осуда зиндагӣ мекунад,
Касе ӯро нахоҳад тарсонд.+
11 Ман бо туям, эй Яъқуб,— мегӯяд Яҳува,— то туро наҷот диҳам.
Ман тамоми халқҳоеро, ки туро дар миёнашон пароканда кардаам, нобуд месозам,+
Вале туро нест намекунам.+
12 Яҳува мегӯяд:
«Захми ту бедармон ва дардат бедавост.+
13 Касе нест, ки ба додат расад,
Захмат шифонопазир аст ва бароят давое нест.
14 Тамоми хушдоронат туро фаромӯш кардаанд.+
Онҳо дигар парвои туро надоранд.
Бо зарбаи душман туро зарба задаам,+
Мисли шахси бераҳм ҷазо додаам,
Зеро хатоят азим ва гуноҳҳоят беҳисобанд.+
15 Чаро аз шикасти худ доду фиғон мекунӣ?
Дардат бедавост!
Аз пушти хатоҳои азим ва гуноҳҳои беҳисобат+
Инро ба сарат овардаам.
16 Аз ин рӯ ҳамаи онҳое, ки туро фурӯ мебаранд, фурӯ бурда мешаванд+
Ва тамоми душманонат ба асирӣ бурда мешаванд.+
Ҳар кӣ туро ғорат кунад, ғорат карда мешавад,
Ва ҳар кӣ туро тороҷ кунад, тороҷ мегардад.+
17 Танатро сиҳат мегардонам ва захмҳоятро шифо медиҳам,+— мегӯяд Яҳува,—
Ҳарчанд онҳо туро радди маърака хонда мегӯянд:
“Сионро касе суроғ намекунад”».+
18 Яҳува чунин мегӯяд:
«Инак, ман асирони хаймаҳои Яъқубро ҷамъ меорам+
Ва ба каппаҳояшон раҳм мекунам.
19 Аз онҳо садои хандаву шукрона хоҳад омад.+
Онҳоро сершумор мегардонам, онҳо кам нахоҳанд буд.+
Онҳоро афзун* мегардонам ва ночиз нахоҳанд буд.+
20 Фарзандонаш мисли пештара хонаобод мешаванд
Ва пеши назари ман ҷамоати ӯ пойдор мегардад.+
Ман ситамгаронашонро ҷазо медиҳам.+
21 Пешвои ӯ аз миёни халқаш мебарояд
Ва аз миёни халқаш ҳокими ӯ ба миён меояд.
Ӯро ба худ наздик меорам ва ӯ наздик меояд,
Вагарна кӣ дилу гурда мекунад, ки ба ман наздик шавад? — мегӯяд Яҳува.—
22 Шумо халқи ман мешавед+ ва ман Худои шумо мегардам».+
23 Тундбоди ғазаби Яҳува бошиддат хоҳад вазид,+
Гирдбоди шадиди хашмаш бар сари бадкорон фуруд хоҳад омад.
24 Оташи ғазаби Яҳува, то хости дили ӯро иҷро накунад, хомӯш намешавад.+
Дар рӯзҳои охир шумо инро мефаҳмед.+
31 «Дар он вақт,— мегӯяд Яҳува,— ман Худои ҳама қабилаҳои Исроил мешаваму онҳо халқи ман».+
2 Яҳува чунин мегӯяд:
«Вақте Исроил, ки аз шамшер раҳо шуд, сӯйи оромгоҳаш мерафт, дар биёбон Худо ба онҳо некӣ кард».
3 Яҳува аз ҷойи дурдаст ба ман намудор шуда, гуфт:
4 Ман туро аз нав бино месозам ва ту бино меёбӣ.+
Эй бокираи Исроил, ту дубора дафро ба даст гирифта,
Бо шодӣ рақс мекунӣ.+
6 Рӯзе меояд, ки дидбонон бар кӯҳи Эфроим нидо хоҳанд кард:
“Бархезед, сӯйи Сион бароем, назди Худоямон Яҳува равем”».+
7 Яҳува чунин мегӯяд:
«Сӯйи Яъқуб бо шодӣ нидо кунед.
Бонги шодӣ бизанед, зеро шумо пешвои халқҳо шудаед.+
Инро эълон кунед ва Худоро ситоиш намуда, бигӯед:
“Эй Яҳува, халқатро, бақияи Исроилро, наҷот деҳ”.+
Дар миёни онҳо кӯр ва ланг,+
Зани ҳомиладор ва зоянда хоҳанд буд.
Онҳо як ҷамоати бузург шуда, ба ин ҷо бармегарданд.+
Ман онҳоро сӯйи чашмаҳои* сероб+
Ва бо роҳи ҳамвор раҳнамоӣ хоҳам кард,
То пешпо нахӯранд,
Зеро ман Падари Исроил ҳастам ва Эфроим нахустзодаи ман аст».+
10 Паёми Яҳуваро бишнавед, эй халқҳо,
Ва онро дар миёни ҷазираҳои дурдаст эълон кунед:+
«Оне, ки Исроилро пароканда намуд, онро ҷамъ меорад.
Ӯ онро, мисли он ки чӯпон рамаашро бонӣ мекунад, нигоҳубин хоҳад кард.+
12 Онҳо омада, бар қуллаи Сион бонги шодӣ хоҳанд зад+
Ва аз некуии Яҳува, аз ғаллаву шароби наву+ равған,
Аз барраҳову гӯсолаҳо, шоду хуррам хоҳанд шуд.+
13 Он вақт бокира бо шодӣ рақс хоҳад кард,
Ҷавонмарду пиронсол бо ҳам хоҳанд рақсид.+
14 Коҳинонро бо фаровонӣ сер мекунам
Ва халқам аз некуиям сер мешавад,+— мегӯяд Яҳува.—
15 Яҳува мегӯяд:
“Овозе дар Ромо шунида мешавад,+ садои нола ва гиряи талх.
Роҳел дар ҳаққи фарзандонаш гиря мекунад.+
Ӯ тасаллӣ ёфтан намехоҳад,
Зеро фарзандонаш дигар нестанд”».+
16 Яҳува мегӯяд:
«“Овозатро аз навҳа ва чашмонатро аз гиря нигаҳ дор,
Зеро барои корҳоят мукофоте ҳаст,— мегӯяд Яҳува.—
Онҳо аз замини душман бармегарданд.+
17 Барои ояндаи ту умеде ҳаст,+— мегӯяд Яҳува.—
Писаронат ба сарзамини худ бармегарданд”.+
18 Ман навҳаи Эфроимро шунидам, ки мегуфт:
“Ту маро, ки мисли гӯсолаи ноомӯхт будам, ислоҳ кардӣ ва ман ислоҳ шудам.
Маро баргардон ва ман дарҳол бармегардам,
Охир, ту Яҳува, Худои манӣ.
Ман хиҷилу шарманда шудам,+
Зеро расвоии ҷавониямро мебардоштам”.
20 Магар Эфроим писари азизу ҷигарбандам нест?+
Чи қадаре бар зиддаш гап назанам ҳам, ӯро фаромӯш накардаам.
21 Барои худ аломатҳои роҳ гузор
Ва сутунҳо барпо бикун.+
Ба роҳ, ба роҳе, ки бо он равонӣ, диққат деҳ.+
Баргард, эй бокираи Исроил, ба шаҳрҳои худ баргард.
22 То ба кай мекалавӣ, эй духтари бевафо?
Яҳува дар замин чизи наве офаридааст:
Зан муштоқи дидори мард мешавад».
23 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, мегӯяд: «Вақте асирони замини Яҳудо ва шаҳрҳои онро ҷамъ орам, онҳо чунин мегӯянд: “Эй макони ростӣ+ ва кӯҳи муқаддас,+ бигзор Яҳува туро баракат диҳад”. 24 Дар Яҳудо тамоми сокинони шаҳрҳояш, деҳқонон ва рамабонон якҷоя зиндагӣ хоҳанд кард.+ 25 Ман ҷони хаста ва ҳар ҷони ғамгинро сер мекунам».+
26 Он гоҳ ман чашмонамро кушодам ва аз хоби ширин бедор шудам.
27 «Рӯзҳое меоянд,— мегӯяд Яҳува,— ки ман дар хонадони Исроилу Яҳудо тухми одам ва чорпоёнро кишт мекунам.+
28 Чуноне ки барои решакан сохтан, чаппа кардан, харобу нест намудан ва зарар расондан ба онҳо назар кардаам,+ ончунон барои бино кардан ва шинонидан назар хоҳам кард,+— мегӯяд Яҳува.— 29 Дар он рӯзҳо дигар намегӯянд: “Падарон ангури турш хӯрданд, вале дандони писарон кунд шудааст”,+ 30 балки ҳар кас барои хатои худ мемирад. Ҳар кӣ ангури турш хӯрад, дандони худаш кунд мешавад.
31 Рӯзҳое меоянд,— мегӯяд Яҳува,— ки ман бо хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо аҳди наве мебандам.+ 32 Ин аҳд аз аҳде, ки ман бо бобоёни онҳо баста будам, дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, то аз замини Миср берун орам, фарқ хоҳад кард.+ “Ҳарчанд ман хӯҷаини ҳақиқияшон* будам, онҳо он аҳдамро шикастанд”,+— мегӯяд Яҳува.—
33 Ин аст аҳде, ки ман баъди он рӯзҳо бо хонадони Исроил мебандам,— мегӯяд Яҳува.— Ман қонуни худро андаруни онҳо ҷо мекунам+ ва дар дили онҳо менависам.+ Ман Худои онҳо мешаваму онҳо халқи ман.+
34 Он вақт дигар ҳеҷ кас ёр ва бародари худро таълим дода намегӯяд: “Яҳуваро бишнос”,+ чунки ҳамаи онҳо, аз хурд то калон, маро хоҳанд шинохт,+— мегӯяд Яҳува,— зеро ман хатояшонро мебахшам ва гуноҳашонро дигар ба хотир намеорам».+
35 Яҳува, Худое, ки офтобро барои рӯшноии рӯз,
Қонунҳои моҳ ва ситорагонро барои рӯшноии шаб медиҳад,
Худое, ки баҳрро ба хурӯш ва мавҷҳои онро ба талотум меорад
Ва номаш Яҳува, Худои лашкарҳост,+ чунин мегӯяд:
36 «Насли Исроил фақат он вақт аз ҳузури ман чун халқ нест мешавад,
Агар ин қонунҳо барҳам хӯранд,— мегӯяд Яҳува».+
37 Яҳува чунин мегӯяд: «Агар осмонро чен карда шаваду бунёди заминро таҳқиқ карда шавад, ман низ метавонам аз тамоми насли Исроил барои ҳама корҳои кардаашон рӯй гардонам,— мегӯяд Яҳува.+—
38 Рӯзҳое меоянд, ки,— мегӯяд Яҳува,— аз бурҷи* Ҳананъил+ то дарвозаи Кунҷакӣ+ барои Яҳува шаҳре бино меёбад.+ 39 Таноби андозагирӣ+ то теппаи Ҷориб тӯл кашида, сӯйи Ҷӯот тоб мехӯрад. 40 Тамоми водии ҷасадҳову хокистар* ва тамоми киштзорҳо то водии Қидрӯн,+ то канори дарвозаи Аспон,+ аз тарафи шарқ, барои Яҳува муқаддас хоҳанд буд.+ Онҳо ҳеҷ гоҳ решакан ва хароб намешаванд».
32 Паёми Яҳува дар соли 10-уми подшоҳ Сидқиёҳу, яъне дар соли 18-уми Набукаднесар, ба Ирмиё омад.+ 2 Он вақт лашкари подшоҳи Бобил Ерусалимро муҳосира мекард ва пайғамбар Ирмиё дар Саҳни Посгоҳи+ қасри подшоҳи Яҳудо зиндонӣ шуда буд. 3 Сидқиёҳу, подшоҳи Яҳудо, ӯро зиндонӣ карда,+ гуфта буд: «Чаро ту пешгӯйӣ карда мегӯӣ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ин шаҳрро ба дасти подшоҳи Бобил медиҳам ва ӯ онро забт мекунад.+ 4 Сидқиёҳу, подшоҳи Яҳудо, аз дасти калдониён раҳоӣ намеёбад, балки ба дасти подшоҳи Бобил дода мешавад. Ӯ бо подшоҳи Бобил рӯ ба рӯ хоҳад истод ва ба чашмони ӯ нигариста, сухан хоҳад гуфт.+ 5 Ӯ Сидқиёҳуро ба Бобил мебарад ва Сидқиёҳу, то даме ки ба ӯ назар накунам, дар он ҷо мемонад,— мегӯяд Яҳува.— Ҳарчанд шумо бар зидди калдониён меҷангед, дастболо намешавед”?»+
6 Ирмиё гуфт: «Аз ҷониби Яҳува ба ман чунин паёме омад: 7 “Инак, амакбачаат, Ҳанамъили писари Шаллум, наздат меояд ва ба ту чунин мегӯяд: “Киштзори маро, ки дар Анотӯт+ аст, бихар, зеро ҳуқуқи бозхаридани он аз туст”».+
8 Ҳанамъили амакбачаам, ҳамон тавре ки Яҳува гуфт, назди ман ба Саҳни Посгоҳ омаду гуфт: «Хоҳиш дорам, киштзори маро, ки дар Анотӯт, дар замини Бинёмин аст, бихар, зеро ту ҳуқуқи соҳиб шудан ва бозхаридани онро дорӣ. Онро бихар». Ҳамон замон ман донистам, ки ин аз ҷониби Яҳува аст.
9 Ман киштзори амакбачаам Ҳанамъилро, ки дар Анотӯт аст, харидам ва пулро, ҳафт сиқл* ва даҳ пора нуқраро, баркашида, ба ӯ додам.+ 10 Сипас ман ҳуҷҷати харидро навиштаму муҳр задам+ ва шоҳидонро хонда,+ пулро бар тарозу баркашидам. 11 Ман он ҳуҷҷатро гирифтам: якеро, ки мувофиқи амр ва талабҳои ҳуқуқӣ муҳр зада шуда буд, ва дигареро, ки муҳр зада нашуда буд. 12 Ман ҳуҷҷати харидро дар ҳузури амакбачаам Ҳанамъил, дар пеши назари шоҳидон, ки дар ҳуҷҷати харид имзо монда буданд, ва дар шоҳидии ҳама яҳудиёне, ки дар Саҳни Посгоҳ+ нишаста буданд, ба дасти Борухи+ писари Нериёи+ писари Маҳсеё додам.
13 Ман дар ҳузури мардум ба Борух гуфтам: 14 «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ин ҳуҷҷатҳои харидро, ҳуҷҷати муҳрзада ва ҳуҷҷати муҳрназадаро, бигир ва онҳоро ба зарфи сафолин андоз, то муддати дарозе дар он бимонанд”, 15 зеро Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Дар ин замин хонаҳо, киштзорҳо ва токзорҳо боз харида мешаванд”».+
16 Баъд аз он ки ҳуҷҷати харидро ба дасти Борухи писари Нериё додам, ба Яҳува чунин дуо гуфтам: 17 «Ё Яҳува, Парвардигоро! Ту осмону заминро бо қувваи бузург ва бозуи тавонои худ сохтаӣ.+ Ҳеҷ коре нест, ки барои ту душвор бошад. 18 Ту ба ҳазорҳо меҳру вафо мекунӣ, аммо фарзандонро аз оқибати талхи гуноҳи падарон эмин намедорӣ.+ Ту Худои ҳақиқӣ, бузург ва тавоно ҳастӣ ва номи ту, Яҳува, Худои лашкарҳост. 19 Ниятҳои ту беҳамто ва корҳоят бузург аст.+ Чашмонат ҳама роҳҳои одамизодро мушоҳида мекунад,+ то ба ҳар кас аз рӯйи роҳу рафтораш подош диҳӣ.+ 20 Ту дар замини Миср аломату муъҷизаҳо ба амал овардӣ, ки то ба имрӯз машҳуранд, ва бо ин корҳоят дар миёни Исроил ва тамоми одамизод ном баровардӣ.+ 21 Ту халқи Исроилро аз замини Миср бо аломатҳову муъҷизаҳо, бо дасти пурзӯру бозуи тавоно ва амалҳои даҳшатангез берун овардӣ.+
22 Бо гузашти вақт ту ба онҳо ин заминро додӣ, заминеро, ки дар он ширу асал ҷорист+ ва онро ба бобоёнашон қасам хӯрда, ваъда дода будӣ.+ 23 Онҳо омада, онро соҳиб шуданд, вале ба овози ту гӯш надоданд ва шариати туро риоя накарданд. Онҳо ҳеҷ яке аз фармудаҳоятро ба ҷо наоварданд ва ту ҳамаи ин балоҳоро бар сарашон овардӣ.+ 24 Одамон омада, хокрезҳо* сохтанд, то шаҳрро муҳосира кунанд.+ Аз сабаби шамшер,+ гушнагӣ ва вабо+ ин шаҳр ба дасти калдониён, ки бар зидди он меҷанганд, меафтад. Чуноне ки мебинӣ, ҳар он чӣ ту гуфтаӣ, иҷро гаштааст. 25 Аммо ту, эй Яҳува, Парвардигор, ба ман гуфтӣ: “Пул дода, барои худ ин киштзорро бихар ва шоҳидонро биёр”, дар ҳоле ки шаҳр ба дасти калдониён дода мешавад».
26 Пас аз ин ба Ирмиё аз Яҳува чунин паём омад: 27 «Ман Яҳува, Худои тамоми одамизод, ҳастам. Магар чизе ҳаст, ки барои ман душвор бошад? 28 Аз ин рӯ Яҳува мегӯяд: “Ман ин шаҳрро ба дасти калдониён, ба дасти Набукаднесари подшоҳи Бобил, медиҳам ва ӯ онро забт мекунад.+ 29 Калдониён, ки бар зидди ин шаҳр меҷанганд, омада, онро оташ мезананд.+ Он гоҳ ҳамаи он хонаҳое, ки дар бомҳояшон мардум барои Баал қурбониҳо меоварданд ва барои худоёни дигар ҳадияҳои рехтанӣ пешкаш карда маро ба ғазаб меоварданд,+ сӯхта нобуд мешаванд.
30 Мардуми Исроил ва Яҳудо аз ҷавонияшон фақат он чиро, ки дар назарам бад аст, ба амал меоранд.+ Мардуми Исроил бо амали дастонашон маро ба ғазаб меоранд,— мегӯяд Яҳува.— 31 Аз рӯзи бунёд шуданаш ин шаҳр сабаби хашму ғазаби ман аст.+ Аз ин рӯ он бояд аз пеши назарам нобуд гардад,+ 32 аз сабаби тамоми бадие, ки мардуми Исроил ва Яҳудо карда маро ба ғазаб овардаанд,— онҳо, подшоҳон,+ мирон,+ коҳинон, пайғамбаронашон+ ва мардуми Яҳудову сокинони Ерусалим. 33 Онҳо ба ман пушташонро мегардонданд, на рӯяшонро.+ Ҳарчанд ман онҳоро такрор ба такрор* таълим доданӣ мешудам, ҳеҷ яке аз онҳо гӯши насиҳатшунав надошт.+ 34 Онҳо бутҳои ҳаромашонро дар хонае мемонданд, ки номи ман бар он аст, ва онро нопок месохтанд.+ 35 Ғайр аз ин, онҳо дар водии Писари Ҳиннӯм*+ баландиҳои Баалро бино мекарданд, то писарону духтаронашонро барои Мӯлик* дар оташ қурбон кунанд,+ ҳол он ки ин чизро ман ба онҳо нафармуда будам+ ва ин кори нафратовар ҳатто ба гӯшаи хаёлам наомада буд. Бо ин кор онҳо Яҳудоро ба гуноҳ гирифтор намуданд”.
36 Аз ин рӯ Яҳува, Худои Исроил, дар бораи ин шаҳр, ки ту мегӯӣ ба дасти подшоҳи Бобил дода мешавад ва шамшеру гушнагиву вабо бар сараш меояд, чунин мегӯяд: 37 “Ман ба хашму ғазаб ва қаҳри бузург омада, онҳоро ба заминҳои гуногун пароканда кардаам.+ Инак, ман онҳоро аз ин ҷойҳо ҷамъ карда, ба ин макон меорам ва ба онҳо зиндагии тинҷу ором ато мекунам.+ 38 Он гоҳ онҳо халқи ман мешаванду ман Худои онҳо.+ 39 Ман ба онҳо як дилу+ як роҳ ато мекунам, то аз ман доимо тарсон бошанд, зеро ин ба фоидаи худи онҳо ва фарзандони онҳост.+ 40 Ман бо онҳо аҳди ҷовидонӣ мебандам,+ ки аз онҳо рӯ намегардонаму некиямро аз онҳо дареғ намедорам,+ ва тарси худро дар дилашон ҷо медиҳам, то онҳо аз ман рӯ нагардонанд.+ 41 Ман барояшон шодӣ хоҳам кард+ ва тухми онҳоро дар ин замин чунон хоҳам кошт, ки доимо дар он бимонанд.+ Ман ин корро бо тамоми дилу ҷон хоҳам кард”.
42 Яҳува чунин мегӯяд: “Чуноне ки ман тамоми ин балоҳои азимро бар сарашон овардам, ҳамон тавр ҳамаи некиҳоеро, ки барояшон ваъда додаам, бар онҳо меорам.+ 43 Он вақт мардум аз нав киштзор хоҳад харид,+ ҳарчанд шумо мегӯед: “Ин биёбонест, ки на одам аст дар он ва на ҷонвар. Он ба дасти калдониён супурда шудааст”.
44 Мардум пул дода, киштзор хоҳанд харид, ҳуҷҷати харид тартиб дода, муҳр хоҳанд зад ва шоҳидонро аз замини Бинёмин, аз гирду атрофи Ерусалим, аз шаҳрҳои Яҳудо,+ шаҳрҳои кӯҳистон, шаҳрҳои водӣ+ ва шаҳрҳои ҷануб даъват хоҳанд кард,+ зеро ман асирони онҳоро бармегардонам”,+— мегӯяд Яҳува».
33 Вақте ки Ирмиё ҳанӯз дар Саҳни Посгоҳ+ бандӣ буд, аз Яҳува бори дуюм ба ӯ чунин паём омад: 2 «Ин аст паёми Яҳува, Офаридгори замин, паёми Яҳува, Худое, ки заминро сохтаасту устувор гардондааст ва номаш Яҳува аст. 3 “Маро бихон ва ман ба ту ҷавоб хоҳам дод, бо ҷону дил дар бораи чизҳои бузургу ақлнорас, ки онҳоро намедонӣ, нақл хоҳам кард”.+
4 Яҳува, Худои Исроил, дар ҳаққи хонаҳои ин шаҳр, хонаҳои подшоҳони Яҳудо, ки аз хокрезҳову* шамшери душман хароб мегарданд,+ 5 ва дар ҳаққи онҳое, ки аз сабаби корҳои бадашон ман аз ин шаҳр рӯ гардондаам — онҳое, ки барои ҷангидан бо калдониён меоянду ин ҷойҳоро аз ҷасадҳои худашон пур мекунанд ва ман онҳоро дар қаҳру ғазаби худ зарба мезанам, чунин мегӯяд: 6 “Ман ба шаҳр шифою тансиҳатӣ дода,+ мардумро даво мебахшам ва ростиву осоиштагии фаровонро ба онҳо ошкор мекунам.+ 7 Ман асирони Яҳудо ва Исроилро бармегардонам+ ва онҳоро барқарор месозам, ҳамон тавре ки дар аввал карда будам.+ 8 Ман онҳоро аз ҳамаи гуноҳҳое, ки бар зиддам кардаанд, пок месозам+ ва ҳамаи хатоҳо ва ҷиноятҳояшонро, ки бар зиддам кардаанд, мебахшам.+ 9 Номи ин шаҳр дар пеши тамоми халқҳои рӯйи замин маро шод хоҳад кард ва ба ман шукӯҳу ҷалол хоҳад бахшид, зеро онҳо дар бораи ҳама некиҳое, ки ман ба халқам мекунам, мешунаванд.+ Онҳо ба сабаби некуӣ ва осоиштагие, ки ба ӯ ато мекунам,+ ба тарсу ларз хоҳанд омад”.+
10 Яҳува чунин мегӯяд: “Дар ин ҷой, ки шумо онро биёбони беодаму беҷонзод хоҳед гуфт, дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим, ки хароб ҳастанд ва на одам доранду на ҳайвон, аз нав 11 садои шодию хурсандӣ,+ овози домоду арӯс шунида мешавад ва мардум чунин мегӯяд: “Яҳува, Худои лашкарҳоро, шукр гӯед, зеро Яҳува некуст,+ меҳру вафои ӯ то абад аст!”+
Онҳо ба хонаи Яҳува қурбониҳои шукргузорӣ хоҳанд овард,+ зеро ман асиронро хоҳам баргардонид ва онҳо мисли пештара дар замини худ хоҳанд зист”,— мегӯяд Яҳува.
12 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Дар ин харобазор, ки дар он на одам ҳасту на чорво, ва дар тамоми шаҳрҳояш аз нав барои чӯпонон чарогоҳ хоҳад буд, ки онҳо дар он рамаҳои худро хоҳанд хобонид.+
13 Дар шаҳрҳои кӯҳистон, дар шаҳрҳои водӣ, дар шаҳрҳои ҷануб, дар замини Бинёмин, дар гирду атрофи Ерусалим+ ва шаҳрҳои Яҳудо+ рамаҳо аз нав аз зери дасти шуморандаи онҳо хоҳанд гузашт,— мегӯяд Яҳува.—
14 Инак, рӯзҳое мерасанд,— мегӯяд Яҳува,— ки ман ваъдаи некеро, ки дар ҳаққи хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо додаам, иҷро мекунам.+ 15 Дар он рӯзҳо ва замонҳо ман аз насли Довуд навдаи* росткореро мерӯёнам.+ Ӯ дар замин аз рӯйи адлу инсоф амал хоҳад кард.+ 16 Дар он рӯзҳо Яҳудо наҷот ёфта,+ Ерусалим дар амон зиндагӣ хоҳад кард.+ Ин аст номе, ки ӯ бо он хонда мешавад: “Яҳува адолати мост”.+
17 Яҳува чунин мегӯяд: “Насли Довуд ҳаргиз аз тахти хонадони Исроил маҳрум намешавад,+ 18 ҳамчунин хизмати коҳинони левизодае, ки дар ҳузури ман қурбониҳои сӯхтанӣ, ҳадияҳои ғалла ва дигар қурбониҳо меоранд, қатъ намешавад”».
19 Ба Ирмиё боз аз Яҳува паём омад: 20 «Яҳува чунин мегӯяд: “Магар шумо аҳдеро, ки бо рӯзу аҳдеро, ки бо шаб бастаам, шикаста метавонед, то рӯзу шаб дар вақташ фаро нарасад?+ 21 Не. Ҳамин тавр ҳам аҳди маро бо бандаам Довуд шикаста намешавад,+ то ӯро писаре набошад, ки бар тахти ӯ ҳукмронӣ кунад.+ Инчунин аҳде, ки бо бандагонам — коҳинони левизода, бастаам, шикаста намешавад.+ 22 Чи тавре ки лашкари осмон ва реги баҳрро шумурда намешавад, ҳамин тавр ман насли бандаам Довуд ва левизодагонеро, ки ба ман хизмат мекунанд, сершумор мегардонам”».
23 Ба Ирмиё боз паёми Яҳува омад: 24 «Оё нашунидаӣ, ки ин халқ мегӯяд: “Яҳува ду хонадони хушкардаашро рад намудааст”? Онҳо халқи маро беҳурмат мекунанд ва дигар онро қавм намеҳисобанд.
25 Яҳува чунин мегӯяд: “Чи тавре ки аҳди ман бо рӯзу шаб+ ва қонунҳои осмону замин устувору пойдоранд,+ 26 ҳамон тавр ман насли Яъқуб ва бандаам Довудро пойдор гардондаам*. Ман аз насли ӯ бар фарзандони Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ҳокимонро пайваста таъйин мекунам, зеро асирони онҳоро ҷамъ меорам+ ва ба онҳо раҳм мекунам”».+
34 Ин аст паёми Яҳува ба Ирмиё, вақте ки подшоҳи Бобил, Набукаднесар, бо тамоми лашкараш, тамоми подшоҳиҳои қаламраваш ва тамоми одамонаш бар зидди Ерусалим ва ҳама шаҳрҳои он меҷангид:+
2 «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Рафта, ба подшоҳи Яҳудо, Сидқиёҳу,+ бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Инак, ман ин шаҳрро ба дасти подшоҳи Бобил медиҳам ва ӯ онро оташ мезанад.+ 3 Ту низ аз чанги ӯ раҳо намеёбӣ, балки дастгир карда, ба дасти вай супурда мешавӣ.+ Ту подшоҳи Бобилро бо чашмони худ дида, бо вай рӯ ба рӯ истода, гап мезанӣ ва ба Бобил бурда мешавӣ”.+ 4 Паёми Яҳуваро бишнав, эй Сидқиёҳу, подшоҳи Яҳудо! Яҳува дар ҳаққи ту мегӯяд: “Ту бо шамшер кушта намешавӣ. 5 Ту дар осоиштагӣ аз олам чашм мепӯшӣ+ ва барои ту бухури хушбӯй месӯзонанд, ҳамон тавре ки барои бобоёнат, барои подшоҳоне, ки пеш аз ту буданд, мекарданд. Дар ҳаққи ту нола карда хоҳанд гуфт: “Эй вой хӯҷаин!” Чунин аст сухани ман,— мегӯяд Яҳува”».
6 Пайғамбар Ирмиё ҳамаи ин суханонро ба подшоҳи Яҳудо, Сидқиёҳу, ки дар Ерусалим буд, гуфт. 7 Ин кор дар вақте буд, ки подшоҳи Бобил бар зидди Ерусалим ва шаҳрҳои боқимондаи Яҳудо, яъне Локиш+ ва Азеқо,+ баромад.+ Аз ҳамаи шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо фақат ҳаминҳо боқӣ монда буданд.
8 Ба Ирмиё аз ҷониби Яҳува боз паём омад. Ин вақте рӯй дод, ки подшоҳ Сидқиёҳу бо тамоми мардуми Ерусалим дар хусуси эълон кардани озодӣ аҳд баст,+ 9 то ҳар касе, ки ғулом ё канизи ибрӣ дошта бошад, ӯро озод кунад ва касе бародари яҳудияшро ғулом нагардонад. 10 Ба ин амр ҳамаи мирон ва ҳамаи мардум итоат карданд. Онҳо аҳд намуданд, ки ҳар яке ғуломону канизони худро озод карда, дигар онҳоро ғулом намегардонанд. Онҳо ба ин амр гӯш дода, ғуломону канизонашонро сар доданд. 11 Аммо баъдтар онҳо ғуломону канизони озодкардаашонро баргардонда, бори ғуломиро дубора бар дӯшашон гузоштанд. 12 Аз ин рӯ паёми Яҳува ба Ирмиё омад. Яҳува чунин гуфт:
13 «Паёми Яҳува, Худои Исроилро, бишнавед: ман бо бобоёни шумо, дар рӯзе ки онҳоро аз Миср, аз хонаи ғуломияшон, берун овардам,+ аҳд баста,+ гуфтам: 14 “Дар поёни ҳар ҳафт сол ҳар яки шумо бародари ибриятонро, ки худро ба шумо фурӯхта, шаш сол хизмататонро кардааст, озод кунед.+ Ӯро ҷавоб диҳед”. Аммо бобоёни шумо итоат накарданд ва ба гапам гӯш наандохтанд. 15 Имрӯз шумо аз роҳи худ гашта, дар назари ман кори некеро кардеду барои ёри худ озодӣ эълон кардед. Шумо пеши назари ман, дар хонае, ки номи ман бар он аст, аҳд бастед. 16 Аммо баъдтар шумо аз фикри худ гашта, ғуломону канизонеро, ки ба ҷойи дилхоҳашон сар дода будед, маҷбур кардед, ки баргашта, ғуломатон шаванд. Бо ин коратон шумо номи маро беҳурмат кардед.+
17 Аз ин рӯ Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ба шумо гуфта будам, ки ҳар кас барои бародари худ ва ҳар кас барои ёри худ озодӣ эълон кунад, вале шумо гапи маро нагирифтед.+ Аз ин рӯ ман бароятон озодӣ эълон мекунам,— мегӯяд Яҳува,— шумо аз ҳаёт озод мешавед, вақте бар саратон шамшер, вабо ва қаҳтӣ биёяд.+ Ман шуморо ба ҳоле гирифтор мекунам, ки подшоҳиҳои тамоми замин инро дида ба даҳшат биёянд.+ 18 Ман онҳоеро, ки аҳдамро шикаста, суханони аҳдеро, ки дар ҳузури ман бастанд, ба ҷо наоварданд, ба дасти душманон месупорам. Ҳангоми бастани аҳд онҳо гӯсоларо дупора карда, аз миёни пораҳои он гузаштанд.+ 19 Мирони Яҳудо, мирони Ерусалим, ходимони дарбор, коҳинон ва тамоми мардуме, ки аз миёни ду пораи гӯсола гузаштаанд, ҷазо мегиранд: 20 ман онҳоро ба дасти душманонашон ва касоне месупорам, ки қасди ҷонашонро доранд. Гӯшти баданашон хӯроки парандагони осмон ва ҷонварони саҳро мешавад.+ 21 Ман подшоҳи Яҳудо, Сидқиёҳуро, ҳамроҳи миронаш ба дасти душманонашон ва касоне месупорам, ки қасди ҷонашонро доранд, яъне ба дасти лашкари подшоҳи Бобил,+ ки аз ҷангидан бо шумо қафо гаштааст.+
22 Инак, бо амри ман онҳо ба ин шаҳр бармегарданд,— мегӯяд Яҳува.— Онҳо омада, бар зидди ин шаҳр меҷанганд ва онро забт мекунанду оташ мезананд.+ Он гоҳ ман шаҳрҳои Яҳудоро ба замини харобаву беодам табдил медиҳам”».+
35 Дар рӯзҳои Еҳуёқими+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, ба Ирмиё аз Яҳува чунин паём омад: 2 «Ба хонаи рекобиён+ рафта, бо онҳо гапзанон кун ва онҳоро ба хонаи Яҳува, ба яке аз ошхонаҳо*, биёру ба онҳо шароб пешкаш кун».
3 Ман Яъзанёи писари Ирмиёи писари Ҳавасинё, бародаронаш, ҳамаи писаронаш ва тамоми хонадони рекобиёнро бо худ гирифта, 4 ба хонаи Яҳува овардам. Ман онҳоро ба ошхонаи писарони Ҳонони писари Игдалё, марди Худо, овардам, ки дар назди ошхонаи мирон буд (ошхонаи мирон дар болои ошхонаи Маасиёҳуи писари Шаллуми дарбон буд). 5 Сипас ман пиёлаҳо ва ҷомҳои пур аз шаробро назди мардони хонадони рекобиён гузошта, гуфтам: «Шароб нӯшед».
6 Аммо онҳо гуфтанд: «Мо шароб наменӯшем, зеро бобои мо, Юнодоби*+ писари Рекоб, ба мо чунин фармудааст: “Ҳеҷ гоҳ шароб нанӯшед, на шумо ва на фарзандонатон. 7 Барои худ хона насозед, тухмӣ накоред, кишт накунед ва ток нашинонед, балки дар хаймаҳо сокин шавед, то дар замине, ки дар он мусофиред, дурудароз зиндагӣ кунед”. 8 Аз ин рӯ мо ба ҳар сухани Юнодоби писари бобоямон Рекоб итоат мекунем ва ҳаргиз шароб наменӯшем, на мо, на занонамон ва на писару духтаронамон. 9 Мо хонаҳо бино карда, дар онҳо зиндагӣ намекунем ва токзору киштзору тухмӣ ҳам надорем. 10 Мо дар хаймаҳо зиндагӣ мекунем ва ба ҳар он чӣ бобоямон Юнодоб фармудааст, итоат мекунем. 11 Аммо, вақте шоҳи Бобил, Набукаднесар, бар зидди ин замин баромад,+ мо гуфтем: “Биёед ба Ерусалим равем, то аз дасти лашкари калдониён ва арамиён паноҳ ёбем”. Акнун мо дар Ерусалим зиндагӣ карда истодаем».
12 Аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё чунин паём омад: 13 «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Бирав ва ба мардуми Яҳудо ва сокинони Ерусалим бигӯ: “Оё ман шуморо пайваста ташвиқ намекардам, ки ба суханонам гӯш диҳед?+— мегӯяд Яҳува.— 14 Юнодоби писари Рекоб ба насли худ фармудааст, ки шароб нанӯшанд, ва онҳо ба гапаш гӯш дода, то ба имрӯз шароб наменӯшанд. Онҳо аз амри бобояшон сар намепечанд.+ Шумо бошед, ба суханони ман, ки такрор ба такрор* ба шумо мегуфтам, гӯш намедодед.+ 15 Ман назди шумо бандагонам пайғамбаронро такрор ба такрор фиристода,+ мегуфтам: “Илтимос, ҳар яке аз роҳи бадатон гашта,+ дуруст рафтор кунед. Аз пайи худоёни дигар рафта, онҳоро парастиш накунед. Он гоҳ шумо дар замине, ки ба шумову бобоёнатон додаам, хоҳед монд”.+ Аммо шумо ба гапам гӯш наандохтеду итоат накардед. 16 Насли Юнодоби писари Рекоб ба амри бобояш итоат мекунад,+ аммо ин халқ ба гапи ман намедарояд”.
17 Аз ин рӯ Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман бар сари Яҳудо ва тамоми сокинони Ерусалим ҳама бадбахтиҳоеро, ки дар бораашон огоҳ карда будам, меорам.+ Ман ба онҳо гап задам, аммо онҳо гӯш надоданд. Ман онҳоро мехондам, вале онҳо ҷавоб намедоданд”».+
18 Ирмиё ба хонадони рекобиён гуфт: «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Азбаски шумо ба ҳама фармонҳои бобоятон Юнодоб итоат кардеду то ба ҳол итоат мекунед ва суханонашро як ба як ба ҷо меоред, 19 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Аз насли Юнодоби писари Рекоб ҳамеша касе боқӣ мемонад, ки ба ман хизмат мекунад”».
36 Дар соли чоруми ҳукмронии Еҳуёқими+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё чунин паём омад: 2 «Лӯлаи қоғазеро бигир ва дар он ҳамаи суханонеро бинавис, ки ман аз рӯзи аввали бо ту сухан гуфтанам, аз рӯзҳои Юшиё, то ба имрӯз+ бар зидди Исроил, Яҳудо+ ва ҳама халқҳо+ гуфтаам. 3 Шояд, хонадони Яҳудо дар бораи тамоми бадбахтиҳое, ки ман ба сарашон оварданиям, шунида, аз роҳҳои бадашон гарданд ва ман айбу гуноҳашонро бахшам».+
4 Сипас Ирмиё Борухи+ писари Нериёро даъват карду ҳар он чиро, ки аз Яҳува шунида буд, ба Борух гуфт ва ӯ дар лӯлаи қоғазе навишт.+ 5 Ирмиё ба Борух гуфт: «Маро ба хонаи Яҳува даромадан намемонанд. 6 Аз ин рӯ ту рафта, суханони Яҳуваро, ки аз даҳони ман навиштӣ, аз ин дастхат бихон. Онро дар рӯзи рӯзадорӣ ба мардуме, ки дар хонаи Яҳуваанд, ва ба тамоми мардуми Яҳудо, ки аз шаҳрҳояшон омадаанд, бихон. 7 Шояд, зорияшон ба гӯши Яҳува расад ва ҳар яки онҳо аз роҳи бадашон гарданд, зеро, чи тавре ки Яҳува гуфтааст, хашму ғазаби ӯ бар зидди ин халқ бузург аст».
8 Борухи писари Нериё ҳар он чиро, ки пайғамбар Ирмиё фармуда буд, ба ҷо овард. Ӯ суханони Яҳуваро бо овози баланд дар хонаи Яҳува хонд.+
9 Дар соли панҷуми ҳукмронии Еҳуёқими+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, дар моҳи нуҳум, тамоми мардуми Ерусалим ва тамоми мардуме, ки аз шаҳрҳои Яҳудо ба Ерусалим омада буданд, дар ҳузури Яҳува рӯзадорӣ эълон карданд.+ 10 Сипас Борух дар хонаи Яҳува, дар ҳуҷраи* Ҷамарёи+ писари Шофони+ котиб, дар саҳни боло, дар даромадгоҳи дарвозаи нави хонаи Яҳува,+ бо овози баланд аз дастхат суханони Ирмиёро ба тамоми мардум хонд.
11 Вақте Микойҳуи писари Ҷамарёи писари Шофон тамоми суханони Яҳуваро, ки аз дастхат хонда шуд, шунид, 12 ба қасри подшоҳ, ба ҳуҷраи котиб, рафт. Дар он ҷо тамоми мирон* — Элишомаи+ котиб, Далоёи писари Шамаъёҳу, Элнотони+ писари Акбӯр,+ Ҷамарёи писари Шофон, Сидқиёҳуи писари Ҳананё ва ҳама мирони дигар, нишаста буданд. 13 Микойҳу тамоми суханонеро, ки аз даҳони Борух шунид, ба онҳо гуфт, яъне суханони дастхатро, ки ба халқ хонда шуд.
14 Он гоҳ тамоми мирон Яҳудии писари Натанё, писари Шаламёҳу, писари Куширо, назди Борух фиристоданд, то бигӯяд: «Дастхатеро, ки аз он ба мардум хонда будӣ, гирифта, биё». Борухи писари Нериё дастхатро дар даст гирифту назди онҳо рафт. 15 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Хоҳиш мекунем, бишин ва бо овози баланд онро бихон», ва Борух онро барояшон хонд.
16 Вақте онҳо тамоми он суханонро шуниданд, бо даҳшат ба якдигар нигаристанд ва ба Борух гуфтанд: «Мо тамоми ин суханонро албатта ба подшоҳ мерасонем». 17 Онҳо аз Борух пурсиданд: «Хоҳиш мекунем, ба мо бигӯ, ки тамоми ин суханонро чӣ тавр навиштӣ. Оё ин суханонро ту аз даҳони ӯ навиштӣ?» 18 Борух ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳа, тамоми ин суханонро ӯ ба ман гуфт ва ман онҳоро бо сиёҳӣ дар қоғаз навиштам». 19 Мирон ба Борух гуфтанд: «Рафта, ҳамроҳи Ирмиё пинҳон шав, то касе надонад, ки шумо дар куҷоед».+
20 Сипас онҳо сӯйи подшоҳ равон шуда, ба саҳн даромаданд ва дастхатро дар ҳуҷраи Элишомаи котиб гузоштанду ҳама чизи шунидаашонро ба подшоҳ нақл карданд.
21 Подшоҳ Яҳудиро+ барои дастхат фиристод ва ӯ аз ҳуҷраи Элишомаи котиб онро овард. Яҳудӣ дастхатро ба подшоҳ ва тамоми мироне, ки дар пеши ӯ истода буданд, хонд. 22 Моҳи нуҳум* буду подшоҳ дар хонаи зимистонааш нишаста буд ва назди ӯ оташи оташдон месӯхт. 23 Вақте Яҳудӣ хониши се-чор сутунро тамом мекард, подшоҳ он порчаҳоро бо кордчаи котибӣ бурида, ба оташдон мепартофт, то даме тамоми дастхат дар оташдон сӯзонда шуд. 24 На подшоҳ тарсид ва на ҳеҷ яке аз хизматгоронаш, ки тамоми ин суханонро шунида буданд. Ҳеҷ яки онҳо либоси худро чок назад. 25 Ҳарчанд Элнотон,+ Далоё+ ва Ҷамарё+ аз подшоҳ илтиҷо карданд, ки дастхатро насӯзонад, ӯ ба онҳо гӯш надод. 26 Подшоҳ ба Ераҳмеили шоҳзода, Сароёи писари Азриил ва Шаламёҳуи писари Абдаил фармуд, ки Борухи котиб ва Ирмиёи пайғамбарро дастгир кунанд, вале Яҳува онҳоро пинҳон дошт.+
27 Баъди он ки подшоҳ дастхатро бо суханоне, ки Борух аз даҳони Ирмиё навишта буд, сӯзонд, аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё боз паём фиристода шуд:+ 28 «Қоғази дигаре бигир ва тамоми суханонеро, ки дар дастхати аввал буд, дастхате, ки Еҳуёқими подшоҳи Яҳудо сӯзонд,+ дар он бинавис. 29 Ба Еҳуёқим, подшоҳи Яҳудо, бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ту ин дастхатро сӯзонда, гуфтӣ: “Чаро ту ин тавр навиштӣ: “Подшоҳи Бобил ҳатман омада, ин заминро нест мекунад ва онро аз одамону ҷонварон тоза месозад”?”+ 30 Аз ин рӯ Яҳува дар ҳаққи Еҳуёқими подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд: “Ӯро касе нахоҳад буд, ки бар тахти Довуд нишинад,+ ва ҷасади ӯ рӯзона гирифтори гармо ва шабона гирифтори сармо хоҳад шуд.+ 31 Ман ӯву наслаш ва хизматгоронашро барои гуноҳҳояшон ҷазо медиҳам. Ман бар сари онҳо, бар сари сокинони Ерусалим ва мардуми Яҳудо тамоми бадбахтиҳоеро, ки гуфта будам, хоҳам овард,+ зеро онҳо ба гапам гӯш надоданд”».+
32 Ирмиё қоғази дигареро гирифта, ба Борухи писари Нериёи котиб дод+ ва ӯ аз даҳони Ирмиё тамоми суханони дастхатро, ки Еҳуёқими подшоҳи Яҳудо дар оташ сӯзонда буд,+ навишт. Боз суханони зиёди монанде ба он илова карда шуд.
37 Подшоҳ Сидқиёҳу,+ писари Юшиё, ба ҷойи Кониёи*+ писари Еҳуёқим ҳукмронӣ кардан гирифт, зеро Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ӯро бар замини Яҳудо подшоҳ таъйин карда буд.+ 2 Аммо ӯву хизматгоронаш ва мардуми он замин ба суханони Яҳува, ки ба воситаи пайғамбар Ирмиё мегуфт, гӯш надоданд.
3 Боре подшоҳ Сидқиёҳу Еҳукали+ писари Шаламёҳуро ҳамроҳи Сафанё,+ писари Маасиёҳуи коҳин, назди пайғамбар Ирмиё фиристода, гуфт: «Хоҳиш мекунам, дар ҳаққи мо ба Худоямон Яҳува дуо бигӯ». 4 Он вақт Ирмиё озодона дар миёни халқ мегашт, зеро ӯро ҳанӯз ба зиндон наандохта буданд.+ 5 Дар он вақт фиръавн бо лашкараш аз Миср берун омад+ ва калдониён ин хабарро шунида аз муҳосираи Ерусалим даст кашиданду аз он ҷо рафтанд.+ 6 Он гоҳ паёми Яҳува ба Ирмиё омад: 7 «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ба подшоҳи Яҳудо, ки шуморо барои маро пурсидан фиристодааст, чунин бигӯед: “Лашкари фиръавн, ки ба ёрии ту меояд, ба замини худ, ба Миср, бармегардад.+ 8 Калдониён бошанд, баргашта, бар зидди ин замин меҷанганд ва онро забт карда, оташ мезананд”.+ 9 Яҳува чунин мегӯяд: “Худатонро фиреб дода нагӯед: “Калдониён аз пеши мо ҳатман хоҳанд рафт”. Не, онҳо нахоҳанд рафт. 10 Ҳатто агар шумо тамоми лашкари калдониёнро, ки бар зиддатон меҷанганд, торумор кунед ва аз онҳо фақат захмдоронашон боқӣ монанд, онҳо аз хаймаҳояшон бархеста, ин шаҳрро оташ хоҳанд зад”».+
11 Вақте ки лашкари калдониён аз боиси сипоҳи фиръавн Ерусалимро монда рафтанд,+ 12 Ирмиё аз Ерусалим ба замини Бинёмин+ равона шуд, то дар қатори мардуми дигар ҳиссаи худро бигирад. 13 Аммо, ҳангоме ки ӯ ба дарвозаи Бинёмин расид, сардори посбонон — Иръиё, писари Шаламёҳу, писари Ҳананё, пайғамбар Ирмиёро дастгир карда, гуфт: «Ту сӯйи калдониён гурехта истодаӣ!» 14 Ирмиё дар ҷавоб гуфт: «Не, ман сӯйи калдониён нагурехта истодаам». Вале Иръиё ба гапи Ирмиё гӯш надода, ӯро дастгир карду назди мирон овард. 15 Мирон бар Ирмиё хашмгин шуда,+ ӯро латукӯб карданд ва дар хонаи Еҳунотони котиб, ки ба ҳабсхона табдил дода буданд, зиндонӣ карданд.+ 16 Ирмиёро ба яке аз ҳуҷраҳои зиндони зеризаминӣ партофтанд ва ӯ рӯзҳои зиёд он ҷо буд.
17 Сипас подшоҳ Сидқиёҳу назди вай одам фиристода, ӯро овард ва пинҳонӣ бо ӯ дар ҳуҷрае саволу ҷавоб кард.+ Ӯ аз Ирмиё пурсид: «Оё паёме аз ҷониби Яҳува ҳаст?» Ирмиё гуфт: «Бале, ҳаст». Ирмиё суханашро давом дода гуфт: «Ту ба дасти подшоҳи Бобил дода мешавӣ!»+
18 Ирмиё боз ба подшоҳ Сидқиёҳу чунин гуфт: «Ман бар зидди ту ё хизматгоронат ё ин халқ чӣ гуноҳ кардаам, ки маро дар зиндон андохтед? 19 Куҷоянд ҳама пайғамбароне, ки пешгӯйӣ карда ба ту мегуфтанд: “Подшоҳи Бобил бар зидди ту ва ин замин намеояд”?+ 20 Эй хоҷаам подшоҳ, хоҳиш дорам, ба гапам гӯш деҳ ва ба ман раҳм кун. Маро ба хонаи Еҳунотони+ котиб барнагардон, ки дар он ҷо мемирам».+ 21 Он гоҳ подшоҳ Сидқиёҳу фармон дод, ки Ирмиёро дар Саҳни Посгоҳ бандӣ кунанд.+ Ба Ирмиё ҳар рӯз аз кӯчаи нонвоён як гирда нон медоданд,+ то даме ки нон дар шаҳр тамом шуд.+ Ҳамин тавр, Ирмиё дар Саҳни Посгоҳ монд.
38 Шафатёҳуи писари Маттон, Ҷадалёҳуи писари Фашҳур, Юхали+ писари Шаламёҳу ва Фашҳури+ писари Малкиё суханони зерини Ирмиёро, ки ӯ ба мардум мегуфт, шуниданд: 2 «Яҳува чунин мегӯяд: “Ҳар кӣ дар ин шаҳр боқӣ монад, аз дасти шамшер, гушнагӣ ва вабо мемирад.+ Аммо, касе, ки худро ба дасти калдониён супорад, зинда мемонад ва ҷонаш ба вай чун ғанимат дода мешавад*”.+ 3 Яҳува чунин мегӯяд: “Ин шаҳр ба дасти лашкари подшоҳи Бобил дода мешавад ва ӯ онро забт мекунад”».+
4 Мирон ба подшоҳ гуфтанд: «Хоҳиш мекунем, ин шахсро ба қатл расон,+ зеро ӯ бо суханони худ дасту дили сарбозони боқимондаи шаҳр ва тамоми мардумро хунук мекунад. Ӯ осоиштагии халқро неву фалокати онро хоҳон аст». 5 Подшоҳ Сидқиёҳу ҷавоб гардонд: «Ана, ӯ дар дасти шумост. Подшоҳ наметавонад ба хоҳиши шумо зид барояд».
6 Онҳо Ирмиёро гирифта, ба чоҳи Малкиёи писари подшоҳ, ки дар Саҳни Посгоҳ буд, партофтанд.+ Онҳо Ирмиёро бо бандҳо фароварданд. Дар он чоҳ об набуд, фақат лой буд ва Ирмиё дар лойқа ғӯтидан гирифт.
7 Абдумалики+ ҳабашӣ, ки хоҷасаройи хонаи подшоҳ буд, шунид, ки Ирмиёро ба чоҳ партофтаанд. Он вақт подшоҳ назди дарвозаи Бинёмин+ нишаста буд. 8 Абдумалик аз хонаи подшоҳ берун омада, ба подшоҳ гуфт: 9 «Эй хоҷаам подшоҳ, ин одамон дар ҳаққи пайғамбар Ирмиё кори баде карданд! Онҳо ӯро ба даруни чоҳ партофтанд. Ӯ дар он ҷо аз гушнагӣ мемирад, зеро дар шаҳр нон нест».+
10 Он гоҳ подшоҳ ба Абдумалики ҳабашӣ гуфт: «Ҳамроҳи худ 30 нафарро гирифта, бирав ва пайғамбар Ирмиёро аз даруни чоҳ берун ор, то ки намирад». 11 Абдумалик ҳамроҳи худ одам гирифта, ба хонаи подшоҳ, ба таҳхонаи хазина+ даромад ва аз он ҷо либосҳои куҳна ва латтапораҳоро гирифту онҳоро бо банд сӯйи Ирмиё фаровард. 12 Сипас Абдумалики ҳабашӣ ба Ирмиё гуфт: «Илтимос, ҳамин либосҳои куҳна ва латтапораҳоро дар таги кашат аз болои бандҳо бимон». Ирмиё ҳамин тавр кард 13 ва онҳо Ирмиёро бо бандҳо аз чоҳ берун оварданд. Баъд аз ин Ирмиё дар Саҳни Посгоҳ монд.+
14 Подшоҳ Сидқиёҳу кас фиристод, то пайғамбар Ирмиёро наздаш ба даромадгоҳи сеюми хонаи Яҳува оранд. Подшоҳ ба Ирмиё гуфт: «Аз ту як чизро пурсиданиям. Аз ман ҳеҷ чизро пинҳон накун». 15 Ирмиё ба Сидқиёҳу гуфт: «Агар ба ту гӯям, ту маро мекушӣ ва, агар ба ту маслиҳате диҳам, гӯш намекунӣ». 16 Он гоҳ подшоҳ Сидқиёҳу пинҳонӣ ба Ирмиё қасам хӯрда гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, ки ба мо ҳаёт бахшидааст, қасам ки, ман туро намекушам ва ба дасти онҳое, ки қасди ҷонатро доранд, намедиҳам».
17 Ирмиё ба Сидқиёҳу гуфт: «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, мегӯяд: “Агар худро ба дасти мирони подшоҳи Бобил супорӣ, зинда мемонӣ ва ин шаҳр дар оташ намесӯзад ва тую хонаводаат зинда мемонед.+ 18 Вале, агар ба мирони подшоҳи Бобил таслим нашавӣ, ин шаҳр ба дасти калдониён супурда мешавад ва онҳо онро оташ мезананд+ ва ту аз дасти онҳо раҳо намешавӣ”».+
19 Подшоҳ Сидқиёҳу ба Ирмиё гуфт: «Ман аз яҳудиёне, ки ба тарафи калдониён гузаштаанд, метарсам, мабодо калдониён маро ба дасти онҳо супоранд ва онҳо маро азоб диҳанд». 20 Вале Ирмиё гуфт: «Ту ба дасти онҳо супурда намешавӣ. Илтимос, ба гапи Яҳува, ки ба воситаи ман мегӯяд, гӯш деҳ, то ҳолат хуб бошад ва зинда бимонӣ. 21 Аммо, агар таслим нашавӣ, Яҳува ба ман ошкор кардааст, ки чунин мешавад: 22 тамоми заноне, ки дар хонадони подшоҳи Яҳудо боқӣ мондаанд, назди мирони подшоҳи Бобил+ оварда мешаванд ва он занон мегӯянд:
“Касоне, ки ба онҳо такя мекардӣ, туро фиреб доданд ва бар ту ғолиб омаданд.+
Аз пушти онҳо пойи ту дар лойқа ғарқ шудааст.
Акнун бошад, онҳо рӯ ба гурез овардаанд”.
23 Тамоми занону писаронат ба назди калдониён бурда мешаванд ва ту аз дасти онҳо халос намешавӣ. Ту ба дасти подшоҳи Бобил меафтӣ+ ва аз боиси ту ин шаҳр оташ зада мешавад».+
24 Сидқиёҳу ба Ирмиё гуфт: «Бохабар бош, ки инро ба ҳеҷ кас нагӯӣ, то намирӣ. 25 Агар мирон бишнаванд, ки ман бо ту гап задаам, ва назди ту омада, бигӯянд: “Ба мо бигӯй, ки ба подшоҳ чӣ гуфтӣ. Аз мо ҳеҷ чизро пинҳон накун ва мо туро намекушем.+ Подшоҳ ба ту чӣ гуфт?”, 26 ба онҳо ҷавоб деҳ: “Ман аз подшоҳ хоҳиш кардам, ки маро гашта ба хонаи Еҳунотон нафиристад, то он ҷо намурам”».+
27 Чанде пас ҳамаи мирон назди Ирмиё омаданд ва ӯро пурсуҷӯ карданд. Ӯ ба онҳо айнан ҳамон тавре ки подшоҳ фармуд, ҷавоб дод. Он гоҳ онҳо чизе нагуфтанд, зеро ҳеҷ кас суҳбати онҳоро нашунида буд. 28 Ирмиё то забт шудани Ерусалим дар Саҳни Посгоҳ монд+ ва дар рӯзи забт шудани он низ дар он ҷо буд.+
39 Дар соли нуҳуми подшоҳии Сидқиёҳу, подшоҳи Яҳудо, дар моҳи даҳум, подшоҳи Бобил, Набукаднесар, бо тамоми лашкараш назди Ерусалим омад ва онро муҳосира кард.+
2 Дар соли 11-уми подшоҳии Сидқиёҳу, дар моҳи чорум, дар рӯзи нуҳуми моҳ, онҳо девори шаҳрро рахна карданд.+ 3 Тамоми мирони подшоҳи Бобил, аз ҷумла Нерҷал-Саръэсер Самҷар, Небу-Сарсекими рабсорис* ва Нерҷал-Саръэсери рабмаг*, ба шаҳр даромада, назди дарвозаи Миёна нишастанд.+
4 Вақте ки Сидқиёҳуи подшоҳи Яҳудо ва тамоми лашкараш онҳоро диданд, рӯ ба гурез ниҳоданд.+ Онҳо шабона аз роҳи боғи подшоҳ аз дарвозае, ки дар байни ду девор буд, аз шаҳр баромада, сӯйи Аробо равона шуданд.+ 5 Аммо лашкари калдониён аз пушташон сур карда, дар даштҳои Ериҳӯ ба шоҳ Сидқиёҳу расида гирифтанд.+ Онҳо ӯро қапида, ба назди подшоҳи Бобил, Набукаднесар, ба Рибло,+ ки дар замини Ҳамот+ буд, оварданд, то шоҳ ӯро ҳукм кунад. 6 Подшоҳи Бобил писарони Сидқиёҳуро дар Рибло дар пеши чашмонаш кушт ва тамоми калоншавандагони Яҳудоро ба қатл расонд.+ 7 Сипас ӯ чашмони Сидқиёҳуро кӯр кард ва ӯро завлонаи мисин зад, то ба Бобил барад.+
8 Калдониён хонаи подшоҳ ва хонаҳои мардумро оташ заданд+ ва деворҳои Ерусалимро вайрон карданд.+ 9 Сардори посбонон, Набузаръадон,+ мардуми боқимондаи шаҳрро, гурезагонеро, ки ба тарафи ӯ гузашта буданд, ва ҳар каси боқимондаро ба Бобил ба асирӣ бурд.
10 Аммо сардори посбонон, Набузаръадон, аз миёни мардум онҳоеро, ки хеле камбағал буданду дар бисоташон чизе надоштанд, дар Яҳудо монд. Он рӯз ӯ ба онҳо токзорҳо ва киштзорҳо дод, то ки дар он кор кунанд*.+
11 Подшоҳи Бобил, Набукаднесар, ба сардори посбонон, Набузаръадон, дар ҳаққи Ирмиё чунин фармон дод: 12 «Ӯро гирифта, нигоҳбонӣ намо, ба вай зараре нарасон ва ҳар чизе, ки аз ту пурсад, ба ӯ бидеҳ».+
13 Он гоҳ Набузаръадони сардори посбонон, Набушазбони рабсорис*, Нерҷал-Саръэсери рабмаг* ва тамоми мардони соҳибмартабаи подшоҳи Бобил кас фиристоданд 14 ва Ирмиёро аз Саҳни Посгоҳ гирифта,+ ба дасти Ҷадалёҳуи+ писари Аҳиқоми+ писари Шофон+ доданд, то ки ӯро ба хонаи худ барад. Ҳамин тавр, Ирмиё дар байни халқ зиндагӣ кардан гирифт.
15 Вақте ки Ирмиё дар зиндони Саҳни Посгоҳ буд,+ аз тарафи Яҳува ба ӯ чунин паём омад: 16 «Рафта, ба Абдумалики+ ҳабашӣ бигӯ: “Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман суханонамро иҷро карда, ба ин шаҳр на некӣ, балки бадӣ мекунам ва ту инро бо чашмонат хоҳӣ дид.
17 Аммо туро дар он рӯз халос мекунам,— мегӯяд Яҳува,— ва ту ба дасти касоне, ки аз онҳо метарсӣ, намеафтӣ.
18 Ман туро халосӣ мебахшам ва ту аз шамшер кушта намешавӣ. Ҷонат чун ғанимат ба ту дода мешавад*,+ зеро ту ба ман такя кардӣ”,+— мегӯяд Яҳува».
40 Паёми Яҳува ба Ирмиё омад, баъд аз он ки Набузаръадони+ сардори посбонон ӯро аз Ромо+ озод кард. Ӯ Ирмиёро ба он ҷо бурда буд, дар ҳоле ки дастонаш занҷирбанд буданд, ва ӯ дар миёни асирони Ерусалиму Яҳудо буд, ки ба Бобил бурда мешуданд. 2 Сардори посбонон Ирмиёро аз миёни асирон гирифта, ба ӯ гуфт: «Худоят Яҳува дар бораи бадбахтие, ки бар ин макон меояд, пешгӯйӣ карда буд 3 ва Яҳува аз рӯйи гуфти худ амал карда ин фалокатро овард, зеро шумо бар зидди Яҳува гуноҳ кардед ва ба овози ӯ гӯш надодед. Аз ин рӯ ба саратон чунин фалокат омадааст.+ 4 Инак, ман имрӯз дастонатро аз занҷирҳо озод мекунам. Агар хоҳӣ, ки бо ман ба Бобил равӣ, биё равем, ва ман дар ҳаққат ғамхорӣ мекунам. Вале, агар бо ман ба Бобил рафтан нахоҳӣ, ихтиёрат, тамоми замин дар пеши туст — ба ҳар ҷое хоҳӣ, бирав».+
5 Ирмиё ҳанӯз нарафта буд ки, Набузаръадон гуфт: «Назди Ҷадалёҳуи+ писари Аҳиқоми+ писари Шофон,+ ки подшоҳи Бобил ӯро бар шаҳрҳои Яҳудо таъйин кардааст, баргард ва бо ӯ дар миёни мардум зиндагӣ кун ё ба ҳар ҷое хоҳӣ, бирав».
Пас аз ин сардори посбонон ба Ирмиё хӯрок ва туҳфа дода, ӯро ҷавоб дод. 6 Ирмиё назди Ҷадалёҳуи писари Аҳиқом ба Мисфо+ омад ва ҳамроҳи бақияи мардум бо ӯ монд.
7 Тамоми сарлашкароне, ки бо одамонашон дар саҳро буданд, шуниданд, ки подшоҳи Бобил Ҷадалёҳуи писари Аҳиқомро бар он замин ва бар мардон, занону кӯдакон, яъне бар мардуми камбағали он замин, ки ба Бобил бурда нашуда буданд, таъйин кардааст.+ 8 Онҳо, яъне Исмоили+ писари Натанё, Юҳонон+ ва Юнотон — писарони Қореаҳ, Сароёи писари Танҳумат, писарони Эйфои натуфоӣ ва Езанёи+ писари яке аз маъхогиён, ҳамроҳи одамонашон назди Ҷадалёҳу ба Мисфо омаданд.+ 9 Ҷадалёҳуи писари Аҳиқоми писари Шофон пеши онҳо ва одамонашон қасам ёд карда, гуфт: «Аз хизмат кардан ба калдониён натарсед. Дар ин замин зиндагӣ карда, хизмати подшоҳи Бобилро ба ҷо оред ва ҳамааш хуб мешавад.+ 10 Ман бошам, дар Мисфо мемонам ва назди калдониёне, ки ин ҷо меоянд, шуморо намояндагӣ мекунам. Шумо шароб, меваҳои тобистона ва равған ҷамъ оварда, онҳоро дар зарфҳои худ захира кунед ва дар шаҳрҳое, ки ишғол кардаед, сокин шавед».+
11 Ҳамчунин ҳамаи яҳудиёне, ки дар Мӯоб, Аммӯн, Адӯм ва заминҳои дигар буданд, шуниданд, ки подшоҳи Бобил дар Яҳудо бақияеро мондааст ва бар онҳо Ҷадалёҳуи писари Аҳиқоми писари Шофонро таъйин кардааст. 12 Он гоҳ ҳамаи яҳудиёни пароканда, ҳар яке аз ҷойи худ, ба Яҳудо, сӯйи Ҷадалёҳу ба Мисфо баргаштанд. Онҳо шароб ва меваҳои тобистонаи хеле зиёд ҷамъ карданд.
13 Юҳонони писари Қореаҳ ва ҳамаи сарлашкароне, ки дар саҳро буданд, назди Ҷадалёҳу ба Мисфо омаданд. 14 Онҳо ба Ҷадалёҳу гуфтанд: «Магар намедонӣ, ки Баалиси подшоҳи аммӯниён+ Исмоили писари Натанёро барои куштани ту фиристодааст?»+ Вале Ҷадалёҳуи писари Аҳиқом ба гапи онҳо бовар накард.
15 Юҳонони писари Қореаҳ пинҳонӣ ба Ҷадалёҳу дар Мисфо чунин гуфт: «Биё ман рафта, Исмоили писари Натанёро мекушам ва касе аз ин хабардор намешавад. Чаро ӯ туро кушаду тамоми мардуми Яҳудо, ки наздат ҷамъ омадаанд, пароканда шаванд ва бақияи Яҳудо нобуд гардад?» 16 Вале Ҷадалёҳуи+ писари Аҳиқом ба Юҳонони писари Қореаҳ гуфт: «Ин корро накун, зеро ту дар ҳаққи Исмоил дурӯғ мегӯӣ».
41 Дар моҳи ҳафтум Исмоили+ писари Натанёи писари Элишомаъ, ки аз насли шоҳон ва аз калоншавандагони подшоҳ буд, ҳамроҳи даҳ нафар назди Ҷадалёҳуи писари Аҳиқом ба Мисфо омад.+ Ҳангоме ки онҳо дар Мисфо хӯрок мехӯрданд, 2 Исмоили писари Натанё ҳамроҳи даҳ нафаре, ки бо ӯ буданд, бархеста, Ҷадалёҳуи писари Аҳиқом, писари Шофонро, бо шамшер куштанд. Ҳамин тавр Исмоил шахсеро, ки подшоҳи Бобил бар он ҷо таъйин карда буд, кушт. 3 Исмоил ҳамчунин ҳама сарбозони калдониву яҳудиёнеро, ки бо Ҷадалёҳу дар Мисфо буданд, кушт.
4 Як рӯз пас аз кушта шудани Ҷадалёҳу, вақте касе ҳанӯз дар ин бора хабар надошт, 5 аз Шакем,+ Шилӯ+ ва Сомария+ 80 кас омад. Ришҳои онҳо тарошидаву либосҳояшон чокзада буд ва бар баданашон чокҳо буданд.+ Онҳо дар даст ҳадияҳои ғаллаву лодан+ доштанд ва мехостанд онҳоро ба хонаи Яҳува биёранд. 6 Исмоили писари Натанё аз Мисфо нолакунон ба пешвози онҳо баромад ва, вақте бо онҳо рӯ ба рӯ шуд, гуфт: «Назди Ҷадалёҳуи писари Аҳиқом биёед». 7 Аммо, вақте онҳо ба шаҳр омаданд, Исмоили писари Натанё ҳамроҳи одамонаш онҳоро кушта, ба чоҳ партофт.
8 Вале даҳ нафар аз миёни онҳо ба Исмоил гуфтанд: «Моро накуш, мо дар саҳро захираи ниҳонии гандум, ҷав, равған ва асал дорем». Ӯ ба гапашон гӯш дода, онҳоро дар қатори бародаронашон накушт. 9 Исмоил ҷасади ҳама одамони куштаашро ба чоҳи калоне партофт, ҳамон чоҳе, ки подшоҳ Осо таҳдиди подшоҳи Исроил, Баъшоро, шунида сохта буд.+ Исмоили писари Натанё он чоҳро аз ҷасади куштагон пур кард.
10 Сипас ӯ духтарони подшоҳро бо бақияи мардум дар Мисфо,+ ки Набузаръадони сардори посбонон ба Ҷадалёҳуи+ писари Аҳиқом супурда буд, асир кард. Исмоили писари Натанё онҳоро асир гирифта, сӯйи аммӯниён+ равона шуд.
11 Вақте Юҳонони+ писари Қореаҳ ва тамоми сарлашкароне, ки бо ӯ буданд, дар бораи ҳама бадиҳои Исмоили писари Натанё шуниданд, 12 ҳама одамони худро гирифта, ба ҷанги Исмоили писари Натанё рафтанд ва ӯро назди обҳои бузург*, дар Ҷибъӯн, ёфтанд.
13 Вақте мардуме, ки бо Исмоил буданд, Юҳонони писари Қореаҳ ва тамоми сарлашкаронро ҳамроҳаш диданд, хурсанд шуданд. 14 Ҳамаи мардуме, ки онҳоро Исмоил дар Мисфо+ асир карда буд, баргашта, назди Юҳонони писари Қореаҳ рафтанд. 15 Аммо Исмоили писари Натанё ҳамроҳи ҳашт одами худ аз Юҳонон гурехта, сӯйи аммӯниён рафт.
16 Юҳонони писари Қореаҳ ва ҳама сарлашкароне, ки ҳамроҳаш буданд, бақияи мардумро, ки Исмоили писари Натанё баъди куштани Ҷадалёҳуи+ писари Аҳиқом дар Мисфо асир карда буд, аз дасти Исмоил раҳо карда, ҳамроҳи худ бурданд. Онҳо мардону занон, кӯдакон ва сарбозону ходимони дарборро аз Ҷибъӯн гардонда оварданд 17 ва рафта, дар мусофирхонаи Кимҳом, ки назди Байт-Лаҳм+ буд, истоданд, то шабро рӯз кунанд. Онҳо мақсад доштанд ба Миср раванд,+ 18 чунки Исмоили писари Натанё шахсеро, ки подшоҳи Бобил бар он ҷо таъйин карда буд, яъне Ҷадалёҳуи писари Аҳиқомро, кушт+ ва акнун онҳо аз калдониён метарсиданд.
42 Он гоҳ ҳамаи сарлашкарон, Юҳонони+ писари Қореаҳ, Езанёи писари Ҳушаъё ва тамоми мардум — аз хурд то бузург, 2 назди пайғамбар Ирмиё омада, гуфтанд: «Илтимос, зории моро бишнав ва дар ҳаққи мову дар ҳаққи бақияи мардум ба Худоят Яҳува дуо бигӯ, зеро, чи тавре ки мебинӣ, мо бисёр будему хеле кам мондаем.+ 3 Бигзор Худоят Яҳува ба мо бигӯяд, ки куҷо равему чӣ кор кунем».
4 Пайғамбар Ирмиё ба онҳо ҷавоб дод: «Ман гапатонро фаҳмидам ва ба Худоятон Яҳува мувофиқи хостатон дуо мегӯям. Ҳар сухане, ки Яҳува барои шумо бигӯяд, ман мерасонам ва ҳеҷ суханеро аз шумо пинҳон намекунам».
5 Онҳо ба Ирмиё гуфтанд: «Бигзор Яҳува шоҳиди мо бошад, шоҳиди ҳақгӯву боваринок: мо қавл медиҳем, ки ҳар чӣ Худоят Яҳува ба мо ба воситаи ту бифармояд, ба ҷо меорем. 6 Хоҳ гапи хуб бошад, хоҳ бад, мо ба овози Худоямон Яҳува, ки туро барои аз ӯ пурсидан мефиристем, итоат мекунем. Мо ба овози Худоямон Яҳува гӯш медиҳем, зеро мехоҳем ҳоламон хуб бошад».
7 Даҳ рӯз пас паёми Яҳува ба Ирмиё омад 8 ва ӯ Юҳонони писари Қореаҳ, тамоми сарлашкаронеро, ки бо ӯ буданд, ва тамоми мардумро, аз хурд то бузург, назди худ хонда,+ 9 ба онҳо гуфт: «Яҳува, Худои Исроил, ки маро фиристодед, то зориятонро ба ӯ бирасонам, чунин мегӯяд: 10 “Агар шумо дар ин замин бимонед, ман шуморо обод мегардонам, на хароб ва шуморо мешинонаму решакан намесозам, зеро аз бадбахтие, ки бар саратон овардаам, ғамгинам.+ 11 Аз подшоҳи Бобил ин қадар натарсед.+
Аз ӯ натарсед,— мегӯяд Яҳува,— зеро ман бо шумо ҳастам, то шуморо наҷот диҳам ва аз дасти ӯ халос кунам. 12 Ман ба шумо раҳм мекунам+ ва шоҳи Бобил низ ба шумо раҳм мекунад ва шуморо ба заминатон бармегардонад.
13 Аммо, агар шумо ба овози Худоятон Яҳува гӯш надиҳед ва бигӯед: “Не, дар ин замин намемонем! 14 Мо ба замини Миср меравем,+ ки дар он ҷо на ҷангро мебинем, на овози шохро мешунавем ва на аз гушнагиву бенонӣ азоб мекашем. Мо ба он ҷо рафта, зиндагӣ мекунем”, 15 агар чунин карданӣ бошед, пас, паёми Яҳуваро бишнавед, эй бақияи Яҳудо! Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Агар шумо азми сафар ба Мисрро дошта бошед ва дар он ҷо сокин шудан хоҳед*, 16 ҳамон шамшере, ки аз он метарсед, шуморо дар Миср меёбад ва гушнагие, ки аз он метарсед, аз қафоятон ба Миср сур карда меравад ва шумо дар он ҷо мемиред.+ 17 Ҳама касоне, ки азми сафар ба Мисрро доранд ва дар он ҷо зиндагӣ кардан мехоҳанд, дар он замин аз шамшер, гушнагӣ ва вабо мемиранд. Ҳеҷ яке аз онҳо зинда намемонад ва аз фалокате, ки бар сарашон меорам, раҳо намеёбад”.
18 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Агар ба Миср биравед, ҳамон тавре ки ман хашму ғазабамро бар сокинони Ерусалим рехтам,+ бар шумо низ мерезам. Агар ин корро кунед, лаънатзадаву шарманда мегардед, одамон шуморо дуои бад мекунанду ҳолатонро дида ба даҳшат меоянд+ ва шумо дигар ин маконро намебинед”.
19 Яҳува бар зидди шумо сухан гуфтааст, эй бақияи Яҳудо. Ба Миср наравед. Бидонед, ки ман имрӯз шуморо хабардор кардам, 20 ки бо ин коратон ҷони худро дар хатар мегузоред. Худи шумо аз ман хоҳиш карда будед, ки аз Худоятон Яҳува бипурсам. Шумо гуфта будед: “Дар ҳаққи мо ба Худоямон Яҳува дуо бигӯ ва ҳар чӣ Худоямон Яҳува бигӯяд, ба мо бирасон ва мо онро ба ҷо меорем”.+ 21 Ман ба шумо имрӯз гуфтам, валекин шумо ба овози Худоятон Яҳува, ки маро фиристодааст, то ба шумо инро расонам, гӯш доданӣ нестед.+ 22 Аз ин рӯ бидонед, ки шумо, дар ҷое ки рафта, дар он сокин шудан мехоҳед, аз шамшер ва гушнагиву вабо мемиред».+
43 Вақте Ирмиё ба тамоми халқ гуфтани ҳамаи суханони Худояшон Яҳуваро, яъне ҳар як суханеро, ки Худояшон Яҳува ба воситаи ӯ ба онҳо расонданӣ буд, тамом кард, 2 Азарёи писари Ҳушаъё, Юҳонони+ писари Қореаҳ ва тамоми мардуми худписанд ба Ирмиё гуфтанд: «Дурӯғ нагӯй! Худоямон Яҳува туро нафиристодааст ва ба ту нагуфтааст: “Ба Миср наравед ва дар он ҷо сокин нашавед”. 3 Туро Борухи+ писари Нериё бар зидди мо иғво андохтааст, то ба дасти калдониён супурда шавем ва онҳо моро нобуд созанд ё асир карда, ба Бобил баранд».+
4 Ҳамин тавр, Юҳонони писари Қореаҳ, тамоми сарлашкарон ва тамоми мардум ба овози Яҳува гӯш надоданд ва дар замини Яҳудо намонданд. 5 Юҳонони писари Қореаҳ ва ҳамаи сарлашкарон тамоми бақияи Яҳудоро, ки аз байни халқҳое, ки дар он пароканда шуда буданду ба замини Яҳудо баргашта, дар он сокин буданд, бо худ гирифтанд.+ 6 Онҳо мардон, занон, кӯдакон, духтарони подшоҳ ва ҳар касеро, ки сардори посбонон, Набузаръадон,+ ба Ҷадалёҳуи+ писари Аҳиқоми+ писари Шофон+ монда рафта буд, ва ҳамчунин пайғамбар Ирмиё ва Борухи писари Нериёро ҳамроҳи худ бурданд. 7 Онҳо ба овози Яҳува гӯш надода, ба замини Миср рафтанд ва то ба Таҳфанҳес+ расиданд.
8 Дар Таҳфанҳес аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё чунин паём омад: 9 «Ба дастат сангҳои калонро гирифта, дар пеши чашми яҳудиён дар хиштфарши назди даромадгоҳи хонаи фиръавн, дар Таҳфанҳес, бимон ва болояшонро бо гили хиштрезӣ бипӯшон. 10 Сипас ба онҳо бигӯ: “Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман бандаи худ, Набукаднесари подшоҳи Бобилро, мефиристам+ ва тахти ӯро бар ҳамин сангҳое, ки пинҳон кардаам, мегузорам ва ӯ бар онҳо хаймаи шоҳонаашро паҳн мекунад.+ 11 Ӯ омада, замини Мисрро зарба мезанад.+ Ҳар кӣ ба касалии марговар маҳкум гаштааст, ба касалии марговар гирифтор мешавад, ҳар кӣ ба асирӣ маҳкум гаштааст, ба асирӣ меравад ва, ҳар кӣ ба шамшер маҳкум гаштааст, аз шамшер мемирад.+ 12 Ман хонаҳои худоёни Мисрро оташ мезанам.+ Ӯ хонаҳояшонро сӯзонда, худашонро ба асирӣ мебарад. Чи тавре ки чӯпон ҷомаашро ба осонӣ бар танаш мепечонад, ҳамон тавр ӯ замини Мисрро ба осонӣ бар худ мепечонад ва соқу саломат аз он ҷо берун меояд. 13 Ӯ сутунҳои* Байт-Шемеши* замини Мисрро пора-пора мекунад ва хонаҳои худоёни Мисрро оташ мезанад”».
44 Ин аст паёме, ки ба воситаи Ирмиё ба ҳамаи яҳудиёне, ки дар замини Миср,+ дар Миҷдӯл,+ Таҳфанҳес,+ Нуф*+ ва замини Фатрус+ зиндагӣ мекарданд, фиристода шуд: 2 «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Шумо дидед, ки ман бар Ерусалим ва ҳама шаҳрҳои Яҳудо чӣ фалокате овардам.+ Онҳо имрӯз харобазору беодаманд,+ 3 зеро ба бадкориҳо даст зада, ба худоёне, ки на онҳо мешинохтанду на шумо ва на бобоёнатон,+ қурбониҳо меоварданд ва маро дарғазаб мекарданд.+ 4 Ман бандагонам пайғамбаронро гаштаву баргашта* назди халқ мефиристодам ва мегуфтам: “Илтимос, ин кори ҳаромеро, ки бароям нафратовар аст, накунед”.+ 5 Аммо онҳо ба гапам итоат накарданд ва гӯш наандохтанд. Онҳо аз роҳи бадашон нагаштанду ба худоёни дигар қурбонӣ оварданро бас накарданд.+ 6 Аз ин рӯ қаҳру ғазабам бар онҳо рехта, бар шаҳрҳои Яҳудову кӯчаҳои Ерусалим аланга зад ва онҳо вайрону валангор гаштанд, чуноне ки имрӯз аст”.+
7 Аз ин рӯ Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Чаро шумо бар сари худ фалокати бузурге меоред, ба тавре ки ҳар марду зан ва ҳар тифлу кӯдак аз Яҳудо нест шавад ва аз шумо бақияе намонад? 8 Чаро шумо дар замини Миср сокин шуда, ба бадкорӣ даст мезанеду ба худоёни дигар қурбонӣ меоред? Чаро маро бо ин коратон ба ғазаб меоред? Шумо несту нобуд мешавед ва дар миёни ҳамаи халқҳо лаънатзадаву расво мегардед.+ 9 Магар шумо бадкориҳои бобоёнатон, бадкориҳои подшоҳони Яҳудову+ занони онҳо+ ва бадкориҳои худатону занонатонро,+ ки дар замини Яҳудо ва кӯчаҳои Ерусалим карда мешуд, фаромӯш кардед? 10 То ба имрӯз шумо гардан нафаровардед, аз ман натарсидед+ ва аз рӯйи шариат ва фармудаҳоям, ки ба шумову бобоёнатон дода будам, рафтор накардед”.+
11 Аз ин рӯ Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман қарор кардам, ки бар сари шумо фалокат оварда, тамоми Яҳудоро нест кунам. 12 Ман бақияи Яҳудоро, ки азми сафар ба Мисрро доштанду дар он ҷо зиндагӣ кардан мехостанд, гирифта, ҳамаашонро дар замини Миср нобуд месозам.+ Онҳо бо шамшер кушта мешаванду аз қаҳтӣ нобуд мегарданд — аз хурд то калон аз шамшеру қаҳтӣ мемиранд. Онҳо лаънатзадаву шарманда мегарданд ва одамон онҳоро дуои бад мекунанду ҳолашонро дида ба даҳшат меоянд.+ 13 Ман сокинони Мисрро мисли сокинони Ерусалим бо шамшер, қаҳтӣ ва вабо ҷазо медиҳам.+ 14 Он гоҳ бақияи Яҳудо, ки ба замини Миср рафтааст, халосӣ намеёбад ва зинда ба замини Яҳудо барнамегардад. Онҳо дар ҳасрати он хоҳанд буд, ки баргарданд ва дар он сокин шаванд, вале ғайр аз якчанд нафар, ки гурехта тавонад, касе барнамегардад”».
15 Ҳамаи мардоне, ки ба худоёни дигар қурбонӣ овардани занонашонро медонистанд, ва ҳамаи заноне, ки тӯда шуда, дар он ҷо меистоданд, ва тамоми қавме, ки дар замини Миср,+ дар Фатрус,+ зиндагӣ мекарданд, ба Ирмиё ҷавоб доданд: 16 «Мо ба паёме, ки ту аз номи Яҳува ба мо расондӣ, гӯш намедиҳем, 17 балки гапи худамонро мекунем. Мо ба Маликаи осмон* қурбонӣ ва ҳадияҳои рехтанӣ меорем,+ ҳамон тавре ки мо, бобоёнамон, подшоҳонамон ва миронамон дар шаҳрҳои Яҳудо ва кӯчаҳои Ерусалим мекардем. Вақте мо ин тавр мекардем, сериву пурӣ доштем ва аз фалокат дар амон будем. 18 Вале, аз вақте ки ба Маликаи осмон қурбониҳову ҳадияҳои рехтанӣ оварданро бас кардем, муҳтоҷи ҳама чиз ва гирифтори шамшеру қаҳтӣ гаштем».
19 Занон илова карданд: «Вақте мо барои Маликаи осмон қурбониҳову ҳадияҳои рехтанӣ меовардем, магар шавҳаронамон аз ин бехабар буданд? Магар мо бе розигии онҳо ба шакли Маликаи осмон кулча мепухтему ҳадияҳои рехтанӣ меовардем?»
20 Он гоҳ Ирмиё ба ҳамаи мардум, ба мардону занон ва ҳамаи онҳое, ки бо ӯ сухан меронданд, чунин гуфт: 21 «Қурбониҳое, ки шумо, бобоёнатон, подшоҳону миронатон ва мардуми сарзаминатон дар шаҳрҳои Яҳудо ва кӯчаҳои Ерусалим меовардед,+ аз ёди Яҳува нарафтаанд. Ӯ онҳоро дар хотир дорад! 22 Кор ба дараҷае расида буд, ки Яҳува натавонист ба бадкориҳо ва корҳои нафратангези шумо тоб орад ва замини шумо ба харобазору даҳшатзор табдил ёфта, замини бекасу лаънатзада гардид, чуноне ки имрӯз аст.+ 23 Шумо имрӯз аз он сабаб ба чунин ҳолат гирифтор шудед ва ин бадбахтӣ аз он сабаб бар саратон омад, ки бар зидди Яҳува гуноҳ кардед, ин қурбониҳоро овардед, ба овози Яҳува гӯш надодед ва ба шариату фармудаҳо ва ёдовариҳояш итоат накардед».+
24 Ирмиё суханашро давом дода, ба мардум ва тамоми занон чунин гуфт: «Паёми Яҳуваро бишнавед, эй мардуми Яҳудо, ки дар замини Миср ҳастед. 25 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Он чизеро, ки шумову занонатон бо даҳони худ гуфтед, бо дастони худ ба амал овардед. Шумо гуфтед: “Мо назрҳои* худро ҳатман ба ҷо оварда, ба Маликаи осмон қурбониҳову ҳадияҳои рехтанӣ меорем”.+ Шумо, эй занон, назрҳои худро ба ҷо оварда, ба ваъдаатон вафо мекунед”.
26 Аз ин рӯ паёми Яҳуваро бишнавед, эй мардуми Яҳудо, ки дар замини Миср зиндагӣ мекунед: “Ба номи худам қасам ки,— мегӯяд Яҳува,— ҳеҷ кас аз Яҳудо, ки дар Миср бошад, ба номи ман қасам хӯрда нахоҳад гуфт:+ “Қасам ба номи Парвардигор Яҳува, Худои зинда!”+ 27 Ман ба онҳо нигоҳ карда истодаам, вале на бо мақсади некӣ кардан дар ҳаққашон, балки бо мақсади фалокат овардан бар сарашон.+ Ҳамаи мардуми Яҳудо, ки дар Миср аст, аз шамшер ва қаҳтӣ мурдан мегиранд, то даме ки тамоман нобуд шаванд.+ 28 Танҳо каме аз шумо аз шамшер наҷот ёфта, аз замини Миср ба замини Яҳудо бармегардад.+ Он гоҳ тамоми бақияи Яъқуб, ки дар Миср зиндагӣ мекунанд, мефаҳманд, ки гапи кӣ иҷро шуд: гапи онҳо ё гапи ман!
29 Инак, ман бо аломате тасдиқ мекунам,— мегӯяд Яҳува,— ки бар ту фалокат меорам ва туро ҳатман ҷазо медиҳам. Инро дида ту мефаҳмӣ, ки гапам ҳақ будааст. 30 Яҳува чунин мегӯяд: “Инак, ман, ҳамон тавре ки подшоҳи Яҳудо, Сидқиёҳуро, ба дасти душманаш, ки қасди ҷонашро дошт, яъне ба дасти подшоҳи Бобил, Набукаднесар, дода будам, фиръавн Ҳофраъ, подшоҳи Мисрро, низ ба дасти душманонаш медиҳам, ба дасти касоне, ки қасди ҷонашро доранд”».+
45 Дар соли чоруми Еҳуёқими+ писари Юшиё — подшоҳи Яҳудо, вақте Борухи+ писари Нериё суханони пайғамбар Ирмиёро дар китоб менавишт,+ Ирмиё ба ӯ чунин гуфт:
2 «Яҳува, Худои Исроил, дар ҳаққи ту, эй Борух, чунин мегӯяд: 3 “Ту мегӯӣ: “Вой бар ҳоли ман, чунки Яҳува ба дарди ман ғаму андуҳ зам кардааст! Аз оҳу фиғони худ хаставу бемадор шудаам ва оромие надорам”.
4 Ба Борух чунин бигӯ: “Яҳува мегӯяд: “Он чӣ сохтаам, вайрон мекунам ва, он чӣ шинондаам, решакан месозам. Дар тамоми сарзамин чунин мекунам.+ 5 Ту бошӣ, чизҳои бузургро орзу дорӣ. Орзу накун, зеро ман бар сари тамоми одамизод бадбахтӣ меорам,+— мегӯяд Яҳува,— вале ҷони туро, ба куҷое биравӣ, зинда нигоҳ медорам*”».+
46 Ин аст паёми Яҳува ба пайғамбар Ирмиё дар ҳаққи халқҳо+ — 2 дар ҳаққи Миср,+ дар бораи лашкари подшоҳи Миср, фиръавн Накӯҳ,+ ки назди дарёи Фурот, дар Каркамиш, дар соли чоруми ҳукмронии Еҳуёқими+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, аз тарафи Набукаднесар, подшоҳи Бобил, шикаст хӯрд:
3 «Сипарҳои хурду калонатонро тайёр кунед
Ва ба майдони ҷанг бароед.
4 Аспони худро зин зада, савор шавед, эй саворагон.
Кулоҳҳоятонро бар сар карда, саф кашед.
Найзаҳоятонро тез карда, зиреҳҳоятонро дар бар кунед.
5 Чаро онҳоро даҳшатзада мебинам?
Онҳо рӯ ба гурез ниҳодаанд, ҷанговаронашон шикаст хӯрдаанд.
Онҳо ба воҳима афтода гурехтаанд,
Ҷанговаронашон пушташонро нигоҳ накарда фирор намудаанд.
Ҳама ҷоро даҳшат фаро гирифтааст,— мегӯяд Яҳува.—
6 Бодпоён гурехта ва ҷанговарон халос хӯрда наметавонанд.
Дар шимол, дар соҳили дарёи Фурот,
Онҳо пешпо хӯрда, афтоданд.+
7 Ин кист, ки мисли дарёи Нил,
Мисли дарёҳои хурӯшон меояд?
8 Миср мисли дарёи Нил меояд,+
Мисли дарёҳои хурӯшон.
Он мегӯяд: “Баланд шуда, заминро рӯпӯш мекунам
Ва шаҳру сокинонашро нобуд месозам”.
9 Бидавед, эй аспон!
Бошиддат ҳай кунед, эй аробаҳо!
Бигзор ҷанговарон пеш бароянд,
Яъне Куш ва Фут, ки сипардоранд,+
10 Он рӯз рӯзи Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо, аст, рӯзи қасос гирифтан аз душманонаш аст. Шамшер онҳоро фурӯ бурда, аз хунашон сер мешавад, зеро Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо, дар замини шимол, назди дарёи Фурот,+ қурбониро сар мебурад.
Дорую дармонатро беҳуда афзун кардаӣ,
Зеро дарди ту давое надорад.+
12 Халқҳо аз расвоии ту огоҳ гаштанд+
Ва замин аз фиғони ту пур шуд.
Ҷанговар ба ҷанговар бармехӯрад
Ва ҳар ду меғалтанд».
13 Ин аст паёми Яҳува ба пайғамбар Ирмиё дар бораи омадани подшоҳи Бобил, Набукаднесар, ва Мисрро зарба задани ӯ:+
14 «Инро дар Миср эълон кунед ва дар Миҷдӯл+ паҳн намоед.
Онро дар Нуф* ва Таҳфанҳес+ овоза кунед.
Бигӯед: “Омода бошед ва саф кашед,
Зеро шамшер гирду атрофи шуморо фурӯ хоҳад бурд.
15 Чаро паҳлавонони ту сарнагун шуданд?
Онҳо натавонистанд истодагӣ намоянд,
Зеро Яҳува онҳоро фурӯ ғалтонд.
16 Бисёриҳо пешпо хӯрда, меафтанд,
Онҳо ба якдигар мегӯянд:
“Бархез, сӯйи халқи худ ва ватани худ баргардем
Ва аз ситами шамшер дур равем”.
17 Он ҷо онҳо эълон мекунанд:
“Фиръавн, подшоҳи Миср, даҳанкалони пучсухан аст.
Ӯ фурсатро аз даст дод”.+
18 Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Подшоҳе, ки номаш Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои зинда, аст,—
Ӯ* мисли Тобӯр,+ ки дар миёни кӯҳҳост, хоҳад омад
Ва мисли Кармил,+ ки назди баҳр аст.
19 Чизу чораи муҳоҷирататро тайёр кун,
Эй духтаре, ки дар Миср сокинӣ,
Зеро Нуф* ба даҳшатзор табдил меёбад.
Онро оташ мезананд* ва дар он касе боқӣ намемонад.+
20 Миср мисли ғуноҷини хушрӯст,
Вале аз шимол пашаҳо омада, ӯро мегазанд.
21 Ҳатто сарбозони кирошуда дар миёнаш мисли гӯсолаҳои парвориянд,
Вале онҳо низ пушташонро гардонда, яксар гурехтанд.
Онҳо натавонистанд истодагӣ кунанд,+
Зеро рӯзи фалокат ва замони ҷазояшон фаро расидааст.
22 Овози ӯ мисли фишшоси мор аст,
Зеро онҳо аз пушти ӯ бо қуввате меоянд,
Мисли дарахтбурон табар дар даст меоянд.
23 Онҳо ҷангали ӯро хоҳанд бурид,— мегӯяд Яҳува,— ҳарчанд он касногузар метобад.
Онҳо аз малахҳо бештаранд, сону шумор надоранд.
24 Духтари Миср расво мегардад,
Ӯ ба дасти мардуми шимол супурда мешавад”.+
25 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, мегӯяд: “Ман диққати худро сӯйи Омӯни+ худои Нӯ*,+ сӯйи фиръавн, сӯйи Миср, сӯйи худоҳои он,+ сӯйи подшоҳонаш, сӯйи худи фиръавн ва сӯйи ҳамаи онҳое, ки ба ӯ такя мекунанд, менигаронам.+
26 Ман онҳоро ба дасти касоне, ки қасди ҷонашонро доранд, ба дасти Набукаднесари подшоҳи Бобил+ ва хизматгоронаш, медиҳам. Вале баъдтар он одамнишин мешавад, чуноне ки пеш буд,— мегӯяд Яҳува.+—
27 Эй бандаам Яъқуб, натарс
Ва ҳаросон нашав, эй Исроил,+
Зеро туро аз ҷойи дурдаст бозмеорам
Ва наслатро аз замини асирӣ раҳо мекунам.+
Яъқуб бармегардад ва орому осуда зиндагӣ мекунад
Ва касе ӯро нахоҳад тарсонд.+
28 Аз ин рӯ натарс, эй бандаам Яъқуб,— мегӯяд Яҳува,— зеро ман бо туям.
Ман тамоми халқҳоеро, ки туро дар миёнашон пароканда кардаам, нобуд месозам,+
Вале туро нест намекунам.+
47 Ин аст паёми Яҳува ба пайғамбар Ирмиё дар бораи фалиштиён,+ пеш аз он ки фиръавн Ғазаро зарба занад: 2 «Яҳува чунин мегӯяд:
“Инак, аз шимол дарёе меояд,
Он ба селобе табдил меёбад
Ва замину ҳар чиро, ки дар он аст,
Шаҳр ва сокинони онро, рӯпӯш мекунад.
Одамон фиғон хоҳанд бардошт
Ва ҳар сокини ин замин нола хоҳад кард.
3 Аз овози сумҳои аспони ӯ,
Аз тарақ-туруқи аробаҳои ҷангияш
Ва гулдурроси чархҳояш
Падарон барои фарзандонашон қафо намегарданд,
Зеро аз тарс дасту по хӯрдаанд.
4 Рӯзи нобудии ҳамаи фалиштиён фаро мерасад.+
Ҳар як ҳампаймони боқимондаи Сӯр+ ва Сидӯн+ нест карда мешавад.
Яҳува фалиштиёнро,
Бақияи ҷазираи Кафтӯрро*,+ нобуд месозад,
5 Калӣ ба Ғазза меояд*,
Хомӯшӣ ба Ашқалӯн.+
Эй бақияи водии онҳо,
То кай бар бадани худ чокҳо мекунӣ?+
6 Эй шамшери Яҳува,+
То ба кай ором намешавӣ?!
Ба ғилофат баргард,
Бозист ва ором шав!
7 Чӣ тавр он ором шавад,
Дар ҳоле ки Яҳува ба он амр фармудааст?
Ӯ онро ба сари Ашқалӯну соҳили баҳр+ фиристодааст”».
48 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, дар бораи Мӯоб+ чунин мегӯяд:
«Вой бар ҳоли Набӯ,+ зеро он нобуд гаштааст!
Қирятоим+ расво гашта, забт шудааст.
Қалъаи мустаҳкам расвову шарманда гашта, пора-пора шудааст.+
2 Мӯобро дигар ситоиш намекунанд.
Шикасти ӯро дар Ҳешбӯн+ ташкил карда, гуфтаанд:
“Биёед рафта, Мӯобро нобуд созем, то ки дигар халқ набошад”.
Ту низ, эй Мадмен, хомӯш бош,
Зеро аз қафоят шамшер меояд.
3 Дар Ҳуруноим+ фиғон ва садои харобсозиву шикасти бузург ба гӯш мерасад.
4 Мӯоб шикаст хӯрдааст,
Кӯдакони хурдаш мегирянд.
5 Мардум бар кӯтали Луҳит нолакунон мебароянд
Ва бо роҳи Ҳуруноим фаромада, аз сабаби фалокат фиғони пурдардро мешунаванд.+
6 Гурезеду ҷон ба саломат баред!
Мисли дарахти арча дар биёбон шавед.
7 Азбаски ба корҳои худ ва ганҷҳоят таваккал мекунӣ,
Ту низ забт карда мешавӣ.
Камуш+ ҳам ҳамроҳи коҳинону миронаш
Ба асирӣ бурда мешавад.
8 Нобудгар ба ҳар як шаҳр меояд
Ва ҳеҷ як шаҳр халосӣ намеёбад.+
Водӣ нест карда мешавад
Ва дашт нобуд мегардад,
Ҳамон тавре ки Яҳува гуфтааст.
9 Барои Мӯоб нишонае гузоред,
Зеро, вақте вайрона шавад, рӯ ба гурез меорад
Ва шаҳрҳояш ба даҳшатзору макони беодам табдил меёбанд.+
10 Лаънат ба касе, ки ба супориши Яҳува хунукназарӣ кунад!
Лаънат ба касе, ки шамшерашро аз хунрезӣ боздорад!
11 Мӯобиён аз ҷавонияшон осудаҳол буданд,
Мисли шаробе, ки таҳшин мешавад.
Онҳоро аз як зарф ба зарфи дигар нарехтаанд
Ва онҳо боре ҳам ба асирӣ нарафтаанд.
Аз ин рӯ мазаи онҳо дигар нашудааст
Ва бӯяшон тағйир наёфтааст.
12 Аз ин рӯ рӯзҳое меоянд,— мегӯяд Яҳува,— ки ман одамонеро мефиристам, то онҳоро чаппагардон кунанд. Онҳоро чаппа мекунанд ва зарфҳояшонро холӣ намуда, кӯзаҳои калонашонро пора-пора месозанд. 13 Он гоҳ мӯобиён аз боиси Камуш хиҷилу сархам мешаванд, чуноне ки хонадони Исроил аз боиси Байт-Ил, ки қуввати дилашон буд, хиҷил ҳастанд.+
14 Чӣ хел шумо ҷуръат карда мегӯед: “Мо ҷанговарони пурзӯрем ва ба ҷанг тайёрем”?+
15 Мӯоб вайрон шудааст,
Шаҳрҳояш забт гардидаанд+
Ва ҷавонони беҳтаринаш кушта шудаанд,+—
Мегӯяд Подшоҳе, ки номаш Яҳува, Худои лашкарҳост.+—
16 Бадбахтии мӯобиён наздик аст
Ва шикасти онҳо мешитобад.+
17 Ҳамсоягон ва ҳама донандагони номашон
Ба онҳо дилсӯзӣ хоҳанд кард.
Ба онҳо бигӯед: “Эй вой, асои пурқудрат ва чӯбдасти шукӯҳ шикаста шуд!”
18 Аз ҷалоли худ фуруд ой
Ва ташналаб биншин*, эй духтаре, ки дар Дибӯн+ сокин ҳастӣ,
Зеро нобудгари Мӯоб бар зидди ту омадааст
Ва ҳисорҳои туро хароб месозад.+
19 Сари роҳ биист ва тамошо кун, эй сокини Арӯэр.+
Мардони фирорӣ ва занони гурезаро бипурс, ки чӣ гап шудааст.
20 Мӯоб шарманда гашта, ба даҳшат омадааст.
Гиряву нола кунед.
Дар Арнӯн+ эълон кунед, ки Мӯоб нобуд гаштааст.
21 Худо даштро доварӣ мекунад.+ Ӯ Ҳулӯн, Ёҳас,+ Мифоат,+ 22 Дибӯн,+ Набӯ,+ Байт-Диблотаим, 23 Қирятоим,+ Байт-Ҷомул, Байт-Меӯн,+ 24 Қарийӯт+ ва Басраро доварӣ мекунад. Ҳамаи шаҳрҳои замини Мӯоб, шаҳрҳои дуру наздик, доварӣ карда мешаванд.
25 Қувваи* Мӯоб бурида шудааст.
Дасти ӯ шикаста шудааст,— мегӯяд Яҳува.—
Мӯоб дар қайи худ ғӯта задааст
Ва масхараи мардум гаштааст.
27 Магар Исроил барои ту хандахариш набуд?+
Магар ӯро дар миёни дуздон дидӣ,
Ки бо нафрат сар ҷунбонда, бар зидди вай сухан мегӯӣ?
28 Шаҳрҳоро тарк намуда,
Дар кӯҳпораҳо зиндагӣ кунед, эй сокинони Мӯоб.
Мисли кафтар шавед, ки дар лаби ҷар лона месозад».
29 «Дар бораи ифтихори Мӯоб шунидем,
Ӯ хеле ҳавобаланд аст.
Кибру ғурур, каттагӣ ва ҳавобаландии дилаш ба гӯши мо расидааст».+
30 «Ман хашми ӯро медонам,— мегӯяд Яҳува,—
Вале суханони пучи ӯ фоидае намеоранд,
Аз онҳо суде нест.
31 Аз ин рӯ ман барои Мӯоб хоҳам гирист,
Барои тамоми Мӯоб фиғон хоҳам бардошт
Ва барои мардуми Қир-Ҳерес нола хоҳам кард.+
Шохаҳои шукуфонат аз баҳр гузаштанд.
Онҳо то ба баҳр, то Яъзир, расиданд.
Нобудгар ба меваҳои тобистона ва ҳосили ангурат ҳуҷум овардааст.+
33 Шодиву хурсандӣ дар бӯстон барҳам хӯрдааст
Ва дар замини Мӯоб дида намешавад.+
Ман коре кардам, ки шароб дигар аз чархуштҳо намечакад,
Ҳеҷ кас ангурро бо шодӣ пахш намекунад,
Ба ҷойи садои шодӣ овози дигаре мешавад.+
34 Фиғоне аз Ҳешбӯн+ то худи Элъоле+ мерасад.
Ҳатто обҳои Нимрим хушк мешаванд.+
35 Ман тавре мекунам,— мегӯяд Яҳува,—
Ки дар Мӯоб касе намонад, ки дар баландӣ ҳадия биёрад
Ва барои худояш қурбониҳо орад.
36 Аз ин рӯ дилам барои Мӯоб мисли садои най* нола хоҳад кард,+
Дилам барои мардуми Қир-Ҳерес мисли садои най нола хоҳад намуд,
Зеро сарвате, ки ӯ ҷамъ кардааст, нобуд мешавад.
37 Сари ҳама кал аст+
Ва риши ҳама тарошида аст.
38 Бар ҳама бомҳои Мӯоб
Ва ҳама майдонҳояш
Ғайр аз нола чизи дигаре нест,
Зеро ман Мӯобро мисли кӯзаи нодаркор шикастаам,— мегӯяд Яҳува.—
39 Чӣ даҳшате ӯро фаро гирифтааст! Бигирйед!
Чӣ сон Мӯоб пушт гардонда, шармсор гаштааст!
Мӯоб масхараи мардум
Ва даҳшати атрофиёнаш гаштааст.
40 Яҳува чунин мегӯяд:
41 Шаҳрҳо забт мешаванд
Ва ҳисорҳои онҳо ба даст меафтанд.
Дар он рӯз дили ҷанговарони Мӯоб
Мисли дили заноне мешавад, ки азоби зоиш доранд.
43 Тарс, чоҳ ва дом дар пеши пойи туст,
Эй сокини Мӯоб,— мегӯяд Яҳува.—
44 Ҳар кӣ аз даҳшат гурезад, ба чоҳ меғалтад
Ва ҳар кӣ аз чоҳ барояд, ба дом меафтад,
Зеро ман бар Мӯоб соли ҷазоро меорам,— мегӯяд Яҳува.—
45 Онҳое, ки мегурезанд, дар сояи Ҳешбӯн бемаҷол истодаанд,
Зеро аз Ҳешбӯн оташ
Ва аз Сиҳӯн алов мебарояд.+
Он пешонии Мӯоб
Ва фарқи сари писарони ошӯбро фурӯ мебарад.+
46 Вой бар ҳолат, эй Мӯоб!
Мардуми Камуш+ нобуд шуданд.
Писаронатро ба асирӣ бурданд
Ва духтаронат асир гаштанд.+
47 Аммо ман дар рӯзҳои охир асирони Мӯобро ҷамъ меорам,— мегӯяд Яҳува.—
Доварии Мӯоб дар ин ҷо тамом мешавад”».+
49 Дар бораи аммӯниён+ Яҳува чунин мегӯяд:
«Магар Исроил соҳиби писарон нест?
Магар ворис надорад?
Пас, чаро Малком+ Ҷодро аз худ кардааст+
Ва чаро мардумаш дар шаҳрҳои Исроил зиндагӣ мекунад?
2 Аз ин рӯ замоне меояд, ки,— мегӯяд Яҳува,—
Бо амри ман бонг садо медиҳад,
Он тали вайронае мегардад
Ва шаҳракҳои тобеяш* оташ зада мешаванд.
Исроил мулки забтгарони худро соҳиб мешавад,+— мегӯяд Яҳува.—
3 Нола кун, эй Ҳешбӯн, зеро Ой хароб шудааст,
Фарёд бизанед, эй шаҳракҳои тобеи Рабба.
Палос* бипӯшед.
4 Чаро бо водиҳоят, фахр мекунӣ?
Чаро бо водиҳои серҳосилат меболӣ, эй духтари бевафо?
Ту ба ганҷҳоят такя мекунӣ
Ва мегӯӣ: “Кӣ бар зидди ман мебарояд?”
5 Ман аз тамоми атрофиёнат бар сари ту даҳшат меорам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо,—
Шумо ба чор тараф мегурезед
Ва ҳеҷ кас гурезагонро ҷамъ намеорад.
6 Вале баъд ман асирони Аммӯнро ҷамъ меорам»,— мегӯяд Яҳува.
7 Яҳува, Худои лашкарҳо, дар бораи Адӯм мегӯяд:
«Магар дар Темон хирад намондааст?+
Магар соҳибфаҳмон дигар маслиҳати хуб дода наметавонанд?
Магар хиради онҳо пӯсидааст?
8 Бигрезед, қафо гардед!
Рафта, дар водиҳои паст зиндагӣ кунед, эй сокинони Дадон,+
Зеро ман, вақте диққатамро сӯйи Эсов кунам,
Бар сараш фалокат меорам.
9 Агар ҷамъоварони ангур наздат меомаданд,
Магар баъди худ андак ангур боқӣ намемонданд?
Агар дуздон шабона меомаданд,
Магар танҳо ба қадри дилхоҳашон ғорат намекарданд?+
10 Вале ман Эсовро луб-луч мекунам,
Ниҳонгоҳҳояшро ошкор месозам,
То дигар пинҳон шуда натавонад.
11 Ятимонатро тарк кун,
Ман бошам, онҳоро зинда нигоҳ медорам
Ва бевазанонат ба ман такя хоҳанд кард».
12 Яҳува чунин мегӯяд: «Агар онҳое, ки ба нӯшидани косаи ғазаб маҳкум нашудаанд, онро нӯшанд, наход ту ҷазое нагирӣ? Ту беҷазо намемонӣ, балки ҳатман аз он менӯшӣ.+
13 Ба номи худ қасам ки,— мегӯяд Яҳува,— Басра гирифтори даҳшат,+ шармандагӣ, харобӣ ва лаънат мегардад. Тамоми шаҳрҳояш харобазори абадӣ мешаванд».+
14 Ман паёми Яҳуваро шунидам,
Хабаррасоне назди халқҳо фиристода шудааст.
Ӯ мегӯяд: «Ҷамъ шавед ва бар зидди ӯ бароед,
Ба ҷанг тайёр шавед».+
15 «Ман туро дар миёни халқҳо ночиз
Ва дар миёни мардум нафратзада кардаам.+
16 Ту аз ҳайбати худ фиреб хӯрдӣ
Ва ҳавобаландии дилат туро фирефта кард,
Эй он кӣ дар шикофҳои кӯҳ зиндагӣ мекунӣ
Ва дар пуштаи баландтарин сокин ҳастӣ.
Ҳарчанд мисли уқоб дар баландӣ лона мемонӣ,
Ман туро бар замин мепартоям,— мегӯяд Яҳува.—
17 Адӯм ба ҳолати даҳшатангез гирифтор мешавад.+ Ҳар кӣ аз пешаш гузар кунад, тамоми вабоҳояшро дида аз ҳайрат ҳуштак мекашад. 18 Чи тавре ки Садӯму Амӯро ва шаҳрҳои ҳамсояашон нобуд шуданд,+— мегӯяд Яҳува,— дар Адӯм низ касе зиндагӣ нахоҳад кард ва касе сокин нахоҳад шуд.+
19 Касе мисли шере+ дар бешазори сердарахти соҳили Урдун бар чарогоҳҳои ором хоҳад омад, вале ман дар як лаҳза тавре мекунам, ки онҳо рӯ ба гурез оранд. Ман бар вай интихобшудаеро таъйин мекунам. Кист мисли ман ва кӣ ба ман баробар шуда метавонад? Кадом чӯпон бар зидди ман истодагӣ карда метавонад?+ 20 Аз ин рӯ, эй мардум, бишнавед, ки Яҳува бар зидди Адӯм чӣ ҳукме баровардааст ва бар зидди сокинони Темон+ чӣ нияте кардааст:
Баррачаҳои рамаро кашола карда хоҳанд бурд.
Аз пушти онҳо ӯ чарогоҳашонро хароб мекунад.+
21 Аз садои афтоданашон замин ба ларза омад.
Фиғоне ба гӯш мерасад.
Садое то ба баҳри Сурх+ шунида мешавад.
Дар он рӯз дили ҷанговарони Адӯм
Мисли дили заноне хоҳад буд, ки азоби зоиш доранд».
23 Дар бораи Димишқ:+
«Ҳамот+ ва Арфод шармсор шуданд,
Зеро хабари бадро шуниданд.
Онҳо ҳаросон шуданд.
Баҳр хурӯшон аст, наметавонад ором шавад.
24 Димишқ тарсончак шудааст,
Рӯ ба гурез овардааст, вале ваҳм ӯро фаро гирифтааст.
Мисли зане, ки азоби зоиш дорад,
Дарду азоб мекашад.
25 Чӣ шуд ки ин шаҳри пуршукӯҳ
Ва шаҳри шодмонӣ партофта нашудааст?
26 Ҷавононаш дар майдонҳо меафтанд
Ва тамоми лашкараш дар он рӯз нест мешавад,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.
27 Ман девори Димишқро оташ мезанам
Ва он ҳисорҳои мустаҳками Бин-Ҳададро+ фурӯ мебарад».
28 Яҳува дар бораи Қедор+ ва подшоҳиҳои Ҳосӯр, ки Набукаднесари подшоҳи Бобил онҳоро зарба зад, чунин мегӯяд:
«Бархезед ва ба Қедор биравед,
Писарони Шарқро нобуд созед.
29 Хаймаҳо ва рамаҳои онҳоро,
Чодарҳо ва тамоми чизу чораашонро хоҳанд гирифт
Шутурҳояшонро хоҳанд бурд
Ва сӯйи онҳо фарёд хоҳанд зад: “Даҳшат ҳама ҷоро фаро гирифтааст!”
30 Ба дуриҳо бигрезед!
Биравед ва дар водиҳои паст зиндагӣ кунед, эй сокинони Ҳосӯр,— мегӯяд Яҳува,—
Зеро Набукаднесар, подшоҳи Бобил, бар зидди шумо нақша кашидааст
Ва бар зидди шумо ҳила андешидааст.
31 Бархезед ва ба халқе, ки тинҷу ором зиндагӣ мекунанд, ҳамла оред! — мегӯяд Яҳува.—
Онҳо на дар доранд, на ғалақа. Онҳо танҳо́ зиндагӣ мекунанд.
32 Шутурҳо тороҷ мешаванд
Ва чорвои фаровонашон ба ғанимат гирифта мешавад.
Ман онҳоро ба ҳар сӯ* пароканда мекунам,
Бар сари онҳое, ки мӯйи чаккаашонро метарошанд,+
Аз ҳар тараф бало меорам,— мегӯяд Яҳува.—
33 Ҳосӯр ба лонаи шағолон табдил меёбад,
Харобазори абадӣ мегардад.
Касе дар он сокин намешавад
Ва ҳеҷ як одам дар он зиндагӣ намекунад».
34 Дар аввали ҳукмронии подшоҳи Яҳудо, Сидқиёҳу,+ ба пайғамбар Ирмиё аз ҷониби Яҳува дар бораи Элом+ чунин паём омад: 35 «Яҳува, Худои лашкарҳо, мегӯяд: “Ман камони Элом,+ манбаи қувваташро, мешиканам. 36 Ман бар Элом чор бодро аз чор канори осмон меорам ва онҳоро бо ҳамаи ин бодҳо пароканда месозам. Халқе намешавад, ки гурезагони Элом наздаш нараванд.
37 Ман эломиёнро дар пеши душманонашон ва дар пеши онҳое, ки қасди ҷонашонро доранд, шикаст медиҳам ва бар сарашон фалокат оварда, оташи ғазабамро бар онҳо фурӯ мерезам,— мегӯяд Яҳува.— Ман аз пасашон шамшер мефиристам, то даме ки яксар нобуд шаванд.
38 Ман тахтамро дар Элом+ барқарор карда, аз он ҷо подшоҳ ва миронро решакан месозам,— мегӯяд Яҳува,—
39 Вале дар рӯзҳои охир асирони Эломро ҷамъ меорам”»,— мегӯяд Яҳува.
50 Паёме, ки Яҳува ба воситаи пайғамбар Ирмиё дар бораи Бобил,+ дар бораи замини калдониён, гуфт:
2 «Инро дар миёни халқҳо бигӯ ва эълон намо.
Парчам бардор ва онро эълон кун.
Ҳеҷ чизро пинҳон надор.
Бигӯ: “Бобил забт шудааст.+
Бил шарманда гаштааст.+
Мерӯдах ба даҳшат афтодааст.
Ҳайкалҳояш шармсор шудаанд.
Бутҳои ҳаромаш* ба даҳшат омадаанд”,
3 Зеро халқе аз шимол бар зидди ӯ омада,+
Заминашро ба даҳшатзор табдил медиҳад.
Ҳеҷ кас дар он зиндагӣ намекунад.
Одаму ҳайвон рӯ ба гурез оварда,
Аз он ҷо рафтанд.
4 Дар он рӯзҳо ва дар он замон,— мегӯяд Яҳува,— мардуми Исроил ва мардуми Яҳудо якҷоя хоҳанд шуд.+ Онҳо гирякунон роҳ хоҳанд рафт+ ва якҷоя Худояшон Яҳуваро хоҳанд ҷуст.+ 5 Онҳо роҳи Сионро хоҳанд пурсид ва рӯяшонро сӯйи он нигаронида+ хоҳанд гуфт: “Биёед бо аҳди ҷовидонӣ, ки фаромӯш намешавад, ба Яҳува бипайвандем”.+ 6 Халқам мисли рамаи раҳгумзада гаштааст.+ Чӯпонони худашон онҳоро гумроҳ кардаанд.+ Онҳоро сӯйи кӯҳсор бурданд ва онҳо кӯҳ ба кӯҳ ва теппа ба теппа сарсону саргардон шуданд. Онҳо оромгоҳашонро фаромӯш карданд. 7 Ҳар кӣ онҳоро меёфт, фурӯ мебурд+ ва душманонашон мегуфтанд: “Мо айбдор нестем, зеро онҳо бар зидди Яҳува, ки ҷойгоҳи адолат аст, ва бар зидди умеди бобоёнашон — Яҳува, гуноҳ кардаанд”.
8 Аз даруни Бобил гурезед,
Аз замини калдониён бароед+
Ва мисли чорпоёне шавед, ки пешопеши рама мераванд,
9 Зеро ман аз замини шимол
Ҷамъи халқҳои бузургро бар зидди Бобил бармехезонам.+
Онҳо бар зидди ӯ саф мекашанд
Ва аз он ҷо омада, ӯро забт мекунанд.
10 Калдония ба яғмо бурда мешавад.+
Ҳар кӣ ӯро тороҷ кунад, сер мешавад,+— мегӯяд Яҳува,—
11 Зеро шумо мулки маро тороҷ карда,+
Дилхушӣ мекардед, шодӣ мекардед.+
Шумо мисли ғуноҷин дар сабзазор ҷастухез мекардед
Ва мисли аспон шиҳа мекашидед.
12 Модаратон шарманда гаштааст.+
Он кӣ шуморо зодааст, дилмонда шудааст.
Ӯ камтарини халқҳо,
Дашти беоб ва биёбон аст.+
Ҳар кӣ аз Бобил гузар кунад, бо даҳшат ба он менигарад
Ва тамоми балоҳояшро дида ба ҳайрат меафтаду ҳуштак мекашад.+
14 Эй ҳамаи камонварон,
Аз ҳар сӯ бар зидди Бобил саф кашед.
15 Аз ҳар сӯ бонги ҷанг бизанед ва бар зидди ӯ бароед.
Ӯ таслим шудааст.
Аз ӯ қасосатонро бигиред.
Чи тавре ки ӯ рафтор кард, бо ӯ низ ҳамон тавр рафтор кунед.+
16 Корандаро аз Бобил решакан созед
Ва даравгарро, ки дос дар даст дорад, нест кунед.+
Аз ситами шамшер гурехта,
Ҳар яке сӯйи халқи худ ва ба замини худ бармегардад.+
17 Мардуми Исроил гӯсфандони парокандаанд.+ Шерон онҳоро титу парешон карданд.+ Аввал подшоҳи Ошур онҳоро фурӯ бурд,+ баъд подшоҳи Бобил, Набукаднесар, устухонҳояшонро хоид.+ 18 Аз ин рӯ Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Инак, ман бо подшоҳи Бобил ва заминаш тавре амал мекунам, ки бо подшоҳи Ошур+ карда будам. 19 Ман Исроилро ба чарогоҳаш бармегардонам.+ Ӯ бар Кармил, Бошон,+ кӯҳҳои Эфроим+ ва Ҷилъод+ чарида, сер мешавад”.
20 Дар он рӯзҳо ва дар он замон,— мегӯяд Яҳува,—
Айби Исроилро меҷӯянд,
Вале намеёбанд,
Гуноҳҳои Яҳудо низ ёфт намешавад,
Зеро ман ҳар киро боқӣ гузорам, гуноҳашро мебахшам.+
21 Бар зидди замини Меротаим ва мардуми Фақуд+ баро.
Онҳоро кушта, қир кун,— мегӯяд Яҳува.—
Ҳар чӣ ба ту фармудам, ба ҷо ор.
22 Дар замин садои ҷанг аст,
Фалокати бузургест.
23 Путке, ки тамоми заминро мекӯфт, шикаставу вайрон гаштааст.+
Ҳоли Бобил халқҳоро ба даҳшат меорад.+
24 Ман пеши ту дом гузоштам ва ту ба он афтодӣ, эй Бобил.
Ту аз ин бехабар будӣ.
Туро ёфта, дастгир карданд,+
Зеро ту бар зидди Яҳува баромадӣ.
25 Яҳува анборашро кушода,
Силоҳҳои ғазабашро берун меорад,+
Зеро Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо,
Дар замини калдониён коре дорад.
Бигзор аз ӯ касе боқӣ намонад.
Вой бар ҳоли онҳо, зеро рӯзашон расидааст,
Замони ҷазояшон фаро расидааст.
28 Овози гурезагон шунида мешавад,
Садои онҳое, ки аз замини Бобил халосӣ меёбанд,
То аз қасоси Худоямон Яҳува,
Аз қасос барои ибодатгоҳаш,+ дар Сион ҳикоя кунанд.
29 Тирандозонро бар зидди Бобил биёред,
Ҳамаи онҳоеро, ки камон зеҳ мекунанд.+
Дар гирди ӯ урду занед, нагузоред, ки касе гурезад.
Бо ӯ ҳамон тавре амал кунед, ки худаш кардааст,+
Зеро ӯ худписандона бар зидди Яҳува баромадааст,
Бар зидди Худои Поки Исроил.+
30 Ҷавононаш дар майдонҳо меафтанд+
Ва тамоми лашкараш дар он рӯз нест мешавад,— мегӯяд Яҳува.—
31 Ман зидди туям,+ эй саркаш,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо,—
Зеро рӯзи ту, замоне ки ҳисобамро бо ту баробар мекунам, фаро мерасад.
32 Ту, эй саркаш, пешпо хӯрда, меафтӣ
Ва касе нахоҳад буд, ки туро бардорад.+
Ман шаҳрҳоятро месӯзонам
Ва оташ ҳама чизи гирду атрофатро фурӯ мебарад».
33 Яҳува, Худои лашкарҳо, мегӯяд:
«Мардуми Исроилу Яҳудо ба танг омадаанд.
Ӯ ба доди онҳо ҳатман мерасад,+
То ба заминашон осоиштагӣ орад+
Ва сокинони Бобилро ба воҳима андозад.+
35 Шамшер бар зидди калдониён аст,— мегӯяд Яҳува,—
Бар зидди сокинони Бобил ва бар зидди мирону хирадмандонаш.+
36 Шамшер бар зидди беҳудагӯён* аст ва онҳо аҳмақона рафтор мекунанд.
Шамшер бар зидди ҷанговарони ӯст ва онҳо ба даҳшат меоянд.+
37 Шамшер бар зидди аспу аробаҳои ӯ меояд,
Бар зидди тамоми халқҳои гуногунқабилае, ки дар миёни ӯст,
Онҳо мисли зан ба ҳарос меафтанд.+
Шамшер бар зидди ганҷҳояш меояд ва онҳо тороҷ мегарданд.+
38 Харобӣ бар обҳои Бобил меояд ва онҳо хушк мешаванд,+
Зеро он замини бутҳост+
Ва онҳо аз боиси руъёҳои даҳшатоварашон беақлона рафтор хоҳанд кард.
39 Аз ин рӯ ҷонварони биёбон бо ҳайвонҳои уллоскаш дар ӯ хоҳанд зист
Ва шутурмурғон андаруни ӯ сокин хоҳанд шуд.+
Ӯ дигар одамнишин намешавад
Ва то абад ҷойи зисти касе намегардад.+
40 Чи тавре ки Худо Садӯму Амӯро+ ва шаҳрҳои ҳамсояашонро нобуд кард,+— мегӯяд Яҳува,— ҳамон тавр онро низ нобуд мекунад ва касе дар он зиндагӣ намекунаду сокин намешавад.+
41 Инак, халқе аз шимол меояд,
Аз канорҳои дурдасттарини замин
42 Онҳо камонваранду мизроқ* дар даст доранд.+
Онҳо сангдиланд ва раҳме намекунанд.+
Вақте аспсавор меоянд,
Овозашон мисли баҳри хурӯшон аст.+
Онҳо мисли як тан бар зидди ту, эй духтари Бобил, саф хоҳанд кашид.+
Ӯро азоб фаро гирифт,
Мисли азоби зане, ки дарди зоиш дорад.
44 Касе мисли шере дар бешазори сердарахти соҳили Урдун бар чарогоҳҳои ором хоҳад омад, вале ман дар як лаҳза тавре мекунам, ки онҳо рӯ ба гурез оранд. Ман бар вай интихобшудаеро таъйин мекунам.+ Кист мисли ман ва кӣ ба ман баробар шуда метавонад? Кадом чӯпон бар зидди ман истодагӣ карда метавонад?+ 45 Аз ин рӯ, эй мардум, бишнавед, ки Яҳува бар зидди Бобил чӣ ҳукме баровардааст+ ва бар зидди замини калдониён чӣ нияте кардааст:
Баррачаҳои рамаро кашола карда хоҳанд бурд.
Аз пушти онҳо ӯ чарогоҳашонро хароб мекунад.+
46 Аз садои забти Бобил замин хоҳад ҷунбид
Ва дар миёни халқҳо фиғон шунида хоҳад шуд».+
51 Яҳува чунин мегӯяд:
«Ман бар зидди Бобил+ ва мардуми Лев-Қомой* боди ҳалокатоваре бармехезонам.
2 Ман сӯйи Бобил бодгаронро мефиристам
Ва онҳо онро мисли коҳ бод карда, заминашро холӣ месозанд.
Онҳо дар рӯзи мусибати Бобил аз ҳар сӯ бар зидди ӯ мебароянд.+
3 Камонварони Бобил камонро зеҳ нахоҳанд кард
Ва зиреҳ дар бар нахоҳанд намуд.
Ба ҷавонони ӯ раҳм накунед,+
Тамоми лашкарашро ба нестӣ супоред.
4 Онҳо дар замини калдониён кушта шудаву
Дар кӯчаҳояш захм гирифта, хоҳанд афтод.+
5 Исроилу Яҳудо бевазан нашудаанд
Ва Худояшон Яҳува, Худованди лашкарҳо, онҳоро тарк накардааст.+
Замини онҳо* дар назари Худои Поки Исроил пур аз гуноҳ аст.
6 Аз даруни Бобил бигрезед
Ва ҷони худро халос кунед,+
То аз пушти хатои ӯ намиред,
Зеро вақти қасоси Яҳува фаро расидааст.
Худо ӯро барои корҳояш ҷазо медиҳад.+
7 Бобил косаи тиллое дар дасти Яҳува буд,
Ки тамоми халқҳоро маст мекард.
8 Бобил ногаҳон фурӯ ғалтида, шикаст хӯрд.+
Ба ҳоли ӯ бигирйед!+
Барои дармони дардаш малҳам* бигиред,
Шояд ки, ӯ шифо ёбад».
9 «Мо Бобилро шифо доданӣ будем, вале ӯ шифо наёфт.
Ӯро ба ҳоли худ монед ва ҳар яке ба замини худ баргардед,+
Зеро гуноҳи ӯ то ба осмон, то абрҳо, расидааст.+
10 Яҳува барои мо адолатро барқарор кард.+
Биёед кори Худоямон Яҳуваро дар Сион эълон намоем».+
11 «Тирҳоро тез кунед,+ сипарҳои гирдро ба даст гиред*.
Яҳува рӯҳи подшоҳони Модайро барангехтааст,+
Зеро ӯ ният дорад Бобилро ба харобазор табдил диҳад.
Ин интиқоми Яҳува аст, интиқом барои ибодатгоҳаш.
12 Бар зидди деворҳои Бобил парчам бизанед,+
Назоратро сахттар кунед, дидбононро таъйин намоед,
Камин бигиред, зеро Яҳува ният кардааст
Ва ҳар чиро бар зидди мардуми Бобил ваъда додааст, ба ҷо меорад».+
13 «Эй зане, ки бар дарёҳо сокин ҳастӣ+
Ва ганҷи фаровон дорӣ,+
Анҷоми ту омадааст, ҳаромхӯриҳоят ба поён расидааст.+
14 Яҳува, Худои лашкарҳо, ба номи* худ қасам хӯрда гуфтааст:
“Ман туро пур аз одамоне месозам, ки мисли малах сершуморанд,
Онҳо бар ту бонги тантана хоҳанд зад”.+
15 Ӯ заминро бо тавоноии худ офаридааст,
Оламро бо хиради худ барпо кардааст+
Ва осмонро бо фаҳми худ паҳн намудааст.+
16 Вақте овозашро мешунавонад,
Обҳои осмон ба хурӯш меоянд.
Ӯ абрҳоро* аз канори замин ба осмон мехезонад,
Барои борон барқро ба вуҷуд меорад*,
Бодро аз анборҳои худ берун меорад.+
17 Ҳар инсон аз ақл бегона аст.
Ҳар заргар аз буте, ки сохтааст, шарманда мешавад,+
Зеро бути рехтаи ӯ фиреб аст
18 Онҳо ҳеҷу пуч+ ва масхаракорӣ ҳастанд.
Вақте рӯзи доварияшон биёяд, нест карда мешаванд.
19 Аммо насибаи Яъқуб мисли инҳо нест,
Ӯ ҳамонест, ки ҳама чиро офаридааст,
Номи ӯ Яҳува, Худои лашкарҳост».+
20 «Ту гурзи ман ва аслиҳаи ҷангиям ҳастӣ,
Ки бо ту халқҳоро торумор месозам
Ва подшоҳиҳоро шикаст медиҳам.
21 Бо ту ман аспу саворааш
Ва аробаву савораашро мекӯбам.
22 Бо ту ман марду зан,
Пирамарду кӯдак, ҷавонмарду ҷавонзанро мекӯбам.
23 Бо ту ман чӯпону рамааш,
Деҳқону чорпоёни ҷуфтияш
Ва ҳокимону сардоронро мекӯбам.
24 Ман сазои Бобил ва ҳама мардуми Калдонияро медиҳам,
Барои ҳама корҳои баде, ки пеши чашмони ту дар Сион карда буданд,+— мегӯяд Яҳува.—
Ман дасти худро сӯйи ту дароз карда, туро аз танаи кӯҳҳо ба поён ҷар мекунам
Ва туро ба кӯҳи сӯхтае табдил медиҳам.
26 Мардум аз ту санги сари бино ё санги таҳкурсӣ нахоҳанд сохт,
Зеро ту абадан харобазор мешавӣ,+— мегӯяд Яҳува.—
27 Дар замин парчам бизанед.+
Дар миёни халқҳо шох бинавозед.
Халқҳоро бар зидди ӯ бифиристед.
Бар зидди ӯ подшоҳиҳои Арарат,+ Минӣ ва Ашканазро+ даъват кунед.
Сипаҳсолорро таъйин кунед, то бар зидди он одам ҷамъ кунанд.
Бигзор аспҳо мисли малахҳои мӯйдор биёянд.
28 Халқҳоро бифиристед, то ба вай ҳамла кунанд,
Подшоҳони Модай,+ ҳокимон, сардорон ва тамоми қаламрави онҳоро.
29 Замин ба ларза омада, меҷунбад,
Зеро ниятҳои Яҳува дар ҳаққи Бобил иҷро мешаванд
Ва Бобил ба ҳоли даҳшатовар гирифтор гардида, ҷойи беодаме мегардад.+
30 Ҷанговарони Бобил ҷангро бас карданд.
Хонаҳои Бобил оташ зада шуданд,
Ғалақаҳои он шикаста шуданд.+
31 Як хабаррасон ба пешвози дигаре медавад
Ва як хабарбар сӯйи дигаре,
То ба подшоҳи Бобил бирасонад, ки шаҳри ӯ аз ҳар тараф забт гардидааст,+
32 Гузаргоҳҳои дарё ба даст афтоданд,+
Қаиқҳои қамишӣ* сӯзонда шуданд
Ва сарбозон ба даҳшат омаданд».
33 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд:
«Духтари Бобил мисли хирмангоҳ аст.
Вақти кӯфтани он фаро расидааст
Ва мавсими дараваш хеле наздик аст».
34 «Подшоҳи Бобил, Набукаднесар, маро фурӯ бурд+ ва ба ошӯб андохт.
Ӯ маро мисли зарфи холӣ парӯ кард.
Ӯ мисли мори бузурге маро фурӯ бурд+
Ва шиками худро аз чизҳои хуби ман пур кард.
Ӯ маро ба берун партофтааст.
35 Бигзор ситаме, ки бар ман кардаанд, бар сари Бобил биёяд,— мегӯяд духтаре, ки сокини Сион аст.+—
Бигзор хуни ман бар сокинони Калдония бошад,— мегӯяд Ерусалим».
36 Аз ин рӯ Яҳува чунин мегӯяд:
«Ана, ман ба доди ту мерасам+ ва қасоси туро мегирам.+
Ман баҳри ӯро қоқ мекунам ва чоҳҳояшро хушк мегардонам.+
37 Бобил тӯдаи сангҳо ва лонаи шағолон+ мешавад.+
Ҳоли даҳшатовари онро дида
Мардум аз ҳайрат ҳуштак мекашанд.
Он макони беодам мегардад.+
38 Онҳо якҷоя мисли шерони ҷавон наъра хоҳанд зад
Ва мисли шербачаҳо хоҳанд ғуррид.
39 Ҳамин ки хунашон ҷӯш занад, барояшон базме ороста, онҳоро маст мекунам,
То дилхушӣ кунанд.+
Он гоҳ ба хоби абадӣ мераванд
Ва аз он дигар барнамехезанд,+— мегӯяд Яҳува.—
40 Ман онҳоро мисли барраҳо барои сар буридан меорам,
Мисли қӯчқору бузҳо.
Бобил ба ҳоли зоре гирифтор шуд, ки халқҳоро ба даҳшат меорад.
42 Баҳр бар Бобил расида,
Бо мавҷҳои беҳисобаш онро рӯпӯш кардааст.
43 Шаҳрҳояш ба даҳшатзор, замини беоб ва биёбон табдил ёфтаанд,
Ба замини беодаме, ки касе аз он гузар намекунад.+
Халқҳо дигар сӯйи он равон намешаванд
Ва девори Бобил чаппа мешавад.+
45 Аз даруни он бароед, эй халқам!+
Ҷонатонро аз оташи ғазаби Яҳува+ халос кунед!+
46 Аз шунидани хабаре дар ин замин бигзор дилатон суст нашавад ва ба ҳарос наафтад.
Соле як хабар шунида мешавад
Ва соли ояндааш хабари дигар,
Хабар дар бораи зулм ва ҷанги як ҳоким бар зидди дигаре.
47 Инак, рӯзҳое меоянд,
Ки ман диққатамро сӯйи бутҳои Бобил мегардонам.
Тамоми замини он шарманда мегардад
Ва ҳамаи куштагонаш андаруни он меафтанд.+
48 Осмону замин ва ҳар чӣ дар онҳост,
Аз шикасти Бобил бонги шодӣ хоҳанд зад,+
Зеро нобудгарон аз шимол сӯйи ӯ хоҳанд омад,+— мегӯяд Яҳува.—
49 Бобил на танҳо исроилиёнро кушт+ —
Дар Бобил куштагони тамоми замин афтиданд.
50 Эй онҳое, ки аз шамшер халос мешавед, рафтан гиред, наистед!+
Яҳуваро аз дурӣ ба ёд оред
Ва Ерусалимро дар хотир доред».+
51 «Таънаҳоро шунида, шарманда шудем.
Нанг рӯйи моро пӯшонид,
Зеро бегонагон зидди ҷойҳои муқаддаси хонаи Яҳува омаданд».+
52 «Инак, рӯзҳое меоянд, ки ман диққатамро сӯйи бутҳояш мегардонам,— мегӯяд Яҳува,—
Ва саросари заминаш захмдорон нола хоҳанд кард.+
53 Ҳатто агар Бобил то ба осмон баланд шавад,+
Ҳатто агар ҳисорҳои баландашро мустаҳкам созад,
Ман нобудгаронашро мефиристам,+— мегӯяд Яҳува.—
54 Гӯш андозед! Аз Бобил фиғоне шунида мешавад+
Ва овози фалокати бузурге аз замини калдониён ба гӯш мерасад,+
55 Зеро Яҳува Бобилро нобуд карда истодааст.
Ӯ овози бузурги Бобилро хомӯш хоҳад кард
Ва мавҷҳои онҳо мисли дарёҳои бисёре хурӯш хоҳанд кард.
Овози онҳо шунида хоҳад шуд,
56 Зеро нобудгар ба Бобил меояд.+
Ӯ сазои ҳар касро медиҳад.+
57 Ман мирону хирадмандонаш,
Ҳокимон, сардорон ва ҷанговаронашро маст мекунам.+
Онҳо ба хоби абадӣ мераванд
Ва аз он дигар барнамехезанд,+— мегӯяд Подшоҳе, ки номаш Яҳува, Худои лашкарҳост».
58 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд:
«Девори Бобил, чи қадаре ки васеъ набошад, вайрону валангор мешавад.+
Дарвозаҳояш баланд ҳам бошанд, оташ зада мешаванд.
Одамон ранҷи беҳуда хоҳанд бурд,
Заҳмати халқҳо туъмаи оташ хоҳад шуд».+
59 Ин аст паёме, ки пайғамбар Ирмиё ба Сароёи писари Нериё,+ писари Маҳсеё, фармуд, вақте ӯ бо подшоҳи Яҳудо — Сидқиёҳу, дар соли чоруми подшоҳияш ба Бобил рафт. Сароё парастори хоҷагии подшоҳ буд. 60 Ирмиё ҳамаи фалокатеро, ки бар сари Бобил бояд меомад, дар китобе навишт. Ҳамаи он суханон бар зидди Бобил навишта шуданд. 61 Ғайр аз ин, Ирмиё ба Сароё гуфт: «Вақте ба Бобил биравӣ ва онро бубинӣ, ҳамаи ин суханонро бо овоз бихон. 62 Сипас бигӯ: “Эй Яҳува, ту дар бораи ин макон гуфтӣ, ки нобуд мегардаду дар он на одам ва на ҷонваре сокин намешавад ва он ба харобазори абадӣ табдил меёбад”.+ 63 Вақте хондани ин китобро тамом кунӣ, бар он санге баста, ба даруни дарёи Фурот парто. 64 Сипас бигӯ: “Ҳамин тавр Бобил ғарқ гашта, дигар барнамехезад,+ зеро ман бар сараш фалокате меорам, мардумаш бошад, бемадор мешавад”».+
Дар ин ҷо суханони Ирмиё поён меёбанд.
52 Сидқиёҳу+ дар 21-солагияш подшоҳ шуд ва 11 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Ҳамутали+ духтари Ирмиёи либноӣ буд. 2 Ӯ мисли Еҳуёқим ҳар он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард.+ 3 Ҳамаи ин барои он ба сари Ерусалим ва Яҳудо омад, ки онҳо ғазаби Яҳуваро оварданд, ва ӯ онҳоро аз назари худ дур кард.+ Сидқиёҳу бар зидди подшоҳи Бобил исён бардошт+ 4 ва дар соли нуҳуми ҳукмронии Сидқиёҳу, дар моҳи даҳум, дар рӯзи даҳуми моҳ, Набукаднесари подшоҳи Бобил бо тамоми лашкари худ бар зидди Ерусалим баромад. Онҳо дар муқобили шаҳр урду заданд ва гирдогирдаш девор бардошта, онро муҳосира намуданд+ 5 ва шаҳр то соли 11-уми шоҳ Сидқиёҳу дар муҳосира буд.
6 Дар моҳи чорум, дар рӯзи нуҳуми моҳ,+ дар шаҳр гуруснагӣ чунон сахт шуд, ки мардум нони хӯрданӣ надошт.+ 7 Оқибат, вақте калдониён гирдогирди шаҳр буданд, девори шаҳрро рахна карданд ва тамоми ҷанговарон шабона аз дарвозае, ки миёни ду девор, дар назди боғи подшоҳ буд, гурехтанд ва бо роҳи Аробо равона шуданд.+ 8 Аммо лашкари калдониён аз паси подшоҳ сур кард ва Сидқиёҳуро+ дар даштҳои Ериҳӯ дарёб намуд, тамоми ҷанговаронаш бошанд, аз пеши ӯ пароканда шуданд. 9 Онҳо подшоҳро дастгир намуданд ва ба назди шоҳи Бобил, ба Рибло, ки дар замини Ҳамот аст, оварданд ва ӯ ба вай ҳукм баровард. 10 Подшоҳи Бобил писарони Сидқиёҳуро дар пеши назараш кушт. Ӯ ҳамчунин ҳамаи мирони Яҳудоро дар ҳамон ҷо, яъне дар Рибло, ба қатл расонд. 11 Пас аз ин подшоҳи Бобил чашмони Сидқиёҳуро кӯр кард,+ ӯро бо занҷири мисин бандубаст намуда, ба Бобил бурд ва ӯро то рӯзи маргаш дар зиндон нигоҳ дошт.
12 Дар моҳи панҷум, дар рӯзи даҳуми моҳ, дар соли 19-уми Набукаднесари подшоҳи Бобил, Набузаръадони сардори посбонон, ки дар ҳузури подшоҳи Бобил меистод, ба Ерусалим омад.+ 13 Ӯ хонаи Яҳува, қасри подшоҳ, тамоми хонаҳои Ерусалим ва ҳамчунин ҳар хонаи бузургро оташ зад.+ 14 Тамоми лашкари калдониён, ки зери дасти сардори посбонон буд, деворҳои гирдогирди Ерусалимро валангор кард.+
15 Набузаръадони сардори посбонон қисме аз мардуми камбағали шаҳр ва аҳолии боқимондаро ба асирӣ бурд. Ӯ ҳамчунин касонеро, ки ба шоҳи Бобил таслим шуда буданд, ҳамроҳи бақияи устоҳои ҳунарманд бо худ бурд.+ 16 Вале Набузаръадони сардори посбонон баъзе аз касони камбағалтаринро дар он ҷо монд, ки ток парваранд ва меҳнати маҷбуриро ба ҷо оранд.+
17 Калдониён сутунҳои+ мисини хонаи Яҳува, аробаҳо+ ва Баҳри+ мисинеро, ки дар хонаи Яҳува буданд, пора-пора карданд ва тамоми мисро ба Бобил бурданд.+ 18 Онҳо ҳамчунин лаганҳо, хокандозҳо, оташкушҳо, косаҳо,+ пиёлаҳо+ ва тамоми ашёи мисинеро, ки дар ибодатгоҳ истифода мешуд, гирифта бурданд. 19 Сардори посбонон тосҳо,+ бухурдонҳо, косаҳо, лаганҳо, чароғпояҳо,+ пиёлаҳо ва косаҳоеро, ки аз тиллову нуқраи тоза буданд, гирифт.+ 20 Вазни миси ду сутун, Баҳр, 12 буққаи+ мисини зери Баҳр ва аробаҳоеро, ки Сулаймон барои хонаи Яҳува сохта буд, муайян кардан номумкин буд.
21 Баландии ҳар як сутун 18 газ* буд ва таноби дарозияш 12 газ метавонист онро печонад.+ Ҳар як сутун дарунхолӣ ва ғафсияш чор ангушт* буд. 22 Бошаи* ҳар сутун аз мис буд. Баландии як боша панҷ газ буд+ ва тӯру анорҳои гирдогирди он аз мис буд. Сутуни дуюм бо анорҳояш айнан мисли сутуни якум буд. 23 Гирдогирди тӯр 96 анори ба чашм аён буд, вале ҳамагӣ гирдогирд 100 анор буд.+
24 Сардори посбонон Сароёи+ саркоҳин, Сафанёи+ коҳини ёвар ва се дарвозабонро низ бо худ гирифт.+ 25 Ӯ аз шаҳр як ходими дарборро, ки бар ҷанговарон таъйин шуда буд, ҳафт маслиҳатгари подшоҳро, ки дар шаҳр буданд, котиби сарлашкарро, ки мардуми заминро барои ҷанг ҷамъ меовард, ва ҳамчунин 60 нафарро аз мардуми одӣ, ки то ҳол дар шаҳр буданд, бо худ гирифт. 26 Набузаръадони сардори посбонон онҳоро гирифта, ба назди подшоҳи Бобил, ба Рибло, овард. 27 Подшоҳи Бобил онҳоро дар Рибло,+ дар замини Ҳамот, зарба зада кушт. Ҳамин тавр, мардуми Яҳудо аз замини худ ба асирӣ бурда шуд.+
28 Ин аст шумораи мардуме, ки Набукаднесар ба асирӣ бурд: дар соли ҳафтум 3023 нафар яҳудӣ+.
29 Дар соли 18-уми Набукаднесар+ аз Ерусалим 832 нафар бурда шуд.
30 Дар соли 23-юми подшоҳии Набукаднесар Набузаръадони сардори посбонон 745 нафар яҳудиро ба асирӣ бурд.+
Ҳамагӣ 4600 нафар ба асирӣ бурда шуданд.
31 Сипас дар соли 37-уми асирии Еҳуёкини+ шоҳи Яҳудо, дар моҳи 12-ум, дар рӯзи 25-уми моҳ, Эвил-Мерӯдаки шоҳи Бобил дар соли подшоҳ шуданаш Еҳуёкини шоҳи Яҳудоро сарбаланд гардонда, аз зиндон озод кард.+ 32 Ӯ бо Еҳуёкин муомилаи хуб кард ва мақоми ӯро аз мақоми подшоҳони дигаре, ки бо ӯ дар Бобил буданд, болотар гузошт. 33 Еҳуёкин либоси зиндонии худро кашид ва тамоми рӯзҳои умраш доимо аз дастархони подшоҳ хӯрок мехӯрд. 34 Подшоҳи Бобил тамоми рӯзҳои умри Еҳуёкин, ҳар рӯз, то рӯзи маргаш, ӯро бо хӯрду хӯрок таъмин мекард.
Эҳтимол, маънояш «Яҳува сарбаланд мекунад».
Коҳин — ниг. ба луғат.
Ё «интихоб кардам».
Дар матни асл «муқаддас гардондам».
Бодом аз аввалин дарахтонест, ки баҳорон «бедор шуда», гул мекунад, аз ин рӯ он дар забони ибрӣ «бедор» номида шудааст.
Ин ҷо ҳамчунин сӯзондани бухур дар назар буда метавонад.
Ё «Мемфис».
Дар матни асл «мехӯранд».
Яъне як шохоби дарёи Нил.
Яъне дарёи Фурот.
Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
Ё «худоҳои бегонаро».
Ё «шоли тӯёнаашро».
Ё «шармандаву шармсор шуда».
Дар матни асл «араби».
Ё «худоёни бегона».
Ё, эҳтимол, «шавҳари қонунии».
Дар матни асл «лашкарҳои халқҳо».
Ё «ёрашро».
Ин ҷо худои дурӯғин — Баал, дар назар аст.
Палос — ниг. ба луғат.
Ё «даст бар сина зада».
Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
Ё «Ва бандҳои фармонбардориро барканданд».
Ё, эҳтимол, «Ӯ вуҷуд надорад».
Ё «чун аломати хатар оташ афрӯзед».
Дар матни асл «худро пок гардонед».
Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
Хокрез — ниг. ба луғат.
Дар матни асл «бехатна».
Ё «дастури».
Палос — ниг. ба луғат.
Яъне Ирмиёро.
Дами оҳангарӣ — олате барои дам додани оташ, то он боз ҳам бештар аланга гирад.
Дар матни асл «Инҳо». Ин ҷо тамоми биноҳои ибодатгоҳ дар назар дошта шудаанд.
Дар матни асл «вақте барвақт хеста».
Номи худойзан (олиҳа)-е, ки исроилиёни осӣ парастиш мекарданд; эҳтимол, худои бороварӣ.
Ё «Магар онҳо маро хашмгин месозанд?»
Ё «суруди мотам».
Ниг. ба луғат, ба «водии Ҳиннӯм».
Ниг. ба луғат, ба «водии Ҳиннӯм».
Ё «медонад, ки кай кӯч кунад».
Ё «дастури».
Ё «шилм».
Ё «суруди мотам».
Ё «дастури».
Ё «суруди мотам».
Ё «суруди мотамро».
Ё «беҳис».
Ё «доскола».
Матни асли ояти 11 ба забони арамӣ навишта шудааст.
Ё «буғро».
Ё, эҳтимол, «Ӯ барои борон оббанд месозад».
Ё «рӯҳе».
Аз афташ, Худо ин амрро ба Ирмиё медиҳад.
Ё «кӯраи оҳангудоз».
Ё «Бигзор ҳамин хел шавад».
Дар матни асл «Ман барвақт мехестаму».
Ин ҷо муроҷиат ба Ирмиёст.
Яъне қурбониҳое, ки дар ибодатгоҳ оварда мешаванд.
Ё «андешаҳои ниҳон ва диламонро». Дар матни асл «дил ва гурдаамонро».
Ё «андешаҳои ниҳонашон». Дар матни асл «гурдаашон».
Ё, эҳтимол, «мотам гирифтааст».
Ё «ҳабашӣ; кушӣ».
Ё, эҳтимол, «чор хел ҳукмро».
Ё, эҳтимол, «Ту ба қафо рафта истодаӣ».
Дар матни асл «назди дарвозаҳо».
Ё, эҳтимол, «он».
Эҳтимол, халқи Яҳудо дар назар аст.
Ё «аз хабари ҳукмкунанда».
Ё «Сухангӯйи».
Ё «бозмехарам».
Аз афташ, халқи Исроил, ки аз Худо рӯй гардонда буд, ин одатҳои бутпарастонро риоя мекард.
Ашера — ниг. ба луғат.
Ё, эҳтимол, «Зеро аз ғазаби ман шумо мисли оташ месӯзед».
Ё, эҳтимол, «ва бедармон аст».
Ё «Андешаҳои ниҳонро». Дар матни асл «Гурдаҳоро».
Дар матни асл «аз ман». Аз афташ, ба Яҳува ишора мекунад.
Ё «аз ҷануб».
Ё «дастур».
Бо кунда бандубаст кардан, эҳтимол, ба дасту по ва гардани кас кунда заданро дар назар дорад.
Эҳтимол, маънояш «он чӣ дар гирду атроф мондааст».
Ё «дилу андешаҳои ниҳонро». Дар матни асл «дилу гурдаро».
Дар матни асл «Набукадресар». Тарзи дигари навишти ин ном.
Ё «ҷонашро халос мекунад».
Номи дигараш Еҳуоҳоз.
Ҳамчунин Еҳуёкин ва Еконё номида шудааст.
Ё «вориси».
Ё «бо мулоҳизакорӣ».
Ё «осӣ».
Калимаи иброние, ки ин ҷо «бор» тарҷума шудааст, ду маъно дорад: яке маънои «паёми гарони илоҳӣ», дигаре маънои «бори зиёдатӣ, дарди сар».
Ҳамчунин Еҳуёкин ва Кониё номида шудааст.
Ё, эҳтимол, «бинокорони ҳисорҳояш».
Дар матни асл «барвақт хеста».
Дастос — осиёи дастӣ.
Ё «подшоҳи Бобил ва халқашро ҷазо медиҳам».
Аз афташ, ин ҷо номи «Бобил» ба таври муаммо навишта шудааст.
Дар матни асл «барвақт хеста, мефиристодаму».
Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
Баҳри мисини ибодатгоҳ дар назар аст.
Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
Ё «Бигзор ҳамин хел шавад!»
Ё, эҳтимол, «бинокорони ҳисор».
Ё, эҳтимол, «кафидаву».
Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
Ё «ба қадри лозима».
Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
Ё, эҳтимол, «обрӯманд».
Ё «то ҳол ба ту меҳру вафо мекунам».
Ё «водиҳои».
Ё, эҳтимол, «шавҳари қонунияшон».
Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
Ё «хокистари равғанолуд», яъне хокистаре, ки чарбуи қурбониҳо бар он об шуда, рехтааст.
Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Хокрез — ниг. ба луғат.
Дар матни асл «барвақт хеста».
Ниг. ба луғат, ба «водии Ҳиннӯм».
Мӯлик — ниг. ба луғат.
Хокрез — ниг. ба луғат.
Ё «вориси».
Ё «рад намекунам».
Ё «ҳуҷраҳо».
Шакли кӯтоҳи «Еҳунодоб».
Дар матни асл «барвақт хеста».
Ё «ошхонаи».
Ё «ходимони дарбор».
Яъне нимаи охири ноябр ва нимаи аввали декабр. Ниг. ба Замимаи Б15.
Ҳамчунин Еҳуёкин ва Еконё номида шудааст.
Ё «ҷонашро халос мекунад».
Мувофиқи тарзи хониши дигари матни ибрӣ «Нерҷал-Саръэсер, Самҷар-Небу, Сарсеким, рабсорис».
Ё «сардори маҷусон (толеъбинон, ситорашиносон)».
Ё, эҳтимол, «ва меҳнати маҷбуриро ба сарашон бор кард».
Ё «сардори ходимони дарбор».
Ё «сардори маҷусон (толеъбинон, ситорашиносон)».
Ё «Ту ҷонатро халос мекунӣ»
Ё, эҳтимол, «ҳавзи бузург».
Ё «дар он ҷо муддате зиндагӣ кардан хоҳед».
Ё «ҳайкалҳои».
Ё «Хона (Ибодатгоҳ)-и офтоби», яъне Ҳелиополис.
Ё «Мемфис».
Дар матни асл «барвақт хеста».
Ин ҷо, эҳтимол, худойзан (олиҳа)-и бороварӣ дар назар аст, ки исроилиёни осӣ парастиш мекарданд.
Назр — ниг. ба луғат.
Ё «ба ту чун ғанимат хоҳам дод».
Дар матни асл «зер».
Ё «шилм».
Ё «Мемфис».
Яъне он кӣ Мисрро забт мекунад.
Ё «Мемфис».
Ё, эҳтимол, «Он харобазор мегардад».
Ё «Тибис».
Ё «ба қадри лозима».
Яъне ҷазираи Критро.
Яъне аз мотаму шармандагӣ мӯйи сарашонро метарошанд.
Ё, эҳтимол, «Ва бар замини хушк биншин».
Дар матни асл «Шохи».
Ин ҷо ҳангоми марги касе чун нишонаи мотам навохтани най дар назар аст.
Палос — ниг. ба луғат.
Ё «атрофаш».
Палос — ниг. ба луғат.
Қӯра — ҷое дар саҳро, ки гирдогирдаш девор аст ва он ҷо рамаро нигоҳ медоранд; хобок, ҳел (йел), шола.
Ё «ба ҳар бод».
Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Ё «Ва ба нестӣ супоред».
Ё «ҷувонаҳояшро; навбасҳояшро; тӯрпиҳояшро».
Ё «пайғамбарони бардурӯғ».
Мизроқ — найзаи хурд.
Аз афташ, ин ҷо номи «Калдония» ба таври муаммо навишта шудааст.
Яъне замини калдониён.
Ё «шилм».
Ё, эҳтимол, «тирдонҳоро пур кунед».
Дар матни асл «ҷони».
Ё «буғро».
Ё, эҳтимол, «Барои борон оббанд месозад».
Ё «рӯҳе».
Ё, эҳтимол, «Ҳамчунин чӯбдасти худ, мулки худро».
Ё «папирусӣ». Ниг. ба луғат, ба калимаи «папирус».
Аз афташ, ин ҷо номи «Бобил» ба таври муаммо навишта шудааст.
Як газ ба 44,5 см баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Як ангушт ба 1,85 см баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «Сари».